Имрӯз 24-уми октябри соли 2020, соати 09:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» (қисмҳои 3, 4) баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» (қисмҳои 3, 4) маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои раднашаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд.
Дар замони муосир гиромӣ доштани ваҳдату ягонагӣ беш аз пеш авлавият дорад. Насли ҷавон бояд аз таърихи кишвари азизамон бохабар бошанд, бахусус, аз бесарусомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ огоҳ шаванду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳар як фарди ватандӯстро мебояд, ки ба қадри сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд расид ва нагузорад, ки ягон ҳизб, ҳаракат ё равияҳои гуногун озодиву ваҳдати моро халалдор созанд.