Ховар

Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти «Ҳамсадо», «Суғдсинамо» ва «Суҳайл синамо»-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 29 July, 2017 - 12:30

Соли 2017 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалии «Ҳамсадо», «Суғдсинамо»-и ба номи Комил Ёрматов, «Тоҷик диёр», «Санои синема», «Истиқлол», «Нурангез», «Адам», «Суҳайл синамо», «Амирӣ-медиа», «Фаридун», «Муҳаммад», «Суғдивидео», «Абдулло-медиа» ва «Дарвозфилм» дар соли 2017 мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Дар ин бора Гавҳар Шарофзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Гавҳар Шарофзода ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 45 660 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Аз ин маблағҳо 37 060 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Илова бар ин, забони рӯзномаҳои даврӣ ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» низ аз ҷониби кормандони Кумита мавриди омӯзиш қарор дода шуда, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор хулоса пешниҳод хоҳад шуд.

 

ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Content rating: 
5
Average: 5 (1 vote)

Кумитаи забон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 28 July, 2017 - 12:30
Кумитаи забон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст.

Тавре раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод зикр намуд, «Кумита дар рушду густариш ва истилоҳоти соҳаи варзиш бо Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» хамкории доимӣ ба роҳ монда, тибқи муроҷиати роҳбарияти Муассисаи мазкур аз моҳи январи соли равон то ин давра 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидаву пешниҳод намудааст».
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра барои 135 номи маҳалҳои аҳолинишин хулосаи Кумита пешниҳод гардидааст. Аз ин теъдод Кумита бо назардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ бо номи ашхос, ҳамчунин ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ сарфи назар кардан тағйири 50 номи маҳалҳои аҳолинишин ва ҷамоати деҳотро рад намуд. Инчунин 17 номи ҷуғрофӣ барои омӯзиш ва баррасӣ ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда шуд.

ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Content rating: 
5
Average: 5 (2 votes)

Номҳои Асмоа ва Облоқул рад карда шуданд. «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» ба нашр мерасад

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 27 July, 2017 - 12:30

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ»-ро ба нашр мерасонад. Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баён дошт.

 

Ба гуфтаи Гавҳар Шарофзода, дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои номгузории фарзандон ва дар «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мавҷуд набудани номи интихобнамудаи онҳо хулоса пешниҳод менамояд. «Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита ба 26 адад муроҷиати шаҳрвандон барои номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки ба ду муроҷиати он хулосаи рад дода шуд. Илова бар ин, дар ин муддат аз ҷониби кормандони Кумита ба 7 нафар муроҷиаткунанда оид ба дуруст навиштани ному насаби тоҷикӣ хулоса пешниҳод гардид»,- изҳор дошт Гавҳар Шарофзода.
Иттилоъ дода шуд, ки барои гузоштани номҳои Асмоа ва Облоқул хулосаи рад дода шуд. Ин номҳо бинобар сабаби маънои мушаххасро баён надоштан аз ҷониби гурӯҳи корӣ рад карда шуданд.

 

ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Content rating: 
5
Average: 5 (1 vote)

Халқро тақлидашон барбод дод…

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 26 July, 2017 - 12:30

Фарҳанги миллӣ чун забони миллӣ, таърихи миллӣ ва муқаддасоти миллӣ муаррифгари гузаштаву имрўзаи одамон дар рӯйи олам аст. Аз ҷумла, бо касе рў ба рў истода, соатҳо ба ҳам назар афканиву хомўш бошӣ, ҳатман туро ба миллатҳои гуногун, ки чеҳрааш ба ҳам монанд аст, шабоҳат медиҳанд.

 

Чун ба забон биёиву суҳбат биороӣ, боз ҳам аз тарзи сухан гуфтану дурр суфтани шумо шунавандаи зирак зуд баҳо дода метавонад, ки ин лаҳни шевои тоҷикӣ буда, гўяндаи он аз рўи гуфтор, рафтор, тарзи пӯшидани либос миллати барӯманду безаволеро муаррифӣ менамояд, ки забону фарҳанги ин миллат ҳанўз дар асрҳои 9-10 ҷаҳонӣ шудаву марзҳоро убур кардаву ҷаҳониёнро ошиқи шайдои адабиёту фарҳанги худ гардонидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳарчанд пои аспи Искандар, арабу муғул ба хотири ғорат кардан ба сарзамини биҳиштосои мо гузошта шуда бошад ҳам, аз ин забон ва фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги миллии замони суғдиву бохтарӣ ин ғоратгарон идораи давлатро пеш мебурданд. Ҳамзамон тарзи коркарди карбос, атласу кимхоҳро аз худ карда, пӯшидани либоси миллии мардуми таҳҷоиро пеша карда буданд. Чунончи дар тўю маъракаҳо ба домод ва арўс бештар атласу кимхоҳ мепўшониданд, ки ин гувоҳи гуфтаҳои болост.
Дуруст аст, ки мо дар асри 21 умр ба сар бурдаву бо замона ҳамқадам ҳастем, лек ин ҳолат ҳам моро водор месозад, ки дар пойгаҳи дари ҷаҳонишавӣ бо забон, фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои миллӣ ҷаҳонӣ шавем, зеро ин гирдоби беохире, ки миллату қавмҳои зиёдро ба коми нестӣ мебарад, забону фарҳанг ва урфу одатҳои созанда шаҳодатдиҳандаи онанд, ки ин муқаддасот аз мардуми давлатдор, китобдор, шаҳрдоре ҳаст, ки бо забони нобу муҳаббатофаринаш оламро ҷон бахшидаву бо фарҳанги оламгираш гаҳвораи тамаддуни дунёро таккон дода ва бо урфу одатҳои неку созандааш сулҳу ваҳдатро шиори ҳамешагии ин миллат кардааст.
Аммо сад афсўс, ки ҳама он тохтутозҳо, ғоратгариҳову хунрезиҳои лашкарони бегона ба ин сарзамини офтобиву биҳиштӣ таъсири манфии фарҳанг ва урфу одати хешро гоҳе иҷборан ва гоҳе ғайриихтиёр бо фарҳанги волои мо омехта карда, иҷрои онро вазифаи муҳими ҳар ватандор мешумориданд. Ин буд, ки имрўз, мутаассифона, дар раставу хиёбонҳо, корхонаву идораҳо ва бозорҳо занону мардоне ба чашм мерасанд, ки таблиғгари либосу фарҳанги ғайримиллӣ ва бегона мебошанд. Аз ҷумла, иддае аз ҷавонписарон бешармона бо либосҳои нимбараҳна, ронинҳо (шортҳо) дар бар ва пойафзори резинӣ (сланс) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гурўҳ-гурўҳ нишаста, бо забони қабеҳи ба модару миллати мо бегона оромии ҷомеаро халалдор менамоянд. Ё ин ки қисми ками ҷавондухтарон худнамоӣ карда, бехабар аз фарҳанги бою рангини пўшидани либоси ниёгон, дар либоси нимбараҳна ва ё либосҳои ноаёне, ки дар дохили он зан ё мард буданаш маълум нест, ҳамзамон бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик ва ниқобдор, шиму болопўшҳои мардонаи танг, ки тамоми узви баданашон намоён аст, ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ворид шуда, таъсири манфии худро ба фарҳанги безаволу оламгири мо мегузоранд. Ҳатто меҳмонони Тоҷикистони азизамон эҳсос карда наметавонанд, ки дар сарзамини бузургони адабиёту фарҳанги оламгир қарор доранд. Фарҳанги либоспӯшии мо дар гузашта ҳанўз меъёри худро дошт ва имрўз ҳам бояд дошта бошад.
Поягузори назми классикии тоҷику форс, устоди сухан Фирдавсии бузург дар замоне, ки чунин тохтутозҳо ва нооромиҳо вуҷуд дошт, дар аҳди Султон Маҳмуди хунхор таблиғгари фарҳангу забони миллии хеш гашта, эҳтироми ин муқаддасотро то ба сурайё бурд. Бо забони нобу гуворои тоҷикӣ асари безаволи худро эҷод намуда, ҳар қаҳрамони он бо забони модарӣ бо ифтихор ва худшиносии воло сухан мегўяд. Ҳамзамон қаҳрамонҳои ин асар новобаста аз мақому мартабаи доштаашон дар либоси миллӣ қарор дошта, муаррифгари давлату миллати хешанд. Дар майдонҳои бузурги набард ин миллат ва давлатро аз Парчам ва сару либоси доштаашон мешинохтанд. Аз ҷумла Рустам, Сӯҳроб, Шоҳқубод, Рӯдоба, Таҳмина, Гурдофарид, Манижа, Фарангис ва амсоли инҳо муаррифгари давлату миллати хеш дар замони худ буда, имрўз ҳам мардум аз онҳо ифтихор доранд. Имрўз ҳам агар сухан дар бораи Рӯдобаву Таҳмина, Гурдофариду Фарангис ва Манижа биравад, хонандаи арҷманд пеши назар фарзандҳои фарзонаи аҳди Сомонро бо сарулибоси доштаашон ва мардонагиашон дар майдони набард барои ҳимояи марзу бумашон меоранд ва мешиносанд, ки ин қаҳрамонҳо муаррифгари кадом давлат ва миллатанд.
Дар ҳолати ҷаҳонишавӣ қарор доштани мо ва парастиши фарҳанги бегона, мутаасифона, ин шаҳомат, бузургӣ ва забону фарҳанги ҷаҳонии моро метавонад ба осонӣ аз байн бубарад.
Тақлидҳо ба либоси бегона ва бегонапарастӣ як ҷуъзи рахнашавӣ ба забон, фарҳанг ва урфу одатҳои миллиамон буда, он метавонад дар солҳои пасин оқибатҳои нохуш, аз ҷумла аз байн рафтани миллату фарҳангро ба миён биоварад.
Истилоҳи маъмули «худкуши бегонапараст» низ шояд дар ҳамин давраҳои пурталотум ба миён омадааст, ки то имрўз пирони кордида онро дар ҳолатҳои зарурӣ вирди забон меоранд.
Агар дар давоми 70 соли Шўравӣ мо тавонистем беҳтарин рисолатҳои миллӣ, ба монанди эҳтиром ба бузургон, шинохти чор пир ва чор тадбир, оддитарин салом, арҷ гузоштан ба забонро аз даст дода бошем, пас дар давраи тохтутози Искандару арабу муғул омехташавии фарҳангҳо ба назар мерасиданд ва фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла модарон тавонистанд забонро бо ҳама шаҳомат ва покизагӣ аз нестшавӣ эмин нигоҳ доранд ва ин забон таи ҳазорсолаҳои дигар барои миллати тоҷик хизматҳои арзандаи хешро ба анҷом расонидааст.
Ҳамзамон, мо метавонем ин гуна афкорро нисбат ба либоси миллӣ иброз дорем, ки он ҳам муаррифгари миллату фаҳанг буда, метавонад моро то безаволӣ бубарад. Куртаҳои зебо ва сариҳо ё рўмолҳои хурду бузурге, ки бо ҳикмат дар сар баста мешаванд, аз модарону момоёни мо то имрўз беҳтарин либосҳои миллӣ дар минтақа шинохта шуда, ҳар зан- сайёҳе, ки ба Ватани мо қадам ранҷа бикунад, ҳатман дар либоси тоҷикӣ худро ҷой дода, аз он ифтихор ҳам мекунад, ки либоси модари тоҷик, модареро, ки Имоми Аъзам, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҳофизу Саъдӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандиро ба дунё овардаву тарбия намудааст, дар бар дорад.
Инсонҳо дар олам ба хотири ҷовидон мондан ва таъсири хубе бар дигарон расонидан аз муқаддасоти миллиашон бештар ба забон, фарҳанг, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва урфу одатҳои созандаашон арҷгузоранд, зеро тақлид мисли бемории табобатнашавандае аст, ки бузургтарин миллатро аз байн мебарад, чаманистонро ба хорзор мубаддал месозад, дар хонаҳо чуғзҳо макон мегиранд.
Аз ин рў, шоири шинохтаву ҷаҳонии мо тоҷикон фармуда аст:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

 

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Content rating: 
3
Average: 3 (2 votes)

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода: «Кас аз дасту забони худ маёзор…»

Ҳайати тадорукот's picture
Submitted by Ҳайати тадорукот on 19 July, 2017 - 12:30

3 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ ба хотири тоза нигоҳ доштани забон аз калимаҳои қабеҳ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа ҷашн мегиранд. Забони ҳар як халқ, аз ҷумла миллати тоҷик баёнгари нияту ормон, орзую омол, ақида ва мақсаду мароми фарзандони он ба ҳисоб меравад. Эҳтиром, ҳифз ва тоза нигоҳ доштани забони модарии мо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Дар робита ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тоза нигоҳ доштани забони модарӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ҳамсуҳбат шуд.

«Ховар»: Бигӯед, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ ҳамчун пешбарандаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои назорат ва пешгирии истифодаи забони ғайримеъёрӣ чӣ тадбирҳо андешидааст ва меандешад?

Гавҳар Шарофзода: Забони ягонаи миллӣ ба ҷомеа шароити мусоидро баҳри амалӣ гардидани муошират дар самтҳои гуногуни фаъолият муҳайё месозад. Забон пайвандгари иртиботи фарҳангиву адабӣ байни манотиқи гуногуни дунё маҳсуб мешавад. Танҳо забони адабӣ, ки ҳамчун воситаи муоширати як ҷомеаи мустақили забонӣ мебошад, мардумро дар таркиби як воҳиди маъмурӣ, як кишвар муттаҳид месозад. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват бар он доранд, ки: «Ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ оғоз мегардад, барои ҳамин дақиқ омӯхтани забон бояд аз хонавода шурўъ шавад, баъдан дар муассисаҳои томактабӣ, мактаб, донишгоҳҳо, корхонаҳо вусъат ёбад». Бинобар ин, барои ҳамаи соҳибзабонон зарур аст, ки забони адабӣ ва меъёрҳои онро донанд ва онро аз забони ғайримеъёрӣ ё ғайриадабӣ муҳофизат намоянд. Албатта, Кумитаи забон он ваколатҳоеро, ки дар салоҳияти худ дорад, баҳри ҳифзи забони адабӣ истифода мекунад. Аз ҷумла, фаъолияти комиссияҳои забонро, ки дар тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо амал мекунанд, ҷиҳати пайваста баргузор шудани курсҳо барои омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки яке аз қисматҳои асосии меъёри забони адабӣ мебошад, назорат мебарад.

«Ховар»: Дар бисёр ҳолатҳо кӯдакон зимни бозӣ ҷангу хархаша карда, якдигарро ҳақорат мекунанд. Ба андешаи Шумо кӯдакон дашномро аз кӣ ва дар куҷо ёд мегиранд?

  • Шарофзода: Оила яке аз омилҳои асосие мебошад, ки он барои фарзандон метавонад таъсири манфӣ ё мусбати худро гузорад. Яъне, муносибат, эҳтиром, фарҳанги воло доштан, ба суннатҳои неки ниёгон арҷ гузоштан, забонро аз бадгӯйӣҳифз намудан, яке аз омилҳои муҳим дар ҳифзи арзишҳои инсонӣ буда, саргаҳи он оила ё хонавода ба ҳисоб меравад. Фарзандон назораткунанда ва пешбарандаи ҳама он ахлоқ ва одобе мебошанд, ки падару модар дар идора кардани хонавода аз он корбаст менамоянд. Аз ин рӯ, дашном, ҳақорат, суханҳои қабеҳро чун бузургони хонавода ба забон меоранд, фарзандон онро пайгирӣ мекунанд ва таъсири он ба муҳити беруна, ба фарзандони дигар хонаводаҳо низ мерасад. Гузаштагони арҷманд ва барӯманди мо мактаби хеле бузургеро бо номи тарбияи хонавода дар рӯзгор роҳандозӣ карда буданд ва мудом даъват аз эҳтиёт ва эҳтироми арзишҳои суннатии неки ниёгонро доштанд, аз ҷумла назди фарзанд бо эҳтиром сухан гуфтан, забонро аз алфози бад нигоҳ доштан, зеро хотираи фарзанд нақше дар сангро мемонад ва он хотира дар давоми умри ба сар бурдаи фарзандонамон рўшанибахши ҳаёти осоишта ё саргардоне аст, ки мо, падару модар ва наздикон ба фарзанд ба мерос гузоштаем. Аз ин рӯ, хонавода поягузори лаҳни шево ё дағали фарзандон мебошад.

«Ховар»: Имрӯз на танҳо ҷавонон, наврасону калонсолон, ҳатто баъзе роҳбарони сатҳи поён низ дашномро истифода мекунанд. Дар сурате ки забони роҳбарон бояд барои тарғиби забони адабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он намуна бошад. Оё чунин тарзи муносибати дағал бо зердастон ва истифодаи алфози қабеҳ метавонад ба шаъни роҳбарон зебанда бошад?

Гавҳар Шарофзода: Мо тоҷикон фарҳанги ғанӣ ва хеле қадима дорем, ки ҳанӯз бузургони ин миллати барӯманду арҷманд дар худ як мактаби бузурге бо номи идора кардани равонии хешро ҳангоми баҳсҳои илмиву оммавӣ, хашм пеш наовардан ва забонро аз гуфтори баду қабеҳ нигоҳ доштан ба аҳли ҷомеа меомӯзониданд. Аз ҷумла, бузурге фармудааст:

Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кӯҳ овози хуш гӯ, то хуш ояд.
Ё худ:
Гар модари хеш ту дӯст дорӣ,
Дашном мадеҳ ба модари ман.

Ҳар як фард дар рӯи олам муаррификунандаи хеш дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла кору кирдор, рафтору гуфтори худ буда метавонад. Шахсе, ки аз ширинии алфози модар огоҳ нест, дилсӯз, меҳрубон ва худшинос буда наметавонад. Инсонҳо дар олам аз муносибат бо наздикон, зердастон, азизон, фарзандон, хешу таборон ба ҳам азиз мегарданд ё бегона. Ба қавле:

Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасту забони худ маёзор.

«Ховар»: Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки истифодаи каломи қабеҳ хашму ғазабро паст мекунад ва аз баъзе филмҳои амрикоиву русӣ мисол меоранд, ки дар онҳо низ ҳақорат истифода мешавад. Аммо аксаран бо ишора ба суннатҳои миллӣ истифодаи ҳарфи бадро камоли бемаданиятӣ мехонанд. Пешгирии вуруди чунин филмҳои ба фарҳанги мо бегона метавонад садди роҳи тарғиби забони ғайримеъёрӣ гардад?

Гавҳар Шарофзода: Истифодаи калимаи қабеҳ хашму ғазабро паст намекунад, зеро аз нигоҳи равоншиносӣ низ инсон баъд аз пош додани қаҳру ғазаб дер боз ақли худро идора карда наметавонад. Ҳатто ин ҳолат инсонро ба гумроҳӣ мебарад. Дар тафсири яке аз ҳадисҳо Саҳеҳи Бухорӣ фармудааст:

«Шахси ғазаболуд ҳамавақт мағлуб аст».Ҳақ бар ҷониби ин мутафаккири бузург мебошад.

Пешгирии тарғиби забони ғайримеъёрӣ дар забони филмҳое, ки тарҷума шуда, ба бинандагон пешниҳод мегарданд, мумкин аст, зеро тарҷумони оқил метавонад ин ҳолатро бо як маҳорати хуби тарҷумонӣ дар доираи меъёри забони адабӣ ва фарҳанги миллии худ бо ишора ё гуфтор ва суннати неки миллӣ пахш намояд, на бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва қабеҳ асаби бинандаро хароб гардонида, онро ба чунин кирдори ғайриинсонӣ ё истифодаи лафзи қабеҳ даъват намояд.

«Ховар»: Ба андешаи бархе аз ҷомеашиносон кишваре, ки ҷанг ё буҳрони сиёсиро аз сар мегузаронад, дар он чунин падидаҳои манфӣ, яъне ҷои меҳру шафқат ва эҳтиром бераҳмиву беэҳтиромӣ ва ҷои сухани нарм сухани дурушт ё ҳақорат пайдо мешаванд. Вале дар марҳилаҳои баъдӣ бояд ҷомеа аз паси ислоҳи он биравад. Имрӯз дар баъзе аз кишварҳо истифодаи алфози қабеҳ ва дашном дар маконҳои ҷамъиятӣ қонунан манъ мешавад. Оё дар Тоҷикистон низ барои ба воситаи қонун манъ кардани забони ғайримеъёрӣ фурсат нарасидааст?

Гавҳар Шарофзода: Ман ба андешаи бархе аз ҷомеашиносон, ки гӯё кишваре, ки ҷангро пушти сар кардааст, мардумаш ҷои меҳру шафқат бераҳмиву беэҳтиромӣ ва ба ҷои сухани нарм сухани дуруштро ливо мекарда бошанд, розӣ шуда наметавонам.

Сарчашмаҳои зиёди таърихӣ гувоҳанд, ки кишварҳои ҷангзада бо ҳам бо муҳаббат ва эҳтиром муносибат дошта, садоқату вафоро шиори доимии худ гардонидаанд. Аз ҷумла, магар дар тамаддуни миллати мо сарзамини бузурги аҷдодиамон кам кашмакашу ғорат, хунрезиву таҳқирро пушти сар кардааст? Албатта не! Барои мисол ҳуҷуми Искандар, Чингиз, арабҳо ин ватани биҳиштосоро зери суми аспҳои ваҳшии худ қарор дода, мардуми сарбаланду мағруру ифтихормандро кам сар буридаву ба асорат бурдаанд? Боз ҳам миллати тоҷик тоҷ бар сар, сарфароз, фозилу хирадманд мондааст.

Имрӯзҳо фарзанди фарзона ва номбардори таърихи гузаштаву имрӯзаи тоҷик боз ҳам мардуми оламро ба сулҳу субот, садоқату вафо, муҳаббату эҳтиром ба ҳам аз минбарҳои баланд даъват менамояд. Ман гумон дорам, ки миллати барӯманду сарбаландро ҳеҷ зарурате нест, ки дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ истифодаи забони ғайримеъёриро манъ созем, зеро ба ин талабот фарзандҳои ин сарзамин ниёз надоранд. Агар бошанд, ками дар кам ба назар мерасад, он ҳам бо таъсири фарзонагии ҷомеа ва мардуми хирадманд забони худро аз истифодаи алфози қабеҳ нигоҳ медоранд.

Хулоса, ба табиати хушгуфториву нармгуфтории забонҳо ҳеҷ як рӯйдоди сиёсӣ ва ҷангу низоъ монеа шуда наметавонад ва фарҳанги гуфтори забони тоҷикӣ низ аз чунин камбудиҳо орӣ мебошад.

«Ховар»: Шумо дар нишасти матбуотӣ изҳор доштед, ки забони тарҷумаи студияҳои ғайридавлатиро, ки ба назари Шумо ба меъёрҳои забони тоҷикӣ мувофиқ нестанд, месанҷед. Студияҳоеро, ки номбар кардед, студияҳои навтаъсиси ғайридавлатӣ буданд. Оё забони тарҷумаи филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» ва ё ТВ «Сафина» пурра ба ин талабот ҷавобгӯ ҳастанд?

Гавҳар Шарофзода: Дар иртибот ба ин масъала дар Кумита ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ин соҳа бо даъвати намояндагони студияҳои хусусӣ ва давлатӣ ҷамъомад баргузор гардида буд. Ва бартараф намудани камбидиҳои забони тарҷумаи филмҳои тамоми шабакаҳои тарҷумакунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Албатта, ҳанӯз бисёр истилоҳот дар филмҳои ТВ «Сафина» ва киностудияи «Тоҷикфилм» нодуруст садо медиҳанд, вале дар қиёс бо студияҳои хусусӣ он хеле беҳтар буда, то ҳадде ба талаботи забони адабӣҷавобгӯ мебошанд. Ҳамзамон Кумита тасмим гирифтааст, ки забони тарҷумаи филмҳои студияҳои ғайридавлатӣ ва давлатиро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар соли 2017 аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва истилоҳнигорӣ бисанҷанд.

«Ховар»: Дар маводи ВАО, ки мардум бештар дар забон ва ҳусни баён ба онҳо такя мекунанд, қоидаҳои забони давлатӣ риоя намешаванд. Масалан, шакли ҷамъбандӣ (менависанд ва мегӯянд: «Дар Сурия ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ кушта шуд»; «Ҳазорҳо шаҳру деҳот харобу биёб гардид»; «мақомотҳо»; «навоҳиҳо»; «ахборот»; «ахборотҳо»), номи расмии вазорату идораҳо («масалан, ба ҷои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр менависанд “шаҳрдорӣ») риоя намешавад. Баъзе нашрияҳо дар як ҷумла чанд калимаю ибораи тоҷикӣ ва русию англисиро якбора ҷой мекунанд… Вобаста ба ин ҳолатҳо Кумита чӣ тадбирҳо меандешад?

Гавҳар Шарофзода: Вобаста ба забони рӯзномаву маҷаллаҳо кормандони Кумита вазифадор гардидаанд ва мунтазам забони ин нашрияҳоро мавриди ташхиси забоншиносӣ қарор медиҳанд. Айни замон, шумораҳои якмоҳаи забони рӯзномаҳои даврӣ ва хусусии кишвар, ки аз нигоҳи риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мавриди экспертиза қарор дода шудаанд, барои корбарӣ ба Вазорати фарҳанги ҶТ ирсол хоҳанд гардид.

«Ховар»: Назари Шумо ба номҳои ширкатҳои маъруфи ҷаҳон, аз қабили Ашан, Coca-Cola, Mercedes, KFC, зеро дар тамоми дунё ин ширкатҳо бо ҳамон ном ва тарзи навишту ҳуруфи навишт бренд доранд. Агар сухан дар бораи номи идораю муассисаҳо ва ширкатҳои ватанӣ меравад, пас номи ТАЛКО низ тоҷикӣ не, балки русист (Таджикская алюминиевая компания). Интихоби ин ном барои шӯҳрат ёфтан ё рекламаи маҳсулоти ин корхона дуруст аст, он дар пайравӣ ба корхонаҳои машҳури «Дубал», «Русал», «Суал» ва ғайра номгузорӣ шудааст. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки дар номгузорӣ бояд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ озод бошанд. Шумо чӣ назар доред?

Гавҳар Шарофзода: Аз саволи пешниҳодшуда маълум мегардад, ки масъалаҳои тамғаҳои молӣ ва мушкилоти номгузории ташкилоту муассисаҳо мавриди баҳси баъзеҳо гаштааст.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулини ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар сатҳи зарурӣ намедонанд ё масъулини мақомоти дахлдор фаъолияти худро дар доираи қонунгузории мазкур ба роҳ намондаанд.

Оид ба тамғаҳои молӣ ва ҳамчун номгузорӣ истифода бурдани тамғаҳои молии хориҷӣ (Ашан, Coca-Cola, Mercedes, KFC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамоем, ки тартиби истифодабарии тамғаҳои мазкур дар асоси санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» аз ҷониби мақоми ваколатдор, МД «Маркази миллии патенту иттилоот» дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳамон забоне, ки тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст, ба низом дароварда мешавад.

Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони инфиродӣ вазифадоранд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.

Мутаассифона, дар рафти санҷиши гурӯҳҳои кории Кумита доир ба татбиқи моддаҳои 13, 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе доир ба номгузории нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ, маводи реклама ва тамғаҳои молӣ маълум мегардад, ки бештари масъулини ин муассисаҳо аз мақомоти дахлдор иҷозатнома надоранд ва қонунгузориро сарфи назар карда, тамғаҳои молии хориҷиро ғайриқонунӣ дар муассисаҳои худ истифода мебаранд, ки ин амал ҳамаи шаҳрвандонро ба нофаҳмиҳо мебарад.

Ҳамчунин оид ба тамғаҳои молии ватанӣқайд менамоям, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва моддаҳои 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони давлатӣ сурат мегирад. Инчунин тибқи қисми 3-и моддаи 18-и Қонуни мазкур номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ ба роҳ монда мешавад.

Хуб мешуд, ки соҳибкорони муҳтарами мо минбаъд тамғаҳои молии худро бо Кумита мувофиқа намуда, бо тамғаҳои молии худ муаррифгари забону фарҳанги миллӣ дар бозори ҷаҳонӣ бошанд.

Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот дар соли 2017 санҷиши Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», тамғаҳои молии ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ ва ватаниро дар номгузории нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ, маводи реклама ба нақша гирифтааст.

«Ховар»: Чанде пеш дар интернет хабаре дар бораи як тоҷики бурунмарзӣ, (душаҳрвандии Россияву Тоҷикистон) ки ба писараш номи «Путин»-ро гузоштааст, нашр гардид. Ин боиси вокуниши бисёре аз ҳамватанони мо, бахусус шахсони тақводор гардид. Назари Шумо чист?

Гавҳар Шарофзода: Агар ҳаммиллати мо шаҳрванди хориҷӣ бошад, пас мо ба ин дахолат карда наметавонем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пос доштани суннати номгузории миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» қабул шудааст, ки тибқи он номгузорӣ ба роҳ монда мешавад. Дар асоси Феҳристи мазкур дар суннати номгузории миллии тоҷикӣ насаб (фамилияи пурра) ҳаргиз ном шуда наметавонад.

«Ховар»: Дар Кумита барои таҳия ва қабули қоидаҳои имло, баррасию натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ аз ҳисоби академикҳо ва профессорони номвари забоншинос Шӯрои махсус амал мекунад, вале ин корҳоро мутахассисони Кумита ба ҷо меоранд. Сабабаш дар чист?

Гавҳар Шарофзода: Дар иртибот ба масъалаи баррасии лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ин гуфтаҳо асос надоранд, зеро барои таҳияи Қоидаҳои имло гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст ва ин кор танҳо дар ҳамкории онҳо амалӣ шуда истодааст. Мутахассисони Кумита дар ҳамгунсозии афкору ақидаҳо ва пешниҳодҳои олимон барои нусхаи ниҳоии лоиҳаи мазкур хидмат мекунанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ Кумита назари худро ба гурӯҳи корӣ пешниҳод мекунад ва ҷонибдорӣ шудан ё нашудани он бар дӯши гурӯҳи корӣ мебошад. Дар интиҳои ҷамъбасти Қоидаҳои имло имзои ҳайати гурӯҳи корӣҳатмӣ буда, бе имзои онҳо Кумита лоиҳаи мазкурро барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод карда наметавонад.

«Ховар»: Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи тоҷикие бо номи «ДУРУСТ БИНАВИСЕМ» ташкил карда шудааст. Нафарони зиёд оид ба тарзи навишти дурусти калимаю ибораҳо ва маънию мафҳуми онҳо савол медиҳанд ва донишмандони шинохта, аз қабили шоир ва олим, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳобиён ба суолҳояшон посух мегӯянд. Шумо бо ин саҳифа шинос ҳастед ва ҷавобҳои онҳо Шуморо қонеъ мегардонад?

Гавҳар Шарофзода: Мо бо ин саҳифа ошно ҳастем ва бояд зикр намуд, ки ин амал ба фоидаи кор аст ва ба рушду густариши забони тоҷикӣ кумак мерасонад. Алалхусус, саҳифаи донишманди маъруфи тоҷик Рустами Ваҳҳоб («Дуруст бинависем») қобили дастгирӣ буда, зиёд гардидани чунин саҳифаҳо салоҳи кор хохад буд. Ҳамзамон қобили зикр аст, ки саҳифаи «Дуруст бинависем»-и Рустами Ваҳҳоб мунтазам дар ҳар шумораи нашрияи махсуси Кумита – рӯзномаи «Ганҷи забон» низ нашр мешавад.

«Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

ДУШАНБЕ, 3.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.

Content rating: 
5
Average: 5 (1 vote)
Subscribe to Ховар