сомона

Муроҷиати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи истифодабарандагон, муаллифони мақолаҳо ва маъмурони сомонаҳои интернетӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2017 - 11:50

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи истифодабарандагон, муаллифони мақолаҳо ва маъмурони сомонаҳои интернетӣ муроҷиат менамояд, ки интишороти худро дар қисмати тоҷикии сомонаҳо ба таври ҷиддӣ назорат бурда, кӯшиш намоянд, ки ба хатоҳои грамматикӣ, услубӣ, маъноӣ, мантиқӣ роҳ надиҳанд.

Гурӯҳи коршиносони Кумита нисбат ба қисмати тоҷикии Интернет назорати ҷиддӣ бурда, санҷишҳои мунтазамро оид ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ мондааст.

Қисме аз сомонаҳо огоҳанд, ки маводи пешниҳодшудаашон дорои ғалатҳо мебошанд ва Кумита умедвор аст, ки ҳамаи ғалатҳо, аз он ҷумла ғалатҳои намунавие, ки дар гузоришҳои мо пешниҳод шудаанд, ба зудӣ ислоҳ хоҳанд шуд.

Кумита инчунин ба ҳамаи ихтиёриён (волонтёрон) муроҷиат мекунад, ки ба коркарди худ бо эҳтиром муносибат кунанд ва вазифаҳои худро бо сифати баланд иҷро намоянд, то ба истифодабарандагони Интернет зарар нарасонанд, зеро мақолаҳои чопшуда аз тарафи ихтиёриён аз ҷониби миллионҳо истифодабарандагон ва дӯстдорони забони тоҷикӣ мутолиа мешаванд.

Гурӯҳи коршиносони Кумита, инчунин, ба ихтиёриён (волонтёрон) ва дӯстдорони забони тоҷикӣ тавсия медиҳанд, ки ба таҳрири қисмати тоҷикии сомонаҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сифати мақолаҳои ба забони тоҷикӣ навишташударо беҳтар гардонанд.

Кумита ба ихтиёриён (волонтёрон) ва дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат менамояд, ки онҳо бо забоншиносони касбӣ, адабиётшиносон, таърихшиносон, барномасозон, ҳуқуқшиносон ва дигар мутахассисон машварат намоянд, аз “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва луғатҳои дигаре, ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот тасдиқ шудаанд, истифода баранд ва новобаста аз фаъолияти ихтиёрии (волонтёрии) худ бо Шартҳои сомонаҳои интернетӣ ва меъёрҳои қонунгузорӣ шинос шуда, онҳоро риоя кунанд. Минбаъд дар мақолаҳои нави худ ба хатоҳо роҳ надиҳанд.

Кумита ба корбарони технологияҳои компютерӣ муроҷиат мекунад, ки аз маҷмӯи барномаҳои стандартӣ барои ворид намудани матни тоҷикӣ истифода баранд. Имрӯз, технологияҳои нав барои озодона ворид кардани матни тоҷикӣ дар компютер ё ин ки дастгоҳҳои мобилӣ имконият медиҳанд.

Ҳамчунин, Кумита ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва байналмилалии сомонаҳои интернетӣ, барномаҳои компютерӣ ва дигар маводи иттилоотие, ки ба забони тоҷикӣ тааллуқ дорад, муроҷиат мекунад, то аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ истифода баранд, аз он ҷумла, барои беҳтар намудани сифати маҳсулоти худ аз стандартҳои муқарраршуда ва талаботи дигар истифода баранд.

Кумита, инчунин, ба ВАО – рӯзноманигорони касбӣ ва муҳаррирон муроҷиат менамояд, ки ба хатоҳои грамматикӣ ва луғавии ҷиддӣ (хусусан истилоҳот) дар мақолаҳои худ ба забони тоҷикӣ роҳ надиҳанд, қоидаҳои имлои забони тоҷикиро риоя кунанд, дар мақолаҳои худ иттилоотро ба таври дуруст пешниҳод кунанд ва ба хонандагони худ маълумоти носаҳеҳро паҳн накунанд.

Кумита ба донишҷӯён, ихтиёриён (волонтёрон) ва ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои дигар ба муҳлати кӯтоҳ ё дароз сафар менамоянд, тавсия медиҳад, то ба забони тоҷикӣ, фарҳанги тоҷикӣ ва гузаштаи худ эҳтиром гузоранд.

Пойдорӣ ва бақои суннату фарҳанги миллӣ дар шароити кунунии таъсири ҳамарӯзаи омилҳои ҷаҳонишавӣ ва нуфузи забонҳои муқтадир тавассути технологияи пешрафтаи муосир аз бисёр ҷиҳат ба қудрату тавоноии забон вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, то аз имконоти фаровони дохилии забонамон дар мисоли қолабҳои вожасозӣ ва луғоту истилоҳоти маҳфуз дар осори давраҳои таърихӣ истифода намоем.

Гурӯҳи коршиносони Кумита ба маълумоти шумо мерасонад, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат дар бораи забон ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд.

Кумита дар фаъолияти худ муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳбарӣ гирифта, тибқи Низомномаи Кумита фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Кумита дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳоду сохторҳо ҳамкорӣ менамояд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ғалатҳои сомонаи Луғат ("Таджикский Словарь")

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Август, 2017 - 17:18
Ғалатҳои сомонаи Луғат ("Таджикский Словарь")

Баъд аз баррасӣ ва мутолиаи муҳтавои қисми тоҷикии сомонаи " Луғат", ки дар нишонии интернетии https://www.lugat.tj/ ҷойгир шудааст, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки сомонаи дар боло зикршуда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, ҷавобгӯ намебошад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноширони масъули қисми тоҷикии сомонаи "Луғат"-ро, ки муҳтавои сомонаро бо забони тоҷикӣ интишор мекунанд, огоҳ карда, пешниҳод мекунад, ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона бояд ислоҳ карда шаванд. Гузориши хатоҳои намунавии имлои забони тоҷикӣ замима карда шудааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Сомонаи нави Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Август, 2017 - 08:00
Сомонаи нави Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз, дӯстон, ҳаводорони забони тоҷикӣ,

Сомонаи нави Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дари худро ба Шумо боз намуд.
Ин сомона барои Шумост ва мо умедворем, ки он ба Шумо муфид буда, аз тамоми фаъолияти Кумита метавонед тавассути сомонаи мо маълумот дастрас намоед.
Ҳамзамон, метавонед нисбати татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёрҳои забони адабӣ фикру дархост намуда, пешниҳодҳои худро ирсол намоед.

Бо эҳтиром,
Ҳайати тадорукот

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
Subscribe to сомона