Навигарӣ

  • Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июн, 2022 - 17:00

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғ ва омӯзиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми июни соли 2022, соати 15:00 бо иштироки муовинони сардори Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Ю.С. ва Холиқзода А.Ғ. ва аҳли кормандони Хадамот (ҳамагӣ 120 нафар) ҷиҳати омӯзиш ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа машғулияти идоравӣ баргузор намуд, ки дар он сардори шуъбаи танзими истилоҳот – Зулфониён Р. ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Буриева Ш. иштирок ва суханронӣ намуданд.
    Дар оғоз муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Ю.С. машғулияти идоравиро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро барои ташриф оварданашон хайрамақдам намуд. Баъдан барои шарҳ додани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита – Зулфониён Р. дод.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    4
    Баҳои миёна: 4 (4 овоз)
  • Семинари омӯзишӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Июн, 2022 - 11:52

    Дар асоси мактуби Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аз 31.05.2022, №151 роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи номбурда рӯзи 03.06.2022 семинари омӯзишии “Сиёсати давлатии забон ва масъалаҳои марбут ба он” ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”-ро баргузор намуд.
    Дар кори семинар роҳбарият ва беш аз 40 нафар кормандони муассисаи болозикр иштирок карданд. Дар назди ҳозирин раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Муҳаммадҷонзода О. О. ва муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. Р. роҷеъ ба сиёсати давлатии забон ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268) суханронӣ намуданд.
    Баъд аз маърузаҳо аз тарафи кормандони муассисаи мазкур саволҳои зиёде дода шуд, ки ба онҳо маърузаҷиён ҷавобҳои мушаххас доданд.
    Дар анҷоми кори семинар аз ҷониби Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор О.Муҳаммадҷонзода ба директори муассисаи мазкур китобҳои тозанашри Кумитаро оид ба номгузорӣ, номи ашхос ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” тақдим гардид.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (4 овоз)
  • Мизи мудаввар оид ба муҳтавои филми «Шикасти фитна»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Июн, 2022 - 17:53

    1-уми июни соли 2022, соати 14:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар вобаста ба муҳтавои филми «Шикасти фитна» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
    Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро оид ба мазмуну муҳтавои филми «Шикасти фитна» маълумот дода, аз ҷумла баён намуд, ки филми мазкур тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуд ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳӣ доранд.
    Гарчанде ҳамагон аз таърихи хиёнаткориҳои ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом огоҳ ҳастанд, бо тамошои филми мазкур бори дигар нафрати ҳар як фарди бонангу баномус нисбат ба ин ташкилоти тундгарою ифротӣ зиёд мегардад. Дарвоқеъ, аз оғози филм мушоҳида мегардад, ки таҳиягарони он нахуст мардуми шарифи кишварро ба шукргузориву расидан ба қадри тинҷиву осудагӣ ва истиқлоли миллӣ даъват мекунанд, ки амри саривақтӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.
    Бояд ҳар як насли солиму бофарҳанги ҷомеа, хусусан, ҷавонон фирефтаи доми хоинони ватанбезор ва хоҷагони хориҷӣ нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, худ ва дигаронро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, бомаърифативу бомаданиятӣ тарбия намуда, мунтазам барои созандагиву бунёдкорӣ ва осудагии миллат кӯшиш намоянд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 2.7 (3 овоз)
  • Машғулияти идоравии кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати «Тақвияти раванди коргузорӣ дар Кумита»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Май, 2022 - 12:11

    30-юми майи соли 2022, соати 09:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳтавои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тақвияти раванди коргузорӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғулияти идоравӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раиси Кумита, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
    Дар оғоз раиси Кумита кормандонро бо муҳтавои рӯзнома шинос намуда, барои муаррифӣ ва шарҳ додани супориши болозикр суханро ба сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Сафаров Э. дод.
    Сафаров Э. қайд намуд, ки (тавассути намоиши нурафкан) якчанд талаботи раванди коргузорӣ, аз ҷумла, таҳия ва омода намудани ҳуҷҷат, матни бланкҳо ва андозаи ҳуруф, саҳифабандии мавод, истифодаи ҳуруфи тоҷикӣ ва дигар самтҳои омода ва таҳия намудани ҳуҷҷат, алалхусус, ҳуҷҷатҳое, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд, тибқи тартиби муқарраргардида таҳия карда шаванд.
    Дар қисмати ниҳоии машғулияти идоравӣ вобаста ба масъалаи мазкур кормандони Кумита фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Машғулияти идоравӣ барои хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати омӯзиши асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Май, 2022 - 09:53

    Бо мақсади омӯзиши асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва бо фармоиши роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2022, №53 тасдиқ гардид. Нақшаи чорабиниҳо аз 23 банд иборат буда, доир ба муҳтавои фаслҳои он роҳбарият ва шуъбаю бахшҳои Кумита маълумот медиҳанд. Машғулитҳои идоравӣ дар толори Кумита ҳафтае ду маротиба бо ҷалби хизматчиёни давлатӣ баргузор мегардад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Нақшаи машғулиятҳои идоравии хизматчиёни давлатии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиш ва таблиғи китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Май, 2022 - 09:47
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Май, 2022 - 08:00

    Ҷавонони азиз!

    Бисту сеюми майи ҳар сол дар кишвари мо Рӯзи ҷавонон ҳамчун яке аз санаҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

    Бинобар ин, ҳамаи шумо – ҷавонони ватандӯсту хештаншиноси замони истиқлолро самимона табрик гуфта, бароятон комёбиву сарбаландӣ ва ба Ватани маҳбубамон, ки кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон аст, сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

    Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд.

    Зеро нақши онҳо дар рушди соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар басо назаррасу арзишманд мебошад.

    Тавре ки борҳо гуфтаам, дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар менамоянд.

    Ба ҳамин хотир, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи давлат ва насли ояндасоз аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда истодааст.

    Таърихи даврони соҳибистиқлолӣ возеҳ нишон медиҳад, ки ин нерӯи созанда сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд ва дар раванди татбиқи он саҳми арзанда мегузорад, яъне дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дорад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    4
    Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)
  • Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Май, 2022 - 08:00

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям.

    Ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, тандурустӣ, иқболи нек, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот ва осоишу ободии рӯзафзун орзу менамоям.

    Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон, дар баробари адои фаризаҳои динӣ, ба хотири ободии Ватан ва осудагии рӯзгори ҳар як хонадони мамлакат софдилона заҳмат кашиданд ва суннатҳои неки миллиамон – дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва беморону шахсони бесаробонро вусъат бахшиданд.

    Воқеан, ҳикмат ва фазилати моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр тарбияи инсони солеҳу хайрхоҳ ва ғамхору савобҷӯй мебошад.

    Имсол мо иди суннатии мардуми мусулмон – иди саиди Фитрро дар даврае истиқбол мегирем, ки дунёи муосир дар шароити бисёр буҳрониву муташанниҷ ва ҷомеаи башарӣ дар яке аз вазнинтарин солҳои таърихи худ қарор дорад.

    Ҳоло бар асари мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, ки аз талошу кӯшишҳои аз нав тақсим кардани ҷаҳон сарчашма мегиранд, вазъи сайёра ба андозаи бесобиқа мураккаб гардидааст.

    Чунин вазъи нобасомон боиси буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ гардида, зиндагии сокинони бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахту сангин гардонида истодааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Машғулияти идоравӣ ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Апрел, 2022 - 15:55

    19-уми апрели соли 2022, соати 09:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» машғулияти идоравӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, нозири калони Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
    Дар оғоз раиси Кумита иштирокдоронро бо муҳтавои рӯзнома шинос намуда, суханро ба намояндаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Файзуллозода Б. дод.
    Файзуллозода Б. қайд намуд, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
    Дар анҷоми машғулияти идоравӣ саволҳо аз ҷониби кормандон ба намояндаи Агентӣ сурат гирифт.
    Ҷаласаи мазкурро раиси Кумита доктори илми филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, кормандонро ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», аз ҷумла, поквиҷдониву шаффофкорӣ ва поктинатӣ дар фаъолияти ҳамарӯза даъват намуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Апрел, 2022 - 15:34

    Имрӯз 14-уми апрели соли 2022, соати 13:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
    Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфт.
    Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С. гузориш дод.
    Баъдан, он аз ҷониби узви Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, маҷлис ба ин қарор омад, ки ҳисоботи фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2022 қаноатбахш ҳисобида шавад.
    Ҷаласаи Ҳайати мушовараро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст намуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Pages