Навигарӣ

  • Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Октябр, 2017 - 11:15
    Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Низомнома
    Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

    2. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.
    Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.
    Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл гузошта мешавад:

    а) дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои намояндагиҳои дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5 октябри 2017)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2017 - 17:37
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

    Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

    Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

    Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.

    Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

    Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.

    Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

    Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад.

    Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (3 овоз)
  • Даъват ба фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2017 - 15:05

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар, дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат менамояд, ки метавонанд ихтиёриёни (волонтёрони) Кумита шуда, лоиҳаҳо, фикру андешаҳо ва дархостҳои худро барои рушди забони тоҷикӣ ба Кумита тавассути сомонаи мо дар шакли зер пешниҳод намоянд:

    ШАКЛИ БАҚАЙДГИРӢ

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Муроҷиати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи истифодабарандагон, муаллифони мақолаҳо ва маъмурони сомонаҳои интернетӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2017 - 11:50

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи истифодабарандагон, муаллифони мақолаҳо ва маъмурони сомонаҳои интернетӣ муроҷиат менамояд, ки интишороти худро дар қисмати тоҷикии сомонаҳо ба таври ҷиддӣ назорат бурда, кӯшиш намоянд, ки ба хатоҳои грамматикӣ, услубӣ, маъноӣ, мантиқӣ роҳ надиҳанд.

    Гурӯҳи коршиносони Кумита нисбат ба қисмати тоҷикии Интернет назорати ҷиддӣ бурда, санҷишҳои мунтазамро оид ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ мондааст.

    Қисме аз сомонаҳо огоҳанд, ки маводи пешниҳодшудаашон дорои ғалатҳо мебошанд ва Кумита умедвор аст, ки ҳамаи ғалатҳо, аз он ҷумла ғалатҳои намунавие, ки дар гузоришҳои мо пешниҳод шудаанд, ба зудӣ ислоҳ хоҳанд шуд.

    Кумита инчунин ба ҳамаи ихтиёриён (волонтёрон) муроҷиат мекунад, ки ба коркарди худ бо эҳтиром муносибат кунанд ва вазифаҳои худро бо сифати баланд иҷро намоянд, то ба истифодабарандагони Интернет зарар нарасонанд, зеро мақолаҳои чопшуда аз тарафи ихтиёриён аз ҷониби миллионҳо истифодабарандагон ва дӯстдорони забони тоҷикӣ мутолиа мешаванд.

    Гурӯҳи коршиносони Кумита, инчунин, ба ихтиёриён (волонтёрон) ва дӯстдорони забони тоҷикӣ тавсия медиҳанд, ки ба таҳрири қисмати тоҷикии сомонаҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сифати мақолаҳои ба забони тоҷикӣ навишташударо беҳтар гардонанд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Муроҷиати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи истифодабарандагон, муаллифони мақолаҳо ва маъмурони сомонаҳои интернетӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2017 - 10:03

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи истифодабарандагон, муаллифони мақолаҳо ва маъмурони сомонаҳои интернетӣ муроҷиат менамояд, ки интишороти худро дар қисмати тоҷикии сомонаҳо ба таври ҷиддӣ назорат бурда, кӯшиш намоянд, ки ба хатоҳои грамматикӣ, услубӣ, маъноӣ, мантиқӣ роҳ надиҳанд.
    Гурӯҳи коршиносони Кумита нисбат ба қисмати тоҷикии Интернет назорати ҷиддӣ бурда, санҷишҳои мунтазамро оид ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ мондааст.
    Қисме аз сомонаҳо огоҳанд, ки маводи пешниҳодшудаашон дорои ғалатҳо мебошанд ва Кумита умедвор аст, ки ҳамаи ғалатҳо, аз он ҷумла ғалатҳои намунавие, ки дар гузоришҳои мо пешниҳод шудаанд, ба зудӣ ислоҳ хоҳанд шуд.
    Кумита инчунин ба ҳамаи ихтиёриён (волонтёрон) муроҷиат мекунад, ки ба коркарди худ бо эҳтиром муносибат кунанд ва вазифаҳои худро бо сифати баланд иҷро намоянд, то ба истифодабарандагони Интернет зарар нарасонанд, зеро мақолаҳои чопшуда аз тарафи ихтиёриён аз ҷониби миллионҳо истифодабарандагон ва дӯстдорони забони тоҷикӣ мутолиа мешаванд.
    Гурӯҳи коршиносони Кумита, инчунин, ба ихтиёриён (волонтёрон) ва дӯстдорони забони тоҷикӣ тавсия медиҳанд, ки ба таҳрири қисмати тоҷикии сомонаҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сифати мақолаҳои ба забони тоҷикӣ навишташударо беҳтар гардонанд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    4
    Баҳои миёна: 4 (1 овоз)
  • Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» (3 октябр 2017)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Октябр, 2017 - 09:00
    Китобхонаи миллӣ

    Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми октябри соли 2017, соати 09:00 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» баргузор мегардад. Конференсияи мазкур бо иштироки забоншиносон, олимон, донишмандон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор мегардад. Дар конференсия зиёда аз 30 маърӯза пешниҳод шудааст, ки дар он масъалаҳои «Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна», «Истиқлолият ва нақши имло дар танзими забони миллӣ», «Забон ҳамчун ниҳоди бунёдии ҷомеа», «Мушкилоти имло дар навишти реклама», «Зарурати татбиқ ва истифодабарии барномаҳои компютерӣ барои осонсозии риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забони давлатӣ» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Октябр, 2017 - 12:42
    КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

    МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,
    қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,
    ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.

    Боби якум
    АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ

    Моддаи 1

    Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
    Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
    Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
    Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.

    Моддаи 2

    Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
    Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
    Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

    Моддаи 3

    Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

    Моддаи 4

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    4
    Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)
  • Ғалатҳои сомонаи Wikipedia (Бунёди "Wikimedia")

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Август, 2017 - 18:55
    Ғалатҳои сомонаи Wikipedia (Бунёди "Wikimedia")

    Баъд аз баррасӣ ва мутолиаи муҳтавои қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia", ки дар нишонии интернетии https://tg.wikipedia.org ҷойгир шудааст, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки сомонаи дар боло зикршуда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, ҷавобгӯ намебошад.
    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноширони масъули қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia"-ро, ки муҳтавои сомонаро бо забони тоҷикӣ интишор мекунанд, огоҳ карда, пешниҳод мекунад, ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона бояд ислоҳ карда шаванд.

    Кумита ба ихтиёриёни касбии (волонтёрони касбӣ) сомонаи "Wikipedia" тавсия медиҳад, ки барои беҳтар намудани сифати мақолаҳо ва ислоҳ кардани хатоҳои такрорӣ аз барномаи махсуси "AutoWikiBrowser" ё ин ки "WPCleaner" истифода баранд ва бо "Wikipedia Typo Team" ҳамкорӣ намоянд. Шумо ҳам метавонед барои осон кардани ин масъала роботи нармафзориро (бот) таҳия карда, дар қисмати тоҷикии сомонаи "Wikipedia" ба кор дароред.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Ғалатҳои сомонаи Google Translate (Ширкати “Google.Inc”)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Август, 2017 - 17:28
    Ғалатҳои сомонаи Google Translate (Ширкати “Google.Inc”)

    Баъд аз баррасӣ ва мутолиаи муҳтавои қисми тоҷикии сомонаи "Google Translate", ки дар нишонии интернетии https://translate.google.com/ ҷойгир шудааст, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки сомонаи дар боло зикршуда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, ҷавобгӯ намебошад.
    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноширони масъули қисми тоҷикии сомонаи "Google Translate"-ро, ки муҳтавои сомонаро бо забони тоҷикӣ интишор мекунанд, огоҳ карда, пешниҳод мекунад, ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона бояд ислоҳ карда шаванд. Гузориши хатоҳои намунавии имлои забони тоҷикӣ замима карда шудааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Pages