Забони яғнобӣ
Забони яғнобӣ
Забони яғнобӣ (yaγnobi zivok) ба забонҳои эронии гурӯҳи забонҳои шимоли шарқӣ мансуб аст. Ин забон идомаи таърихии як лаҳҷаи кӯҳистонии шохаи Уструшанаи забони суғдист, ки ба сабаби дар инзивои кӯҳистон қарор доштани соҳибонаш то ба ҳол маҳфуз мондааст3 ва аз ин рӯ, бархе аз эроншиносон онро «забони суғдии нав» низ гуфтаанд4. Номи он аз номи дара (водӣ)-и Яғноб (ҳоло қисмате аз ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон), ки дар болооби рӯди Зарафшон воқеъ буда, ватани аслии соҳибони ин забон аст, гирифта шудааст ва бархе аз муҳаққиқон онро ба маънии «дараи
яхин» ва бархи дигар «дараи васеъ» тафсир кардаанд. Гӯишварони забони яғнобӣ дар 22 деҳаи водии Яғноб зиндагӣ мекарданд. Дар асрҳои XVI-XVII бархе аз яғнобиён ба минтақаҳои соҳилии рӯди Варзоб кӯчида, ҳоло дар рустоҳои Кӯктеппа, Зуманд, Гаров, Роғ ва Дара иқомат доранд. Хонаводаҳои яғнобиён дар деҳоти дараи Харангон ва рустоҳои Мавлонҷари Боло, Бешбулоқ, Келитош, Ҷабалай, Чағатой, Хонақоҳ ва Чиптӯраи водииҲисор низ истиқомат мекунанд.