Суханронӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Муҳтарам генералҳо, афсарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!
Мардуми шарифи Тоҷикистон фардо санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил мекунанд.
Имрӯз, ки мо дар арафаи ин ҷашн қарор дорем, бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – собиқадорон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми бузург доранд, самимона табрик менамоям.
Мо Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бисту ҳафт сол муқаддам - дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодӣ ва сиёсиву ҳарбии кишвар, дар вазъияте, ки ҳамаи сохтору мақомоти давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд, ба тасвиб расонидем.
Дар он рӯзҳои басо ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи моддиву техникӣ умуман вуҷуд надошт.
Зеро кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, вазъи ноороми сиёсӣ фаро гирифта, набудани одитарин техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибихтисос сари ҳар қадам эҳсос мешуд.
Дар ҳамин вазъияти бисёр душвор мо бо такя ба азму талоши мардуми соҳибфарҳангу сулҳҷӯямон ба бунёди Артиши миллии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон оғоз кардем.