Муроҷиати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи истифодабарандагон, муаллифони мақолаҳо ва маъмурони сомонаҳои интернетӣ
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи истифодабарандагон, муаллифони мақолаҳо ва маъмурони сомонаҳои интернетӣ муроҷиат менамояд, ки интишороти худро дар қисмати тоҷикии сомонаҳо ба таври ҷиддӣ назорат бурда, кӯшиш намоянд, ки ба хатоҳои грамматикӣ, услубӣ, маъноӣ, мантиқӣ роҳ надиҳанд.
Гурӯҳи коршиносони Кумита нисбат ба қисмати тоҷикии Интернет назорати ҷиддӣ бурда, санҷишҳои мунтазамро оид ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ мондааст.
Қисме аз сомонаҳо огоҳанд, ки маводи пешниҳодшудаашон дорои ғалатҳо мебошанд ва Кумита умедвор аст, ки ҳамаи ғалатҳо, аз он ҷумла ғалатҳои намунавие, ки дар гузоришҳои мо пешниҳод шудаанд, ба зудӣ ислоҳ хоҳанд шуд.
Кумита инчунин ба ҳамаи ихтиёриён (волонтёрон) муроҷиат мекунад, ки ба коркарди худ бо эҳтиром муносибат кунанд ва вазифаҳои худро бо сифати баланд иҷро намоянд, то ба истифодабарандагони Интернет зарар нарасонанд, зеро мақолаҳои чопшуда аз тарафи ихтиёриён аз ҷониби миллионҳо истифодабарандагон ва дӯстдорони забони тоҷикӣ мутолиа мешаванд.
Гурӯҳи коршиносони Кумита, инчунин, ба ихтиёриён (волонтёрон) ва дӯстдорони забони тоҷикӣ тавсия медиҳанд, ки ба таҳрири қисмати тоҷикии сомонаҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сифати мақолаҳои ба забони тоҷикӣ навишташударо беҳтар гардонанд.