РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ
Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори Сессияи 30-уми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО (аз 17 ноябри соли 1999) Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.
Мақсаду мароми ин ҷашн, пеш аз ҳама:
- таваҷҷуҳи оламиёнро ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо ҷалб намудан;
- дар заминаи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутакобилаи миллатҳои гуногун мусоидат кардан;
- ва ҳамзамон тарғибу ташвики гуногунрангии байнифарҳангӣ ва байнизабониро ба роҳ мондан;
- ба падидаҳои дузабонӣ (билингвизм) ва бисёрзабонӣ (полилингвизм) эҳтиром гузоштан;
- ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намудан;
- таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу интишори забонҳои хурду реза (ақаллиятҳои забонӣ)-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ва ғ. ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ - Рӯзи забон таҷлил карда мешавад.
Ҳадафи асосии ин ҷашн низ мусоидат намудан ба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.