Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ
Ҳамватанони азиз!
Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон санаи муборак ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.
Тамоми шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди ин санаи таърихсоз самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон амнияту оромӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.
Дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар ин санаи сарнавиштсоз хиради аҷдодии миллати тоҷик пирӯз шуд ва санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба хотимаи ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми кишвар заминаи устувор гузошта шуд.
Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид.
Бояд гуфт, ки мо ба ин рӯзи муборак бо саъю талоши зиёд ва дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ муяссар гардидем.
Ба шарофати роҳандозӣ гардидани раванди ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот Ҳукумати мамлакат бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ба бартараф намудани душвориву мушкилоти зиёди ҷомеа ва давлат, дар навбати аввал, барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз намуд.