Масъалаҳои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури техникӣ ва инъикоси онҳо дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2022
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҳматуллозода дар доираи нақшаи солонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24.02.22 бо ҳайати омӯзгорон ва хонандагони муассисаи рақами 22 ноҳияи Фирдавсӣ (директораш Наҷмиддинова Ёдгора Амиралиевна) мулоқот карда, дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури техникӣ ва инъикоси онҳо дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2022» суҳбат карда, масъалаи рушду тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, нақши илм ва ихтироот дар пешрафти ҷомеа, зарурати пешрафти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, ташаккулу оммавигардонии тафаккури техникӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи созандагиву ободкорӣ, баланд бардоштани сатҳи илму дониши насли ҷавон дар соҳаи маориф ва ғайраҳо матраҳ гардидаанд, ки аз баромаду пайёмҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд.
Дар ин самт баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва тафаккури созандаи миллӣ аз воситаҳои муҳими ҳифзи арзишҳои давлатӣ арзёбӣ шуд.
Муовини раиси Кумитаи забон ва
истилоҳоти назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҳматуллозода
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Модарону бонувони гиромӣ!
Хоҳарони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад.
Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст.
Маҳз ба ҳамин хотир мо рӯзи модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма мегирад ва бо фараҳу шодие, ки омадани баҳор ба мо мебахшад, таҷлил менамоем.
Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.
Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.
Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.
Зеро инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад.
8 МАРТ - РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!
Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст,
Асли мо, ному нишони мо забони модар аст.
Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст.
ДУШАНБЕ, 21.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.
Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехтаанд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осори фарҳангу тамаддуни ин халқҳо ва забони онҳо бисёр муҳим аст. Дар робита ба ин Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:
Забон ва адабиёти тоҷикӣ дар байни забонҳои зиндаи ҷаҳон яке аз бойтарин ва ғанитарин ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки донишмандон ва муҳаққиқони хориҷӣ адабиёти тоҷикиро яке аз бузургтарин адабиёти башарият номидаанд.
Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст. Таърихи ин забон ҳадди ақалл аз ҳазорсолаи пеш аз милод сарчашма мегирад ва аввалин навиштаҷоте, ки бо забони тоҷикии бостон ба даст омадаанд, ба асри VI пеш аз милод рост меоянд.
Аз он вақт инҷониб забони тоҷикӣ ҳамчун меросбари забони порсии қадим ва фарҳанги ориёӣ ҳамеша ҳаракати динамикии худро идома дода, аз рӯйдодҳои мухталиф бехатар мегузарад.
Фишурдаи гузориш барои воситаҳои ахбори омма аз конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии забон ва рушди забони модарӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
«Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он
ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад»
Эмомалӣ Раҳмон
Конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии забон ва рушди забонҳои модарӣ»
Иштирокдорони муҳтарам,
Шуморо ба конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии забон ва рушди забонҳои модарӣ», ки 18-уми феврали соли 2022, соати 10:00 дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ баргузор мегардад, даъват менамоем.
Сабти иштирокдорон:
аз соати 09:00 то 09:50
Низоми кор:
Суханрониҳо - 15 дақиқа.
Музокираҳо - 5 дақиқа.
Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам намояндагони ВАО ва ҳамкасбони гиромӣ!
Аз ҳамкориҳои судманди Шумо ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби соҳаи забони давлатӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП-1729 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25) нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-уми феврали соли 2022, соати 08:30 баргузор мегардад.
Вобаста ба ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати инъикоси нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамудед.
Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022
Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2022