Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ – ойини баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям.
Дар айёми омодагӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ барои таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва маросиму ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва оммавӣ гардонидани онҳо имконият пайдо кардем.
Дар замони соҳибистиқлолӣ мо на танҳо ҷашну ойинҳои бостониамонро эҳё намудем, балки онҳоро ҳамчун падидаҳои дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардем.
Соли сездаҳум аст, ки Наврӯз – ҷашни бостонии миллии мо ва мардумони ҳавзаи тамаддуни он дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад.
Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмӣ дорад.
Омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун будани Наврӯз яке аз бузургтарин ҳикматҳои он ба ҳисоб меравад, ки дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза бисёр муҳим мебошад.
Саҳми Пешвои миллат дар тақвияти мақоми забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ
Дар санаи 11.03.2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар тақвияти мақоми забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ», Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва 70-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон Шокириён Туғрал Сироҷзода баргузор гардид.
Дар кори конференсия донишмандони зиёде аз дохил ва беруни ҷумҳурӣ иштирок карданд. Аз ҷумла, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Сахидод Раҳматуллозода аз номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳот профессор О. Муҳаммадҷонзода ҳозиринро шодбош гуфта, дар кори конференсия муваффақият таманно намуда, дар мавзуи “Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ - арзишҳои муҳимми Истиқлоли давлатӣ” суханронӣ карда, роҷеъ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам намудани пояҳои маънавиёт ва арзишҳои миллӣ, махсусан, забони тоҷикӣ гузориш дод.
Рушд ва таҳкими забони давлатӣ
Нишасти 207-уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”
Рӯзи 10-уми марти соли 2023 дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси 207-уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо сарварии адабиётшинос Саидумрон Саидов баргузор гардид, ки он дар партави муаррифии осори яке аз забоншиносони мумтоз Шокириён Туғралхон ба масъалаи “Рушд ва таҳкими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шуд. Дар кори маҳфил муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Сахидод Раҳматуллозода иштирок ва дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули забони давлатӣ” суханронӣ кард. Зимнан, доир ба осори Шокириён Туғралхон ёдовар шуда, саҳми ӯро дар муаррифии дастовардҳои марбут ба забон ва интишори осори мондагори илмии муаррификунандаи забони тоҷикӣ муҳим дониста, чанде аз китобҳои ӯро мавриди баррасии илмӣ қарор дода, эшонро ба 70-умин солгарди ҳаёташон табрик намуд.
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар
Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи модар, ки ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, сидқан шодбош мегӯям.
Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.
Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи модар рамзи ҳамоиши ду неруи бузурги зиндагиофар аст.
Зеро агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад.
Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад.
Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, модар ба дунё овардааст ва дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст.
Бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар дар кишвари мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад.
Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.
Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд.
ГУЗОРИШИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР» ТАҲТИ УНВОНИ «МОДАР –САРЧАШМАИ ҲАЁТ»
Рӯзи 7-уми марти соли 2023 дар толори китобхонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони «Модар – сарчашмаи ҳаёт» доир гардид. Мизи мудаввар бо роҳбарии бевоситаи раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Дар оғози мизи мудаввар раиси Кумита Олимљон Муҳаммадҷонзода занону бонувони Кумитаро ба Рӯзи модар ва дар симои онҳо тамоми бонувон ва модарони азизро ба ҷашни фархундаашон табрику таҳният гуфт. Аз ҷумла, зикр намуд, ки Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо олиҳаи ҳусн, чароғи зиндагӣ, мазҳари ҳусну зебоии олам, зеботарин фариштаи офаридаи илоҳист. Ҳамчунин, таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба Зан – Модар махсус таъкид намуд ва чунончи дар мавриди Модар фармудаанд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад».
Ҳамчунин, дар кори мизи мудаввар муовини раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Зулфрониён Раҳим, сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Сафаров Эраҷ суханронӣ намуда, занону модарони Кумита ва дар симои онҳо тамоми модаронро ба Рӯзи модар табрик гуфтанд. Дар фарҷоми кори мизи мудаввар аз тарафи Зулфрониён Раҳим қироати шеър дар васфи Зан –Модар шунида шуд.
Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.
Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки тайи се даҳсола ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд, самимона табрик менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.
Дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Бинобар ин, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӣ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН МОДАРӢ САРЧАШМАИ ХУДШИНОСӢ ВА МАЪНАВИЁТИ МИЛЛӢ»
Равандҳои муосири забоншиносӣ ва ҷойгоҳи забонҳои миллӣ
Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ - Рӯзи забон таҷлил карда мешавад.
Ҳадафи асосии ин ҷашн низ мусоидат намудан ба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори Сессияи 30-уми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО (аз 17 ноябри соли 1999) Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.
Мақсаду мароми ин ҷашн, пеш аз ҳама:
- таваҷҷуҳи оламиёнро ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо ҷалб намудан;
- дар заминаи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутакобилаи миллатҳои гуногун мусоидат кардан;
- ва ҳамзамон, тарғибу ташвики гуногунрангии байнифарҳангӣ ва байнизабониро ба роҳ мондан;
- ба падидаҳои дузабонӣ (билингвизм) ва бисёрзабонӣ (полилингвизм) эҳтиром гузоштан;
- ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намудан;
- таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу интишори забонҳои хурду реза (ақаллиятҳои забонӣ)-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ва ғ. ба шумор меравад.
Дар идораю муассисаҳои кишвар низ ҳар сол дар ин рӯзи муборак бо иштироки намояндагони гуногуни ақаллиятҳои миллӣ ва ақаллиятҳои забонӣ дар арафаи ин ҷашн мулоқотҳои сатҳи гуногун доир мегардад.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӣ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН МОДАРӢ САРЧАШМАИ ХУДШИНОСӢ ВА МАЪНАВИЁТИ МИЛЛӢ»
ЗАБОНИ МОДАРӢ ХИШТИ НАХУСТИНИ ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ ВА ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ МЕБОШАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар конференсияи илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ таҳти унвони «Забон модарӣ сарчашмаи худшиносӣ ва маънавиёти миллӣ», ки дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» 16-уми феврали 2023, соати 10:00 баргузор мегардад, даъват менамояд.