Навигарӣ

  • Мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 09:33
    Абдуллоев Шариф Раҳматуллоевич - Мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо

    Абдуллоев Шариф Раҳматуллоевич

    Тел.: +(992 37) 227-59-38
    Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

    Самтҳои фаъолияти бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо:

       * назорати риояи тартибу интизоми меҳнатӣ дар мақомоти давлатӣ;
       * ташкил ва назорати рафти иҷрои маводи вурудӣ;
       * омода намудани ҷавоб ба муроҷиатшахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
       * сабти ҳуҷҷатҳои вурудӣ ва судурӣ ва назорати нигаҳдории онҳо дар пўшаҳои асноди муқарраргардида ва ҳисобот аз натиҷаи иҷроиши онҳо ба роҳбарият;
       * таҳияи ҳуҷҷатҳои оид ба таъйин ва озод намудани кормандони Кумита;
       * таҳия намудани лоиҳаи басти корӣ, ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматӣ;
       * доир намудани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, таҳлили натиҷаҳои таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазкунии самаранокдар мансабҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Конференсияи байналмилалӣ (10-уми июни соли 2016)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Июн, 2016 - 18:42
    Конференсияи байналмилалӣ (10-уми июни соли 2016)

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар асоси банди 48-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», банди 27-уми боби IV ва VI-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 аз 30-юми июни соли 2012, №335 дар бораи ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи кории Кумита аз 7-уми январи соли 2016, №1 9-уми июни соли равон Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Британияи Кабир, намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин, намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, ҷамъиятҳо, аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО баргузор намуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Конференсияи байналмилалӣ (27-уми июли соли 2015)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Июл, 2015 - 18:50

    Конференсияи байналмилалӣ «МАСОИЛИ ВОЖАГУЗИНӢ ВА ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ» (27-уми июли соли 2015)

    Кумита дар асоси банди 3-и қисми 3-и Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мувофиқи банди 60-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015, №106 «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» 27-уми июли соли 2015 Конференсияи байналмилалиро таҳти унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода (27-уми июли соли 2015)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Июл, 2015 - 11:38
    Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода (27-уми июли соли 2015)

    СУХАНИ ИФТИТОҲИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГАВҒАР ШАРОФЗОДА

    (КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАСЪАЛАИ ВОЖАГУЗИНӢ ВА ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ»
    ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 27-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2015)

     

    Меҳмонони арҷманд,
    Дӯстони гиромиқадр!

    Қадами ҳар яки шуморо ба чунин як маҷлиси бошукӯҳи илмӣ, конференсияи байналмилал, ки таҳти унвони «Масъалаи вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» баргузор мегардад, хайра мақдам мегӯям.

    Ба самъи ҳама иштирокдорони конференсия мерасонам, ки дар кори конференсияи имрӯзаи мо намояндагон – аҳли илму фарҳанги се кишвари ҳамҷавор ширкат варзида истодаанд. Вале ман аз он ифтихормандам, ки дар чунин маҳфили бузурги илмӣ, ки соҳибони забони се давлати ҳамзабон иштирок доранд, моро эҳтиёҷ ба тарҷумон нест. Ин гувоҳи он аст, ки забонҳои муосири тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ решаи ягонаи таърихӣ дошта, дар масири таърих бори гарони илму фарҳангро бар дӯш гирифта, таъқибу тазиқи бегонагонро якҷоя пушти сар намудаанд.

    Имрӯз аз он ифтихор дорем, ки забонамон соҳиби адабиёти хаттии дуҳазорсола буда, замоне аз соҳили баҳри Миёназамин то қуллаҳои баланди Ҳиндукуш ва аз кӯҳдомани Қафқоз то канораҳои Халиҷи Форс доман паҳн намуда, барои бисёр халқҳои қитъаи Осиё забони давлатдорӣ ва дипломатӣ будааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Конференсияи ҷумҳуриявӣ (19-уми сентябри соли 2014)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Сентябр, 2014 - 18:36
    Конференсияи ҷумҳуриявӣ (19-уми сентябри соли 2014)

    Конференсияи ҷумҳуриявӣ
    (19-уми сентябри соли 2014)
    «ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИСТИЛОҲОТ»

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюм” аз 3-юми июли соли 2014, №424, мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 тасдиқ гардидааст, ҳамчунин, мувофиқи дастури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми июли соли 2014, №26/14-17 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми сентябри соли 2014, баргузор намуд, ки дар он 100 нафар муҳаққиқону донишмандон, аз ҷумла, намояндагон аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ниҳоду пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои чумҳурӣ, ҳамчунин, намояндагони Воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

    Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири калони ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мансур Суруш зимни суханронии худ иштирокдорони Конференсияро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 ноябри соли 2013)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Ноябр, 2013 - 11:47
    Суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 ноябри соли 2013)

    Суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми филология, профессор Д.Саймиддинов дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Китоби дарсӣ ва масоили имло» (15 ноябри соли 2013)

    Дар иртибот ба мавзӯи мизи мудаввари имрӯза мехоҳам чанд нуктаи муҳимро аз дастуру ҳидоятҳои Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон хотирнишон созам. Ҳанӯз 22 июли соли 2003 дар Номаи табрикотии хеш сарвари давлат чунин таъкид фармуда буданд: «Имрӯз мо ба услуби илмӣ, забони суфтаву шево ва оммафаҳми матбуот, забони коргузории устувор, истилоҳи ягонаи соҳаҳо, луғатҳои тафсирии якзабона, дузабона, имлои нисбатан возеҳу ба меъёрҳои забонамон хос эҳтиёҷ дорем….». Ин ҳидояти Президенти кишварро Кумита аз рӯзҳои нахусти фаъолият амалӣ намуда, Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро бо ҷалби забоншиносон ва дар мувофиқа бо Академияи илмҳо ва кафедраҳои забони тоҷикии мактабҳои олӣ омода намуд. Пас аз тасдиқи Қоидаҳои имло бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 аз фонди захиравии Президенти муҳтарами кишвар Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ нашр гардид

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (4 октябри соли 2012)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Октябр, 2012 - 18:58
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (4 октябри соли 2012)

    Дӯстони гиромӣ! Ҳозирини арҷманд! Мулоқоти мо ба хотири гиромидошти забони давлатӣ дар арафаи Рӯзи забон, ки дар иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябр муқаррар шудааст, баргузор мегардад.
    Аз соли 2009 ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Имрӯз мову шумо Рӯзи забонро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем.

    Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Рӯзномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Август, 2012 - 11:23
    Рӯзномаи “Ганҷи забон”

    Рӯзномаи “Ганҷи забон” ҳамчун нашрияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикситон таҳти №0339/рз дар санаи 23-юми апрели соли 2014 сабти ном шуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (5 октябри соли 2010)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2010 - 13:04
    Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (5 октябри соли 2010)

    Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (5 октябри соли 2010)

    Дӯстони гиромӣ! Ҳозирини арҷманд! Баъди ба тасвиб расидани Қонуни забон дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бистудуюми июли соли 1989 ин сана ба ифтихори бузургдошти забони давлатӣ ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллии мо ворид карда шуд.
    Дар ин муддат, алалхусус дар даврони истиқлолият ин ҷашн дар саросари кишвар бо ширкати фаъоли тамоми шаҳрвандон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҳамасола таҷлил карда мешавад.
    Соли гузашта мардуми шарифи Тоҷикистон бистумин солгарди ин санаи фархундаро ҳамчун арзи эҳтиром ба ин муқаддасот ва появу бунёди давлату давладтории миллӣ ҷашн гирифтанд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Pages