Фарҳанг ва маориф
Маориф ва илм. Дар таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ давлатдории тоҷикон пас аз истиқлолияти воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи сиёсат ва бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки ин ҳама дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.
Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додааст.
Соли хониши 1991-1992 миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3179 адад буда, аз ин шумора 614 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 634 адад мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1916 мактаби таҳсилоти умумӣ, 1 гимназия ва 14 мактаб-интернат барои кӯдакони гирифтори иллатҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ фаъолият мекард. Ин рақам дар соли 2010 ба 3747 мактаб, аз ҷумла 540 ибтидоӣ, 678 асосӣ, 2311 миёнаи умумӣ баробар гардид. Яъне дар ин давра миқдори мактабҳо 518-то зиёд шудааст. Вобаста ба маблағгузории сарикасӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 113 мактаби рӯзона ҳамчун филиал дар назди мактабҳои калон таъсис ёфтаанд.
Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омада, бевосита тавассути дастгирии давлат дар миқёси кишвар 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои 311 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.