Ахбори рӯз

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2021 - 14:41
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол»

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» рӯзи 5-уми октябри соли 2021 баргузор гардид.

Дар Конференсия Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшо, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нурзода Ҷамолиддин, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад, аъзои ҳайати мушовараи Кумита, намояндагони вазорату идораҳо, пажуҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз шуд.
Баъдан, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода Конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, суханро ба муҳтарам Нурулло Оқилзода мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дод.
Муҳтарам Нурулло Оқилзода аз дастовардҳои 30 соли даврони Истиқлол ёдовар шуда, доир ба мавқеи забони давлатӣ дар равнақу ривоҷи ҳаётии ҷомеа ибдоли ҳуруф намуда, нақши бузурги Пешвои миллатро дар пешбурди сиёсати забонӣ махсус қайд карда, перомуни осори пурмуҳтавои Ҷаноби Олӣ гузориши илмӣ ироа намуданд
Дар идомаи Конференсия Саломиён Муҳаммаддовуд – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минбар баромада, зимни суханони шодбошию табрикотӣ доир ба шоҳкориҳо ва ѓамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдавти миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол суханронӣ кард.
Дар бахши маърузаҳои илмӣ суханрониҳои зерин шунида шуд:
1. Муҳаммадҷонзода Олимҷон доктори илми филология, профессор дар мавзуи “Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ”;
2. Раҳматуллозода Сахидод узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, ва устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ – Зоитова Моҳира дар мавзуи «Диалектизмҳо сарчашмаи муҳими ташаккули забон. (дар асоси «Луғати нимтафсирии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и Садриддин Айнӣ)»;
3. Назарзода Сайфиддин узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, дар мавзуи «Имло ва садонокҳои забони тоҷикӣ»;
4. Матробиён Саодатшо Қосимзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нигоҳе ба дастури забони тоҷикӣ»;
5. Ҳасани Султон узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва забони тоҷикӣ»;
6. Офаридаев Назрӣ доктори илми филология, профессор дар мавзуи «Оид ба яке аз қарорҳои нахустини анҷумани забоншиносии Тоҷикистон»;
7. Шаҳбоз Кабиров профессор дар мавзуи «Инъикоси раванди байналмилалӣ шудани забони тоҷикӣ дар асари Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат»;
8. Қосимов Олимҷон доктори илми филология, профессор дар мавзуи «Вижагиҳои корбурди гурӯҳи фитонимҳо дар забони адабии тоҷик»;
9. Муҳтарам Ҳотам мудири шуъбаи адабиёти классикии Нашриёти «Адиб» дар мавзуи «Таҳлили шеваҳо ҳамчун омили таҳкими таркиби луғавии забони адабӣ»;
10. Ҳомидов Дилмурод доктори илми филология, профессор дар мавзуи «Шарҳи чанд ҷойномҳои эрониасли туркишудаи минтақа» маъруза ва суханронӣ намуданд.
Дар анҷом, баъди музокираҳо тавсианомаи Конференсия қироат ва бо пешниҳоду иловаҳо қабул шуд.
Ҳамчунин, иштирокдорон вобаста ба фаъолияти пурсамару арзандаашон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2021 - 13:40
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

«Сиёсати давлатӣ оид ба забон дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Сентябр, 2021 - 15:25
 «Сиёсати давлатӣ оид ба забон дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6-уми сентябри соли 2021 соати 10:30 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ оид ба забон дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовин, узви Ҳайати мушовараи Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуда, бо суханронӣ ва маърузаҳо баромад намуданд.
Раиси Кумита бо ифтитоҳи мизи мудаввар дар арафаи ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мардуми сарбаланди кишварро бо камоли ифтихору сарфарозӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳама саломатию умри дароз, сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба навро таманно намуд.
Аз ҷумла, ӯ таъкид намуд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода дар охир, ҳамаи иштирокдорони мизи мудавварро ба ҷашни пурифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, афзуд, ки ғояи волои Истиқлол, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ, омӯзиши донишҳои замонавӣ ва касбу ихтисосҳои муосир ҳамеша ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон боқӣ мемонанд.
Баъдан, доир ба дастовардҳои забони давлатӣ дар даврони 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Ҳайати мушовараи Кумита – С. Назарзода суханронӣ намуд.
Дар анҷоми мизи мудаввар раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода барои қироати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханро ба Абдуллоев Ш. дод.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ” раиси Кумита – Муҳаммадҷонзода О. бо “Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С. бо “Мушовири давлатии дараҷаи 2” қадрдонӣ карда шуд.

Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода О. ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмуъ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландию муваффақият ва сулҳу салоҳ орзу кард.

Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Сентябр, 2021 - 10:15

Ҳамватанони азиз!
Дар арафаи ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон– 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мардуми сарбаланди кишварро бо камоли ифтихору сарфарозӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатию умри дароз, сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба навро таманно менамоям.
Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла, таҳдиди хатарҳои терроризм, экстремизм ва мафкураи ифротгароӣ, зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки онҳо дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбиниву дониши муосир, зираку соҳибмаърифат ва худшиносу ватанпарвар буда, барои рушду ободонии ояндаи кишвари соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлату миллати худро муаррифию пуштибонӣ карда тавонанд.
Мо бояд ҳамеша барои рушди давлатдории худ ва ба хотири баланд бардоштани ифтихори ватандориву худшиносӣ, ҳифзи фазои орому осуда ва сулҳу субот дар ҷомеа, ҳамчунин, таҳкими Истиқлоли давлатӣ кӯшишу талош намоем.
Моро зарур аст, ки ҳамеша аз Истиқлолу озодӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем ва пойдевори азими давлати миллиамонро зина ба зина устувору қавӣ гардонем.
Дар охир бори дигар ҳамаи Шумо – мардуми арҷманди кишварро ба ҷашни пурифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки ғояи волои Истиқлол, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ, омӯзиши донишҳои замонавӣ ва касбу ихтисосҳои муосир ҳамеша ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон боқӣ мемонанд!

Рӯзи Истиқлоли кишвар муборак бод!
Саломату сарбаланд бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Номаи иттилоотӣ: Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Сентябр, 2021 - 13:30

     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 46-и Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2021» аз 28 ноябри соли 2020, №647, Нақшаи кории Кумита дар нимсолаи дуюми соли 2021, банди 9-и Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» ба нақша гирифтааст, ки он бо иштироки олимону донишмандони ҷумҳурӣ рӯзи 5-уми октябри соли равон (соати 9:00) дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Забони кории конференсия: тоҷикӣ.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:
- рушди забони тоҷикӣ дар тамоми қишри ҷомеа;
- вазъи таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии ғайритоҷикии ҷумҳурӣ;
- масоили таблиғоти иттилоотӣ, ВАО (матбуот) бо забони тоҷикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
- таҳқиқи осори хаттии қадимаи тоҷикон дар пажӯҳишгоҳҳои илмии кишвар ва хориҷ аз он;
- нақши забони тоҷикӣ ва дастрасии мероси классикони адабиёти тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Интернет);
- тарҷумаи осори адибони тоҷик дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
- робитаи забонию фарҳангӣ бо тоҷикони хориҷи кишвар;
- вазъи корбурд ва таблиғи эълону реклама, навиштаҷот бо забони давлатӣ;
- номгузорӣ ва интихоби ном – муаррификунандаи тамаддуну ҳастии миллат;
- вазъи таҳияи фарҳангномаҳои дузабона – забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ;
- таҳқиқи шеваҳо ҳамчун омили сарчашмаи такмили таркиби луғавии забони адабӣ.

Талабот ба таҳияи маърузаҳо:
Маъруза дар ҳаҷми аз 5 то 8 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А 4 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда шавад. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.
Иштирокдорон метавонанд маводи худро то 5-уми сентябри соли 2021 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 ё ин ки ба нишонии почтаи электронии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (info@kumitaizabon.tj) ва факси Кумитаи мазкур (+992 227-78-29) ирсол намоянд.
Қарори Комиссияи тадорукот оид ба ворид намудани маърузаҳо ба барномаи Конференсия рӯзи 20-уми сентябри соли 2021 тавассути почтаи электронии даъватшавандагон эълон карда мешавад.

Телефонҳо барои тамос: 227 64 51; 92 721 53 46

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Август, 2021 - 15:19
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки имрӯз шахсоне бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд, ки саҳми онҳо дар тӯли сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлатӣ назаррас ва арзишманд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ аз саҳми арзандаи собиқадорон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар рушду пешрафти ҷомеа ва таҳкими сулҳу субот, таъкид доштанд, ки ҳар яки шумо барои ободии Ватани соҳибистиқлоламон, таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ва пешрафти кишвари азизамон содиқона заҳмат кашидаед ва роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат имрӯз фаъолияти софдилонаи шуморо ба таври сазовору шоиста қадрдонӣ мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос илова ба мукофотҳои давлатӣ ба ҳама собиқадорон, барои кору фаъолияти ватандӯстонаашон миннатдории самимӣ баён карданд.

Ин қадршиносиҳои Пешвои муаззами миллат ва бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданро метавон подоши хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маънидод намуд.

Таҷрибаи таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест, вале ҳимояи неъмати озодӣ ва дастовардҳои истиқлол кори бамаротиб душвортар мебошад.

Халқи тоҷик дар муддати сӣ соли гузашта ба мушкилоти сахту сангин рӯ ба рӯ гардид. Дар он айёми пурфоҷиа хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як ҳақиқати даҳшатнок табдил ёфта буд.

Бо дарки миқёси хатар фарзандони огоҳу сарсупурдаи миллат ба андешидани тадбирҳои фаврӣ иқдом карданд.

Қобили зикр аст, ки онҳоро дар ин роҳ пуштибонии қотеона, майлу ирода ва хоставу орзуҳои мардуми шарифи Тоҷикистон мадад мекард ва қувват мебахшид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор иброз доштанд, ки маҳз бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар мо аз имтиҳони тақдирсӯзи таърих гузаштем ва онро ба дастоварди тақдирсоз табдил додем. Маҳз бо талошҳои ватандӯстона ва заҳмати содиқонаи сокинони Тоҷикистон ба чунин рӯзҳои ободу осуда расидем ва давлати соҳибихтиёру озоди тоҷикон сисола шуд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи пешгӯинашавандаи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла таҳдиду хатарҳои муосир андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар шароите, ки авзои минтақа ва ҷаҳон ҳар лаҳза дар ҳоли тағйиру дигаргунӣ қарор дорад, мову шумо ҳамеша бояд ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиатҳои милливу давлатиро дар ҳар куҷое, ки набошад ва дар сатҳу ҳолате, ки набошад, қотеона ҳифз кунем.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар пешрафти кишвар бештар аз 90 нафар ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, қадрдонӣ шуданд.

Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои содиқонаи роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакатро бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қадр карданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанги мамлакат, тандурустӣ, истеҳсоли молу хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ” 88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.

Бояд гуфт, ки кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсоли бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ аз роҳбарони шохаҳои гуногуни ҳокимият ва сохторҳои идораи давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки мардуми заҳматпеша, бонангу номус ва таҳаммулгарои кишварро сарварӣ намоянд, онҳоро ба ҳифзу таҳкими дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар созанд.

Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, роҳбарон бояд намунаи заҳматкашӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат ва халқи Тоҷикистон бошанд.

Дар ин кори муҳим, инчунин, аз собиқадорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо таҷрибаи зиёд дар роҳи тарбияи насли оянда саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд, зеро ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳо бо заҳмати содиқона дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат дар байни ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ мебошанд.

Дар миёни бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшудагон собиқ роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохторҳои гуногун ва дигар хизматчиёни давлатӣ дар толор ҳузур доштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ҳар яки онҳо дар оянда низ тамоми донишу таҷриба ва саъйу талоши худро барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона равона месозанд.

Давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ занону бонувон дар доираи сиёсати неки иҷтимоии Пешвои миллат ва тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар баробари мардон баҳри таъмини сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа неку назаррас аст. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дар маросими супоридини мукофотҳои давлатӣ як гуруҳ занону бонувони фаъоли кишвар, ки солҳои гуногун дар вазифаҳои мухталиф паҳлуи Сарвари давлат содиқона фаъолият карда, сиёсати бобарору ояндадори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ кардаанд, бо мукофоти давлатии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қадр карда шуданд.

Хизматҳои шоёни як гуруҳ шоирону нависандагон, ки таърихи пурпечутоби давлати навини тоҷикон, тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҷонфидоии фарзандони баруманди халқ, заҳматҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи мушкили барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон дар асарҳои баландмазмун васф кардаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шуд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот ва пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ, иҷро менамоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Таҷлили дарси сулҳ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Август, 2021 - 13:19

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раёсати донишкада ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат доштанд.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, ҳозиринро ба оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, зикр кард, ки бояд донишҷӯён қабл аз ҳама илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро аз худ намуда, саҳми хешро ҳамчун ҷавонони фаъол дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Гузориш аз гузаронидани шанбегии кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Август, 2021 - 14:09

     Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декари соли 2017, №968, иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2017, №12 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 2-и Нақша чорабиниҳои Кумита аз 25-уми январи соли 2018, №15 бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумита мунтазам шанбегӣ гузаронида шуда, баҳри ободонӣ ва сарсабзу зебо намудани гирду атрофи бинои маъмурӣ ва замини ба корхона вобасташуда зиёда аз 1000 дона гулҳои рангоранги ороишӣ шинонида шудаанд.

     Баҳри боз ҳам ободу зебо нигоҳ доштани гулбоғи воқеъ дар гирду атрофи бинои маъмурӣ корҳо идома дошта, он мунтазам нигоҳубин карда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва ташкилоту муассисаҳои он

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Август, 2021 - 15:28

     Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини раиси Кумита    Раҳматуллозода С. (роҳбари гурӯҳ), мудири бахши умумӣ ва масъули хадамоти кадрӣ Абдуллоев Ш., сармутахассисони шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш., Ҷалолов С. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 22-и Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021»-ро (6.02.2021, №14) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳринав аз 16-ум то 20-уми августи соли 2021 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.
     Ҳамзамон, Кумита 24-уми августи соли 2021, соати 14:30 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав аз натиҷаи назорат ва таҳлили риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи банди Нақша бо иштироки муовини раиси Кумита, мудири бахши умумӣ ва масъули хадамоти кадрӣ ва сармутахассисони шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав ва кормандони он, раисон, муовинон ва котибони ҷамоатҳо, муовинони мудири шуъбаи маориф ва кормандони он, мудирони боғчаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинҳо, омӯзгорони муассисаҳо, намояндагони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Беморхонаи марказӣ, шуғли аҳолӣ, воситаҳои ахбори омма (ҳамагӣ 70 нафар) семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
     Дар оғоз муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Неъматуллозода Ш. ҳамаи иштирокдоронро ба семинари омӯзишӣ хайра мақдам намуда, намояндагони Кумитаро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва оид ба муҳтавои рӯзномаи семинар маълумот дод. Баъдан барои гузориш суханро ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Буриева Ш. дод. Аъзои гурӯҳи корӣ баён намуд, ки тибқи нақша дар муҳлати кутоҳ вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баъзе аз муассисаҳои ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор гирифт.
     Таҳлилҳо нишон дод, ки бо вуҷуди қаноатбахш будани масъалаи коргузорӣ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Шаҳринав баъзе хатоҳои имлоӣ ва навишти ғайритоҷикӣ ба мушоҳида расид, ки гурӯҳи корӣ барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тавсияҳои худро пешниҳод намуд.
     Сипас, сухан ба муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. дода шуд, ки фикру мулоҳизаҳои худро аз рафти назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва ташкилоту муассисаҳои он баён намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар гузориш дарҷгардида дар муҳлати муқарраргардида ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ирсол намоянд.
Семинари омӯзиширо муовини раиси ноҳияи Шаҳринав – Неъматуллозода Ш. ҷамъбаст намуда, бовар кунонданд, ки камбудию норасоиҳо дар муҳлати кутоҳ бартараф хоҳад шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

ЗАБОН ВА ҶОМЕА: МУШКИЛОТИ НОМГУЗОРӢ ДАР МАРКАЗҲОИ САВДО

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Август, 2021 - 09:55

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Комитет по языку и терминологии провел проверки по соблюдению норм закона

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Август, 2021 - 16:51

Комитет по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан создал рабочую группу в некоторых государственных и частных учреждениях Согдийской области.

Целью создания рабочей группы явилось анализ хода выполнения Закона «О государственном языке Республики Таджикистан» и реализация 22 пункта плана Постановления Правительства Республики Таджикистан «Об итогах социально-экономического развития РТ в 2020 году и задачах на 2021 год».

В связи с этим, рабочая группа под руководством председателя Комитета по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан Олимджона Мухаммаджонзода в течение нескольких дней проводила проверку в Исполнительном органе государственной власти города Гулистон, отделах образования и актов записи гражданского состояния, ООО санаторий «Бахористон», ЗАО Микрокредитная депозитная организация «Имон интернешнл» и т.д.

Комиссия Комитета по языку и терминологии, в частности, проверила состояние кадровой документации и правильность ее оформления в соответствии с нормами вышеуказанного закона.

Результаты этих проверок были обсуждены в ходе семинара, организованного в ИОГВ города Гулистон.

Было отмечено, что в ходе проверок, в целом, несмотря на то, что ведение делопроизводства в указанных учреждениях признано удовлетворительным, однако в соблюдении языковых норм наблюдалось допущение некоторых ошибок.

В связи с этим, рабочая группа дала рекомендации по устранению недостатков. Также был проверен уровень грамотности речи сотрудников Исполнительного органа государственной власти города Гулистон, который оставляет желать лучшего.

Следует отметить, что Комитет по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан действует как структура регулирования Закона Республики Таджикистан «О государственном языке Республики Таджикистан» и на постоянной основе проводит мониторинг чистоты таджикского языка.

Источник: http://www.narodnaya.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=13820:2021-07-22-05-06-13&catid=63:obshestvo&Itemid=170

Баҳодиҳии муҳтаво: 
-1033.27
Баҳои миёна: -1033.3 (446 овоз)

Категория:

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Июл, 2021 - 10:33
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Даъватнома ба нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июл, 2021 - 09:33

     Муҳтарам намояндагони ВАО ва ҳамкасбони гиромӣ!
     Аз ҳамкориҳои судманди Шумо ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби соҳаи забони давлатӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП-1729 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25) нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29-уми июли соли 2021, соати 08:00 баргузор мегардад.
     Вобаста ба ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати инъикоси нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамудед.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Гузориш аз баргузории машғулияти идоравӣ оид ба омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумита

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Июл, 2021 - 15:00
Гузориш аз баргузории машғулияти идоравӣ оид ба омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумита

     Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми июли соли 2021, соати 15:00 бо мақсади татбиқи банди 59-и Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020, №647 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати шарҳу эзоҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони ин ниҳод машғулияти идоравӣ гузарониданд.
     Дар машғулияти идоравӣ муовини раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Зулфониён Раҳим Раҷабзода ва мутахассиси пешбари шуъбаи танзими истилоҳот Маҳмадёрова Гулҷаҳон иштирок дошта, «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ»-ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 30-юми июни соли 2021, №268 тасдиқ шудааст, шарҳ доданд.
     Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби кормандони Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо оид ба риоя намудани номгузории мағоза ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ҳангоми коргузорӣ риоя намудани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», инчунин, ҳамкории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд, ки аз тарафи С. Раҳматуллозода ва Р. Зулфониён ҷавобҳои мушаххас ироа гардид.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар самти пешбурди сиёсати давлатӣ дар бораи забон манфиатбахш буда, дар рушди забони давлатӣ натиҷаҳои судманд дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июл, 2021 - 15:59

     Имрӯз 13-уми июли соли 2021, соати 10:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 бо иштироки Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Азиззода Ш., аъзои Ҳайати мушовара, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
     Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфт.
Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С. гузориш дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 теъдоди 23 ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, 10 вазорату кумитаҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва 26 адад номгӯи мағозаву нуқтаҳои фурӯши либосро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи бартараф намудани камбудиҳо ба мақомотҳои дахлдор санад ва маълумотнома ирсол шуд.
     Инчунин, илова намуд, ки Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ба 51 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи забоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намудааст.
Ҳамзамон, 717 номи ғайримеъёрии ҷуғрофии ҷумҳуриро баррасӣ намуда, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи иваз намудани баъзе номҳои объектҳои ҷуғрофии ҳудуди ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” таҳия намудаву баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои ҷонибдорӣ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг пешниҳод намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021 тасдиқ шуд.
Инчунин, Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» пешниҳод намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июни соли 2021 тасдиқ шуд.
     Сипас, Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2021 аз ҷониби сардори шуъбаи танзими истилоҳот – Зулфониён Р. муаррифӣ карда шуд.
     Баъдан, он аз ҷониби Мушовири калони бахши ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа, узви Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷумла, Мушовири калони бахши ёрдамчии Президент иброз намуд, ки дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо ҳанӯз ҳам дар матни шиору овезаҳои вазорату кумитаҳо ва мақомотҳои шаҳру ноҳияҳо бештар ба назар мерасанд. Бинобар ин, Кумита вазифадор карда шавад, ки назорати вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пурзӯртар намояд.
Пас аз муҳокима маҷлиси Ҳайати мушовара қарор кард, ки ҳисоботи фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 қаноатбахш ҳисобида шуда, Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2021 бо қарори Ҳайати мушовара тасдиқ карда шавад.
     Ҷаласаи Ҳайати мушовараро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Забони давлатӣ таҳкимбахшандаи сулҳ ва ваҳдати миллист

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Июл, 2021 - 17:24
Шаҳноза БУРИЕВА, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибис­тиқлолии кишвар буда, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад, ки пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба забони давлатии кишвар имкониятҳои фарохро муҳайё сохт, ки неруи воқеии он дар пешбурди сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва дигар самтҳо назаррас аст. Он волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро пуштибонӣ намуд. Аммо ин неъмати бузург ба халқи тоҷик бо роҳи саҳлу осон ба даст наомад. Садҳо нафар ҷон аз даст доданд, то ин ки мамониатҳои сангинро аз байн бардошта, мушкилоти гаронро паси сар кунанд.

     Дар он давра талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра ба ҳама самт равона карда шуд, то давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад. Хушбахтона, бо мардонагию матонати Пешвои миллат ба мақсади бузургу нотакрор ноил шудем.

     Ба ҳама маълум аст, ки дар даврони нобасомониҳо хатари нобуд шудани миллати тоҷик ва тақсим шудани сарзамини муқаддасу биҳиштосо пеш омад. Маҳз эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва нангу номуси миллии фарзандони асили кишвар водор сохт, ки бо душманон бо роҳҳои музокироту гуфтушунид ҷиҳати ҳалли муноқишаҳои баамаломада созиш намуда, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ, ҳаёти осоишта ва ваҳдати миллиро интихоб намоянд.

     Вобаста ба ин рӯзи фирӯзу таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон 27-уми июни соли 2005 ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид карданд: «Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд. Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатҳо, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои дурудароз расида, оқибат осоишу амнияти кишварро таъмин намудем. Мардуми мо оқибатҳои ҷанги харобиоварро сари вақт дарк намуда, бо эътимоди қавӣ барои нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлол, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам шудани рукнҳои давлатдорӣ роҳи сулҳ ва сулҳофариро пазируфтанд».

     Бояд қайд намуд, ки маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ тавонистем, дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нуфузу эътибори забони давлатиро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорем. Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ба дастовардҳои бузург ноил шуд. Зеро забони тоҷикӣ яке аз олитарин муқаддасоти миллӣ ва нишонаи соҳибистиқлолии давлати тоҷикон мебошад.

     Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат буда, ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он оғоз меёбад. Қобили зикр аст, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини баҳамоии миллат бошад, пас забони тоҷикӣ шиносномаест, ки давлату миллатро ба воситаи он муаррифӣ менамоянд. Ин дастовардҳои бузург ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, давлату миллатро бе онҳо тасаввур кардан мумкин нест. То ҳол давлатҳое вуҷуд доранд, ки на мустақиланду на соҳиби забонанду на соҳиби ваҳдати миллӣ. Агар давлате, ки ин неъматҳоро надошта бошад, он вуҷуд надорад. Гуфтан бамаврид аст, ки забони тоҷикӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи давлатдорӣ буда, онро азизу гиромӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштан вазифаи ҷонии ҳар як фарди соҳибдил ва бонангу номус мебошад.

     Бо ин мақсад 31-уми октябри соли 2009 таҳти №604 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки фаъолияти он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бевосита барои пеш бурдани сиёсати давлатӣ оид ба забон дар мақомоти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаю корхонаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, равона карда шудааст. Он яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар шароити сулҳу субот, дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло ба яке аз сохторҳои неруманди давлатӣ табдил ёфтааст.

     Дар ин раванд вазифадор низ ҳаст, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро амалӣ намояд ва зимни фаъолият бо дигар мақомот, вазорату идора, ташкилоту муассиса ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамкориро ба роҳ монад.

     Муваффақиятҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан, бо ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, баргузор намудани конференсияҳои илмиву амалӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар фаъолияти соҳа вобаста мебошад. Қайд бояд намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июни соли 2012 таҳти №335 фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот тавассути «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» амал мекард. Дар он дар иртибот ба рушди солими равандҳои ҳамгироӣ миёни миллатҳо ва кишварҳои дуру наздик ҳимояи забони тоҷикӣ ҳамчун омили пайвандгари миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ дар рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодӣ ба хотири таъмини манфиатҳои миллӣ равона карда шуда буд.

     Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ ва мавриди иҷро қарор гирифтани барномаҳои давлатӣ тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои омода, таҳия ва такмил додани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» масъул гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 барои даҳсолаи оянда тасдиқ гардид.

     Инчунин, Кумитаи забон ва истилоҳот бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таблиғу ташвиқи забони давлатӣ ҷиҳати эҳё намудани номҳои миллии тоҷикӣ, ки яке аз масоили мубрами ҷомеа мебошад, китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2016 таҳти №325 тасдиқ шудааст, бо фаро гирифтани зиёда аз 3000 номи писаро на ва духтарона чоп намуд. Ҳадаф аз таҳияи китоб эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ин замина, китобҳои «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» (ҷилди 1 ва 2) бо овардани шарҳи номҳо чоп ва дастраси умум гардид.

     Ҳамчунин, соли 2019 ба муносибати 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи байналмилалӣ ва чорабиниҳои илмиву оммавӣ бо ҷалби олимону донишмандон, забоншиносон ва омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷ баргузор гардида, оид ба дастовардҳои даҳсола маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ расиданд.

     Ғайр аз ин, бояд зикр намуд, ки   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ  ва барои ташаккули пайвастаи забони давлатӣ шароит фароҳам овардааст.

     Ба ҳама маълум аст, ки самтҳои гуногуни ҷомеаро бе забони тоҷикӣ наметавон тасаввур кард. Ин муқаддасоти олӣ дар ҳама соҳа рагу пайванд васеъ намуда, мавқеи умумимиллию давлатиро барои рушду камолоти минбаъда устувор намуд.

     Хушбахтона, Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду такомули забони давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, барои густаришу инкишофи мақоми забони тоҷикӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардаанд. Воқеан, забон аслан, ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист, аз ин рӯ, ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад.

     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он чораҳои муассир андешида, фаъолиятро дар ин самт боз ҳам вусъат мебахшад.

     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки ҳар як шахси ватандору соҳибзабон миллату забонро пуштибонӣ намояд ва ба он ҳамчун гавҳараки чашм муносибат кунад: «Тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон фанои миллат аст. Фаромӯш накунем, ки забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ аст.», — таъкид доштанд Сарвари давлат.

     Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа буда, бояд фаромӯш накунем, ки сулҳ, ваҳдату ягонагӣ неъмати бебаҳотаринанд ва ҳифзу пойдории онҳо вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар. Агар ҳама дар рушду таҳкими ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси миллӣ сидқан саҳм гузошта, муттаҳид шавем, он гоҳ чун миллати ягона бо асолату фарҳанг, таърих, забони тоҷикӣ ва симои хос мавқеи сазоворро пайдо хоҳем кард.

Шаҳноза БУРИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: http://sadoimardum.tj/far-ang/zaboni-davlat-ta-kimbahshandai-sul-va-va-dati-millist/

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ташкилоту муассисаҳои он

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Июл, 2021 - 19:06
Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ташкилоту муассисаҳои он

     Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. (роҳбари гурӯҳ), сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р., сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 22-и Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021»-ро (6.02.2021, №14) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҶДММ «Осоишгоҳи Баҳористон» ва ҶСК Бонки «Эсхата», ҶСП «Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон интернешнл», коллеҷҳои техникии ғайридавлатӣ ва инноватсионии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд аз 21-ум то 26-уми июни соли 2021 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.
     Ҳамзамон, Кумита 24-уми июни соли 2021, соати 11:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз натиҷаи назорат ва таҳлили риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи банди Нақша бо иштироки сардори шуъбаи танзими истилоҳот ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита, муовини раиси шаҳри Гулистон ва кормандони он, раисон, муовинон ва котибони ҷамоатҳо, Коллеҷи тиббӣ, мудири шуъбаи маориф ва кормандони он, мудирони боғчаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинҳо, омӯзгорони муассисаҳо, соҳибкорон, намояндагони Беморхонаи марказӣ, шуғли аҳолӣ, нозироти андоз, маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ, воситаҳои ахбори омма (ҳамагӣ 70 нафар) семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
     Дар оғоз муовини раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғ. ҳамаи иштирокдоронро ба семинари омӯзишӣ хайра мақдам намуда, намояндагони Кумитаро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва оид ба муҳтавои рӯзномаи семинар маълумот дод. Баъдан барои гузориш суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Р. дод. Аъзои гурӯҳи корӣ баён намуд, ки тибқи нақша дар муҳлати кутоҳ вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баъзе аз корхонаю муассисаҳои шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
     Таҳлилҳо нишон дод, ки бо вуҷуди қаноатбахш будани масъалаи коргузорӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Гулистон баъзе хатоҳои имлоӣ ва навишти ғайритоҷикӣ ба мушоҳида расид, ки гурӯҳи корӣ барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тавсияҳои худро пешниҳод намуд. Инчунин, дар рафти таҳлил санҷиши саводи имлоии кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон санҷида шуд.
     Сипас, сухан ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш. дода шуд, ки фикру мулоҳизаҳои худро аз рафти назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ташкилоту муассисаҳои он баён намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар гузориш дарҷгардида дар муҳлати муқарраргардида ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ирсол намоянд.
     Семинари омӯзиширо муовини раиси шаҳри Гулистон – Оқилзода Ғ. ҷамъбаст намуда, бовар кунонданд, ки камбудию норасоиҳо дар муҳлати кутоҳ бартараф хоҳад шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Июн, 2021 - 18:11
Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Имрӯз мову шумо дар арафаи таҷлили 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, яъне санаи муҳимми таърихӣ ва сарнавиштсози ҳамдигарфаҳмиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, ки асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, карор дорем, ҳар як фарди Тоҷикистонро ба ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод гуфта, ба шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, хотири ҷамъ ва сулҳу субот ва оромии кишварро таманно менамоям.
Ваҳдати миллӣ дар воқеъ, роҳи инкишофи имрӯзу оянда ва пешравии ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои неки ояндасози кишвар ҳидоят менамояд.
Барои аз вартаи нобудшавӣ ва буҳрони иқтисодӣ баровардани Ватану миллат, чорабиниҳои зиёди давлатӣ лозим шуд, то қазияи сулҳу субот ҳалли мусбати худро ёфта, бо имзо намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ин масъала нуқтаи асосӣ гузошта шавад.
Замони навини эҳёи Тоҷикистони азиз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, зеро ин абармарди дунёи сиёсат пайваста дар барои мустаҳкам гардидани аркони давлату бедории миллат саъю талош менамоянд.
Бисту чор сол пеш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муттаҳид намудани неруҳои сиёсӣ ва таъмин кардани ризоияти ҷомеа тавонистанд, ки истиқлоли давлатии кишварамонро ҳифз кунанд ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки Ватани худро самимона дӯст дорем ва ба қадри сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии он бирасем.
Сарвари кишварамон ҳар як шаҳрванди кишварро даъват менамоянд: «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».
Воқеан, ин вазифаи ифтихории ҳар яки мо бояд бошад ва ҳамеша ҷидду ҷаҳд намоем, ки барои ободии Ватан, шукуфоии имрӯзу фардои он ва барои ҳифзи муқаддасоти миллат ҳиссагузор бошем.
Дар иртибот ба ин санаи тақдирсози миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Мусолиҳаи миллӣ барои ҷумҳурии мо чун обу ҳаво зарур аст. Мо танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии ҷумҳуриро устувор карда метавонем».
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо, беш аз пеш, дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.
Ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯст бояд дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлол талош намояд.
Ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрро бикунем.
Хусусан, ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки пойбанди расму ойинҳои хурофотӣ набошанд, балки аз дастовардҳои муосири илму техникаи ҷаҳон огоҳии бештар пайдо кунанд, диду назар ва ҷаҳонбинии хешро вусъат бахшанд, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гарданд ва ҳамқадами шоистаи давру замон бошанд.
Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.
Дар шароити кунунӣ ваҳдати миллӣ дар заминаи таъмини оромӣ ва рушди ҷомеа ҳамчун омили муҳим аҳамияти нав пайдо карда, моҳияти иҷтимоиву сиёсии он кушода шуда, дар радифи истиқлоли давлатӣ, таъмини якпорчагӣ ва ҳифзи Ватани азиз, ягонагии забону фарҳанг, сулҳу субот ва ҳифзи иҷтимоии ҳар як аъзои ҷомеа, ки арзиши муҳим мебошанд, густариш ёфта истодааст.
Бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро бо ҷашни хуҷаставу муқаддаси Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба шумо хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Бигзор ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад!
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Маҷлиси аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Июн, 2021 - 16:15
Маҷлиси аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шуморо дар ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, хайра мақдам мегӯям.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳа раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода, муовини раиси Кумита – С. Раҳматуллозода, намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди корҳои идеологӣ-ҳизбӣ ва фаъолияти пурсамари ҳизбӣ пайваста кушиш намуда, дар роҳи амалисозии ҳадафҳои ҳизб талош меварзад.
Ташкилот аз оғози фаъолият яке аз таблиғкунандаи асосии идеологияи давлатӣ ва дастгирии асосии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Яке аз омилҳои дар ниҳоди ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ифтихор доштан аз давлатдории навини худ мебошад.
Ҳамзамон ба маълумоти шумо мерасонем, ки айни ҳол дар Кумита шумораи умумии кормандон 28 нафар буда, дар шаш моҳи соли ҷорӣ шумораи умумии аъзои ҳизб 21 нафар аз он ҷумла, занон 8 нафар, мардон 13 нафар буда, намояндагони ақалиятҳои миллӣ кору фаъолият надоранд. Ҳамаи кормандони Кумита таҳсилоти олӣ дошта, дар таблиғу ташвиқи Барномаи ҳизб дар ҷомеа саҳмгузор мебошанд.
Ҳаққи узвияти аъзои ҳизб ба суратҳисобти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба тарзи ғайринақдӣ аз музди меҳнати кормандон дар давоми соли 2021 гузаронида шудааст.
Ҳамчунин иттилоъ медиҳем, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми апрели соли 2020, №1376 раиси Кумита роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод вобаста гардидааст, ки дар давоми шаш моҳи соли 2021, оид ба таблиғу ташвиқ дар маҳаллу идораҳои минтақа чор маротиба сафар карда корҳои тарғиботию ташвиқотиро мунтазам роҳандозӣ менамояд.
Ҳамчунин, имсол мо мардуми шарафманди кишвар бо як рӯҳияи баланди созанда ва бунёдкорона ҷашни муҳимми таърихӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем, ки арзишмандтарин дастовардҳои миллӣ мебошад. Бо дарки масъулияти баланд, нангу номуси ватандориву ватандӯстӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин ҷашни муқаддас, пеш аз ҳама вазифа ва қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Мо кормандони Кумита барои дар амал тадбиқ намудани супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳои бунёдкоронаю созанда ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати забони давлатӣ дар сиёсати имрӯза саъю кӯшиш намуда истодаем.
Ба итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои барномавии ҳизб ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯйи арзишмантарин хостаҳои миллӣ ва зиндагии шоиста роҳнамоӣ мекунад.
Ҳозирини гиромӣ!
Барои ҳамкориҳои пайвастаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои иштирок изҳори сипос менамоем. Умедвори онем, ки баъди ҷамъбасти шашмоҳа ҳамкориҳои судманди Кумита баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халкии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузори ба суннату арзишҳои миллии тоҷикӣ дар оянда боз ҳам қавитар хоҳад гашт.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ташкилоту муассисаҳои он

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Май, 2021 - 07:57

Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. (роҳбари гурӯҳ), сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р. сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С., сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 22-и Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021»-ро (6.02.2021, №14) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҶДММ «Литсейи хусусии Ворисони Сино» ва Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода аз 18-ум то 21-уми майи соли 2021 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.
Ҳамзамон, Кумита 24-уми майи соли 2021, соати 1500 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода аз натиҷаи назорат ва таҳлили риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи банди Нақша бо иштироки сардори шуъбаи танзими истилоҳот, сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита, муовини раиси шаҳри Турсунзода ва кормандони он, раис, муовин ва котибони ҷамоатҳо, омӯзгорони коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ, мудири шуъбаи маориф ва кормандони он, мудирони боғчаҳо, директорони муассисаҳо, ҷонишинҳо, омӯзгорони муассисаҳо, сармуҳаррирон ва воситаҳои ахбори омма (ҳамагӣ 144 нафар) семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Дар оғоз муовини раиси шаҳри Турсунзода тамоми иштирокдоронро ба семинари омӯзишӣ хайра мақдам намуда, намояндагони Кумитаро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва оид ба муҳтавои рӯзномаи семинар маълумот дод. Баъдан барои гузориш суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Р. дод. Аъзои гурӯҳи корӣ баён намуд, ки тибқи Нақша дар муҳлати кӯтоҳ вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баъзе аз корхонаю муассисаҳои шаҳри Турсунзода мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таҳлилҳо нишон дод, ки бо вуҷуди қаноатбахш будани масъалаи коргузорӣ дар корхона ва муассисаҳои таълимӣ баъзе хатоҳои имлоӣ ва навишти ғайритоҷикӣ ба мушоҳида расид, ки гурӯҳи корӣ барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тавсияҳои худро пешниҳод намуд. Инчунин, дар рафти таҳлил санҷиши саводи имлоии кормандони шуъбаи маориф ва омӯзгорони Литсейи «Ворисони Сино» ва Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода санҷида шуд.
Сипас, сухан ба сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С. ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш. дода шуд, ки фикру мулоҳизаҳои худро аз рафти назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ташкилоту муассисаҳои он баён намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар гузориш дарҷгардида дар муҳлати муқарраргардида ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ирсол намоянд.
Семинари омӯзиширо муовини раиси шаҳри Турсунзода – Бобоҷонзода Фахрия ҷамъбаст намуда, бовар кунонданд, ки камбудию норасоиҳо дар муҳлати кӯтоҳ бартараф хоҳад шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Май, 2021 - 11:25

Ҷавонони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳар сол 23 -юми моҳи май мо яке аз ҷашнҳои муҳимми Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавононро таҷлил менамоем.

Ба ин муносибат кулли ҷавонони кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро, ки такягоҳи боэътимоди давлат мебошед, самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз 17-уми марти соли 1994 мулоқоти нахустини ман бо ҷавонон ба ҳайси Сарвари давлат ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд.

Хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сарҷамъу муттаҳид сохтани ҷавонон дар он давраи бисёр сахту сангин ва ба фаъолияти созанда сафарбар намудани онҳо масъалаву вазифаҳои асосии мулоқоти мо буданд.

Умуман бояд гуфт, ки кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд.

Яъне ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо барои ҷавонони кишвар таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.

Зеро мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Минбаъд бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон пеш омад.

Бинобар ин, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.

Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем.

Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистони мо тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Нишондиҳандаи мазкур аз мо амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо мекунад.

Бинобар ин, тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.

Бояд гуфт, ки дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Мо бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додем.

Аз ҷумла ҳанӯз моҳи феврали соли 1998 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ ва моҳи марти соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис дода шуд.

Ин иқдомро мо замоне амалӣ кардем, ки аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, яъне ба охир расидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳанӯз як сол нагузашта буд.

Барои маълумоти ҷавононе, ки он рӯзҳо дар синни кӯдакӣ буданд ва аз вазъи воқеии он солҳо хабар надоранд, иброз медорам, ки соли 1998 мо дар ҳолати ниҳоят вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ва буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ қарор доштем.

Бо вуҷуди чунин вазъият мо барои дастгирии наврасону ҷавонон чунин иқдомро амалӣ намудем.

Соли гузашта дар асоси дастури Роҳбари давлат зимни мулоқот бо масъулини соҳаи илму маориф ва аҳли зиёи кишвар шумораи стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст.

Дар ин муддат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то ба 1252 расонида шуд.

Илова бар ин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳоло ҳар сол 12 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад ва то ба имрӯз 163 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд.

Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳо имзо гардида, ҳоло ҳазорон нафар ҷавонони мо аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои Тоҷикистон ҷудошуда дар он давлатҳо таҳсил карда истодаанд.

Инчунин, барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон мо стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон»-ро таъсис додем.

Ба роҳ мондани таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон маҳсуб меёбад.

Ҳоло дар хориҷи кишвар беш аз 40 000 нафар донишҷӯ, магистр, аспирант ва докторантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Мо бояд минбаъд низ тавассути стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ, бурсияҳо ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем ва барои иқтисоди миллии худ кадрҳои дорои сатҳи баланди касбият ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалиро омода намоем.

Зеро ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза дар самти азхудкунии дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, инчунин, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҷаҳду талош менамоянд.

Мо дарёфти мақому ҷойгоҳи муносибу сазовор дар ҷомеаи мутамаддин ва пешрафтаро мақсаду мароми худ қарор додаем.

Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд қобилият ва сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавононро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои илму техникаи муосир бохабару баҳраварро тарбия намоем.

Ҳамчун бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 заминаҳои ҷалби бештари ҷавононро ба самтҳои мазкур фароҳам овард.

Ҳамчунин, охири соли гузашта ба хотири боз ҳам ҳавасманд намудани омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли ҷавон барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.

Ҷиҳати ҳарчи бештар мусоидат намудан ба раванди татбиқи бистсолаи эълоншуда мо тасмим гирифтем, ки озмуни навро бо номи «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ намоем ва бовар дорем, ки дар аввалин соли натиҷагирӣ аз ин озмун, ки ба 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мувофиқ омадааст, шоҳиди дастовардҳои назарраси ҷавонони ояндасоз ва ихтироъкору навовар хоҳем шуд.

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Мо аз соли таҳсили 1997 – 1998 сар карда, барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, ба он аз соли 2005 писарони болаёқатро низ шомил намудем.

Дар муддати 24 соли амали квотаи президентӣ аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат 22209 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (13388 нафар духтар ва 8821 нафар писар) ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Ҳоло дар 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қариб 7000 нафар ҷавонон бо квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд.

Бар замми ин, бо фармони Президенти мамлакат ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ фонди махсус таъсис дода, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзгорони ҷавон имтиёзҳо муқаррар карда шудаанд.

Инчунин, барои дастгирии иҷтимоии олимони ҷавон, аспирантҳо ва донишҷӯдухтароне, ки бо квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 86 хобгоҳи замонавӣ бунёду азнавсозӣ ва ба истифода супорида шудааст.

Маҳз натиҷаи чунин дастгириҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷавонон аст, ки таваҷҷуҳи онҳо ба омӯзиши илму дониш, аз ҷумла илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ кашфиёту ихтироъкорӣ ва азхудкунии ихтисосҳои замонавӣ афзун мегардад.

Дар робита ба ин, бояд тазаккур дод, ки соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт.

Соли 2021 дар кишвар 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 245 ҳазор донишҷӯ фаъолият менамояд, ки аз он 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 1 академия, 3 филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошад.

Вобаста ба ҳодисаҳои даҳшатноки оғози солҳои 90-уми асри гузашта бисёр донишҷӯён ва устодону омӯзгорон ба зодгоҳи худ баргашта рафтанд, зеро дар пойтахт таҳсил кардани онҳо ғайриимкон гардида буд.

Барои он, ки ҷавонони мо аз таҳсил дур намонанд, мо доир ба таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар минтақаҳои кишвар қарор қабул кардем.

Ҳамин тавр, ба хотири таъмини шароити донишомӯзии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти онҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар муассисаҳои нави таҳсилоти олии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сохта, ҳамаи онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва шароити ҳозиразамон таъмин карда шуданд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Донишгоҳи давлатии Хоруғ (соли 1992), Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (соли 2015), Донишгоҳи давлатии Данғара (соли 2005), Донишгоҳи тиббии Хатлон (соли 2016), Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён (соли 2006) ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (соли 2013) таъсис дода шуданд.

Дар вилояти Суғд Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (соли 1991), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (соли 1993), филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара (соли 1998), Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон (соли 2006), Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (соли 2010) ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (соли 2010) ба фаъолият шурӯъ карданд.

Дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (соли 1991), Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (соли 1991), Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (соли 2009), Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (соли 1993), Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхоҷа Сатторов (соли 2003), Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (соли 2007), Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (соли 2013), Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013) ва Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоӣ (соли 2020) таъсис дода шуданд.

Ҳамзамон бо ин, ба хотири ҳамкориҳои судманд дар самти маориф бо Федератсияи Россия соли 1996 Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, соли 2009 филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, соли 2010 филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва ва соли 2013 Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуданд.

Инчунин, дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ, мудофиаи кишвар ва ҳифзи сарҳадот Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис дода шуд.

Агар соли 1991 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро ҳамагӣ 13500 нафар донишҷӯён хатм хатм карда бошанд, дар соли 2020 шумораи хатмкунандагон ба 40000 нафар расидааст.

Ҳамчунин, дастуру супоришҳои мо дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки ба гирифтани маълумоти касбӣ рағбат доранд, солҳои охир натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оварда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар афзуда, ҳоло шумораи онҳо ба 28 расидааст.

Солҳои 1990 – 1991 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 40700 нафар донишҷӯ таҳсил мекард.

Ҳоло дар чунин муассисаҳо қариб 94000 нафар (60500 нафар духтарон) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли таҳсили 1991 – 1992 дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯи 80 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд.

Ин шумора дар соли 2021 ба 206 расидааст.

Шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ соли 1998-ум 5790 нафарро ташкил дода, ин рақам соли 2020 ба 23000 нафар баробар шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 2500 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода супорида шудааст, вале бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам кам аст.

Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав бо шароити муосир ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияҳои навин мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли давлатӣ 9 мактаби президентӣ, 7 литсей барои хонандагони болаёқат, инчунин, 75 гимназия ва 75 литсей таъсис дода шуд, ки дар онҳо барои қариб 106 ҳазор хонандагони лаёқатманду боистеъдод беҳтарин шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат мебошад.

Дар иртибот ба ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» қабул гардид.

Тибқи талаботи барномаи мазкур дар назди раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 72 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 650 маҳфили фаннӣ аз рӯи 24 фанни таълимӣ бо фарогирии 9610 нафар хонанда амал мекунад.

Бо таъсис ёфтани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муҳайё гардидани шароити мусоид дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан, мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бамаротиб афзудааст.

Агар хонандагони кишвар соли 2011 дар озмун ва мусобиқаҳо 96 ҷоиза гирифта бошанд, пас соли 2019 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар чандин давлати пешрафтаи дунё баргузор гардиданд, фаъолона иштирок карда, сазовори 251 медал, аз ҷумла 67 тилло, 66 нуқра ва 118 биринҷӣ гардидаанд.

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам хубтари таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат, соҳибкорон ва аҳолӣ бунёди садҳо муассисаи таълимӣ босуръат идома дорад.

Мусаллам аст, ки насли соҳибмаърифату донишманд муайянкунанда ва ташаккулдиҳандаи маърифати миллат мебошад.

Вобаста ба ин, се соли охир ба мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда истодааст.

Дар баробари озмуни мазкур, инчунин, соли сеюм аст, ки озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷараён дошта, барои кашфи истеъдодҳои ҷавон нақши муассир гузошта истодааст.

Озмуни мазкур саривақтӣ будани ташаббуси Ҳукумати мамлакатро собит намуд ва нишон дод, ки наврасону ҷавонони мо ба китобхонӣ ва эҷод намудан қобилияту истеъдод ва шавқу завқи зиёд доранд.

Фақат зарур аст, ки онҳо дастгирӣ ёбанд ва неруи ин табақаи фаъол ба самти созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ карда шавад.

Мо, ҳамчунин, бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки имрӯз дар кишварамон олимону донишмандони содиқ ба илм зиёданд ва ҷавонони боистеъдод бо пайравӣ аз онҳо ба роҳи илму ҳунар бо ҷасорати хосса ворид мегарданд.

Мо аз онҳо дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҳунар бозёфтҳои тозаро интизорем, зеро ҷавонони тоҷик ворисони мероси бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгони некноме мебошанд, ки назираш дар ҷаҳон кам аст.

Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати дастгирии наврасону ҷавонон бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат якчанд шабакаҳои нави телевизионӣ, аз ҷумла соли 2005 телевизиони «Сафина», соли 2006 «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон», соли 2015 телевизиони «Варзиш» ва дар заминаи он соли 2017 телевизиони «Футбол» ва соли 2020 «Илм ва табиат» таъсис дода шуданд.

Ҳадафи мо аз тамоми тадбирҳои амалигардида ин аст, ки насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд.

Зеро яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист.

Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардум, хусусан, наврасону ҷавонони камтаҷрибаро заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд ва боиси қафомонии давлат аз роҳи пешрафт мегарданд.

Такроран таъкид менамоям, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре дода наметавонад.

Имрӯз бисёр кишварҳо техникаву технологияҳоро аз давлатҳои аз лиҳози илму техника пешрафта харидорӣ мекунанд, аз ҷумла мо ҳам.

Барои чӣ мо наметавонем, ки иқтидори зеҳнии худро ба кор андохта, техникаву технологияҳои заруриро эҷод ва истеҳсол кунем, то ин ки дастнигари дигарон набошем?

Барои ин илму дониш ва саводу маърифати мардум, махсусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан зарур аст.

Таъкид месозам, ки бо хурофот касе ба ҷое намерасад.

Бинобар ин, мо бояд ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

Махсус таъкид месозам, ки нақши падару модарон дар ин масъала муҳим ва ҳалкунанда мебошад.

Вазифаи волидайн фақат ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбия ва фароҳам намудани шароит барои таълим ва рушди фарзанд аст.

Мутаассифона, баъзе падару модарон фикри ҳамаи чизро мекунанд, ғайр аз муҳайё кардани шароити зарурӣ барои таҳсил кардану саводнок шудани фарзанди худ ва ин корро ба мактабу омӯзгор ҳавола мекунанд.

Тайи даҳсолаҳои охир ман ҳамчун Роҳбари давлат бо 16 санади авф 160 ҳазор нафар шахсонеро, ки ҷиноят содир карда, ҳабс шуда буданд, авф кардам.

Ҳоло боз ҳазорҳо нафари дигар дар маҳбас қарор доранд, ки қисми зиёди онҳо ҷавонон мебошанд.

Ҳамаи онҳо низ падару модар доштанд, вале волидайн фарзандони худро аз хурдсолӣ бе тарбия гузоштаанд.

Чунин ҳолатҳо низ ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзе шахсони авфшуда баъди як моҳ боз ҷиноят содир карда, паси панҷара мераванд.

Хотиррасон месозам, ки вазифаи давлат на ҷазо додани одамон, балки фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбия, касбу ҳунаромӯзӣ ва зиндагиву фаъолияти орому осудаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Лекин падару модарон низ дар баробари давлат ва ҳатто бештар аз давлат барои таълиму тарбияи фарзандони худ бояд масъулияти баланд дошта бошанд.

Падару модарони муҳтарами мо, инчунин, вазифадоранд, ки ба масъалаи ба зиндагии мустақилона омода кардани фарзандони худ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.

Тибқи маълумот дар се солу чор моҳи охир дар кишвар 252 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Вале дар ҳамин давра қариб 38500 оилаҳои ҷавон пош хӯрдаанд, ки ниҳоят ташвишовар мебошад.

Дигар ҳолати нигаронкунанда никоҳи хешутабории наздик мебошад, ки падару модарон набояд онро нодида гиранд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар се соли охир аз 9,5 фоиз то 13 фоизи кӯдакон дар чунин оилаҳо маъюб таваллуд шудаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.

Моҳи майи соли 2016 ҷаласаи нахустини шӯрои мазкур баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баррасӣ гардиданд.

Шӯрои мазкур, ки дар назди раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ амал мекунад, ҳамчун як майдони муҳимми баррасии масъала ва мушкилоти соҳаи ҷавонон, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон васеъ истифода карда мешавад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки мо ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам месозем.

Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат мо соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карда будем, ки ба таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо мусоидат намуд.

Ин иқдом татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва фазои кору фаъолияти онҳоро дар муҳимтарин самтҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тавсеа бахшид.

Қобили зикр аст, ки мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони иншооти азиму тақдирсози кишвар, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дар тамоми корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем.

Аз 11 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд.

Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.

Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд.

Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони бонангу номуси мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлату миллат мебошанд.

Аз ин лиҳоз, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Яке аз самтҳои асосии дастгирии ҷавонон андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Зеро варзиш муҳимтарин шуғли инсон, қабл аз ҳама, ҷавонон буда, воситаи муассири беҳдошти саломативу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон, муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мебозад.

Мо дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва қабул кардем.

Санадҳои мазкур ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, бунёди иншооти варзиш ва баргузор кардани мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуданд.

Варзишгарони тоҷик танҳо дар панҷ соли охир дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёда аз 2700 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст оварда, ба шарофати пирӯзии онҳо парчами давлатамон борҳо дар фазои байналмилалӣ парафшон гардид.

Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи варзиш соли шашум аст, ки ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида мешавад ва то имрӯз 184 нафар варзишгарон, ки номи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардаанд, дар ҳаҷми умумии қариб чор миллион сомонӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумат ба ин соҳаи муҳим ҳоло шумораи мактабҳои варзиш ба 128, варзишгоҳҳо ба 124, майдончаҳои варзиш ба 7301, толорҳои варзиш ба 1807, ҳавзҳои шиноварӣ ба 92 ва иншооти махсуси варзиш ба 792 расида, ба кор оғоз кардани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе имкони баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро фароҳам сохт.

Барои муқоиса хотирнишон месозам, ки шумораи умумии иншооти варзиш аз ҳазор иншооти соли 1991 ба 10220 иншоот дар соли 2020 расонида шудааст.

Яъне шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз даҳ баробар зиёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда гувоҳи возеҳи ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошад.

Илова бар ин, дар назди дуюним ҳазор мактаби дар замони истиқлол сохташуда як толори варзиш ва як майдони варзиш низ бунёд шудааст.

Танҳо соли 2020, яъне соле, ки бо сабаби пандемияи коронавирус шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ ба миён омад, барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзиш ба маблағи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша, ки дар бунёди иншооти замонавии варзиш, яъне фароҳам овардани шароити беҳтарин барои наврасону ҷавонони Ватан ва дастгирии варзишгарон саҳми басо арзишманд гузоштаанд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Мо тасмим дорем, ки дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода, барои тарбияи варзишгарони касбӣ ва солимии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои соҳавӣ навъҳои мухталифи варзишро васеъ ҷорӣ карда, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки роҳбарону масъулони соҳа бояд ба куллан беҳтар кардани фаъолияти баъзе федератсияҳо, тарбия кардану ба камол расонидани варзишгарони касбӣ, истифодаи самараноки иншооти варзиш ва нигоҳубини онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Дӯстони азиз!

Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад.

Маҳз ба ҳамин хотир, дар яке аз суханрониҳоям гуфта будам, ки «Рӯ овардан ба ҷавонон – рӯ овардан ба оянда» мебошад.

Мехоҳам ин андешаро имрӯз низ таъкид намоям, чунки мо ҷавононро воқеан ҳам насли ояндасоз, соҳибони фардои Ватан ва давлат медонем.

Бо дарназардошти ҳамин далел, мо ба корҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани ҷавонони соҳибмаърифату баландихтисос, соҳибкасбу забондон ва лаёқатманду ташаббускорро, ки талаботи замони муосир мебошад, аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сар карда, то мақоми олии қонунбарор ва сохтору мақомоти марказӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои мавҷуда амалӣ карда истодаем.

Ҳамчунин, чанд сол қабл бо мақсади дастгирии ҷавонон ба Конститутсияи мамлакат тағйирот ворид кардем.

Таҷлили Рӯзи ҷавонон, ки ҳамчунин ба муносибати он ҳафтаи ҷавонон доир мегардад, имсол ба истиқболи сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ рост омадааст.

Бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар эъмори давлатдории миллии тоҷикон, ҳимояи дастовардҳои истиқлол ва рушду тараққиёти Тоҷикистон нақши ҷавонони бонангу номус бузург мебошад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани ин ҷашни муқаддас бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни омма, аз ҷумла наврасону ҷавонон тақвият дода, доир ба дастовардҳои кишварамон бо ҷалби олимону зиёиён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо, деҳаву маҳалҳои аҳолинишин, шаҳраку деҳот суҳбату вохӯриҳо ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад.

Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Зеро таҷрибаи ҳар давлате, ки роҳи рушди мустақилонаро пеш гирифтааст, нишон медиҳад, ки истиқлолу озодӣ ҳамеша ниёзманди ҳимояи ҷиддӣ аст.

Мо инро аз қадамҳои аввали соҳибистиқлолӣ, замоне, ки қувваҳои мухталиф борҳо кӯшиши шикаст додани давлати ҷавони тоҷиконро доштанд, равшану возеҳ эҳсос намудем ва барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя кардем.

Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Ҷавонони гиромӣ!

Тақвияти фаъолияти волонтёрӣ ва таҳким бахшидани иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар дар атрофи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки кор бо ҷавонон мебошад.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» аз 19 сентябри соли 2013 ин самти фаъолияти ҷамъиятӣ хеле рушд карда, ҳоло дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он ҳазорҳо нафар ҷавонон ба ҳайси волонтёр муттаҳид гардида, дар чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда истодаанд.

Мактаби волонтёрӣ барои ҷавонон ҳамчун арсаи ба ҳам овардани имконият ва неруи созандаи онҳо ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии манфиатбахш ва раванди худташаккулёбӣ мусоидат мекунад.

Мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки ин самти фаъолият боз ҳам тақвият бахшида, неруи қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дар навбати аввал, ҷавонон бо истифода аз тарзу воситаҳои волонтёрӣ ба ободу зебо гардонидани Ватани азизамон, ҳифзи муҳити зист, дастгириву кумак ба ятимону маъюбон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони ниёзманд равона карда шавад.

Бо ин мақсад, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки то моҳи ноябри соли ҷорӣ барномаи рушди волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2022 – 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дӯстони азиз!

Коршиносон фароҳам овардани шароиту имкониятҳои воқеиро барои омода намудани ҷавонони эҷодкору ҳунарманд ва соҳибкасбу соҳибихтисос яке аз роҳҳои асосии рушди босуботи иқтисодӣ мешуморанд.

Дар кишвари мо захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад, яъне аз панҷ чор ҳисса ё 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол ҷавонон мебошанд.

Ҳар сол дар кишвар зиёда аз 180 ҳазор нафар ба бозори меҳнат ворид мешавад, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар кишвари мо тайи даврони соҳибистиқлолӣ беш аз як миллиону 150 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2020-ум 193 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Мо ин равандро идома дода, тамоми чораҳоро андешида истодаем, ки ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё созем.

Таъкид месозам, ки аз шумораи умумии ҷойҳои кории таъсисдодашуда зиёда аз 70 фоизаш барои ҷавонон мебошад.

Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки тавассути ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус, дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳар моҳ ярмаркаи ҷойҳои холии кориро баргузор намоянд.

Илова ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат дар самти таъмин намудани ҷавонон бо шуғл амалӣ шуда истодаанд ва бо дарназардошти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 роҳбарону масъулини вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки фаъолияти худро доир ба бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои дастгирии соҳибкорӣ, инчунин, марказҳои нави касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ, ихтироъкорӣ ва паркҳои технологӣ барои ҷавонон ба таври ҷиддӣ вусъат бахшанд.

Бо дарназардошти ҳалли мушкилоти вобаста ба шуғли ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯйхати ном ба номи ҷавонони бешуғлро таҳия намуда, дар иртибот ба супориши Паёми Роҳбари давлат дар хусуси то соли 2025 соҳибкасб намудани ҷавонони то 25 – сола ва махсусан, бо роҳи зиёд кардани курсҳои касбомӯзӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Таъкид месозам, ки бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон, яке аз роҳҳои муассири рушди иқтисодӣ ва дар айни замон, омили кам шудани содиршавии ҷиноят ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо мебошад.

Тибқи маълумот танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд.

Вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Илова бар ин, дар миёни ҷавонон паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ низ ташвишовар мебошад.

Ҳамчунин, масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон низ нигаронкунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад.

Дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст.

Ҳарчанд ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.

Барои касе пӯшида нест, ки имрӯз дастовардҳои муосири технологӣ дар баробари осон намудани фаъолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт шароитро барои роҳандозӣ намудани шаклу шеваҳои гуногуни расонидани зиён ба худи инсоният фароҳам сохтаанд.

Хусусан, барои раҳгум сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.

Илова ба мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро ҷиддан халалдор сохта истодаанд.

Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд.

Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

Дар чунин шароит вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо ҷалби васеи зиёиён ҷиҳати ҳарчи зиёдтар огоҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои глобалии ҷаҳони муосир бояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон вусъат бахшида, иштироки боз ҳам фаъолтари онҳоро дар раванди эъмори давлати миллӣ ва ҷомеаи пешрафтаву мутамаддини иҷтимоӣ таъмин гардонанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, падару модарон ва фаъолон ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва наврасон тақвият дода, дар ин самт ҳарчи бештар чорабиниҳои таъсирбахш амалӣ карда шаванд.

Вобаста ба ин масъала, хотиррасон месозам, ки ҳалли мушкилоти ҳазорон нафар ҷавонони мо низ, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм доранд, аз ҷумла пешгирӣ кардани пайвастани онҳо ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ фаъолияти мунтазам ва ҳамоҳангшударо талаб менамояд.

Дар ин самт вусъат бахшидани фаъолияти Шӯрои маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба воситаи сафоратҳо, консулгариҳо, ҷамъиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ, муассисаҳои таълимии мамолики хориҷӣ ва пурзӯр намудани назорати ин масъала аз ҷониби вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳим мебошад.

Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ба фаъолияти маҳфил ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Тавре ки дар паёми Роҳбари давлат зикр гардид, ғамхории пайваста дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳо ба ҳисоб меравад.

Таъминоти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла дастгирии ятимони кулл ва аз оилаҳои камбизоат, ҷавонони имконияташон маҳдуд ва бекор самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муқаррар гардидааст, чунки ин гурӯҳи осебпазир, пеш аз ҳама, ба дастгирии давлат ниёз дорад.

Мо андешидани тамоми тадбирҳои заруриро барои соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонидану ба ҳаёти мустақилона омода намудани наврасону ҷавонон дар оянда низ идома медиҳем.

Шумо – фарзандони азиз, ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки ҳамаи заҳмат ва кору фаъолияти мо – калонсолон ба хотири муҳайё кардани шароити зарурӣ барои фардои ободу осудаи шумо равона шудааст.

Ояндаи давлат ва халқи мо ба шумо тааллуқ дорад ва маҳз шумо ҳамчун табақаи фаъоли ҷомеа умеду орзуи падару модар ва такягоҳи давлату миллат ҳастед.

Ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасоз, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон ва ба хизмати давлатӣ бештар ҷалб намудани онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлату Ҳукумат ва хусусан, Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад.

Яъне дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, инчунин, муҳайё кардани тамоми шароити зарурӣ барои тарбияву ба камол расонидани мутахассисони ҷавон минбаъд низ дар маркази диққати мо қарор хоҳад дошт.

Шумо, ҷавонони азиз, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошед, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доред, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред.

Шумо, фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед.

Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд.

Шумо – ҷавонони саодатманд, ки ояндасозони ин Ватани биҳиштосо ва фардои Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошед, метавонед дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз кунед, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонед ва қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намоед.

Шумо бояд ифтихор дошта бошед, ки насли замони истиқлол ҳастед ва дар Ватани озоду соҳибихтиёр зиндагӣ мекунед.

Фаромӯш насозед, ки истиқлоли давлатӣ асос ва таҳкурсии хонаи обод, сари баланд ва зиндагии орому осудаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад.

Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд.

Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем.

Мулоқоти навбатии мо аз он ҷиҳат ҳам таърихӣ хоҳад буд, ки дар давраи омодагӣ ба истиқболи арзандаи ҷашни мубораки 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Фардои ин Ватани азиз аз ташаббусҳои наҷиб ва анҷоми рисолатҳои бузурги шумо оғоз мешавад.

Мо ба шумо ҷавонон – неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед.

Бори дигар ҷашнро ба ҳамаи ҷавонони кишвар ва шумо, ҳозирини гиромӣ, самимона табрик гуфта, ба шумо – фарзандони азиз, тандурустӣ, бахту саодат ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду хушбахт бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Гузориш аз иштироки кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дави миллӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Май, 2021 - 14:41
Гузориш аз иштироки кормандани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дави миллӣ

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми марти соли 2007, №225 «Дар бораи рӯзи дави миллӣ» ва иҷрои супориши барқияи ҳукуматӣ аз 6-уми майи соли 2021, №24/10-16 кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар дави миллӣ санаи 16-уми майи соли 2021, соати 800 дар мавзеи дидбонгоҳи Чорбоғи, воқеъ дар самти шоҳроҳи Варзоб – Душанбе ҳозир шуда, дар дави миллӣ ширкат доштанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 12 Май, 2021 - 09:10
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расониданд ва бовар дорам, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд.

Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд.

Воқеан, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.

Дар ояти шастуми сураи «Тавба»–и Қуръони маҷид Худованд мефармояд: – «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад… ва барои мусофирон аст».

Ҳамдиёрони азиз!

Тавре ки то имрӯз чандин маротиба таъкид карда будам, тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон ва изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ соли 2021 аз ҳама ҷиҳат ва дар навбати аввал, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми сайёра дар таърихи 90 – 100 соли охир яке аз солҳои вазнинтарин хоҳад шуд.

Таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, ки хусусан, солҳои охир аҳолии сайёраро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ карда истодааст ва пайомадҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ дар бисёр кишварҳои дунё, аллакай, ҳамаи аломатҳои вазнини сол – болоравии нарху навои маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ аён шуда истодаанд.

Дар чунин шароит ҳамаи давлатҳои дунё дар фикри ҳалли мушкилоти худ мебошанд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ аз мову шумо вобаста нест.

Бинобар ин, ба тамоми ҳамватанони азиз ва махсусан, ба занону бонувони муҳтарам хотиррасон менамоям, ки заҳмати софдилона ва сарфаю сариштакорӣ роҳи ягонаи пешгирӣ кардани таъсири манфии ин раванд ба зиндагиву рӯзгори мардум мебошад.

Ба ин хотир, мо бояд ҳар рӯзро ғанимат дониста, барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва боз ҳам беҳтар бо маводи ғизоӣ таъмин намудани аҳолии кишвар кӯшиш намоем.

Яъне мо бояд тарзе кор кунем, ки дар кишварамон фаровонии маҳсулот таъмин гардад ва дар ҳар як оила барои тирамоҳу зимистони дарпешистода аз имрӯз сар карда, захираи зарурии озуқаворӣ ташкил карда шавад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон мо набояд ба умеди дигарон бошем ва тамоми саъю талошамонро ба он равона созем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ ба танқисиву муҳтоҷӣ дучор нагарданд.

Барои истеҳсоли маҳсулоти фаровони кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мо тамоми имкониятҳо, аз ҷумла замин, об, дигар шароиту захираҳои зарурӣ ва муҳимтар аз ҳама, мардуми заҳматдӯст ва кишоварзони асилу соҳибтаҷриба дорем.

Ба мо фақат зарур аст, ки аз имконияту захираҳои доштаамон, анъана ва таҷрибаву малакаи заминдориву кишоварзии аз аҷдодамон бамеросмонда самараноку оқилона истифода барем.

Махсусан, истифодаи пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ки солҳои вазнини 90 –ум мардумро аз гуруснагӣ наҷот дода буданд, имрӯз барои таъмин намудани ҳар як оила, фаровонии бозорҳо ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот бисёр зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Дар робита ба ин, зарурати риояи ҳатмии Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», яъне сарфаю сариштакориро ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо такроран таъкид месозам.

Агар як соли дигар сарфакорӣ кунем, бовар дорам, ки манфиати ин амалро ҳар як оила дар мавсими тирамоҳу зимистони оянда ҳатман эҳсос хоҳад кард.

Яъне мардуми мо дар фасли сармо ба азияту муҳтоҷӣ рӯ ба рӯ намешаванд.

Мо набояд ба зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофкорӣ, махсусан, исрофи нон ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ диҳем.

Воқеан, исрофкориро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад ва Худованд дар каломи осмонии худ дар ояти бисту ҳафтуми сураи «Исро» мефармояд: – «Ба дурустӣ ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст».

Ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ зарур аст, ки имкониятҳои молиявии оилаҳо барои тарбияи фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии аҳли хонадон, яъне беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии оила ва фарзандон, ободии хонаи истиқоматӣ ва маҳалли зист равона карда шаванд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо вазифадорем баробари иҷрои воҷиботи динӣ, ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ саъю талош намоем ва ободии Ватани маҳбуб, пешрафти давлати соҳибистиқлол ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистони азизамонро қарзи виҷдониву имонии худ шуморем.

Имсол мо 30 – солагии истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамонро ҷашн мегирем.

Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони азизи мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон аст ва ҳамчун давлати соҳибихтиёру озод соҳиби мақом ва овози баробар бо дигар ширкаткунандагони муносибатҳои байналхалқӣ мебошад.

Ҳар яки мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ба ҷо оварем, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тамоми саъю кӯшиши худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон равона созем.

Мо вазифадорем, ки сарзамини аҷдодиамонро обод кунем, рушди давлатамонро таъмин намоем, ба наслҳои оянда як мулки осуда ва давлати нерӯманду пешрафтаро ба мерос гузорем.

Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои ояндасози халқамон эътибори аввалиндараҷа ва ҷиддӣ зоҳир намоем.

Зеро давлатро ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус, соҳибмаърифату донишманд ва дорои касбу ҳунарҳои муосир, яъне кадрҳои баландихтисос бунёд ва соҳибӣ мекунанд, нуфузу обрӯи давлати соҳибистиқлоламон ва миллати куҳанбунёдамонро маҳз онҳо баланд мебардоранд.

Бинобар ин, наврасону ҷавонон бояд хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд.

Давлат ҳоло барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳоро муҳайё кардааст.

Соҳиби дониш ва касбу ҳунар гардонидани наврасону ҷавонон вазифаи падару модарон, фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа низ мебошад.

Мо бояд талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»–ро риоя кунем, фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят намоем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, муомилаву муоширати хуб ва риояи қонунияту тартибот ба камол расонем.

Ҳамчунин, мардуми шарифи кишварро даъват мекунам, ки мисли ҳарвақта муттаҳиду сарҷамъ бошед ва дар ҳама ҳолат, хусусан, дар ҳолатҳои вазнин якдигарро дастгирӣ кунед ва ба ҳамдигар ҳалиму меҳрубон бошед.

Махсусан, дар айёме, ки илова ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва оқибатҳои сахту сангини онҳо ба зиндагии мардуми сайёра таҳдиду хатарҳои муосир, дар навбати аввал, терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, амнияти бисёр давлатҳо ва мардуми онҳо, аз ҷумла Тоҷикистони моро халалдор мекунанд, мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем.

Вобаста ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, такроран таъкид мекунам: терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофот хатари ҷиддӣ барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа мебошад.

Аз ин лиҳоз, мардуми мо, алалхусус, ҷавонон бояд аз ҳадафҳои нопоки чунин гурӯҳҳо огоҳ бошанд, ба доми фиреби шахсони ҳангоматалабу дасисабоз ва ифротгарову хурофотпараст гирифтор нашаванд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро, ки дастоварду неъмати бебаҳои зиндагии халқамон мебошад, ҳифз намоянд.

Дар рӯзи иди саиди Фитр барои мардуми азиз ва кишвари маҳбубамон оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровонӣ орзу карда, хурду бузурги Тоҷикистонро даъват менамоям, ки ҳамдигарро ҳарчи бештар иззату эҳтиром кунед, ба қадри якдигар расед, накӯкору хайрхоҳ ва саховатманду ҳимматбаланд бошед.

Инчунин, ба оилаҳое, ки наздикону пайвандони онҳо дар натиҷаи муноқишаву задухӯрди чанд рӯз пеш дар сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара рухдода ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён карда, ба ҳамаи онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабам.

Ва ба шахсони захмишудаву осебдида шифои комил орзу менамоям.

Бори дигар иди саиди Фитрро ба мардуми шарифи Тоҷикистон табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод ва муҳимтар аз ҳама, оромиву осоиш орзу мекунам.

Ҳамеша саломату хушбахт бошед, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Ҳисоботи семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пажуҳиш” дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Апрел, 2021 - 15:08
Ҳисоботи семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пажуҳиш” дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон  “Пажуҳиш” баргузор гардид. Дар он 14 нафар аъзои ҳизб ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Шоҳмансур Вализода Муҳаммад иштирок карданд.
Дар кори маҷлис ҳисоботи семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пажуҳиш” дар соли 2021 шунида шуд. Баъдан, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Шоҳмансур Вализода Муҳаммад суханронӣ карда, ҳисоботи семоҳаро қаноатбахш шуморид.
     Дар маҷлис ба масъалаи фаъолиятҳои ҳизбиён дар ростои ватанпарастию ватанхоҳӣ ва хештаншиносию ифтихор аз он суханрониҳо сурат гирифта, итминон карда шуд, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба суйи арзишмантарин хостаҳои миллӣ ва зиндагии шоиста роҳнамоӣ мекунад.
     Дар охир ба як нафар корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Маҳмадёр билети ҳизбӣ супорида шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Баргузории машғулияти идоравӣ дар мавзӯи «Амалӣ намудани методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолиятӣ (хавфҳои коррупсионӣ)»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Апрел, 2021 - 15:09

Маълумотнома оид ба баргузории вохӯрии машваратӣ бо кормандони Кумита
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии машваратӣ доир ба мавзӯъҳои амалӣ намудани методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода, муовини раиси Кумита С. Раҳматуллозода, ҳайати кормандони Кумита ва муовини сардори Раёсати таҳлили ҳифзи коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулманнонзода Абдулмумин иштирок намуданд.
     Дар вохӯрӣ раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода оид ба амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, маҳфум ва моҳияти он ба иштирокдорон маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.
     Баъдан, муовини сардори Раёсати таҳлили ҳифзи коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулманнонзода Абдулмумин ҷиҳати риояи ҳатмии амалӣ намудани методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) шарҳи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” доир ба мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда фикру андешаҳояшро ба ҳозирин баён кард.
     Дар анҷоми машварат ба саволҳои кормандони Кумита намояндаи Агентӣ ҷавобҳои мушаххас дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Роль национального языка в глобализации культуры

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Март, 2021 - 11:11
Роль национального языка в глобализации культуры

В последние годы эксперты и социологи ведут споры о политических и экономических последствиях глобализации, но мало внимания уделяется взаимосвязи культуры с языком и литературой. «Взаимодействие народов и культур - важный фактор общественного развития», - считает председатель Комитета по языку и терминологии при Правительстве Таджикистана Олимджон Мухаммаджонзода.

 

По его словам, безусловно, арийский народ, как один из самых цивилизованных и культурных народов, в свое время сыграл незаменимую роль в развитии интеллектуальных знаний в мире.

Быстрые эволюционные изменения, с которыми мы сталкиваемся сегодня в различных областях, вынуждают нас с признанием потенциала таджикско-дарийского языка в глобальном представлении ценностей, культурных явлений и цивилизации арийского народа принять более эффективные меры.

«В ходе определения противоречивых слов и терминов, силы таджикского языка и литературы перед лицом глобализации мы сталкиваемся с угрозами, которые требуют тщательного анализа. В этой связи в качестве примера можно привести арийскую цивилизацию, которая всегда играла важную роль в мировом прогрессе. Бесспорен вклад арийских народов, в том числе таджикского, в развитие цивилизации и науки на протяжении всей истории. Однако различные факторы сделали сегодня арийскую культуру пассивной и неспособной представить другим нациям результаты этой поздней цивилизации в процессе глобализации», - отметил глава Комитета.

По его мнению, сегодня западная культура, от которой страдает сам Запад из-за серьезных моральных и психологических проблем, стремится быть доминирующей культурой во всем мире. Хотя очевидно, что в настоящее время морально-духовное западное мышление находится в тупике, и люди с целью выхода из него все чаще обращаются к религии и духовно - нравственным ценностям.

Следовательно, арийская культура, как одна из важнейших культур мировой цивилизации, несомненно, должна принимать активное участие в процессе глобализации. Для продвижения нравственной культуры в мире необходимо использовать различные средства. Учитывая, что одним из лучших способов представления культуры является литература и язык, нужно посредством активного общения, литературы и перевода изданий представить нашу культуру мировому сообществу.

Именно язык и литература могут оказывать эффективное косвенное влияние на общество и культуру других народов. Учитывая, что большинство ценных произведений таджикской литературы представляет древнюю арийскую культуру и цивилизацию, О. Мухаммаджонзода считает необходимым привить интерес к языку, более глубоко изучить, популяризировать и продвигать нашу литературу. Одной из широко распространенных форм популяризации литературы является книжная выставка.

В связи с этим следует осознавать возможности и потенциал таджикского языка и литературы, приложить усилия, чтобы эффективнее представить их мировому сообществу.

Очевидно, что таджикский язык - один из древнейших языков арийской общины в мире. История этого языка восходит, как минимум, к тысячелетию до нашей эры, а первые надписи на древнем таджикском языке относятся к VI веку до нашей эры. С тех пор таджикский язык как наследник древнеперсидского языка и арийской культуры всегда динамично развивался, эволюционировал и благополучно «пережил» различные периоды времени.

Например, спустя 1100 лет после смерти Рудаки, до сих пор для нас таджиков его стихи не сложны в понимании. Хотя за этот период огромное количество языков претерпело такие заметные изменения, что сегодня даже носители, за исключением экспертов, не понимают смысл древних текстов без перевода.

Современный таджикский язык, называемый «таджикский и дари-персидский», был сформирован в древнем Вароруде – Мавароуннахре, на протяжении веков был основой культуры и цивилизации таджикского народа и передавался из поколения в поколение.

Внимание к языковому контексту в сфере глобального сотрудничества может укрепить и расширить наши позиции в процессе глобализации.

Ученые и исследователи с мировым именем назвали таджикскую литературу «одной из величайших литератур человечества».

«Мы обладаем богатой древней литературой не только количественно, но и качественно. Например, только при дворе султана Махмуда было более четырехсот поэтов. Также известны имена тысячи поэтов, которые жили в период правления Сафавидов (1135-907 гг. хиджры), именно в то время, когда поэзия и литература покинули царский двор и продолжили свой путь среди народа. Таджикский язык и литература богаты также с точки зрения качества. Сегодня произведения Фирдавси, Хайяма, Саади, Балхи и Хафиза всемирно известны и оказали влияние на литературу многих стран. Многие понятия в драгоценном наследии таджикского языка и литературы относятся к общечеловеческим ценностям и принципам, в том числе произведение Джалолиддина Балхи «Маснавии маънави», призывающее человечество к терпимости, миру, любви и дружбе. Общеизвестный факт, что на протяжении многих лет данное произведение являлось одним из самых продаваемых в Соединенных Штатах Америки. Сегодня творчество Балха все больше приветствуется в мире, и как говорит известный английский ученый Рейнольд Николсон: «Люди Запада постепенно знакомятся с гением Востока, его произведения - источник вдохновения и радости, и в этом ни один другой поэт в мире не превзошел его». Следует отметить, что Николсон является знатоком исламской литературы, в частности поклонником и последователем Джалолиддина Балхи, и в течение 25 лет исследовал его произведение «Маснавии Мавлави». Саади же в своих произведениях уделяет большое внимание духовно-нравственным ценностям, считая людей членами одного организма, независимо от национальности, расы или цвета кожи», - пояснил специалист.

По мнению исследователей литературы, произведение Омара Хайяма - самое читаемое в России после Александра Пушкина. Как признается сам Президент Российской Федерации Владимир Путин: «Перед тем как приступить к работе, я каждое утро читаю стихи Хайяма, и советую всем руководителям при любых проблемах обращаться к его произведениям. Потому что изложеннные в его рубаи мысли касаются вопросов жизни и смерти, вселяют в человека надежду на жизнь и вдохновение».

То же самое можно сказать и о произведениях Хафиза Шерози и других выдающихся поэтов таджикской классической и современной литературы.

Это играет важную роль в развитии арийской культуры и цивилизации в процессе глобализации.

В произведениях таджикской литературы можно найти как выдающиеся образцы эпических произведений, так и новые образцы лирической и просветительской литературы, которые необходимы для ознакомления мировой цивилизации с нравственными и гуманитарными аспектами нашей культуры.

В процессе глобализации, когда мы имеем дело с разными народами, географиями, историями и культурами, мы должны при необходимости эффективно использовать наше литературное наследие. Подобно тому, как крупные производственные компании предлагают свою продукцию другим странам мира.

В области международного обмена, в частности культурного, средства коммуникации играют важную роль. Нам необходимо надлежащее общение, так как незнание иностранных языков может быть существенным недостатком в представлении и раскрытии потенциала культуры в процессе глобализации.

Мировая статистика показывает, что в настоящее время четверть населения мира свободно говорит по-английски. Естественно, ими в большей степени владеют интеллектуалы и деятели культуры. Однако, несмотря на предпринимаемые в стране усилия, большинство выпускников лингвистических и переводческих специальностей все еще не обладает достаточными знаниями иностранных языков. И если мы хотим занять достойное место в процессе глобализации нашей культуры и цивилизации, мы должны прилагать больше усилий для изучения иностаранных языков.

Кроме того, недостаточное владение компьютерными навыками также заставляет нас отставать в глобальном развитии, в то время как новые лингвистические, литературные и культурные теории каждый день обновляются и онлайн обсуждаются экспертами со всего мира.

«В связи с этим мы должны принять эффективные меры для решения этих вопросов посредством изучения, перевода культурного наследия, а также решения существующих проблем в этой области. Потому что в процессе глобализации мы не только можем извлекать пользу из истории и культуры народов других стран, но и можем представить национальную культуру и таджикскую литературу миру и широкому кругу читателей с помощью переводов», - сказал в заключение Олимджон Мухаммаджонзода.

Лутфия Эшонкулова

Манбаъ: http://www.narodnaya.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=13097:2021-03-19-10-29-18&catid=63:obshestvo&Itemid=170

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

«Забони миллат — ҳастии миллат»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Март, 2021 - 10:18
«Забони миллат — ҳастии миллат»

Соли 2020 ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Забони миллат – ҳастии миллат» аз чоп баромад. Он аз сарсухан, 7 боб, 40 фасл ва хулоса иборат буда, дар «Нашриёти муосир» бо сифати баланд ба табъ расидааст.

Тавре Пешвои миллат иброз медоранд, аз рӯзҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷик саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул ва барои пешрафти он барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ гардид. Ба хотири бузургдошти ин рукни муҳими давлатдорӣ дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол бо чорабиниҳои илмию оммавӣ таҷлил менамоем. Воқеан, «танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Муаллиф ҳадафи аслии чопи китобро дар сарсухан чунин баён кардаанд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳиси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳас­тиамро бо ҳастии забон пайванд медонам.».

Боби аввали китоб – «Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон» аз 6 фасл иборат буда, дар фасли якуми он дар бораи «Ҳуҷуми муғул ва оқибатҳои он дар сарнавишти тоҷикон» сухан меравад. Аз ҷумла, гуфта шудааст: «Ҳамлаи харобиовари лашкари муғул дар сарнавишти халқи тоҷик ва илму фарҳанги он шикасти азиме овард. Мардуми ҷафокашида пас аз он садсолаҳо натавонист шукӯҳу азамати пешинаи худро на дар сиёсату давлатдорӣ ва на илму фарҳанг барқарор намояд».

Муаллиф илова мекунанд, ки муносибати Чингизхон бо мардуми тоҷик хеле ваҳшиёна буд. Дар натиҷа, олимону донишмандон ва мударрисон кушта шуда, як қатор мактабу масҷидҳо, китобхонаҳо аз байн бурда шуданд.

Мақсади асосии онҳо несту нобуд кардани таърих, фарҳанги миллӣ, забон буд, ки ин мазмунро Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон низ ба ин мазмун зикр кардаанд: «Ҳар як давлат хоҳ хурд бошад, хоҳ бузург бо забон зинда аст ва забон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои нест намудани як давлат аввал забон, сипас таъриху фарҳанги онро аз байн мебаранд».

Дар фасли дуюми боби якум зери унвони «Забону адаби тоҷикӣ дар ин давра» ҳодисаҳои таърихии асри XII инъикос гардида, гуфта шудааст, ки дар нимаи дуюми он қарн забони тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ оҳиста-оҳиста ривоҷ ёфта, корбурди истилоҳоти забони арабӣ бештар мавқеъ пайдо намуд. Донишмандон, шоирон ва орифони тоҷикзабон, аз қабили Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз, Шабистарӣ, Авҳадӣ, Ибни Ямин, Ҷомӣ шоҳкориҳои ҷовидонӣ ба вуҷуд оварданд.

Дар фаслҳои дигари боби якум сухан дар бораи вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар давраи таназзули ҳукмронии муғулҳо, рушди забон ва фарҳанг дар ҳамин давра, вазъи сиёсиву таърихӣ ва забону адаб дар давраи давлатдории Темуриён рафта, муаллиф ибрози ақида менамояд, ки дар давраи ҳукмронии Темуриён забони тоҷикӣ дар тамоми коргузорӣ, дафтардорӣ, муросилот, идораҳо ҳамчун забони расмӣ ва дарбории онҳо корбурд мешуд.

Қобили зикр аст, ки дар он замони номусоид, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ, шахсони бузургу маърифатпарвар ҷаҳду талош варзиданд, то забону миллатро зинда нигоҳ доранд.

Боби дуюм «Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон» ном гирифта, аз шаш фасл иборат аст. Дар ин боб масъалаи муносибатҳои дигар қавму миллатҳо бо тоҷикон, аз ҷумла ҳиндуҳо ва ҳифз намудани забони ноби тоҷикӣ дар он кишвар, ташаккули робитаҳои иқтисодиву фарҳангии кишварҳои гуногун ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Фасли якум «Густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд ва даврабандии он» номгузорӣ шуда, робитаҳои миёни ҳиндуҳо ва тоҷиконро дар давраи ҳукмронии Сосониён муаррифӣ ва самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангро инъикос намудааст. Инчунин, муаллиф нуфузи забони тоҷикиро дар ҳамин давра ба ду давраи бузург, раванди густариши забони тоҷикӣ ва нашъунамои забони тоҷикӣ дар Ҳинд тақсимбандӣ намудаанд.

Фасли дуюм «Раванди густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд аз истилои араб то барқарор шудани сулолаи Темуриёни Ҳинд» унвон гирифта, дар бораи робитаҳои фарҳангӣ ва нуфузи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои Ҳинд маълумот медиҳад, ки дар он давра забони аҳли дарбор, забони расмии давлатӣ ва забони фарҳангии онҳо забони тоҷикӣ будааст.

Ҳамчунин, дар он аср аз ҷониби шоирони тоҷикзабони Ҳиндустон дар заминаи забони тоҷикӣ осоре ба чоп расиданд, ки дар таърихи адабиёт шуҳрати баланд доранд. Шахсиятҳои бузурге мисли Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Зиёуддини Нахшабӣ ва дигарон бузургтарин шоирони ҳамон давра ба шумор мерафтанд. Аксар пажӯҳишгарон Амир Хусравро нахустин шоири ҳинди тоҷиктабор номидаанд, ки тавонистааст, рӯҳи ҳиндуҳоро ба ин забони шево тараннум созад ва ормонҳои миллии мардуми кишварашро барои оммаи онрӯзаи Ҳинд баён намояд.

Муаллиф дар ин фасл оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Мирсайид Алии Ҳамадонӣ мухтасар ёдовар шуда, зикр мекунанд, ки «Саҳми Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар густариши забон ва фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ бузург буда, роҷеъ ба ӯ дар Тоҷикистон вобаста ба ҷашнҳои 680 ва 700-солагии ин мутафаккир мақолаҳои зиёде ба чоп расидаанд».

Фасли сеюми ин боб «Забони тоҷикӣ ва Темуриёни Ҳинд» унвон гирифтааст. Муаллиф роҷеъ ба таъсири муҳити Ҳинд ва фарҳангу тамаддуни он дар забони тоҷикӣ ёдовар шуда, менависанд: «Дар ин се қарн (XVI – XVIII) забону адабиёти мо дар ҳудуди Ҳиндустон доман густурда буд ва осори таърихию фарҳангию адабии олимону адибони ин минтақа на фақат дар тамаддуну афкори мардуми форсизабон, балки дар тамаддуну афкори дигар мардуми дунё таъсири қобили мулоҳиза дорад».

Фасли чоруми ин боб «Сабки ҳиндӣ ва вижагиҳои забонии он» унвон гирифта, дар он ҷиҳати боз ҳам нуфузи бештар пайдо намудани забону адабиёти тоҷикӣ ва форсӣ дар Ҳиндустон аз тариқи шеър, қасида, ғазал, маснавӣ, рубоӣ ва ғайра сухан меравад.

Дар фасли панҷум — «Фарҳангнигорӣ дар Ҳинд» бобати таҳия ва омода намудани луғатнома ва фарҳангномаҳо, аз қабили «Фарҳанги Қаввос», «Фарҳанги зуфонгӯё ва ҷаҳонпӯё», «Туҳфат-ус-саодат», «Фарҳанги Искандарӣ», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Чароғи ҳидоят», «Баҳори Аҷам», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот» ва луғатномаҳои «Маҷмаъ-ул-фурс», «Муайид-ул-фузало», «Мадор-ул-афозил» ва ғайра маълумот дода шудааст. Муаллиф иброз менамоянд, ки «Дар ин давра дар ҳамаи соҳаҳои илм ба забони тоҷикӣ осори зиёде навишта шудаанд, ки ин ба анъанаи фарҳангнигорӣ таъсири амиқ расонид. Фарҳангҳо воситаи беҳтарини омӯхтани захираи луғавии забон гардиданд ва ҳамчун дастури асосии истифода аз забони адабӣ шуҳрат пайдо карданд. Аз ин ҷост, ки замон ва рушду нумуи фарҳангнигорӣ дар ин сарзамин дар асрҳои XV – XVI хеле назаррас буд ва яке аз давраҳои пурмаҳсултарин ба ҳисоб меравад».

Фасли шашум «Дастурнависӣ ва дигар осори илмии забони тоҷикӣ дар ин давра» унвон гирифта, дар он оид ба вусъати дастурнависӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамон давра маълумот дода шудааст. Ин фасл фаъолияти шоирони тоҷиктаборро дар Ҳиндустон бо навиштани дастурҳои нисбатан маъруф инъикос намудааст.

Боби сеюми китоби «Забони миллат- ҳастии миллат» (ҷилди 2) «Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри XVI» унвон гирифта, аз шаш фасл иборат буда, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

 «Вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар ин давра» фасли якуми боби зикршуда аст. Дар он оид ба вазъи сиёсиву иҷтимоии сиёсатмадорон маълумот пайдо кардан мумкин аст.

Фасли дуюм «Забон ва адабиёту фарҳанг дар давраи Шайбониён» унвон гирифта, дар он ба боз ҳам беҳтар шудани манзараи сиёсиву таърихии забону адабиёт, рушду инкишофи илму адаб ва фарҳанг сухан меравад. Муаллиф дар ин фасл қайд мекунанд, ки новобаста аз он ки дар ин давра инкишофи илму адаб рӯ ба пастравӣ овардааст, аҳли адаб дар дарбору масҷидҳо баҳсу мунозираҳои адабӣ, суҳбати шеъру шоирӣ барпо менамуданд. Маълум мегардад, ки дар он давра таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба илм, адаб, таърих ва фарҳанг зиёд гашта, мехостаанд, ки бештар ба илм рӯ оваранд ва аз осори суханварони барҷаста бархӯрдор шаванд. Суханварон ва шоирони барҷастатарини он давра Бадриддин Ҳилолӣ, Камолиддин Биноӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ ва дигарон ба шумор мерафтанд.

Фасли сеюми боби сеюм «Мулоҳизаҳо роҷеъ ба сабки баёни суханварони асри XVI» оид ба афкори маънавии инсон, ҳодисаю воқеаҳои зиндагӣ ба воситаи услубҳои гуногуни забон ёдоварӣ мекунад. Дар ин фасл гуфта шудааст, ки «Осори хаттии то мо маҳфузмондаи асрҳои XV — XVI бо услуби илмӣ, бадеӣ ва расмии коргузорӣ иншо шудааст. Мероси хаттии ин давра бештар ба услуби бадеӣ, ки ба навъҳои қисса, достон, маснавӣ, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, қитъа, мухаммас, латифа ва ғайраҳо нигошта шудаанд, мутааллиқанд».

Пешвои миллат дар идомаи фасл дар бораи асарҳои эҷоднамудаи суханварони ҳамон давра ва фасеҳу таъсирбахш, одию дастраси мардум гардидани он, аз байн рафтани давлати Темуриён ва ба сари ҳокимият омадани давлати Сафавиён ва вазъи сиёсии он маълумоти муфассал медиҳанд. Инчунин, доир ба рушду пешрафти забону адаб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, гуфта шудааст, ки дар ин давра қафомонии иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар самтҳои маданият, адабиёт, назм ва ғайра ба назар мерасид, ки онро давраи таназзулу пастрафти забону адаб номидаанд. Бо вуҷуди ин забони коргузорӣ, номарасонӣ, шоирӣ форсӣ будааст.

Боби чоруми китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» (ҷилди 2) «Забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII -XVIII» унвон гирифта, аз ҳашт фасл иборат аст. Дар онҳо оид ба ҳукмронии давлати Аштархониён дар Мовароуннаҳр ва вазъи сиёсии он, рушди забону адабиёт, услубҳои забонӣ, хусусиятҳои забонӣ ва луғавӣ, хусусиятҳои калимасозӣ, санъати саҷъ ва хусусиятҳои забонии он, истифодаи истилоҳот ва баъзе аз хусусиятҳои дастури забон сухан меравад.

Рушди забон дар он давра ба фаъолияти суханварон пайванд буда, забони тоҷикӣ дар маҳфилҳои адабӣ зиёд истифода мешуд.

Яке аз адибони барҷастаи он давра, ки осори ӯ ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст, Сайидои Насафӣ мебошад. Муаллиф дар идомаи андешаҳояш чунин қайд менамоянд: «Забони асарҳои ин шоир аз забони зиндаи гуфтугӯйии халқ сарчашма гирифтааст. Сайидо сухансароест, ки забони шеъри тоҷикро ба забони гуфтугӯйии халқ наздик кардааст. Ашъори ӯро мутолиа карда, бевосита гуфтугӯ ва тарзи баёни халқи одиро эҳсос намудан мумкин аст. Дар шеърҳои ӯ гӯё худи халқ ба забон омада, ба калимоту ибороти хоси худаш ба гуфтугӯ даромадааст».

Дар фаслҳои боби зикршуда оид ба хусусиятҳои луғавии забон сухан рафта, дарҷ мегардад, ки забон ҳама ҳодисаеро, ки дар ҷомеа рӯй медиҳанд, инъикос менамояд. Зеро вазъи сиёсиву иқтисодӣ, нооромиҳо ва сангиниҳои замон ба рушду инкишофи забону адаб низ бетаъсир нахоҳад монд, чунки давраи ҷоҳилият ба амал омада, мактабу мадрасаҳо, хонаи фарҳанг, идораҳо дар мадди аввал аз фаъолият бозмемонанд.

Боби панҷуми китоби «Забони тоҷикӣ дар асри XIX» унвон гирифта, аз шаш фасл иборат аст. Дар фаслҳои он оид ба вазъи сиёсиву иҷтимоии давраи ҳукмронии Манғития, вазъи забону адаб, фарҳангнигорӣ дар асрҳои XVI — XIX, ҷараёни маорифпарварӣ ва мақоми он дар инкишофи забони адабии тоҷикӣ, таҳаввули таркиби луғавӣ ва такмили сохти дастурӣ сухан меравад.

Муаллиф дар идомаи фасл оид ба давлатдории манғитҳо ва вазъи забону адаб дар ин давра маълумот дода, қайд намудаанд, ки нимаи дуюми асри XIX марҳилаҳои душвори рушди забони адабии муосири тоҷик ба шумор мерафт, зеро сабку услуби забони тоҷикӣ дар ин аср забони классикӣ буда, бештар аз луғати арабӣ таркиб ёфта буданд. Баъдтар забони тоҷикӣ боз ҳам душворфаҳм шуда, ибораороиҳои зоҳирӣ, ҷумлабандиҳои мураккаб ва пурпечутоб бештар мавриди истифода қарор дошта, дар он калимаҳои номафҳуми арабӣ ба назар мерасиданд.

Шахсиятҳои барҷастаи ин давр Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсуддин Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Нақибхони Туғрал ба шумор мерафтанд, ки онҳо дар шеъру шоирӣ ва суханофаринӣ маҳорати беандоза доштаанд.

Инчунин, дар он давра фарҳанг­нигорӣ низ дар авҷи аъло расида, фарҳанги «Бурҳони қотеъ» бо фарогирии зиёда аз 20000 моддаи луғавӣ ҷойи намоёнро ишғол намудааст.

Дар баробари инкишофи илму адаб соҳаи маориф низ дар асри XIX рушд намуд, ки нақши маорифпарварон ва равшанфикрони замон бетаъсир намондааст. Яке аз шахсияти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он давра Аҳмад Махдуми Дониш буд. Муаллиф дар идомаи фасл қайд менамоянд: «Забони асарҳои маорифпарвар Аҳмади Дониш хусусиятҳои зиёди сабку услуби классикии тоҷикро дар бар гирифта, дар онҳо ба маъноҳои пешин ва ё мафҳумҳои махсус истифода шудани як гурӯҳ калима ва таъбирот мушоҳида мегардад».

Боби шашуми китоб «Вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон» унвон гирифта, аз чор фасл иборат аст.

Фасли якуми он «Вазъи сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоӣ дар давраи Қоҷория» ном дошта, дар он оид ба вазъи сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоии давлатдории Қоҷориҳо, ки яке аз қабилаҳои турки озарбойҷонӣ ба шумор мерафтанд, сухан меравад.

Фасли дуюм «Забону адаб дар давраи Қоҷория» ном дорад, ки дар он муаллиф оид ба равнақи илму фарҳанг ва забону адаб дар давраи Қоҷория ёдовар шуда, дар идома таъкид менамоянд, ки давраи аввали ҳукмронии сулолаи Қоҷориҳо барои забони форсӣ мисли давраҳои пешини ҳукмронии турктаборон замони печидагӯйию душворфаҳмӣ буд. Рушду густариши забони форсиро ба ду давра тақсим намуданд, яке давраи сулолаи Қоҷория то ҳукмронии Носириддиншоҳ ва давраи дуюм оғози ҳукмронии Носириддиншоҳ то солҳои бисти асри XX-ро дар бар гирифтааст.

Он давра бо забони форсӣ дар риштаҳои гуногуни илм, ҳикмат, калом, адабиёт, санъат, меъморӣ ва ғайра асарҳои зиёд таълиф шудаанд. Инчунин, аввалин донишгоҳ дар Теҳрон таъсис дода шуд, ки барои рушди забони форсӣ таъсир гузошта, дар он бештар мутахассисони низомӣ ва омӯзиши забонҳо омода мекарданд.

Шахсиятҳои шинохтаи он давра Мирзоаббос Фурӯғии Бастомӣ, Қоонии Шерозӣ, Муҳаммад Фаррухии Яздӣ, Эраҷ Мирзо ва ғайра шоирони барҷаста ба шумор мерафтанд.

Фасли сеюм «Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон» унвон гирифтааст. Дар он шакли давлатдорӣ ва ҳукмронии воқеӣ дар давлати Афғонистон инъикос гардидааст. Инчунин, дар давраи подшоҳии Темурхон писари Аҳмадшоҳи Дурронӣ, ки майл ба шеъру шоирӣ дошта, бо забони дарӣ шеър мегуфтааст ва ба равнақи илму адаб таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст. Ӯ шахсиятҳои бузурги ҳамон давра, аз зумраи шоирон, нависандагон ва уламоро ба дарбор даъват намуда, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамудааст.

Фасли чорум «Забон ва илму фарҳанг дар ин давра» ном дошта, дар он оид ба забони расмӣ будани забони дарӣ-тоҷикӣ, офаридани асарҳо бо ин забон сухан меравад. Тавре муаллиф бобати ин ­масъала менависанд: «Густариши забон ва адаби дарӣ-тоҷикӣ дар Афғонистон танҳо ба дарбор маҳдуд набуд, балки симоҳои барҷастаи он дар марказҳои маҳаллӣ, мисли Ҳирот, Балх, Бадахшон ва Ғазнӣ вуҷуд доштанд, ки онҳо аз қайду басти дарбор озод ва эҷодиёти онҳо рангоранг ва пурмуҳтаво буда, тараққихоҳӣ ва ҳақиқатнигорӣ дар эҷодиёти онҳо бештар ба мушоҳида мерасад».

На танҳо донистани забону адаб, балки омӯхтани илмҳои дигар шахсро аз ҷаҳолат, нодонӣ, таассуб ва кирдорҳои бад дур карда, инсонро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, сухандонӣ, рафтору кирдорҳои хуби инсонӣ тарбият менамояд.

Муаллиф хулоса менамоянд, ки «Дар ибтидои асри XX забони модарии мо аз сафарҳои дури байналмилалӣ баргашта, оҳиста-оҳиста дар паҳнои се кишвари бо ҳам ҳамсояи Тоҷикистону Афғонистону Эрон, дар меҳани азалии худ маҳдуд мешавад ва рушду густариши минбаъдаи он ба сарнавишти ин се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг бо ҳам мепечад».

Боби ҳафтуми китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» «Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри XX» унвон гирифта, аз 4 фасл иборат аст.

Дар фасли якум – «Забони тоҷикӣ дар арсаи паёмадҳои нави иҷтимоиву сиёсӣ» оид ба рӯйдодҳои иҷтимоиву сиёсӣ, пайдоиши аввалини рӯзномаву ҳафтаворҳои оммавӣ, ташкили мактаб­ҳои усули ҷадид, рушди маънавиёт, тағйир ёфтани зиндагии мардум дар асри XX, рушди минбаъдаи забони адабии тоҷикӣ, эҳёи осори фарҳанги ниёгон ва дигар масъалаҳо сухан меравад.

Бояд гуфт, ки дар ин давра равияи ҷадидия дар ҷараён буда, калимаи ҷадид маънои «нав, тоза»-ро ифода менамояд. Намояндагони ин равия мехостанд ташкили тарзи зиндагии аврупоӣ, ба вуҷуд овардани ҳама гуна навигарӣ, ворид намудани расму русуми замонавиро ҷорӣ намоянд. Онҳо бештар ғояҳои панисломиро тарғибу ташвиқ менамуданд. Муаллиф дар идомаи фасл таъкид намудаанд, ки «Намояндагони зиёди ҷараёни ҷадидия дар ибтидои солҳои 20-уми асри XX хатоҳои худро хуб дарк карданд ва бо ташвиқи равшанфикрони ҳақиқии миллати тоҷик, аз қабили С. Айнӣ, А. Муҳиддинов ва Т. Зеҳнӣ аз ин ҷараёни дарвоқеъ барои таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷик нангин худро дур гирифтанд».

Дар фасли дуюм – «Пайдоиши матбуот ва таъсири он ба забони тоҷикӣ» оид ба равияҳои нави фарҳангӣ дар сабки нависандагӣ ва ворид намудани тағйирот ба таркиби луғавии забон сухан меравад. Дар ин давра рӯзномаву маҷаллаҳо бо забонҳои форсӣ, ӯзбекӣ, туркӣ, озарӣ ва тоторӣ бо муҳимтарин рӯйдодҳо нашр шуда, ба кишварҳои Осиёи Миёна низ дастрас мешуданд, ки боиси пайдо шудани калима ва истилоҳоти нав мегардиданд.

Муаллиф таъкид мекунанд, ки рӯзнома ва рӯзноманигорӣ дар сарзамин нисбат ба кишварҳои форсизабон дертар ба вуҷуд омад. Нахустин рӯзномае, ки бо забони тоҷикӣ нашр шуд, «Бухорои шариф» буд, ки шумораи аввалини он 11-уми марти соли 1912 чоп гардид. Ба ҳамин хотир ҳар сол ин рӯзро ҳамчун Рӯзи матбуот ҷашн мегиранд. Дар рӯзномаи мазкур бедории миллии тоҷикон, ҳисси ватанхоҳиву озодихоҳӣ ва додхоҳии миллати тоҷик, покизагии он ва дигар масъалаҳои марбут ба он инъикос шудаанд.

Фасли сеюми боби ҳафтуми китоб «Сабку услуби калимасозӣ ва истилоҳсозӣ дар ин давра» унвон гирифтааст. Дар он оид ба пайдо шудани дигаргуниҳо, ба майдон омадани равшанфикрон ва шахсиятҳои намоёни фарҳангиву сиёсӣ ва забону адаб, аз қабили Мирзо Сироҷи Ҳаким, Тошхоҷаи Асирӣ, Абдуррауфи Фитрат ва дигарон маълумоти муфассал дода шудааст. Онҳо дар рушди забону адабиёт, махсусан калимасозӣ ва истилоҳсозӣ дар забони тоҷикии асри XX саҳм гузоштаанд.

Муаллиф таъкид менамоянд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазорсола вобаста ба тағйироти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ якранг намонда, мунтазам тағйир ёфтааст ва зина ба зина марҳалаҳои бузургро аз сар гузаронидааст, инчунин дар асри XX хеле босуръат рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Фасли чоруми ин боб «Хусусиятҳои хоси луғавӣ ва дастурии ин давра» унвон гирифта, аз нигоҳи илмӣ омӯхтани масъалаҳои корбурди истилоҳот, шаклҳои гуногуни калимаҳои умумиистеъмол ва дигар масъалаҳои марбут ба истилоҳотро тавзеҳ додааст.

Ҳамин тариқ,  «Забони миллат — ҳастии миллат» (ҷилди 2) вазъи забонро дар давраҳои гуногун мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст. Албатта, пас аз нооромиву нобасомониҳо дар он давраҳои бисёр шадид кас бовар намекунад, ки аз ин забон, фарҳанг ва миллат осоре боқӣ мемонад, вале новобаста ба хунрезиҳо, вайронкориҳо ва харобкориҳо шахсиятҳои бузургу маъруф  забону миллатро зинда нигоҳ доштанд.

Дар китоб, ҳамчунин, дастовардҳои асрҳои XIII -XX ва зина ба зина ба он ноил гардидан зикр гардидааст, ки ҳар як хонанда пас аз мутолиаи он аз таърихи гузашта огоҳ шуда, боз ҳам ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва ҳувияти миллӣ дар қалбаш бедор мегардад. Зеро ба қадри неъматҳои бузург расидан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди содиқу вафодори кишвар аст.

Шаҳноза БУРИЕВА,

сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: http://sadoimardum.tj/maorif/zaboni-millat-astii-millat/

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Март, 2021 - 13:55
Созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот

Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зери Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:
- Барномаи иқдомоти амалӣ (Нақшаи роҳ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар заминаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ;
- Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва муташаккил, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ дар солҳои 2021-2022;
- Созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи олии баррасии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;
- Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон-Афғонистон байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи саноат ва маъданҳои Афғонистон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Манбаъ: http://president.tj/node/25366

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Март, 2021 - 20:00
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям.

Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин, ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.

Ҳарчанд ки дар давраҳои гуногуни таърихи ташаккули худ ин ҷашн таҳти таъсири монеаву маҳдудиятҳои зиёд қарор гирифтааст, вале бинобар асолати табиӣ, арзишу аҳаммияти ҷовидонаи мардумӣ ва фалсафаи нерӯманд доштанаш зиндаву поянда монда, то замони мо расидааст.

Дар ҷаҳонбинии ниёгони мо Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар тӯли таърихи дуру дарози мавҷудияти он қаламрави минтақаҳои мухталифро фаро гирифта, фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни оламро рангорангу ғанӣ гардонидааст.

Ва беҳуда нест, ки мардуми дунё ҳамдигарро бо ибораи зебои тоҷикии “Наврӯз муборак” таҳният мегӯянд.

Имрӯз мо бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон Наврӯз – ин ойини бебаҳои аҷдоди худро эҳё кардем ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё намудем.

Воқеан, Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил мегардад, яъне баҳори имсола – баҳори истиқлол ва Наврӯзи он Наврӯзи истиқлол мебошад.

Бинобар ин, ҳамаи мо бояд корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддас вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои кишварро боз ҳам обод созем.

Дар ин самт, хусусан, соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша бояд беш аз пеш саҳм гузоранд, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоянд, иқтидори иқтисодии мамлакатро тақвият бахшанд ва барои ҳамватанонамон ҳарчи зиёдтар ҷойи корӣ таъсис диҳанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси мо танҳо дар ҳафт соли охир дар кишвар беш аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 60 фоиз коҳиш ёфт.

Мо бояд минбаъд низ амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии кишвар, рушди соҳаи кишоварзӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро вусъат дода, бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем.

Дар ин раванд, зарур аст, ки фаъолияти марказҳои таълими калонсолон куллан беҳтар карда, шумораи ҳарчи бештари сокинони мамлакат ба омӯхтани касбу ҳунар фаро гирифта шаванд.

Аз замонҳои қадим дар байни мардуми мо таомуле роиҷ буд, ки тибқи он Наврӯзро бо сару либоси идонаи миллӣ, хонаву кошонаи тозаву озода ва маҳаллу деҳоти ободу ороста истиқбол мегирифтанд.

Бовар дорам, ки ин анъанаи нек дар байни мардуми мо, махсусан, соли ҷорӣ, яъне соли воқеан таърихии сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватанамон густариши боз ҳам бештар пайдо мекунад.

Ҳамчунин, бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки кишоварзони шуҳратманди мамлакат ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода карда, барои ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор мегузоранд.

Хотирнишон месозам, ки баҳор фасли зудгузар мебошад.

Тибқи пешгӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ соли 2021 барои мардуми сайёра яке аз солҳои вазнинтарин ва ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд.

Дар чунин шароит мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва нагузорем, ки мардуми мо аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд ва муҳтоҷи дигарон шаванд.

Ман ба кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як ваҷаб замин доранд, муроҷиат карда, даъват менамоям, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳанд, аз як замин ду – се ҳосил рӯёнанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро зиёд намоянд.

Дар ин самт, зарур аст, ки барои бо маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар таъмин намудани ҳар як оила заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ низ самаранок истифода карда шаванд.

Хусусан имсол, ки таъсири пандемияи коронавирус, буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ва натиҷаи манфии он – болоравии нархҳо ва камчин гардидани маводи ғизоӣ ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба Тоҷикистони мо низ идома дорад, ҳар як сокини кишвар бояд ба ин масъала эътибори аввалиндараҷа диҳад.

Дар ин ҷода ба тамоми кишоварзони мамлакат, соҳибкорони бонангу номус ва кулли сокинони кишвари биҳиштосоямон барори кор ва муваффақият мехоҳам.

Ҳамватанони азиз!

Солҳои охир дар байни мардуми мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар арафа ва айёми иду ҷашнҳо шахсони дорои имконияти мусоид ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони эҳтиёҷмандро дастгирӣ менамоянд ва дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир мекунанд.

Дар робита ба ин, ба соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсоне, ки имконияту шароит доранд, хотирнишон менамоям, ки дар шабу рӯзҳои наврӯзӣ низ масъалаи расонидани кумаку дастгириро ба чунин шахсон фаромӯш насозанд.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кулли мардуми сарбаланди кишвар як нуктаро такроран хотиррасон месозам: мову шумо ҳаргиз фаромӯш накунем, ки давлати соҳибихтиёр ва Ватани соҳибистиқлол дорем, яъне Ватан аз мост ва бурду бохташ низ аз мост.

Пас, биёед, ҳама муттаҳиду сарҷамъона заҳмат кашем, мушкилоти иҷтимоии халқамонро бартараф намоем, сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем, Ватани маҳбубамонро обод кунем ва обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшем.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи кишварро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳамватанони бурунмарзӣ тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
2
Баҳои миёна: 1.5 (342 овоз)

Категория:

ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУБОРАК!

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Март, 2021 - 13:21
ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУБОРАК!

Муҳтарам кормандони Кумита, шарикон, дӯстон ва меҳмонони сомонаи расмии мо,

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусрати худ дар рӯзгори мардуми мо файзу шукӯҳи нав оварда, мақому манзалати волоеро касб кард. Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин ҷашн дар дунё ҳамчун ба унвони фарҳанги миллати тоҷик шинохта шудааст.
Наврӯз дар фарҳанги мо – тоҷикон рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимии мост, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба зиндагии шоиста даъват мекунад. Дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша намоянд.
Бо самимияти хоса мегӯем, бигзор Наврӯзи имсола ба Шумо ва аҳли хонадонатон, бо манзалату ҳикмати беназираш сиҳатмандии бардавом, осудагиву амонӣ, барори кор, файзу нусрат, баракати рӯзгор ва сарбаландиро чун кӯҳсорон эҳдо намояд.    
Расидани Наврӯзи куҳан ба сафҳаи наве аз умри он барои Шумо ва мардуми шарифи кишварамон хуҷаста бод ва ҳадяи ин айём неруи тозаи ҷисму рӯҳ, шодиву нишот, сулҳу ободӣ, тавфиқу пирӯзиҳо бошад!

Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад.

Бо камоли эҳтиром,
Раиси Кумита     Муҳаммадҷонзода О.О.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Март, 2021 - 19:50
Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.

Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва созмони ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.

Рамзи дуюм намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз - 2021” бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи якумро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2021 насб намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Март, 2021 - 18:00
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарони азиз!

Ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.

Яъне модар барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандаш аст.

Модар то вақте, ки дар қайди ҳайёт аст, фарзанд барояш мисли ҳамон тифлаки азизу ширини дирӯза аст: ӯро навозишу эҳтиёт мекунад ва ҳаргиз намехоҳад, ки доғи фарзандашро бинад.

Ба ибораи дигар, модар фарзанди худро бо тамоми вуҷудаш дӯст медорад, зеро фарзанд маънои ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, модар барои ҳар як шахс ниҳоят азизу гиромӣ ва муқаддастарин инсон мебошад.

Маҳз ба хотири ҳамин фазилату заҳматҳои модар бузургони адабу фарҳанг аз замонҳои қадим то имрӯз дар осорашон меҳру муҳаббат ва матонату садоқати ӯро ситоиш мекунанд.

Воқеан, тамоми бузургону фарзонаҳои оламро модар ба дунё оварда, ба мартабаҳои оламшумул расонидааст.

Вале мехоҳам як нуктаи муҳимро иброз намоям: ҳар қадаре, ки бузургон модарро ситоиш накунанд ва ба ҳар андозае, ки мо хизмати модарро ба ҷо наоварем, ранҷи бедорхобӣ ва заҳмати ҳатто барои як фарзанд кашидаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.

Мо ҳамеша ифтихор мекунем, ки модарону бонувони кишвари мо бо меҳрубониву самимият ва ҳунармандиву маърифати баланди худ маҳбуби дилҳо мебошанд.

Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.

Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад.

Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд.

Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.

Ман дар паёми навбатии худ ба фаъолияти занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар баҳои баланд дода, саҳми арзандаашонро дар таъмини пешрафти давлат, ободии Ватан ва сулҳу субот махсус таъкид намудам.

Имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат ба ифротгароиву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.

Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба мақомоти марбута супориш дода шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва амалӣ намоянд.

Бовар дорам, ки бо қабул ва иҷрои санадҳои мазкур мақоми занону бонувон дар ҷомеаи мо боз ҳам таҳким меёбад.

Тавсеа бахшидан ба раванди иштироки занону бонувон дар рушди иқтисодии кишвар, зиёд кардани ҳаҷми грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занону бонувони соҳибкор аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошанд, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалӣ шуда истодаанд.

Инчунин, бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ дар самти ташкил кардани корхонаҳои хурду миёна ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии занону бонувон ва оилаҳои камбизоат андешидани чораҳои мушаххас ба нақша гирифта шудаанд.

Дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарони мо имрӯз дар баробари соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона омода кардан, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, маърифати оиладорӣ ва ҳунари кадбонугӣ масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд.

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки модарону бонувони азизи мо рисолати худро дар ин самт низ бо камоли масъулият иҷро мекунанд.

Мо рӯзи модарро ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фарорасии фасли баҳор ва дар арафаи ҷашни бузургтарину қадимтарини миллиамон – Наврӯз, ки ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҷашн мегирем.

Дар остонаи ин ҷашн бори дигар таъкид менамоям, ки Тоҷикистон на танҳо ватани Наврӯз, балки Сада, Тиргон, Меҳргон ва дигар ҷашну ойинҳое мебошад, ки дар ташаккул, ҳифз ва ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштани онҳо занону модарони мо саҳми арзишманд доранд.

Ва боиси ифтихор аст, ки аксари занону модарон ва духтарону хоҳарони мо имрӯз ба Наврӯз, ойину анъанаҳо ва арзишҳои неки миллӣ арҷ мегузоранд.

Вобаста ба ин, ба ҳар фарди бонангу номус, махсусан, ба наврасону ҷавонон хотиррасон месозам, ки падару модарон ва бонувону хоҳаронро дар ҳама ҳолат эҳтиром намоянд, нисбат ба онҳо ҳамеша меҳрубону дилсӯз бошанд, иззату ҳурмати калонсолонро ба ҷой оваранд ва дуои неки онҳоро гиранд.

Хотирнишон месозам, ки ин меъёр, яъне масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидааст.

Мо бояд аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҳамеша ба роҳи рост ва барои ҳифзи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ҳидоят намоем.

Бовар дорам, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд ва ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол мегиранд.

Бори дигар тамоми модарону бонувони азиз ва хоҳарону духтарони гиромиро ба ифтихори Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарону бонувони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

8-уми март - Рӯзи модар муборак!

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Март, 2021 - 11:30
8 март - Рӯзи модар муборак!

Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар

     Бонувони гиромиқадри маъвои маърифати мо!
     Шумоён ва дар шахсияти Шумо ҷумла занони кишвари азизамонро ба шарафи иди фархунда-Рӯзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда, барои ҳамагон баофиятӣ, саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно менамоям ва доимо хоҳони он ҳастам, ки тамоми хушиҳои рӯзгор насибатон бошад.
     Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Дар ин падида  рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст. Зеро, Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд.
     Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд.  Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид  мегардад.
     Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол- расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
     Ба занони арҷмандамон дар ин рӯзҳои фараҳафзо ривоҷу равнақ дар тамоми соҳаҳо ва ҳама хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ид муборак, занону бонувони арҷманд!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Умри миллат ба умри забон вобаста аст

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Феврал, 2021 - 16:12
Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумитаи забон ва  истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор

     Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо қарори Сессияи 30-юми Конференсияи генералии ­ЮНЕСКО моҳи ноябри 1999 эълон гардида, ҳар сол 21 феврал ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба ин масъала аҳамияти хоса зоҳир мешавад.
     Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд. Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо ҳимоя мекунад».
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (25 марти соли 2004) чунин иброз доштанд: «…Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад».
     Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати пешрафти забони модарӣ ҳамаи шароит ва имконот фароҳам гардида, дар ҳама соҳа такмил ёфта, пояҳои он мустаҳкамтар шуд. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».
     Забони модарӣ, забоне дар назар дошта мешавад, ки аз овони ширхорагӣ онро аз модару падар, бародару хоҳар ва ҳамқавмон шунида, ба он такаллум мешавад. Мутобиқи консепсияи маъмули сотсиолингвистӣ, онро одам бидуни омӯзиши махсус аз даврони тифлӣ, дар муҳити забонии махсуси хонаводагӣ меомӯзад.
     Меъёрҳое, ки забони модарӣ буданро муайян менамоянд, инҳоянд: 1. Тартиби азхудкунӣ. Мутобиқи ин меъёр, забони модарӣ дар оила аз ҳомилони забон — волидайн ба таври табиӣ бидуни тадрис аз худ мешавад. 2. Сифати аз худ кардани забон. Чун аз тифлӣ аз наздиктарин шахсон омӯхта мешавад, забони маънавиёти одам шуда, латифтарин маъниҳои забониро бо он метавон баён кард. 3. Доираи истифода. Дар байни забонҳое, ки инсон меомӯзад, забони модарӣ серистеъмол ва фаҳмотар маҳсуб мегардад. Ин аст, ки баъзеҳо аз доираи забони адабӣ берун рафта, бо гӯйиши маҳаллӣ суҳбат карданро авлотар медонад.
     Дар Тоҷикистон баробари забони тоҷикӣ, забонҳои бехати эронинажоди бадахшонӣ ва яғнобӣ мавҷуд аст, ки аз забонҳои шарқи эронии давраи миёнаи таърихи забонамон маншаъ мегиранд. Забони модарии шахсоне, ки ба ин забонҳо гап мезананд забони яғнобӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, язғуломӣ, бартангӣ, рошорвӣ, вахонӣ, мунҷонӣ ва ғайра мебошад. Аз сабаби он ки забони тоҷикӣ бо забонҳои зикр­шуда қаробат дорад ва ба ҳайси забони асосӣ омӯхта мешавад, онро метавон забони модарии онҳо низ номид. Дар баробари тоҷикон миллатҳои ӯзбек, рус, қазоқ, қирғиз, туркман ва ғайра ба сар мебаранд, ки дар муҳити бисёрзабонӣ яке аз забонҳои модарӣ метавонад ба ҳайси забони миёнрави байни қавму миллатҳо хизмат кунад. Ба ибораи дигар, дар асоси ташаккули меъёрҳои забони модарии ин ё он қавму миллат метавонад забони миллии он кишвар ба вуҷуд омада, ба унвони забони давлатӣ қабул гардад. Ҳамин хусусиятро дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ дорад, зеро вай дар тӯли садсолаҳо ба унвони забони модарии аксарияти мардуми ин сарзамин тараққӣ карда, ҳамчун забони миллӣ сабзида, меъёрҳои савтӣ, сарфию наҳвӣ ва луғавии он сайқал ёфта, барои таъмини ниёзҳои мардуми сарзамин ҳама имконоти забониро доро мебошад.
     Дар дунё забонҳои модарие мавҷуд аст, ки таркиби луғавии бой надоранд ва дар давраи ибтидоӣ зиндагӣ мекунанду ниёзҳояшон бо ҳамин калимаҳо бароварда мешаванд, аммо забонҳои модарии дигаре ҳаст, ки фонди асосии луғавӣ ва таркиби луғавии пуриқтидор доранд ва дорои ҳазорон калимаю ибора, фразеологизмҳо, зарбулмасалу мақол ва таркибҳои гуногун мебошанд. Забонҳои пуриқтидори модарӣ аз доираи хонаю маҳал ва минтақа убур карда, метавонад сарзамини бузургеро бо ҷамъияти миллионнафарӣ фаро гиранд. Таркиби луғавии ин гуна забонҳо барои баёни истилоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум, имкониятҳои фаровон дорад. Яке аз ҳамин гуна забонҳо забони модарии мардуми тоҷик аст.

Сахидод Раҳматуллозода,

муовини раиси Кумитаи забон ва  истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор

Манбаъ: №23 (4285) 20.02.2021 Садои мардум
нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
http://sadoimardum.tj/far-ang/umri-millat-ba-umri-zabon-vobasta-ast-2/
Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Забон ва ҷомеа: Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 - 2030

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2021 - 15:21

     Рӯзи 28-уми ноябри соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 647, "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030" тасдиқ гардид. Дар муқаррароти умумии "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030" омадааст, ки Барнома ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд. Дар ин суҳбат мутахассисони соҳа аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳия ва тасдиқи барномаи мазкурро шарҳ доданд.


Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Феврал, 2021 - 14:05
Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ»
Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ
(бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ)


     Имрӯз 19-уми феврали соли 2021, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумита, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудирони шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шуъбаи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, шуъбаи адабиёти классикии Нашриёти «Адиб», Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, оид ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ маърӯзаи худро ироа намуданд.
     Бояд зикр намуд, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид ва он аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола дар тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад.
Баъдан дар идомаи мизи мудаввар муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С., узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Ҳасани Султон, мудири шуъбаи адабиёти классикии Нашриёти «Адиб» – Муҳтарам Ҳотам, намояндагони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ – Мирзоев С., Тӯраев Б., мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ – Мирбобоев А., сардори кафедраи забонҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатшоева А. маърӯзаҳои худро қироат намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, масоили марбут ба забони модарӣ баррасӣ шуданд.
     Мизи мудавварро дар мавзӯи «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ муовини раиси Кумита, доктори илми филология – Раҳматуллозода Сахидод ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва рушди забони миллӣ дили бедор, иродаи устувор ва комёбиҳо орзу намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Феврал, 2021 - 10:17
Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввар бахшида ба
Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ»
(19-уми феврали соли 2021, соати 10:00, дар толори Кумита)


Ассалому алайкум!
Устодони арҷманд,

Иштирокдорони мизи мудаввар!

     Иштироки Шуморо, ба чорабинии бахшида ба  Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар мавзӯи «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ» хайра мақдам гуфта, ба Шумо дар пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ муваффақиятҳо  хоҳонам.
     Бояд, зикр намуд, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё 21-уми  феврал ҳамчун Рӯзи   байналмилалии  забони модарӣ эълон гардид ва он аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола дар  тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад.
     Санаи мазкур ба хотири 5 донишҷӯи шаҳидгардидаи банголӣ, ки дар гирдиҳамоии соли 1952 бо мақсади ҳимоя аз забони банголӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани он дар Покистон сурат гирифта буд, интихоб гардидааст.
     Забони модарӣ инъикоскунандаи таърих, фарҳангу маданият, урфу одат ва анъанаи ҳар як миллат ба шумор меравад. Хазинаи маънавии ҳар як миллат ин забони ӯст. Чизи аз ҳама муҳим ва асосии ҳар як фард ин забони модарии ӯст, ки ӯ нахустин бор бо ин забон ҳарф гуфта модар, мегӯяд ва олами ҳастиро бо он мешиносаду дарк менамояд.
     Забон сарчашма, калид ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули  инсонҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва инсонпарварӣ  хидмат мекунад.
     Дар ҷаҳон беш аз 7000 забон  мавҷуд аст, ки ними зиёди он дар вартаи нобудшавӣ қарор дорад. Забонҳои маъмулу паҳнгардида дар давраи ҷаҳонишавӣ забонҳои  камнуфузро  маҳв мекунанд, ки дар оянда аз он забон  ҳарфе ҳам ҳатто боқӣ намемонад.
Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди тамоми забонҳои дунё гуногунпаҳлуии фарҳангу тамаддуни  мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати  тамаддуни оламиён аст.
     Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш   эҳтиром ба   тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, пайванди решаи дӯстии  инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.
     Зикр кардан бамаврид аст, ки соли 2010 бо дастгирии ҳукумати Норвегия аз ҷониби ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) китоби «Атласи забонҳои дунё» ба забонҳои англисӣ, франсавӣ ва испанӣ дастраси хонандагон гардид, ки дар он 2500 забон сабт гардидааст. Теъдоди забонҳо дар муқоиса бо нашри соли 1959 камтар аст, яъне дар зарфи 60 сол 230 забон аз байн рафтааст. Мутобиқи маълумоти ин китоб дар Тоҷикистон 11 забон дар маърази хатар қарор дорад, аз ҷумла: забони яғнобӣ, гурӯҳи забонҳои бадахшонӣ (бартангӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, вахонӣ, язғуломӣ ва ғ.).
     Забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ маъвои асосӣ ва сарчашмаи тамаддуни имрӯза ва  решаи забони  мост. Забони мо таърихи беш аз 4000-солаи хату алифбо дорад ва ин моро водор месозад, ки онро поку беолоиш  нигоҳ дошта, баҳри асолати он ва нобии он  бикӯшем, зеро  мо бояд мақоми ин забонро, ки замоне забони Ҷаҳони Шарқ буду то имрӯз  зинда аст, ба ҷаҳониён биомӯзем.
Яке аз заминаҳои ҳифзи ин забонҳо соҳибхат шудан ва ба роҳ мондани таҳқиқи онҳо  дар марказҳои илмӣ дар дохили ҷумҳурӣ  ва ҷалби муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ дар нашри осори шифоҳӣ ва таҳияи  фарҳангномаҳои муқоисавии ин забонҳо мебошад. Азбаски ҳамаи ин забонҳо ба Китоби Сурхи ЮНЕСКО ворид шудаанд, ин ҳолатро ба назар гирифта, марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ дар заминаи  алифбоҳои гуногун даст ба таҳияи алифбо ба ин забонҳо зада, китобчаҳо ва дигар маводҳо барои шиносоӣ чоп намудаанд ва бо ҳамин роҳ  дар ҷаҳони илм худро «ҳомию пуштибон»-и ин забонҳо муаррифӣ намуда, фазои  иттилоотии сиёсати худро  тарғиб намуда истодаанд.
     Дар қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст:
«1.Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. 2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад».
     Бо дарназардошти вазъи воқеии забонҳои бумии Тоҷикистон масъалаҳои ба роҳ мондани омӯзишу таҳқиқи ин забонҳо аз тариқи марказҳои илмӣ дар дохили ҷумҳурӣ, ҷалби муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ дар нашри осори шифоҳӣ ва фарҳангҳои муқоисавии ин забонҳо, ташкили экспедитсияҳои тобистонаи этнолингвистӣ дар Бадахшон ва Яғноб ба роҳандозӣ намудан мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳамчунин, бо мақсади таълим ва омӯзиши самарабахши забони давлатӣ ва бо он фаро гирифтани тамоми миллатҳо ва халқиятҳои маскуни кишвар аз ҷониби мутахассисон китобҳои дарсӣ, (худомӯзи забони тоҷикӣ) дастурҳои мухтасари забони тоҷикӣ барои ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ, фарҳангу муҳовараҳои умумию соҳавӣ, фарҳангҳои дузабона, сезабона, тафсирӣ ва мухтасар ба забони тоҷикию забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ҳар чи бештар таҳия ва нашр карда шавад.
     Барои ҳимоя ва рушду инкишофи  забони давлатӣ дар шароити кунунӣ, пеш аз ҳама, осори илмиву адабии худро дар шабакаҳои электронӣ ворид намуда, “хазинаи забони миллӣ”-ро  ба вуҷуд оварем.  
     Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд. Имрӯз ин забон забони расмии нишастҳо ва коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мебошад. Ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ низ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он оғоз мешавад.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ  эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад».
     Дар интиҳо ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ муборак гуфта, бароятон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ дили бедор, иродаи устувор ва комёбиҳо таманно дорам.

     Сарбаланду пирӯз бошед!

Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Олимджон Мухаммадзода: «Новая Программа повысит статус и значение государственного языка»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Январ, 2021 - 12:49
Олимджон Мухаммадзода: «Новая Программа повысит статус и значение государственного языка»

     В конце минувшего года Правительство Республики Таджикистан утвердило Программу развития государственного языка на 2020-2030 годы. Председатель Комитета по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан Олимджон Мухаммаджонзода рассказал о целях, задачах и методах реализации новой Программы развития государственного языка.
По его словам, принятие и утверждение Программы развития государственного языка Республики Таджикистан на 2020-2030 годы еще раз свидетельствует об особом внимании Правительства Республики Таджикистан к развитию таджикского языка, так как сегодня он в статусе государственного языка играет важную роль в укреплении национальной государственности и обеспечении устойчивого экономического, социального и культурного развития.
     «Период независимости создал благоприятные условия для всестороннего развития и становления таджикского языка как государственного. Именно в период истории новой таджикской государственности национальный язык был признан важным фактором единства наций и народов, проживающих в республике. Руководство и Правительство Таджикистана создали для этого благоприятные условия и возможности, а также соответствующую политическую и социальную среду для определения и разработки перспектив развития таджикского языка», - отметил глава Комитета по языку, добавив, что с этой целью 30 июня 2012 года была утверждена Программа развития государственного языка Республики Таджикистан на 2012-2016 годы, в рамках которой были разработаны 6 приоритетных направлений развития государственного языка.
Глобализация современного общества не умоляет проблем языка, напротив, с каждым годом заставляет обратить особое внимание на языковой вопрос. Принятие новой Программы по развитию и изучению таджикского языка было настоятельной необходимостью настоящего времени.
     Именно, признавая важность языковых вопросов, Правительство Республики Таджикистан одобрило Программу развития государственного языка на 2020-2030 годы, которая обеспечит прочную основу для развития языка в ближайшие десять лет. Первый этап охватывает 2020-2025 годы. В этот период будут разработаны проекты по внесению изменений и дополнений в нормативные акты и совершенствованию отраслевого законодательства. Второй этап охватывает 2026-2030 годы и включает в себя способы реализации исследовательских вопросов контроля и организационного обучения.
     «Программа предусматривает развитие государственного языка по нескольким направлениям, в том числе принятие мер по обеспечению нормативной базы, исследование теоретических и практических вопросов государственного языка, разработку и издание словарей и учебных пособий, изучение, контроль, анализ и реализацию государственной языковой политики», -подчеркнул председатель Комитета по языку и терминологии.
     Он отметил, что уважение к культурному и духовному наследию таджикского народа Лидер нации считает священным долгом каждого достойного носителя языка и напоминает об этом во всех своих выступлениях и поздравительных посланиях. В частности, выступая на торжественном мероприятии по случаю Дня государственного языка, Глава государства отметил: «Сегодня Таджикистан - это живой исторический музей с точки зрения языкового богатства. В Бадахшане и на верхних берегах реки Зеравшан сохранилось несколько древних языков, относящихся к группе восточно-иранских языков. Эти языки представляют собой специальный фонд для изучения истории языков. Мы должны приложить все усилия для сохранения этих национальных духовных богатств».
Программа предусматривает также изучение других языков, точнее, помимо знания государственного языка, изучение как минимум двух других языков. Это составляет основу государственной языковой политики, чему способствуют существующие нормативные акты.
Другая цель Программы - укрепление международных отношений в сфере защиты и развития государственного языка за пределами Таджикистана. В период вспышки коронавируса студентам пришлось перейти на дистанционное обучение. С учетом современных условий в стране и мире в рамках Программы энциклопедии, словари и учебные пособия, издаваемые в Таджикистане, будут переведены в электронный формат.
     «В целом, Программа предусматривает поэтапное развитие государственного языка во всех социально-экономических сферах. Реализация целей этой Программы в ближайшие годы и на последующих этапах будет способствовать развитию государственного языка и его норм», - заключил Олимжон Мухаммаджонзода.
     Следует отметить, что Программа развития языка на 2020–2030 годы - третья программа, разработанная и представленная Комитетом по языку и терминологии с момента обретения страной Государственной независимости.
Напомним, что 4 октября 2020 года Лидер нации Эмомали Рахмон, выступая на торжественном собрании, посвященном Дню государственного языка Республики Таджикистан, с учётом всех имеющихся недостатков поручил разработать и представить на рассмотрение Правительству страны новые правила орфографии и программу развития государственного языка.

Лутфия Эшонкулова

«Народная газета» — печатный орган Правительства Республики Таджикистан
Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» (Хиёнат, қисми 7)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Январ, 2021 - 11:56
Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» (Хиёнат, қисми 7)

       Имрӯз 21-уми январи соли 2021, соати 1600 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» (Хиёнат, қисми 7) баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
       Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» (Хиёнат, қисми 7) маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Бешарафӣ», ки тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои раднашаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд.
       Гарчанде ҳамагон аз таърихи хиёнаткориҳои ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ огоҳ ҳастанд, бо тамошои филми мазкур бори дигар нафрати ҳар як фарди бонангу баномус нисбат ба ин ташкилоти тундгарою ифротӣ зиёд мегардад. Дарвоқеъ, аз оғози филм мушоҳида мегардад, ки таҳиягарони он нахуст мардуми шарифи кишварро ба шукргузориву расидан ба қадри тинҷиву осудагӣ ва истиқлоли миллӣ даъват мекунанд, ки амри саривақтӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.
       Бояд ҳар як насли солиму бофарҳанги ҷомеа  фирефтаи доми хоинони ватанбезор ва хоҷагони хориҷӣ нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, худ ва дигаронро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, бомаърифативу бомаданиятӣ тарбия намуда, мунтазам барои созандагиву бунёдкорӣ ва осудагии миллат кӯшиш намоянд. Баръакси ҳамин ҳолатро дар аъмоли Муҳаммадиқболи Садриддин писари мулло Қаландар мебинем, ки ҳадди инсонии худро аз даст дода, нисбат ба Ватан хиёнатҳо мекунад.
       Дар баробари ин хурӯҷи COVID-19 ва кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус шоистаи таъкиду зикр ва таҳсин мебошад. Хушбахтона, ин кӯшиш ва талошҳои давлату Ҳукумат дар ҷодаи солимгардонии аҳолӣ хеле назаррас мебошад.  
       Баъдан, сардори шуъбаи танзими истилоҳот ва мудири бахши экспертизаи забоншиносӣ фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба филми мазкур баён намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои марбут ба филми мазкур баррасӣ шуданд.
Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва тансиҳатӣ орзу кард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Рушди забони давлатӣ — омили ҳастии миллат

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Январ, 2021 - 15:59

     Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Он ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳимоя мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигар равона шудааст.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 таъкид карданд, ки бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ бояд барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гиранд ва барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардида буд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ гардид.
     Мақсади асосии барнома рушди устувор ва ҳимояи забони давлатӣ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии забон буда, аз 5 фасл ва 75 банд иборат мебошад ва масъалаҳои эҳтиром ба забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф шудааст, истифодаи забони давлатӣ дар тарбияи маънавӣ, фарҳанги худшиносиву худогоҳӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи забони адабӣ аз унсурҳои ғайриадабӣ, гуфтугӯӣ ва бегона, танзими истилоҳоти соҳавӣ, эҳёи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла, номҳои тоҷикӣ, номгузории мавзеъҳои таърихӣ, хиёбонҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангӣ бо забони давлатиро дар бар мегирад.
Он дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шуда, давра ба давра татбиқ гардидани сиёсати давлатӣ дар бораи забон, танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи барномаҳои гуногуни омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои дигарро фаро гирифтааст.
Даврони соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин қадаме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ гузошт, дар Конститутсияи кишвар ҷойгир намудани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ буд. Мақоми забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ифода ёфтааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад».
     Миллат ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
Дар заминаи забони тоҷикӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ дар асоси муқоисаи хусусияти овоӣ ва дастуриву луғавии забони тоҷикӣ сурат мегирад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯхтани забони хориҷӣ ба манфиати кор буда, шахсе, ки донандаи чанд забон мебошад, аз таъриху фарҳанги миллати дигар огоҳ аст ва таъриху фарҳанги миллиро низ ба ҷаҳониён метавонад муаррифӣ кунад. Ин нуктаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба тариқи зайл зикр карданд: «Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳ­тиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.
Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд. Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан, забони муошират, яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо мебошад».
     Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот мебошад, ки дар фасли дуюми барнома зикр шудааст. Кумита фарҳангномаҳои соҳавиро, ки аз ҷониби мутахассисон таҳия ва пешниҳод мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода, барои мувофиқа ва коркарди он саҳм мегузорад. Муносибати амиқ ва илман дақиқ ба коркарду интихоби истилоҳот яке аз дастовардҳои ғанӣ гардидани захираи луғавии забон буда, дар рушду густариши минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард. Вобаста ба ин масъала муҳтарам Пешвои миллат чунин зикр намуданд: «Мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника таҳияи истилоҳ ё истилоҳсозӣ ба сифати омили тавонбахши забон дар ҷомеаи мо аҳамияти мубрам пайдо кардааст. Ба вуҷуд овардани забони илм бе таҳияву танзими истилоҳоти соҳаҳои мухталифи илм ва то ҳадди забони меъёр такмилу сайқал додани он ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки барои тавсеаи доираи калимасозиҳои мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода карда шавад.
Бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад. Мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем».
Барнома дар таъмини ҳатмии масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар ҳама вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, мусоидат хоҳад кард.
     Ҳоло яке аз масоили мубрами ҷомеа эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ мебошад, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ворид гардида, амалишавии он дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» аз 27-уми июли соли 2016 таҳти №325 ба роҳ монда шудааст.
«Эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ яке аз ­масъалаҳои мубрами сиёсати забони мо мебошад. Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд. Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад», — зикр карданд Пешвои миллат зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019.
     Барои расидан ба ҳадафҳои барнома лозим аст, то ба масъалаи таълим ва тадриси забон, такмили равишу усули самарабахши омӯзиши он диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҷус­туҷӯ ва пайдо намудани роҳу усули муассири таълими забон, истифода аз методҳои анъанавӣ ва санҷидашуда, ба кор бурдани таҷрибаи беҳтарини омӯзиш ва навовариҳо дар ин бахш ва такмили онҳо аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд.
     Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Бо ин мақсад, ҳоло вақти он фаро расидааст, ки ҳар як вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар татбиқи кору вазифаҳо, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардидаанд, сидқан саҳм гузошта, дар амалисозии он кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро иҷрои барнома қадами қатъӣ дар рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Шаҳноза БУРИЕВА,

сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ азамат ва шукӯҳ бахшиданд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Январ, 2021 - 13:41
Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ азамат ва шукӯҳ бахшиданд

Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо ҳама шоистагӣ муаррифӣ кард. Зеро он аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии давлатдорони Осиёи Марказӣ буд.

Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони расмии давлати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро пайваст ва асрҳо чун забони кории Роҳи бузурги абрешим хизмат намуда, рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо овард. Дар ҷаҳони муосир алҳол ин мақомро забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ ва арабӣ соҳибанд.

Муддате сангарҳои сунъии сиёсии онзамона садди инкишоф ва азамату партавафшонии хуршеди оламгири забони тоҷикӣ гашта, чун абри тираву тор болои забони соҳиб­рисолатро гирифт. Хушбахтона, забон ҳамеша қудрати ҳифз ва нигаҳдории истиқлолият ва ҳувиятро дошт. Бо тулӯи хуршеди Истиқлолият забони тоҷикӣ ҷавҳари маънавиро эҳё намуд ва бо ноил гардидан ба мақоми забони давлатӣ, ба иборае нафаси тоза кашид.

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, ки аҳамияти мақом ва мартабаи забони миллиро дар ташаккули давлати миллӣ хеле хуб дарк мекард, ҳанӯз дар даврони шӯравӣ адабиёти тоҷик­ро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишт. Вақте ки ­масъалаи вуҷуд ва бақои минбаъдаи миллатро таърих дар охири асри ХХ мубрам гардонид, вориси алломагону фарзонагон Исмоили сонӣ ва сиёсатмадори нотакрори арсаи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зербинои давлати тоҷиконро асос гузошта, сулҳу Ваҳдати миллӣ, амният ва суботи кишварро таъмин намуданд. Дар ин замина, миллат сарҷамъу муттаҳид, давлати мус­тақили Тоҷикистони муосир эъмор гардида, аз кишвари ақибмондаи дастнигар ба ҷумҳурии пешрафта мубаддал шуд.

Абармарди арсаи сиёсат, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон беш аз дигарон ва таври бояду шояд ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ, ҳамчун ба Модар – сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт арҷгузорӣ карда, мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Ҳоло ҳама шоҳиданд, ки забони тоҷикӣ аз лаҳни гуворои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад.

Боиси фараҳмандӣ ва сарбаландии тоҷикон аст, ки Тоҷикистони моро тамаддунҳои пешрафтаи муосири олами башарӣ, ба ҳайси як ҷумҳурии ҷавону соҳибистиқлол ва мутамаддини дорои неъмати бебаҳои сулҳу субот ва соҳибқудрат мешиносанд.

Пешвои миллат чанде пеш супориш доданд, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим шавад.

То кунун Пешвои миллат асарҳои мондагору пурарзиш ва пурқимат ба табъ расонидаанд, ки ин амал бори дигар шаҳодати шахсияти нодир, дилогоҳу мутафаккир ва донишманд буданашон аст.

Асарҳои бунёдии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», дар чор ҷилд, (Аз Ориён то Сомониён), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби якум), «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби дуюм) боз даҳҳо асару мақолаҳои дигар дар бораи дину ахлоқ, маънавият ва сиёсату иқтисодиёт ба хазинаи тиллоии фарҳангу миллати тоҷик ворид гардидаанд. Онҳо ба дили хонанда — аз олиму сиёсатмадор то деҳқону коргар роҳ ёфта, рисолати роҳнамоӣ ба фардои дурахшонро касб кардаанд.

 Гузашта аз ин, паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтдиҳандаи сиёсат, амнияту субот, иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва ҳаёти ҳаррӯзаи миллат мебошанд. Илова бар ин, оинаи тамомнамоянд, ки барои шинох­ти аслу пайванди хеш, хештаншиносӣ ва дарки масъулияту ватандӯстӣ ва ҷойгоҳу мақоми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мусоидат мекунанд.

Асари мондагору бунёдии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон — «Забони миллат – ҳастии миллат», китоби дуюм, ки ба ифтихори 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ ба табъ расид, баёнгари таърихи пуршараф, мақом ва манзалати забони тоҷикӣ мебошад.

Ба масъалаи забон рӯй овардани Пешвои миллат бесабаб нест. Чунон ки муаллиф ишора намудаанд: «Бақои тоҷик, забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурѓановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ, навишта ва эҷод шудаанд».

Мояи ифтихору сарбаландист, ки Сарвари давлат пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд ва забонро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат, ҳамчун муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд. Таълифи асари калонҳаҷми дуҷилдаи беназири «Забони миллат – ҳастии миллат» ҳам натиҷаи муҳаб­батҳои беандозаи Президенти кишвар нисбат ба забони модарӣ мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон, Роҳбари давлат онро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон ­эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Ҷаноби Олӣ дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон, бахусус, дар асари дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат» муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор дода, иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳими миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар баробари баррасии масоили марбут ба забоншиносӣ, доир ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ, давлатдории сулолаҳои гуногун аз замони Ҳахоманишиён то Ғазнавиён (китоби якум) ва аз суқути Ғазнавиён то давлатдориҳои гуногуни ибтидои асри ХХ (китоби дуюм) маълумоти амиқи таърихӣ дода, нуктаҳо ва саҳифаҳои номакшуфи таърихи халқи тоҷикро баён намудаанд.

Дар китоб перомуни ҳаёт ва эҷодиёти адибони барҷастаи миллати тоҷик аз қадим то ибтидои асри ХХ маълумоти муҳими илмӣ ҷой гирифтааст, ки бо таҳлилҳои илман асоснок, бо диди нави академӣ ва усулҳои нави таҳқиқ аз дигар асарҳо фарқ мекунад. Китоб саҳифаҳои наверо доир ба ҳаёт ва фаъолияти адибони давраҳои гуногуни таърихи адабиёт во намуда, намунаи барҷастаи таҳлилҳои адабиётшиносӣ дар замони муосир ба шумор меравад.

Пас аз сукуту таҳаммули тӯлонии зиёда аз ҳазор сол хуршеди азамат ва ҷалолу шукӯҳи забони тоҷикӣ, ки дар аҳди Оли Сомон партавафшон буду нурҳои зиёбахши он аз Мағриб то ба Машриқ, аз Ироқу Аҷам то ба Чин ва аз Мовароуннаҳру Хуросон то ба Ҳинд равшангари маърифат ба шумор мерафт, бо фазилати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тулӯи тоза кард. Бигзор ин тулӯи хуршеди забон тулӯи беѓурубу ҷовидона ва ҳумои толеи ин миллату забон дар фазои сиёсии ҷаҳон пуравҷ бошад.

Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» таҳия ва қабул гардид. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъсис ёфт, соли 2008 соли забони тоҷикӣ эълон шуд. Ҳар сол 5 — уми октябр таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба расмият даромад.

Забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омад. Ҳоло забони тоҷикӣ дар ақсои олам танинандоз аст ва ба ҳайси забони давлатӣ қудрату тавонои­ашро дар ҳама соҳаи ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмиву маърифатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷилва овард.

Маҳз бо ташаббусу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доманаи корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фарох гардида, зарфиятҳои он дар ифодаи муҳимтарин матлаб­ҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ба кор даромаданд.

Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ (равонаш шод бод) ба забондонӣ, ақлу заковат ва наттоқонаву воизона ҳарф задани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтиром арҷгузорӣ намуда, таъкид карда буд: «Ҷаноби Олӣ Президенти кишвар бевосита дар бораи забони модарӣ ва азиз доштани он суханҳое гуфтанд, ки банда дар ин умри худ, дар ин умри дарозу тӯлониам аз ҳеҷ як сарвари Тоҷикистон нашунидаам. Агар Сарвари кишвар нисбат ба забон ва фарҳанг бо чунин ҳақшиносӣ сиёсат пеш бигирад, шак нест, ки аз ҳалли душвортарин ­масъалаҳои рушди ҷомеаи навини тоҷикон умед метавон кард».

Манбаъ: Садои мардум
№3(4265) 09.01.2021
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид, ки дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ нақши муҳим хоҳад дошт

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Январ, 2021 - 15:55
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид, ки дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ нақши муҳим хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 08.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябри соли 2020 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид. Оид ба ҳадаф, вазифа ва усулҳои татбиқи барномаи нави рушди забони давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави НАВРӮЗ бо  Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: — Ҳадафи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз чӣ иборат аст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Қабул ва тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Даврони  истиқлол барои рушду ташаккули фарогири забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имконоти мусоид фароҳам оварда, он  рушду нумуи худро касб кард. Маҳз дар ҳамин давраи таърихи давлатдории навини тоҷикон забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шудааст.

Роҳбарият ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ин шароиту имконияти мусоид ва муҳити мувофиқи сиёсиву иҷтимоӣ фароҳам оварданд, ки дурнамои густариши забони тоҷикӣ муайян ва тарҳрезӣ гардад.

Дуруст аст, ки Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2012-2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2012 тасдиқ шуда буд, ки дар он 6 самти афзалиятноки пешбурди забони давлатӣ тарҳрезӣ шуда, ҷиҳати татбиқи он аз тамоми имконият истифода шуда, корҳои назаррасе анҷом ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, масъалаи рушди забон яке аз масоили мубрам дар ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад.

Ҷаҳонишавии ҷомеаи имрӯза мушкилоти забонро кам намекунад, баръакс, моро водор месозад, ки ба масъалаи забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем ва ҳамчун рукни давлатдорӣ барои мустаҳкам будани пояҳои он муташаккилона кор кунем. Бо дарки муҳим будани масъалаҳои марбут ба забон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он барои пешбурди кори забон дар даҳ соли оянда заминаи боэътимод мегузорад. Ин Барнома ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатиро водор менамояд, ки ба масъалаи забон аҳамияти хос зоҳир намоянд.

Барномаи мазкур  ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва  натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро  оид ба забон муайян намуда, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ,  маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, Барнома ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон равона шуда, барои рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.

Дар Барнома сиёсати давлатӣ оид ба забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо муайян гардида, дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди  ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа аҳаммияти махсус медиҳад.

Ба ҳайси ҳуҷҷати расмии давлатӣ Барнома роҳҳои асосии ҳалли масъалаҳои муҳими забониро муайян сохтаву дурнамои самти татбиқи забони давлатӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати таъмини маводи илмию таълимӣ ва лексикографӣ ва дар ин замина таҳия ва нашри фарҳангномаҳо, муҳовараҳо ва дастурҳои таълимиро зарур мешуморад, ки бо бознигарӣ манзури ҷомеа карда шаванд.

АМИТ «Ховар»: — Барномаи нави рушди забони давлатӣ, ки даҳ солро дар бар мегирад, аз чанд марҳила ва самтҳо иборат аст?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Барномаи нави рушди забони давлатӣ дар ду марҳила ва шаш самт роҳандозӣ мегардад.

Марҳилаи аввал солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад. Дар ин давра барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории соҳавӣ лоиҳаҳо таҳия мегарданд. Марҳалаи дуюм солҳои 2026-2030-ро дар бар гирифта, аз роҳҳои амалисозии масъалаҳои таҳқиқотии омӯзиши назорат ва ташкилӣ иборат мебошад.

Дар барнома таъмини рушди забони давлатӣ аз рӯи якчанд самт, аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои таъмини заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалияи забони давлатӣ,  таҳия ва нашри фарҳангномаҳо ва дастурамалҳо, омӯзиш, назорат, таҳлил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатии забон, ҳифзи забонҳои миллатҳо ва халқиятҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, он забонҳое, ки дар мамлакат мавриди истифода қарор доранд, муайян мегарданд.

АМИТ «Ховар»: — Дар барномаи нав барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ, ки хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: — Боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз ба ҳифзи забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, нигаронида шудааст. Ҷомеаи Тоҷикистон сермиллату гуногунхалқият аст. Ҳар миллату халқияти Тоҷикистон забони модарӣ ё забони аҷдодии худро дорад ва ба ҳамаи ин халқияту миллатҳо ҳуқуқи озодона истифода бурдан аз забони модариашон дода шудааст. Миллатҳое, ки дар қаламрави  ҷумҳурӣ гурӯҳи этникии муайян доранд, зери мафҳуми ақаллияти миллӣ шинохта мешаванд. Ба он забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғ. дохил мешаванд.   Ғайр аз ақаллияти миллӣ ақаллияти забонӣ мавҷуданд, ки қисми 2 моддаи 4 боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маҳз ба ҳимоя ва инкишофи онҳо бахшида шудааст.  Ба забонҳои ақаллияти забонӣ  забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ дохил мешаванд, ки дар таърихи миллати тоҷик нақши муайян доранд.

Арҷ гузоштан ва эҳтиром намудани мероси фарҳангиву маънавии миллатро Пешвои миллат  вазифаи муқаддаси ҳар соҳибзабони баору номус шуморида,  онро дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои табрикотии хеш иброз медоранд.  Далели гуфтаҳои боло ин суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мебошанд: «Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ музейи зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ мебошанд, дар Бадахшон ва соҳилҳои болоии дарёи Зарафшон маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд. Ин забонҳо хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, ки ҳифзу баррасии илмии онҳо бояд муҳайё карда шавад… Тағйироте, ки дар асоси талаботи давраи нави таърихи миллати мо ба вуқӯъ мепайванданд, забонҳои помириро ба тағйироти сифатӣ дучор хоҳанд намуд, вале мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин забонҳоро ба сифати бойигарии маънавии миллӣ нигаҳ дошта бошем». Инро ба назар гирифта як бахши муҳими ин Барнома ба ҳифзи забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ бахшида шудааст.

Барнома масъалаи омӯзиши дигар забонҳоро ҳам дар назар дорад ва дар баробари донистани забони давлатӣ, аз бар кардани на камтар аз ду забони дигар асоси сиёсати давлат дар бораи забонро ташкил медиҳад, ки ба ин кор санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда имконият медиҳанд ва дар татбиқи санад ва дастуру супоришҳои марбут ба ин масоил мусоидат мекунанд. Дар маҷмӯъ, Барномаи мазкур дар тӯли даҳ соли оянда нақшаю чорабиниҳои зиёдеро пешбинӣ менамояд, ки барои рушди забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли 2020 Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳо ва Вазорати маориф ва илм «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.  Президенти мамлакат  зикр карданд, ки дар баробари ин, мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем.

Инчунин Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба масоили истилоҳсозӣ зикр карданд, ки барои тавсеаи доираи  калимасозии мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода гардида, бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад.

Дар ин росто, Сарвари давлат таъкид карданд, ки «мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем».

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сеюмин барномаест, ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот таҳия ва пешниҳод мешавад. Ӯмед дорем, ки ҳадафу муҳтавои барнома ва амалисозии давра ба давраи нақшаи он натиҷаҳои хуб ба бор хоҳанд овард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Оид ба иштирок дар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Декабр, 2020 - 10:55
Оид ба иштирок дар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ

Дар асоси мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2020,
№2/1-905-6 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27-уми  ноябри соли  2020 оид ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷомеа
ба варзиш ва солимгардонӣ, ташкили машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, терренкур – роҳгардии саломатӣ ва велосипедронӣ
кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 12-уми декабри соли 2020 дар боғи
фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишери Навоӣ дар машқҳои пагоҳирӯзии дастаҷамъона иштирок намуданд.


Замима: Аксҳо
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Шарҳи як номвожаи суғдӣ – Саразм

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Декабр, 2020 - 15:02
муаллиф - Раҳим Зулфониён

Пас аз истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд менамояд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат - ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ мебошад ва ин муҳтаво дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқаррар шудааст. Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм, ки яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 21-уми сентябри соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Баъдан,... ҳангоми ташрифи худ Пешвои миллат ба Саразми Бостон солҳои 2003 ва 2005, ба ин шаҳри қадима чунин баҳо додаанд: «Саразм - хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик мебошад» (10, 34).

Ин икдоми нек ва хирадмандонаи Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, то аз тамаддуне, ки ҳанӯз дар ҳазорсолаи IV-III қабл аз мелод саразмиёни бостон ба мо - тоҷикон мерос гузоштаанд, баҳрабардорӣ намуда, дар ҳазорсолаи III мелодӣ аз пайи боло бурдани эътибору нуфузи иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон дар миқёси чаҳон бошем.
Хуллас, Саразм бо бозёфтҳои нодир, бо таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносии ҷаҳонӣ дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хосаи худро соҳиб гаштааст ва ҳамасола мавриди назари олимон ва сайёҳон аз тамоми гӯшаву канори дунё қарор мегирад.
Аҳамияти муҳимми Саразмро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат - Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгириии 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як нишони бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад. Пешвои миллати мо бо арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни  милати мо ҷиҳати куҳанбунёдиву таърихан қадима будани минтақаи Саразм барҳақ гуфтаанд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансуб буда,  аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм меебошад» (10, 34).
Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Мовароуннаҳр буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ташакул ёфтааст.
Дар омӯзиши таърихи чандинхдҳазорсолаи халқи тоҷик нақши олимони ватанию хориҷӣ, махсусан, бостоншиносон хеле бориз мебошад. Илми бостоншиносии тоҷик умуман, аз солҳои 30-юми асри гузашта рӯ ба ташаккул ва рушд ниҳодааст. Дар ин ҷода хизмати таърихшиноси бузург Б. Ғафуров ва асосгузорони илми бостоншиносии кишвар А.Ю. Якубовский, М.М. Дяконов, А.М. Белинитский, Б.А. Литвинский, В.А. Ранов ва даҳҳо нафари дигар хеле бузург аст. Маҳз хизматҳои арзандаву шоёни онҳо буд, ки тоҷикон аз гузаштаи таъриху тамаддуни ниёгони хеш бархурдоранд. Дар қатори чунин олимони намоён, муаррих ва бостоншиноси варзидаи асри XX, доктори илми таърих, профессор Абдуллоҷон Исҳоқов мақоми хоса дорад.
Дар ин корҳои хайр кашфиёти деҳшаҳри Саразм (1976) дар омӯзиши таърихи қадимтарини Панҷакент мавқеи асосиро ишғол мекунад.
Саразм деҳшаҳри асрҳои сангу мису биринҷӣ буда, дар ҳазорсолаҳои IV-III пеш аз мелод ташаккул ёфтааст. Вай аввалин ва қадимтарин маскани шаҳрнишини бани одам дар сарзамини Мовароуннаҳр ба шумор меравад. Ҳафриёти он ба мо имконият медиҳанд, ки зинаҳои аввалини таърихи Панҷакенти Суғдро омӯзем, зеро сокинони Саразм асосгузорони фарҳанги кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, тиҷоратӣ, меъморӣ, маъдангудозӣ ва касбу ҳунарҳои дигар буданд. Маҳз дар ин асос, метавон гуфт, ки суғдиён халқи қадимтарини водии Зарафшонанд.

Соли 1976 таърихи водии Зарафшон саҳифаҳои нави худро боз мекунад. Яъне шаҳраки қадимаи суғдиён - Саразми Бостон аз тарафи Абдуллоҷон Исҳоқов кашф мегардад.
Кашфи Саразм дар ноҳияи Панҷакент яке аз дастовардҳои маъмули даҳсолаҳои охири асри XX дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ - намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад.
Мероси умумибашарӣ - ёдгориҳои табиӣ ва иншоотҳои эъморгашта мебошанд, ки тибқи муқаррароти ЮНЕСКО вазифаи аввалиндараҷа ин нигоҳдорӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва экологии онҳо мебошад.
Дар солҳои 70-ум дар ҷумҳурӣ ҳангоми азхудкунии заминҳои нав ва корам кардани онҳо, хатари нестшавӣ бисёр аз ёдгориҳои ҷумҳуриро таҳдид мекард. Дар мавқеи ҷойгиршавии ёдгории Саразм, ки ҳанӯз олами илм аз он хабар надошт, низ азхудкунии заминҳои нав оғоз гардида буд. Деҳқонон ва аҳолии маҳаллӣ ҳангоми кор чизҳои атиқа, ба монанди кӯзаҳо, олоти биринҷӣ, ашёҳои ороишӣ ва ғайраҳо меёфтанд, вале касе аз онҳо дар бораи ин бозёфтҳо ба Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ хабар намедод. Танҳо як нафар аз аҳолии маҳалла, қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ашуралӣ Тайлонов соли 1976 дар бораи табари биринҷие, ки 6 сол боз дар хонааш нигоҳ медошт, хабар дода буд (1, 3). Ва вақте, ки соли 1977 димнаҳои ин шаҳр аввалин маротиба аз тарафи бостоншиносон таҳқиқ карда шуданд, ин ҳангомаи ҳақиқӣ, бузургтарин кашфиёти аср дар илми таърих - бостоншиносй гардид. Боз деворхо ва бурҷҳои шаҳр, ки 5500 сол пеш нашъунамо карда сохта шуда буданд, рӯшноиро дид, ки ҳоло яке аз ёдгориҳои қадимтарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

    Ин буд, ки барои ба ҷаҳониён нишон додани таърихи куҳани Саразм ва мавқеву мақоми он дар қатори ёдгориҳои қадимаи кишоварзии шарқ А. Исҳоқов ва дигар бостоншиносон дар як қатор ҳамоишҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (1979 ва 1994), Вашингтон (1981 ва 1986), Париж (1985), Узбекистан (1983 ва 1987), Олмон (1992), Эрон (2003), Италия (2007) ва Африко (2008) маърӯзаҳои илмӣ намудаанд. Инчунин, як қатор монографияхо ва асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки ба ин маҳалла бахшида шудааст, аз тарафи Исҳоқов А.И., Пянкова Л.Т., Эшонқулов У., Раззоқов А.Р., Бобомуллоев С. (аз Тоҷикистон), Безенвал Р., Франкфорт А.П., Лионе В., Казанова М. (аз Фаронса), Ламберг Карловский ва Колл Ф. (аз ИМА), Массон В., Кошеленко Г.А. (аз Россия) ва дигар олимон бо забонҳои гуногун нашр гардидаанд.(1, 4)
Нуъмон Неъматов - академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррих ва бостоншинос навиштааст: "Шаҳраки Саразм бо маҷмӯи бойи меъмориву сохтмон бо иншоотҳои хоҷагиву рӯзгордории чаҳор давраи зистро чун маркази фарҳанги аҳди қадимаи кишоварзии болооби Зарафшон, ки бо фарҳанги Ҷанубу Ғарбии Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна алоқамандии зич дорад, муаррифӣ менамояд" (1, 4).
Муаррих бозёфти сабади пур аз дастхати суғдиро, ки аз  қалъаи Абаргари болои Қӯҳи Муғ асту онро соли 1932 чӯпон - Ҷӯраалӣ Муҳаммадалӣ дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ пайдо намуда буд, кашфиёти Саразмро саҳифаи дувуми таърихи ин сарзамин  медонад. Он дастхатҳо пури ҳуҷҷатҳо ва навиштаҷоти суғдӣ, хитоӣ ва арабӣ буданд. Сабадчаи таърихӣ даст ба даст, шаҳр ба шаҳр гашта, аз назари суғдшинос А.А. Фрейман ва арабшинос И.Я. Крачковский гузашт. Маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳои дарёфтаи марди одии бесавод хазонаи асрори пурқиматанд. Онҳо ҳуҷҷатҳои ҳокимони Панҷакенти Қадим буда, ба ибтидои садаи VIII тааллуқ доранд. Туфайли ин кашфиёт дар сарзамини мо кофтукови бостоншиносӣ дар соли 1933 бо экспедитсияи А.А. Фрейман оғоз ёфт. Аз ҳамон сол инҷониб ихтисосмандони зиёди соҳаи илми бостоншиносӣ сирру асрори суғдиёни водии Зарафшонро меомӯзанд (6, 8).
Ҷустуҷӯҳои мукаммал аз ин баъд оғоз шуданд. Ташаббускори он фарзанди барӯманди тоҷик, таърихшинос Бобоҷон Ғафуров буд. Соли 1946 бо роҳнамоии ӯ шарқшиносон А.Ю. Якубовский, А.М. Беленитский, М.М. Дяконов дар Тоҷикистон ба ҷустуҷӯҳои бостоншиносӣ пардохтанд.
Ин таҳқиқотҳо оламиёнро бо саҳифаҳои рангини таъриху фарҳанги пеш аз исломию арафаи исломии сокинони Мовароуннаҳр шинос кард. Ин халқ бо номи суғдиёну мамлакати онҳо ба номи Суғд машҳур аст.
Калимаҳои «Суғд» ва «суғдиён» қариб 3 ҳазор сол пеш арзи вуҷуд кардаанд. Ин аст, ки бозёфтҳои таърихии сеҳазорсолаи то соли 1977 дастрасгашта низ ибтидои тамаддуни суғдиён шуда наметавонанд. Зеро кашфиёти Саразм  аз он беш, яъне қариб 6000 солро дар бар мегирад ва он оғози тамаддуни  мардуми  мосту  ба мо бисёр асрорро мекушояд (5, 7).
Муаррих рӯзи 13-уми сентябри соли 1976-ро бо хабари як сокини одӣ, хокпоши деҳаи Авазалии ноҳияи Панҷакент Ашуралӣ Тайлонов, таъкид мекунад, ки дар ин рӯз ёдгории қадимтарини сарзамини имрӯзаи тоҷикон - шаҳраки Саразм - Саразм кашф шудаст.
Шаҳраки Саразм дар сарзамини Мовароуннаҳр ҳамтою ҳамзамони худро надорад. Аз ин рӯ, шаҳраки Саразм модари тамоми шаҳрхои байни дарёҳои Сиру Ому шуда метавонад. Зеро шаҳрҳои қадимтарини ин сарзамин: Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Чуст ва даҳҳои дигар таърихи 3000 ё 2500 сола доранду Саразм зиёда аз панҷуним ҳазор сол пештар ташкил ёфтааст (5,7).
САРАЗМ - ҳоло ин номро дар аксар донишгоҳҳою марказхои бостоншиносии ҷаҳон медонанд. Зеро оид ба ҳафриёти он дар як муддати кӯтоҳ, тарзе ки баррасӣ шуда буд, зиёда аз 40 мақола ва 2 китоби мукаммал навишта шуданд. Аксари ин асарҳои илмӣ дар китобхонахои калони марказҳои бостоншиносии ватанамон ва дар давлатҳои хориҷӣ маҳфузанд ва ҳар як шахс, агар каме хоҳиш дошта бошад, метавонад бе мамоният бо мошини аксбардор барои худ онҳоро нусхабардорӣ кунад (1,51).
Ёдгориҳои бостонии сарзамини Тоҷикистонамонро таҳлилу баррасӣ намуда, ба хулоса омадем, ки шаҳраки Саразм қадимтарин манзилу маскани ниёгонамон маҳсуб мешавад. Баъдан, дар ин ёдгорӣ аввалин кишоварзону чорводорон, ҳунармандону меъморон дар тӯли зиёда аз 1500 сол зиндагӣ карда, касбу ҳунари худро ҳамҷониба рушд додаанд. Боз Саразм дар рушди тамаддуни мардуми Мовароуннаҳр, ки асоси сарзамини Осиёи Марказӣ мебошад, саҳми боризе гузоштааст. Ҳоло ҳар як далелу бурҳони мо аз бозёфтҳои сершумори осори сокинони Саразм маншаъ мегиранд.
Ҳар як қавму миллат дар ҷустуҷӯ сароғози таърихи худ мебошад. Мо тоҷикон ба туфайли шаҳраки Саразму осори моддӣ ва маънавии он сароғози худро дарёфт кардем, ки вай дар айни замон решаи беш аз 5500-сола дорад ва ин ҳақиқату ҳастии таърих мебошад.

Қайд намудан бамаврид ва боиси ифтихор низ ҳаст, ки ин  шаҳркадаи атиқаи сарзамини мо соли 2010 бо қарори иҷлосияи 34-уми Кумитаи байналмилалии мероси  фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгории бостонии кишвари мо тоҷикон ба феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ бо номи Саразм дохил ва сабт гардидааст (1, 51)
Маҳз бо ҳамин ақида, муаррих А. Исҳоқов шаҳраки Саразмро – оғози тамаддуни тоҷикон номидааст ва дар ин гуфтанӣ комилҳуқуқ низ ҳаст.
Пеш аз он, ки ба далелу исботҳои аз шаҳраки Саразм бадастдаровардаамон рӯ оварем, лозим аст гӯем, ки дар таҳлилу таҳқиқи он мо ягон осори хаттию ривоятӣ надорем. Зеро дар замони арзи ҳастӣ доштани ин ёдгорӣ, ҳанӯз дар кишварҳои Шарқи Наздику Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, дар Саразми водии Зарафшон алифбову хатнависй пайдо нашуда буд. Бо вуҷуди ин, мардуми ин кишвархо забони гуфтугӯиву муомилотӣ доштанд. Тӯрониёну Эрониён бо забони ягонаи ба ҳамдигар фаҳмо байни ҳамдигар муколама мекарданд.
Ин ақидаро мутахассисони соҳаи забон комилан тасдиқ намуда, забони қадимаи ин кишварҳоро «забони эрониёни қадим» меҳисобанд. Он далелу исботҳои хаттие, ки аз нахусткитоби ниёгонамон «Авасто» ва катибаҳои ёдгориҳои кишварҳои Шарқи Наздик, пеш аз ҳама, аз навиштаҷоти «Бесутун»-и шаҳри назди Кирмоншоҳи Эрони Ғарбӣ баррасӣ шудаанд, тасдиқи гуфтаҳои болоянд. Ҳарчанд он осор аз фарҳанги Саразм 2500 сол дертар пайдо шуда бошанд ҳам, онҳо қадимтарин осори хаттӣ ва забонии мардуми Шарқи Наздиканд. Ҳоло бостоншиносон ақидаи забоншиносонро, ки дар таҳлилу таҳқиқи он миқдори зиёди олимони ҷаҳон ширкат варзида, ба хулосаи ягона омадаанд, низ ҷонибдорӣ мекунанд.
Ба ақидаи муаррих А. Исҳоқов ҷонибдор шуда, мо метавонем иброз дорем, ки идомаи ҳафриёти шаҳраки Саразм рӯзе осори хаттӣ ва забонии ниёгонамонро ошкор месозаду мо мисли муҳаққиқони ёдгориҳои Миср,  Шумеру Аккад хат ва забони ниёгони асри биринҷиамонро равшан хоҳем намуд.
Саразм, - тибқи шарҳи суғдшиноси шинохта В.А. Лившис, маънои «Сари Замин»-ро дорад. Барои дастгирии шарҳи олими забоншинос зарур аст бигӯем, ки сокинони кӯҳистони Фалғар Саразмро - Саразмин талаффуз мекунанд. Метавон боварӣ ҳосил намуд, ки ин шакли тағйирёфтаи ҳамон Саразм мебошад. Аҳолии маҳалии гирду атрофи ёдгорӣ, онро Саразм мегӯянд. Барои равшан кардани мақсад гуфтанием, ки «Саразм ё Сари Замин ин на номи ёдгорӣ асту на номи деҳа, ин ном ба манзили васее хос аст, ки асосан, аз замини ҳамвор иборат буда, майдони он қариб ба 10 км2 баробар аст. Хато нахоҳем кард, агар гӯем, ки ин ибтидои замини Суғдиён мебошад. Модоме, ки аз Саразм то Бухоро танҳо ҳамворист ва он ҳамворӣ ба маънои пуррааш замини васеъ аст, ин ҷойро Сари Замин номидани аҷдодонамон дурусту ҳаққонист. Дар асл имрӯз аз Саразм сар карда, то баҳри Каспий (дар асри миёна Хазар меномиданд) дар пеш ягон кӯҳи баландеро намебинем» (1, 51). То саршавии Саразм бошад кас вақте ба тарафи болооби водии Зарафшон  назар меафканад, мушоҳида хоҳад намуд, ки дигар дараҳои танг  ҷой доштаву замини ҳамвору корам дар ин қисмати водӣ  хеле кам буда, болооби водӣ то саргаҳи онро пурра кӯҳистон фаро гирифтааст.  
Саразм ҳамчун ҷойном дар ягон манбаъҳои илмию таърихӣ дида намешавад, вале ин номвожа садсолаҳо дар забони мардум  ифодакунандаи  мавзеи паҳнои ин сарзамин будааст, тули асрҳо ва ҳазорсолаҳо аз даҳон ба даҳон гузаштаву то ба мо  расидааст. Ва қудрати воқеии забон  буд, ки ин  номвожаи куҳанасл то имрӯз вирди забони мо  гаштаву боқӣ мондааст.

Дар минтақаҳои куҳандиёри мо, ки аҷдодони ориёии мо маскун буданд, бо чунин ҷузъҳои ҷойномсоз, ки  худ  решаи алоҳида ва маънои хосро соҳиб ҳастанд, бисёр ҷойномҳоро вохӯрдан мумкин аст. Аз ҷумла, Хоразм, Хризм (маҳалла дар деҳаи Лангари Ҷ/д. Зонги н. Ишкошим), Возм (деҳа дар Поршневи Шуғнон), Шохиризм ва Тағизм (чарогоҳҳо дар Роштқалъа) ва ғ.  
Муҳаққиқону мутахассисони варзидаи тоҷик, муаллифони китоби Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ (8. 181) ҷойноми Шохиризмро санги калони бодхӯрда ва ба маънои макони офтобӣ маънидод карда, маънои лӯғавии Возмро аз тоҷикии шарқӣ дар «канори замини шибар, сероб» овардаанд, ки решаи вожаи «замин» дар шакли қадимаю кӯтоҳи худ шакли «зм»-ро гирифтаву то имрӯз  корбурд шуда, мавриди истифодаи ҷойнномҳои ҷуғрофиро ифода мекунад. Ба ин андешаву афкори ин муҳаққиқони Фарҳанги мазкур ҳамақида шуда, метавонем илова кунем, ки ҳатто «шохиризм» метавонад мафҳуми «замини офтобрӯяи калон» низ бошад. Зеро  вожаи «шо//шоҳ» дар забони тоҷики имрӯз маънои калону бузургро низ ифода мекунад ва мо дар забонамон вожаву истилоҳоти «шоҳкоса - косаи калон» ва ё «шоҳроҳ» - роҳи бузургу азим»-ро дорем, ки бо ин вожа (шо//шоҳ) дар калимасозӣ  бо чунин маъно низ фаровон корбурд мешаванд.
    Агар номи Хоразмро мо дар  сарчашмаҳои илмӣ-таърихии форсиву арабӣ  бингарем (Хwārazm), ба мафҳумҳои гуногун маънидод мешавад. Аз рӯи этимологияи мардумӣ, ки дар манбаъҳои асрҳои Х сабт гардидааст, Хwār - гӯшт (ар. лахм) ва r z m – чӯб (ар. hatab). Маънои аслии ин номвожа аз мафҳуми «хамии замин» бармеояд, зеро ҷузъи  zmi дар шакли форсии бостон HuwarāzmiŠ ва дар шакли форсии миёнаву наваш  zamin замин»-ро мефаҳмонад ва Хwār дар форсии нав маънои «хамӣ, пастхамӣ»-ро ифода мекунад. Баъзе аз муҳаққиқон Хwār-ро аз хуршед дониста, маънои Хоразмро кишвари баромади офтобаш мехонанд. Ва муҳаққиқ Боголюбов М.Н. чунин ақида меронад, ки ин номвожа аз шакли эронии қадим hu-wa-razam буда, кишвари барои чорво мутобиқро  мефаҳмонад. Хеннинг В.Б. тахмин мекунад, ки Хоразм аз авастоӣ буда, замини ориёиёнро мефаҳмонад. Ва «Готҳо»-и Авасто низ тавре ӯ қайд мекунад, чун дар минтақаи Марви Ҳироти Хуросони Шимолӣ навишта шудааст, он ба сарзамини Хоразм тааллуқ дошт. (9, 28-37).
Чун Хоразм мафҳуми ховарзамин. Яъне замини офтобиро фаҳмонад, пас ба маънои аслии Саразм ва пайдоиши ин ҷойном  хоҳем  ақида ронд.
Саразм чун равшан аст, дар сарчашмаҳои таърихии асримиёнагии мо қариб ки ҳамчун ҷойноми ифодакунандаи номи маҳалли аҳолинишини алоҳида вонамехӯрад. Ва ин номвожа асрҳо инҷониб, ифодакунандаи номи мавзеи кушоду барҳаво ва ҳамвореро ифода мекард, ки он дар забони мардуми бумии  минтақаи имрӯзаи Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент (водии Зарафшон)-и вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошад.
Одатан, таҷрибаи рӯзгор ва ривояти мардумони  рӯзгордидаву фарҳангиро ба назари эътибор гирифта, метавон чунин андеша ронд, ки мардумони бумии  минтақаҳои мо бо таъсири хурофот  баъзан тарки манзил ва ё маҳал низ мекарданд. Ва гӯё эшон  вақте мубталои ғорату харобкориҳо ва хунрезиҳои душманони аҷнабӣ мешуданд, аз макони зисти худ  дур гашта, ҷойи дигар ва муносибтареро интихоб мекарданд. Тибқи ривояту нақлҳои калонсолону мардумони таҳҷойӣ ҳамин гуна боисҳо исбот бар онанд, ки бисёре аз шаҳру деҳкадаҳои ин водӣ зери хок мондаву ба теппаҳо бадал гардидаанд. Худи Панҷакенти Қадим, Наврӯзтеппа, Қалъаи Санҷаршоҳ ва Саразми Бостон исботи чунин андеша буда метавонад, ки баъди як офату нобасомонӣ ва ё оташсӯзиву хунрезиҳо ва ҷангу ғоратгариҳо мардумон бехонаву дар шуда, манзили худ ва маҳалли худро иваз мекардаанд. Бо вуҷуди ин ҳама гирудорҳо, мардум дар ҳар сурат номи  мавзеву маҳал ва шаҳру деҳкадаҳои ба харобазор бадалгашта ва балозадашударо ном мебурданд, ки ҳамин номи Саразм низ то кунун вирди забонҳо буду имрӯз аз нав  ҳамчун номвожаи маҳалли аҳолинишин маъмулу номнавис шудааст. Дар ин мавзеъҳои  аз назари мардуми маҳаллӣ ва бумӣ дурмонда дар миёнаҳои дувуми асрҳои 18 қабилаҳои кӯчманчии туркнажоди бо номи тюяқлҳо (Андреев // рӯзномаи «АваС», соли ….) омадаву ин ҷоро интихоби зист мекунанд. Ва номи қадимаи ин мавзеъ чун дар забони мардумони бумӣ боқӣ монда буд, роиҷ гашту то имрӯз бо ин ном Саразм мехонандаш, ки акнун тибқи далоили муҳаққиқони бостоншинос ин мавзеъ ва ин ин макон таърихи беш аз 6000-сола дошта, макони аввалини зисти мардуми ориёист.
Аслан номвожаи Саразм аз ду реша (сар ва замин)  ташаккул меёбад, ки он маънои сари замин//оғози заминро мефаҳмонад.
Дар забоншиносии эронӣ вожаи «сар» чунин маъниҳоро медиҳад: «сар /sar/ калла, роъис … тос бӯй до д ва гуфт аз он ҳавз тосӣ чанд бар сари ман об фурӯ рез (Туркилллоҳ Таноб 9/385)  sarah- «сар», қиёси санскрит: sÍras сар, калла, қулла, siro-grÏva сару гардан, a-sirsaka- бесар, Širs-akti «дарди сар, сардард» муштақанд аз ҳиндуурупоӣ: ker1. (дар канор – kerə , kra- kerei-) сар, калла, шох, қулла, ситеғ; аз ҳамин калима аст юнонӣ: kápä «сар» лотинӣ:  cerebrum «муғ, мағз» олмонии куҳан:  hirn (Í) (< олмонии нав: Hirn «муғ, мағз»), арманӣ:  sar «иртифоъ, баландӣ , қулла»  
Дар муқоиса бо авастоӣ sarah- «сар», форсии миёнаи  турфонӣ ва портӣ sr- , [sar]- «сар, роис, оғоз», суғдӣ -sr «сар», (< авастоӣ: - sarah-), srcy «аввал, нахуст, сар»,  srcyk «сарвар, меҳтар»-ро ифода карда, сарчик, хоразмӣ: sr sr «сар»,  дар sr p:sr  nyθr «сар ба сар», паштунӣ –сар, калла омадааст (2, 1715-1716).
Дар бобати маъникушоии ҷузъи «зм», ки кӯтоҳшудаи  «замӣ //замин» аст, М. Ҳасандӯст (2, 1577-1578) инвожа дар Бурҳони қотеъ чунин дода шудааст: «мухаффафи замин аст, ки ба арабӣ арз хонанд» (Бурҳони қотеъ); сибос мар эзидро, ки офаридгори замӣ ва осмон аст (Ҳидоят-ул-мутаъаллимин ). Фазл дорад чу фалак бар замӣ аз фахраш, Санги даргоҳаш бар лаъли Бадахшонӣ (Н. Хусрав 44/437). …. Дар форсиии миёна zamÏk  < эронии бостон: zam замин (бо пасванди –ик).  zamÏk  аслан сифат аст, ки корбурди исмӣ ёфтааст (ниг.: Eilers VSMO 12 Anm/ 13). Ин вожаро метавон  дар забони  санскрит низ қиёс кард: ksam «замин», jma «замин», муштақанд аз ҳиндуурупоӣ: ghem-/  ghom- (дар канор -  ghoem /-ghoom ) «замин» ва аз ҳамин калима дар забони юнонӣ: Хϴwv замин, бум; дар лотинӣ: humus бум, замин,  hominis «инсон, башар» дар русӣ: zеmlya хок, замин,    zmiea zmÍya мор, дар литвониёӣ: zeme литуниёӣ: zeme, замин, албониёӣ: dhe замин, dhemje ҳазорпо»-ро дарёфт, к ибо ҳамин маънӣ меоянд (Pokorny IEW 414f,…) .  Низ қиёси авастоиро метавон иқтибос кард: zam «бум, замин», zemare>. zamare (қайд) «дар замин, зери замин», -zemar-guz ва zamare-guz дар замин пинҳоншаванда . зеризамин хазанда», upasma- зери замин зиянда, зери замин дар мағок зиянда (дар бораи ҳайвонот) (upa+zam->) nisma- «умқ, жарфо, гавдӣ» (аз ni-zam аслан, тӯрафтагии замин»), abairi zema зери замин зиянда, (<-abairi+zam)   upairi-ztma  рӯйи замин зиянда (Barthokomae AiW 58,395,396,1086, 1662, 1665) (2, 1577-1578).
Ин вожа дар форсии миёнаи турфонӣ ва портӣ:   дар шакли zmyg [zamÏg] замин, хок, ҷаҳон; сарзамин, бум (Boyce MMPP104, Durkin-Melsterernst DMMPP 382) омада, дар суғдӣ «замин», ва қиёси авастоӣ: ҳолати фоилӣ (nominative case=) дар шумори муфрад яғнобӣ:  zoy «замин» (Gershevitch GMS 1218, Bailey DKS 346) аст (2, 1577-1578).
Ҳамчунин,  ин вожаро дар забони сакоӣ дар шакли  yzama «замӣ, замин», (<-zama) дар yzama-ssandaa ҷаҳон, кайҳон ва шояд uysma –«замин, хок, гил» (< u-zma бо пешванди u- (Bailey, Studia Orientalia 47/1977 21, M DKS 345f) ва дар хоразмӣ дар шакли  zym «замин», осӣ: zæxx, zænxæ «замин», (zam-ka->) (Abaev IEO IV/307) ва дар  паштунӣ ба шакли zmeka «замин», дар ядғӣ ба шакли  zaxmo «замин, киштзор», дар шуғнӣ zimc дар сарикӯлӣ: zimc, zemc, дар язғуломӣ: zamc «замин, кашмон», дар хуфӣ zimar-wux гоҳе, ки аз ғалла ва ҳабубот бар ҷой монад» (суратҳои ахир зоҳиран бар асари  идғоми ду луғати авастоӣ:  zemaba ва zamare падид омадааст) (Morgenstierne EVShG 108), дар балучӣ ба шакли  zamik, ва дар сурха дар шакли zam, дар курдӣ бошад дар шакли  zawi, zavi (-m -> -w-/-v-) «замин» оварда шудааст, ки ҳама як мафҳум, яъне заминро ифода мекунанд. (Varman-Asatrian WIDM I/83) (2, 1577-1578) (2, 1577-1578).
Вожаи «замин» бошад, дар забонҳои эрониии бостон (zamaina) заминӣ, хокӣ маънӣ дода, «замӣ»-ро ифода кардааст ва дар авастоӣ низ (zamaena) заминӣ, хокӣ мебошад (Bartholomae AiF 1690) (2, 1577-1578).
Таҳлилу баррасии  номвожаи Саразм дар муқоиса бо забонҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ аз рӯи маънои решагии худ мафҳуми «сари замин, оғози замин»-ро ифода мекунад ва равшан аён аст, ки ин номвожа бо дарназардошти мафҳуми ҷуғрофии худ дар ҳақиқат сари замини бекаронро ифода мекунад, ки он баъди тамомшавии кӯҳу пуштаҳо оғоз меёбад ва ба дарозову паҳнои водӣ қад мекашад. Боиси зикр ва таъкид аст, ки ин номвожа аз қадим таърихан ба ин мавзеи минтақаи Панҷакент ном бурда шуда, то имрӯз боқӣ мондааст, ки имрӯз ин номвожаи бо рӯнамоии  мавқеи ҷуғрофӣ ва макони таърихиву тамаддуннамоӣ эҳёгари тамаддуни қавми мо ориёнажодон мебошад.
Ҳамчунин, дар мафҳуми ин номвожа метавон тахмин кард, ки эҳтимол ин номвожа аз «сар» ва «зам» бо маънои дигартар пайдо шуда, мафҳуму маънои макон ва ё хоку буми сарҳоро ифода кунад, ки ин қавм дар номвожаи Сир//Сар (Сардарё) ва калимаи «сарт» нуҳуфта боқӣ мондааст, ки таҳқиқоти алоҳида ва амиқро талаб мекунад.  
Имрӯз бо корбурди номвожаи таърихан куҳани ориёӣ – Саразм мо дар таърихи ҳастии башарият деҳшаҳри асрҳои сангу мису биринҷиро ба оламиён муаррифӣ мекунем, ки бо ин ҷойном минтақаи Саразми дар ҳазорсолаҳои IV-III пеш аз мелод ташаккулёфта пеши назар меояд. Саразм маскани нахуст ва бостонии шаҳрнишини мардумон дар сарзамини Вароруд буда, суғдиёни он халқи маскун ва қадимтарини водии Зарафшон маҳсуб мешаванд. Кофтукофи Саразм моро водор мекунад, ки таърихи Панҷакенти Суғдро дурусту амиқ биёмӯзем ва тамаддуни ориёии бостони худро бо ин номвожа – Саразм муаррифӣ кунем, ки дар маъхазҳои  то милодӣ  дар натиҷаи даргириҳои таърихӣ сӯхтаву аз байн рафта буд, вале номи он номи он, ки ба худаш арзанда асту хусусияти ҷуғрофӣ ва табиии маҳалли мазкурро ифода мекард, дар забони мардумони он боқӣ монду аз қарни асрҳо забони моро ва меҳани  моро зинда нигоҳ дошта меояд. Ва дар тафсиру шарҳи ин номвожа дигар ҷойи баҳс ҳам нест. Саразм  сари замин аст.

Адабиёти истифодашуда:

1.    Исҳоқов Абдуллоҷон. Саразм - оғози тамаддуни тоҷикон. / А. Исҳоқов. –Душанбе, "Дониш" 2018, - 280 саҳ.
2.    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. /Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Душанбе. «Нашриёти Ганҷ», 2016, -136 саҳ.
3.    Муҳаммад Ҳасандӯст. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Ҷ.II. /М. Ҳасандӯст.  Теҳрон: Осор, 1393, -2080 саҳ. (2, 1715- 1716)
4.     Поселение Саразм. – Древности Таджикистана: Каталог выставки. / Поселение Саразм. – Древности Таджикистана,   
–Душанбе: Дониш, 1985. - С.32 - 35;
5.    Раззоқов А. Саразми Панҷакент 5500 сол. /А. Раззоқов.
    –Душанбе, 2002. - С. 7.
6.     Раззоқов А.Р., Бобомуллоев С. Таърихи бостоншиносии саргаҳи Зарафшон.  / А. Раззоқов. С. Бобомуллоев –Душанбе, дониш, 1997. - 35с;
7.    Саразм. - Таджикская Советская Энциклопедия, том 6. / Саразм  
–Душанбе, СИ ЭСТ. 1986. -591с.;
8.    Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ. /  Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ.
–Душанбе: 2019, 280 саҳ.
9.    Хромов А.  Хорезм в древнеиранских и среднеиранских письменных источниках./ Мухаммад ал Хоразми в мировой истории и культуре. //А. Хромов. –Душанбе «Дониш», 1983. -220 саҳ.   (саҳ. 28-37).
10.    Эмомалӣ Раҳмон. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ (26.12. 2018). / Э. Раҳмон.    
–Душанбе, «Шарқи Озод», 2019, -44с.
11.    http://www.ru.wikipedia// Саразм - Всемирное наследие ЮНЕСКО.
Шарҳи як номвожаи суғдӣ – Саразм

Дар мақола сухан дар бораи таърихи пайдоиш, таҳаввул, корбурд ва маънои луғавии номи ҷуғрофии Саразм меравад, ки дар муқоиса бо сарчашмаҳои имлию адабӣ ва гӯйишҳои мардуми таҳҷойии водии Зарафшон, инчунин, таҳқиқотҳои бостоншиносону забоншиносон баҳсҳои илмӣ ҷиҳати мафҳуми ин номвожа ва асрори маънои он кушода  мешавад.
Дар давраҳои муайяни таърихӣ таҳқиқ шудани  ҳафриёти бостонии Саразм, ифода гардидани номи мавзеъ то имрӯз ва ҳамчун номи ҷуғрофӣ ифодакунандаи  номи як шаҳркадаи таърихӣ вуҷуд доштани  номвожаи Саразм дар мақола мавриди баррасӣ дода шуда, бо далелҳои дуруст ва  дақиқ аз осори  адибону муаррихон оид ба таҳлилу таҳқиқи маънои асливу мафҳуми дурусти ин ҷойном назару андешаи илмӣ пешниҳод мегардад, то маънои лӯғавии номвожаи Саразм дар  шакли аслиаш мавриди истифодаи умум  қарор дода шавад.     
Калидвожаҳо: номвожа, суғдӣ, Кӯҳи Муғ, Саразм, Саразмин, Хоразм, Хризм, Тағизм, Панҷакент, водии Зарафшон, Самарқанд, асри сангин, Абдулло Исоқов, тамаддуни тоҷикон, Суғд, Мовароуннаҳр,

Толкования один из согдийских
топонимов –   Саразм

В статье рассматриваются истории возникновения, развития, употребления и лингвистические значении географическое наименовании Саразм, который сопоставляя на основе научно-литературном и дилектов Зеравшанской долины, а также исследовании историков- археологов и лингвистов расскрываются  научные споры о значений понятие вопросов и  семантике этого топонима.
Следовательно рассматриваясь в определенные исторические периоде осуществлении этого топонима в исконных как названия географического объекта и сегодня обозначая исторического топонима населенного пункта представляется точные и правильные фактов из научных источников мнение историковедов, ученных, чтобы получить  истинную информацию и  сведении о топониме Саразм и правильное использовании настоящего ойконима.

Ключевые слова: топоним, согдийский, Гора Муг, Саразм, Саразмин, Хоразм, Хризм, Тагизм, Пенджикент,  Зеравшанская долина, Самарканд, каменный век, Абдулло Исаков, таджикская цивилизация, Согд, Мовароуннахр.
Interpretation of one of the Sogdian toponym – Sarazm

Here in this article, we are going to talk about the origins, development, the way of using and also the geographical meaning of Sarazm’s name, which is explained in compare to scientific and literature sources and from the legends of people living in Panjakent, Zerafshan valley, as well as based on the archaeologists and linguists researches and scientific discussions.
During the certain historical stages, old excavation express as the name of the object, nowadays as exit geographical name of historical city toponim Sarasm was considered and different scientific opinions in accordance with correct and accurate evidences from the original literature of the historians it is proposed that the title Sarazm shall be used in the original form.
Keywords: wordname, soghdian, Mugh Mountain, Sarazm, Sarazmin, Khorazm, Khrizm, Taghizm, Panjakent, Zerafshan valley, Samarqand, stone Age, abdullo isakov, Tajik civilization, Sogd, Movaroennahr.

Маълумот дар бораи  муаллиф: Зулфониён Раҳим Раҷабзода – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчии давлатӣ, унвонҷӯйи Донишкадаи давлати забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
Нишонӣ: 734013, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Помир, 20, Тел.: 92 721 53 46. E-mail:  Zulfonov64@mail.ru

Сведение об авторе: Зулфониён  Рахим Раджабзода – Комитет по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан, государственный служащий, соискатель Государственного интститута языков Таджикистана имени Сотима Улуғзода.
Адрес: 734013,  Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Памир, 20. Тел.: 92 721 53 46.
E-mail:  Zulfonov64@mail.ru

About the author:  Sulfoniyon Rahim Rajabzoda - The Committee of Language and Terminology by the Government of the Republic of Tajikistan civil servant, applicant for the State Institute of Languages of Tajikistan named after Sotim Uluzoda.

Address: 734013, Republic of Tajikistan, Dushanbe, st. Pamir, 20. Tel .: 92 721 53 46.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Ноябр, 2020 - 09:03

Ҳамватанони азиз!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад.

Яъне Парчами давлатӣ  муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

Парчами давлати соҳибихтиёри мо  нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.

Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст.

Мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.

Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад.

Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда  истодаем.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони  миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.

Ҷойи сарфарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад.

Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ - ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.

Дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.

Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ки далели  пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст,  бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

«Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» (бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Ноябр, 2020 - 11:33
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Имрӯз 23-юми ноябри соли 2020, соати 09:00 тибқи Нақша-чорабиниҳо дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
       Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
       Ҳозирини гиромӣ! Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
       Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
       Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ѓайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
       Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизам ва ҳамкасбони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.
Баъдан дар идомаи мизи мудаввар Маҳмадёрова Гулҷаҳон – мутахассиси пешбари шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита дар мавзӯи «Парчамат пояна бод, Тоҷикистон», Олимзода Маҳмадёр – ёрдамчии раис дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон» ва Абдулов Ҷамолиддин – мутахассиси бойгонӣ дар мавзӯи «Парчам – рамзи Истиқлолият» маърӯзаҳои худро қироат намуданд.
       Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, муовини раис – Раҳматуллозода С. ва сардори шуъбаи танзими истилоҳот – Зулфониён Р. доир ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.
Мизи мудавварро дар мавзӯи «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумита, доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмуъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва оромиву осудагиро орзу кард.


Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Дирафши мо

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Ноябр, 2020 - 11:31
Дирафши ковиёнӣ, бостону ҷовидон дорам
Хирадафшону шуҳрат з-он чу тоҷи зарфишон дорам
Ба имрӯз аз азал рамзи равонам ҳаст, (равонам ҳаст).
Ба ҷавлонаш навиди ифтихору
Ҳастию руҳи равон дорам

Дирафши ман,
Ту рамзи ҳастии ҷонам!
Ту парварди ниёгонам!
Ғурури Оли Сомонам!
Ту то ҳастӣ Ватан дорам!
Нажоди хештан дорам!

Ба то ҳоле забон дорам,
Нишон дорам!
Сари боло миёни мардумон дорам!
Зи мавҷи ту Дирафшам,
Ман ниё з-он ҳафт руҳи аҳрамаспи ҷовидони осмон дорам!

Парафшонит зи Ваҳдат!
Эй, ту рамзи марзбони ман!
Туӣ бунёду бас ҳамсози миллат!
Бас ту пирузӣ, Ба ҷони ман!
Муқаддас ту!
Дурахшо!!!
Шукр! Сад бар ту сипосам!
Ҷаҳон то ҳаст, хушрӯзам,
Ки зеро то Дирафши Ковиён дорам,
Замин дорам, замон дорам!...
Ватан дар ин ҷаҳон дорам!
Дирафши тоҷикон дорам!!!
Дирафши ман,
Ту рамзи ҳастии ҷонам!
Ту парварди ниёгонам!
Ғурури Оли Сомонам!
Ту то ҳастӣ Ватан дорам!
Нажоди хештан дорам!...
Бақои хештан дорам!!!


Зулфониён Раҳим Раҷабзода
22.11.2013

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ПРЕЗИДЕНТ – КАФИЛИ БОЭЪТИМОДИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Ноябр, 2020 - 11:31

Имрӯз 16-уми ноябри соли 2020, соати 09:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Президент – кафили боэътимоди рушди забон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, узви ҳайати мушовараи Кумита, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, оид ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи худро ироа намуданд.
Мусаллам аст, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини мо, дар даврони Истиқлол, Иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахши миллат ба шумор меравад. Он кишвари моро аз парокандагӣ, аз вартаи ҳалокат вораҳонд ва муҳимтар аз ҳама, Иҷлосияи таърихӣ ҷавонмарди хирадманду ҷасур ва халқпарасту ватандӯст-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард.
Дар шахсияти ин марди диловар миллат сарвари шоистаи худро ёфт ва ба марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ворид гашт. Имрӯз мардуми саодатманд ва сарбаланди тоҷик бо ифтихор ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд.
Баробари Истиқлол ба даст овардани Тоҷикистони азиз Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима диҳад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.
Баъдан дар идомаи мизи мудаввар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Султонов Мирзоҳасан, узви ҳайати мушовараи Кумита – Назарзода С., сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ – Маҳмадҷонова М., муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С., сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ – Буриева Ш., сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот – Фарҳодова С. ва корманди шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ – Мансурӣ Ш. маърӯзаҳои худро қироат намуданд.
Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Мизи мудавварро дар мавзӯи «Президент – кафили боэътимоди рушди забон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумита, доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмуъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва оромиву осудагиро орзу кард.
Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

БА ШАРОФАТИ СУХАНРОНИҲОИ ФАСЕҲУ ГУВОРОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДОМАНАИ КОРБУРДИ СИЁСИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ФАРОХ ГАРДИД. Андешаҳои Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот доир ба арҷгузории Президент ба азамат ва шукӯҳи забони тоҷик

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Ноябр, 2020 - 11:11
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот
ДУШАНБЕ, 15.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.

Маҳз ба шарофати суханрониҳои фасеҳу гуворои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон доманаи корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фарох гардида, зарфияти он дар ифодаи муҳимтарин матлабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ба кор даромаданд. Устоди зиндаёд академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ба забондонӣ, суханронӣ, ақлу заковат ва наттоқонаву воизона ҳарф задан, бо фасоҳату балоғати том сухан кардану лутф намудани Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ихлос ва эҳтироми бепоён арҷгузорӣ намуда, дар яке аз навиштаҳояшон таъкид карда буданд, ки «Ҷаноби Олӣ – Президенти мамлакат бевосита дар бораи забони модарӣ ва азиз доштани он суханҳое гуфтанд, ки банда дар ин умри худ, дар ин умри дарозу тӯлониам аз ҳеҷ як сарвари Тоҷикистон нашунидаам. Агар Сарвари кишвар нисбат ба забон ва фарҳанг бо чунин ҳақшиносӣ сиёсат пеш бигирад, шак нест, ки аз ҳалли душвортарин масъалаҳои рушди ҷомеаи навини тоҷикон умед метавон кард».


Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуд. Матни пурраи андешаҳои забоншиноси тоҷикро дар зер пешкаши хонандагон мегардонем.

-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ ҳамчун ба Модар –сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт аҷргузорӣ карданд ва мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ дар байни зиёда аз 200 кишвари олам ва минҷумла, сайёра баланд бардоштанд. Чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад.

Бебаҳотарин ва нодиртарин забони бостонии давлатдорӣ ва адабиёти бадеӣ, илму ҳикмати азалӣ дар таърихи олами башарӣ забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Он азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз, аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо тамоми шоистагиаш ба олами асримиёнагӣ муаррифӣ кард.

Шиносномае, ки халқу миллат ва фарҳангу тамаддуни онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, маҳз забони ӯст. Ин забон аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ буд. Забони тоҷикии дарӣ чун шиносномаи Сомониёни тоҷикзабон дар арсаи сиёсат, давлату давлатдорӣ, фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон дар таърихи башарият азамату шукӯҳи давлатдорӣ ва фарҳанги беназири тоҷиконро ба олами башар муаррифӣ кард.

Забони тоҷикии дарӣ ба ҳайси забони расмии давлати абарқудрати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро мепайваст ва асрҳо чун забони кории  Роҳи Абрешим хизмат намуда, рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо меовард, ки дар ҷаҳони муосир забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, немисӣ, испанӣ ва  арабӣ ба дӯш доранд.

Муддате мадид сангарҳои сунъии сиёсии онзамона садди пешравӣ ва азамату партавафшонии хуршеди оламгири забони тоҷикӣ гашта, чун абри тираву тор болои ин забони куҳанбунёди соҳибрисолатро гирифта буданд. Ин забон ҳамеша қудрати ҳифз ва нигаҳдории истиқлол ва ҳувияти худро дошт. Хушбахтона, бо тулӯи хуршеди Истиқлол ва истиқрори давлати мустақили Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҷавҳари маънавии худро таҷдид ва эҳё намуд ва бо ноил гардидан ба мақоми забони давлатӣ, ба иборае нафаси тоза кашид.

Сардафтари адабиёти миллии муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аҳамияти мақом ва мартабаи забони миллиро дар ташаккули давлати миллӣ хеле хуб дарк мекард, бо шуҷоати том дар оғози даврони Шӯравӣ адабиёти оламшумули тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва китоби безаволи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро нашр намуда, овози тоҷикро ба гӯши оламиён расонид.

Муддате баъд фарзанди барӯманд ва фарзонаи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро дар ду ҷилд таълиф намуда, таърихи чандинҳазорсолаи тоҷиконро чун миллати куҳанбунёд ва бумии Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

—Вақте масъалаи вуҷуд ва бақои минбаъдаи миллатро таърих дар охири асри ХХ мубрам гардонид, вориси алломагону фарзонагон Исмоили сонӣ ва сиёсатмадори нотакрори арсаи ҷаҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри нав, яъне дар ибтидои ҷаҳони муосир зербинои давлати тоҷиконро асос гузошта, сулҳу ваҳдати миллӣ ва сарҷамъиву амният ва суботи мамлакатро таъмин бахшид. Ин буд, ки миллати пошхӯрда сарҷамъу муттаҳид, давлати мустақили Тоҷикистони муосир бунёд гардида, аз кишвари ақибмондаи дастнигари кумакҳои башарӣ ба ҷумҳурии пешрафтаи аграрӣ ва саноатӣ мубаддал шуд.

Мояи фараҳмандӣ ва сарбаландиву хушнудии тамоми тоҷикон ин аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистони моро тамаддунҳои пешрафтаи муосири олами башарӣ, ба ҳайси як ҷумҳурии ҷавону соҳибистиқлол ва мутамаддини дорои неъмати бебаҳои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, якпорчагӣ ва соҳибқудрат дар пешравиҳои нав ба нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ мешиносанд. Бо ин ҳама заҳматҳои зиёде дар риштаи сиёсат ва эъмори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди илму фарҳанг ва болоравии сатҳи маънавии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишҳои пайгирона дар давлату фарҳанг, миллату маънавият сохтанҳо, аз аввалин рӯзи амалашон ба ҳайси як Пешвои воқеии миллат, таълифоту пажӯҳиши зиёди илмиро баҳри бедории тафаккури худшиносии миллӣ ва худогоҳиву меҳанпарастии азалии мардуми азизи худ ва арҷгузории забони модарии хеш, забони давлату давлатдории тоҷикон, онро дар арсаи ҷаҳон ба оламиён ба таври сазовор шиносониданҳоро анҷом дода, дасти муборак ба эҷоди асарҳои илмии бунёдӣ дар риштаи таърих, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ахлоқу маърифат, ҳуқуқ, танзими расму оин ва суннатҳои миллӣ, эҳёи фарҳангу ҳунари мардумӣ, дину мазҳаб, фарҳангу адаб ва забони модарии тоҷикӣ доранд.

Фикру зикри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои осоиштагиву амнияти ҷомеа, беҳдошти вазъи моддиву маишии мардум, худогоҳиву хуштаншиносӣ, ҳаммарзи Модар – Ватан аст ва таъмини мардум бо ҷойҳои нави корӣ ва рушду такомули илму фарҳанг дар мамлакат ба шумор меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш, ки дар вохӯриашон бо зиёиёни мамлакат дар оғози соли 2020 иқдоми таҳсинафзоеро пеш гирифта, супориш доданд, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ  китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим карда шавад.

То ба имрӯз бо қалами мубораку тафаккури камназири абармарди оламшумули муосири мо, тоҷикон – Пешвои миллати тоҷик, Қаҳрамони миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як идда асарҳои мондагору пурарзиш ва пурқимате ба табъ расидаанд, ки ин амал бори дигар шаҳодати шахсияти нодиру нотакрор, дилогоҳу мутафаккир ва ҳакиму донишманд будани Пешвои муаззами миллат, далели собити азму иродаи қавӣ дар ҳифзи номус, ҳувият ва худогоҳии миллии мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони дунё, заҳматҳои холисонаи ӯ ҳам бо сухан, ҳам бо қалам ва ҳам бо тафаккуру шуҷоат баҳри бедории андешаи хештаншиносии миллӣ мебошанд.

Асарҳои мондагору безавол, арзишманду бунёдии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби якум (Аз Ориён то Сомониён); «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби дуюм (аз Ориён то Сомониён); «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби сеюм (аз Ориён то Сомониён); «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби чорум (аз Ориён то Сомониён); китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»; «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»; «Чеҳраҳои мондагор»; асари бунёдии илмии «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби якум); «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби дувум) боз даҳҳо асару мақолаҳои дигар дар бораи дину ахлоқ, маънавиёт ва сиёсату иқтисодиёт ба хазинаи тиллоии фарҳангу миллати тоҷик ворид гардида, ба дили хонандаи имрӯза, аз олиму сиёсатмадор то деҳқону коргар роҳ ёфта, рисолати роҳнамои миллат ба роҳи фардои дурахшон буданро касб кардаанд.

Гузашта аз ин, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли зиёда аз 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми мамлакат бесаброна пазироӣ менамояд, самтдиҳандаи сиёсат, амнияту субот, иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва ҳаёти ҳаррӯзаи  миллат мебошанд ва як навъ оинаи тамомнамоеанд, барои шинохти аслу пайванди хеш, хештаншиносӣ ва дарки масъулияту ватандӯстӣ ва ҷойгоҳу мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳо ва тамаддунҳои олами муосир.

Асари бағоят мондагору муҳим ва бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба ифтихори 30-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ ба табъ расида, ҳамчун армуғони идона дар арафаи Рӯзи  забони давлатӣ ба миллати тоҷик пешкаш гардид, баёнгари таърихи пуршараф ва ҳашамати нотакрор, мақом ва манзалати бузургии илмию фарҳангии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва нишонаи асосии миллат будани он буда, инқилоби фикриест, ки дар соҳа ворид намудааст.

Ба масъалаи забон рӯй овардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест. Ва чуноне ки худи муаллифи асари арзишманду бунёдии илмӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намудаанд: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».

Мояи ифтихору сарбаландии мо тоҷикони асри ХХI аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахсан, пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд. Ва забонро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат ҳамчун муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд, ки ин, пеш аз ҳама, барои мо равшанфикрону аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ мояи  ифтихор ва сарбаландию пайравист.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шахсияти эшон ба ҳайси сиёсатмадори воқеии донову оқил, мушфиқу меҳрубон ва мутафаккири арсаи илмиву сиёсӣ ва шахсияти шинохташудаи байналмилалӣ дар тамоми олами муосир эътироф ва шинохта шудааст, нисбат ба забони модарии хеш — забони тоҷикӣ муҳаббати беандоза доштанашон ҳам дар байни ҷомеаи мамлакат ва берун аз он, дар тамоми ҳавзаҳои тоҷикнишини олам ва форсизабонони ҷаҳон эътироф шудааст. Таълифи асари калонҳаҷми дуҷилдаи беназири «Забони миллат – ҳастии миллат» ҳам натиҷаи муҳаббатҳои беандозаи Президенти мамлакат нисбат ба забони модарӣ мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо кӯшишҳои пайдарпайи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбару садри аъзами давлат онро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф  намудаанд, ки он аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Пешвои миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон, бахусус, дар асари дуҷилдаи эшон «Забони миллат – ҳастии миллат» муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳими миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд.

Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат дар асари мазкур дар баробари  баррасии масоили марбут ба забоншиносӣ доир ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ, давлатдории сулолаҳои гуногуни асрҳои мухталиф  аз замони Ҳахоманишиён то Ғазнавиён (китоби якум) ва аз суқути Ғазнавиён то давлатдориҳои гуногуни  ибтидои асри ХХ (китоби дуюм) маълумоти амиқи  таърихӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар он нуктаҳо ва саҳифаҳои номакшуфи таърихи халқи тоҷикро баён намудаанд.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби мазкур перомуни ҳаёт ва эҷодиёти адибони барҷастаи миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХ маълумоти муҳимми илмиро рӯйи кор овардаанд, ки он ба таҳлилҳои илман асоснок, бо диди нави академӣ ва усулҳои нави таҳқиқ аз дигар асарҳо фарқ мекунад. Китоби мазкур саҳифаҳои наверо доир ба ҳаёт ва фаъолияти адибони давраҳои гуногуни таърихи адабиётамон бозгӯ намуда,  намунаи барҷастаи таҳлилҳои адабиётшиносӣ дар замони муосир ба шумор меравад. Ин китоб барои таърихнигорон, адабиётшиносон, забоншиносон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон манбаи муҳимми илмӣ  ва барои аҳли илму маорифи кишвар воситаи беҳтарини таълимию тарбиявӣ  ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки пас аз хомӯшӣ ва сукуту таҳаммули тӯлонии зиёда аз ҳазор сол хуршеди азамат ва ҷалолу шукӯҳи забони тоҷикӣ, дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ, ки дар аҳди Оли Сомон партавафшон буду нурҳои зиёбахши он аз Мағриб то ба Машриқ, аз Ироқу Аҷам то ба Чин ва аз Мовароунаҳру Хуросон то ба Ҳинд равшангари маърифат ба шумор мерафт, боз бо фазилати қудуми мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати навин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тулӯи тоза кард. Бигзор ин тулӯи хуршеди забон тулӯи беғурубу ҷовидона бошад ва ҳумои толеи ин миллату забон, дар каронаи фазои сиёсии ҷаҳон дар парвози бегазанд ва пуравҷ бошад.

Маҳз бо пайгириҳо ва кӯшишҳову ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 таҳия ва қабул гардид, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, соли 2008 — соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва ҳамасола рӯзи 5 — уми октябр таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба расмият даромад, ки ҳамаи ин тадбирҳо, дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо барои рушду нумӯъ ва ривоҷу равнақи ҳаматарафаи забони тоҷикӣ фазои басо муносиби сиёсиву маъмурӣ ва фарҳангию маънавӣ ва маърифатиро фароҳам сохт.

Мояи ифтихору пайравии ҳамаи мо — тоҷикону тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, ки Роҳбари давлат ва Пешвои миллат, азизи тоҷикон имрӯз, шахсан, пуштибону ҳомии забони модарии мову шумо, яъне забоне,  ки бо он «Авасто» нахуст навишта шуда, бо он «Бӯи ҷӯи Мулиён»-у кулли осори Одамушшуаро Рӯдакӣ навишта шуд, бо он «Шоҳнома»-и Фирдавсиву «Хамса»-и Низомӣ ва «Ҳафт Авранг»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Маснавии Маънавӣ»-и «Девони Шамс» — и Мавлонои Балхӣ навишта шуд, бо он осори Ибни Сино ва осори Саъдиву Ҳофиз ва зиёда аз ҳазору чаҳорсад адибу мутафаккири шаҳири тоҷик навишта шуд, ки ҳомии забони тоҷикӣ ҳастанд.

Забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омад. Имрӯз садои забони дарии тоҷикӣ дар тамоми ақсои олам танинандоз аст ва ба ҳайси як забони давлатӣ қудрату тавоноии худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмиву маърифатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷилва овард.

Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модариро ҳамеша  азизу  гиромӣ ва пос доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Эълон: Мизи мудаввар дар мавзӯи «Президент – кафили боэътимоди рушди забон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Ноябр, 2020 - 15:42

          Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақша-чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 16-уми ноябри соли 2020, соати 09:00 дар толори Кумита мизи мудаввар дар мавзӯи «Президент – кафили боэътимоди рушди забон» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита, муовин, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, кормандон, олимону донишмандон, академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма баргузор намояд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Ноябр, 2020 - 06:00

Ҳамватанони азиз!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.

Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асо­сиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон ме­бо­шад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурах­шони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷ­тимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳиб­их­­­тиёрӣ, истиқ­ло­­лу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.

Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду ва­зи­­фаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хо­­ри­ҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.

Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.

Қобили зикр аст, ки дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тар­­­ти­боти ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид.

Мо бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқти­содиву иҷ­ти­моӣ, ҳу­қуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардидем.

Тибқи Конститутсия давлати мо узви комил­ҳу­қуқи ҷо­меаи ҷа­ҳон эълон гардида, имрӯз та­вассути ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мегузорад.

Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ боиси даст­гирии ҷомеаи башар гар­ди­даанд.

Ҳамзамон бо ин, чунонки солҳои охир мушоҳида мешавад, дар баъзе кишварҳои олам давлат ва ҷомеа бо сабаби сарфи назар гардидани арзишу меъёрҳои Конститутсия ва риоя нашудани муқаррароти қонунгузорӣ ба буҳронҳои шадид ва мушкилоти сангини сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд.

Дар чунин шароит Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои Конститутсияи худ сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ мекунад, ба соҳибихтиёриву истиқлоли ҳамаи давлатҳои ҷаҳон эҳтиром мегузорад ва муносибатҳои худро бо кишварҳои олам дар асоси меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ рушду тавсеа мебахшад.

Дар ин раванд, зарур аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар ба Конститутсия ҳамчун бахтнома ва санади оливу мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа муносибат намоянд, моҳияти иҷтимоии онро амиқан дарк кунанд, ба он эҳтиром гузоранд ва ба хотири тараққиёту инкишофи давлату давлатдорӣ саъю талош намоянд.

Зимнан, хотиррасон месозам, ки Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.

Соли ҷорӣ дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз дар асоси Конститутсия сурат гирифтанд, далели равшани дар ҷомеаи мо таъмин будани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар гардид.

Имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем.

Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, иттиҳоду сарҷамъӣ, риояи меъёрҳои Конститутсия ва муқаррароти қонунҳо, яъне таъмин намудани волоияти қонун зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои ояндаи халқамон як мулки орому осуда ва давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.

Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифт­ихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хо­на­­дони ҳар яки онҳо бахту иқболи нек, сулҳу оромӣ ва ба кишвари ази­за­мон пешравию комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсия - санади тақдирсози миллат» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Ноябр, 2020 - 15:55
«Конститутсия-санади тақдирсози миллат»

       Имрӯз 5-уми ноябри соли 2020, соати 14:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсия-санади тақдирсози миллат» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита, муовин, доктори илми фалсафа, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Маҳмадҷонова М.Т., сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита баргузор гардид.
       Мизи мудавварро раиси Кумита бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз  намуда, аз ҷумла, қайд кард.
       Ҳозирини гиромӣ!
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин санади бузурги таърихӣ гувоҳӣ медиҳад.
       Баъди эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи 17-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо роҳбарии раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи муштарак оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
       Дар натиҷаи заҳматҳои мунтазами аъзоёни комиссия Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ онро санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул намуд.
Лозим ба зикр аст, ки қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик буда, ҳамчун санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлолро инъикос менамояд.
Қабули Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, пояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад.
       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегирад, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.
       Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода ва равшангари роҳи ҳаёти мардум, воқеан санади тақдирсозе аст, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд.
Ҳамчунин, гуфтан бамаврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи шаҳрвандони кишвар, риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳимояи ватан ва манфиатҳои давлату ҷомеа, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллиро ба сифати уҳдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст, ки чунин вогузоркунии уҳдадориҳо ҳифзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу бономус мебошад.
       Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо ва дар симои Шумо, аҳли хонадон  ва тамоми мардуми сарбаланд ва азизи кишварро ба ифтихори ин ҷашни бузург, ки барои ҳар яки мо бисёр азизу гиромист, самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтиву некрӯзӣ, саодати рӯзгор ва барори корро орзумандам.
Сиҳатманду пирӯз бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Гузориш аз натиҷаи назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҶДММ «Сатурн», муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№2, 3, 4, 5, 14 ва Муассисаи давлатии Гимназияи №1

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Октябр, 2020 - 15:31
Гузориш аз натиҷаи назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҶДММ «Сатурн», муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№2, 3, 4, 5, 14 ва Муассисаи давлатии Гимназияи №1

     Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р. (роҳбари гурӯҳ), сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш., мутахассиси пешбари бахши экспертизаи забоншиносӣ Ҷалолов С. (аъзои гурӯҳ) тибқи фармоиши раиси Кумита аз 9-уми октябри соли 2020, №131 назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 56-и Нақшаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро (26.12.2020) дар ҶДММ «Сатурн», муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№2, 3, 4, 5, 14 ва Гимназияи №1-и шаҳри Ҳисор аз 15-ум то 17-уми октябри соли 2020 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.
     Ҳамзамон, Кумита 28-уми октябри соли 2020, соати 1400 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Ҳисор аз натиҷаи назорат ва таҳлили риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи банди Нақша бо иштироки муовини раиси Кумита, гурӯҳи кории санҷишӣ, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор, мудирони боғчаҳо, директорони муассисаҳо, ҷонишинҳо, омӯзгорони муассисаҳо ва кормандони шуъбаи маориф (ҳамагӣ 140 нафар) семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
     Дар оғоз мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор тамоми иштирокдоронро ба семинари омӯзишӣ хайра мақдам намуда, намояндагони Кумитаро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва оид ба муҳтавои рӯзномаи семинар маълумот дод. Баъдан барои гузориш суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Р. дод. Роҳбари гурӯҳи корӣ баён намуд, ки тибқи Нақша дар муҳлати кӯтоҳ вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баъзе аз муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таҳлилҳо нишон дод, ки бо вуҷуди қаноатбахш будани масъалаи коргузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баъзе хатоҳои имлоӣ ва навишти ғайритоҷикӣ ба мушоҳида расид, ки гурӯҳи корӣ барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тавсияҳои худро пешниҳод намуд. Инчунин, дар рафти таҳлил санҷиши саводи имлоии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№2, 3, 4, 5, 14 ва Муассисаи давлатии Гимназияи №1-и шаҳри Ҳисор санҷида шуд.
     Сипас, сухан ба муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. дода шуд, ки фикру мулоҳизаҳои худро аз рафти назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор баён намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар гузориш дарҷгардида дар муҳлати муқарраргардида ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумои муфассал ирсол намоянд.
Семинари омӯзиширо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор – Муқимзода Наргис ҷамъбаст намуда, бовар кунонданд, ки камбудию норасоиҳо дар муҳлати кӯтоҳ бартараф хоҳад шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат (вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», қисмҳои 3, 4)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Октябр, 2020 - 15:26
Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат (вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», қисмҳои 3, 4)

     Имрӯз 24-уми октябри соли 2020, соати 09:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» (қисмҳои 3, 4) баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
     Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»  (қисмҳои 3, 4) маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои раднашаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд.
     Дар замони муосир гиромӣ доштани ваҳдату ягонагӣ беш аз пеш авлавият дорад. Насли ҷавон бояд аз таърихи кишвари азизамон бохабар бошанд, бахусус, аз бесарусомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ огоҳ шаванду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳар як фарди ватандӯстро мебояд, ки ба қадри сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд расид ва нагузорад, ки ягон ҳизб, ҳаракат ё равияҳои гуногун озодиву ваҳдати моро халалдор созанд.
     Маҳз талошу заҳматҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба рӯзҳои нек, зиндагии осуда, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расид. Албатта, ин кори саҳлу осон набуд. Шахсони ватандӯст, бонангу номус ва сарсупурдагони ватан ба хотири осудагии миллат кӯшиданд ва дар натиҷа ба он ноил гардиданд.
Пас аз намоиши филми мазкур тамошобинро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашаванд ва ба ҳимояи давлату миллат, ободу зебо ва бунёд намудани ватани худ ҷаҳду талош намояд.
     Баъдан муовини раиси Кумита, сармутахассисони шуъбаҳои танзими истилоҳот ва ташкилию ҳуқуқии Кумита оид ба муҳтавои филми мазкур маърӯзаҳои худро қироат намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Мизи мудавварро раиси Кумита, доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва оромиву осудагиро орзу кард.
     Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Гузориш аз ҷаласаи гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳокимаи лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар толори Академия илмҳои Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Октябр, 2020 - 15:55

       Имрӯз 21-уми октябри соли  равон дар толори АМИТ ҷаласаи ниҳоии гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”  ва “Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» баргузор гардид, ки барои амалисозии масъалаи мазкур тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.10.2019, №16/10-248 Кумита вазифадор гардидааст.


       Ҷаласа бо иштироки  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик А. Раҳмонзода ва намояндаи ДИПҶТ Буризода    , роҳбарияти  Кумита ва АМИТ ва ширкати 23 нафар аъзои гурӯҳи корӣ оѓоз гардида, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”  ва “Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» мавриди муҳокима ва баррасии олимони забоншинос қарор гирифт.

       Боиси зикр аст, ки бо назардошти мушкилиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (№458 аз 04.10.2011) таҳиягарони Лоиҳаи навро зарурат пеш омад, то масъалаҳои баҳсталаб ҳалли худро ёфтаву духӯрагиҳо дар номи ҳарфҳо, мавриди дуруст муайян кардан ва мавқеи корбурди навишти ҳарфҳои иқтибосии ҳазфшудаи ц, щ, ы, ь, инчунин, имлои калимаҳо дар калимаву иборасозӣ ва мавқеи корбурду навишти онҳо дар ҳиссаҳои нутқ  дуруст ва мушаххас муайян карда шаванд.

       Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”  ва “Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» дар шакли ниҳоӣ рӯзҳои наздик барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.


Котиби Комиссия

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Изҳори сипоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 12 Октябр, 2020 - 17:33

Дирӯз 11 -уми октябри соли 2020 дар кишвари азизи мо боз як чорабинии муҳимму сарнавиштсози таърихӣ – интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аксари интихобкунандагон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйи худро ба тарафдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доданд.

Ба ин муносибат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва дастгирӣ намудани номзадиашон самимона изҳори сипосу миннатдорӣ мекунанд.

Пешвои миллат, ҳамчунин, бо қаноатмандиву ифтихор хотирнишон месозанд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон табдил ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, таъкид мекунанд, ки интихоботи доиргардида ҳамчун рамзи сулҳу суботи комили сиёсии кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик, бешубҳа, боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, бори дигар хурду бузурги мамлакатро даъват мекунанд, ки раванди корҳои ободониву созандагиро барои истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони мамлакат саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат (вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Октябр, 2020 - 14:53
Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат  (вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»)

    Имрӯз 9-уми октябри соли 2020, соати 09:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои раднашаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд.
     Дар замони муосир гиромӣ доштани ваҳдату ягонагӣ беш аз пеш авлавият дорад. Насли ҷавон бояд аз таърихи кишвари азизамон бохабар бошанд, бахусус, аз бесарусомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ огоҳ шаванду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳар як фарди ватандӯстро мебояд, ки ба қадри сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд расид ва нагузорад, ки ягон ҳизб, ҳаракат ё равияҳои гуногун озодиву ваҳдати моро халалдор созанд.
     Маҳз талошу заҳматҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба рӯзҳои нек, зиндагии осуда, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расид. Албатта, ин кори саҳлу осон набуд. Шахсони ватандӯст, бонангу номус ва сарсупурдагони ватан ба хотири осудагии миллат кӯшиданд ва дар натиҷа ба он ноил гардиданд.
Пас аз намоиши филми мазкур тамошобинро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашаванд ва ба ҳимояи давлату миллат, ободу зебо ва бунёд намудани ватани худ ҷаҳду талош намояд.
     Баъдан мудирони бахши экспертизаи забоншиносӣ, умумӣ ва хадамоти кадрӣ ва мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита маърӯзаҳои худро қироат намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва оромиву осудагиро орзу кард.


     Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2020 - 11:00
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо - соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям.

Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем.

Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст.

Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст.

Бо дарназардошти ин, ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст; бо он забони латифу нафисе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл навишташудаашро мехонему мефаҳмем; бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд.

Машҳуртарин шеъри адабиёти классикии тоҷикиро, ки ба қалами сарвари шоирон устод Рӯдакӣ тааллуқ дошта, бо сатрҳои марғуби “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме” оғоз мегардад, имрӯз ҳар яки мо бидуни ягон мушкил мефаҳмем ва аз он лаззати маънавӣ мебарем.

Ин шеърро зиёда аз ҳазор сол инҷониб ҳар як тоҷикзабон бе ҳеҷ гуна тағйирот мехонад ва аз ёд мекунад.

Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо - соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.

Яъне эҳтироми мо ба забони давлатӣ бояд сидқан ва масъулона бошад.

Дар ин росто, ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан, наврасону ҷавонон бояд сатҳи забондонӣ ва маданияти нутқи худро пайваста баланд бардошта, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони ширини модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ кӯшиш намоянд.

Зеро дар замони муосир таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нуфузи унсурҳои манфии фарҳангҳои бегона аз ҷумла ба василаи забонҳои ғайр сурат гирифта, покии забони шевои тоҷикиро халалдор месозад.

Ман борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки донистани забонҳои хориҷӣ талаби замони муосир аст, аммо омӯхтани онҳо чунин маънӣ надорад, ки нисбат ба забони модарӣ беэътиноӣ зоҳир гардад.

Забони миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллат аст ва забони давлатӣ рамзи давлат аст.

Бинобар ин, беэътиноӣ нисбат ба забони тоҷикӣ беэҳтиромӣ ба миллату давлат ба ҳисоб меравад.

Мо забонҳои хориҷиро бояд на барои дигарон, балки ба хотири рушди давлату миллати худамон омӯзем ва истифода барем.

Воқеан, агар забони тоҷикӣ ба таври мукаммал аз худ карда шавад, ин воситаи муҳимми омӯзиши забонҳои дигар мегардад.

Омӯзгорони забону адабиёти тоҷикӣ, падару модарон ва аҳли зиё вазифадоранд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва махсусан, ба сайқал додани фарҳанги муоширати наврасону ҷавонон мусоидат карда, ба риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва одоби сухангӯӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯ мебахшад.

Дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ ва дар лаҳзаҳое, ки гузаштагони мо дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, забон чун сипари миллат ба майдони набард баромада, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳифзи марзу бум фаро хондааст.

Аз ин лиҳоз, барои мо гиромидошти забони миллӣ ва истиқлолу ватанхоҳӣ бо ҳамдигар пайванди зич доранд, ки инро таърихи тоҷикон дар мисоли сиёсати забонии давлати Сомониён собит сохтааст.

Маҳз дар замони сулолаи Сомониён забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишаст, ба сифати забони нерӯманди адабӣ ташаккул ёфт ва тавоноиву қудрати он ба ҳадде расид, ки дар асрҳои минбаъда низ мақоми давлативу фарҳангии худро аз даст надод.

Насли калонсол то ҳол дар ёд дорад, ки доираи истифодаи забони тоҷикӣ дар гузаштаи начандон дур хеле маҳдуд шуда буд.

Забони тоҷикӣ имкони ба таври комил иҷро намудани вазифаҳои ҷамъиятии худро надошт ва торафт ба забони хонаводагиву маишӣ табдил меёфт.

Яъне набудани истиқлоли давлатӣ ба рушду такомули забони тоҷикӣ таъсири манфӣ мерасонид.

Бинобар ин, мардуми мо соли 1989 қабули қонуни забонро бо қаноатмандии зиёд истиқбол карданд.

Вале бояд гуфт, ки ҳарчанд қабули қонуни мазкур дар ҳаёти мардуми мо рӯйдоди муҳимми таърихӣ буд, аммо дар инкишофи забони давлатӣ гардиши куллиро таъмин карда натавонист.

Бо дарназардошти чунин вазъ ва бо мақсади тақвият бахшидан ба пояҳои забони давлатӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои инкишофи он ва қонеъ намудани ниёзҳои ҷомеаи кишвар 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул гардид.

Дар муддати ёздаҳ соли гузашта доир ба татбиқи қонуни нави забон корҳои зиёде ба анҷом расидаанд, вале ин ҳанӯз кам аст.

Чунки забон мисли ҷисми зинда аст ва ба ғамхории доимӣ ниёз дорад.

Аз ин лиҳоз, баъзе моддаҳои қонун бо дарназардошти талаботи кунунии ҷомеа бояд бознигарӣ шаванд, то воқеияти имрӯзаи кишварро инъикос намоянд.

Забони тоҷикӣ иқтидори бузурги илмиву луғавиро дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дорад ва мо соҳибзабононро зарур аст, ки барои таъмин намудани пешрафти муназзами он пайваста кор кунем.

Махсусан, вазъи истилоҳоти илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ моро водор месозад, ки ба масъалаи таҳияи дастуру китобҳои илмӣ дар самти зикршуда эътибори ҷиддӣ диҳем.

Аз ин рӯ, олимони соҳаҳои мазкурро зарур аст, ки барои қонеъ гардонидани ниёзҳои забонамон ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он, дар навбати аввал, имкониятҳои дохилии забони таърихан пуриқтидорамонро васеъ истифода баранд, яъне калимаву истилоҳоти мавҷудаи давраҳои гуногунро, ки имрӯз қобили истифода мебошанд, ба гардиш ворид намоянд.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад.

Танҳо дар чунин сурат мо метавонем дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ шавем.

Дар интиҳои сухан, бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишварро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба кулли соҳибзабонон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ, иродаи устувор ва барори кор орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми табрикии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2020 - 10:20
Паёми табрикии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меҳмонони арҷманд,
Устодон, дӯстони азиз, ҳозирини гиромӣ!

Иштироки ҳар яки Шуморо ба семинари машваратии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истиқлол ва истилоҳшиносӣ: мушкилот ва дурнамо» хайра мақдам гуфта, ба Шумо дар фаъолият ва дастгирию пешбурди сиёсати давлат оид ба забон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҷашни имсолаи Рӯзи забони давлатӣ мову Шумо имрӯз аз дастовардҳои рушди забон дар кишвар сухан гуфта, оид ба яке масъалаҳои мубраму рӯзмарраи забоншиносии муосир – истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигорӣ, гиромидошт ва дастовардҳои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон, маърӯзаву суханронӣ ва музокираҳои илмӣ менамоем.
Истиқлолияти давлатӣ бо забони миллӣ робитаи бевосита дорад. Дар ин бобат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд».
Мусаллам аст, ки инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро натанҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳаг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад. Дар солҳои истиқлолият доираи истифодаи забони давлатӣ хеле густариш ёфта, асарҳои зиёди илмиву адабӣ ва сиёсиву публитсистии тоза таълиф ва ба нашр расиданд.
Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон ин дар пояи устувори забони илм қарор додани забони тоҷикӣ мебошад. Дар иртибот ба ин масъала Президенти кишвар дар чандин суханрониҳои худ зарурати таҳияи ин бахши муҳими ҷомеаи муосир истилоҳотшиносӣ, яъне истилоҳоти илмиро таъкид намуда, онро аз масъалаҳои мубрами сиёсати давлат оид ба забон, хусусан забони давлатӣ баён намуданд. Дар асоси ин нуктаҳои Пешвои миллат ба вуҷуд овардани забони илм ва истилоҳоти дақиқи илмӣ вазифаи асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва ҳамчунин, кафедраҳои муассисаҳои таълимии олии кишвар буда, масъалаи дар мақоми забони илм қарор гирифтани забони давлатӣ мутобиқи муқаррароти моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар амалӣ сохтани ин ҳадафи миллӣ муассисаи такягоҳии илмии кишвар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор гардидааст. Вобаста ба масъалаи истилоҳшиносӣ ва таҳияи истилоҳоти илмӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи илм на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забон ба шумор меравад».
Аз ин рӯ, мутахассисони соҳаҳои алоҳидаи илмро зарур аст, ки сиёсати давлатро дар масъалаи истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигорӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фарҳангҳои соҳавӣ-тахассусӣ таҳия намоянд. Зеро забони тоҷикӣ ҷиҳати офаридани истилоҳоти илмӣ имкониятҳои зиёде дорад. Дар ин хусус Пешвои миллат чунин таъкид менамоянд: «Забони мо имкониятҳои фаровоне дорад, ки мафҳумумаъниҳо ва истилоҳоти нави илму фанро дар ҳар асру замон ҳазм карда, бо рангу бӯйи тоҷикона таҷассум намояд».
Пешвои миллат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ҳамчунин, дар Рӯзи забони давлатӣ, 4-уми октябри соли 2019 чунин баён кардаанд: «Ҳарчанд ки бо ҳадафи танзими ин масъала дар назди Кумитаи забон ва истилоҳот Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот таъсис ёфта, аз ҷониби он як силсила корҳои омӯзишӣ ва тавсиявӣ ба анҷом расонида шудаанд, вале то ҳанӯз як қатор мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд.
Аз ҷумла, дар ин самт то андозае бесарусомонӣ ба назар мерасад, яъне дар мавриди ифодаи як мафҳум истилоҳу калимаҳои мухталиф истифодашуда, хонанда ё шунавандаро ба раҳгумӣ мебарад.
Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки якҷо бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг доир ба таҳия, қабул ва татбиқи истилоҳоти ягона дар ҳамаи соҳаҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар раванди таҳияи дастурҳои истилоҳсозӣ ба лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки босабабҳои гуногун аз доираи истифода берун мондаанд.
Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд.
Бештари мафҳумҳои наве, ки ба таркиби луғавии забони модарии мо роҳ меёбанд, натиҷаи пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯза мебошанд.
Ба ибораи дигар, раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир ба забони давлатӣ низ таъсир мегузорад ва дар роҳи рушди табиии он монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад.
Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки милликунонии забони технологияҳои навин дар кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи сохтору мақомоти марбута қарор дошта бошад».
Таърихи башарият ва махсусан. таърихи давлатдории мардумони ориёизабон аз он шаҳодат медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша саъю кӯшиш мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ, ба вуҷуд овардану мустаҳкам сохтани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсурҳои забонӣ истифода бурда, барои рушду инкишоф ва густариши забони модарии худ тадбирҳои мушаххас андешанд. Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, асоси илҳом ва меҳвари ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии равшангарони он мебошад.
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд. Забони давлатӣ бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳо давлатдорӣ буда, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик мебошад.
Пешвои миллат дар суханрониҳо, суҳбату вохӯриҳо бо аҳли зиё, олимон, адибон ва аҳли ҷомеа ҳамеша бо пайгирӣ аз сиёсати ягона ва бар пояи илмӣ устувор дар баробари забони давлатӣ ва забони миллӣ дар замони муосири робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба хусус, забонҳои русӣ ва англисиро аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мешуморанд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пуштибон ва ҳомии воқеии забони миллӣ ва забони давлатӣ барои мақому мартабаи забон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, дар роҳи бедорӣ ва ифтихор ба миллат ва забони миллӣ хидматҳои беназир ва таърихӣ ба харҷ додааст.
Ҳукумати Тоҷикистон барои рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ далели равшани сиёсати давлат дар самти забони миллӣ буда, ин нуктаро бори дигар ба таври равшан собит месозад.

Меҳмонони азиз,
Ҳозирини гиромӣ!
Бори дигар Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ мебошад, табрик намуда, ба ҳамаи Шумо, пеш аз ҳама, тани сиҳат, хонаи обод ва барои поку бегазанд нигоҳ доштани забонӣ миллӣ ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудан комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Сарбаланду пирӯз бошед!
Ташаккур!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Сентябр, 2020 - 15:33
Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

          Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми сентябри соли 2020, №253461 (26.2) ва Нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2020 бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Истиқлол ва истилоҳшиносӣ: мушкилот ва дурнамо» 5-уми октябри соли 2020, соати 10:00  дар толори Кумита ба нақша гирифтааст, ки дар он аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ масъалаҳои мубрами истилоҳнигорӣ ва рушди он дар таҳкими забони давлатӣ ҳаллу баррасӣ хоҳад шуд.

Маъмурият

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Бознигарии лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Август, 2020 - 15:55
Бознигарии лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»

Бознигарии лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми августи соли 2020, №26/10-248 ҷиҳати иҷрои банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 баён доштанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Гузориш аз натиҷаи ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Август, 2020 - 14:33

Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои ҳизбро ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, бо саҳмгузорӣ барои рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар асоси барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур аз 11-уми августи соли 2020, №3 13-уми августи соли 2020 ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо иштироки роҳбарият, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, кормандон аъзоёни ҳизб ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода баргузор намуд.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокротии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ намуданд.
Дар анҷом барои иштирок дар конференсияи ХXXI ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур вакилон аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шуданд.

ш. Душанбе

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Август, 2020 - 10:35
Баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат»

   Имрӯз 6-уми августи соли 2020, соати 09:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон, кормандони Кумита ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.


   Дар замони муосир ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, махсусан намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, бозии шоҳмот барои рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат менамояд. Дар баробари рушди зеҳнии инсон ҳамзамон, бозии шоҳмот бозии адаб ва ахлоқ маҳсуб меёбад, ки ин бозӣ дар инсон хислатҳои накуро, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накукорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, мустақилона фикр рондан ва масъулиятшиносиро тавлид менамояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Фишурдаи нишасти матбуоти дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Июл, 2020 - 09:33
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Июл, 2020 - 11:55
Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

     Имрӯз 17-уми июли соли 2020, соати 09:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷати «Хиёнат»  маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-ум, ки миллати моро ба вартаи нобудӣ мекашид, сабаби андӯҳи гарони мардуми кишвар гардид. Дар давоми панҷ соли ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо қурбон шуданд, тахминан 2 миллион шаҳрвандон бе хонаву дар монданд, ҳазорҳо оила бепарастор монда, фарзандон ятим шуданд. Баъзе минтақаҳои кишвар дар бунбасти иқтисодӣ монданд ва мардум азоби гуруснагӣ мекашиданд, аксари мардуми кишвар аз рӯи ноилоҷӣ гуреза ё муҳоҷир шуданд.
     Маҳз талошу заҳматҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуш буд, ки мардуми кишвар ба рӯзҳои нек, зиндагии осуда, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расид. Албатта, хомӯш кардани ҷанги бародаркуш кори саҳлу осон набуд, вале шахсони ватандӯст, бонангу номус ва сарсупурдагони ватан ба хотири осудагии миллат кӯшиданд ва дар натиҷа ба он ноил гардиданд.
Пас аз намоиши филми мазкур тамошобинро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашаванд ва ба ҳимояи давлату миллат, ободу зебо ва бунёд намудани ватани худ ҷаҳду талош намояд.
Баъдан муовини раиси Кумита дар мавзӯи «Воизон, к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд…» ва сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита доир ба мавзӯи «Шукргузори ин даврони биҳиштӣ бошем» маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои муҳим баррасӣ шуданд.
     Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ орзу кард.
Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.


Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иктисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Июл, 2020 - 11:55
Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иктисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020

       Имрӯз 9-уми июли соли 2020, соати 10:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иктисодии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
     Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфтанд.
     Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита ва тасдиқи Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2020 аз ҷониби мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумита қироат гардид.
     Баъдан, он аз ҷониби олимон, узви Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, ба хулосае омаданд, ки ҳисоботи фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 қаноатбахш ҳисобида шавад ва Нақшаи кори Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2020 бо қарори Ҳайати мушовара тасдиқ карда шавад.


Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карданд.

Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

«Пудратчӣ» не, «паймонкор»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Июл, 2020 - 11:08
Хайруллоҳи РАҶАБИЁН, муҳандис-обшоргар, тарҷумон, луғатнигор, рӯзноманигор

Ман – нигорандаи ин сатрҳо ҳар як шумораи «Садои мардум»-ро мехонам. Дар саҳифаҳои он, ҳар кас барои хеш матлаби хонданбоб меёбад. Ман, ки муҳандиси сохтмон ҳастам, дар баробари мутолиаи мақолаҳои ҷолиб, ба саҳифаи чоруми рӯзнома таваҷҷуҳ менамоям. Дар он бештар даъватномаҳои иштирок дар озмуни харид ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дарҷ меёбанд ва бо ибораи «Ба таваҷҷуҳи молрасону пудратчиён» оғоз мегарданд.

Ҳамчун коршиноси собиқаи сиву ҳафтсоладошта ба калимаи сохтаи «пудратчӣ» бештар шинос ҳастам. Он аз калимаи русии «подрядчик», ки решааш «подряд» (Договор по которому одна сторона обязуется по заказу другой стороны выполнить определенную работу, а также работа, такому выбору, С. И. Ожегов «Словарь русского языка», Москва, «Русский язык», 1986, стр. 468) мебошад, сохта шудааст. «Подрядчик» чунин шарҳ дорад: Организация (или, же отдельное лицо) занимающаяся работами по подрядам (С. И Ожегов «Словарь русского языка», Москва, «Русский язык», 1986, стр. 468).
Кадом «донишманд»- е аз он «пудрат» сохтаву бо хизмати хирсона забонро олуда кардааст, ки ҳеҷ маъноеро ифода намекунад. Дар забон ба ин маънӣ калимаи «паймонкор» ҳаст, ки дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2013. саҳ. 186) сабт гардидааст ва онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Ҳамзабонони бурунмарзӣ низ ҳамин калимаро истифода мебаранд. Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», (ҷилди 2, Душанбе, 2008, саҳ. 61) паймонкор он ки дар асоси шартнома ё қарордод кор мекунад ва паймонкорӣ кор кардан бо шартнома ё қарордод шарҳ дода шудааст
«Подряд» (дар «Русско-таджикский словарь», Москва, «Русский язык», 1985, саҳ 767), ки дар замони русикунонии забонҳои халқҳои шӯравӣ таълиф шудааст, «пудрат, кӯтарабайъ, яклухтбайъ» тарҷума шудааст, ки ҳеҷ қобили қабул буда наметавонад. Хуб мебуд, ки забоншиносон онро мувофиқ ба талаботи замон аз нав таълиф менамуданд.
«Тозагии забонро чун муқаддасот эҳтиёт намоед. Ҳеҷ гоҳ калимаҳои хориҷиро истифода набаред. Забони русӣ чунон ғанӣ ва хушоҳанг аст, ки ба мо аз онҳое, ки камбағалтаранд чизе гирифтан нашояд», – гуфтааст нависандаи шаҳири рус Иван Сергеевич Тургенев. Ин суханонро метавон ба забони тоҷикӣ низ, ки аз русӣ қадимтар ва ғанитар аст, нисбат дод.
Устод Ҷалол Икромӣ «Дар насиҳат ба рафиқи ҷавонам» мегӯяд: «Агар ба дасти шумо зарферо дода гӯянд, ки эҳтиёт бошед, мабодо аз даст наафтад, ки зарф аз гавҳару забарҷад сохта шудааст ва баҳои мамлакатро дорад, шумо, албатта, он зарфро бо камоли эҳтиёт нигоҳ медоред. Аммо чаро суханеро, ки аз ҳазорон ин гуна зарфҳои забарҷадин гаронбаҳотар аст, ёдгории асосии одамизод аст, баъзан хор мекунем?».
Ва Носири Хисрав гуфта:
Ман  онам, ки дар пойи хукон нарезам
Мар ин қиммати  дурри лафзи дариро.
Модом ки дар забон калимаи бисёр ҳам зебо ва хушоҳангу гуворои «паймонкор» ҳаст, чӣ ҳоҷат ба калимаи сохтаи бегонаи бидуни маъно, ки забони нобамонро олуда кардааст. Ҳангоми интихоби калима бояд ба  имкониятҳои забони давлатӣ таваҷҷуҳ намоем. Набояд ба тақлиди ноҷо роҳ дод. Ҳар як ташкилоти сохтмонӣ барои иҷрои корҳои пешниҳодшуда дар озмун бо фармоишгар паймон мебандад ва фаъолияти ӯ паймонкорӣ маҳсуб мешавад.
Боиси таҳсину хушнудӣ мебуд агар рӯзномаи «Садои мардум», Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои зертобеи он ҳангоми пешниҳод ва чопи эълонҳо ба ин нуктаи муҳим эътибор медоданд. Агар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навиштаи расонаҳо, ки ба афкори мардум таъсиргузоранд, бомасъулият назар мекарданд ва ворид шудани калимаҳои хориҷии сохта ва нодаркорро пешгирӣ менамуданд, нуран алонур мешуд.
Ҳамчунин, пешниҳод менамоям, ки калимаҳои «прокурор» ба «додситон», «суд» ба «додгоҳ», «судя» ба «додгус¬тар», «адвокат» ба «вакили додгустарӣ» ва «санитарӣ» ба «беҳдоштӣ» иваз карда, калимаҳои хориҷие, ки муродифи тоҷикӣ доранд, аз луғати имло хориҷ карда шаванд. Ин намуд калимаҳо забони ноби форсии дарии тоҷикиро ғанӣ намегардонанд, балки рӯди мусаффои онро олуда месозанд.

Соҳиби забон худи мо ҳастем. Тозагии онро ба ҷуз мо кӣ амалӣ мекунад? Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки барои тозагии забон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни суханрониҳояшон таъкид месозанд, калимаҳои «паймонкор», «паймонкорон» ва «паймонкорӣ» танҳо дар саҳифаи Фарҳанг намонда, мавриди истифода қарор дода шаванд. Як хаси аз об гирифта, онро тозатар ҷилва медиҳад. Об забони мосту хас калимаи нолозими хориҷӣ.

Хайруллоҳи РАҶАБИЁН, муҳандис-обшоргар, тарҷумон, луғатнигор, рӯзноманигор

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Мизи мудаввар ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2020 - 13:33
Забон неруи – ваҳдатофарин

       Имрӯз 26-уми июни соли 2020, соати 1000 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он олимон, шоирон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оѓоз суруди миллӣ садо дод ва баъдан раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба муносибати 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, қадами ҳар яки онҳоро ба ин чорабинӣ хайра мақдам гуфтанд ва ба иштирокдорон тансиҳатӣ, фаррухрӯзӣ ва ба фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназир орзу намуда, афзуданд, ки халқи тоҷик хуб медонад, ки барои расидан ба ин рӯзи саид кишвари мо аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ хотима бахшид.
       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, ки: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли паркокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».
       Аз ин рӯ, мо бояд ҳар як фарди бонангу номус ин ҷашнро гиромӣ дошта, Ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Баъдан шоирон, олимон ва кормандони Кумита доир ба масъалаҳои марбут ба Ваҳдати миллӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои муҳим баррасӣ шуданд.
       Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ ба мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ орзу кард.


Ғазали
«ВАҲДАТ»
Дӯстон, бо ҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст,
Ҳамдилу ҳамдард будан ҷисму ҷони ваҳдат аст.
Он қадарҳо ваҳдати сарду забонӣ сохтем,
Он ҳама акнун дигар заҳре ба хони ваҳдат аст.
Мардуми Хатлону Раштонанд аз як хоки пок,
Ошноиҳояшон дар ошёни ваҳдат аст.
Дар Бадахшону Зарафшон, дар Хуҷанди бостон,
Худшиносиву худафрӯзӣ тавони ваҳдат аст.
Марзи Вахшону заминҳои барӯманди Ҳисор,
Хурраму сарсабз аз оби равони ваҳдат аст.
Мешавад Сурхобу Хингоб оқибат Вахши бузург,
Ин баҳамоӣ, нигар, рӯди дамони ваҳдат аст.
Дар ҷаҳон тоҷик афтодаст дур аз ҳамдигар,
Аз парешонии худ дар ормони ваҳдат аст.
Гар сари овози якро дигаре гирад ба меҳр,
Гардад овозе, ки ҷовидон равони ваҳдат аст.
Эй, ки месӯзӣ ба умеди фурӯғи кишварат,
Дар забону дил яке будан нишони ваҳдат аст.
Хонаи тоҷик рӯшан чун дили тоҷик бод!
Тоҷикистон хонадони ҷовидони ваҳдат аст.
                                              аз шоир Меҳмон Бахтӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Шукргузори ин даврони биҳиштӣ бошем

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2020 - 11:33

     Ваҳдати миллӣ, ки моро тӯли 23 сол ба роҳ ба сӯи музаффарият мебарад ва ҳамасола кишвари мо аз таъриху файзу баракати ин рӯзи нусратофарин бо баҳрамандӣ осудаву ободтар мегардад, қисмати неку хуҷастаи миллату халқи мост.
     Вақте мо суханро дар бораи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ оғоз мекунем, беихтиёр симои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назари меоварем, зеро маҳз ба туфайли кӯшишу талошҳои шабонарӯзии эшон 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба қавли устод Лоиқи зиндаёд «ҷанги девонавори мо гузаштаву Сулҳи деринтизори мо омад».
     Филми мустанади таърихии «Хиёнат», ки тариқи шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» пахш гардид, пеш аз ҳама, ҳодисаҳои нангину даҳшатовари солҳои 90-уми ҷанги шаҳрвандиро бо тахрибкориву беадолатиҳояш пеши назар меорад, вале ҳар як фарди солимфикри насли замони истиқлоламон дигар намегузорад, ки ин рӯзҳои фоҷиаовар ба сари халқи тоҷик ояду осмони софу беғубори моро бо дуди тиру туфанг тира гардонад ва халқ боз сарсону саргардон шавад.
     Таҷрибаи рӯзгор собит намудааст, ки мардумро танҳо ягонагиву ҳамдигарфаҳмӣ наҷот медиҳад. Хеҷ гоҳ қувваи бадӣ, фикру андешаи ҷоҳилона, ки мардумро ба гумроҳӣ ба як кӯчаи сарбаста мебарад, ба манфиати ҷомеа ва халқу миллат хизмат намекунад. Аз ин рӯ, толибони сулҳро зарур аст, ки ҳама вақт ҳушёр бошанд. Пайравони Аҳриману Заҳҳок ҳама вақт дар паи фитна ангехтану парешон кардани мардум ҳастанд.
     Ҳаёт дар ин давраи сарнавиштсоз барои миллати мо собит намуд, ки маҳз мардумфиребиҳо ва ба коми андешаву ақидаҳои нопоки худ кашидани насли ҷавон аз ҷониби як зумра ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ҷомеа ва ҳатто мафкураи насли ҷавони моро вайрон карда, ба сари хонаводаҳои онҳо мусибату бадбахтиҳо овард, насли ояндасози моро аз дину мазҳаб ва расму ойини миллӣ дур сохт, ки дар рафтору амал ва тарзи зиндасозии бисёр оилаҳои ҷавон мушоҳида мегардад.
Насли ҷавони моро зарур аст, ки бо азхудкунии осори адибони маърифатпарвару худшиносамон фаъолияту зиндагии худро ба роҳ монда, бо бедорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ кешу мазҳаби худро пос доранд, бо забону фарҳанги миллӣ арҷгузор бошанд ва дарк намоянд, ки дину мазҳабфурӯшиҳо ба мо суде намебахшаду мо тибқи қонунгузории давлати ягонаамон бояд ба сӯйи ояндаи нек қадам занем.
Бояд қайд низ кунем, ки пешвоёну иғвоангезони роҳи дину мазҳабҳои наву ба қавми мо бегона насли ҷавони моро танҳо ба фоидаи курсии хеш истифода бурданӣ шуда, мефиребанд, ки аз ин омол танҳо шахсони алоҳида сӯиистифода мебаранду халқи бечора зери зулму истибдод мемонад.
     Мо бояд насли ҷавонро дар роҳи илмомӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқу тарғиб намоем, то ки дар оянда созандаву бунёдгари кишвари худ дар оянда низ гардему дастнигари кишварҳои абарқудрат нагардем ва худ тақдирсозу таъминотгарӣ худ бошем.
Аз ин рӯ, насли имрӯзаи даврони Истиқлол, хусусан, ҷавонон бояд пойбанди макру фиреби ягон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ нагашта, ба роҳи ояндаи худ, ба фардо бо чашми дил нигоҳ кунад.
     Замони навини эҳёи Тоҷикистони азиз бо номи Қаҳрамони халқи тоҷик – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, зеро ин абармарди дунёи сиёсат пайваста дар андешаи мустаҳкам намудани аркони давлату бедории миллати тоҷик буда, баҳри таъмини ҳаёти осоишта тамоми тадбирҳоро меандешанд.    
Мо бояд бо масъулият дарку ҳис намоем, ки ҳар қадаре дараҷаи худшиносӣ ва фарҳангпарастии мо зиёд гардад, ҳамон андоза ватанамон боз ободтару зебо хоҳад шуд. Барои ин мо бояд муттаҳид бошему аз як гиребон сар барорем, то ягон қувваҳои бегона аз хориҷ ва дохили кишвар натавонад, ба ин сулҳу оромӣ ва ҳаёти осоиштаи мо халал ворид созад.
     Моро лозим аст, то шуълаи меҳру ихлос ва дӯстиро фурӯзонтар кунем, ки аз он хонаи дилҳои ҳамватанонамон равшантар ва решаи умеди онҳо мустаҳкамтар гардад. Зеро шоир барҳақ фармуда, ки
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Ҷомеаи шаҳрвандии моТоҷикон тавонист, ки дар муддати 23 соли Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти иҷтимоии кишвар ба дигаргуниҳои куллӣ ноил гардида, чунин як наслеро ба камол расонад, ки аз ҷиҳати худшиносиву ватандӯстӣ ва зиракиву ҳушёрӣ худро аз мушкилоти ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.
    Таҳиягари филми «Хиёнат» низ бар чунин ақида аст, ки «Халқи моро зарур аст, ки дар рафти чунин муборизаҳои шадиди ғоявию идеологӣ, ки дар фазои иттилоотӣ ҷараён мегиранд, минбаъд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи бозиҳои геополитикӣ ва хоҷагони пасипардагии кишварҳои бегона нашаванд, ба қадри Истиқлолият ва озодӣ расанд, комёбиҳои бадастомадаро ҳифз карда, барои давлатсозӣ ва миллатсозӣ камари ҳиммат банданд ва ҷасуронаю дилпурона ҷомеаи сифатан навро бунёд намоянд».
     Бо ин мақсади наҷиб мо тоҷиконро зарур ва шарт аст, ки ба қадри ин Рӯзи саиду муборак ва некпай, – Нури Ваҳдати оламафрӯз, ки бо назари Эзидӣ ва қалби инсонпарваронаи фарзандони фарзонаи миллат ба мо муяссар гардидаст, расидаву онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ба як Рӯзу Ҷашни миллӣ-озодихоҳӣ табдил диҳем, то ҳамеша дар ниҳоди мо тухми некиву инсонпарварӣ ва якдилиро парваридаву афзун намояд.
     Ба такрор метавон нидо кард, ки мо мардуми тоҷик, ки бо баҳрамандӣ аз файзу нусрати Ваҳдати миллӣ шукру сипоси бекарон ба ин рӯз кунем, ки ин ҳама ин даврони фаррухпайк армонҳои ҳазорсолаи ниёгони инсондӯсту ваҳдатсарои мост ва мо ба ягонагии кешу мазҳаб ва оийинҳои худ гаравида, шефтаву дилбохта ва муштоқу дил рабудану афсункориҳои бегонагон ва равияҳову ақидаҳои мардумфиреби хоҷагони аҷнабӣ нашавем. Зеро чунин кирдори онҳо моро ба мутеиву пастӣ бурда, дунёи моро на хуш, балки зулматсаро сохта метавонад. Мо тоҷикистониён новобаста аз қавму миллатамон, бояд ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як мақсад, пешравии ҷомеаи соҳибистиқлол ва дастёб шудан ба орзуву омоли мардуми кишвар гардем, ки он ҳам осудаву хуррам зистан ва бо ҳамдилдиву ҳамсозӣ баланд бардоштани афкори солими ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи инсонпаврарӣ ва ваҳдатсароист.

Раҳим Зулфониён – сардори шуъбаи танзими истилоҳоти
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ
Сарвбоуну Фарҳодова – сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ
Шаҳноза Бӯриева– сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Сулҳу ваҳдат- пойдевори ҳастии миллат

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2020 - 11:31

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».
     Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт. Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи тираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан, мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омада буд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишвари мо хисороти азимеро ба бор оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одам гардид. Халқи тоҷик тавонист, ки ба орзуи деринаи мардумамон яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардад ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате сайу талош намояд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Имрӯз мо ба шарофати пойдории сулҳу субот давлат ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки дар чунин низом муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикрронии инсон аҳамияти куллан нав пайдо менамоянд. Дар шароити имрӯзаи кишвар бояд ба моҳияти арзишҳо ва ѓояҳои демократии нав, тарзи зиндагӣ ва талаботи ҷомеаи адолатпарвар, ки мо бунёди онро марому мақсади хеш қарор додаем, ҷавобгӯ бошем. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар инсон бояд муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ донад. Тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарѓибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд.
Ин маънӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгони мо «Авасто» ба таври зайл омадааст: «Мо сулҳу саломатиро меситонем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бикашад. Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем». Намояндаи барҷастаи фарҳанги миллии мо Ҷалолиддин Балхӣ, ки яке аз поягузорони мактаби фалсафаи ваҳдати умуминсонӣ мебошад, худро на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ѓарбӣ, балки як инсони ҳамаро фарогир ҳисобидааст, ки ин баландтарин ифодаи башардӯстӣ, омили рафъсозандаи низоъҳои минтақавӣ, қавмӣ ва фарҳангиву динӣ мебошад. Афкори Мавлонои Балхӣ, ки бештар ҳамдилиро аз ҳамзабони беҳтар медонад, собит месозад, ки ҷавҳари миллати тоҷик аз азал бо таҳаммулгароӣ сиришта шудааст ва тоҷикон бо қавму миллатҳои дигар ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ҳамраъйиву дӯстӣ зиндагӣ доштаанд. Шоирон бо синаҳои шеърбору каломи пурэъҷоз аз тамоми санъатҳои шеърӣ истифода бурда, истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллатамонро васф намуда, ба рӯҳияи мардум ҳусни тозае зам менамоянд. Аммо насле, ки даврони шӯравиро пушти сар кардааст, бо шунидани калимаи сулҳ ба ёди шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода меафтад. Маҳз ин шоири зиндаёд тӯли фаъолияти кориаш ба мамолики дунё сафар карда, баҳри дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде кардааст. Замоне, ки устод чун паҳнкунандаи ѓояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муайян гардид ва ашъори сулҳҷӯёнаи ӯ ба авҷи аъло расида буд, хонандаи он оид ба ҷангу нооромӣ ва талафоти ҷонӣ танҳо аз китобҳои таъриху тавассути матбуот тасаввурот дошту халос. Албатта, моҳияти ин калимаро дуруст дарк мекард, вале таъми ширини «сулҳ»-ро дар хуну пӯсти худ ҳанӯз эҳсос накарда буд. Танҳо баъди ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки мардуми заҳматкашидаи тоҷик ба сулҳу субот ноил гардиданд, бори дигар ба ашъори пурмуҳтавоӣ Мирзо Турсунзода рӯй оварданд. Акнун барои ҳамагон маълум шуд, ки чаро замоне устод «Суруди сулҳ»-ро бо хуни дил ва тапиданҳои беороми дил навишта будааст. Ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, дар ҳақиқат басо душвору сангин аст. Мисраъҳои зерин шоҳкорианд дар мавзӯи сулҳ, ки дар ҳама давру замон моҳияти худро гум намекунанд:

 Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
 Бо тапиданҳои беорому рӯзафзуни дил.

     Яке аз асарҳои пурарзиши М.Турсунзода достони «Ҷони ширин» мебошад, ки дар бо баробари инъикоси бисёр масъалаҳои муҳимми замон, ба монанди дӯстию ҳамоҳангии халқҳо, мавқеи зан ва мароми ӯ дар ҷомеа, инчунин тараннуми сулҳ низ бо сабку услуби хосе таҳрезӣ шудаанд. Шоир ҳадафи сафарҳояшро ҳамчун вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ аз тарѓибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва баробарию бародарӣ мешуморад. Мунодии сулҳ аз ин вазифаи пурифтихори хеш болида шудааст.

Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Устод М.Турсунзода дар асари мазкур бо ҳисси баланди вафодорӣ ва садоқат нисбат ба оила моҳияти асосии ин ду калимаи муқаддаси «сулҳ» ва «дӯстӣ»- ро бо содагиву равонӣ чунин шарҳ додааст:

Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зӯр,
Бин, чӣ сон шуд дӯстӣ моро зарур.

Мирзо Турсунзода дар вақти сафарҳояш ба мамолики гуногуни кишварҳои Осиё ва Африқо, ҳангоме ки паёми сулҳро дар фазои минтақаҳо танинандоз мегардонид, ба хубӣ дарк намуда буд, ки мафҳуми сулҳ, яъне, идомаи зиндагӣ, ояндаи дурахшон ва абадият аст. Барои ҳамагон маълум буд, ки ҷанг танҳо барои ашхоси алоҳидаи манфиатҷӯву адолатпеша лозим аст ва қувваи аксарият ҷонибдори сулҳу дӯстист. Дар ҷое устод аксуламали оммаро нисбат ба ин ду мафҳум чунин тасвир намудааст:

Сулҳ гӯӣ, мисли гул хандон шаванд,
Ҷанг гӯӣ, аз ѓазаб тӯфон шаванд.
 ****
Шеъри Турсунзода рози ваҳдат аст,
Ҳам суруди сулҳ бар ҳар миллат аст.

Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пурборанг, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ озодӣ, истиқлолият ва нишони ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Тавре шоири сулҳҷӯ Турсунзода гуфтааст:

Сулҳ дар гул- гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.

Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо каломи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир шуд. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯямон Тоҷикистон рӯзи 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Дарҷ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Таманно мекунем, ки ҳамеша Тоҷикистон ваҳдатистони ҷаҳон бошаду ҳамбастагӣ ва ҳамдилии тамоми шаҳрвандони кишварамон раҳнамои мо ба уфуқҳои тозаи пешрафт гардад.

Абдулов Ҷамолиддин
ходими илмии Осорхонаи маорифи
Академия таҳсилоти Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Июн, 2020 - 11:11

аз 8 июни соли 2020 №324
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи забон ва
истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳматуллозода С.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Чаро баъзе аз кормандони САҲШ муқаррароти қонунро риоя намекунанд?

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Июн, 2020 - 11:23
Раҳим ЗУЛФОНИЁН, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вақти он расидааст, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Бисту нуҳуми апрели соли 2020 дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум вакилон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро қабул карданд.

     Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ки аз 27-уми июли соли 2016 ба тасвиб расидааст, барои эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мусоидат намуд. Лозим ба ёдоварист, ки ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Боиси хушбахтист, ки  баъди ба тасвиб расидани қарори мазкур   шаҳрвандон дар интихоби номи кӯдакон ба ғалат роҳ надода, тибқи феҳрист ва талаботи қарор ном мегузоранд. Мутаассифона, то кунун  падару модароне низ ҳастанд, ки ба фарзандони навзод номҳои бегона мемонанд. Бо таъсири бегонапарастӣ ба ҷойи номҳои миллӣ номҳое чун Асмоа, Рамина, Осинот, Бинёмин, Муҳаммадсудайс, Абуҳурайра, Манисса, Ясмина, Элиф, Эмир, Адам, Асия, Элмира, Азалия интихоб мешаванд.
Вақти он расидааст, ки номи падар ва насаби кӯдак  дар асоси  талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сабт карда шавад. Баъзеҳо даъво доранд, ки дар вақти тақсими мерос номи шаҳрванд ҳарф ба ҳарф бояд мутобиқат кунад, вале дар ин ҳолат ба риоя накардани моддаи 74-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» роҳ медиҳем. Эътироф бояд кард, ки то кунун  аз ҷониби ягон масъули САҲШ ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир нагардидааст.
Дар варақаҳои сабти асноди таваллуд баъзе ном ва насабу номи падарии кӯдакон (шаҳрвандон) хилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сабт гардидаанд. Барои мисол, ному насаб, аз қабили Умарали, Руё, Дарина Беҳруз, Шерали, Эсмира, Муддасир, Асия, Джалолов Али Исмоилджонович, Гусейнов Табрис Фурқатович,  Фозылов Ромозон,  Голибҷонова Рахила Ғолибҷоновна, Умарали Мралиевич аз ҳамон ҷумлаанд.
     Ҳоло ҳуҷҷати тасдиқкунандаи наве лозим аст, ки  ҳуҷҷатҳои собиқан пур аз ғалати  насабнигориро ифшо ва ислоҳ намояд. Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки насаб ва номи падарии кӯдак тибқи талаботи моддаи 74-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ислоҳ нашуда, талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар гирифта намешаванд. Аз ҷумла, насаб ё номи падарии кӯдакони навзод ҳангоми пур кардани  варақаи сабти асноди таваллуд, ивази ному насаб ва ё барқароркунии  ному насаби кӯдакони беҳуҷҷати сабти асноди таваллуднадошта (бе шаҳодатномаи таваллуд) бо ҳамон ғалатҳои насабу номи падарии кӯдакон пур карда мешаванд.
Мушкилоти дигар он аст, ки шаҳрвандон бо дарназардошти  аъзои зиёди хонавода аз боҷи давлатӣ нигаронӣ мекунанд.  Дар робита бояд дар  масъалаи бекор кардан ё  кам кардани боҷи давлатӣ тадбирандешӣ намоянд.
Дар варақаҳои сабти асноди таваллуд, ки бисёр ному насаб хилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (ҳатто бо навиштаҷоти дорои ҳуруфоти Ц, Щ, Ы, Ь) сабт мегарданд. Мисолҳои зиёдеро бо навишти ғайримеъёрӣ, аз қабили Шералиев Умарали Миралиевич, Яҳьёева Салима Ҷовидовна, Шарипова Марьям Фирузовна, Батырова Нурана  Шуҳратовна, Давлятова Сафия Шодмоновна ва ғайра дучор омадан мумкин аст.
     Кормандони САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд донандаи хуби забони давлатӣ бошанд, вагарна насабнигори миллие, ки баъзе аз онҳо  «сохтаанд», истеҳзоомез аст. Барои мисол, Абдужабарзода, Бобоӣ, Тағоӣ, Қурбонӣ, Холӣ, Абдурахмонзода, Саторзода, Шарипӣ, Латипзода, Ахмедзода, Мамадзода, Маметзода, Сайвализода.
Дар маҷмӯъ, бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми ноябри соли 2019 таҳти №26/10-318 ҷиҳати татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2019 баён доштанд, масъулин бояд бетаъхир тадбирандешӣ намоянд.

Раҳим ЗУЛФОНИЁН,
сардори шуъбаи танзими истилоҳоти
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

«Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Май, 2020 - 11:11
О. МУҲАММАДҶОНЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои ҳамкориҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайати эҷодии рӯзнома изҳори сипос намуда, дар ҷавоб ба мақолаи Абдухолиқ Мирзозода, ки таҳти унвони «Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад», ки дар рӯзномаи «Садои мардум», №85 (4133) 29 феврали соли 2020 нашр гардида буд, матлаби зеро ирсол менамояд

Муаллиф барҳақ қайд кардааст, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар заминаи меъёрҳои комилан дурусти илмӣ таҳия карда шаванд, зеро ин ба манфиати кулли ҷомеа — ҳар як забономӯзу коргузор аст ва дар роҳи дурусти пешбурди сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар ҳақиқат, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо, ки шакли хаттии он дар забони адабӣ тавассути имло ифода меёбад, ба рушди забон мусоидат намуда, ҳамчун муҳофизи забон хизмат мекунад. Зеро, агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсир расонида, ба инкишофи минбаъдаи забон халал ворид месозад. Аз ин рӯ, меъёрҳое, ки
барои имло тарҳрезӣ мешаванд, чун гил ва сангрезаҳое ҳастанд, ки хиштҳои бунёди забонро мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Аз ин рӯ, аксар пешниҳоди дар ин раванд манзурнамудаи муаллиф қобили дастгирӣ мебошанд. Чунин мушкилоти ҷойдошта дар таҳияи нави Қоидаҳои имло ҳатман ба назар гирифта хоҳанд шуд.

Кумита бо мақсади татбиқи банди 8 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дас­туру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 баён доштанд, инчунин, иҷрои дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2020, №25254/26-5 лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро
тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва якҷо бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.

Тазаккур бояд дод, ки гурӯҳи кории назди кумита лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазоратҳои маориф ва илм, адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо ва Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Кумита баъд аз пешниҳоди хулосаҳои мақомоти марбута лоиҳаҳои мазкурро такмил дода, қисми зиёди пешниҳодҳоро ба назар гирифт.

Дар баробари он ки пешниҳодоти зиёди муаллифро гурӯҳи кории кумита оид ба такмили лоиҳаи Қоидаҳои имло пазируфтааст, ҳамчунин, гурӯҳи кории кумита қисме аз пешниҳодоти муаллифро қобили қабул намешуморад.

Дар ин радиф, вобаста ба мушкилот ва пешниҳодоти муаллиф оид ба имлои у ва ӯ
(у-и дароз) зикр мекунем, ки дар лоиҳа меъёрҳои навишти он дақиқ оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар иртибот нисбат ба корбурди ҳарфи «ӯ» ва «у», ки дар лоиҳа пурра ва дуруст нишон дода мешаванд. Яъне, ҳарфи ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- дар байни калимаҳои аслии тоҷикии навъи рӯз, гӯш, гӯшт, дӯш, дӯст, зӯр, кӯр, кӯза, мӯза, рӯза, сӯзан, шӯрбо, Наврӯз ва ғ.;

- дар анҷоми калима маъмулан пеш аз ҳарфи й: бӯй, рӯй, ҷӯй, мӯй, сӯй, кӯй ва ғайра;

- дар калимаҳои тоҷикии навъи кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон, пажӯҳиш, сутӯҳ, андӯҳ, анбӯҳ, гурӯҳ, шукӯҳ;

- дар ҳиҷоҳои дуюми навъи зери калимаҳои арабӣ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ: макрӯҳ, маҷрӯҳ, мавзӯъ, мамнӯъ, маснӯъ, вузӯъ, вуқӯъ, тулӯъ, руҷӯъ, шурӯъ, рукӯъ, лӯълӯъ ва ғайра.

Боқимонда калимаҳои марбут ба ин ҳарф навишташаванда дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба танзим дароварда мешаванд, ки он баъди тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таҳия ва нашр хоҳад шуд. Зикр бояд кард, ки истиснои калимаҳои тоҷикӣ дар банди мазкур (мушаххасан) оварда, ба тариқи истисно калимаҳои Суҳроб, куҳна\\куҳан, нуҳ бо ҳарфи «у» оварда
шуда, мувофиқи меъёри собитшуда тарзи дурусти навишти калимаҳо дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» оварда хоҳад шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки минбаъд, имлои чунин калимаҳо, на он тавре ки муаллиф мепиндорад («… калимаҳои муъмин, муъзин,…, ки таърихан бо ҳамза навишта мешаванд,
бо у-и кӯтоҳ ва ҳамчунин, калимаҳои муҳра, муҳлат, муҳр, шуҳрат низ бо у навишта мешаванд, ки то ҳол дар зеҳн намешинад. Ин калимаҳоро то ҳол дил намехоҳад бе ӯ-и дароз навишт».), балки дар асоси меъёрҳои илмии таърихӣ навишта мешаванд.

Дар мушаввашхотирии муаллиф, ки ҷиҳати духӯрагии номи ашхос ҳолати фонологӣ вайрон шудаву калима маънои луғавии дигар пайдо мекунад, гуфтааст, ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2016, №325 «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тасдиқ карда шудааст, ки тарзи дурусти ҳар як ном минбаъд тибқи он навиштаву корбурд
мешавад.

Ҳамчунин, муаллиф пешниҳод кардааст, ки дар калимаҳои арабӣ, аз қабили маориф, таом, тоат, шуҷоат…
миёни ду садонок ҳарфи Ъ гузоштаву навишта шавад. Боиси тазаккур аст, ки чунин калимаҳои арабии тоҷикишуда, на айнан бо талаффузи арабӣ, балки бо савтиёти забони тоҷикӣ дар Қоидаҳои имло қабул карда мешаванд. Метавон аз дастхатҳои суғдии кӯҳи Муғ сабақ омӯхт, ки дар онҳо калимаҳои арабӣ барои мисол — Ъумар, ё Ъориф не, балки дар шакли Умар ва ё Ориф навишта шудаанд, яъне савтиёти забони суғдӣ дар ин ҷо риоя гардидааст, ки ҳамин услуб дар забони имрӯзаи тоҷикӣ низ бояд риоя карда шавад.

Қобили зикр аст, ки дар лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» имлои ташдиди калимаҳо низ мушаххасан нишон дода, тарзи дурусти номҳои арабии бо артикли «-ал» навишташавандаву ташдидгиранда низ оварда шудаанд. Боиси зикр аст, ки калимаҳои аз қабили оббоз, ёддошт, поккирдор ва ғайра на ташдиддоранд, балки онҳо бо калимасозӣ сохта шудаанду дар имлои хатти классикиашон низ ҷудогона – об+боз, ёд+дошт, пок+кирдор калимасозӣ шудаанд ва ин ҳодиса ба ташдид дахле надорад.

Дар бобати эроди муаллиф ҷиҳати номгузории сохторҳо, аз ҷумла, «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаминро зикр мекунем, ки кумита дар ин масъала номи тамоми вазорату идораҳо ва дигар мақомотро низ баррасӣ ва бознигарӣ хоҳад кард. Ҳалли ин кор дар нақшаи дурнамои кумита ҷой дода шудааст.

Ҳамин тариқ, кумита лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дар таҳрири нав бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, дар ҳамкорӣ бо Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод менамояд, ки он дар рушди
минбаъда ва густариши забони тоҷикӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.

О. МУҲАММАДҶОНЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» аризаҳои электрониро пешниҳод намоед!

Ношир: Ибрагимов Викто... Санаи интишор: 22 Май, 2020 - 14:33
АРИЗАҲОИ ЭЛЕКТРОНИРО ПЕШНИҲОД НАМОЕД!
АРИЗАҲОИ ЭЛЕКТРОНИРО ПЕШНИҲОД НАМОЕД!

Муҳтарам падару модарон, соҳибкорон ва мудиру роҳбарони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият,

Барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» шумо метавонед аз хизматрасониҳои ҳукуматии электронӣ марбут ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баред ва ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои номгузории фарзандон бо номҳои тозаэҷод, номгузорӣ/тағйири номи ташкилоту муассисаҳо ва навишти дурусти номҳо ба таври электронӣ муроҷиат намоед.

Умедворем, ки хизматрасониҳои электронии мо ба шумо барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» мусоидат мекунанд:


Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ҚОИДАҲОИ ИМЛО: МУШКИЛОТ, ТАҲЛИЛ ВА ПЕШНИҲОДОТ. АМИТ «Ховар» андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Саодатшо Матробиёнро манзур намуда, ҳамзамон онҳоро қобили баррасӣ ва таҳлили ҷиддӣ мешуморад

Ношир: Ибрагимов Викто... Санаи интишор: 18 Май, 2020 - 15:55
С. МАТРОБИЁН, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Таъсири манфии ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошанд, ба мушоҳида мерасад ва ин мушкилот то имрӯз ҳаллу фасл нашудааст. Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст»

(Иқтибос аз Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, 4.10.2019) .
ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Воқеан, камбудиҳо, духӯрагиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро наметавон нодида гирифт. Бисёр масъалаҳои дар мавриди аввал осонфаҳм (албатта, барои мутахассисон) ба қоидаҳои имло ворид нашудаанд, ки он сабаби ба вуҷуд омадани мушкилот дар миёни аҳли ҷомеа гардидааст. Аз ин рӯ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, намояндагони аҳли эҷод,  маориф, илм, адаб ва фарҳанги мамлакатро барои коркард намудани як лоиҳаи мукаммали қоидаҳои имло муваззаф намуданд ва барои ислоҳи мушкилоти ҷойдошта ба Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент дастур фармуданд. Яъне, танҳо ҳамин қувваи бузурги илмӣ дар якҷоягӣ метавонад беҳтарин Қоидаҳои имлоро таҳия намояд.

Имрӯз мо андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо МАТРОБИЁНро манзури хонандагон намуда, ҳамзамон онҳоро қобили баррасӣ ва таҳлили ҷиддӣ аз ҷониби донишмандони соҳаи забон, адибон ва рӯзноманигрон мешуморем.

Баъзе мулоҳизоту пешниҳодотеро, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳанӯз соли 2017 анҷом ёфта буд (муаллифи ин сатрҳо низ узви гурӯҳи корӣ буд),  ба назар гирифта ва  чанд мушкилоти дигари Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таҳлил намуда, инак баъзе пешниҳодоти худро манзур менамоям.
Мушкилоти 1.: Мушкилоти нахустини Қоидаҳои имло аз банди аввали он  «Алифбо ва тартиби номи ҳарфҳо» оғоз меёбад. Ба ҳамин масъала, агар як назари таърихӣ намоем, дар ҳар як мавриди қабулу тасдиқи алифбои забони тоҷикӣ (1941, 1954, 1972, 1998, 2011) номи ҳарфҳо иваз шудаанд. Аз ҷумла, дар алифбои нави забони тоҷикӣ, ки 21.05.1940 тасдиқ шуда буд, номи ҳарфҳо дар шакли «а, бэ, вэ, гэ, дэ, е, ё, жэ, зэ, и, й (и-и кӯтоҳ), ка, эл, эм, эн, о, пэ, эр, эс, тэ, у, эф, ха, цэ, че, ша, ъ (аломати сакта), ь (аломати ҷудоӣ), э, ю, я, ғэ, ӣ (ӣ-и дароз), қа, ӯ, ҳа, ҷе» қабул шудааст. Баъдан, соли 1955 ба алифбои забони тоҷикӣ  ду ҳарфи нави забони русӣ – ҳарфҳои ы ва щ бо номҳои эры ва ща илова гардида, бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Сипас, соли 1998 «Имлои забони тоҷикӣ» бори чорум тасдиқ шуда, дар он миқдори ҳарфҳо кам гардида, номи ҳарфҳо ва тартиби онҳо шакли зерро мегирад: а, бе, ве, ге, ғе, де, йе, йо, же, зе, и, ӣ, йи, ке, қе, ле, ме, не, о, пе, ре, се, те, у, ӯ, фе, хе, че, ҷе, ше, ъе, э, йу, йа». Бори охир соли 2011 Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қабул шуда, номи ҳарфҳо боз тағйир меёбанд: «а, бэ, вэ, гэ, ғэ, дэ, йэ, йо, жэ, зэ, и, и-и дароз, йот, ка, қэ, эл, эм, эн, о, пэ, эр, эс, тэ, у, у-и дароз, эф, ха, ҳэ, чэ, ҷе, ша, сакта, э, йю, йа».
Таҳлил: Гурӯҳи забоншиносоне, ки дар таҳияи лоиҳаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (2011) иштирок намудаанд, бо далели кириллиасос будани алифбои забони тоҷикӣ номи ҳарфҳоро дар шакли аслаш  (яъне дар ҳамон асле, ки аз забони русӣ қабул шудааст) пешниҳод менамояд ва бо ин амал онҳо бо ақидаи таҳиягарони лоиҳаҳои солҳои 1940 ва 1955 муфовиқ буданд. Аммо дар мавриди номи ҳарфҳои е, ё, ӣ, й, ӯ, ю, я андешаҳо мухолифат мекунанад. Хусусан, ҳарфҳои Ее ва Йй, ки дар қоидаҳои солҳои 1940 ва 1955 Ее (е) ва Йй (и-и кӯтоҳ) ном доштаанд, дар қоидаҳои 1998 ва 2011 онҳо номҳои Ее (йе) 1998 ва Ее (йэ) 2011 ва Йй (йи) 1998 ва Йй (йот) 2011-ро мегиранд. Ҳамин ҳолат нисбати номи ҳарфҳои ӣӣ (и-и заданок)1940, 1955, 1972, ӣӣ 1998, ӣӣ (и-и дароз) 2011 ва ӯӯ (ӯ)1940, 1955, 1972, 1998 ва ӯӯ (у-и дароз) 2011 низ ба назар мерасад. Дар баробари дигар ҳарфҳо ин ҷо савол ба миён меояд, ки номи ҳарфи Йй чаро дар Қоидаҳои имлои соли 2011 йот шудааст, дар ҳоле, ки он ҳарфи тоҷикӣ буда, чун дигар ҳарфҳо бояд номи он дар шакли талаффузи тоҷикӣ Йй (йе) бошад. Зикр бояд кард, ки ҳарфи Йй ҳатто дар алифбои забони русӣ номи йот надорад. Ин ном таърихан аз забони юнонӣ ба хатти кириллиасос ворид шуда, ки дар вақти табаддулот дар алифбои русии давраи Пётри 1 номи ин ҳарф дигар  гаштааст.
Дар ин ҷо баҳс миёни ҳарфҳои Ее ва Ээ ба амал меояд. Ҳарфи Ее дар забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз ҳарфҳои йотбарсар (й+э) дар асоси алифбои забони русӣ қабул шудааст.  Савол: Оё ягон калимаи забони тоҷикӣ мавҷуд ҳаст, ки бо йэ талаффуз шавад? Ҳаст, аммо танҳо як мавриди истифодаи он мавҷуд аст:1) танҳо байни садонокҳо дар охири калима (он ҳам дар ҳолати артикл қабул кардан) йэ талаффуз шуда, е (ҳамчун йотбарсар) навишта мешавад: хонае [хонайэ], бачае [бачайэ], доруе [доруйэ], оҳуе [оҳуйэ], садое, [садойэ], наво [навое], моҳие [моҳийэ], шолие[шолийэ], дӯстие  [дӯстийэ]. Дар дигар маврид ин ҳарф ҳамеша э талаффуз мешавад. Дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаи аслӣ калимае мавҷуд нест, ки он бо Ее оғоз шуда бошад. Яъне дигар марид калимаҳое, ки дар таркиби худ ҳарфи Ее доранд дар забони тоҷикӣ ҳамеша чун э талаффуз мешаванд, ҳатто калимаҳои иқтибосӣ низ, масъалан: объект [талаффузи тоҷикӣ: обэкт], Елена [талаффузи тоҷикӣ: Элена] на [йэлена] ё калимаҳои арабии монанди бадоеъ, вақоеъ, саноеъ, моеъ ва ғ. низ бадойэ, вақойэ, санойэ, мойэ талаффуз мешаванд. Ба ҳамин хотир дар банди 7 (в)-и Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣқоидаи зерро илова намудаанд: дар байн ва анҷоми калима ба ҷойи ҳарфи эҳарфи е навишта мешавад: меҳр, се, шанбе, се ва ғ.
Аз ин ҷо бар меояд, ки барои ифодаи овози э дар забони тоҷикӣ ду ҳарф: ҳарфҳои э ва е истифода мешаванд, ки дар чунин шакл он қобили қабул аст ва метавонанд як ном дошта бошанд.
Ҳамин гуна баҳс доир ба номи ҳарфи Ӯӯ (у-и дароз) низ мавҷуд аст. Чунон ки дар боло  зикр  кардем, дар қоидаҳои имлои солҳои 1940, 1955, 1972 ва 1998 ин ҳарф дар алифбо бо номи ӯ сабт шудааст. Вале дар  Қоидаҳои имлои соли 2011 он номи  у-и дароз-ро гирифтааст.  У-и дароз ном ниҳодан ба фонемае, ки хусусияти фонологиаш тамоман дигар буда, аз назари фонетикӣ ҷойи тавлид ва махраҷи худро дорад, ғалати академӣ аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳарф наметавонад номи у-и дароз дошта бошад, зеро дар ин ҳолат бояд ҷуфти он у-и кутоҳро низ зикр кардан зарур мешавад. Дар ҳоле ки чунин хусусиятро, яъне дарозию кӯтоҳии садонокҳоро дар забони тоҷикӣ грамматикаи академии забони тоҷикӣ рад менамояд. Шояд таҳиягарони қоидаҳои имлои 2011 методикаи таълимро ба назар гирифта, барои ҳарфи Ӯӯ у-и дароз  ном ниҳодаанд, вале ин хилофи меъёрҳои грамматикии забони тоҷикӣ мебошад.
Дар мавриди номгузорӣ шудани ҳарфи Ӣӣ (и-и дароз) низ ҳамин масъалаи мавҷудияти дарозиву кӯтоҳии садонокҳои тоҷикӣ пеш меоянд. Дарозиву кӯтоҳии овозҳои садонок дар ҳолате тасдиқ мешаванд, агар онҳо фонемаҳои ҷуфти калимасоз бошанд. Ҳарчанд дар хатти арабиасоси тоҷикӣ қисме аз калимаҳо бо йо-и мақсура навишта шаванд ҳам, монанди пир, шир, сир ва ғ.,  ин маънои дарозии садоноки и-ро надорад.  Бо ин суханҳо мо мавҷудияти дарозию кӯтоҳии садонокҳои таърихии забони тоҷикиро рад карданӣ нестем. Албатта, аз назари таърихӣ дар марҳилаи аввали инкишофи забони тоҷикӣ 6 садонок ва 4 дифтонг мавҷуд буд, ки аз онҳо 3 садоноки дароз (ā, ī, ū,) ва 3 садоноки кӯтоҳ (a, i, u) ва дар марҳилаи дуюми инкишоф 5 садоноки дароз (ā, ī, ū, ō, ē) ва 3 садоноки кӯтоҳ (a, i, u) ва 2 дифтонг  вуҷуд доштанд. Аммо дар давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ дар натиҷаи таҳаввулот садонокҳо ҷуфтҳои худро аз даст доданд. Аз ин рӯ, имрӯз мо наметавонем номи ҳарфҳоро у-и дароз ва  ё и-и дароз номем, ки боз таъкид мекунам: ин ғалатӣ маҳзи илмист. Дар қоидаҳои имлои солҳои 1940, 1956, 1972, 1998 шартан и-и заданок номгузорӣ шудани он мантиқан дурусттар аст, яъне ба истиснои бандакҳои феълӣ ва хабарии шахси дуюми танҳо дар дигар ҳолатҳо он ҳамеша заданок талаффуз мешавад.
Доир ба ҳарфи Ъъ таъкид бояд кард, ки дар Қоидаҳои имлои соли 2011 аз назари қоидаҳои фонетикии забони тоҷикӣ дуруст, яъне сакта номгузорӣ шудааст. Шахсоне ҳастанд, ки онро мехоҳанд ъе номгузорӣ намоянд, ки ғалат аст, зеро ъе талаффузи он буда, дар чунин шакл мо онро танҳо дар мавриди овонависӣ (транскрипсия) метавонем навишт, вале номи ҳарф сакта будан дурусттар аст. Бо чунин ном он метавонад ифодакунандаи ҳарфи айн ва аломати ҳамзаи калимаҳои иқтибосии забони арабӣ ва аломати сактаи калимаҳои иқтибосии забони русӣ бошад.
Иддае аз забоншиносон ҳарфҳои йотбарсарро дар алифбои забони тоҷикӣ ҳарфҳои зиёдатӣ меноманд ва зикр нашудани онҳоро дар алифбо дурусттар медонанд. Ин ақида ҷолиби таваҷҷуҳ аст, аммо чун шурӯъ аз соли 1940 хатти кириллиасосро мо қабул кардем, то ин ҷониб онҳо истифода мешаванд ва имрӯз калимаҳоро бе онҳо навиштан ғайри муқаррарӣ менамояд, мисли Йаҳйо (Яҳё), дарйо (дарё), Йосуман (Ёсуман), Йунон (Юнон),  Аз ин рӯ, зикр шудани ин ҳарфҳо дар алифбои кириллиасос ва истифода гардидани он дар навишт аз назари илмӣ ягон мухолифате надоранд.
Пешниҳод: Бо дарназардошти таҳлили боло фикр мекунам, номи ҳарфҳо дар алифбои забони тоҷикӣ дар шакли зер навишта шаванд:
Мушкилоти 2. Дар банди 2-и Қоидаҳои имлотарзи навишти ҳарфҳои а, о, у дода шудааст, ки маъмулан дар оғоз байн ва анҷоми калима навишта мешаванд. Ин қоидаи фаҳмост ва касе дар мавриди навишти ин ҳарфҳо ғалат нахоҳад кард. Вале ғалатнависиро мо дар дигар мавриди навишти ин ҳарфҳо мебинем.
Таҳлил: Яъне,ҳангоми истифодаи пасвандҳои -а, -гӣ (-вӣ), -ӣ садонокҳои а ва о чӣ гуна навишта мешаванд? Масалан, барои омма нофаҳмост, ки навишти калимаи хатоӣ дуруст аст ё хатогӣ, ҳамин гуна, доноӣё — доногӣ, дороӣё — дорогӣ,ошноӣ ё ошногӣ ва ғ.  Ҳамчунин, калимаҳои иқтибосӣ, ки хусусан аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос мешаванд, аксарияти калимаҳо  о хонда шуда, анавишта мешаванд (хусусияти забони русӣ): Москва, Новосибирск, компютер, конститутсия ва ғ.  Вале забони тоҷикӣ чунин хусусиятро надорад. Дар ин маврид қоида зарур аст. Забоншиносон бояд аз ин роҳи гурез наҷӯянд ва онро нодида нагиранд, нодида гирифтан ин маънои онро дорад, ки пас аз чанд сол боз масъалаи тағйири Қоидҳои имло ба миён меояд.
Пешниҳод: Барои ҳарфи у банди алоҳида таъсис дода шавад ва банди 2 дар шакли зер навишта шавад:
    Ҳарфҳои а, о дар мавридҳои зер навишта мешаванд:
— дар оғоз, байн ва анҷоми калима: абр, баҳор, замон, хона, дара; об, овоз, бол, бод, доро, тавоно ва ғ.
— дар калимаҳои иқтибосӣ дар ин маврид навишти забони асл ба назар гирифта мешавад: Россия, Москва, Новосибирск, компютер, конститутсия ва ғ.
— агар калима бо садоноки а (ёйотбарсари я) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -гӣ (-вӣ),  навишта мешавад: хонагӣ, кӯчагӣ, бачагӣ, рафтагӣ, оворагӣ, бечорагӣ, нокорагӣ, дилбастагӣ, бандагӣ, хастагӣ, даниягӣ, индонезиягӣ, соягӣ, ҳамсоягӣ,  алоҳидагӣ,дусолагӣ, дуҳуҷрагӣ, барномавӣ, садамавӣ, мафкуравӣ, оммавӣ, операвӣ ва ғ.
— агар калима бо садоноки о (ёйотбарсари ё) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -ӣ навишта мешавад: хатоӣ, доноӣ, дороӣ,ошноӣ, тавоноӣ, дилрабоӣ, овоӣ, пӯёӣ, ёбоӣ, бобоӣ, устоӣ  ва ғ.
Мушкилоти 3.  Дар қоидаҳои имлои соли 1998 дар навишти имлои ҳарфи у ва ӯ бо далелҳои илмӣ тағийрот ворид карда шуда, қоидаҳое, ки нисбати ҳарфи ӯ буданд, ботил шуданд. Вале, мутаассифона, навишти дурусти ҳарфҳои у ва ӯ на дар қоидаҳои имлои соли 1988 ва на соли 2011 дода шуданд. Дар қоидаҳои имлои соли 2011 нисбати ҳарфи ӯ чунин қоида дода шудааст: 5) Ҳарфи ӯ (у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ(й), рӯ(й), мӯ(й) ва ғ.Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад. Эзоҳ. Ҳарфи ӯ дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғ.
Таҳлил: Аз банди мазкур маълум мегардад, ки доир ба навишти ҳарфи ӯ баъд аз ҳарфҳои ъ (сакта) ва ҳ, ки дар имлои соли 1972 роиҷ буд, чизе гуфта нашудааст. Чӣ гуна навиштани он барои мардум номаълум боқӣ мемонад, ки ин боиси бесарусомониҳо дар навишти ҳарфҳои у ва ӯ гардидааст. Вақте ки дар имло қоидаҳо ба  таври возеҳ нишон дода намешаванд, духӯрагиҳо ба миён меоянд. Дар Қоидаҳои имлои соли 1972 барои навишти дурусти ҳарфи у дар охири калима банди алоҳида бо мисолҳои зер дода шуда буд: бону, ду, зону, каду, моку, олу, тарозу, ҷоду ва ғ. Барои навишти ҳарфи ӯ дар аввал, байн ва охири калима як банд бо овардани мисолҳо дода шуда буд ва барои ӯ дар охири калима мисолҳои зер навишта шуда буданд: бӯ (й), гулӯ, мӯ (й), рӯ (й), шӯ (й), ҷӯ (й) ва ғ.  Аз мисолҳои додашуда маълум аст, ки танҳо калимаи гулӯ дар ин қатор бегона аст.   Ҳамин ғалат дар имлои соли 2011 гӯё ислоҳ шудааст, аммо аз мисол овардани калимаи гулу бо кадом сабабе худдорӣ шудааст. Ҳамзамон, дар имлои ӯ  банди қисман ғалати «Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад» оварда шудааст. Тибқи меъёрҳои фонетикии забони тоҷикӣ дар забони тоҷикӣҳеҷ як калимае нест, ки бо овози ӯ анҷом ёбад. Он ҳатман дар охир овози йқабул мекунад ва инҳо танҳо 9 калимаи решагианд: бӯй, гӯй, кӯй, мӯй, рӯй, сӯй, хӯй, ҷӯй, шӯй, ки аз инҳо дар забони тоҷикӣқариб 300 калима сохта шудааст. Азбаски овози й дар охири калима ним овозро ифода мекунад, бинобар ин калимаҳои болозикр дар шакли   бӯ, гӯ, кӯ, мӯ, рӯ, сӯ, хӯ, ҷӯ, шӯ низ талафуз мешаванд. Калимаҳои абру, бону, гулу, ду, зону, каду, моку, неру, олу, ору, оҳу, тарозу, ҷодува ғайра, ки таърихан дигар хусусият доранд, дар охир овози ӯ қабул карда наметавонанд. Масалан, калимаҳои абру ва обрӯ(й), агар ба баромади таърихашон назар намоем, бо ҳамин хусусиятҳояшон фарқ мекунанд.
Пешниҳод:Барои ҳарфҳои у ва ӯ бандҳои алоҳида бо қоидаҳои зер ихтисос шаванд:
    Ҳарфи у дар мавридҳои зер навишта мешавад:
— дар оғоз ва байни калима: умед, усто,уд, уқоб, бузург, суруд, буз, хун, дуд, дуруд ва ғ.
— дар анҷоми калима: абру,аду,бозу,бону, гесу, гулу,дору,зону,неру, неку, паҳлу, олу, орзу, оҳу  ва ғ.;
— дар ҳиҷои аввали калимаҳои иқтибосии арабӣ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ: муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғ.;
— дар калимаҳои иқтибосии арабӣ, ки бар вазни тафаъъул  меоянд: таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваққуъ, табарруъ  ва ғ.
— дар ҳиҷои аввали калимаҳои аслан тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: Суҳроб,  нуҳ, куҳна//куҳан, гуҳар, муҳр, муҳра.
Истисно: ҳиҷои аввали калимаҳои тоҷикии кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон ва арабии Нӯҳ, рӯҳ, рӯъё валӯълӯъ бо ҳарфи ӯ навишта мешаванд.
    Ҳарфи ӯ дар мавридҳои зер навишта мешавад:
— дар байни калимаҳои аслии тоҷикии навъи рӯз, гӯш, гӯшт, дӯш, дӯст, зӯр, кӯр, кӯза, мӯза, рӯза,  сӯзан, шӯрбо, Наврӯз ва ғ.;
— дар калимаҳои тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ:кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон, пажӯҳиш, сутӯҳ, андӯҳ, анбӯҳ, гурӯҳ, шукӯҳ.
— дар ҳиҷоҳои дуюми навъи зери калимаҳои арабӣ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ: макрӯҳ, маҷрӯҳ, мавзӯъ, мамнӯъ, маснӯъ, вузӯъ, вуқӯъ, тулӯъ, руҷӯъ, шурӯъ, рукӯъ, лӯълӯъ  ва ғ.;
— дар калимаҳои бӯй, гӯй, кӯй, мӯй, рӯй, сӯй, хӯй, ҷӯй, шӯй ва калимаҳои аз ҳамин решаҳо сохташуда пеш аз ҳарфи й: бӯйгирфта,гӯйбозӣ, гӯйиш, мӯйдароз, рӯйбардор, ҷӯйборва ғ.
Эзоҳ:
— калимаҳои бӯй, гӯй, кӯй, мӯй, рӯй, сӯй, хӯй, ҷӯй, шӯй дар охир ду тарзи навишт доранд: бӯй/бӯ, гӯй/гӯ, кӯй/кӯ, мӯй/мӯ, рӯй/рӯ, сӯй/сӯ, хӯй/хӯ, ҷӯй/ҷӯ, шӯй/шӯ;
— ҳангоми бандаки изофӣ қабул намудан танҳо бо як тарз навишта мешаванд: донишҷӯ – донишҷӯйи фаъол, гуфтугӯ – гуфтугӯйи ошкоро, хӯ – хӯйи нек ва ғ.
— калимаҳои бӯй ва рӯй дар байн низ ду тарзи навишт доранд: бӯйгир – бӯгир, рӯйбанд–рӯбанд;  рӯйпӯш – рӯпӯш ва ғ.
Мушкилоти 4. Дар банди 4 (зербандҳои г ва ғ) исмҳои хос ва ҷинси иқтибосие, ки бо ҳарфи и ба охир мерасанд, дар асоси забони асл навишта шудаанд: Леонардо да Винчи, Ганди, Ибарури, такси ва ғ.
Таҳлил: Дар қоидаҳои имлои пеш ин гуна калимаҳо боҳарфи ӣ навишта мешуданд. Ба фикри ин ҷониб ин маврид дурусттар буд. Зеро дар забони тоҷикӣ танҳо бандаки изофӣ ва баъзе аз ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ дар охир бо ҳарфи и навишта мешаванд: кишвари ман; монанди, мисли, кошки, барои, ки, баъди, азбаски, агарчи ва ғ. Агар ҳамин қоидаро риоя намуда, калимаҳое, ки иқтибос мешаванд, низ бо ҳарфи ӣ навишта шаванд, аз як тараф, ҳам барои омма ин осон аст ва ҳам барои сохтани барномаи компютерии санҷиши имлои забони тоҷикӣ. Аз тарафи дигар, агар мо тамоми калимаҳои иқтибосиро тибқи меъёрҳои забони асл қабул кунем, пас меъёрҳои забони мо куҷо мераванд? Далели дигар, исмҳои хос ва ҷинс, ки аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос шудаанд, бо ҳарфи ӣнавишта мешаванд, дар ҳоле ки онҳо низ дар забони асл талаффузи дигар доранд. Чун дар хатти арабиасоси тоҷикӣ бо йо-и мақсура навишта мешуданд, дар хатти кириллиасоси забони тоҷикӣ низ бо ҳарфи ӣ навишта шудаанд: Алӣ, Валӣ, Лайлӣ (Лайло) ва ғ. Ҳамчунин, исмҳои Винчӣ, Гандӣ,  Ибарурӣ ва ғ. низ дар хатти арабиасос бо йо-и мақсура навишта мешаванд. Пас, чаро онҳо дар хатти кириллиасоси забони тоҷикӣ   бо ҳарфи ӣ навишта нашаванд? Ин ҷо кадом меъёри дигар аст?
Пешниҳод:  Исмҳои хос ва ҷинси иқтибосшуда, ки бо ҳарфи и анҷом меёбанд, дар забони тоҷикӣ тибқи қоидаи маъмул (яъне чун дигар исмҳои хос ва ҷинси тоҷикӣ) бо ҳарфи ӣ навишта мешаванд: Леонардо да Винчӣ, Индира Гандӣ, Паганинӣ, Ибарурӣ, Сочӣ, Урумчӣ, Тбилисӣ, Батумӣ, Миссисипӣ; таксӣ, туфлӣ ва ғ.
Мушкилоти 4. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон аз 3-юми сентябри соли 1998, №355 аз алифбои забони тоҷикӣ 4 ҳарфи русӣ (ц, щ, ы, ь) хориҷ карда шуданд. Аммо дар қоидаҳои имло танҳо муодили ҳарфи ц дар забони тоҷикӣ овада шуда, се ҳарфи дигар тамоман ба назар гирифта нашуданд ва ҳамин ҳолат дар қоидаҳои имлои соли 2011 низ такрор мешавад.
Таҳлил: Қоидаҳои имло, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, санади меъёрист, вале мутаассифона дар ин санад доир ба муодили ҳарфҳои щ, ы, ь чизе гуфта нашудааст. Мусаллам аст, ки ин ҳарфҳо тӯли солҳои зиёд дар алифбои тоҷикӣ истифода мешуданд ва бо онҳо дар баробари мероси хаттии адабию илмие, ки навишта шудаанд,  ҳуҷҷатҳои зиёди расмию коргузорӣ низ сабт шудаанд. Мураттибони қоидаҳои имло ҳуҷҷатгузории расмиро сарфи назар намудаанд. Зеро дар ҳуҷҷатгузории расмӣ чунин ҳарфҳо мавҷуданд, аммо бо кадом ҳарфҳо онҳоро бояд иваз кард? Дар ин сурат барои ивази онҳо ягон санади меъёрию ҳуқуқӣ мавҷуд нест. Зикр бояд кард, ки бо ин мушкилот бештар кормандони бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нуқтаҳои шиносномадиҳӣ мувоҷҷеҳ мешаванд, зеро онҳо бе ягон далели ҳуқуқӣ ҳаққи иваз намудани ягон ҳарфро аз ҳуҷҷатҳои расмӣ надоранд.Ғайр аз ин калимаҳои зиёде имрӯз ҳам аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос мешаванд, ки дар таркиби худ ҳарфҳои зеринро доранд, аз он ҷумла номҳои ашхос ва ҷойномҳо. Пас,  ин гуна калимаҳоро мо аз назари қоида дар забони тоҷкӣ чӣ гуна нависем? Бинобар ин, барои ин қоида зарур аст.
Пешниҳод:Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки агар дар Қоидаҳои имло банди 11 тағйир ва банди нави 12 ба таври зер илова карда шавад, ба фоидаи кор хоҳад буд:
    Дар калимаҳои иқтибосии русӣ ба ҷойи ҳарфи ц ҳарфҳои с ва тс дар мавридҳои зер навишта мешаванд:
— дар аввали калима пеш аз садонок с навишта мешавад: цемент – семент, цирк – сирк, Циолковский – Сиолковский ва ғ.;
— дар дохили калима пас аз ҳамсадо ва пеш аз садонок с навишта мешавад: концерт  – консерт, Елцин — Елсин ва ғ.;
— дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: доцент – дотсент, милиция  – милитсия, фармацевт – фарматсевт, конституция  – конститутсия;
— баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс навишта мешаванд: боцман – ботсман,  Лукницкий – Лукнитский,Липецк – Липетск,  Донецк — Донетск  ва ғ.;
— дар охири калима баъд аз садонок тс навишта мешавад: плац – платс, Лившиц – Лившитс ва ғ.

    Ҳарфҳои кириллиасоси щ ва ы дар алифбои забони тоҷикӣ дар ҳама маврид мутаносибан бо ҳарфҳои ш ва и навишта шуда, аломати ҷудоӣ (ь) ҳангоми иқтибос навишта намешавад: Щербаков – Шербаков, Салтыков-Щедрин – Салтиков-Шедрин;Чынгыз-оғлы – Чингиз-оғлӣ, Ильич – Илич; Гоголь – Гогол, Суздаль – Суздал, июнь – июн, альбом – албом, рояль – роял, Харьков – Харков, Вильнюс — Вилнюс ва ғ.

Охирсухан: Дар ҳар як банди Қоидаҳои имло, воқеан, ҳамин гуна камбудиҳо ва духӯрагиҳо зиёданд ва мо танҳо 4 мушкилоти аввалро, ки бисёр муҳим буданд, манзур намудем. Камбудиҳои дигарро танҳо гурӯҳи корӣ метавонад дар рафти кор ислоҳ намоянд.
Мо бояд дар таҳияи Қоидаҳои имло аз муҳаққиқони пеш сабақ гирем ва кӯшиш намоем, ки ғалати ночизи онҳоро ислоҳ намоем, на ин ки дурусти онҳоро ғалат ҳисоб намуда, худамон ба ғалатҳои нобахшиданӣ роҳ диҳем. «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик», ки соли 1972 тасдиқ шудааст, бо истиснои баъзе ғалатҳо беҳтарин Қоидаи имло мебошад. Зеро дар ин Қоидаҳо ба хурдтарин ҷузъёти имло диққат дода шудааст ва ҳар кас ба саволи худ дар ин имло ҷавоб ёфта метавонист.  Ин Қоидаҳо аз 67 банд ва зиёда аз 150 зербанд иборат буд, вале Қоидаҳои имлои соли 2011 дорои 54 банд ва тахминан 100 зербанд аст. Бисёр мавридҳое ҳастанд, ки омма ба одитарин саволи худ дар имлои амалкунанда ҷавоб ёфта наметавонад. Аз ин рӯ, гурӯҳи корӣ бояд тамоми мақолаҳое, ки дар тӯли чандин сол доир ба имлои забони тоҷикӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои расмӣ (ҳам нисбат ба қоидаҳои имлои соли 1972  ва ҳам солҳои 1998, 2011)  нашр шудаанд, мариди таҳлил ва баррасӣ қарор диҳад. Омӯзиши ғалатҳо – роҳ ба сӯйи муваффақиятҳо ва комёбиҳост.  Ғалатро наомӯхта, чизи нав эҷод кардан ғайриимкон аст.
 
Саодатшо МАТРОБИЁН,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Таблиғот оид ба пешгирии коронавирус (COVID-2019)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Май, 2020 - 17:51
COVID-2019 Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 1-уми майи соли 2020, №24/10-19 оид ба чораҳои зиддиэпидемикӣ доир ба пешгирии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона дар маҳаллаи Бадахшон-1 ва Бадахшон-2 аз 2-юм то 6-уми майи соли 2020 гурӯҳҳои кории Кумита таъсис дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) аз усули хона ба хона истифода намуда, бо аҳолии маҳаллаи Бадахшон-1 ва Бадахшон-2 суҳбату вохӯриҳо доир намуда, корњои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва моҳияти супориши мазкурро ба саҳми онҳо расониданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Апрел, 2020 - 15:39
       Мувофиқи қарори ҳайати мушовараи Кумиати забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои бахши илмҳои забоншиносии Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, ки дар гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ фаъолияти пурсамар нишон доданд, инчунин, барои фаъолияти пурсамари кормандони Кумита дар роҳи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мукофотҳои соҳавии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
       Аз ҷумла, Офаридаев Назрӣ – профессор, доктори илмҳои филология, Бобохонов Бобоназар – ходими калони илмӣ, Мирбобоев Азиз – номзади илмҳои филология, Тӯраев Бурҳониддин – дотсент, номзади илмҳои филология бо мукофоти «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуда, бо мукофоти «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» кормандони зерини Кумита мукофотонида шуданд:
1.    Сангов Ғулом - Мудири бахши умумӣ ва кадрҳо
2.    Фарҳодова Сарвбону - Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот
3.    Умарова Шаҳноза - Сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ
4.    Зайдуллои Абдулло - Сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ
5.    Мирзоева Мунира - Мутахассиси пешбари бахши экспертизаи забоншиносӣ
6.    Абророва Соҳира - Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот.
       Ҳамчунин, аз кормандони Кумита Мухамедов Суҳроб – мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ ва Мавлонова Миҷгона – котиби раис ба мукофоти «Ифтихорномаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21.04.2020

Рӯзнома

1.    Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2020 (Гузориши сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р.);
2.    Масъалаҳои ҷорӣ:
2.1. Баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи Низомномаи маҷаллаи Кумита (гузориши сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш.);
2.2. Баррасӣ ва тасдиқи истилоҳҳои «қурама», «қуроқ».
2.3. Сарфароз намудани аъзои гурӯҳи кории Кумита бо мукофотҳои соҳавӣ.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ТАБРИКОТИ НАВРӮЗИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2020 - 11:47
ТАБРИКОТИ НАВРӮЗИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусрати худ дар рӯзгори мардуми мо файзу шукӯҳи нав оварда, манзалати дунявӣ касб кард. Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин Ҷашн дар дунё ҳамчун рисолат ва фарҳанги тоҷик шинохта шудааст.
     Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи мост, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба беҳтар зистан даъват мекунад, дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша кунанд.
     Бо самимияти хоса мегӯем, бигзор Наврӯзи имсола ба Шумо ва аҳли хонадонатон, бо манзалату ҳикмати беназираш сиҳатмандии бардавом, осудагиву амонӣ, барори кор, файзу нусрат ва сарбаландиро чун кӯҳсорон эҳдо намояд.
Расидани Наврӯзи куҳан ба сафҳаи наве аз умри он барои Шумо ва мардуми шарифи кишварамон хуҷаста бод ва ҳадяи ин айём неруи тозаи ҷисму рӯҳ, шодиву нишот, сулҳу ободӣ, тавфиқу пирӯзиҳо бошад!


Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад.


Бо камоли эҳтиром,
раиси Кумита
О. Муҳаммадҷонзода

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Март, 2020 - 20:55
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

   

Модарону хоҳарони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад.

Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.

Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.

Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.

Имрӯз, ки мо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои зебову фараҳбахш – Рӯзи модар ҷамъ омадаем, модарону бонувони арҷманд ва занону духтарони азизу меҳрубони кишвар, инчунин, шумо - ҳозирини гиромиро самимона ва сидқан табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо ва ба ҳамаи шумо, ки дар ин толор ҳузур доред, саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаободӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Ҷашни фархундаи модарону бонувон ҳамасола аз омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи Аҷам мужда мерасонад.

Дар ин айём табиат аз нав эҳё шуда, хурраму дилкаш мегардад.

Ин рангорангии табиат ба ҳусни модарону бонувони мо зебоиву назокати бештар зам мекунад.

Яъне фасли баҳор, ки ба табиати модарону хоҳарони мо созгор мебошад, сиришти зебоипарастии онҳоро таровати баҳорона мебахшад.

Мехоҳам дар ин лаҳзаҳои пурнишот бо ифтихору сарфарозӣ хотирнишон намоям, ки иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд.

Зан - Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

Доир ба ин масъала дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда будам, ки “модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”.

Модар чунон дили пур аз меҳр дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо бо меҳрубониву бахшояндагии хоси худаш аз гуноҳи фарзанд мегузарад ва ӯро мебахшад.

Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад.

Барои падару модар авлотарин давлат фарзанди солиму солеҳ ва хушбахт аст ва барои фарзанд низ падару модар доштан беҳтарин сарват мебошад.

Мо, фарзандон чӣ қадаре, ки ба модар хизмат накунем, ҳатто якшаба ранҷи шабзиндадориҳои ӯро ҷуброн карда наметавонем.

Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.

Аз ин рӯ, модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад.

Беҳтарин туҳфа барои модар на гулу гулдаста, на молу сарвати дунё, балки хушбахтиву саломатии фарзанд ва як меҳрубониву навозиши ӯ мебошад.

Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки мафҳумҳои муқаддаси “Модар” ва “Ватан” бо ҳам тавъам буда, фарзандони ватандӯстро маҳз модар ба дунё меорад ва муҳаббати Ватанро бо шири сафедаш дар вуҷуди фарзанди худ ҷой мекунад.

Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд.

Зеро бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд.

 Саҳми бисёр арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.

Мо ҳар яки шумо, модарону бонувони азизро дӯст медорем, бо занону духтарони ватандӯст ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки шумо вазифаҳои бадӯшдоштаи худро минбаъд низ сарбаландона иҷро карда, дар рушду ободии кишвари азизамон саҳми боз ҳам бештар мегузоред.

Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.

Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем.

Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон ва дастгирии ин табақаи бонуфузи ҷомеа ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Ба ҳолати аввали марти соли 2020 аз шумораи умумии қариб 19000 нафар хизматчиёни давлатӣ 4500 нафар ё 25 фоизро занон ташкил дода, аз ҷумла 1100 нафар ё 19 фоизи онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.

То охири соли 2019 бонувону занон дар ҳайати Ҳукумати мамлакат ҳамагӣ 4,7 фоизро ташкил медоданд, вале ин нишондиҳанда имрӯз ба 14,7 фоиз расидааст.

Мо минбаъд низ ба занону бонувон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа такя мекунем ва барои ҳалли мушкилоти ин табақаи бонуфузи иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем.

Ҳоло дар ин самт татбиқи якчанд стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ идома дорад.

Илова бар ин, барои дастгирии занону духтарони соҳибкор грантҳои Президентӣ таъсис дода, тавассути маблағҳое, ки бо ин мақсад ҷудо мегарданд, саҳми занон дар рушди иқтисоди миллӣ торафт меафзояд.

Ғайр аз ин, солҳои охир дар бисёр шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳазорон нафар бонувону духтарон бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.

Имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувон дар бунёди неругоҳи барқии обии “Роғун” ва дигар сохтмонҳои азими мамлакат софдилона заҳмат мекашанд.

Масалан, дар иншооти аҳаммияти стратегидоштаи неругоҳи барқи обии “Роғун” 750 нафар занону бонувон, аз ҷумла 40 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, беш аз 260 нафар дар неругоҳҳои “Норак”, “Бойғозӣ” ва 1500 нафар дар корхонаи “Алюминийи Тоҷик” кор мекунанд, ки зиёда аз 150 нафари онҳо роҳбарони бахшҳои гуногун мебошанд.

Дар деҳоти кишвар низ корҳои вазнину заҳматталаб ба дӯши занону бонувон қарор доранд.

Имрӯз аксари хоҷагиҳои деҳқониро дар мамлакат занон роҳбарӣ мекунанд. Ҳоло дар кишвар роҳбарони 32 ҳазору 200 хоҷагии деҳқонӣ занон мебошанд ва онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста мегузоранд.

Бонувону духтарони мо иқдоми “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” - ро самимона дастгирӣ карда, бо эҳёи касбу ҳунарҳои қадима дар тамоми қаламрави мамлакат марказҳои ҳунармандӣ ташкил менамоянд ва ҳоло ба шарофати ташаббусҳои онҳо ҳазорҳо нафар занону духтарони дигар ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шуда истодаанд.

Умедворам, ки бонувону занони тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои дар паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда доир ба азхудкунии касбу ҳунар амал карда, дар панҷ соли оянда бо тамоми роҳу воситаҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ дар байни занону духтарон саъю талош мекунанд ва дар беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми шоиста мегузоранд.

Дастовардҳои занону бонувони мо дар соҳаи саноат низ қобили таҳсину офарин мебошад.

Онҳо дар корхонаҳои хурду бузурги мамлакат заҳмат кашида, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат фаъолона иштирок доранд.

Ҳазорҳо нафар занони ботаҷрибаю қавиирода солҳои охир корхонаҳои хусусӣ, аз ҷумла коргоҳу марказҳои нассоҷиву дӯзандагӣ таъсис дода, барои даҳҳо ҳазор нафар бонувону духтарон ҷойҳои корӣ муҳайё кардаанд.

Бонувони соҳибкори тоҷик дар бунёди марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун шуда истодааст.

Тавре ки дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ишора кардам, имрӯзҳо дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз ва фарҳанг 51 фоиз занону бонувон фаъолияти пурсамар доранд.

Тибқи маълумот дар соҳаҳои гуногуни кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.

Беш аз 82000 нафар занону духтарони тоҷик касби бошарафи омӯзгориро ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишварамон нақши арзанда мегузоранд.

Занони боиродаи тоҷик ҳатто дар дурдасттарин деҳоти кишвар ба сифати таҳсилот диққати ҷиддӣ дода, баробари волидайн дар тарбияи хонандагон ҳиссагузор мебошанд.

Занону бонувони мо ҳамчун табибу ҳамшираи шафқат барои саломатии аҳли ҷомеа заҳмат кашида, беморонро шифо мебахшанд ва як қисми онҳо ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул шуда, дар рушди илми тиб ҳиссаи худро гузошта истодаанд.

Бо вуҷуди ин, бонувони табибро зарур аст, ки нозукиҳои соҳаро боз ҳам беҳтар аз худ намоянд, барои солимии ҷомеа бештар кӯшиш кунанд ва ба сокинони мамлакат содиқона, бо дониши баланди касбӣ ва муоширати хуб хизмат расонанд.

Зеро барои давлат миллати солим даркор аст ва саломатии мардум боигарии давлат мебошад.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир майли духтарон ба таҳсил ва гирифтани маълумоти олии касбӣ торафт бештар шуда истодааст.

Ҳоло қариб 150 ҳазор нафар духтарон машғули омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ мебошанд.

Аз ибтидои таъсис додани квотаҳои Президентӣ то соли хониши 2019-2020 зиёда аз 11 000 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, беш аз 10 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардида, ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ муваффақона фаъолият карда истодаанд.

Сафи духтарони соҳибмаърифати тоҷик, ки дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, сол ба сол меафзояд.

Аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат машғули таҳсил мебошанд, 12300 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Духтарони соҳибистеъдоду болаёқати мо ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон номи модар ва зани тоҷик, миллат ва давлати тоҷикон ва Ватани азизамонро баланд бардошта, қисме аз онҳо таҳсилро дар муассисаҳои бонуфузи илмӣ идома дода истодаанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар интихоботе, ки чанд рӯз пеш баргузор гардид, номзадии шумораи зиёди бонувони фаъоли мо ба вакилии парламенти мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ пешниҳод шуда, аксари мутлақи онҳо ба пирӯзӣ ноил гардиданд.

Ин боз як нишонаи эътирофи мақому манзалати зан аз ҷониби шаҳрвандон ва давлату Ҳукумат мебошад.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳоло шумораи занон дар мақоми олии қонунгузори мамлакат, яъне Маҷлиси намояндагон ба 24 фоиз, дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5, вилоятҳои Хатлон 34,8, Суғд 33,3, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 34,4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29,4 фоиз расида, илова бар ин, дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ беш аз 50 нафар занону духтарон фаъолият доранд.

Аз шумораи умумии номзадҳое, ки мо дар Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардем, 50 фоизашон бонувону занони фаъол ва ташаббускоранд.

Умедворам, ки вакилони нав интихобшуда дар таҳияи қонунҳое, ки ба пешрафти минбаъдаи кишварамон мусоидат менамоянд, саҳми сазовор мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла бонувони шарафманд, ҷавонони ватандӯст, ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин, ҳизбҳои сиёсии кишвар, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ширкати фаъолонаашон дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сидқан миннатдорӣ баён намоям.

Чорабинии мазкур, воқеан, нишонаи болоравии фарҳанги сиёсии ҷомеа, дарки масъулияти ватандорӣ ва рамзи возеҳу равшани анъанаи таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвари маҳбубамон ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва осоиши ҷомеа гардида, ба таҳкими нуфузу эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд.

Дар баробари дастовардҳои назаррас, дар ҷомеаи мо ҳанӯз баъзе мушкилоту масъалаҳое низ ба назар мерасанд, ки мо бояд онҳоро бо кӯшиши якҷоя ҳаллу фасл намоем.

 Алалхусус, афзоиш ёфтани ҷудошавии оилаҳои ҷавон солҳои охир боиси ташвиши ҷиддии аҳли ҷомеа гардидааст.

Аз рӯи таҳлилҳои мутахассисон сабаби асосии сар задани низоъҳо байни зану шавҳар дар оилаҳои ҷавон ба ҳаёти мустақилона омода набудани духтарон ва ҷавонон мебошад.

Иддае аз падару модарон фарзандонро ба зиндагии мустақилона ҳоло ҳам дуруст омода намесозанд, онҳоро соҳиби касбу ҳунар намекунанд ва дар тафаккурашон сабру таҳаммулро ҷой намедиҳанд.

Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои онҳо дар маҳалҳо, занони ботаҷриба, Шӯрои ҷамъиятӣ, шӯроҳои куҳансолон, зиёиён ва падару модарон бояд дар самти тарбияи дурусти ахлоқии ҷавонон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани фарзандон бештар ва якҷо амал намоянд.

Илова бар ин, ман аз шумо, модарону бонувони азиз, даъват менамоям, ки нисбат ба шавҳарони худ меҳрубону ғамхор бошед ва ба қадри заҳмати онҳо низ расед.

Бовар дошта бошед, ки дар ин сурат шумо ҳатман оилаи мустаҳкам барпо карда метавонед, саломатиатон хуб мешавад ва умри бобаракат мебинед.

Чунки муносибати хуби байниҳамдигарии падару модар ба фарзандон ва аҳли оила таъсири мусбат мерасонад ва ба онҳо дарси ибрат мегардад.

Яъне фарзанд тарзи дурусти оиладорӣ ва муносибату муоширатро бевосита аз падару модари худ меомӯзад.

Танҳо дар чунин оилаҳо фарзандон падару модари худ ва калонсолонро эҳтиром мекунанд, дастгиру кумакрасони онҳо мешаванд ва ҳамчун шахсони хайрхоҳу савобҷӯ ба камол мерасанд.

Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронист, ин аз таҳсил дур мондани иддае аз духтарон мебошад.

Чунин рафтори баъзе падару модарон ҳаргиз қобили қабул буда наметавонад.

Зеро ҳар як духтар бояд баробари писарон таҳсил намояд, дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва соҳиби хушбахтии ояндаи хеш гардад.

Падару модароне, ки ба таҳсил ва касбу ҳунаромӯзии духтарони худ монеъ мешаванд, сабабгори дар оянда бадбахт шудани фарзандон ва оилаи онҳо мегарданд.

Модоме, ки падару модарон ҳамеша дар андешаи камолоту хушбахтии фарзандон бошанд, пас бояд кӯшиш кунанд, ки онҳо бесавод намонанд, соҳиби маълумот ва касбу ҳунар шаванд.

Шумо тасаввур мекунед, ки дар замонаи пешрафти бесобиқаи илму техника ва технология шахсе, ки саводи кофӣ надорад ва аз дастовардҳои замони муосир огоҳ нест, чӣ гуна метавонад зиндагии худ ва оилаашро пеш барад.

Фаромӯш набояд кард, ки духтарони имрӯз модарони оянда, яъне тарбиятгарони насли фардо мебошанд ва зани босавод дар оила нақши бисёр муҳим мебозад.

Модарону бонувони мо, инчунин, вазифадоранд, ки ба масъалаи китобхонии фарзандон муносибати ҷиддӣ дошта бошанд ва худашон низ бояд ҳарчи бештар мутолиа кунанд.

Зеро барои фарзандону набераҳоро ба китобхонӣ ташвиқу ҳидоят кардан худи модарон доир ба ин ё он асар бояд маълумот дошта бошанд.

Мо озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» -ро бо умеди саҳми бузурги модарон дар ин кори бисёр манфиатбахш эълон кардем ва бовар дорем, ки бонувону модарони азизи мо дар ин самт низ нақши назаррас мебозанд.

Вобаста ба ин, мо ду қонуни миллӣ қабул кардем, ки ҳар кадоми он ба паст рафтани шиддати хурофот ва риоя гардидани фарҳангу анъанаҳои мардумӣ мусоидат намуд.

Махсусан, Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” имкон дод, ки хароҷоти оилаҳо кам ва маросиму маъракаҳо ба меъёри муайян дароварда шаванд.

Дар натиҷаи амалӣ шудани ин қонун вазъи иҷтимоии оилаҳо, пеш аз ҳама, оилаҳои камбизоат хеле беҳтар гардид.

Маъракаҳо ба танзим даромада, исрофкорӣ ва хароҷоти дуюмдараҷа аз байн рафт ва дар маъракаҳо тартиботи ягона ҷорӣ гардид.

Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, бахусус, бо айби баъзе занон аз оилаҳои мансабдорону хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва ходимони дин меъёрҳои танзим халалдор гардида, ҳолатҳои зоҳирпарастиву худнамоӣ ва зиёдаравию исрофкорӣ ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Мутаассифона, имрӯз ҳам ҳастанд шахсоне, ки дидаву дониста талаботи қонунро вайрон мекунанд.

Аз ин рӯ, ба занону модарони кишвар такроран таъкид карданиям, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва маъракаҳои пурдабдаба худдорӣ кунанд, талаботи қонунро риоя намоянд ва маблағҳоеро, ки дар маъракаҳои зоҳирпарастона харҷ мекунанд, барои шароити беҳтари хонадон, оилаҳои ҷавон ва ободии хонаву кошонаи худ сарф намоянд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатӣ бо супориши Роҳбари давлат ҳар як хонаву манзили зист бояд тозаву озода ва таъмиру таҷдид карда шавад.

Мардуми мо, аз ҷумла бонувону занон метавонанд маблағҳои сарфакардаи худро ба ин самт равона карда, шароити зиндагии худ ва оилаашонро беҳтар намоянд.

Зеро дар баробари тарбияи фарзандон ва сарфаю сариштакорӣ дар оила, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист ва ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ одат додани аъзои хонавода, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва нигоҳ доштани саломативу тандурустии онҳо пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад.

Тавре ки медонед, беэътиноӣ ба масъалаҳои тозагӣ, яъне риоя накардани талаботи беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) сабаби асосии паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад.

Хусусан, дар шароите, ки аксарияти аҳолии кишвари мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд, бонувону занони мо бояд ба ин масъалаҳо эътибори доимӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Рӯзҳои охир мардуми сайёраро бемории коронавирус, ки як намуди зуком мебошад, ба таҳлука андохтааст.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон ҳар сол қариб сӣ миллион нафар одамон танҳо аз бемории вируси норасоии масунияти одам, яъне СПИД ба ҳалокат мерасанд.

Дар кишвари мо фавти табиии одамон дар як сол қариб 40 – 45 ҳазор нафар ва дар як моҳ то сеюним ҳазор нафарро ташкил мекунад.

Лекин бояд донист, ки дар ҷаҳон тибқи нишондиҳандаҳои расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имрӯз се намуди вируси зукоми мавсимӣ, аз ҷумла намудҳои «А», «Б» ва «Ц» дар гардиш буда, хатари намудҳои зикршудаи зуком нисбат ба коронавирус бештар аст.

Ҳар сол дар сайёра то 3-5 миллион нафар гирифтори шаклҳои миёна ва вазнини зуком гардида, аз ин шумора аз 300 ҳазор то 650 ҳазор нафар одамон фавт мекунанд.

Дар кишвари мо сатҳи беморшавӣ бо зуком соли 2018 тақрибан 372 ҳазор ва соли 2019 - ум 374 ҳазор нафарро ташкил карда, аз ин шумора дар ду соли зикршуда 694 нафар фавтидааст, ки ҳамагӣ 0,09 фоизро ташкил медиҳад.

Мехоҳам таъкид намоям, ки мардуми мо набояд ба таҳлука афтода, ба сухани шахсони воҳимачӣ ва ҳангоматалаб бовар кунанд, балки ба маълумоте, ки аз тарафи мақомоти расмии давлатӣ ҳар рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизион ва радио пешниҳод мегардад, такя намоянд.

Мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахту вазнинро аз сар гузаронидаанд.

Масалан, давраи ҷанги шаҳрвандӣ, яъне солҳои 1992 - 1993 сокинони ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии собиқ вилояти Кӯлоб, ки аз ҷониби мухолифин бо роҳбарии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом дар муҳосираи озуқаворӣ қарор доштанд, аз ноилоҷӣ ба истеъмоли ҳар гуна гиёҳҳо ва маводи озуқаи пастсифат маҷбур шуданд ва ба бемории гелиотроп гирифтор гардида, ҳазорҳо нафари онҳо талаф ёфтанд.

Кор ҳатто ба ҷое расида буд, ки мо аз кишварҳои ҳамсоя беморхонаҳо (госпиталҳо) – и саҳроӣ оварда, беморонро дар онҳо ҷой кардем ва ба табобат фаро гирифтем.

Мардуми мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ҳар гуна ҳолатҳои эҳтимолӣ захираи кофии маводи озуқаро дорад ва намегузорад, ки аҳолии кишвар беозуқа ва доруворӣ монад.

Зеро таъмини амнияти ҷомеа ва осоиши шаҳрвандон бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлат мебошад.

Мо мардумро дар давоми қариб сӣ сол гурусна нагузоштем. Наход, ки дар шароити осоишта ба гуруснагӣ ва азият кашидани халқамон роҳ диҳем?

Бинобар ин, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла шумо, ҳозирини гиромӣ муроҷиат мекунам, ки ба ҷойи бовар кардан ба ҳар гуна шахсони ҳангоматалаб ва харидории миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокӣ ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагӣ ва озода нигоҳ доштани манзили зист, ҷойи кор ва маҳалли истиқомати худ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Чунки ҳама гуна бемориҳои сироятӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва тозагӣ паҳн мешаванд.

Таъкид месозам, ки ба ҷойи оростани дастурхони пурдабдабаву намоишкорона ва гузаронидани маъракаҳои зиёдатӣ ба таъмиру таҷдиди хонаву кошона ва муҳайё кардани шароити замонавии зиндагӣ эътибор додан зарур аст.

Ҳамчунин, мехоҳам таваҷҷуҳи модарону бонувони муҳтарамро бори дигар ба масъалаи риояи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшӣ, хусусан, дар ноҳияҳои атрофи пойтахти мамлакат ҷалб намоям.

Тақлид ба либоспӯшии бегона, яъне бегонапарастӣ нишонаи возеҳи бефарҳангиву бемаърифатӣ ва гузашта аз ин, ҷаҳолат аст ва оқибати хуб надорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” масъалаҳои дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ тарбия кардани фарзандон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро танзим менамояд.

Дар баробари ин, ки падару модар дар масъалаи таълиму тарбияи фарзанд масъулият доранд, фарзандон низ масъуланд, ки иззату эҳтироми падару модарро ба ҷо оранд ва онҳоро ҳангоми калонсоливу пирӣ нигоҳубин кунанд.

Мо ин масъаларо дар Конститутсия ва дигар қонунҳо пешбинӣ кардаем.

 Зеро падару модар, тавре ки гуфта шуд, тамоми имкониятҳои худро ба фарзанди худ аз лаҳзаи таваллуд то ба камол расидани ӯ сарф мекунанд.

Аз ин лиҳоз, фарзандон низ вазифадор ва уҳдадоранд, ки ба волидайни худ ғамхорӣ кунанд.

Дар шароити кунунӣ мо бояд ба тарбияи фарзандон бештар диққат диҳем, онҳоро ба донишандӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар сафарбар созем ва фаъолияти ҳаррӯзаашонро зери назорат қарор диҳем.

Мо бояд тамоми чораҳоро андешем, ки дар панҷ соли оянда ҳар як шахс ва дар навбати аввал, ҷавонон соҳиби касбу ҳунар гарданд.

Занону бонувони арҷманди мо ва тамоми сокинони мамлакат, хусусан, имрӯзҳо, ки ҷашни Наврӯз - соли нави аҷдодии мо наздик шуда истодааст, бояд ба масъалаи тозаву озода ва ободу зебо кардани манзили зист ва махалли истиқомати худ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Зеро мардуми бостонии мо ҳар гуна ҷашну маъракаро бо хонаи обод ва рӯҳияи болида баргузор мекунанд.

Модарони азиз ва бонувони муҳтарам!

Боиси ифтихор аст, ки занону духтарони ҳунарманди тоҷик ғайр аз кору фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои мухталифи кишвар дар озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ иштирок карда, соҳиби ҷоизаву ҷойҳои ифтихорӣ гардида истодаанд.

Маҳсули эҷоди бонувони ҳунарманд ва чеварону заргарони тоҷик низ дар якчанд намоишгоҳҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ гузошта шуда, маҳорату истеъдоди занону бонувони моҳири мо баҳои баланд гирифт.

Дар ҳақиқат, занону бонувони тоҷик бо сабру таҳаммул, иффату порсоӣ, меҳру садоқат ва гузашта аз ин, бо кору пайкори созанда ва заҳмати софдилона номи Зан - Модарро маҳбуби қалбҳо гардонидаанд.

Тавре ки Аллома Иқбол мегӯяд: “Зан чароғи пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бовар дорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд.

Дар охир, бори дигар ҳамаи шумо, модарони мӯнису ғамхор, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯстро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дарози бобаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоям.

Рӯзи модар муборак, модарону бонувони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Ҷашни баҳору зебоӣ – Рӯзи Модар муборак бод!

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Март, 2020 - 15:55
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон



Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст,
Асли мо, ному нишони мо забони модар аст.


Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо бо фаро расидани ҷашни баҳору зебоӣ – Рӯзи Модар самимона муборакбод менамояд.
Воқеан, Зан – Модар дар ҳаёти ҷомеа мавқеи бузург дошта, дар пешрафти кулли ҷанбаҳои зиндагии осуда саҳми арзанда дорад. Шумо аз зумраи онҳоед, ки бо фаъолияти хеш баҳри ободии Ватани азизамон содиқона хидмат карда, дар рушди ҷомеаи соҳибистиқлоламон саҳми арзанда нишон медиҳед.
Аз фурсат истифода бурда, бо фарорасии ҷашни Рӯзи Модар Шуморо дар ин рӯзи фархунда сидқан муборакбод намуда, орзуи онро дорем, ки рӯзгоратон шабеҳи гулҳои баҳорӣ ҳамеша шукуфон ва хандон бошад!

Бо эҳтиром,
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
О. Муҳаммадҷонзода

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Вохӯрии кормандон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони Кумита бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот Матробиён С. Қ.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Феврал, 2020 - 15:00
Вохӯрии кормандон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони Кумита бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот Матробиён С. Қ.

       Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми феврали соли 2020 дар толори Кумита вохӯрии кормандон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-ро бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот Матробиён Саодатшо Қосимзода баргузор намуд.
        Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода раиси Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш», кормандон ва аъзоёни ташкилоти мазкур иштирок доштанд. Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш» баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои ҳизб ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, барои рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳмгузорӣ менамояд.
        Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш» фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб саъю талош намуда, тамоми имкониятҳои худро барои беҳбудии фаъолияти оянда истифода мебарад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Суханронӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Феврал, 2020 - 10:57
Суханронӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми шарифи Тоҷикистон фардо санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил мекунанд.

Имрӯз, ки мо дар арафаи ин ҷашн қарор дорем, бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – собиқадорон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми бузург доранд, самимона табрик менамоям.

Мо Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бисту ҳафт сол муқаддам - дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодӣ ва сиёсиву ҳарбии кишвар, дар вазъияте, ки ҳамаи сохтору мақомоти давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд, ба тасвиб расонидем.

Дар он рӯзҳои басо ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи моддиву техникӣ умуман вуҷуд надошт.

Зеро кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, вазъи ноороми сиёсӣ фаро гирифта, набудани одитарин техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибихтисос сари ҳар қадам эҳсос мешуд.

Дар ҳамин вазъияти бисёр душвор мо бо такя ба азму талоши мардуми соҳибфарҳангу сулҳҷӯямон ба бунёди Артиши миллии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон оғоз кардем.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёд ва имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда ва таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизот шурӯъ намуд.

Дар чунин шароити пур аз мушкилоту норасоӣ 23-юми феврали соли 1993 аввалин Паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқи Ватан бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз он ботантана гузаштанд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо аришманд гузоштанд.

Мехоҳам бо ифтихор иброз намоям, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.

Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар он солҳои фоҷиабори таърихи кишварамон ба муқовимати шадиди нерӯҳои дар хориҷи кишвар таълимдидаи хоинону душманони миллати тоҷик ва дигар амалиёту муборизаҳои махсус қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, дар ин роҳ ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд.

Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар назди Қувваҳои Мусаллаҳ вобаста ба ҳимояи соҳибихтиёрӣ, ҳифзи сулҳу субот, манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон вазифаҳои бисёр пурмасъулият, вале пуршараф гузошта шудаанд.

Имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд.

Яъне артиши 27 сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муқтадир, муназзам ва боэътимод табдил ёфтааст.

Дар чунин муддати кӯтоҳ ноил шудан ба чунин дастовардҳои назаррас, албатта, натиҷаи заҳмати содиқонаи ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгирии мардуми тоҷик ва кумаку таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Зеро мо хуб дарк мекунем, ки дар ҷузъу томҳои низомӣ фарзандони мову шумо, яъне насли замони истиқлол хизмат мекунанд.

Маҳз бо дарназардошти ҳамин андеша дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ хотирнишон сохтам, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».

Имрӯз ба инсоният хатари рӯзафзуни халалдор гардидани низоми байналмилалӣ ва дар сурати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ наандешидани чораҳои заруриву саривақтӣ ҳатто комилан аз ҳам фурӯ рехтани он таҳдид менамояд.

Ҳамаи ин зуҳуроти номатлуби асри мо боиси торафт коҳиш ёфтани эътимоди байни кишварҳо гардида, метавонад амнияти байналмилалиро ба хатару таҳдидҳои бештари миқёси ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ созад.

Бар асари хатару таҳдидҳои замони муосир ва афзоиши омилҳои зиёди ноустуворӣ суботу низоми сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар бисёр минтақаҳои олам халалдор гардида истодааст.

Мутаассифона, имрӯз ҷаҳони моро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, сиёсисозии дин аз ҷониби доираҳои манфиатҷӯ, низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва ҳолатҳои ҳамчун василаи сиёсӣ истифода гардидани нерӯи низомӣ фаро гирифтааст.

Омилҳои мазкур суботу амнияти минтақаҳои гуногуни оламро ҷиддан ноустувор гардонида, оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор меоранд.

Чунин таҳаввулоту ҳодисаҳои харобиовари солҳои охири сайёра, аз ҷумла вусъатёбии таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон моро водор месозанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, иқтидори мудофиавии мамлакатро бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо пайгирона тақвият бахшем.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо дарназардошти вазъи бисёр ноороми ҷаҳон бояд маҳорату малакаи касбӣ ва ҷангии худро пайваста такмил диҳанд.

Дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии кишвар бо мақсади таҳкими интизоми ҳарбӣ, ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва пешгирӣ аз таъсири ақидаҳои террористиву экстремистӣ ба мафкураи онҳо бояд мунтазам чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд.

Инчунин, зарур аст, ки дар байни ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар машғулиятҳои алоҳида вобаста ба омӯзиши таърих, адабиёт, фарҳанг ва расму ойинҳои миллӣ роҳандозӣ гарданд.

Шумо, афсарону сарбозони муҳтарам, бояд доимо зираку ҳушёр бошед, то фазои орому осудаи имрӯзаи кишварро, ки ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст, ҳамчун гавҳари чашм ҳифз намоед.

Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди иқтисодиёт дар самти мустаҳкам гардонидани иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам чораҷӯӣ менамояд.

Мо дар раванди татбиқи барномаҳои ислоҳоти сохторӣ ба масъалаи тақвияти иқтидори ҷангии Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ба бунёди иншооту биноҳои зарурии замонавӣ ва бо техникаву лавозимоти ҷангии муосир таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Танҳо дар се соли охир бо мақсади беҳтар гардонидани шароити хизмат ва фароғати хизматчиёни ҳарбӣ 300 иншооти гуногун бунёд гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар баробари тамоми сокинони бонангу номуси мамлакат вобаста ба истиқболи сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмону азнавсозии зиёда аз 300 иншооту биноҳои таъиноти хизматӣ, таълимӣ ва иҷтимоиву хизматрасонӣ дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ ба нақша гирифта, дар зарфи ду соли охир қариб 150 иншоот ба истифода дода шудааст.

Дар баробари ин, бо маблағгузории Ҳукумати кишвар ва дар доираи ҳамкориҳои ҳарбиву техникӣ муҷаҳҳазгардонии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбии замонавӣ марҳала ба марҳала амалӣ шуда истодааст.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъминоти ақибгоҳии ҷузъу томҳои ҳарбӣ низ ҳамеша диққати ҷиддӣ медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар оянда низ дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро густариш бахшида, барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ ва пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат чораҳои зарурӣ меандешад.

Тайи солҳои истиқлоли давлатӣ садҳо нафар афсару прапоршикҳо ва сарбозони сохторҳои ҳарбӣ барои шуҷоату ҷасорат, хизмати шоиста ва натиҷаҳои хуб дар фаъолияти хизматӣ бо мукофотҳои давлативу рутбаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Дар таъмин намудани кафолати мудофиаи давлат ва ҳимояи он дар баробари заминаи моддиву техникӣ, нақши кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорати ҳарбӣ ва воқеан содиқу ватандӯст ниҳоят калон аст.

Дар замони истиқлол барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, беш аз 10 ҳазор нафар, аз ҷумла танҳо барои Вазорати мудофиа дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон зиёда аз 3100 нафар ва дар Донишкадаи ҳарбии вазорат қариб 3000 кадрҳои баландихтисоси низомӣ омода карда шудаанд ва қариб 1000 нафар академияҳои ҳарбиро хатм кардаанд.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки зиёда аз 90 фоизи афсароне, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ мебошанд.

Вобаста ба ин, роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир ба роҳу усулҳои баъди адои хизмати ҳарбӣ ҳавасманд кардани сарбозон чораҷӯӣ намоянд.

Дар иртибот ба ин, супориш дода мешавад, ки барои ин гурӯҳи шаҳрвандон имтиёзҳои муайян, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба коллеҷу литсейҳо ва аз рӯи ихтисос бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шаванд.

Зимни ба вазифаҳои масъули давлатӣ қабул намудани ҷавонон адои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сифати асосӣ ва мусбати хислатномаи онҳо ба назар гирифта шавад.

Инчунин, минбаъд шаҳрвандон ба кор дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо баъд аз адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ қабул карда шаванд.

Мо бояд ба он мусоидат намоем, ки ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири автомашинаҳо ва забонҳои хориҷиро низ омӯзад, то ин ки баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи фардои зиндагии худро пайдо карда тавонад.

Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи афсарони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбият, аз ҷумла сатҳи забондонӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату матонат, иродаи қавӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия намудани ҳайати шахсӣ бояд таҳти таваҷҷуҳи доимии роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта бошад.

Дар шуури ҳайати шахсӣ парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки роҳбарони ҳамаи сатҳҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба он бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Афсарону сарбозон бояд дар чунин рӯҳияе тарбия карда шаванд, ки барояшон таърих, забону фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошанд ва ҳифз кардани онҳоро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд.

Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ ба масъалаи тайёр намудани афсарон оид ба корҳои тарбияи сиёсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро тавре омода созанд, ки бо донишҳои сиёсӣ комилан мусаллаҳ бошанд, асосҳои сохти давлатдорӣ ва манфиатҳои миллиро хуб донанд, ба онҳо арҷ гузоранд ва ин муқаддасотро дар мафкураи ҳайати шахсӣ ҷой карда тавонанд.

Дар робита ба ин, зарур аст, ки талабот нисбат ба афсарону сарбозон, алалхусус, дар самти кор бо наваскарон пурзӯр карда шавад.

Дар хотир бояд дошт, ки сатҳи омодагиву омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ риояи талаботи ойинномаҳои умумиҳарбӣ, интизоми қатъӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ, обу тоби бадан, маҳорати ҷангӣ ва ҳисси баланди миллии ҳар як хизматчии ҳарбӣ – аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вобастагии мустақим дорад.

Дар ин росто, ҷой доштани камбудиҳо дар самти риояи тартибу интизом, нақшаҳои таълиму тарбия, муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни сарбозону афсарон, истифодаи нодурусти силоҳи оташфишон, даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, ҳолатҳои бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ба рушду такомул ва нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири манфӣ мерасонанд.

Дар ҳоле, ки вазъияти пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯза аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбиро тақозо менамояд.

Вазъияте, ки имрӯз дар минтақа, алалхусус, дар қаламрави кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон, яъне бевосита дар наздикии сарҳади давлатии мо ба вуҷуд омадааст, боиси ташвиш ва нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Вазъияти дар ин кишвар баамаломада, ки беш аз чил сол идома дорад, на танҳо натиҷаи фаъолияти созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ташкилоти ба ном «давлати исломӣ», балки нишонаи возеҳи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ мебошад.

Чунин вазъият, инчунин, мавқеи ниҳоят ҳассоси ҷуғрофии Тоҷикистон моро водор ва вазифадор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти давлат, сулҳу оромии ҷомеа ва суботи сиёсии кишвари худ тамоми чораҳои заруриро андешем ва ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар созем.

Мо минбаъд низ барои мустаҳкам кардани пояҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ, тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тамоми имкониятҳо истифода мекунем.

Бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон тарбия кардани кадрҳои баландихтисос ва ватандӯсту ватанпарвар чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти ҳарбӣ, дар ҳайати сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис додани ҷузъу томҳои махсус вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт мебошад.

Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки шумораи захираи сафарбарӣ, яъне афсарону сарбозони эҳтиётро аз 110 ҳазор ба 300 ҳазор нафар зиёд намояд.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки ҳимояи амнияти давлат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии ҷомеа вазифаи танҳо сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест.

Дар ин кори ниҳоят муҳим, яъне ҳифзи давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осудаи мардум бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти халқи тоҷик шарик, масъул ва саҳмгузор бошад.

Ҳамчунин вазъи кунунии минтақа ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ба хотири таъмини амнияти Ватани азизамон, ҳифзи сулҳу субот, оромии кишвар ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода бошанд.

Таъкид месозам, ки ҳимояи амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ имрӯз масъалаи муҳимтарини фаъолияти ҳаррӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Дуруст интихобу таъин кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо, талабот нисбат ба фаъолияти афсаронро, махсусан, дар самти кор бо наваскарон бояд пурзӯр карда, ба ташаккули сифатҳои неки ахлоқиву равонӣ, машғулиятҳои омӯзишиву амалӣ, обутоби маънавию ҷисмонӣ, риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Дар ин раванд, дигар сохтору мақомоти давлатӣ, махсусан, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои телевизиону радио ва муассисаҳои илмӣ вазифадоранд, ки вобаста ба инъикоси васеи фаъолияти ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати содиқонаи афсарону сарбозон ба халқу давлати Тоҷикистон мунтазам чораҷӯӣ намуда, дар баланд бардоштани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии афсарону сарбозон саҳмгузор бошанд.

Ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода кардани ҷавонон, ҷалб намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии наваскарон вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шаҳрвандии роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо низ мебошад.

Роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ – аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, инчунин, дигар қонунҳо бошанд.

Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд.

Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд.

Бовар дорам, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, таҷрибаи истифода аз технологияҳои ҳозиразамон, рӯҳияи шикастнопазри ватандӯстона ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамон ҳифзи зиндагии осоишта ва фазои ором барои заҳмати созандаи халқи хешро дар оянда низ сарбаландона таъмин менамоянд.

Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик, яъне давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон сафарбар сохта, 30-солагии истиқлолияти давлатӣ - ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва омодабошии баланд истиқбол мегиранд.

Дар фарҷом, бори дигар тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони муҳтарами хизмати ҳарбиро ба ифтихори солгарди бисту ҳафтуми таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, осмони соф ва дар роҳи ҳифзи Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ва халқи он барору муваффақият орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (АЗ 26.12.2019) БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ОИД БА ЗАБОНИ БАРНОМАҲОИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КИТОБҲОИ ДАРСӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2020 - 15:33
«БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КИТОБҲОИ ДАРСӢ»
«Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.» Эмомалӣ Раҳмон

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2020 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019), ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пуштибони беҳамтои забон дар кишвар пайваста баҳри рушду густариши забони давлатӣ ва омӯзиши забонҳо моро ҳидоят мекунанд, семинари машваратиро оид ба вазъи забони барномаҳои китобҳои дарсӣ таҳти унвони «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» дар толори Кумита баргузор намуд.
Дар семинари машваратии мазкур муовини якуми вазир ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони кӯдакистонҳои ноҳияҳои пойтахт, устодон – олимони забоншиноси донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита бо роҳбарияту кормандони он ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Семинари мазкур бо суханронии раиси Кумита – О. Муҳаммадҷонзода ифтитоҳ гардида, дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Саломиён суханронӣ намуд. Сипас, дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Р. Зулфониён, сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикиситон Қ. Муҳиддинзода, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Сангов, директори МТМУ №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ А. Боронов ва мудири Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №117-и ноҳияи Фирдавсӣ М. Саодатова оид ба камбудиҳо ва ҳусну қубҳи китобҳои таълимӣ, ки барои таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, маърӯза намуда, тавсияву пешниҳодҳо манзур намуданд.
Ҳамчунин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита ва олимони забоншиноси донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии кишвар ва муаллифони китобҳои таълимӣ вазъи корбурди забони давлатиро доир ба таҳияву нашри китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» барои муассисаҳои мактабӣ ва томактабии тоҷикӣ ва китобҳои “Забони давлатӣ” барои мактабҳои ғайритоҷикӣ мавриди муҳокима қарор дода, иброз намуданд, ки имрӯз мо бояд на танҳо ба баъзе китобҳои фанни забони тоҷикӣ, ки дар онҳо ғалат дида мешавад, балки ба забони дигар китобҳои фанни таълимии мактабӣ ва томактабӣ низ диққати ҷиддӣ диҳем, то фардо насли наврасу ҷавони донишандӯзи ҷомеаи мо бо як забони адабу илм гуфтор кардан, малака ва донишу маҳорати хешро дар такя ба неруи воқеии забон нишон дода тавонад. Ва зарур аст, ки ҳар як китоб на танҳо аз ҷиҳати ташхиси коршиносон бобати баррасии забони китобҳо, балки бо ба назаргирии синну соли кӯдак ё хонандаи мактаб, инчунин, бо дарназардошти экспертизаи равоншиносӣ, педагогӣ ва гиромидошти суннату анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ мавриди таҳлил қарор дода шаванду манфиатбахш ба густариши забони тоҷикӣ – давлатии мо бошанд.
Мо бояд бо чунин китобҳо таваҷҷуҳу майл ва рағбати хонандаро ба он зинда созем, ки ҳар як толибилми мактаб забон омӯзад. Забоне, ки ба ӯ дар оянда як умр хидмат мекунаду ӯ дар зиндагӣ забони нобу шеворо ба насли минбаъда ба мерос мегузорад. Забоне, ки мо дар мутолиаи ҳама гуна китоб бо муаллифонаш гуфтор мекунему онҳо бо мо ошно мешаванд. Зеро дар китоби орӣ аз ғалат, мо насиҳатгиру пандшунав ва пандхон аз бузургони сухан хоҳем шуд.
Бинобар ҳамин, китоби таълимӣ дар ҳама зинаву давраҳои таҳсилот, чи томактабӣ, чи мактабӣ ва чи дар муассисаҳои таҳсилоташон олии касбӣ бояд дар заминаи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо риояи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» мураттаб сохта шавад.
Баргузории чунин чорабинӣ минбаъд низ барои рушди забони давлатӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд, то мо соҳибзабонон бо як забони меъёрӣ бояд сухан гуфтанро ба насли хеш биомӯзему Ваҳдати гаронарзиши ягонагии миллати куҳанбунёдамонро назди Меҳан-Модар – рӯнамо бинмоем, ки ин забони нобу шево моро бо асолати хеш пойдор боқӣ мемононад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

«Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — дар ин мавзӯъ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ машварат доир мегардад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2020 - 14:26
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Олимҷон Муҳаммадҷонзода

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» — таҳти чунин унвон пагоҳ, 21 феврал, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат доир мегардад. Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ  аз ташкилкунанагони асосии он ба шумор меравад.

Тавре Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, машварат ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21 феврал дар ҷаҳон таҷлил мегардад, бахшида мешавад.

«Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, байни онҳо решаи дӯстӣ ба вуҷуд меорад», — зикр кард Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Бино ба маълумоти номбурда, ташкил кардани машварат дар мавзӯи баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ бесабаб нест, зеро ин яке аз  масъалаҳои мубрам мебошад. Ба ҳамин хотир машварат бо ҷалби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ доир мегардад. Дар он як зумра масъалаҳои вобаста ба забони барномаҳои китобҳои дарсӣ, мушкилот ва рушди забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, беҳгардонии забони китобҳои дарсӣ ва ғайра мавриди  баррасӣ қарор дода мешаванд.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола Рӯзи  байналмилалии забони модариро дар муассисаҳои илмӣ ва олии мамлакат, инчунин дар мактабҳои миёна   бо баргузор намудани конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо таҷлил мекунад.

Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, эълон шуд.

Иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ-ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо мебошад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд.

Ба ақидаи забоншиносон, дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ ҳифзи забони модарӣ ҳамчун унсури таркибии фарҳанги миллӣ аз мушкилотест, ки сари он бояд меросбарони забон амиқ андеша намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа ба миён мегузоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини мамлакат тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2020 - 12:10
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори Сессияи 30-уми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО (аз 17 ноябри соли 1999) Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.
 Мақсаду мароми ин ҷашн, пеш аз ҳама:
- таваҷҷуҳи оламиёнро ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо ҷалб намудан;
- дар заминаи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутакобилаи миллатҳои гуногун мусоидат кардан;
- ва ҳамзамон тарғибу ташвики гуногунрангии байнифарҳангӣ ва байнизабониро ба роҳ мондан;
- ба падидаҳои дузабонӣ (билингвизм) ва бисёрзабонӣ (полилингвизм) эҳтиром гузоштан;
- ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намудан;
- таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу интишори забонҳои хурду реза (ақаллиятҳои забонӣ)-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ва ғ. ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ - Рӯзи забон таҷлил карда мешавад.
Ҳадафи асосии ин ҷашн низ мусоидат намудан ба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳар сол дар ин рӯзи муборак бо иштироки намояндагони гуногуни ақаллиятҳои миллӣ ва ақаллиятҳои забонии сокини кишвар дар арафаи ин ҷашн мулоқот баргузор менамояд. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст тақвияти робитаҳо дар ҳифз, густариш ва гиромидошти забони модарӣ мебошад.
Албатта, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, инсонро ба рисолати азалӣ мепайвандад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он гуфтаанд: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”
Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.
Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад.
Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди тамоми забонҳои дунё гуногунпаҳлугии фарҳангу тамаддуни мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати тамаддуни оламиён аст.
Эҳтиром ба забони модрии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд. Имрӯз ин забон забони расмии нишастҳо ва коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мебошад.
Ҳамзамон ҳифзу густариши забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғонобӣ низ аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишвар аз мадди назар дур намондааст. Дар Тоҷикистон 11 забон дар маърази хатар қарордошта, масъулинро зарур аст, ки барои ҳимоя ва густариши ин забонҳо иқдомҳои заруриро саривақт амалӣ намоянд. Ҳарчанд ки дар баъзе ҷанбаҳо як қатор корҳои судманд анҷом дода шуда бошад, ҳам вале он ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест. Моро зарур аст, ки аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо мутахассисони заруриро омода карда, барои ҳифзи ин ганҷинаи бебаҳои миллат тадбирҳои саривақтиро анҷом диҳем.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар кишвари азизи мо дар баробари тоҷикон намояндагони дигар кишварҳо аз ҷумла, русҳо, арманиҳо, ӯзбекон, қирғизон, қазоқон, туркманҳо, бошқирдҳо ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Мутобиқи маълумоти Ҷамъияти "Дӯстии халқҳо" то ба имрӯз 16 ташкилоту муассиса ва ҷамъияту марказҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон амал мекунад.
Албатта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои сокини кишвар заминаҳои муҳимми ҳуқуқӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Дар бахши такмили барномаҳои таълимии забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ, ҳамчунин, омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо то ба имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои судманди зиёде амалӣ шуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳукумати кишвар дар баробари забони давлатӣ барои таълиму омӯзиши забонҳои ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаааст ва ҳамзамон, бобати ҳифзи асолати забон ва фарҳанги онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба забони ақаллиятҳои миллӣ барномаҳои радио ва телевизион фаъол буда, ба бештари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд, яъне мо ба ҳамаи забонҳо ва фарҳангҳои кишварамон арҷ мегузорем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо – Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда. дар суханрониҳои худ хирадмандона зикр намудаанд: «Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад».
Мувофиқи маълумоти коршиносон дар ҷаҳон ҳоло наздики ҳафт ҳазор забон мавҷуд аст, ки 90 дар сади онҳо эҳтимолияти дар ояндаи наздик аз байн рафтанро доранд.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҳамасола ба таври ноайён аз харитаи забонҳои ҷаҳон 10 – 12 забон аз байн меравад, яъне забонҳои бузург забонҳои хурдро ба коми худ фурӯ мебаранд.
«Агар ба назар гирем, ки забонҳо нафақат арзи ҳастӣ мекунанд, балки аз байн ҳам мераванд, - мегӯяд Котиби генералии созмони байналмилалии фархангии ЮНЕСКО – пас мо вазифадорем, ки барои муҳофизат ва нигоҳдории ин ҳама сарвати бебаҳои фарҳангӣ ҳар кореро, ки аз дастамон меояд ба иҷро расонем».
Феълан, дар мамлакат аҳолии манотиқи гуногунро ном бурдан мумкин аст, ки ин вазъи дузабонӣ ва биёрзабониро ҳифз намудаанд.
Ба вижа дар навоҳии минтақахои мазкур мардум аксарият тоҷикзабон мебошанд ва дар баробари забони модарӣ забонхои қирғизӣ, туркманӣ, узбекӣ ва русиро низ медонанд ва бидуни мушкилӣ бо ҳам сӯҳбат мекунанд.
Дар кишвар дар баробари забони миллӣ, ки мақоми давлатиро соҳиб аст, омӯхтани забони русӣ чун забони муоширати байни миллатхо то андозае густариш ёфт ва ин василае гашт бобати огоҳӣ пайдо намудан аз ҳаводиси ҷаҳон, адабиёти илмию бадеии ҷаҳонӣ ва ин ба шаҳрвандон бобати воридшавӣ ба фазои иттиллоотии чахонӣ шароити хубе омода месозад.
Дар баробари забони русӣ забонхои англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ ва ғ. доираи истифода ва густариши васее пайдо намуда истодаанд.
Дар кишвар барои қавму миллатҳои дигари Тоҷикистон имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд, то ки ба забони модариашон таҳсил кунанд, расму оин ва анъанаҳои миллии худро давом диҳанд.
Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо масъалаи забон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давлат безабон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат, яке аз муқаддасоти асосии он ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон беш аз ҳарвақта афзун мешавад, зеро забон нишонаи муҳимтарини Истиқлолият, Ваҳдат ва соҳибфарҳангиву соҳибдавлатист.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Иштирок дар семинари илмӣ-назариявии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Феврал, 2020 - 18:49
Cармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абророва С.Ҳ

Рӯзи 19-уми феврали соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ баргузор гардид. Дар он сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абророва С.Ҳ. дар мавзӯи «Забон – ҳастии миллат», Насриддиён Б.Н. дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар мавзӯи «Забон-ганҷи шойгон», Гурезов Ҷ.Н. дар мавзӯи «Нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»  маърӯза карданд. Дар анҷоми семинар донишҷӯён дар васфи забон, модар, Ватан шеърҳо қироат намуда, чорабиниро рангинтар намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Январ, 2020 - 15:38

аз 27 январи соли 2020 №61
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Муҳаммадҷонзода О.О.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” таҳрир мешавад.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Январ, 2020 - 15:29
“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” таҳрир мешавад.

Санаи 14-уми январи соли 2020 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор доир ба таҳияи лоиҳаи нави “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” корашро идома дод. Хотирнишон бояд намуд, ки ҷаласаи аввал дар моҳи декабри соли гузашта багузор шуда буд.  
Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ин баррасии “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мебошад, ки дар таҳрири нав таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки доир ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони аҳли маориф, илм, фарҳанг ва адаб, ки рӯзи  4-уми ноябри соли 2019 баргузор гардид, ибрози андеша тамуда таъкид доштанд: “Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд”.
Ҳадаф аз таҳияи феҳрист эҳё кардани арзишҳои маънавӣ ва мероси бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.
Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад.
Аммо дар ин самт аз ҷониби масъулони шаҳраку деҳот ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам саҳлангориву бемасъулиятӣ ба чашм мерасад, яъне баъзеи онҳо то ҳол пойбанди равишу усули пешинаи номгузорӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, фарзандони худро бо номҳои дорои маънои коста ё номҳое, ки ба анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаанд, номгузорӣ мекунанд.
Дар урфият “номи зебо ними ҳусн” гуфтаанд.
Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерӯмандӣ, ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад.
Хотирнишон месозам, ки бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест.
Вазорати адлия ва Кумитаи забон ва истилоҳот вазифадор карда мешаванд, ки якҷоя бо сохтору мақомоти дахлдор ин масъаларо ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд ва доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба асноди қонунгузорӣ пешниҳоди мушаххас таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд”.
Аз ин рӯ, дар робита ба ҳамин дастуру супоришҳои Пешвои миллат гурӯҳи корӣ такроран таҳлили номҳои дар Феҳрист воридшударо мавриди таҳлил қарор дода, номҳои навэҷодро ба он илова мекунанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Декабр, 2019 - 20:00
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020

Ҳамватанони азиз!

Ҳоло, ки мо дар остонаи соли нави мелодии 2020 қарор дорем, бо истифода аз фурсат кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватани азизамон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ ва ба кишварамон пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.


Соли 2019 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар ин сол бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд.

Ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги имсолаи мо дар соҳаи энергетика ва як қадами устувори дигар дар ҷодаи таъмини истиқлоли энергетикӣ, боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ ба нерӯи барқ ва заминаи мусоид барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Имсол соҳаҳои истеҳсолӣ низ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, кишоварзону сохтмончиён ва тамоми мардуми шарифи кишвар хеле назаррас мебошад. Онҳо бо азму иродаи ватандӯстона ва ба хотири татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ҷиҳати муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва дар ин асос беҳтар кардани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд, ки ба ҳар яки онҳо изҳори сипос менамоям.

Дар соҳаи иҷтимоӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расида, садҳо муассисаҳои нави таълимиву тандурустӣ ба истифода дода шуданд ва бо ҳамин роҳ мушкилоту масъалаҳои ин соҳаи муҳим тадриҷан бартараф гардида истодаанд.

Соли сипаришудаистода 25 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Маҳз ин санади сарнавиштсоз ба мо имкон дод, ки дар вазъияти хеле ҳассоси ҷамъиятиву сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқӣ гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ мардумро сарҷамъу муттаҳид созем.

Таҷлили ҷашни чорякасраи Конститутсия бори дигар далели  устувории давлат ва азму иродаи мардуми Тоҷикистонро дар роҳи  бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва пешрафт ба сӯи ҳадафҳои бузурги стратегӣ собит намуд.

Соли 2019 ба истиқболи сисолагии истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдаст садҳо иншооти саноативу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ба шарофати онҳо симои шаҳру деҳоти мамлакат босуръат дигаргун шуда истодааст.

Мо, инчунин, соли ҷорӣ даҳумин солгарди Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро  таҷлил кардем. Воқеан,  забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ маҳз дар замони истиқлол соҳиби ҷойгоҳи асливу арзандаи худ гардида,  имрӯз ба сифати забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истифода мешавад ва рушд мекунад.

Вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст аз он иборат аст, ки на танҳо забони модарии худро гиромӣ дорад,  балки дар татбиқи пурраи муқаррароти қонуни забон саҳм гузорад. Танҳо бо чунин муносибат мақоми забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии давлатдории миллӣ ҳамеша пойдору устувор хоҳад буд.

Соли 2019 барои кишвари мо дар самти сиёсати хориҷӣ низ соли бобарор ва соли таҳкиму тақвияти нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буд.

Соли сипаришаванда собит намуд, ки мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари мо ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва барои ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша омодаанд.

Барои соли 2020 мо иҷрои корҳои зиёди созандаро ба нақша гирифтаем.

Чанд рӯз пештар ман дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дастоварду пешравиҳои кишвар ва нияту нақшаҳои давлату Ҳукуматро, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, таҳкими иқтидори давлати соҳибихтиёру озоди тоҷикон, яъне ба ояндаи ободу осудаи халқи тоҷик нигаронида шудаанд, баён кардам.

 Бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки хурду бузурги кишвар дар амалӣ намудани онҳо саҳми хешро мегузоранд ва тамоми саъю талоши худро барои истиқболи шоистаи ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ сафарбар месозанд.

Соли 2020 дар кишварамон маъракаҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешаванд ва бовар дорам, ки ин чорабиниҳои сиёсӣ дар доираи муқаррароти Конститутсия, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони мо доир гардида, ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлати миллии тоҷикон ва тақвияти нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Бо ибрози ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи амалӣ намудани нақшаҳои созандаи давлати соҳибистиқлоламон ва ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон сиҳатмандӣ, иқболи баланд ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Соли нави мелодии 2020 муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Декабр, 2019 - 13:02
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.
Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.
Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.
Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.
Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.
Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.
Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид.
Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.
Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст.
Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст.
Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд.
Яъне нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.
Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.
Шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешад.
Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд.
Ҳоло мо дар давраи анҷомёбии марҳалаи аввали “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва оғози марҳалаи дуюми он қарор дорем.
Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки то охири соли 2020 барномаи миёнамуҳлати рушдро барои солҳои 2021-2025 қабул намояд.
Ҳукумати мамлакат, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад.
Мақомоти давлатӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва рақамигардонии фаъолияти идоракуниву истеҳсолот бояд сиёсати ягонаи иқтисодиро танҳо бо истифодаи механизм ва шаклу усулҳои муосир ба танзим дароранд.
Дар мулоқоте, ки ман бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо доштам, ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав супориши қатъӣ додам.
Масъулонро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи он ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам соддаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд.
Мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем.
Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.
Танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад.
Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст.
Агар соли 2016 шумораи чунин санҷишҳо қариб 300 ҳазорро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ҳамагӣ 48 ҳазорро ташкил кардааст.
Ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, содда гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад.
Ба Ҳукумат ва парламенти кишвар зарур аст, ки ҳангоми баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ, махсусан, зимни таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст.
Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.
Тибқи санадҳои қабулшуда ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад.
Солҳои 2013-2019 барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шудааст.
Ҳоло дар кишвар 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2020 татбиқи боз 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии кишвар фаъолияти худро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҷоннок намоянд.
Инчунин, ҳамкориро бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо мақсади ҷалби сармояи мустақим барои ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, бахусус, дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ тақвият бахшанд.
Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад.
Сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо равона гардад.
Дар робита ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Агентии содирот, Палатаи савдо ва саноатро зарур аст, ки корҳоро ҷиҳати татбиқи равзанаи ягонаи амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ суръат бахшида, дар масъалаи шомил шудан ба низоми умумии бархурдорӣ аз имтиёзҳо ва “долонҳои сабз” тадбирҳои амалиро ба роҳ монанд.
Ҳарчанд ки дар сохтори содирот молу маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои кишвар зиёда аз 450 номгӯйро ташкил дода, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 18,9 фоизи соли 2013 ба 27,4 фоиз дар соли 2019 расидааст, вале ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Яъне суръати афзоиш ҳанӯз паст мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми содироти семент, риштаи пахтагӣ, маъдану консентратҳо, қолинҳо ва баъзе намудҳои дигар афзоиш ёфта, содироти алюминийи аввалия, нахи пахта, меваю сабзавот ва консерва бо сабабҳои гуногун коҳиш ёфта истодааст.
Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки дар солҳои минбаъда тамоми захираҳоро ба баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар ҳаҷми содирот ва аз байн бардоштани монеаҳои маъмурии мавҷуда равона созад.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот муаррифӣ нагардидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад ва аз масъулон, аз ҷумла Палатаи савдо ва саноат тақозо менамояд, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд.
Бо ин мақсад ва ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот оид ба номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунанда зарур аст, ки портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда, корхонаҳои саноатӣ барои муаррифии маҳсулот ва пайдо намудани шарикони хориҷӣ сомонаҳои интернетии худро таъсис диҳанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанӣ маълумоти дахлдорро бо зикри номи корхона, номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва дигар иттилооти зарурӣ мунтазам ба нашр расонад.
Имрӯз дар берун аз кишвар имконияти пайдо кардани маълумоти кофӣ доир ба корхонаҳои саноатӣ ва маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон маҳдуд аст.
Сомонаҳои интернетии корхонаҳо роҳи аз ҳама самараноки муаррифии маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоб мераванд. Роҳи дигари пешниҳоди маҳсулот барои фурӯш иштирок дар намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Яъне аз ҳамаи воситаҳо бояд васеъ истифода карда шавад.
Дар робита ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноат вазифадор карда мешаванд, ки барномаи рушди содиротро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Илова бар ин, бояд гуфт, ки масъалаи дастрасии соҳибкорон, махсусан, молистеҳсолкунандагон ба захираҳои молиявии дарозмуҳлат ва нисбатан арзон то ҳанӯз ҳамчун масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад.
Низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад.
Бинобар ин, Бонки миллӣ вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои кам ҷалб гардидани сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили бонкҳои нав ва камшавии сармояи оинномавии бонкҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида, сиёсати пуливу қарзиро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва афзоиши содирот равона намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Амонатбонк” бояд ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он чораҳои таъхирнопазир андешад.
Бонки миллӣ вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ барои дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонад.
Инчунин, бо мақсади таъсиси намояндагии бонкҳои алоҳидаи кишварҳои шарик ҷиҳати таъмини шароити беҳтар барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи шарикон чораҷӯӣ намояд.
Вакилони муҳтарам!
Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст.
Вале нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва Агентии содирот бояд якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи “ашёи хом - истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ - дарёфти бозори фурӯш” тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Бо мақсади таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ ва пешниҳоди онҳо ба сармоягузорон бояд дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” - и Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода шавад.
Бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.
Ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Дар доираи ин лоиҳаҳо мо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор андохтем.
Соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад.
Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад.
Имрӯз корҳо барои оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон босуръат идома доранд.
Бо ин мақсад, Ҳукумат беш аз 470 миллион сомонӣ сармояи давлатиро равона менамояд ва мо ният дорем, ки ин иншооти муҳимро соли 2022 ба истифода супорем.
Амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 - ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт - соат) афзоиш ёбад.
Дар робита ба ин масъала, Ҳукумати мамлакатро вазифадор месозам, ки ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ тавассути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти нерӯи барқ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб - Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук - Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.
Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе - Бохтар, Ҳуҷанд - Исфара, Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин, Шкев - Қалъаихумб, Кӯлоб - Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Вазорати нақлиёт вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати дарёфти маблағҳои сармоягузорӣ барои бунёди долонҳои зидди тарма дар қитъаҳои осебпазири роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ ва беҳтарсозии имкониятҳои нақби “Истиқлол” тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ҳамчунин, Вазорати нақлиёт корҳоро дар самти таҳияи лоиҳаҳои таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Хуҷанд - Конибодом, Бохтар - Данғара - Кӯлоб, Бохтар - Носири Хусрав ва роҳҳои дигар ҷоннок намояд.
Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.
Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд.
Масалан, Бобоҷонов Муҳиб - сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд.
Аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сохтмони мактаб барои 2400 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи беш аз 35 миллион сомонӣ оғоз шудааст.
Аз ҷониби ҳамин соҳибкор як сол қабл дар деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда бо харҷи 21 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби ин соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағи 35 миллион сомонӣ барои 2500 ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст, ки соли 2021, яъне дар арафаи таҷлили 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Дар ду-се сол барои 6200 толибилм ҷойи таҳсилу шароити сатҳи баланд муҳайё кардани як соҳибкор лоиқи таҳсину офарин аст.
Дар ин самт роҳбарони ширкатҳои истеҳсолӣ низ фаъол мебошанд.
Аз ҷониби Ширкати “Чунгтсай Моҳир семент” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохтмони мактаб барои 2400 ҷойи нишаст ба маблағи 45 миллион сомонӣ оғоз карда шуда, дар арафаи таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ширкати “Чунгтсай Моҳир семент” соли 2016 дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон мактаби таҳсилоти умумиро барои 640 хонанда ба маблағи 13 миллион сомонӣ сохта, ба истифода додааст. Ин ширкат, дар маҷмӯъ, қариб 1000 ҷойи кории доимӣ муҳайё кардааст.
Ин гуна иқдому ташаббусҳо, ки имрӯзҳо аз ҷониби садҳо нафар соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд амалӣ шуда истодаанд, ҳамеша қобили таҳсину дастгирӣ мебошанд. Воқеан, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки ба хотири пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои сокинони кишвар саъю талош намоем.
Вобаста ба нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо рушди соҳаи сохтмон бараъло ба назар мерасад.
Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва сохтмон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд.
Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд.
Доир ба ин масъала таъкид менамоям, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад.
Дар робита ба ин, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, масъулонро зарур аст, ки барои таъмини рушди соҳаи сохтмон ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда ва омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.
Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд.
Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем.
Ҳамватанони азиз!
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст.
Дар ин росто, мо низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳоро анҷом додем.
Дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
То имрӯз дар 23 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба обтаъминкунӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 9 лоиҳаи дигар ба маблағи боз 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар натиҷа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Панҷу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ асосан ҳал гардидааст.
Аммо сифати иҷрои корҳо дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва таъминоти сокинони чандин шаҳру ноҳияи кишвар бо оби ошомиданӣ ҳанӯз моро қонеъ карда наметавонад.
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон кишвари сероб мебошад, дар шароити имрӯза ва бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда мо бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обро васеъ ҷорӣ намоем.
Дар шароите, ки пайомадҳои тағйирёбии иқлим аксари мамолики дунёро ба ташвиш овардаанд, олимони моро зарур аст, ки ба ин масъалаи глобалӣ бештар аҳаммият диҳанд.
Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба муаррифӣ намояд.
Ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳаммияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, вазифаи олимони кишвар мебошад.
Дар Тоҷикистон истеҳсоли 98 фоизи нерӯи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд.
Бинобар ин, кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 - умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.
Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафари аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.
Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба мо истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан гидроэнергетика мусоидати ҷиддӣ менамояд.
Хотирнишон месозам, ки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад.
Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург, аз ҷумла дарозтарин ва бузургтарин пиряхи дар хушкӣ ҷойгиршудаи дунё бо номи Федченко, ки дарозии он 76 километрро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 фоизи ҳудуди кишварро дар бар мегирад.
Дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шуда, пурра аз байн рафтааст.
Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд.
Дар солҳои минбаъда пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ низ меафзояд.
Сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад.
Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем.
То имрӯз дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми қариб 2 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст ва ҳоло чунин лоиҳаҳо ба маблағи 665 миллион сомонӣ идома доранд.
Бо вуҷуди ин, ҳар сол майдони беш аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор мегирад.
Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти пешгирӣ кардани аз гардиши кишоварзӣ баромадан ва шӯршавии заминҳо тадбирҳои доимӣ андешанд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содирот чораҳои қатъӣ андешанд.
Аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду, балки се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми фаъолияти олимон ва кишоварзон дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Ҳамватанони арҷманд!
Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст.
Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти чойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.
То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидааст.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.
Зарур аст, ки дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.
Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем.
Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад.
Ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо пешниҳод менамоям, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад.
Бовар дорам, ки ба хотири рушди ин соҳаи муҳим тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ якҷо фаъолият намуда, ҷиҳати муаррифии арзандаи Тоҷикистони азиз талоши бештар мекунанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, пешниҳод мешавад, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.
Дар доираи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", ҳамчунин, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, пешниҳод мегардад, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад.
Илова бар ин, бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад.
Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати татбиқи пешниҳодҳои зикргардида лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад.
Ҳамчунин, Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст, ки бо мақсади тарғиби бештари омилҳои таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, истироҳативу табобатӣ ва экологии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дар ин соҳа пешрафта пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд.
Дӯстони азиз!
Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем.
Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.
Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.
Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
То ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.
Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.
Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.
Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.
Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Инчунин, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.
Мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд.
Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем.
Ислоҳи ин мушкилоти ҷомеа, ки давлат ба он афзалият медиҳад, вазифаи ҳар як сокини бонангу номус ва боиродаву ватандӯст ба ҳисоб меравад ва бовар дорам, ки ин кори хайру савоб аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ меёбад.
Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем.
Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.
Чунки тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад.
Доир ба ин масъала ман дар Рӯзи дониш Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намудам, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд.
Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
Вобаста ба ин, ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” – ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Яъне Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” – ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.
Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Дар солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расидаанд. Вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар баробари ин, бо дастури мо аз соли 2007 то соли 2019 - ум 38 ҷилди китоби “Ахтарони адаб” 190 ҳазор нусха чоп шудааст, аммо қисми зиёди он ба фурӯш нарафта, дар анборҳои нашриёт боқӣ мондааст.
Умуман, дар анборҳои нашриётҳо беш аз 2 миллион нусха китобҳо ба фурӯш нарафта, бе гардиш мондаанд.
Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.
Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.
Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.
Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.
Бо пешниҳоди мо чанд рӯз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард.
Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.
Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.
Ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг мо бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем.
Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ҳар сол баргузор карда шавад.
Ҳамчунин, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем.
Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.
Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.
Буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.
Дар соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст.
Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад.
Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.
Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.
Соли 2020 дар кишварамон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ дар марҳалаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии Точикистон барои муайян намудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии равандҳои демографӣ равона карда шудааст, ки дар ҷараёни банақшагирӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар ин самт муҳим мебошад.
Тибқи ояндабинии ниҳоди марбутаи Созмони Милали Муттаҳид аҳолии кураи замин соли 2050 то 9,7 миллиард нафар афзоиш меёбад. Мувофиқи ҳамин дурнамо аҳолии кишвари мо соли 2050 ба 17 миллион нафар мерасад.
Агентии омор, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва дигар сохторҳои марбута бо истифода аз технологияҳои муосир ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд ва маблағҳои ба ин мақсад ҷудошударо самаранок истифода намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Мо ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ медиҳем.
Ҳоло дар кишвар дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 97 ихтисос, дар марказҳои таълими калонсолон аз рӯйи 57 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 166 ихтисос, дар маҷмӯъ, аз рӯйи 454 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд.
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
Дар баробари ин, барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар созад ва ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои кишвар заруранд, таъсис дода, ҷиҳати ба шуғл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус, занону духтарон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, қариб 60 фоиз кам шудааст, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад.
Шумораи аз ҳама зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ 1 миллиону 100 ҳазор нафар ба соли 2010 рост меояд. Соли ҷорӣ ин рақам 486 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Вале ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти марказиву маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон ва умуман, ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номусро зарур аст, ки барои ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар кишвар талош намоянд.
Бо ин мақсад, мо бояд то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем.
Бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013-ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад.
Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 148 ҳазор маъюбон, 5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд.
Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон беш аз 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ба ҳар як нафар 22 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд.
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба чунин муассисаҳо дар давоми 10 соли охир 3,2 баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, танҳо соли 2019 ҳаҷми кумакпулиҳо аз ҳисоби буҷети давлат барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд беш аз 102 миллион сомониро ташкил намуд.
Имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст.
Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст.
Ҳукумати кишвар минбаъд низ ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кумак мерасонад ва бовар дорам, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторҳои давлатӣ дар амалҳои хайру савоб боз ҳам фаъолона саҳм хоҳанд гузошт.
Бо мақсади танзими раванди таъини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” амалӣ шуда истодааст, ки тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирии шахсони маъюб таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабакаи ягонаи электронӣ гузаронида мешавад.
Ин тадбир имкон фарҳам меорад, ки маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудошаванда самараноку суроғавӣ истифода гардида, шахсони воқеан маъюб аз онҳо бархурдор бошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.
Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.
Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.
Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳозирини арҷманд!
Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.
Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад.
Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем.
Бовар дорам, ки дар интихоботи дарпешистодаи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шумораи бонувон бештар мешавад ва онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат хоҳанд кард.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем.
Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.
Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.
Мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем.
Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.
Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар - Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.
Имрӯзҳо беш аз 257 ҳазор нафар ҷавонон, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Барои таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон сохтору мақомоти марбутаро вазифадор месозам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030”- ро дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Варзиш ба фаъолияти ҷавонон алоқамандии мустақим дорад.
Имрӯз дар кишвар 10 ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардидааст.
Дар соли 2019-ум 358 иншооти варзиш, аз ҷумла зиёда аз 200 иншоот дар пойтахти кишвар сохта шудааст.
Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзиш навъҳои мухталифи варзишро васеъ ҷорӣ карда, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳо мунтазам чораҷӯӣ кунад.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд.
Ҳамватанони азиз !
Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд.
Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад.
Мо хуб медонем, ки нооромиву бесарусомониҳо, ба гурӯҳҳои муқобил ҷудо шудани шаҳрвандони кишвар ва ихтилофоти шадид дар ҷомеа аз интихоботи президентии соли 1991 оғоз шуд ва оқибат боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.
Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин шуд.
Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад.
Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд.
Таъкид менамоям, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд.
Мувофиқи талаботи қонунҳои амалкунанда ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ мебошанд, инчунин, шаҳрвандони алоҳидаи худпешбаришуда, ки барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ талош мекунанд, вазифадоранд, ки фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ намоянд.
Ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандонро даъват менамоям, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош кунанд, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва комиссияҳои интихоботӣ дар маҳалҳо уҳдадоранд, ки шахсияти номзадҳои пешбаришударо ҳаматарафа санҷида, мутобиқати онҳоро ба талаботи қонунгузорӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунанд.
Ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла ба парламенти кишвар бояд шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдон пешниҳод ва интихоб шаванд.
Ба шумо - шаҳрвандони азизи мамлакат муроҷиат мекунам, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳо бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоед.
Вакилони муҳтарам!
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.
Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.
Чунонки шумо хабар доред, чанде аз аъзои яке аз гурӯҳҳои созмони террористии ба ном давлати исломӣ ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонон заданд.
Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Шарти муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад.
Ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Мусаллам аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ мебошад.
Ҳарчанд ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда солҳои охир қочоқи маводи мухаддир ба кишвар то андозае коҳиш ёфтааст, афзоиши воридоти дигар намудҳои маводи нашъаовар, ки ба саломатии инсон зарари бештар дорад, ба назар мерасад.
Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифадор карда мешаванд, ки доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ чораҷӯӣ намуда, корро ҷиҳати пешгирии воридоти маводи нашъаовари сунъӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.
Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд.
Бо вуҷуди ин, таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳад, ки фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест.
Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳотро зарур аст, ки ба масъалаи интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тарбияи онҳо дар рӯҳияи поквиҷдонӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд.
Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи интизоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст.
Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем.
Мо минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем.
Рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад.
Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад.
Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд.
Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.
Мо чунин мешуморем, ки тақдири Афғонистон ва роҳи ояндаи онро бояд худи мардуми ин кишвар ҳаллу фасл ва муайян созанд.
Ба ин манзур, мо аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамоем ва умед дорем, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард.
Зимнан, мо боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд.
Ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар ин самт хоҳад гузошт.
Мо робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорем, идома хоҳем дод.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст.
Дар ин росто, танҳо соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар як қатор чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он доир гардиданд.
Тоҷикистон соли 2019 раёсати як қатор созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онҳо, аз ҷумла Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда дошт.
Соли оянда раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз мешавад.
Гузашта аз ин, боиси қаноатмандист, ки чорабиниҳои байналмилалии ҷониби мо доир ба захираҳои об миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти унвони “Раванди Душанбе дар соҳаи об” эътибор пайдо кардааст.
Дар ин радиф, мо тасмим гирифтем, ки соли оянда ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем.
Дар ин росто, Вазорати корҳои хориҷӣ бояд якҷо бо дигар вазорату идораҳои кишвар татбиқи амалии Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро пайгирона идома дода, ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои матлуб тадбирҳои пайваста ва зарурӣ андешад.
Мо минбаъд низ ба мақсади тавсеаи бештари робитаву ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин, таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳем кард.
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам вакилони халқ!
Ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда, ки ҷараёни татбиқи онҳо дар паёми имрӯза таҳлилу баррасӣ гардид, инчунин, мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Ман андешаҳои худро доир ба тақвият бахшидани корҳо дар ин самт баён доштам ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, яъне вакилони парламент, роҳбарони вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми шаҳрвандони мамлакатро даъват менамоям, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки мо ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.
Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд.
Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем.
Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем.
Дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.
Эътимоди комил дорам, ки мардуми бонангу номуси мо ин нуктаро хуб дарк мекунанд.
Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.
Дар ин роҳи пуршараф ба тамоми сокинони кишвар ва ба ҳамаи шумо - вакилони халқ ва ҳозирини гиромӣ барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Декабр, 2019 - 13:00

26 декабри соли 2019 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Таъкид гардид, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.

Аз ин ру, Ҳукумат ва парламенти кишвар зарур аст, ки ҳангоми баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ, махсусан, зимни таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи энергетика таъкид шуд, ки амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 - ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт - соат) афзоиш ёбад.

Дар робита ба ин масъала, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ тавассути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти нерӯи барқ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.

Истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад.

Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст.

Дар ин росто, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар натиҷа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Панҷу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ асосан ҳал гардидааст.

Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.

Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.

“Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем” - изҳор доштанд Пешвои миллат.

Таъкид шуд, ки аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” - ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбутаи давлатӣ барои таҳия ва татбиқи ҳадафҳо дар самти ҳунаромӯзии шаҳрдвандон дастури махсус доданд.

Аз ҷумла, Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

Дар баробари ин, барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.

Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.

Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Декабр, 2019 - 15:19
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 фаъолияти пурсамари худро оид ба пешбурди сиёсати давлати дар бораи забон ва баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба роҳ мондааст, рӯзи 25-уми декабри соли равон ҷаласаи ҷамъбастиро баргузор намуд.

Ҷаласа бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳайати мушовара, роҳбарият ва кормандони Кумита баргузор гардида, фаъолияти Кумита дар соли 2019 қаноатбахш ҳисобида шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён: «Имло бояд миллӣ ва моли забони адабӣ бошад»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Ноябр, 2019 - 11:24
ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.

Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» камбудиҳо, духӯрагиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он ба назар мерасанд. Бо назардошти ин, тавре хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанги мамлакат 4 октябри соли 2019 ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки то моҳи январи соли 2020 лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро бо ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Барои иҷрои ин супориш Гурӯҳи махсуси корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба фаъолият пардохтааст.

Имло дар илми забоншиносӣ, дар рушду такомули худи забон ва умуман дар ҳаёти истифодабарандагони он чӣ аҳамият дорад? Вобаста ба ин мавзуъ муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саодатшо МАТРОБИЁН дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ чунин изҳори назар намуд.


Имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ буда, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо ва талаффузи калимаҳо маҳсуб меёбад ва чун муҳофизи забон хизмат мекунад. Агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсири худро расонида, ба инкишофи минбаъдаи забон халал бунёд хоҳад кард. Аз ин рӯ, меъёрҳое, ки барои имло тарҳрезӣ мешаванд, чун гил ва сангрезаҳое ҳастанд, ки хиштҳои бунёди забонро мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Бунёди қоидаҳои имлоро се меъёри асосӣ: морфологӣ, фонетикӣ ва таърихӣ (анъанавӣ) ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин меъёрҳо, баъзан аз меъёрҳои фонематикӣ ва дифференсиалӣ (фарқкунанда) низ истифода мешавад.

Меъёри морфологӣ якнавохт навиштани вожаҳо ва ҳиссаҳои нутқро талаб мекунад ва ҳамзамон қоидаҳои навишти вожаҳои решагӣ, пешвандҳо, пасвандҳо ва бандакҳоро танзим мекунад, ҷудо, якҷоя ё бо нимтире навиштани калимаҳоро муайян мекунад. Имлои мукаммал ҳамон имлое маҳсуб меёбад, ки бар пояи меъёрҳои морфологӣ асос ёфтааст.

Меъёри фонетикӣ мувофиқати овозро бо шакли графикии калима муайян мекунад, ки меъёри бисёр мушкили қоидаҳои имло буда, он на барои ҳар забон истифода мешавад. Агар танҳо аз рӯйи меъёри фонетикӣ амал кунем, якнавохтӣ дар навишт ғайриимкон мегардад.

Меъёри таърихӣ (анъанавӣ) навишти қадимиро асос гирифта, талаб мекунад, ки чӣ гуна дар гузашта вожаҳо навишта мешуданд, имрӯз низ бояд ҳамон тавр навишта шаванд (ин меъёр дар имлои забони англисӣ фаровон истифода мешавад).

Меъёри фонематикӣ, ки ҷиҳати баргардони овозҳои мушаххасро дар фонемаҳо талаб дорад, душвортарин меъёр маҳсуб меёбад. Зеро дар аксари забонҳо, аз ҷумла дар забони тоҷикӣ таркиби фонематикии калимаҳо ҳанӯз омӯхта нашудааст. Соҳаи фонология дар забоншиносии тоҷик як соҳаи ҳанӯз наомӯхтае мебошад, ки таҳқиқоти ҷиддиро тақозо дорад. Меъёри дифференсиалӣ (фарқкунанда) доираи хеле маҳдуди истифода шудани калимаҳоро дар навишт, хусусан, тарзи навишти омонимҳо ва омофонҳоро муайян мекунад.

«Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2011 тасдиқ шудааст, дар асоси меъёрҳои фонетикӣ, морфологӣ ва таърихӣ таҳия шуда, асолати забони тоҷикиро таъмин менамояд. Қоидаҳои имлои мазкур дар асоси меъёрҳои муқарраршудаи илмӣ мушкилоти навиштро дар корбурди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ва густариши он дар умури сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва бахшҳои дигари фаъолияти ҳаррӯзаи мамлакат хеле осон гардонид.

Ёдовар бояд шуд, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (соли 2011) тағйиру иловаҳои зиёд ворид гардида буд, аз ҷумла, дар бахши алифбо ҳарфҳо мутобиқ ба меъёри алифбои кириллӣ номгузорӣ шуда, тартиб ва меъёри садонокҳо ва ҳамсадоҳо бар асоси равиши илмӣ ва таърихӣ таҳия гардидаанд. Имлои ҳиссаҳои нутқ пурра бознигарӣ шуда, мақоми муайяни худро касб намудаанд. Аммо мурури вақт нишон дод, ки ҳанӯз ҳам дар қоидаҳои муназзами имлои амалкунанда баъзе ҷузъиёти меъёрҳои муқарраршуда сарфи назар шуда, ҳатто дар баъзе маврид ҳолатҳои духӯра будани қоидаҳо ба назар мерасанд.

Ҳамин камбудиҳо, духӯрагиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4.10.2019 бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанги мамлакат баён доштанд, ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки то моҳи январи соли 2020 лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия намуда, бо ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони забоншиноси Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва Кумитаи забон таъсис дода шудааст, таҳия гардида, барои мукаммал намудани он фикру андешаҳои дигар мутахассисони забондон ва кафедраҳои тахассусиро интизоранд.

Як масъалаи бисёр мураккаб, ки тайи чанд сол роҳи дурусти истифодаи худро наёфтааст, ин мавриди навишти ҳарфҳои «у» ва «ӯ» мебошад. Дар иртибот ба имлои ҳарфҳои мазкур зикр бояд кард, ки дар бандҳои 2 ва 5-и Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тарзи истифодаи онҳо оварда шудаанд, аммо, мутаассифона, ба таври дақиқ меъёрҳои навишти онҳо дода нашудаанд. Аз ҷумла, дар банди 2 қайд мешавад, ки «ҳарфҳои а, о, у дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд» ва дар ҳамин банд эзоҳе бо матни зер навишта шудааст: «Дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ у навишта мешавад». Аз назари фонетикӣ ин ду овози алоҳидае мебошанд, ки ҷойи ҷудогонаи тавлиди худро дар дастгоҳи нутқ доранд. Ҳар ду овоз хоси забони тоҷикӣ буда, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ пайдо шудаанд. Овози у дар марҳилаи аввали ташаккули забонамон дар шакли у-и кӯтоҳ (уштур, буз, хушк ва ғ.) ва у-и дароз (дуд, дур, хун ва ғ.) мавҷуд буд.

Овози ӯ (ин фонемаи алоҳида буда, у-и дароз нест!) дар марҳилаи баъдӣ аз дифтонги āu (rāuča – рӯз; rāuta – рӯд, dāuxš – дӯшидан ва ғ.) ба вуҷуд омадааст. Вожаҳое, ки дар охири худ овози у доранд, аз «-ук»-и паҳлавӣ (ориёии миёна) бар асоси таҳаввулоти таърихӣ шакл гирифтаанд (бонук – бону, зонук – зону, тарозук – тарозу, паҳлук – паҳлу ва ғ.). Доир ба ин масъала ҳатто дар байни мутахассисони таърихи забони тоҷикӣ ақидаи ягона мавҷуд нест. Бояд гуфт, ки инҳо масъалаҳои илмӣ буда, дар имло аз назари меъёри таърихӣ ба назар гирифта шудаанд. Вале барои омма фаҳмидани чунин шаклҳо душвор аст. Чунонки Фердинанд де Соссюр гуфтааст: «Барои гӯяндагони забон танҳо як пешомад мавҷуд аст – ин истифодаи имрӯзаи забон, онҳо аз таърихи он чизе намедонанд ва дар бораи ояндаи он чизе фикр намекунанд». Аз ин рӯ, қоидаҳои имло, ки барои хосу ом аст, бояд сода ва фаҳмо бошанд. Ин нуктаро Пешвои муаззами миллат низ дар суханронии худ зикр намудаанд.

Иддае аз забоншиносон бар он ақидаанд, ки калимаҳои иқтибосии арабӣ, чӣ гунае ки дар хатти арабиасос навишта мешаванд, дар хатти имрӯзаи тоҷикӣ низ бояд ҳамон тавр навишта шаванд. Яъне меъёрҳои навишт ва талаффузи забони арабиро бар забони тоҷикӣ мехоҳанд бор кунанд. Воқеан, барои мардум фарқ кардани калимаҳое, ки дар хатти арабиасос чӣ тавр навишта мешаванд, кори саҳл нест. Ҳатто мутахассисон дар ин масъала оҷизӣ мекашанд. Масалан, фарқи вожаҳои арабӣ, ки дар охири ҳиҷо бо «вов» ва «айн» навишта мешаванд, мисли вуқӯъ, валӯъ, вулӯъ, мавзӯъ, мадфӯъ, мазрӯъ, мақтӯъ, марфӯъ, марҷӯъ, масмӯъ, мамнӯъ, маснӯъ, матбӯъ, маҷмӯъ, рукӯъ, руҷӯъ, сутӯъ, тулӯъ, шурӯъ ва ғ. аз вожаҳое, ки бе «вов» бо «айн» навишта мешаванд, мисли табарруъ, таваққуъ, тавозуъ, тазарруъ, таматтуъ, танозуъ, тасаннуъ, таҷаммуъ, ташайюъ ё калимаҳое, ки бо «вов» ва «ҳо» дар охири ҳиҷо мисли андӯҳ, бистӯҳ, вузӯҳ, гурӯҳ, курӯҳ, макрӯҳ, мамдӯҳ, мамсӯҳ, манкӯҳа, мафтӯҳ, маҷрӯҳ, машрӯҳ, сутӯҳ, шукӯҳ, шикӯҳ, вуҷӯҳ, сабӯҳ, сунӯҳ ва бе «вов» ва «ҳо» таваҷҷуҳ ва сунуҳ (ба маънои «зани писар») ва ғайраро танҳо, агар мутахассисон бо фаҳмидани қолабҳои онҳо (дар хатти арабӣ бо номҳои «вов»-и маъруф ва «вов»-и маҷҳул) дарк нанамоянд, барои мардуми ғайримутахассис ин мушкилоти якумра мебошад.

Аз ин рӯ, хуб мешавад, ки ин гуна калимаҳоро дар як қолаби ягона ё бо ҳарфи «ӯ» ё бо ҳарфи «у» нависем. Мушкилоти дигар дар фарқи калимаҳои арабӣ аз тоҷикӣ мебошад. Мисли: гуҳар, куҳан, куҳна, нуҳ, уҳу-уҳу, Суҳроб; ё кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон, ӯҳ(?). Дар ин калимаҳо такя бар маъёри таърихӣ мешавад, ки ин ҳам танҳо барои мутахассис фаҳмо аст.

Муҳим он бояд бошад, ки калимаҳои иқтибосиро ба табиати забони миллӣ мувофиқ намоем, на ин ки забонамонро тобеи навишту талаффузи калимаҳои иқтибосӣ созем. Қонуни табиати забон низ ҳаминро талаб мекунад. Аз як таҳлили оморие, ки гузаронидем, миқдори калимаҳое, ки бо ҳамнишинии ҳарфҳои «вов»-ҳои маъруфу маҷҳул ва «айн»-у «ҳо» анҷом меёбанд, тахминан чунин мебошад:


Зикр бояд кард, ки калимаҳо дар асоси «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бо ислоҳи ғалатҳо шумурда шуда, танҳо решаи калимаҳо ба назар гирифта шудаанд. Ҷадвали овардашуда, баръало нишон медиҳад, ки кадом намуди калимаҳо афзалият доранд. Ҳамчунин мавриди ёдоварист, ки бо «вов»-и маъруф навишта шудани калимаҳо дар хатти арабиасос ин маънои онро надорад, ки ин гуна калимаҳо ҳатман бояд дар хатти имрӯзаи тоҷикӣ бо ҳарфи «ӯ» навишта шаванд: суруд, дуруд, хун, дуд, суд, мубад, дур, ду, ту, фартут, фармудан, фарсуда ва ғ. Ҳамаи мисолҳои овардашуда асоси илмии худро доранд, аммо ҳам хусусияти хатти арабиасос ва қоидаҳои навишти калимаҳои иқтибосӣ ва ҳам меъёри таърихии забони тоҷикиро дар як қоидаи имло ғунҷонидан моро ба сӯйи духӯрагиҳо ва пайдо шудани мушкилиҳо дар имло мебарад. Аз ин рӯ, меъёри ягона бояд танҳо хусусияти миллии забонро ифода кунад.

Масъалаи дигаре, ки бисёр баҳсталаб аст, ин бо ҳарфи калон навиштани исмҳо мебошад. Аз ҷумла, дар зербанди 2-юми банди 20-уми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» оварда шудааст: «Номи мақомоти олии давлатӣ, мансабҳои олӣ ва рамзҳои давлатӣ» бо ҳарфи калон навишта мешавад. Дар ин банд ду ифодаи нофаҳмо барои мардум аст- яке, мақомоти олӣ кадомҳоянд?, дувум, мансабҳои олӣ кадомҳоянд? Тибқи қонунгузории Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст. Дар Феҳристи тасдиқшуда мафҳуми «мансабҳои олӣ» вуҷуд надорад. Дар он мансабҳои давлатӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд: 1) мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ва 2) мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ки дар навбати худ ба а) мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва б) мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ҷудо мешаванд. Кадоме аз онҳо бо ҳарфи калон навишта мешаванд, бояд дар қоидаҳои имло аниқ муайян бошанд.

Ҳамчунин баҳси навишти калимаҳои иқтибосӣ, хусусан аз забони русӣ, ки бо «а» талаффуз мешаванд ва бо «о» навишта мешаванд, мушкилиро дар имло ба бор овардааст. Чунончи, компютер – кампютер; конференсия – канференсия; дотсент – датсент; Москва – Масква; Новосибирск – Навасибирск ва ғ. Доир ба навишти ин гуна калимаҳо дар имло қоидае вуҷуд надорад.

Ҳамин тавр, ғалатҳои дигари ҷузъие низ дар имло ба назар мерасанд, ки онҳо, албатта, аз назари гурӯҳи корӣ дур нахоҳанд монд. Имрӯз ҳамаи мардум таҳияи як имлои мукаммалу устувор ва фаҳмою осонро интизоранд, то дар навишт ба иштибоҳ набараду назарҳои гуногун ба вуҷуд наоварад. Имло бояд миллӣ ва моли забони адабӣ бошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.5 (2 овоз)

Pages

Subscribe to Ахбори рӯз