ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода - Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,
Аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модарӣ як рукни асосии давлатдорӣ буда, аз гузаштаҳои миллати тоҷик ба мо мерос мондааст. Аз ин рӯ, ҳар як соҳибзабон вазифадор аст, ки баҳри поку беолоиш нигоҳ доштан, ба наслҳои оянда расонидани забони давлатӣ саҳмгузор бошад. Мо соҳибзабонон дар даврони Истиқлолият шоҳиди дигаргуниҳои зиёд дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ гаштаем. Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони давлатӣ дубора эҳё гардида, имрӯз низ барои амалӣ кардани ҳадафҳои наҷиб дар роҳи ҳифз ва гиромидошти яке аз арзишҳои миллӣ - муқаддасоти забонӣ пайваста азму талош меварзад.
Пешвои миллат бо ин ҳама кӯшишҳои пайгирона дар давлату фарҳанг, миллату маънавиёт, аз аввалин рӯзи амалашон ба ҳайси як Пешвои воқеии миллат, таълифоту пажӯҳиши зиёди илмиро баҳри бедории тафаккури худшиносии миллӣ ва худогоҳиву меҳанпарастии азалии мардуми азизи худ ва арҷгузории забони модарии хеш, забони давлату давлатдории тоҷикон, онро дар арсаи ҷаҳон ба оламиён ба таври сазовор шиносониданҳоро анҷом дода, дасти муборак ба эҷоди асарҳои илмии бунёдӣ дар риштаи таърих, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ахлоқу маърифат, ҳуқуқ, танзими расму оин ва суннатҳои миллӣ, эҳёи фарҳангу ҳунари мардумӣ, дину мазҳаб, фарҳангу адаб ва забони модарии тоҷикӣ доранд [1,9].