Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Март, 2018 - 13:09
Айнӣ Садриддин Саидмуродзода (1878 - 1954)

     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми апрели соли 2018 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик - академик Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст. Бақайдгирии иштирокдорон дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» соати 08:00 оғоз мегардад.
     Дар Конференсия масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолият ва саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзи асолати забон ва бузургдошти анъанаҳои миллӣ ва мақоми ҷаҳонии Айнӣ ҳамчун мутафаккири тоҷик баррасӣ хоҳад шуд. Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 6-уми апрели соли 2018 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.

Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman бо истифодаи тарҳбандии ҳарфкалиди стандартӣ ва ҳарфҳои алифбои тоҷикии стандартӣ, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли чопӣ ё электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.

Телефонҳо барои тамос: 227-59-25; 227-64-51; 92-721-53-46.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Иди Наврӯз муборак!

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Март, 2018 - 10:41

Рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз 2018

Наврӯз расид ёри дирӯзии ман
Як рӯз биё барои дилсӯзии ман
Ғамҳои ту куҳнаанд, аммо имрӯз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман

Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

Дар рӯи хони Наврӯз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.

Дар рӯи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рӯи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Дар базми иди Наврӯз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр
Рӯи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!

Бародар иди Наврӯзат муборак
Баробар шуд шабурӯз, муборак
Муборак бодат имсолу ҳама сол
Ҳумоюн бодат имрӯзу ҳама рӯзат!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Истиқболи Наврӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2018 - 14:49
Истиқболи Наврӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот

     Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита рӯзи 20-уми марти соли равон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид. Саҳну толор ва роҳравҳои Кумита бо шиору байтҳои Наврӯзӣ ва дастархони рамзии идона оро дода шуданд, ки ба ҳар бинандаву меҳмонон рӯҳу илҳоми тоза мебахшид.

     Чорабиниро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, аз таъриху пайдоиш ва қадимияти ин ҷашни фархундаи аз ниёгонамон ба мо меросмонда, ки имрӯз ҷаҳонӣ гардидааст, суханронӣ намуд. Сипас, Муовини раиси Кумита ва роҳбарони сохторҳои Кумита дар мавзӯъҳои гуногуни ҷанбаи фарҳангиву маърифатидошта ва инсондӯстиву ваҳдатсароии Наврӯзи оламафрӯз сухан карда, дар васфи баҳору Наврӯз шеъру ғазалҳо қироат карданд.

     Дар анҷом кормандон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байтбаракхонӣ карданд, ки ин яке аз суннатҳои фарҳангии Наврӯзи тоҷикон аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Тасдиқи рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз 2018

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Март, 2018 - 09:36
Рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз - 2018

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2018 рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2018» васеъ истифода намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Кумитаи забон қаноатмандед?

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Март, 2018 - 15:15

Қаҳвахонаи "Mazza"

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Феврал, 2018 - 11:55
Акс: 

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи онлайни "Кишвари бехато" ва назорати қатъии матни ҳама гуна навиштаҷоти шиору лавҳаю овезаҳо ва мутобиқ намудани барчаспҳо, нархномаҳои ширкату ташкилотҳои истеҳсолии кишвар, бахусус, номгузории маводи истеҳсолӣ дар ширкатҳо ва лавҳаҳои муваққатии мавсимӣ ва ҳамешагии насбшаванда ва зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти муассисаҳои табъу нашри хусусӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба хулоса омад, ки номгузории қаҳвахона таҳти унвони "Mazza" ба талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷмҳурии Тоҷикистон" мувофиқат намекунад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти қаҳвахонаи мазкурро огоҳ менамояд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин номгузории қаҳвахонаро ба талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷмҳурии Тоҷикистон" мувофиқ намояд.

Дар ҳолати иҷро нашудани огоҳиномаи онлайн, шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Тоҷикӣ

Барои ВАО: Фишурдаи гузориш аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 (ш. Душанбе 14.02.2018)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Феврал, 2018 - 15:58
Шарофзода Гавҳар - Раиси Кумитаи забон

Фишурдаи гузориш аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 (ш. Душанбе 14.02.2018)

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №56 АЗ 29.01.2018

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Феврал, 2018 - 10:14
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Дар бораи таъсис додани Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқ намудани раванди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимитяи давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҳайати Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.

2. Низомномаи Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3. Комиссияи мазкур вазифадор карда шавад, ки фаъолияти минбаъдаи худро бо дарназардошти Низомномаи замимагардида ба роҳ монда, самаранокии онро таъмин намояд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути  воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниход карда шавад.

6. Назорати иҷрои мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Pages

Subscribe to Навори навсозии саҳифаи асосӣ