Паёми табрикии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳмонони арҷманд,
Устодон, дӯстони азиз, ҳозирини гиромӣ!
Иштироки ҳар яки Шуморо ба семинари машваратии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истиқлол ва истилоҳшиносӣ: мушкилот ва дурнамо» хайра мақдам гуфта, ба Шумо дар фаъолият ва дастгирию пешбурди сиёсати давлат оид ба забон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҷашни имсолаи Рӯзи забони давлатӣ мову Шумо имрӯз аз дастовардҳои рушди забон дар кишвар сухан гуфта, оид ба яке масъалаҳои мубраму рӯзмарраи забоншиносии муосир – истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигорӣ, гиромидошт ва дастовардҳои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон, маърӯзаву суханронӣ ва музокираҳои илмӣ менамоем.
Истиқлолияти давлатӣ бо забони миллӣ робитаи бевосита дорад. Дар ин бобат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд».