ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИСТ
ЗАБОН – ОИННАИ МИЛЛАТ, ОМӮЗГОР -ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
Забони тоҷикӣ - забони сарнавиштсоз
ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ"
Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахт дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва таблиғи шоҳномахонӣ
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло
1. Сол ва ҷойи таваллуд 1964, вил. Хатлон, н. Қубодиён
2. Миллат тоҷик
3. Таҳсилот олӣ
4. Ҷинс мард
а) Кадом муассисаи таълимиро хатм кардааст ва кай: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1989, шуъбаи рӯзона.
б) Кадом ихтисосро гирифтааст: Филолог. Муаллими забони форсӣ ва забону адабиёти тоҷик
Касб, вазифа, ҷои кор, хизмат: Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
(номи дақиқи шуъба, воҳиди дигари корхона, муассиса, ташкилот, вазорат, кумитаи давлатӣ ва идора зикр карда мешавад)
Унвони илмӣ ва таърихи додани он:
номзади илми филология (1996), доктори илми филология (2015), дотсент (2011), профессор (2016), узви вобастаи АМИТ (2017), ихтисос: забоншиносӣ.
Собиқаи умумии кор 35 сол
Собиқаи кор аз рӯи ихтисос 33 сол
Бо кадом мукофотҳои давлатии СССР, РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст: Медали хизмати шоиста (2022)
(орденҳо, медалҳо, ифтихорнома , унвони фахрӣ ва ғайра)
Мукофотҳои соҳавӣ:
Мушовири давлатии дараҷаи 2 (2021), Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), узви конфедератсияи журналистони Тоҷикистон аз соли 1996 мебошад. Бо ифтихорномаҳои чандкаратаи АМИТ ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ мушарраф гардидааст.
|
Кор аз оғози фаъолияти меҳнатӣ: |
Вазифа ва номи пурраи ҷойи кор |
Сабаби аз кор рафтан |
|
|
Ба кор дохил шудан |
Аз кор хориҷ шудан |
||
|
1989 |
1991 |
Лаборанти шуъбаи шевашиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
таъин |
|
1991 |
1994 |
Аспиранти шуъбаи шевашиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
таҳсилот |
|
1994 |
1998 |
Ходими хурди илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
таъин |
|
1998 |
2003 |
Ходими калони илмии шуъбаи шевашиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
таъин |
|
2003 |
2005 |
Муҳаррири маҷаллаи «Бойчечак» |
таъин |
|
2005 |
2007 |
Муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
таъин |
|
2008 |
2010 |
Мудири кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
таъин |
|
2010 |
2012 |
Декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
таъин |
|
2012 |
2013 |
Рухсатии эҷодӣ |
таъин |
|
2013 |
2015 |
Мудири кафедраи забони тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
таъин |
|
2015 |
2017 |
Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
таъин |
|
2017 |
2019 |
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
таъин |
|
2019 |
2020 |
Профессори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ |
таъин |
|
2020 |
2025 |
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
таъин |
|
2025 |
То ҳол |
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
таъин |
ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллиамон – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракат орзу менамоям.
Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад.
Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард.
Маҳз ба шарофати истиқлол ва дар зери парчами истиқлол мардуми шарафманди тоҷик 34 сол инҷониб бо заҳмати содиқонаву софдилона давлати миллии худро бунёд ва Ватани маҳбуби хешро обод карда истодаанд.
Миллати тоҷик ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ ба зарбаи ҷонкоҳи таърих гирифтор гардид, вале ба шарофати хиради азалии худ он рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо иродаи матин ва рӯҳи қавӣ сипарӣ намуд.
Яъне дар он айёми фоҷиабор бо майлу ирода ва дастгириву пуштибонии мардуми куҳанбунёдамон хатари нест шудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик пешгирӣ карда шуд.
Миллати азизи тоҷик дар он давраи ниҳоят мураккабу тақдирсоз қаҳрамонии бемисли таърихӣ нишон дод ва ба ҷаҳониён собит сохт, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои бостонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунсози дунё мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, сокинони кишвари мо ба истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арҷи хосса мегузоранд, аз ин дастовардҳои худ ифтихор мекунанд ва ин неъматҳои бебаҳои зиндагии худро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз ҳамқадами дигар кишварҳои мутараққии олам ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Кишвари мо бо заҳмату талоши ватандӯстонаи мардумамон аз як ҷашни истиқлол то ҷашни дигар ободу зеботар ва дастовардҳои он дар ҳама самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ сол ба сол бештар мегарданд.
Ҷашни 34-солагии истиқлоли давлатӣ низ бо пешравиҳои назаррас дар иҷрои барномаву нақшаҳои қабулгардида таҷлил мегардад.
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 34-УМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
Раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод забони тоҷикӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии халқи тоҷик арзёбӣ карда, иброз дошт, ки забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши асосӣ дорад ва ба ин далел забони миллат асоси бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Мардуми тоҷик бо иродаи қавии худ дар моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ қабул ва эътироф кардаанд.
Даромад
Харита
Тамос















































Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.










































