Сешанбе, Январ 13, 2026

МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД ОИД БА РУШДИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Январ, 2026 - 07:49

Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия Маҷлиси фаъолони ноҳияи Тоҷикобод оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода, муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос Раиси ноҳияи Тоҷикобод, роҳбарон ва сохторҳои мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳия, раисон ва масъулини дастгоҳҳои ҷамоатҳо, рохбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони сохторҳои кишоварзӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони деҳаҳо, имом-хатибони масҷидҳо, фаъолон, собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Вобаста ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2025 муовини якуми раиси ноҳия Ҳасани Давлатхуҷа ҳисобот дод.
Дар рафти маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ноҳия дар соли 2025 баррасӣ гардида, фаъолияти як қатор соҳаҳо бо ҳисоботи роҳбарони ташкилоту идораҳо натиҷагирӣ ва ҷиҳати дар соли 2026 ноил гардидан ба дастовардҳои дилхоҳ вазифадор гардиданд.
Ҳамзамон Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода барои ноил гардидан ба як қатор дастовардҳо ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин изҳори сипос намуда, натиҷаҳои фаъолияти ноҳияро дар соли 2025 қаноатбахш арзёби кард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Январ, 2026 - 14:53

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд.
Зимни он Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода иброз намуд, ки Паёми Президенти мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсиро дар бар мегирад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БОЗДИД АЗ ХОНАВОДАИ ОДИНАЗОДА ОҚИЛҶОН ВА ШИНОСОӢ АЗ ШАРОИТИ ЗИСТАШОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Январ, 2026 - 15:55

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода ва раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос аз хонаводаи марҳум Одиназода Оқилҷон сарбозе, ки дар яке аз задухурди мусаллаҳона ба хотири муҳофизат аз Ватан ҷароҳат бардошта, аз олам даргузашт боздид намуда, ба ин хонавода маводи хӯрока, аз қабили орду равған ва дигар маҳсулоти хӯрока расонида шуд.
Зимни суҳбат бо хонаводаи марҳум, иброз гардид, ки ҷонсупурдагони ватан ва оилаи онҳо ҳаргиз аз хотир нарафта, зери таваҷҷуҳи доимии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар партави сиёсати инсондустона ва ватандустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми иду ҷашнҳо аз аҳволи хонаводаи мазкур хабардор гардида, пайваста кӯмакҳои худро мерасонад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)