Кумитаи забон

Мушкилоти истилоҳнигорӣ роҳи ҳалли худро меёбад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2018 - 14:04
Кумитаи забон ва истилоҳот

     Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба забони илм табдил додани забони давлатии Тоҷикистон ва бо роҳи танзими дурусти истилоҳнигорӣ минбаъд ҳам рушду густариш додани забони адабии тоҷикӣ рӯзи 25-уми июни соли 2018 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита баргузор гардид.
     Дар ҷаласа беш аз 100 нафар олимони забоншиноси тоҷик, - аъзои бахшҳои тахассусии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, мутахассисону намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, намояндагони ВАО ва кормандони Кумита ширкат варзиданд, ки масъалаҳои  вобаста ба  вазъи  истилоҳнигорӣ дар фаъолияти Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита мавриди  баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, бо мақсади минбаъд ҳам рушду густариш додани ҳамкории самараноки Шӯро бо вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ниҳодҳои илмию таҳқиқотии кишвар бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти иштирокдорон қарори ҷаласаи Шӯро  қабул карда шуд, ки он ба  пешбурди сармараноки фаъолияти Шӯро, низоми дурусти истилоҳнигорӣ   ва танзими он равона гардидааст.
     Қобили зикр аст, ки дар забони тоҷикӣ истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносӣ имрӯз наметавонад бо пажӯҳишҳои густурда ва амиқи назарии худ ифтихор кунад. Мушкил он аст, ки то ҳол  заминаи рушду инкишофи ин ришта ба қадри лозим фароҳам нашудааст. Зеро то имрӯз таркиби луѓавии забони адабии  ҳозираи тоҷик ба дараҷаи кофӣ тадқиқ нашуда, оид ба ин масъалаҳо ягон асари ҷудогонаи ҳадафрасе ба вуҷуд наомадааст. Аз ин боис, на танҳо масоили назарӣ, балки даҳҳо  мавзӯъҳои мубрами дигари истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносии забони тоҷикӣ дар интизори муҳаққиқони хеш мебошанд.
     Дар иртибот ба ин масъалаҳо, яке аз пешниҳоди муфиди аъзои Шӯро дар ҷаласа, ин масъалаи дар назди Кумита таъсис додани “Маркази тарҷумонӣ” ва “Пажӯҳишгоҳи иистилоҳшиносӣ ва фарҳангнигорӣ” буд, ки он  якдилона қабул гардид. Зеро маҳз, тавассути ин иқдом, ки дар пешбурди сиёсати давлатии забон муҳим арзёбӣ мегардад, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавии забони тоҷикӣ дар мақоми давлатӣ ва  инкишоф додани забони миллӣ яке аз вазифаҳои мубрамест, ки бояд аз ҷониби ниҳоду марказҳои илмӣ-таҳқикотии кишвар рушд ёбад ва бо истифода аз имконоти захираи вожаҳо ва равишҳои суннатии забон ва таҷрибаи ҳамзабонон, ки дар ин самт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, забони  давлатии мо рушду густариш дода шавад ва он аз ҳама гуна олоишу  савтиёти  бегона  раҳо ёбад.

     Боиси тазаккур аст, ки қарори  ҷаласаи навбатии Шӯро  бо ҳадафи  татбиқи  банизоми ҳамгунсозии истилоҳот дар забони адабии тоҷикӣ барои корбурд ба тамоми вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва  пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ  ирсол карда мешавад.


Масъули Хадамоти ВАО                                                Р. Зулфониён

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Забони шуғнонӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Октябр, 2017 - 21:51

Забони шуғнонӣ / шуғнӣ (xuγnůnī zev) дар ноҳияҳои Шуғнону Шохдара ва мавзеи Баҷуви Бадахшони Тоҷикистон ва маҳаллоти ҳаммарзи он дар Афғонистон истеъмол мегардад. Ин забон дорои гӯишҳои баҷувӣ, шохдарагӣ ва барвозӣ буда, дар осори илмӣ бо номи «забони шуғнонӣ-баҷувӣ» низ ёд мешавад.
Забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ ҳамчун забонҳои бехат дар ҷомеа нақши забонҳои маҳаллиеро бозӣ мекунанд, берун аз маҳалли корбурдии худ истеъмол намегарданд. Назар ба иттилои манобеи хаттии Чини бостон, дар аҳди қадим дар Шуғнон хат ривоҷ доштааст. Сайёҳи чинии нимаи авали қарни VII Сюан Тзян дар бораи хатти тохарӣ, ки аз 25 ҳарф иборат буда, ба таври уфуқӣ аз чап ба рост хонда мешуд, иттилоъ дода, зикр мекунад, ки «дар Ши-ки-ни (Шуғнон) низ ҳамин хат ба кор меравад, аммо дар забон тафовутҳо вуҷуд дорад» (1). Осори бостонии ин забон то ба имрӯз боқӣ намондааст. Дар солҳои 30-юми асри гузашта, зимни мубоҳисоти забоншиносие, ки перомуни табдили хатти забони тоҷикӣ сурат гирифт, масъалаи алифбои забони шуғнонӣ низ баррасӣ мегардид ва кӯшишҳои соҳибхат намудани забони шуғнонӣ ба миён омаданд ва барои он бар мабнои расмулхатти лотинӣ алифбое таҳия гардида, китоби алифбои ин забон низ чоп шуд, аммо бо вуҷуди он ки чандин намунаи осори забони мазкур мунташир гашт, ин ибтикор идома пайдо накард. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ашъори шоирони маҳаллӣ дар шакли китобчаҳои ҷудогона ва маҷмуаҳо бо хатти кириллӣ интишор шуда, дар ҳафтаномаи «Фарҳанги Бадахшон» низ намунаҳои ин ашъор ҷо дода мешуд. Шоирон Сардор Раҳдор (ашъори рӯшонӣ), Лидуш Ҳабиб, Лаълҷӯба Мирзоҳасан, Ато Мирхоҷа, Муҳиддин Шоҳинбод (ашъори шуғнонӣ) ва дигарон дар шумори чунин адибони маҳаллӣ қарор доштанд. Тарҳи алифбои забони шуғнонӣ таъйид гардида, профессор Д.Карамшоев бо ҳаммуаллифии М.Аламшоев китоби дарсии забони шуғнониро таълиф намуд. ДарМаскав луғати сеҷилдаи шуғнонӣ-русӣ ва луғати якҷилдаи русӣ-шуғнонӣ (мураттиб Д. Карамшоев) ба табъ расиданд, ки дар он маводи забони шуғнонӣ ба хатти кириллӣ оварда шуда буд.
Осори фолклории забонҳои шуғнӣ-рӯшонӣ ба ду забон – забони маҳаллӣ ва форсӣ-тоҷикӣ эҷод гардидааст. Дар канори осори мансури фолклорӣ ва жанрҳои манзуми шифоҳӣ (масалан, сурудҳои мардумие мисли «Лалайик» ва «Даргилик»), ки ба забонҳои маҳаллӣ эҷод гардидаанд, рубоиёт ва дигар жанрҳои шеърии фолклорӣ, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ офарида шудаанд, низ дар байни мардумони бумии ин минтақа маъруф буданд.
Аз дигар забонҳои помирие, ки ба забонҳои гурӯҳи шуғнонӣ-рӯшонӣ қаробате доранд, аммо машмули ин гурӯҳ нестанд, забонҳои язгуломӣ ва ванҷии куҳан мебошанд. Бо таваҷҷуҳ ба шабоҳату қаробати генетикии сохтории ин забонҳо В.С. Соколова ин ду забонро ҳамроҳ бо забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ дар як гурӯҳи хосаи забонҳои помирӣ муттаҳид карда, онро «гурӯҳи забонии шуғнонӣ-язгуломӣ» номидааст (1).
Бояд зикр намуд, ки фарҳангҳои дузабонаи забонҳои помирӣ ба русӣ (бо овонигории лотинии калимот) то ин замон ҳам дар Маскав ва Ленинград аз чоп баромада буданд. Аз ҷумлаи чунин фарҳангҳо доир ба забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ ниг.: Зарубин И.И. Орошорские тексты и словарь // Памирская экспедиция 1928, вып. 6.– Л., 1930; Бартангские и рушанские тексты и словарь. – Л., 1937; Шугнанские тексты и словарь. – М.-Л., 1960; Соколова В.С. Рушанские и хуфские тексты и словарь. – М.-Л., 1959; Бартангские тексты и словарь. – М.-Л., 1960; Пахалина Т.Н. Сарыкольско-русский словарь. – М., 1971 ва ғ.

Адабиёт
1. Ба таври муфассал ниг.: Соколова В.С. Генетические отношения
язгулямского языка и шугнано-язгулямской языковой группы. – Л., 1967.
2. Belliot P. Tokharien et Koutcheen…, - 1934, c. 206.
3. Эдельман Д.И. К проблеме «язык и диалект» в условиях отсутствия
письменности // Теоретические основы классификации языков мира. –
М., 1980, с. 127-147.
4. Аз ҷумла ниг.: Зарубин И.И. К списку памирских языков // Доклады РАН, серия В. – 1924, с. 79-81; Карамшоев Д. Забонҳо ва гӯишҳои помирии Бадахшон // Номаи Пажӯҳишгоҳ. – Душанбе, 2007, №15-16, с. 49-56.

Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Категория:

Муроҷиати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи истифодабарандагон, муаллифони мақолаҳо ва маъмурони сомонаҳои интернетӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2017 - 10:03

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи истифодабарандагон, муаллифони мақолаҳо ва маъмурони сомонаҳои интернетӣ муроҷиат менамояд, ки интишороти худро дар қисмати тоҷикии сомонаҳо ба таври ҷиддӣ назорат бурда, кӯшиш намоянд, ки ба хатоҳои грамматикӣ, услубӣ, маъноӣ, мантиқӣ роҳ надиҳанд.
Гурӯҳи коршиносони Кумита нисбат ба қисмати тоҷикии Интернет назорати ҷиддӣ бурда, санҷишҳои мунтазамро оид ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ мондааст.
Қисме аз сомонаҳо огоҳанд, ки маводи пешниҳодшудаашон дорои ғалатҳо мебошанд ва Кумита умедвор аст, ки ҳамаи ғалатҳо, аз он ҷумла ғалатҳои намунавие, ки дар гузоришҳои мо пешниҳод шудаанд, ба зудӣ ислоҳ хоҳанд шуд.
Кумита инчунин ба ҳамаи ихтиёриён (волонтёрон) муроҷиат мекунад, ки ба коркарди худ бо эҳтиром муносибат кунанд ва вазифаҳои худро бо сифати баланд иҷро намоянд, то ба истифодабарандагони Интернет зарар нарасонанд, зеро мақолаҳои чопшуда аз тарафи ихтиёриён аз ҷониби миллионҳо истифодабарандагон ва дӯстдорони забони тоҷикӣ мутолиа мешаванд.
Гурӯҳи коршиносони Кумита, инчунин, ба ихтиёриён (волонтёрон) ва дӯстдорони забони тоҷикӣ тавсия медиҳанд, ки ба таҳрири қисмати тоҷикии сомонаҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сифати мақолаҳои ба забони тоҷикӣ навишташударо беҳтар гардонанд.
Кумита ба ихтиёриён (волонтёрон) ва дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат менамояд, ки онҳо бо забоншиносони касбӣ, адабиётшиносон, таърихшиносон, барномасозон, ҳуқуқшиносон ва дигар мутахассисон машварат намоянд, аз “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва луғатҳои дигаре, ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот тасдиқ шудаанд, истифода баранд ва новобаста аз фаъолияти ихтиёрии (волонтёрии) худ бо Шартҳои сомонаҳои интернетӣ ва меъёрҳои қонунгузорӣ шинос шуда, онҳоро риоя кунанд. Минбаъд дар мақолаҳои нави худ ба хатоҳо роҳ надиҳанд.
Кумита ба корбарони технологияҳои компютерӣ муроҷиат мекунад, ки аз маҷмӯи барномаҳои стандартӣ барои ворид намудани матни тоҷикӣ истифода баранд. Имрӯз, технологияҳои нав барои озодона ворид кардани матни тоҷикӣ дар компютер ё ин ки дастгоҳҳои мобилӣ имконият медиҳанд.
Ҳамчунин, Кумита ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва байналмилалии сомонаҳои интернетӣ, барномаҳои компютерӣ ва дигар маводи иттилоотие, ки ба забони тоҷикӣ тааллуқ дорад, муроҷиат мекунад, то аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ истифода баранд, аз он ҷумла, барои беҳтар намудани сифати маҳсулоти худ аз стандартҳои муқарраршуда ва талаботи дигар истифода баранд.
Кумита, инчунин, ба ВАО – рӯзноманигорони касбӣ ва муҳаррирон муроҷиат менамояд, ки ба хатоҳои грамматикӣ ва луғавии ҷиддӣ (хусусан истилоҳот) дар мақолаҳои худ ба забони тоҷикӣ роҳ надиҳанд, қоидаҳои имлои забони тоҷикиро риоя кунанд, дар мақолаҳои худ иттилоотро ба таври дуруст пешниҳод кунанд ва ба хонандагони худ маълумоти носаҳеҳро паҳн накунанд.
Кумита ба донишҷӯён, ихтиёриён (волонтёрон) ва ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои дигар ба муҳлати кӯтоҳ ё дароз сафар менамоянд, тавсия медиҳад, то ба забони тоҷикӣ, фарҳанги тоҷикӣ ва гузаштаи худ эҳтиром гузоранд.
Пойдорӣ ва бақои суннату фарҳанги миллӣ дар шароити кунунии таъсири ҳамарӯзаи омилҳои ҷаҳонишавӣ ва нуфузи забонҳои муқтадир тавассути технологияи пешрафтаи муосир аз бисёр ҷиҳат ба қудрату тавоноии забон вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, то аз имконоти фаровони дохилии забонамон дар мисоли қолабҳои вожасозӣ ва луғоту истилоҳоти маҳфуз дар осори давраҳои таърихӣ истифода намоем.
Гурӯҳи коршиносони Кумита ба маълумоти шумо мерасонад, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат дар бораи забон ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд.
Кумита дар фаъолияти худ муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳбарӣ гирифта, тибқи Низомномаи Кумита фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Кумита дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳоду сохторҳо ҳамкорӣ менамояд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (1 овоз)

Сомонаи нави Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Август, 2017 - 08:00
Сомонаи нави Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз, дӯстон, ҳаводорони забони тоҷикӣ,

Сомонаи нави Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дари худро ба Шумо боз намуд.
Ин сомона барои Шумост ва мо умедворем, ки он ба Шумо муфид буда, аз тамоми фаъолияти Кумита метавонед тавассути сомонаи мо маълумот дастрас намоед.
Ҳамзамон, метавонед нисбати татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёрҳои забони адабӣ фикру дархост намуда, пешниҳодҳои худро ирсол намоед.

Бо эҳтиром,
Ҳайати тадорукот

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти «Ҳамсадо», «Суғдсинамо» ва «Суҳайл синамо»-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Июл, 2017 - 12:30

Соли 2017 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалии «Ҳамсадо», «Суғдсинамо»-и ба номи Комил Ёрматов, «Тоҷик диёр», «Санои синема», «Истиқлол», «Нурангез», «Адам», «Суҳайл синамо», «Амирӣ-медиа», «Фаридун», «Муҳаммад», «Суғдивидео», «Абдулло-медиа» ва «Дарвозфилм» дар соли 2017 мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Дар ин бора Гавҳар Шарофзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Гавҳар Шарофзода ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 45 660 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Аз ин маблағҳо 37 060 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Илова бар ин, забони рӯзномаҳои даврӣ ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» низ аз ҷониби кормандони Кумита мавриди омӯзиш қарор дода шуда, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор хулоса пешниҳод хоҳад шуд.

 

ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Кумитаи забон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Июл, 2017 - 12:30
Кумитаи забон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст.

Тавре раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод зикр намуд, «Кумита дар рушду густариш ва истилоҳоти соҳаи варзиш бо Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» хамкории доимӣ ба роҳ монда, тибқи муроҷиати роҳбарияти Муассисаи мазкур аз моҳи январи соли равон то ин давра 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидаву пешниҳод намудааст».
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра барои 135 номи маҳалҳои аҳолинишин хулосаи Кумита пешниҳод гардидааст. Аз ин теъдод Кумита бо назардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ бо номи ашхос, ҳамчунин ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ сарфи назар кардан тағйири 50 номи маҳалҳои аҳолинишин ва ҷамоати деҳотро рад намуд. Инчунин 17 номи ҷуғрофӣ барои омӯзиш ва баррасӣ ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда шуд.

ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Номҳои Асмоа ва Облоқул рад карда шуданд. «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» ба нашр мерасад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Июл, 2017 - 12:30

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ»-ро ба нашр мерасонад. Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баён дошт.

 

Ба гуфтаи Гавҳар Шарофзода, дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои номгузории фарзандон ва дар «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мавҷуд набудани номи интихобнамудаи онҳо хулоса пешниҳод менамояд. «Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита ба 26 адад муроҷиати шаҳрвандон барои номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки ба ду муроҷиати он хулосаи рад дода шуд. Илова бар ин, дар ин муддат аз ҷониби кормандони Кумита ба 7 нафар муроҷиаткунанда оид ба дуруст навиштани ному насаби тоҷикӣ хулоса пешниҳод гардид»,- изҳор дошт Гавҳар Шарофзода.
Иттилоъ дода шуд, ки барои гузоштани номҳои Асмоа ва Облоқул хулосаи рад дода шуд. Ин номҳо бинобар сабаби маънои мушаххасро баён надоштан аз ҷониби гурӯҳи корӣ рад карда шуданд.

 

ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Халқро тақлидашон барбод дод…

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июл, 2017 - 12:30

Фарҳанги миллӣ чун забони миллӣ, таърихи миллӣ ва муқаддасоти миллӣ муаррифгари гузаштаву имрўзаи одамон дар рӯйи олам аст. Аз ҷумла, бо касе рў ба рў истода, соатҳо ба ҳам назар афканиву хомўш бошӣ, ҳатман туро ба миллатҳои гуногун, ки чеҳрааш ба ҳам монанд аст, шабоҳат медиҳанд.

 

Чун ба забон биёиву суҳбат биороӣ, боз ҳам аз тарзи сухан гуфтану дурр суфтани шумо шунавандаи зирак зуд баҳо дода метавонад, ки ин лаҳни шевои тоҷикӣ буда, гўяндаи он аз рўи гуфтор, рафтор, тарзи пӯшидани либос миллати барӯманду безаволеро муаррифӣ менамояд, ки забону фарҳанги ин миллат ҳанўз дар асрҳои 9-10 ҷаҳонӣ шудаву марзҳоро убур кардаву ҷаҳониёнро ошиқи шайдои адабиёту фарҳанги худ гардонидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳарчанд пои аспи Искандар, арабу муғул ба хотири ғорат кардан ба сарзамини биҳиштосои мо гузошта шуда бошад ҳам, аз ин забон ва фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги миллии замони суғдиву бохтарӣ ин ғоратгарон идораи давлатро пеш мебурданд. Ҳамзамон тарзи коркарди карбос, атласу кимхоҳро аз худ карда, пӯшидани либоси миллии мардуми таҳҷоиро пеша карда буданд. Чунончи дар тўю маъракаҳо ба домод ва арўс бештар атласу кимхоҳ мепўшониданд, ки ин гувоҳи гуфтаҳои болост.
Дуруст аст, ки мо дар асри 21 умр ба сар бурдаву бо замона ҳамқадам ҳастем, лек ин ҳолат ҳам моро водор месозад, ки дар пойгаҳи дари ҷаҳонишавӣ бо забон, фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои миллӣ ҷаҳонӣ шавем, зеро ин гирдоби беохире, ки миллату қавмҳои зиёдро ба коми нестӣ мебарад, забону фарҳанг ва урфу одатҳои созанда шаҳодатдиҳандаи онанд, ки ин муқаддасот аз мардуми давлатдор, китобдор, шаҳрдоре ҳаст, ки бо забони нобу муҳаббатофаринаш оламро ҷон бахшидаву бо фарҳанги оламгираш гаҳвораи тамаддуни дунёро таккон дода ва бо урфу одатҳои неку созандааш сулҳу ваҳдатро шиори ҳамешагии ин миллат кардааст.
Аммо сад афсўс, ки ҳама он тохтутозҳо, ғоратгариҳову хунрезиҳои лашкарони бегона ба ин сарзамини офтобиву биҳиштӣ таъсири манфии фарҳанг ва урфу одати хешро гоҳе иҷборан ва гоҳе ғайриихтиёр бо фарҳанги волои мо омехта карда, иҷрои онро вазифаи муҳими ҳар ватандор мешумориданд. Ин буд, ки имрўз, мутаассифона, дар раставу хиёбонҳо, корхонаву идораҳо ва бозорҳо занону мардоне ба чашм мерасанд, ки таблиғгари либосу фарҳанги ғайримиллӣ ва бегона мебошанд. Аз ҷумла, иддае аз ҷавонписарон бешармона бо либосҳои нимбараҳна, ронинҳо (шортҳо) дар бар ва пойафзори резинӣ (сланс) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гурўҳ-гурўҳ нишаста, бо забони қабеҳи ба модару миллати мо бегона оромии ҷомеаро халалдор менамоянд. Ё ин ки қисми ками ҷавондухтарон худнамоӣ карда, бехабар аз фарҳанги бою рангини пўшидани либоси ниёгон, дар либоси нимбараҳна ва ё либосҳои ноаёне, ки дар дохили он зан ё мард буданаш маълум нест, ҳамзамон бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик ва ниқобдор, шиму болопўшҳои мардонаи танг, ки тамоми узви баданашон намоён аст, ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ворид шуда, таъсири манфии худро ба фарҳанги безаволу оламгири мо мегузоранд. Ҳатто меҳмонони Тоҷикистони азизамон эҳсос карда наметавонанд, ки дар сарзамини бузургони адабиёту фарҳанги оламгир қарор доранд. Фарҳанги либоспӯшии мо дар гузашта ҳанўз меъёри худро дошт ва имрўз ҳам бояд дошта бошад.
Поягузори назми классикии тоҷику форс, устоди сухан Фирдавсии бузург дар замоне, ки чунин тохтутозҳо ва нооромиҳо вуҷуд дошт, дар аҳди Султон Маҳмуди хунхор таблиғгари фарҳангу забони миллии хеш гашта, эҳтироми ин муқаддасотро то ба сурайё бурд. Бо забони нобу гуворои тоҷикӣ асари безаволи худро эҷод намуда, ҳар қаҳрамони он бо забони модарӣ бо ифтихор ва худшиносии воло сухан мегўяд. Ҳамзамон қаҳрамонҳои ин асар новобаста аз мақому мартабаи доштаашон дар либоси миллӣ қарор дошта, муаррифгари давлату миллати хешанд. Дар майдонҳои бузурги набард ин миллат ва давлатро аз Парчам ва сару либоси доштаашон мешинохтанд. Аз ҷумла Рустам, Сӯҳроб, Шоҳқубод, Рӯдоба, Таҳмина, Гурдофарид, Манижа, Фарангис ва амсоли инҳо муаррифгари давлату миллати хеш дар замони худ буда, имрўз ҳам мардум аз онҳо ифтихор доранд. Имрўз ҳам агар сухан дар бораи Рӯдобаву Таҳмина, Гурдофариду Фарангис ва Манижа биравад, хонандаи арҷманд пеши назар фарзандҳои фарзонаи аҳди Сомонро бо сарулибоси доштаашон ва мардонагиашон дар майдони набард барои ҳимояи марзу бумашон меоранд ва мешиносанд, ки ин қаҳрамонҳо муаррифгари кадом давлат ва миллатанд.
Дар ҳолати ҷаҳонишавӣ қарор доштани мо ва парастиши фарҳанги бегона, мутаасифона, ин шаҳомат, бузургӣ ва забону фарҳанги ҷаҳонии моро метавонад ба осонӣ аз байн бубарад.
Тақлидҳо ба либоси бегона ва бегонапарастӣ як ҷуъзи рахнашавӣ ба забон, фарҳанг ва урфу одатҳои миллиамон буда, он метавонад дар солҳои пасин оқибатҳои нохуш, аз ҷумла аз байн рафтани миллату фарҳангро ба миён биоварад.
Истилоҳи маъмули «худкуши бегонапараст» низ шояд дар ҳамин давраҳои пурталотум ба миён омадааст, ки то имрўз пирони кордида онро дар ҳолатҳои зарурӣ вирди забон меоранд.
Агар дар давоми 70 соли Шўравӣ мо тавонистем беҳтарин рисолатҳои миллӣ, ба монанди эҳтиром ба бузургон, шинохти чор пир ва чор тадбир, оддитарин салом, арҷ гузоштан ба забонро аз даст дода бошем, пас дар давраи тохтутози Искандару арабу муғул омехташавии фарҳангҳо ба назар мерасиданд ва фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла модарон тавонистанд забонро бо ҳама шаҳомат ва покизагӣ аз нестшавӣ эмин нигоҳ доранд ва ин забон таи ҳазорсолаҳои дигар барои миллати тоҷик хизматҳои арзандаи хешро ба анҷом расонидааст.
Ҳамзамон, мо метавонем ин гуна афкорро нисбат ба либоси миллӣ иброз дорем, ки он ҳам муаррифгари миллату фаҳанг буда, метавонад моро то безаволӣ бубарад. Куртаҳои зебо ва сариҳо ё рўмолҳои хурду бузурге, ки бо ҳикмат дар сар баста мешаванд, аз модарону момоёни мо то имрўз беҳтарин либосҳои миллӣ дар минтақа шинохта шуда, ҳар зан- сайёҳе, ки ба Ватани мо қадам ранҷа бикунад, ҳатман дар либоси тоҷикӣ худро ҷой дода, аз он ифтихор ҳам мекунад, ки либоси модари тоҷик, модареро, ки Имоми Аъзам, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҳофизу Саъдӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандиро ба дунё овардаву тарбия намудааст, дар бар дорад.
Инсонҳо дар олам ба хотири ҷовидон мондан ва таъсири хубе бар дигарон расонидан аз муқаддасоти миллиашон бештар ба забон, фарҳанг, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва урфу одатҳои созандаашон арҷгузоранд, зеро тақлид мисли бемории табобатнашавандае аст, ки бузургтарин миллатро аз байн мебарад, чаманистонро ба хорзор мубаддал месозад, дар хонаҳо чуғзҳо макон мегиранд.
Аз ин рў, шоири шинохтаву ҷаҳонии мо тоҷикон фармуда аст:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

 

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Кумитаи забон ва истилоҳот ба санҷиш баромад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Июл, 2017 - 12:30

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз, 13 феврал то 1 марти соли равон бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як қатор корхонаву муассисаҳои пойтахт, ки ба истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ машғул мебошанд, санҷиш мегузаронад.

 

Тавре ки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, санҷиш дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва банди 9-и Низомномаи Кумита сурат гирифта, тӯли як ҳафта гурӯҳи кории Кумита фаъолияти Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, КВД кино ва видеои «Тоҷиккино», ҶДММ «Тоҷикдиёр», «Саносинема», «Нурангез», «Адам», «Дарвозфилм», «Суҳайлсинамо», «Ҳамсадо», студияи «Амирӣ-медиа», студияи аудиовизуалии «Истиқлол» ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ва дигар студияҳои хурдро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Ба иттилои Гавҳар Шарофзода, ҳамзамон чунин санҷишҳо дар 17 бозори шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.

 

ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Гавҳар Шарофзода аз номҳои бегона ва ғайримиллӣ изҳори нигаронӣ кард

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Июл, 2017 - 12:30

Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нуктаро Гавҳар Шарофзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

 

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар номгузории маҳалҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, бо вуҷуди тағйири номҳои бегона ва ғайримиллӣ, мутаассифона, бархе аз камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Ин ба такрори номҳои ашхос дар як ҷой ва ё дар чандин маҳалҳои дигар иртибот дорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии ин раванд тадбирҳои мушаххас андешад»,-иброз дошт Гавҳар Шарофзода.

 

ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
Subscribe to Кумитаи забон