Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми сентябри соли 2020, №253461 (26.2) ва Нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2020 бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Истиқлол ва истилоҳшиносӣ: мушкилот ва дурнамо» 5-уми октябри соли 2020, соати 10:00 дар толори Кумита ба нақша гирифтааст, ки дар он аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ масъалаҳои мубрами истилоҳнигорӣ ва рушди он дар таҳкими забони давлатӣ ҳаллу баррасӣ хоҳад шуд.
Маъмурият