Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ азамат ва шукӯҳ бахшиданд
Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо ҳама шоистагӣ муаррифӣ кард. Зеро он аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии давлатдорони Осиёи Марказӣ буд.
Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони расмии давлати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро пайваст ва асрҳо чун забони кории Роҳи бузурги абрешим хизмат намуда, рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо овард. Дар ҷаҳони муосир алҳол ин мақомро забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ ва арабӣ соҳибанд.
Муддате сангарҳои сунъии сиёсии онзамона садди инкишоф ва азамату партавафшонии хуршеди оламгири забони тоҷикӣ гашта, чун абри тираву тор болои забони соҳибрисолатро гирифт. Хушбахтона, забон ҳамеша қудрати ҳифз ва нигаҳдории истиқлолият ва ҳувиятро дошт. Бо тулӯи хуршеди Истиқлолият забони тоҷикӣ ҷавҳари маънавиро эҳё намуд ва бо ноил гардидан ба мақоми забони давлатӣ, ба иборае нафаси тоза кашид.