Забони тоҷикӣ
Забони тоҷикӣ
Забони тоҷикӣ забони адабӣ ва миллии тоҷикон ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо забони тоҷикӣ ҳамчунин тоҷикони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, ҳамчунин дар минтақаҳои тоҷикнишини Афғонистон такаллум мекунанд. Забони форсии аҳди Сомониён «форсӣ, порсӣ» ва ё «порсии дарӣ» ном гирифт ва бо вуҷуди ин ки ин забон дар осори хаттии асрҳои миёна гоҳо забони тоҷикӣ» ё «зуфони тоҷикӣ» номида шуда бошад ҳам (дар як матни портии монавӣ, ки дар Турфони Чин ёфт шудааст (асри VIII м.), истилоҳи tazigāne āvak «овои тоҷикона» ба кор рафтааст), вале дар ҳоле ки қавми тоҷикро [1] «форс» наномидаанд, забонашон ба сурати куллӣ то асри XIX ва ибтидои асри ХХ бо номи «форсӣ» муаррифӣ мешуд. Муҳити ташаккули забони форсии нав, робитаҳои таърихии соҳибони ин забон бо мардумони ҳамҷавор дар таҳаввули таърихии низоми луғавии ин забон бетаъсир буда наметавонист. Омезиши забони форсӣ бо забони портӣ боиси вориди таркиби луғавии он шудани калимаҳои иқтибосии портӣ гардид. Мавҷудияти як қатор иқтибосҳои эронии шарқӣ (хусусан калимаҳои суғдие мисли нағз, оғоз, мағз, бут, алағда ва ғ.) дар сохтори луғавии забони форсӣ низ натиҷаи робитаи таърихии ин забонҳо мебошанд.