Баъд аз баррасӣ ва мутолиаи муҳтавои қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia", ки дар нишонии интернетии https://tg.wikipedia.org ҷойгир шудааст, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки сомонаи дар боло зикршуда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, ҷавобгӯ намебошад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноширони масъули қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia"-ро, ки муҳтавои сомонаро бо забони тоҷикӣ интишор мекунанд, огоҳ карда, пешниҳод мекунад, ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона бояд ислоҳ карда шаванд.
Кумита ба ихтиёриёни касбии (волонтёрони касбӣ) сомонаи "Wikipedia" тавсия медиҳад, ки барои беҳтар намудани сифати мақолаҳо ва ислоҳ кардани хатоҳои такрорӣ аз барномаи махсуси "AutoWikiBrowser" ё ин ки "WPCleaner" истифода баранд ва бо "Wikipedia Typo Team" ҳамкорӣ намоянд. Шумо ҳам метавонед барои осон кардани ин масъала роботи нармафзориро (бот) таҳия карда, дар қисмати тоҷикии сомонаи "Wikipedia" ба кор дароред.
AutoWikiBrowser: https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:AutoWikiBrowser
WPCleaner: https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:WPCleaner
Wikipedia Typo Team: https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:Typo_Team
Wikipedia:Bots: https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:Bots
Даромад
Харита
Тамос




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


