«Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон
Китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» баргузор шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сухани муқаддимотии худ дар остонаи ҷашни ҷамшедии Наврӯз нашр гардидани китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ ва муждаи наврӯзӣ барои миллати тоҷик ва кулли форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки китоби нави Эмомалӣ Раҳмон доир ба сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ маълумот медиҳад.
Дар асар решаҳои ориёии забони тоҷикӣ бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ исбот шудаанд. Ҳамчунин даврабандии таърихии забони тоҷикӣ дар асоси маводи нави илмӣ матраҳ шудааст.
Дар маҷмӯъ асари мазкур фарогири бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон аст. Хусусан муаллифи асар – Пешвои миллат таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» гирд овардааст.
Зикр мешавад, ки зодгоҳи асосии забони тоҷикӣ Хуросону Мовароуннаҳр, соҳили чапу рости рӯди Ому, хусусан қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон дар асар доир ба сарнавишти забони тоҷикӣ дар замони истилои араб дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти илмӣ оварда шудааст, ки он барои пажӯҳиши дурнамои забоншиносӣ дастури муфиди илмӣ маҳсуб мешавад.