Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуд. Матни пурраи андешаҳои забоншиноси тоҷикро дар зер пешкаши хонандагон мегардонем.
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ ҳамчун ба Модар –сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт аҷргузорӣ карданд ва мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ дар байни зиёда аз 200 кишвари олам ва минҷумла, сайёра баланд бардоштанд. Чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад.
Бебаҳотарин ва нодиртарин забони бостонии давлатдорӣ ва адабиёти бадеӣ, илму ҳикмати азалӣ дар таърихи олами башарӣ забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Он азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз, аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо тамоми шоистагиаш ба олами асримиёнагӣ муаррифӣ кард.
Шиносномае, ки халқу миллат ва фарҳангу тамаддуни онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, маҳз забони ӯст. Ин забон аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ буд. Забони тоҷикии дарӣ чун шиносномаи Сомониёни тоҷикзабон дар арсаи сиёсат, давлату давлатдорӣ, фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон дар таърихи башарият азамату шукӯҳи давлатдорӣ ва фарҳанги беназири тоҷиконро ба олами башар муаррифӣ кард.
Забони тоҷикии дарӣ ба ҳайси забони расмии давлати абарқудрати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро мепайваст ва асрҳо чун забони кории Роҳи Абрешим хизмат намуда, рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо меовард, ки дар ҷаҳони муосир забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, немисӣ, испанӣ ва арабӣ ба дӯш доранд.
Муддате мадид сангарҳои сунъии сиёсии онзамона садди пешравӣ ва азамату партавафшонии хуршеди оламгири забони тоҷикӣ гашта, чун абри тираву тор болои ин забони куҳанбунёди соҳибрисолатро гирифта буданд. Ин забон ҳамеша қудрати ҳифз ва нигаҳдории истиқлол ва ҳувияти худро дошт. Хушбахтона, бо тулӯи хуршеди Истиқлол ва истиқрори давлати мустақили Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҷавҳари маънавии худро таҷдид ва эҳё намуд ва бо ноил гардидан ба мақоми забони давлатӣ, ба иборае нафаси тоза кашид.
Сардафтари адабиёти миллии муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аҳамияти мақом ва мартабаи забони миллиро дар ташаккули давлати миллӣ хеле хуб дарк мекард, бо шуҷоати том дар оғози даврони Шӯравӣ адабиёти оламшумули тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва китоби безаволи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро нашр намуда, овози тоҷикро ба гӯши оламиён расонид.
Муддате баъд фарзанди барӯманд ва фарзонаи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро дар ду ҷилд таълиф намуда, таърихи чандинҳазорсолаи тоҷиконро чун миллати куҳанбунёд ва бумии Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
—Вақте масъалаи вуҷуд ва бақои минбаъдаи миллатро таърих дар охири асри ХХ мубрам гардонид, вориси алломагону фарзонагон Исмоили сонӣ ва сиёсатмадори нотакрори арсаи ҷаҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри нав, яъне дар ибтидои ҷаҳони муосир зербинои давлати тоҷиконро асос гузошта, сулҳу ваҳдати миллӣ ва сарҷамъиву амният ва суботи мамлакатро таъмин бахшид. Ин буд, ки миллати пошхӯрда сарҷамъу муттаҳид, давлати мустақили Тоҷикистони муосир бунёд гардида, аз кишвари ақибмондаи дастнигари кумакҳои башарӣ ба ҷумҳурии пешрафтаи аграрӣ ва саноатӣ мубаддал шуд.
Мояи фараҳмандӣ ва сарбаландиву хушнудии тамоми тоҷикон ин аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистони моро тамаддунҳои пешрафтаи муосири олами башарӣ, ба ҳайси як ҷумҳурии ҷавону соҳибистиқлол ва мутамаддини дорои неъмати бебаҳои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, якпорчагӣ ва соҳибқудрат дар пешравиҳои нав ба нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ мешиносанд. Бо ин ҳама заҳматҳои зиёде дар риштаи сиёсат ва эъмори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди илму фарҳанг ва болоравии сатҳи маънавии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишҳои пайгирона дар давлату фарҳанг, миллату маънавият сохтанҳо, аз аввалин рӯзи амалашон ба ҳайси як Пешвои воқеии миллат, таълифоту пажӯҳиши зиёди илмиро баҳри бедории тафаккури худшиносии миллӣ ва худогоҳиву меҳанпарастии азалии мардуми азизи худ ва арҷгузории забони модарии хеш, забони давлату давлатдории тоҷикон, онро дар арсаи ҷаҳон ба оламиён ба таври сазовор шиносониданҳоро анҷом дода, дасти муборак ба эҷоди асарҳои илмии бунёдӣ дар риштаи таърих, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ахлоқу маърифат, ҳуқуқ, танзими расму оин ва суннатҳои миллӣ, эҳёи фарҳангу ҳунари мардумӣ, дину мазҳаб, фарҳангу адаб ва забони модарии тоҷикӣ доранд.
Фикру зикри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои осоиштагиву амнияти ҷомеа, беҳдошти вазъи моддиву маишии мардум, худогоҳиву хуштаншиносӣ, ҳаммарзи Модар – Ватан аст ва таъмини мардум бо ҷойҳои нави корӣ ва рушду такомули илму фарҳанг дар мамлакат ба шумор меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш, ки дар вохӯриашон бо зиёиёни мамлакат дар оғози соли 2020 иқдоми таҳсинафзоеро пеш гирифта, супориш доданд, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим карда шавад.
То ба имрӯз бо қалами мубораку тафаккури камназири абармарди оламшумули муосири мо, тоҷикон – Пешвои миллати тоҷик, Қаҳрамони миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як идда асарҳои мондагору пурарзиш ва пурқимате ба табъ расидаанд, ки ин амал бори дигар шаҳодати шахсияти нодиру нотакрор, дилогоҳу мутафаккир ва ҳакиму донишманд будани Пешвои муаззами миллат, далели собити азму иродаи қавӣ дар ҳифзи номус, ҳувият ва худогоҳии миллии мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони дунё, заҳматҳои холисонаи ӯ ҳам бо сухан, ҳам бо қалам ва ҳам бо тафаккуру шуҷоат баҳри бедории андешаи хештаншиносии миллӣ мебошанд.
Асарҳои мондагору безавол, арзишманду бунёдии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби якум (Аз Ориён то Сомониён); «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби дуюм (аз Ориён то Сомониён); «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби сеюм (аз Ориён то Сомониён); «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби чорум (аз Ориён то Сомониён); китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»; «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»; «Чеҳраҳои мондагор»; асари бунёдии илмии «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби якум); «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби дувум) боз даҳҳо асару мақолаҳои дигар дар бораи дину ахлоқ, маънавиёт ва сиёсату иқтисодиёт ба хазинаи тиллоии фарҳангу миллати тоҷик ворид гардида, ба дили хонандаи имрӯза, аз олиму сиёсатмадор то деҳқону коргар роҳ ёфта, рисолати роҳнамои миллат ба роҳи фардои дурахшон буданро касб кардаанд.
Гузашта аз ин, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли зиёда аз 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми мамлакат бесаброна пазироӣ менамояд, самтдиҳандаи сиёсат, амнияту субот, иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва ҳаёти ҳаррӯзаи миллат мебошанд ва як навъ оинаи тамомнамоеанд, барои шинохти аслу пайванди хеш, хештаншиносӣ ва дарки масъулияту ватандӯстӣ ва ҷойгоҳу мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳо ва тамаддунҳои олами муосир.
Асари бағоят мондагору муҳим ва бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба ифтихори 30-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ ба табъ расида, ҳамчун армуғони идона дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ба миллати тоҷик пешкаш гардид, баёнгари таърихи пуршараф ва ҳашамати нотакрор, мақом ва манзалати бузургии илмию фарҳангии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва нишонаи асосии миллат будани он буда, инқилоби фикриест, ки дар соҳа ворид намудааст.
Ба масъалаи забон рӯй овардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест. Ва чуноне ки худи муаллифи асари арзишманду бунёдии илмӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намудаанд: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».
Мояи ифтихору сарбаландии мо тоҷикони асри ХХI аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахсан, пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд. Ва забонро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат ҳамчун муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд, ки ин, пеш аз ҳама, барои мо равшанфикрону аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ мояи ифтихор ва сарбаландию пайравист.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шахсияти эшон ба ҳайси сиёсатмадори воқеии донову оқил, мушфиқу меҳрубон ва мутафаккири арсаи илмиву сиёсӣ ва шахсияти шинохташудаи байналмилалӣ дар тамоми олами муосир эътироф ва шинохта шудааст, нисбат ба забони модарии хеш — забони тоҷикӣ муҳаббати беандоза доштанашон ҳам дар байни ҷомеаи мамлакат ва берун аз он, дар тамоми ҳавзаҳои тоҷикнишини олам ва форсизабонони ҷаҳон эътироф шудааст. Таълифи асари калонҳаҷми дуҷилдаи беназири «Забони миллат – ҳастии миллат» ҳам натиҷаи муҳаббатҳои беандозаи Президенти мамлакат нисбат ба забони модарӣ мебошад.
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо кӯшишҳои пайдарпайи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбару садри аъзами давлат онро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намудаанд, ки он аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Пешвои миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон, бахусус, дар асари дуҷилдаи эшон «Забони миллат – ҳастии миллат» муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳими миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.
Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат дар асари мазкур дар баробари баррасии масоили марбут ба забоншиносӣ доир ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ, давлатдории сулолаҳои гуногуни асрҳои мухталиф аз замони Ҳахоманишиён то Ғазнавиён (китоби якум) ва аз суқути Ғазнавиён то давлатдориҳои гуногуни ибтидои асри ХХ (китоби дуюм) маълумоти амиқи таърихӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар он нуктаҳо ва саҳифаҳои номакшуфи таърихи халқи тоҷикро баён намудаанд.
Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби мазкур перомуни ҳаёт ва эҷодиёти адибони барҷастаи миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХ маълумоти муҳимми илмиро рӯйи кор овардаанд, ки он ба таҳлилҳои илман асоснок, бо диди нави академӣ ва усулҳои нави таҳқиқ аз дигар асарҳо фарқ мекунад. Китоби мазкур саҳифаҳои наверо доир ба ҳаёт ва фаъолияти адибони давраҳои гуногуни таърихи адабиётамон бозгӯ намуда, намунаи барҷастаи таҳлилҳои адабиётшиносӣ дар замони муосир ба шумор меравад. Ин китоб барои таърихнигорон, адабиётшиносон, забоншиносон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон манбаи муҳимми илмӣ ва барои аҳли илму маорифи кишвар воситаи беҳтарини таълимию тарбиявӣ ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки пас аз хомӯшӣ ва сукуту таҳаммули тӯлонии зиёда аз ҳазор сол хуршеди азамат ва ҷалолу шукӯҳи забони тоҷикӣ, дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ, ки дар аҳди Оли Сомон партавафшон буду нурҳои зиёбахши он аз Мағриб то ба Машриқ, аз Ироқу Аҷам то ба Чин ва аз Мовароунаҳру Хуросон то ба Ҳинд равшангари маърифат ба шумор мерафт, боз бо фазилати қудуми мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати навин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тулӯи тоза кард. Бигзор ин тулӯи хуршеди забон тулӯи беғурубу ҷовидона бошад ва ҳумои толеи ин миллату забон, дар каронаи фазои сиёсии ҷаҳон дар парвози бегазанд ва пуравҷ бошад.
Маҳз бо пайгириҳо ва кӯшишҳову ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 таҳия ва қабул гардид, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, соли 2008 — соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва ҳамасола рӯзи 5 — уми октябр таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба расмият даромад, ки ҳамаи ин тадбирҳо, дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо барои рушду нумӯъ ва ривоҷу равнақи ҳаматарафаи забони тоҷикӣ фазои басо муносиби сиёсиву маъмурӣ ва фарҳангию маънавӣ ва маърифатиро фароҳам сохт.
Мояи ифтихору пайравии ҳамаи мо — тоҷикону тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, ки Роҳбари давлат ва Пешвои миллат, азизи тоҷикон имрӯз, шахсан, пуштибону ҳомии забони модарии мову шумо, яъне забоне, ки бо он «Авасто» нахуст навишта шуда, бо он «Бӯи ҷӯи Мулиён»-у кулли осори Одамушшуаро Рӯдакӣ навишта шуд, бо он «Шоҳнома»-и Фирдавсиву «Хамса»-и Низомӣ ва «Ҳафт Авранг»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Маснавии Маънавӣ»-и «Девони Шамс» — и Мавлонои Балхӣ навишта шуд, бо он осори Ибни Сино ва осори Саъдиву Ҳофиз ва зиёда аз ҳазору чаҳорсад адибу мутафаккири шаҳири тоҷик навишта шуд, ки ҳомии забони тоҷикӣ ҳастанд.
Забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омад. Имрӯз садои забони дарии тоҷикӣ дар тамоми ақсои олам танинандоз аст ва ба ҳайси як забони давлатӣ қудрату тавоноии худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмиву маърифатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷилва овард.
Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модариро ҳамеша азизу гиромӣ ва пос доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус аст.
БА ШАРОФАТИ СУХАНРОНИҲОИ ФАСЕҲУ ГУВОРОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДОМАНАИ КОРБУРДИ СИЁСИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ФАРОХ ГАРДИД. Андешаҳои Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот доир ба арҷгузории Президент ба азамат ва шукӯҳи забони тоҷик
ДУШАНБЕ, 15.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.
Маҳз ба шарофати суханрониҳои фасеҳу гуворои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон доманаи корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фарох гардида, зарфияти он дар ифодаи муҳимтарин матлабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ба кор даромаданд. Устоди зиндаёд академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ба забондонӣ, суханронӣ, ақлу заковат ва наттоқонаву воизона ҳарф задан, бо фасоҳату балоғати том сухан кардану лутф намудани Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ихлос ва эҳтироми бепоён арҷгузорӣ намуда, дар яке аз навиштаҳояшон таъкид карда буданд, ки «Ҷаноби Олӣ – Президенти мамлакат бевосита дар бораи забони модарӣ ва азиз доштани он суханҳое гуфтанд, ки банда дар ин умри худ, дар ин умри дарозу тӯлониам аз ҳеҷ як сарвари Тоҷикистон нашунидаам. Агар Сарвари кишвар нисбат ба забон ва фарҳанг бо чунин ҳақшиносӣ сиёсат пеш бигирад, шак нест, ки аз ҳалли душвортарин масъалаҳои рушди ҷомеаи навини тоҷикон умед метавон кард».