Гузориши конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» (3 октябри 2017)
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита 3-юми октябри соли равон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 70 нафар намояндагони вазорату идораҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Конференсияи мазкур бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ, инчунин, мушкилоти ҳалталаби он дар тамоми самти қишри ҷомеа ва баҳри рушду густариши он дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, алалхусус, амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ чунин тавсиянома қабул кард:
1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимони забоншинос Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
2) Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби барномасозон ва забоншиносон Барномаи навтарини тафтиши имлои забони тоҷикӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шавад.