Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Январ, 2018 - 16:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ САМТҲОИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.

Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.

Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Тасдиқи рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Январ, 2018 - 12:06
Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни «2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегарданд, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст.

Рамз ҳамчунин обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд.

Манбаъ: http://president.tj/node/16940

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон - Китоби электронӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Январ, 2018 - 19:00
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёзати давлатӣ

«Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем». Эмомалӣ Раҳмон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Cтратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Январ, 2018 - 13:13

Cтратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Вазифаи холӣ - Сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Январ, 2018 - 09:27
Вазифаи холӣ

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни кушода эълон менамояд:

1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби сармутахассиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон .
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ:
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос:
- маҳорати кор ва кордонӣ дар компютер.
- маоши мансабӣ 855 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.

2. Довталабон бояд дорои малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ зимни татбиқи манфиатҳои давлатӣ бошанд.

3. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
- аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6):
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (дараҷа ва унвони илмӣ);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086, 038);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва Эъломия оид ба вазъи амволи хизматчии давлатӣ;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (Дастур барои истифода)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Декабр, 2017 - 12:16
Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ба дӯстдорон ва посдорони забонӣ тоҷикӣ дар сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳот ба наздикӣ дастрас мешавад. Айни замон гунаи электронии фарҳанг дар ҳоли коркард мебошад. Шумо метавонед аз гунаи санҷишӣ истифода баред. Фарҳанг зиёда аз 10 имкони ҷустуҷӯиро дар бар мегирад, ки метавонед ҳам дар қисмати вожа ва ҳам дар қисмати тафсири вожа интихоб карда, барои ҷустуҷӯи тафсири вожаҳо татбиқ намоед. Масалан, агар шумо хоҳед, ки дар қисмати тафсири вожаҳои фарҳанг калимаи "тоҷикӣ"-ро ҷустуҷӯ намоед, калимаи "тоҷикӣ"-ро танҳо ба қисмати тафсири вожа ворид карда, имкони "Дар бар мегирад"-ро интихоб намоед, ва тугмаи "Ҷустуҷӯ"-ро зер кунед. Ба воситаи Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ дар сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳот Шумо метавонед барои ҷустуҷӯи вожаҳо ва тафсирашон аз имконоти ҷустуҷӯии ҳаматарафа истифода баред.

Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ (Дастур барои истифода)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Декабр, 2017 - 23:08
Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ

Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ ба дӯстдорон ва посдорони забонӣ тоҷикӣ дар сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳот ба наздикӣ дастрас мешавад. Айни замон гунаи электронии фарҳанг дар ҳоли коркард мебошад. Шумо метавонед аз гунаи санҷишӣ истифода баред. Фарҳанг зиёда аз 10 имкони ҷустуҷӯиро дар бар мегирад, ки метавонед ҳам дар қисмати тоҷикӣ ва ҳам дар қисмати русӣ интихоб карда, барои ҷустуҷӯи тарҷумаҳо татбиқ намоед. Масалан, агар шумо хоҳед, ки дар қисмати русии фарҳанг калимаи "связь"-ро ҷустуҷӯ намоед, калимаи "связь"-ро танҳо ба қисмати русӣ ворид карда, имкони "Дар бар мегирад"-ро интихоб намоед, ва тугмаи "Ҷустуҷӯ"-ро зер кунед.

Ба воситаи Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ дар сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳот Шумо метавонед барои ҷустуҷӯи калимаҳои тоҷикӣ ва тарҷумаҳои русиашон аз имконоти ҷустуҷӯии ҳаматарафа истифода баред.

Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Аризаи электронӣ (муроҷиати электронӣ) барои номҳои тозаэҷод дар номгузории фарзандон (Дастур барои истифода)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Ноябр, 2017 - 17:03
Дастур барои истифода

Муҳтарам падару модарон!
Шумо метавонед аз хизматрасониҳои ҳукуматии электронӣ марбут ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баред ва ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои номгузории фарзандон бо номҳои тозаэҷод ба таври электронӣ муроҷиат намоед.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки б
арои интихоби номҳо дар номгузории фарзандон аз
«Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» истифода баред. Барои осон намундани номгузории фарзандон бо номҳои тозаэҷод, Шумо метавонед аз аризаи электронӣ истифода намоед.

Умедворем, ки хизматрасониҳои электронии мо вақт ва хароҷоти Шуморо сарфа мекунанд, то тавонед нигоҳубини фарзандонатонро осон созед ва вақт ва хароҷоти сарфашударо ба онҳо ҳарчи бештар диҳед.

1

АРИЗАИ ЭЛЕКТРОНИРО ОҒОЗ НАМОЕД

2

Шакли аризаи электрониро пур намоед.

Тавзеҳ барои корбарони бақайдгирифташуда: Шумо метавонед ҳангоми пуркунӣ аризаро дар лаҳзаи дилхоҳ нигоҳ доред, кофе, чой, об нӯшед, дар бораи номгузорӣ ё тағйири номи фарзанди худ бо дӯстон ва оила маслиҳат кунед, ё ин ки маълумоти заруриро барои ариза тайёр намоед. Дар оянда метавонед аризаи электронии захирашударо аз ин лаҳза то анҷом идома диҳед. Ин имкон танҳо барои корбарони бақайдгирифташуда дастрас аст.

Меҳмонон ҳамеша метавонанд ҳисоби корбарии худро ба қайд гиранд ё ин ки озодона аз ин сомона ва аризаи электронӣ истифода баранд.

3

Шумо метавонед имзои электронии худро ба воситаи муши компютерӣ, ангушт ё стилус/қалами махсус (дар планшетҳо, смартфонҳо, ноутбукҳои дорои экрани ламсӣ, лавҳаи имзогузорӣ (signature pad)) гузоред.

Имзои электронӣ (ба воситаи стилус/қалами махсус)

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Аризаи электронӣ (муроҷиати электронӣ) барои номгузорӣ/тағйири номи ташкилоту муассисаҳо (Дастур барои истифода)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Ноябр, 2017 - 19:06
Дастур барои истифода

1

АРИЗАИ ЭЛЕКТРОНИРО ОҒОЗ НАМОЕД

2

Шакли аризаи электрониро пур намоед.

Тавзеҳ барои корбарони бақайдгирифташуда: Шумо метавонед ҳангоми пуркунӣ аризаро дар лаҳзаи дилхоҳ нигоҳ доред, кофе, чой, об нӯшед, дар бораи номгузорӣ ё тағйири номи ташкилот/муассиса бо дӯстон, шарикон, ҳамкорон, кормандон маслиҳат кунед, ё ин ки маълумоти заруриро барои ариза тайёр намоед. Дар оянда метавонед аризаи электрониро аз ин лаҳза то анҷом идома диҳед. Ин имкон танҳо барои корбарони бақайдгирифташуда дастрас аст.

Меҳмонон ҳамеша метавонанд ҳисоби корбарии худро ба қайд гиранд ё ин ки озодона аз ин сомона ва аризаи электронӣ истифода баранд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5 октябри 2017)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2017 - 17:37
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.

Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад.

Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Pages

Subscribe to Навори навсозии саҳифаи асосӣ