Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Сентябр, 2022 - 11:19

Ҳамватанони азиз!

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд.

Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро сидқан табрик мегӯям.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд.

Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардид.

Дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, саноату кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ислоҳоту навсозиҳо амалӣ гардиданд ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам густаришу тавсеа пайдо карданд.

Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва сиёсати «дарҳои кушода» боиси болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар байни ҷомеаи байналмилалӣ гардид.

Маҳз татбиқи чунин сиёсати дурбинона ба фарогиру мустаҳкам гардидани робитаҳои Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, бахусус, бо кишварҳои минтақа мусоидат намуд.

Дар ин давра Ҳукумати мамлакат ҳамаи саъю талоши худро ба хотири фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як сокини кишвар равона сохта, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон, дастгирии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таҳсилоти босифат, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кардани онҳо бисёр тадбирҳоро амалӣ гардонид.

Дар натиҷа, мо дар зарфи беш аз се даҳсола ба дастовардҳое ноил гардидем, ки рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра мебошад.

Зеро омолу орзуи таърихии миллати тоҷик ва ҳадафу ормонҳои имрӯзу фардои он танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр амалӣ шуда метавонанд.

Бинобар ин, бо ифтихор иброз медорам, ки ҳифзи давлатдории миллӣ дастоварди бузургтарину муқаддастарин дар таърихи навини миллати тоҷик ва сулҳу оромӣ неъмати арзишмандтарин дар ҳаёти халқамон мебошад.

Баъди барқарорсозии сулҳу субот мо тамоми кӯшиши худро ба ташкили сохтори мукаммали идоракунӣ, ҳукумати босалоҳият, парламенти касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ тибқи меъёрҳои муосир равона сохтем.

Дар ин раванд, бахтномаи миллат – Конститутсия ва рамзҳои давлати соҳибистиқлол – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ки мояи ифтихори мардуми мо мебошанд, қабул карда шуданд.

Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломативу дӯстона дорад ва узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Нақши давлати мо, махсусан, дар созмонҳои бонуфуз барои ҳалли масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти ҷаҳониву минтақавӣ, аз қабили таъмини амнияту субот ва беҳдошти экологиву иқлим муассир ва созанда арзёбӣ мегардад.

Мо аз он қаноатмандем, ки аксари давлатҳо мавқеъ ва ташаббусҳои Тоҷикистонро дар масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун кишвари пешсаф эътироф намуда, дар ин масири созанда бо мо ҳамкорӣ мекунанд.

Дастовардҳои зикршуда, бешубҳа, самараи истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвари мо дар зарфи 31 сол буда, заминаи асосӣ барои тағйири симои давлат ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ гардиданд.

Мардуми шарафманди мо, ки роҳи беш аз се даҳсолаи пур аз монеаву мушкилот, вале пурифтихори таърихиро сарбаландона тай кардаанд, хуб медонанд, ки аз давраи бисёр вазнини хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор сохтани рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ то расидан ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон чӣ заҳмати бузургеро талаб менамуд.

Дигар қадами тақдирсоз дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти шакл ва сохти давлатдорӣ буд.

Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро интихоб намуд, ки он ҳамчун ифодаи раъйи қатъии мардуми кишвар дар моддаи якуми Конститутсияи мо барои ҳамеша муқаррар гардидааст.

Ҳоло Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди низоми давлатдории интихобкардаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки шакл ва сохти давлатдории мо интихоби дурусту дурбинона буда, худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ ва садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ зербинои муосири коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро гузошта, низоми ягонаи энергетикии кишварро ба вуҷуд овард ва Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ мубаддал гардонид.

Дар лаҳзаҳои пурифтихори ҷашни мубораки истиқлоли давлатӣ ба ёд овардани роҳи пуршарафи тайкардаи халқамон, зикри дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон ба он хотир аст, ки мо бояд минбаъд низ муттаҳиду сарҷамъ бошем ва ҳифзи боэътимоди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамонро таъмин намоем.

Зеро шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ дар дунёи имрӯза, вазъи нобасомони иқтисоди ҷаҳонӣ, норасоии шадиди озуқаворӣ, баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар сартосари сайёра, инчунин, яроқнокшавии бошитоб ва оғози дигарбораи «ҷанги сард», мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ моро водор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва иҷрои нақшаву вазифаҳои дар наздамон қарордошта ҳарчи бештар ва фаъолона саҳм гузорем.

Дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге муяссар шудаем.

Яъне ҳар як фарди бонангу номуси Ватанро зарур аст, ки бо дарки амиқи қадру манзалат ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ ва бо заҳмати софдилонаву саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии ҷовидонаи парчами миллӣ саъю талош намояд.

Бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем.

Дар баробари дастовардҳои бузургу тақдирсоз, мо ҳанӯз масъалаву мушкилоти ҳалталаб низ дорем, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва заҳмати созандаву содиқона ва бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибистиқлоламон ҳаллу фасл менамоем.

Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки мо бояд Ватани худ – Тоҷикистони биҳиштосоро баробари ҷони худ дӯст дорем, зеро ҳар як ваҷаб замини муқаддасу зархез ва чашмасору обшорони мусаффои он манбаи ризқу рӯзӣ ва хайру баракати хонадони мо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи он пушту паноҳ ва мояи сарбаландии мо ва номи неки ин Ватан рамзи сарфарозӣ ва рӯйи сурхи мо мебошанд.

Мо – фарзандони Тоҷикистон ҳама якҷо бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обрӯи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардорем.

Бори дигар ҳамаи мардуми сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони кулли сокинони мамлакат хушбахтӣ, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллии ҷовидона ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

Категория: