Забон воситаи муҳимтарини тарбияи миллист

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Октябр, 2022 - 19:43

     Ҷаҳони пуртазод ва суръатнок дигаргуншавандаи муосир ба равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, вазъи дохиливу хориҷии кишварҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ таъсир расондааст. Чунин тағйирпазирии динамикии ҳолати ҷаҳон кишварҳои тозаистиқлол, аз қабили Тоҷикис­тонро пайваста ба мустаҳкам кардани мақому мартабаашон такон дода, онҳоро барои таҳлилу таҳқиқи пайваста ва ҷустану истифода кардани роҳу усулҳои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии ҷомеаҳояшон водор месозад. Яке аз чунин арзишҳои бо ҳам пайванд, ки нақши боризе дар ин раванд дорад, забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
     Забон қисми ҷудонопазири таркибии ҳама гуна фарҳанги миллӣ буда, ошноии пурра бо он ҳатман, на танҳо омӯзиши таърихи моддӣ, таърих, ҷуғрофиё, иқтисодиёт ва ғайра, балки кӯшиши дарки тарзи тафаккури миллат, бо чашмони соҳибони фарҳанги мазкур дидани оламро дар назар дорад. Маҳз, забон муттаҳидкунандаи асосии нишонаҳои миллат мебошад, зеро ягон ғояву мароми умумӣ, арзиши фарҳангӣ ва иқтисоди умумӣ бидуни фаҳмиши ягонаи рамзҳои калимавии дар муошират истифодашаванда имконнопазир буда, он ҳамчун воситаи интиқоли муқаррароти фарҳангӣ хидмат менамояд. Мутафаккирони бузурги тоҷик забонро оинаи рӯҳу равони халқ донистаанд. Бинобар ин, ҳар як давлате, ки аз оянда андеша менамояд, пеш аз ҳама, дар масъалаи забон мутамарказ мешавад.
    Забони тоҷикӣ ҳамчун моликияти гаронарзиши халқ дар якчанд шакли зоҳиршавӣ вуҷуд дорад. Забони миллии мо шиносномаи миллат ва нишонагари ҷои сукунати он мебошад. Он мафҳуми иҷтимоӣ-таърихиест, ки забони муоширати миллатро дар ду шакл — шифоҳӣ ва хаттӣ ифода менамояд. Аз ҷиҳати сохтори дохилӣ забони миллӣ меросбари забони халқ мебошад.
    Забон, ҳамзамон бо миллат пайдо шуда, натиҷаи эҷоди он воситаи тафаккури вижаи миллӣ мебошад. Асосгузори назарияи забоншиносӣ В. Гумболд дуруст мефармояд, ки «забон нафас, рӯҳи миллат аст». Ҳамин хусусияти забонро дар назар дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва рос­тини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Забони миллӣ шаклест, ки дар худ арзишҳои маънавиро ҳифз карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол медиҳад ва онҳоро халқ дар таърих ба вуҷуд овардааст. Миллате, ки забони модариашро ҳифз намекунад, ба он арҷ намегузорад, оянда надорад, зеро он маҳз ҳамон ченаки абадиву устуворест, ки бе он ягон дастоварди илмӣ ва маърифативу иттилоотӣ ғайриимкон аст.
     Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қавӣ ва соҳибхати дунё ба шумор рафта, ҳанӯз дар асри Х мақоми давлатӣ гирифтааст. Ин падидаи таърихӣ бо давлатдории Сомониён марбут буда, маҳз дар ҳамон замон сатҳи баланди худшиносии амирони Сомонӣ, хусусан, Исмоили Сомонӣ шароит фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ мақому мартабаи олиро соҳиб гардад. Дар он давраи таърихӣ садҳо осори манзуму мансур иншо шуда, эътибори забони тоҷикиро боло бурданд ва онро тӯли беш аз ҳазор сол забони дипломатия ва дорои нуфузи забони расмӣ намуданд. Дар тамоми АвруОсиё бо ин забон муколамаву мукотиба сурат гирифта, дар кишвару манотиқи гуногуни ин қаламрав мактабҳои бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ густариш пайдо карданд.
     Дар даврони шӯравӣ забони тоҷикӣ ва истифода аз он, ҳамчунин, тадбирҳои мудирияти он дар сатҳи давлатӣ зарурати эъмор ва татбиқи сиёсати забонро ба вуҷуд овард, ки дар ҳошияи он чорабиниҳо чандин маротиба табдили расмулхат, таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои фарогири омӯзиши забони тоҷикӣ вобаста ба саводнок гардондани мардум, тарҳрезӣ ва ба роҳ мондани барномаҳои илмии омӯзиши забони тоҷикӣ, филологияи тоҷик сурат гирифта, саҳифаҳои таърихи миллатро дар давраи нав ва навтарин рангин намуданд.
Вақте ки оид ба мафҳуми истиқлолият меандешем, беихтиёр сайри таърихие пеши рӯи мо меояд, ки барои дарки аҳамияти ин падидаи сиёсӣ барои миллатҳо кумак менамояд.
Зимнан, Истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварро мутмаин сохт, ки фақат миллате, ки он барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст.
Аз ин рӯ, мо нахустин дастоварди замони Истиқлолияти давлатиро ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллат ва халқиятҳо эътироф шудани забони тоҷикӣ мешиносем, ки тавассути он мо забони тоҷикиро олитарин муқаддасоти миллӣ медонем.
     Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади муҳим ва саҳифаи нав дар рушди забони давлатӣ мебошад. Қонуни мазкур комилан бо Конститутсияи кишвар созгор буда, ба таъмини озодиҳои асосии инсон марбут аст, ки дастгирии на танҳо забони миллати асосии кишвар, балки рушду такомул ва амали забонҳои миллатҳои дигари сокинони кишварро кафолат медиҳад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои густариши амали забони тоҷикӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, онро аз муҳити хонавода берун баровард ва ба таври воқеиву иҷтимоӣ мавриди истифодаи умум қарор дод.
Забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист ва аз ин рӯ, бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд, ки мардуми кишварро дар роҳи ватандӯстиву ифтихори миллӣ илҳом мебахшад.
     Мавқеи устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сарпарастӣ аз забони давлатӣ ва роҳнамоӣ дар рушду густариши он, пеш аз ҳама, дар таълифоташон возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» (иборат аз 2 ҷилд) таҳлили бунёдии масъалаҳои марбут ба забон, таърих ва фарҳанги тоҷик, ҳастӣ ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад. Он сухани наву тозае дар забоншиносии тоҷик, татбиқи сиёсати забон ва рушду устувории ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, ҷавобан ба гузориши масоили муб­рами таърихи забон, ҷанбаҳои печидаи сиё­сати забонӣ дар даврони истиқлолият ва барои муайян намудани ояндаи инкишофу тараққии забон ва фарҳанги миллии тоҷик бахшида шудааст.
    Мустаҳкам кардани мавқеи забони давлатӣ барои татбиқи чораҳои эҳёи пайванди наслу аслҳои фарҳангӣ, дар шакли омӯзиши хатҳои таърихиро муҳайё карда, инчунин дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забони русӣ захираву имкониятҳои беназирро дастрас намуд. Ин аст, ки сатҳи босаводии мардуми кишвар ҳоло на танҳо бо донистани хуби забони давлатӣ, балки бо донистани забонҳои хориҷӣ, расмулхатҳои гуногун, тавони мавриди истифодаи васеъ қарор додани ин донишҳо дар фаъолияти иҷтимоӣ ва илмӣ муайян мегардад.
     Вазифаи дигари муҳими мақоми давлатиро соҳиб гардидани забони тоҷикӣ — ба таври назаррас тавсеа додани фазои амали забони адабӣ мебошад, ки имрӯз на танҳо дар муҳити адабӣ-фарҳангӣ, балки дар фазои иттилоотии байналмилалӣ хеле густариш ёфтааст. Истифодаи забони адабии тоҷикӣ нишонаи маданияти хуби гуфтор ва навиштор, нишонаи омодагии мутахассисони соҳаҳои гуногун ва маҳоратҳои сарвариву сиёсии аъзои ҷомеа мебошад. Симои зиёӣ, мутахассис, фарди ватандӯсту фарҳангӣ, маърифатпарвари кишварро имрӯз, маҳз салиқаи забондонӣ ва маҳорату санъати сухани ӯ равшан менамояд, ки куллан тоҷикони муосирро дигаргун кардааст. Далели ин гуна тағйироти куллии сифатӣ дар сиёсати забони кишвар иштироки фаъол, пур аз ифтихори ватандориву фарҳангсолории мардуми Тоҷикистон дар озмунҳои фарҳангии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва амсоли он мебошад, ки дар он намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа ва синну соли гуногун қувваозмоӣ карданд.
     Дар маҷмӯъ, метавон хулоса кард, ки забон падидаи асосии фарҳанг, механизми асосии ваҳдати миллӣ, абзори бавуҷуд­оварандаву ташаккулдиҳандаи миллат аст, ки онро ба мақоми сохтори иҷтимоӣ мерасонад. Инчунин, он танҳо воситаи муошират набуда, унсури бунёдии худшиносии миллӣ, маҳаки маънавиёти халқ, воситаи муҳимтарини тарбияти миллист.
 

Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА,
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илми филология,
профессор

Манбаъ: https://sadoimardum.tj/maorif/zabon-vositai-mu-imtarini-tarbiyai-millist/

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.2 (5 овоз)

Категория: