Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (Солномаи Пешвои миллат – 2018)
Соли 2018 миллати тамаддунофари тоҷик 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри ободии сарзамини аҷдодӣ ва ба давлати пешрафтаву рушдёбанда мубаддал гардондани Ватани хеш талошҳои арзишманд ба харҷ доданд.
Соли 2018 чун солҳои пешин бо як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои шаҳрвандони кишвар соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз руйдодҳои фараҳбахш буд.
Оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” - ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз руйдодҳое мебошанд, ки дар китоби таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Ин ду падидаи нек бори дигар Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати бунёдкор ва ботадбир муаррифӣ кард.