Олимҷон Муҳаммадҷонзода: «Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қавӣ ва соҳибхати дунё буда, ҳанӯз дар асри Х мақоми давлатӣ гирифтааст»
ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд. Вобаста ба мақоми забони давлатӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Забон давоми солҳои давлатдории тоҷикон чӣ гуна мақом дошт ва ҳофизаи таърихию фарҳангии миллати тоҷик тавассути он чӣ тавр нигоҳ дошта шудааст?