Конститутсия
Манбаъ: https://president.tj/tajikistan/constitution
Дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаву андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Истиқрори ҳокимияти конститутсионӣ ва тағйиру иловаҳои бунёдӣ, ки ба дунболи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омаданд, дар низоми қонунгузорӣ ва мақому мавқеи Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардид, давраи комилан наверо ба миён овард. Таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар меҳвари пайомадҳои ин марҳалаи нав қарор дошт.
Аз таърихи таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти конститутсионӣ дар поёни асри ХХ бармеояд, ки кӯшишҳои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар аввали солҳои навадум шурӯъ гардид, аммо ташаккули ғояи меҳварӣ ва ҷараёни пайрезии он то ба марҳалаи ниҳоии таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани назария ва тадбирҳои мушаххаси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти конситутсионӣ мебошад.