Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015
Ҳисобот
дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли 2015
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамоҳангсозии иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:
Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.