Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва ташкилоту муассисаҳои он
Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. (роҳбари гурӯҳ), мудири бахши умумӣ ва масъули хадамоти кадрӣ Абдуллоев Ш., сармутахассисони шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш., Ҷалолов С. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 22-и Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021»-ро (6.02.2021, №14) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳринав аз 16-ум то 20-уми августи соли 2021 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.