Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»
Имрӯз 17-уми июли соли 2020, соати 09:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷати «Хиёнат» маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-ум, ки миллати моро ба вартаи нобудӣ мекашид, сабаби андӯҳи гарони мардуми кишвар гардид. Дар давоми панҷ соли ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо қурбон шуданд, тахминан 2 миллион шаҳрвандон бе хонаву дар монданд, ҳазорҳо оила бепарастор монда, фарзандон ятим шуданд. Баъзе минтақаҳои кишвар дар бунбасти иқтисодӣ монданд ва мардум азоби гуруснагӣ мекашиданд, аксари мардуми кишвар аз рӯи ноилоҷӣ гуреза ё муҳоҷир шуданд.