Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи миллат – 30-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро, ки Парчами давлатӣ маҳз дар ҷараёни баргузории он 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ботантана таҷлил намудем.
Соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардид.
Сӣ сол мешавад, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.