Тасдиқи рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Август, 2020 - 15:50
Тасдиқи рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандиро интихоб карданд.
Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ доирашакл буда, гирдогирди рамзро се хат - сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Дар гирди рамз бо забони тоҷикӣ «Камоли Хуҷандӣ» навишта шуда, дар поёни он «700» бо рақам нишон дода шудааст. Инчунин дар поёни акс рамзи шараф низ ҷой гирифтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, ки дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.president.tj) ҷойгир шудааст, васеъ истифода намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)