Ҷумъа, Декабр 26, 2025

«ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Декабр, 2025 - 14:55

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд.
Зимни он Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода иброз намуд, ки Паёми Президенти мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, занон ва ҷавононро дар бар мегирад.
Муовини раиси Кумита Файзиддин Баротзода дар мавзуи «Ҷавонон-неруи созанда ва ояндаи миллат» баромад намуда, иброз дошт, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зарурати ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои муосир ва анъанавӣ, тарбияи меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, пешгирии бекорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори касбии ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Дар фарҷом иштирокчиён андешаҳои худро иброз намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ таъкид карданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)