Ахбори рӯз

Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2023 - 07:55

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ – ойини баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям.

Дар айёми омодагӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ барои таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва маросиму ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва оммавӣ гардонидани онҳо имконият пайдо кардем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо на танҳо ҷашну ойинҳои бостониамонро эҳё намудем, балки онҳоро ҳамчун падидаҳои дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардем.

Соли сездаҳум аст, ки Наврӯз – ҷашни бостонии миллии мо ва мардумони ҳавзаи тамаддуни он дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад.

Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмӣ дорад.

Омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун будани Наврӯз яке аз бузургтарин ҳикматҳои он ба ҳисоб меравад, ки дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза бисёр муҳим мебошад.

Густаришу ситоиши хираду дониш ва муҳаббату самимият дар байни одамон, сулҳу субот миёни қавму миллатҳо ва шодиву нишоти ҳамаи афроди ҷомеа моҳият ва фалсафаи зиндагисози Наврӯз аст, ки тайи ҳазорсолаҳо ба мардуми мо ва халқҳои дигар хизмат кардааст.

Қобили зикр аст, ки маҳз ҳамин хусусиятҳои Наврӯз дар замири мардуми мо инъикос ёфта, аҳли башар тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз мешиносанду эҳтиром менамоянд.

Воқеан, Наврӯз бо ойину анъанаҳои деринаи маънавии он ҷашни моҳиятан ва аслан фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, мо Наврӯзро дар баробари ҷашни истиқлол азизу гиромӣ медорем ва ин ду ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва тантанаву самимияти беандоза таҷлил менамоем.

Наврӯз тарғибгари арзишҳои таҳаммулгароӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ин ҷашни бостониро хурду бузурги мардум, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ, бо шодиву нишот ва дастҷамъона таҷлил мекунанд.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ҳамин хусусияту арзишҳои Наврӯз ҳангоми қабули пешниҳоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни он доир ба мақоми байналмилалӣ додан ба ин ойини бостонӣ нақши ҳалкунанда бозиданд.

Эҳёи Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

Зеро мо – тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун буда, ба арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва зебоипарастиву созандагӣ ҳамчун асоси маънавиёти миллиамон ҳамеша арҷ мегузорем.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки мардуми заҳматпешаву созандаи мо дар баробари эҳё намудани суннатҳои наврӯзӣ дар давраи омодагӣ ба ин ҷашн ба тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зисти худ, боз ҳам ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо ва бунёди боғҳои нав таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.

Воқеан, бо фарорасии баҳор ва омадани Наврӯз на танҳо табиат зинда мешавад, балки дар қалби инсонҳо низ меҳри заҳмату талош ба хотири ободиву беҳтар намудани шароити зиндагӣ даҳчанд мегардад.

Қадамҳои зиндагибахши Наврӯз баъди фасли сармо ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва рӯшноӣ бар торикӣ рӯҳи инсонҳоро болида ва қалби онҳоро саршор аз фараҳу шодӣ ва умеду орзу мегардонад.

Наврӯз, инчунин, ҷашни кишоварзон аст ва онро аз ҳама бештар аҳли киштукор, яъне рӯзирасонҳои мардум интизорӣ мекашанд.

Бовар дорам, ки кишоварзони асили мо имсол низ ба хотири фаровонии дастурхони мардум корҳои баҳориро вусъати бештар мебахшанд ва ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон замина мегузоранд.

Хусусан, дар шароите, ки бар асари буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он – камобиву хушксолии паёпай, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ раванди камчин шудани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо идома дорад, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, аз обу замин самаранок истифода бурда, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, фаровонии бозори истеъмолӣ ва рӯзгори осудаи аҳолии кишварамонро таъмин намоем.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки имсолу соли оянда вазъи ҷаҳон дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ боз ҳам мураккабу вазнин мегардад.

Бинобар ин, мо бояд ҳар як ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, кишти такрориро васеъ ба роҳ монем, аз заминҳои обӣ ҳатман ду – се ҳосил рӯёнем, фикри аҳли оила, фарзандон ва ҷомеаи худро кунем.

Соли гузашта кишоварзони мо содиқона заҳмат кашиданд ва дар кишвар захираи кофии маводи ғизоӣ фароҳам оварда шуд.

Дар натиҷа мардуми мо фасли тирамоҳ ва махсусан, зимистони сардро ба осонӣ ва бе мушкиливу муҳтоҷӣ гузарониданд.

Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки бо дарназардошти шароити вазнини ҷаҳони муосир мо бояд сарфаю сариштакор бошем ва ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ надиҳем.

Мардуми мо аз қадимулайём хони наврӯзиро бо меваю шириниҳои дастӣ ва таомҳои аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омодашуда меоростанд.

Мо бояд ин анъанаи хуби аҷдодиро идома диҳем.

Дигар ин ки ба тарзи либоспӯшии миллии худ, ки мисли баҳор бисёр зебо мебошад ва эҳё кардану рушд додани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла таомҳои миллӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем.

Инчунин, ба таълиму тарбияи фарзандонамон ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар барои онҳо бо масъулияти баланд муносибат кунем.

Ҳамватанони гиромӣ!

Чунонки медонед, то имрӯз якчанд ташаббусҳои инсондӯстонаи Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ шуда истодаанд.

Мояи ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалии имсола рӯзҳои 22 – 24-уми марти соли 2023 дар заминаи татбиқи ташаббуси Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад.

Қобили зикри махсус аст, ки ин рӯйдод эътирофи саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти глобалӣ мебошад.

Ҳамчунин, бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва муқаррар гардидани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» далели возеҳи робитаи амалҳои башардӯстонаи мо бо ҷашни пайванди инсон ва табиат, яъне Наврӯзи байналмилалӣ, ҳифзи захираҳои об ва муҳити зист буда, албатта, боиси сарфарозиву қаноатмандии шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

Итминон дорам, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ гузошташуда фатҳу кушоишҳои нав хоҳад овард.

Ҳамватанони азиз!

Яке аз рамзҳои Наврӯз оростани хони идона ва ба намоиш гузоштани навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ба бар намудани либосҳои миллии идона ва пешкаш кардани дастранҷи ҳунармандони чирадаст ба ҳисоб меравад, ки инъикосгари фарҳанги ғании рӯзгордорӣ, либоспӯшӣ ва ҳунармандии тоҷикон мебошанд.

Зарур аст, ки ҳангоми баргузории чунин чорабиниҳо ба мазмуну муҳтаво ва сатҳу сифати онҳо, инчунин, ғановату зебоии фарҳанги асили аҷдодӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки мардуми мо табиатан тозагиву озодагиро дӯст медоранд.

Ойинҳои наврӯзӣ низ тозагии ботину зоҳири инсонро тарғиб мекунанд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд дар айёми наврӯзӣ ва чорабиниҳои ҷашнӣ хонаву кошона ва деҳаву маҳалли зисти худро тозаву озода нигоҳ дошта, ҳамчунин, қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро ҷиддӣ риоя намоем.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мо – мардуми Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукронаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем ва кору фаъолияти созандаи худро ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ вусъат мебахшем.

Мо бо заҳмати аҳлона ба тамоми ҳадафҳои неки худ мерасем, Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро дар ояндаи наздик ба як мулки ободу пешрафта табдил дода, нуфузу обрӯи онро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик тандурустӣ, саодати рӯзгор, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Соли нави аҷдодӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Категория:

Саҳми Пешвои миллат дар тақвияти мақоми забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Март, 2023 - 13:09

Дар санаи 11.03.2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар тақвияти мақоми забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ», Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва 70-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон Шокириён Туғрал Сироҷзода баргузор гардид.
Дар кори конференсия донишмандони зиёде аз дохил ва беруни ҷумҳурӣ иштирок карданд. Аз ҷумла, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Сахидод Раҳматуллозода аз номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳот профессор О. Муҳаммадҷонзода ҳозиринро шодбош гуфта, дар кори конференсия муваффақият таманно намуда, дар мавзуи “Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ - арзишҳои муҳимми Истиқлоли давлатӣ” суханронӣ карда, роҷеъ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам намудани пояҳои маънавиёт ва арзишҳои миллӣ, махсусан, забони тоҷикӣ гузориш дод.
Дар конференсия масъулини ҳукумати вилояти Суғд, олимони ДДҲБС , мутахассисон ва ҳайати профессорону дотсентони кафедраҳои забони тоҷикии донишгоҳҳои ҷумҳуриамон (А. Ҳасанзода, А. Мамадназаров, О. Қосимов, М. Олимҷонов, М. Хоҷаева, А. Файзуллоев, Н. Ғиёсов, А. Абдуқодиров, Ю. Кенҷаев, С. Кенҷаев, М. Кенҷазода, С. Узбеков, А. Одинаев, Д. Саломова, ), ҳайати адибони ҳавзаи Суғд (шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Аҳмадҷони Раҳматзод), олимони Донишгоҳи давлатии Фарғона (н.и.ф. Фарҳод Исомиддинов, Масъуди Мирзо ва Ҷумъаи Ҷамол) ва дигарон иштирок карда, доир ба саҳми меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар равнақу ривоҷи забони давлатӣ суханронӣ карданд.
Ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба ин ки устод Шокириён Туғралхон 70-сола шуда, ба ҳайси яке аз мубаллиғони забони давлатӣ дар пиёда сохтани ҳадафҳои неки Сарвари давлат доир ба забон асару мақолаҳои зиёде навишта, дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои забони тоҷикӣ” ва “Барномаи рушди забони тоҷикӣ барои солҳои 2020-2030” саҳми назаррас дорад, маърузаҳо шуда, эшонро ба ин рӯзи фархунда табрик карданд.
Мақолаҳое, ки ба конференсия пешниҳод шудаанд, дар шакли китоби алоҳида бо номи “Забон дорӣ, ҷаҳон дорӣ”, Хуҷанд: “Ношир” дар ҳаҷми 641 саҳифа чоп шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Категория:

Рушд ва таҳкими забони давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Март, 2023 - 13:04

Нишасти 207-уми маҳфили  илмиву адабии “Ганҷи сухан”
     Рӯзи 10-уми марти соли 2023 дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси 207-уми маҳфили  илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо сарварии адабиётшинос Саидумрон Саидов баргузор гардид, ки он дар партави  муаррифии осори яке аз забоншиносони мумтоз Шокириён Туғралхон ба масъалаи “Рушд ва таҳкими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шуд. Дар кори маҳфил муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Сахидод Раҳматуллозода иштирок ва дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ташаккули забони давлатӣ” суханронӣ кард. Зимнан, доир ба осори Шокириён Туғралхон ёдовар шуда, саҳми ӯро дар муаррифии дастовардҳои марбут ба забон ва интишори осори мондагори илмии муаррификунандаи забони тоҷикӣ муҳим дониста, чанде аз китобҳои ӯро мавриди баррасии илмӣ қарор дода, эшонро ба 70-умин солгарди ҳаёташон табрик намуд.
     Ҳамчунин, дар кори маҳфил муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои илм ва иноватсия, доктори илмҳои педагогика, профессор Хайрулло Сабурӣ, адибони ҳавзаи Суғд (шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Аҳмадҷони Раҳматзод), олимони шинохтаи ҷумҳурӣ А.Ҳасанзода, А.Мамадназаров, О. Қосимов,  М. Олимҷонов, М. Хоҷаева, А.Файзуллоев, Н. Ғиёсов, А. Абдуқодиров, С. Кенҷаев, М. Кенҷазода, А. Одинаев, олимони Донишгоҳи давлатии Фарғона (н.и.ф. Фарҳод Исомаддинов, Масъуди Мирзо ва Ҷумъаи Ҷамол) ва ғ. иштирок карда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми марбут ба рушду нумуи забони тоҷикӣ ва нақши Пешвои миллат дар он суханрониҳо карданд.
     Суханварон аз дастовардҳои олимони соҳа, махсусан, Шокирзода Туғралхон, ки ба синни мубораки 70 расида, тамоми умри бобаракати худро сарфи хома кардаанд, ёдовар шуда, дар ташаккули бахши истилоҳнигорӣ, сарфу наҳви тоҷикӣ, имло ва аломатҳои китобат ва ғайраҳо саҳми калон гузоштани ӯро баён карданд.
Дар охири маҳфил хотири иштирокдоронро ансамбли “Навои ҷавонӣ ” бо роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнҷон Юсупов бо сурудҳои дилнишинашон шод карданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Март, 2023 - 08:09

Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи модар, ки ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, сидқан шодбош мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.

Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи модар рамзи ҳамоиши ду неруи бузурги зиндагиофар аст.

Зеро агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад.

Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад.

Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, модар ба дунё овардааст ва дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст.

Бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар дар кишвари мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад.

Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд.

Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон намоям, ки кӯшишу талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, ташкили оилаи солим, тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар воқеан қобили ситоишу қадрдонист.

Далели бебаҳс аст, ки симои занони соҳибмаърифат, ҷасуру далер ва адолатпарвари тоҷик аз паси садсолаҳо дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи халқамон ба мардуми мо тавону неру мебахшад.

Занону бонувон ва хоҳарону духтарони мо имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо арзишманд доранд.

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст.

Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби онҳо заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам меоварем.

Аз ҷумла ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон ҳоло тамоми заминаву имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид.

Илова бар ин, тибқи супоришҳои дар паёмҳои қаблии Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 қабул карда шуд.

Фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои инкишоф ва истифодаи ҳарчи бештари қобилияти занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии ҳуҷҷатҳои зикршуда мебошад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ идома дорад.

Имрӯз занону бонувони тоҷик ҳамчун аъзои Ҳукумат ва вакили парламент, инчунин, дар мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ масъулияти идоракуниро бошарафона иҷро мекунанд.

Онҳо дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд.

Ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд.

Занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, хизматрасонии иттилоотӣ, бонкдорӣ ва дигар бахшҳо аксариятро ташкил медиҳанд.

Дар бунёди иншооти муҳимми аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» 900 нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.

Ҳамчунин, 25 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ва 23 фоизи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занону бонувон мебошанд.

Занону бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ собит намуданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва соҳаи кишоварзӣ таҷрибаву маҳорат ва малакаву қобилияти баланд доранд.

Мо хуб дарк мекунем, ки модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, ҷомеаи солим, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодгар ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад.

Соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Яъне ҳар чӣ қадар, ки духтарон ва занону бонувон босаводу соҳибмаърифат бошанд, оилаҳо солиму мустаҳкам, фарзандон таълиму тарбиядида ва ҷомеа пешрафта мегардад.

Дини мо, ҳидоятҳои хирадмандонаи бузургони мо ва табиати ҳуқуқии давлатамон моро вазифадор кардаанд, ки барои саводнокии духтарону бонувон дар баробари мардон чораҷӯиҳо намоем.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо барои таҳсили духтарон ва афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби онҳо, хусусан, духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тамоми шароити заруриро муҳайё кардаем.

То имрӯз садҳо ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла даҳҳо ҳазор тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун бо азму талош ва ташаббусҳои созанда фаъолият карда истодаанд.

Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, ки ҳоло танҳо дар соҳаи маориф ва илми мамлакат ҳазорон нафар занону духтарон муваффақона кору фаъолият доранд.

Донишомӯзии духтарон муҳимтарин манбаи рушди давлат ва неруи бузурги пешрафти ҷомеа мебошад.

Раванди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ як нуктаи бисёр муҳимро собит менамояд, ки дар натиҷаи муносибати ҷиддии модарону бонувони мо дар масъалаи китобхонии фарзандон, хусусан, аз байни духтарон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд ва мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Мо ифтихор дорем, ки духтарони тоҷик дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ ғолиб омада, парчами давлати тоҷиконро баланд мебардоранд.

Модарону бонувон як масъалаи муҳимро бояд дар хотир дошта бошанд, ки мо дар асри пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияҳо зиндагӣ дорем.

Агар мо хоҳем, ки фарзандонамон дар ҳаёти ояндаи худ азияту муҳтоҷӣ накашанд, бояд ба онҳо барои омӯхтани илму дониш, махсусан, илмҳои риёзиву дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароит фароҳам созем.

Ман дар суханрониҳои худ борҳо хотирнишон кардаам ва ҳоло мехоҳам бори дигар бо ифтихор иброз дорам, ки модарону бонувон ва духтарони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлату миллат ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру таҳаммул, хираду тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимоди давлат ва ҷомеа будани худро борҳо исбот намудаанд.

Модарону бонувон дар ҷомеаи мо, дар ҳақиқат, неруи бузурги созанда, тарбиякунанда ва пешбаранда мебошанд.

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бо эътимоди комил иброз медорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти давлат, ободии Ватан ва осудагии ҷомеа нақши шоистаи худро мегузоранд.

Бовар дорам, ки занону бонувони мо барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд.

Дар ин рӯзи саид ба модарону бонувони азизи кишвар муроҷиат карда, мехоҳам хотиррасон намоям, ки амонати вазнини инсонсозӣ, яъне ташаккули инсони солеҳу солим маҳз ба дӯши шумо гузошта шудааст.

Бинобар ин, кӯшиш намоед, ки ин рисолати зиндагисозро бо масъулияти баланд дар назди имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат ба иҷро расонед.

Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир муносибати бисёр ҷиддӣ зоҳир кардан ба тарбияи фарзандон, аз роҳи бад, махсусан, ҷинояткорӣ ва пайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ баргардонидани наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад.

Ҳамчунин, мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобии паёпай, ки инсониятро бо душвориҳои ҷиддии таъминоти маҳсулот, аз ҷумла маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ кардааст, модарону бонувони арҷмандро ҳушдор медиҳад, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бовар дорам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард.

Дар робита ба ин, бо ифтихору қаноатмандӣ ёдовар мешавам, ки занону модарони мо ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бештар мерасанд ва ин неъмати бебаҳои бадастовардаи давлату миллатро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекунанд.

Мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки модарону бонувон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд.

Бори дигар тамоми занону модарони азиз ва бонувону хоҳарони арҷманди кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустиву хушбахтӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Рӯзи модар муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
-502.365
Баҳои миёна: -502.4 (973 овоз)

Категория:

ГУЗОРИШИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР» ТАҲТИ УНВОНИ «МОДАР –САРЧАШМАИ ҲАЁТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Март, 2023 - 13:29

Рӯзи 7-уми марти соли 2023 дар толори китобхонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони «Модар – сарчашмаи ҳаёт» доир гардид. Мизи мудаввар бо роҳбарии бевоситаи раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Дар оғози мизи мудаввар раиси Кумита Олимљон Муҳаммадҷонзода занону бонувони Кумитаро ба Рӯзи модар ва дар симои онҳо тамоми бонувон ва модарони азизро ба ҷашни фархундаашон табрику таҳният гуфт. Аз ҷумла, зикр намуд, ки Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо олиҳаи ҳусн, чароғи зиндагӣ, мазҳари ҳусну зебоии олам, зеботарин фариштаи офаридаи илоҳист. Ҳамчунин, таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба Зан – Модар махсус таъкид намуд ва чунончи дар мавриди Модар фармудаанд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад».
Ҳамчунин, дар кори мизи мудаввар муовини раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Зулфрониён Раҳим, сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Сафаров Эраҷ суханронӣ намуда, занону модарони Кумита ва дар симои онҳо тамоми модаронро ба Рӯзи модар табрик гуфтанд. Дар фарҷоми кори мизи мудаввар аз тарафи Зулфрониён Раҳим қироати шеър дар васфи Зан –Модар шунида шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Феврал, 2023 - 17:58

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.

Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки тайи се даҳсола ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд, самимона табрик менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.

Дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Бинобар ин, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол дар маркази диққати худ қарор дода буд.

Зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шӯрои Олии кишвар «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд.

Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад.

Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид.

Вақти қабули қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ.

Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.

Дар навбати аввал, 23-юми июни соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва нерӯи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуданд ва аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсии мамлакат сафарбар гардиданд.

Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, мо ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, дорои маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи заруриро вусъат бахшидем.

Дар он давра, саъю талоши Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос равона карда шуд.

Бо ин мақсад як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд ва ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.

Дар марҳалаҳои минбаъда мо дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу томҳоро таъсис додем.

Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иштирок карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд.

Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд.

Дар робита ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвар ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуданд.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд.

Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва мубориза бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Маҳз ба ҳамин хотир, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоям, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.

Ҳозирини арҷманд!

Тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисоси дорои маҳорати баланди касбӣ шарти асосии тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар мебошад.

Дар робита ба ин масъала, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон созам, ки ҳангоми таъсис додани Артиши миллӣ мо шумораи зарурии афсарону мутахассисони касбӣ надоштем.

Бинобар ин, яке аз аввалин воҳидҳои ҳарбие, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис додем, муассисаи таълимии Коллеҷи ҳарбӣ буд, ки имрӯз ҳамчун Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа фаъолият карда истодааст.

Дар зарфи сӣ сол муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро 5300 нафар, аз ҷумла академияҳои ҳарбии хориҷи кишварро 650 нафар ҷавонони мо хатм карда, ҳоло аз байни онҳо садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии дорои рутбаи олии ҳарбӣ дар вазифаҳои роҳбариву фармондеҳии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият доранд.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар боз 1500 нафар ҷавонони мо таҳсил карда истодаанд.

Дар маҷмӯъ, дар замони соҳибистиқлолӣ барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат беш аз 28 ҳазор мутахассис тайёр карда шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз зиёда аз 80 фоизи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи мо афсарони касбӣ, яъне хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд.

Тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо нафар афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шуҷоату ҷасорат ва хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ ва садҳо нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан, дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.

Вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақозо менамоянд, ки барои пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Вазъи зикршуда, инчунин, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ маҳорату малакаи муосири касбӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб мекунад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси миллӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ эътибори боз ҳам бештар диҳанд.

Зеро дар замони пурҳаводиси имрӯза танҳо кадрҳое метавонанд амнияти давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва сатҳи баланди касбият буда, технологияҳои навтаринро аз худ кардаанд ва Ватани худро сидқан дӯст медоранд.

Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки дар сатҳи талаботи замона ба роҳ мондани омодагии касбӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ вазифаи асосии ҳайати фармондеҳӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҳар як роҳбару афсар масъулияти баланд ва донишу малакаи заруриро тақозо менамояд.

Такроран хотирнишон менамоям, ки роҳбарону афсарон бояд ба сарбозон мисли фарзанди худ муносибат намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.

Шахсан ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дӯст медорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал, барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.

Вобаста ба ин, мехоҳам масъалаи тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ва даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро махсус хотиррасон намоям.

Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, солҳои охир дар баъзе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, шаҳрҳои Душанбе ва Исфара маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин (ҳатто дар муддати ду – се рӯз) ҷамъбаст карда мешавад.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад.

Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, ҳар як ҷавонмард бояд қарзи худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон иҷро намояд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки асоси омодабошии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва тарбияи дурусти ҳарбиву ватандӯстӣ дар байни ҳайати шахсӣ ташкил медиҳад.

Илова бар ин, таҳаввулоту ҳодисаҳои солҳои охири ҷаҳон моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Ин амри заруриро ҳимояи истиқлолу озодӣ ва дахлнопазирии ҳудуди кишвар, таъмини амнияти давлат ва халқи тоҷик талаб менамояд.

Бо дарназардошти ин зарурат, дар Паёми навбатии Роҳбари давлат махсус таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷати мазкур самтҳои асосии сиёсати мудофиавии мамлакатро муайян карда, дар баробари дигар чорабиниҳо, инчунин, тақвияти иқтидору имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳоро ҷиҳати мутобиқ намудан ба хусусияти таҳдиду хатарҳо ва вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир дар бар мегирад.

Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки зикр гардид, Артиши миллии сӣ сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муназзам ва неруманду боэътимод табдил ёфтааст.

Тайи се даҳсолаи гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 10 қисми ҳарбӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, 24 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва зиёда аз 100 иншооти хизматрасонии нав сохта, ба истифода супорида шуд.

Дар ин давра, умуман, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат беш аз 2600 иншооту биноҳои нав бунёд карда, ба истифода супорида шуданд.

Ҳукумати мамлакат дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро дар оянда низ идома дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавӣ, азнавсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Бовар дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамояд.

Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии хеш минбаъд низ содиқ мемонанд, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд ва ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, амният ва суботу оромии ҷомеаро бо ҳушёриву зиракӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмин мекунанд.

Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори сиюмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӣ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН МОДАРӢ САРЧАШМАИ ХУДШИНОСӢ ВА МАЪНАВИЁТИ МИЛЛӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Феврал, 2023 - 11:55

Равандҳои муосири забоншиносӣ ва ҷойгоҳи забонҳои миллӣ
Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ - Рӯзи забон таҷлил карда мешавад.
Ҳадафи асосии ин ҷашн низ мусоидат намудан ба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори Сессияи 30-уми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО (аз 17 ноябри соли 1999) Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.
Мақсаду мароми ин ҷашн, пеш аз ҳама:
- таваҷҷуҳи оламиёнро ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо ҷалб намудан;
- дар заминаи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутакобилаи миллатҳои гуногун мусоидат кардан;
- ва ҳамзамон, тарғибу ташвики гуногунрангии байнифарҳангӣ ва байнизабониро ба роҳ мондан;
- ба падидаҳои дузабонӣ (билингвизм) ва бисёрзабонӣ (полилингвизм) эҳтиром гузоштан;
- ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намудан;
- таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу интишори забонҳои хурду реза (ақаллиятҳои забонӣ)-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ва ғ. ба шумор меравад.
     Дар идораю муассисаҳои кишвар низ ҳар сол дар ин рӯзи муборак бо иштироки намояндагони гуногуни ақаллиятҳои миллӣ ва ақаллиятҳои забонӣ  дар арафаи ин ҷашн мулоқотҳои сатҳи гуногун  доир мегардад.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоишҳо тақвияти робитаҳо дар ҳифз, густариш ва гиромидошти забони модарӣ мебошад.
Албатта, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, инсонро ба рисолати азалӣ мепайвандад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он таъкид менамоянд, ки: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”
     Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.
     Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди тамоми забонҳои дунё гуногунрангии фарҳангу тамаддуни мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати тамаддуни оламиён аст.
Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд.
Имрӯз ин забон забони расмии нишастҳо ва коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мебошад.
     Ҳамзамон, ҳифзу густариши забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғонобӣ низ аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишвар аз мадди назар дур намондааст.
Таҳлилиҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо дар мамлакат 11 забон дар маърази хатар қарор дорад ва масъала моро водор месозад, ки барои ҳимоя ва густариши ин забонҳо иқдомҳои заруриро саривақт амалӣ  намоем.
Ҳарчанд ки дар баъзе ҷанбаҳои ин масъала як қатор корҳои судманд анҷом дода шуда бошад, ҳам вале он ҳанӯз ҳам,  ба андешаи мо, қаноатбахш нестанд.
Моро зарур аст, ки аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо мутахассисони заруриро омода карда, барои ҳифзи ин ганҷинаи бебаҳои миллат тадбирҳои саривақтиро бештар анҷом диҳем.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар кишвари азизи мо дар баробари тоҷикон намояндагони дигар кишварҳо аз ҷумла, русҳо, ӯзбекон, қирғизон, қазоқон, туркманҳо, бошқирдҳо ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Мутобиқи маълумоти Ҷамъияти "Дӯстии халқҳо" то ба имрӯз 16 ташкилоту муассиса ва ҷамъияту марказҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон амал мекунад.
Албатта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои сокини кишвар заминаҳои муҳимми ҳуқуқӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
     Дар бахши такмили барномаҳои таълимии забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ, ҳамчунин, омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо то ба имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои судманди зиёде амалӣ шуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳукумати кишвар дар баробари забони давлатӣ барои таълиму омӯзиши забонҳои ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаааст ва ҳамзамон, бобати ҳифзи асолати забон ва фарҳанги онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
     Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба забони ақаллиятҳои миллӣ барномаҳои радио ва телевизион фаъол буда, ба бештари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд, яъне мо ба ҳамаи забонҳо ва фарҳангҳои кишварамон арҷ мегузорем.
Дар кишвар барои қавму миллатҳои дигари Тоҷикистон имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд, то ки ба забони модариашон таҳсил кунанд, расму оин ва анъанаҳои миллии худро давом диҳанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо – Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда. дар суханрониҳои худ хирадмандона зикр намудаанд: «Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад».
Мувофиқи маълумоти коршиносон дар ҷаҳон ҳоло наздики ҳафт ҳазор забон мавҷуд аст, ки 90 дар сади онҳо эҳтимолияти дар ояндаи наздик аз байн рафтанро доранд.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҳамасола ба таври ноайён аз харитаи забонҳои ҷаҳон 10 – 12 забон аз байн меравад, яъне забонҳои бузург забонҳои хурдро ба коми худ фурӯ мебаранд.
«Агар ба назар гирем, ки забонҳо нафақат арзи ҳастӣ мекунанд, балки аз байн ҳам мераванд, - мегӯяд Котиби генералии созмони байналмилалии фархангии ЮНЕСКО – пас мо вазифадорем, ки барои муҳофизат ва нигоҳдории ин ҳама сарвати бебаҳои фарҳангӣ ҳар кореро, ки аз дастамон меояд ба иҷро расонем».
     Феълан, дар мамлакат аҳолии манотиқи гуногунро ном бурдан мумкин аст, ки ин вазъи дузабонӣ билингвизм ва  полилингвизм – мултилингвизм - биёрзабониро ҳифз намудаанд.
Ба вижа дар навоҳии минтақахои мазкур мардум аксарият тоҷикзабон мебошанд ва дар баробари забони модарӣ забонхои қирғизӣ, туркманӣ, узбекӣ ва русиро низ медонанд ва бидуни мушкилӣ бо ҳам суҳбат мекунанд.
Дар кишвар дар баробари забони миллӣ, ки мақоми давлатиро соҳиб аст, омӯхтани забони русӣ чун забони муоширати байни миллатхо то андозае густариш ёфт ва ин василае гашт бобати огоҳӣ пайдо намудан аз ҳаводиси ҷаҳон, адабиёти илмию бадеии ҷаҳонӣ ва ин ба шаҳрвандон бобати воридшавӣ ба фазои иттиллоотии чахонӣ шароити хубе омода месозад.
Дар баробари забони русӣ забонхои англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ ва ғ. доираи истифода ва густариши васее пайдо намуда истодаанд.
     Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо масъалаи забон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Давлат безабон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат, яке аз муқаддасоти асосии он ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон беш аз ҳарвақта афзун мешавад, зеро забон нишонаи муҳимтарини Истиқлолият, Ваҳдат ва соҳибфарҳангиву соҳибдавлатист.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (6 овоз)

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӣ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН МОДАРӢ САРЧАШМАИ ХУДШИНОСӢ ВА МАЪНАВИЁТИ МИЛЛӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Феврал, 2023 - 08:00

ЗАБОНИ МОДАРӢ ХИШТИ НАХУСТИНИ ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ ВА ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ МЕБОШАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар конференсияи илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ таҳти унвони «Забон модарӣ сарчашмаи худшиносӣ ва маънавиёти миллӣ», ки дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» 16-уми феврали 2023, соати 10:00 баргузор мегардад, даъват менамояд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Феврал, 2023 - 12:33

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба роҳ мондааст.
Мутобиқи Низомномаи Кумита яке аз самтҳои асосии фаъолият санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Дар ин замина, Кумита тибқи Нақшаи санҷишӣ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” доир ба назорати муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият барои соли 2022, ки бо Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ шудааст, фаъолияти 12 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда санад тартиб ва ба мақомоти дахлдор ирсол намуд.
Ҳамзамон, бо мақсади назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва тибқи Нақшаи кории Кумита барои соли 2022 гурӯҳҳои кории Кумита фаъолияти шуъбаи маориф, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Леваканту Кӯлоб, КВ “Пойгоҳи вагонҳои боркаши шаҳри Левакант ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб», шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб, Ванҷ ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Панҷ ва Фархори вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Раштро мавриди назорат ва таҳлил қарор доданд.
Ҳангоми санҷиш гурӯҳҳои корӣ бо масъулони муассисаҳои мазкур корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»-ро шарҳу эзоҳ дод.
Ҳамчунин, мутахассисони Кумита дар ин давра дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Прокуратураи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»-ро дар фаъолияти як қатор Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳои ҳудуди ноҳияҳои мазкур, ки дар умум 43 ададро ташкил медиҳад, санҷида, санади ислоҳи камбудиҳо таҳия карда, барои чораҷӯйӣ ба Прокуратураи ноҳияҳои Ёвон, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ пешниҳод намуд.
Бояд зикр намуд, ки дар соли 2022 аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 78 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, ба андозаи 68 023 сомонӣ ҷарима таъин гардид ва аз ин маблағ 62 254 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Кумита соли 2022 дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавии ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқ намуд, ки дар маҷмуъ 394 мавод мебошад.
Дар соли 2022 Кумита ба 148 адад санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 16 маводи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намуд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар назди Кумита Комиссияи номгузорӣ барои номҳои тозаэҷод амал мекунад. Кумита дар соли 2022 ба 1334 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса дод, ки аз ин ба 785 нафар хулосаи рад, ба 467 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ, ба 74 муроҷиаткунандаи ақаллияти миллӣ ва 8 муроҷиаткунанда барои ивази ному насаб хулоса пешниҳод намуд.
Дар соли 2022 Кумита аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба 28 номгузории муассисаи таълимию марказҳои омӯзишӣ, ҶДММ ва дигар ташкилоту муассисаҳо хулоса пешниҳод намуд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита 36 596 истилоҳ (7 фарҳангнома ва 5 китоби таълимӣ) баррасӣ ва мувофиқа гардидааст.
Дар соли 2022 Кумита ба 25 номи маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 4849 номи объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин, ба 826 номи ивазшавандаи ҳудуди вилояти Хатлон тавзеҳнома навишта, ба мақомоти дахлдор барои корбарӣ ва таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Кумита бо мақсади иҷрои банди 46-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва Нақшаи кории Кумита барои соли 2022 рӯзи 18-уми феврали соли 2022 бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» дар ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Сиёсати давлатии забон ва рушди забони модарӣ», 23-юми июни соли 2022 бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Забон ҳамчун омили ваҳдати миллӣ», 4-уми октябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ва Истиқлол», 14-уми ноябри соли 2022 бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли Иҷлосияи таърихӣ ва сиёсати забони давлатӣ» конференсияҳои илмию амалиро бо иштироки муҳаққиқону донишмандон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд.
Инчунин, мутахассисони Кумита бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 47-и “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон семинарҳои сайёри методию машваратӣ баргузор намуданд.
Дар соли 2022 мутахассисони Кумита дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, мудофиа, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, меъморӣ ва сохтмон, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, рушди сайёҳӣ, агентиҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, захираҳои моддӣ, назорати маориф ва илм, хизмати давлатӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Хадамоти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо, муассисаҳои таълимӣ (дар умум, 91 муассиса) оид ба шарҳу тавзеҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» семинарҳои сайёр ва машғулияти идоравӣ гузарониданд.
Яке аз самтҳои фаъолияти муассири Кумита ташвиқу тарғиби сиёсати давлатии забон ба шумор меравад ва соли 2022 роҳбарият ва кормандони Кумита дар 140 барномаи таҳлилии телевизионӣ ва радиоӣ иштирок ва суханронӣ намуда, зиёда аз 60 мақолаи илмию оммавӣ дар ин робита ба нашр расониданд.
Бояд зикр намуд, ки дар Кумита маҷаллаи илмӣ-оммавии «Забон ва Истилоҳот» нашр мегардад, ки дар он мақолаҳои илмию оммавӣ доир ба сиёсати давлатии забон, назарияи забон ва истилоҳшиносӣ ҷамъоварӣ шудаанд.
Ҳамзамон, дар соли 2022 ҷавобан ба мақолаи раиси Раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» – Мурод Ёров таҳти унвони «Мо арзишҳои миллиамонро бояд ҳифз намоем!» вокуниши кормандони Кумита дар маҷаллаи «Мероси ниёгон» (№24 -2022) ба нашр расид.
Қайд менамоем, ки дар Кумита почтаи электронӣ: info@kumitaizabon.tj фаъол мебошад, ки дар умум 52 миллиону 816 ҳазор ва соли ҷорӣ 8 миллиону 460 ҳазор аз он истифода намудааст.
Дар соли 2022 ба Кумита 3057 муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷумла, муроҷиати хаттӣ 736 адад, электронӣ 690 адад, ҳуқуқӣ 14 адад, тариқи низоми гузаргоҳӣ 289 адад, шифоҳӣ 1328 адад ворид гардидааст, ки масъулон ба онҳо дар муҳлати муқарраршуда ҷавобҳои мушаххас доданд.
Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона намуда, бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат оид ба рушди забони давлатӣ чораҳои муассир меандешад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

ДАЪВАТНОМА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Феврал, 2023 - 08:00

     Муҳтарам намояндагони ВАО ва ҳамкасбони гиромӣ!
     Аз ҳамкориҳои судманди Шумо ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби самти забони давлатӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, №АП-1677 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25) нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-уми феврали соли 2023, соати 09:00 баргузор мегардад.
     Вобаста ба ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати инъикоси нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамудед.

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Мизи мудаввар дар мавзуи «Паём – раҳнамои имрӯзу фардои миллат»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Феврал, 2023 - 15:15

6-уми феврали соли 2023, соати 10:00 тибқи Нақшаи чорабиниҳои дохилӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 23-юми декабри соли 2022 баён гардид, дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Паём – раҳнамои имрӯзу фардои миллат» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита фаъолона иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуд.
Баъдан дар идомаи мизи мудаввар Сафаров Эраҷ – сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита маърузаи худро қироат намуд.
Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, кормандони Кумита ҷиҳати амалӣ намудани бандҳои нақшаи мазкур фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Январ, 2023 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.

Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.

Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.

Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.

Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад.

Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагист.

Воқеан оташ дар тасаввуроти асотирии мардумони ориёӣ порае аз фурӯғу гармии хуршед дар рӯйи замин ба ҳисоб меравад.

Дар асоси сарчашмаҳои асотирӣ ва адабӣ шоҳ Ҳушанги пешдодӣ на танҳо рози оташафрӯзиро дарёфтааст, балки ҷашни гиромидошти онро бо номи Сада бунёд ниҳодааст.

Басо рамзист, ки оташ расо панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб қабл аз эътидоли баҳорӣ ва фарорасии соли нав кашф шуда, номи он низ бо ҷашни Наврӯз иртибот мегирад.

Дар ин бора яке аз адибони маъруфи асри XI Манучеҳрӣ мегӯяд:

В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш
Ҷашни Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор.

Тибқи асотиру ривоят кашфи оташ ва вобаста ба он истеҳсоли оҳан ва таъсиси ҷашни Сада боиси ба вуҷуд омадани бисёр касбу ҳунарҳои мардумӣ ва асбобу олоти корӣ гардидааст, ки то имрӯз идома ёфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи кишоварзон истифода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада асоси қавии табиӣ ва иҷтимоӣ дорад. Дар шабу рӯзи ҷашни Сада, ки ба охири моҳи январ рост меояд, дар табиат гардиш ба сӯйи фасли баҳор рӯй медиҳад ва сардиҳои шадид паси сар мешаванд. Яъне Сада аз сипарӣ шудани сармо, поёни чиллаи зимистон ва наздик шудани Наврӯз мужда мерасонад. Бинобар ин, Сада аҳли заҳматро водор месозад, ки аз фароғати зимистона берун омада, омодагиро ба мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ оғоз намоянд.

Деҳқонон дар минтақаҳои нисбатан гарм ба тоза кардани ҷӯйбору каналҳо ва боғдорон ба ниҳолшинониву ба тартиб даровардани дарахтон шурӯъ мекунанд, асбобу олоти деҳқонӣ ва техникаи кишоварзиро ба мавсими киштукор омода месозанд.

Аз даврони пешин то имрӯз ниёгони мо дар рӯзи ҷашни Сада намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин, бозори афзору олоти корӣ ва тухмиҳоро ташкил мекарданд.

Мо бояд расму ривоҷи гузаштагони худро идома бахшем, такмил диҳем ва бо дарназардошти вазъияту талаботи замони муосир васеъ истифода намоем.

Зеро чунонки ҳамватанони азизамон мушоҳида мекунанд, бинобар сабабу омилҳои гуногун таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ сол ба сол мураккабу мушкил гардида, дар баробари афзоиши талабот раванди болоравии мунтазами нархҳо, пеш аз ҳама, нархи озуқаворӣ идома ва ҳатто шиддат гирифта истодааст.

Дар чунин шароит мо бояд ба мавсими киштукори баҳорӣ ҳамаҷониба омодагӣ бинем, бештар заҳмат кашем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва кӯшиш намоем, ки мардумамон аз болоравии нархҳо ва камчинии маҳсулот азияту танқисӣ накашанд.

Соли гузашта кишоварзони мамлакат софдилона заҳмат кашида, ҳосили хуб ба даст оварданд, ки фаровонии имрӯзаи бозори истеъмолии дохилӣ самараи заҳмати онҳост.

Ҳарчанд ки ҳоло маҳсулот фаровону нархҳо муътадиланд, ҳамватанони азизи мо бояд сарфаю сариштакор бошанд ва талаботи қонуни танзимро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки ҳар як оила ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд.

Мо вазифадорем, ки барои илму дониш омӯхтан ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намудани наврасону ҷавонон шароит муҳайё намоем.

Дар ин ҷода зарур аст, ки арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати бостонии тоҷик, унсурҳои созандаву ободгарона, ғояҳои муттаҳидкунанда, ватандӯстона ва инсонпарваронаи ойину ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Садаро васеъ истифода барем.

Бори дигар мардуми сарбаланду заҳматкаши кишварамон, махсусан, кишоварзони мамлакатро ба ифтихори ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони мамлакат тандурустӣ, бахту саодат ва файзу баракати рӯзгор орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/30016

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.4 (7 овоз)

Категория:

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Январ, 2023 - 11:55

Рӯзи 5-уми январи соли 2023, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита доир гардид, ки дар он ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 шунида шуд.
Дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита баъд аз шунидани гузориш роҷеъ ба фаъолияти Кумита дар соли 2022 Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита М. Абдураҳмонова, С. Раҳматуллозода ва Ш. Мансурӣ суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаро дар соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.9 (8 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Декабр, 2022 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар соле, ки сипарӣ гардида истодааст, рушди устувори иқтисоди миллӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад.

Дар ин давра дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар зиёда аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 43 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Инчунин, бори аввал дар таърихи Тоҷикистон истеҳсоли неруи барқ беш аз 21 миллиард киловат – соатро ташкил дод.

Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзони мамлакат аз имкониятҳои мавҷуда, бахусус, обу замин самаранок истифода карда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш доданд ва ҳаҷми онро ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ расониданд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи роҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар доираи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ корҳои таҷдиду сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ бомаром идома ёфтанд.

Ҳукумати мамлакат дар давоми соли 2022 тамоми саъю талоши худро барои фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона сохта, бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон ва дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа як силсила тадбирҳоро амалӣ намуд.

Бунёд кардану ба истифода супоридани садҳо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ба ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти аҳолии мамлакат мусоидат намуданд.

Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоям, ки бо заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, 3100 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд карда шуданд, ки боиси боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат, инчунин, бо ҷойи корӣ таъмин шудани 190 ҳазор ҳамватанонамон ва болоравии сатҳу сифати зиндагии онҳо гардиданд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки соли 2022 дар ҷодаи тақвияти пояҳои истиқлоли давлатӣ, муаррифии шоистаи кишвар ва таҳкими нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соли махсусан назаррас буд.

Дар ин давра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ ёфтани иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон на танҳо барои мо, балки барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти хос пайдо карданд.

Илова ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии мо оид ба «Соли байналмилалии пиряхҳо» эълон намудани соли 2025 якдилона дастгирӣ ёфт.

Дар асоси қатъномаи қабулгардида, инчунин, пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба эълон намудани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва вобаста ба ин мавзӯъ дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузаронидани конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.

Ин рӯйдоди муҳимму таърихӣ, бешубҳа, гувоҳи эътирофи нақши арзишманд ва мақоми шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар байни кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Соли сипаришудаистода мо – мардуми Тоҷикистон 30 – солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олиро, ки наҷотбахши истиқлоли давлатӣ мебошад, ботантана таҷлил намудем.

Аҳаммият ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар суханронии Роҳбари давлат муфассал баён гардид.

Ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ин рӯйдоди бузурги таърихӣ нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.

Воқеан, тамоми дастовардҳое, ки то имрӯз давлат ва мардуми тоҷик ба онҳо муяссар гардидаанд, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Дар ин лаҳзаҳои идона, мехоҳам бо ифтихору самимият изҳор намоям, ки расидан ба чунин рӯзҳои орому осуда натиҷаи азму талошҳои содиқонаи мардуми тоҷик ва пуштибонии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсти мо дар соли нави 2023 иқдомоти созандаву ободгаронаи худро барои пешрафти давлат, ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як хонадони мамлакат боз ҳам тақвияту густариш мебахшанд.

Ҷаҳони ноорому буҳронии имрӯза ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст, ҳимматбаланду саховатпеша ва кулли мардуми кишварро водор месозад, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созанд.

Бовар дорам, ки ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ минбаъд низ дар ҷодаи таъмин намудани зиндагии босаодати халқамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорем.

Бори дигар хурду бузурги мардуми сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.

Соли нави мелодии 2023 муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Декабр, 2022 - 12:30

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.

Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.

Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.

Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.

Тавре ки борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.

Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад.

Бо ин мақсад, такроран таъкид менамоям, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади татбиқи ҳадафу афзалиятҳои рушд бояд раванди банақшагирии стратегиро дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ пурра ҷорӣ карда, барои иҷрои нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ пешбинишуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ҳаҷми буҷети давлатӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар соли 2022 қисми даромади он ба 33 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 38 фоиз зиёд мебошад.

Вазорати молияро зарур аст, ки тибқи принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ минбаъд низ доир ба масъалаҳои интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва таҳияи босифати буҷети давлатӣ, инчунин, рақамикунонии соҳа чораҳои амалӣ андешад.

Кумитаи андоз вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо мақомоти марбута ҷиҳати беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, инчунин, истифодаи ҳатмии дастгоҳи назоративу хазинавии дар реҷаи вақти воқеӣ амалкунанда ва низоми хазинаҳои маҷозӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонад.

Дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин, таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд.

Дар соли 2022 қурби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд.

Вале хавфҳои эҳтимолӣ водор месозанд, ки дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Дар охири соли 2022 бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 13 миллиард сомониро ташкил дод.

Ҳарчанд ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2021-ум қариб 28 фоиз зиёд мебошад, вале ҳанӯз ба талабот дар самти рушди фаъолияти низоми бонкӣ ҷавобгӯ нест.

Ҳаҷми қарзҳои дар соли 2022 аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба аҳолӣ ва соҳибкорон додашуда 14,1 миллиард сомониро ташкил кард, ки дар муқоиса бо соли 2018-ум 85 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин, дар панҷ соли охир шумораи қарзгирандагон аз 564 ҳазори соли 2018 то ба 2 миллиону 336 ҳазор дар соли 2022 расида, 4,1 баробар афзоиш ёфтааст, ки фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва соҳибкоронро нишон медиҳад.

Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 55 миллиард сомониро ташкил кард, ки 36 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Лекин ин нишондиҳандаҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мо, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ҳоло ҳам нокифоя мебошанд.

Таъкид менамоям, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад.

Зеро ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад.

Аз ин рӯ, Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намояд.

Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ба Бонки миллӣ зарур аст, ки якҷо бо Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар барои рушди шабакаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, таъмин намудани гуногуншаклии хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҷӯӣ намояд.

Вакилони муҳтарам!

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.

То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.

Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Дар ин самт, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад.

Ҳамчунин, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Зикр бояд кард, ки тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.

Аз маблағи зикршудаи сармояи мустақим зиёда аз 36 миллиард сомонии он танҳо барои рушди соҳаи саноат ҷалб гардидааст.

Дар панҷ соли охир ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи рушди иқтисодиёт ҷавобгӯй нест.

То соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Таъкид менамоям, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд.

Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.

Вобаста ба ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷӯӣ намоянд.

Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.

Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд.

Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.

Вале ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки нишондиҳандаҳои содироти мамлакат ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор доранд.

Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон корро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшад.

Дар ин раванд, ба таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва ҷалби боз ҳам бештари сармояи мустақим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Аз ҷумла дар се соли минбаъда барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ бояд ҷиҳати таъсис додани 30 парки технологӣ ва минтақаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ҳамчунин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани металлҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад.

Дар баробари ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои кишвар дар самти рушди саноати сабук стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Дар ин самт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати дар се соли минбаъда бунёд кардану ба кор андохтани маҷмааҳои коркарди ниҳоии нахи пахта дар 5 шаҳру ноҳия, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб чораҳои саривақтӣ андешад.

Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусиро, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, таъмин созанд.

Вазорату идораҳои зикршуда дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд.

Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст.

Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 фоиз таъмин мегардад.

Гарчанде саноати дорусозӣ солҳои охир тадриҷан рушд ёфта, ҳоло дар кишвар истеҳсоли 540 намуди доруворӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳаҷми маҳсулоти соҳа соли 2022 нисбат ба соли 2021-ум се баробар афзоиш ёфтааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд.

Дар зарфи ду соли охир ба кишвар ба маблағи қариб 84 миллион доллар доруворӣ ворид шудааст.

Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд.

Хотирнишон менамоям, ки дастрасӣ ба манзил яке аз самтҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд.

Аз соли 2000-ум то соли 2022-юм ҳаҷми солонаи ба истифода супоридани манзил аз 245 ҳазор метри мураббаъ ба зиёда аз 1,5 миллион метри мураббаъ расидааст.

Бо мақсади беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар танҳо дар 10 соли охир 7,2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо карда дода шудааст.

Бо ин мақсад 139 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Ҳоло, ки корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ торафт вусъат гирифта истодаанд, талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сангҳои ороишӣ зиёд гардида, як қисми онҳо то ҳанӯз аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Дар солҳои 2021 – 2022 ба кишвар ба маблағи қариб 10 миллион доллари амрикоӣ сангҳои ороишӣ ворид гардида, танҳо хароҷоти интиқоли онҳо беш аз 2 миллион долларро ташкил додааст.

Дар Тоҷикистон захираи сангҳои бинокорӣ, аз ҷумла мармару хоро фаровон аст, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба онҳо талабот зиёд мебошад.

Бо дарназардошти имкониятҳои зикршуда, пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди онҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ метавонад яке аз манбаъҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани содироти маҳсулот ва дар маҷмӯъ, таъминкунандаи рушди иқтисоди кишвар гардад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии содирот вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо Саридораи геология ва корхонаҳои соҳа дар ояндаи наздик истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмон коркард кардани сангҳои ороишӣ ва содироти онҳоро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.

Инчунин, бо мақсади афзоиш додани истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гаҷсанг корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмон сохта, соли 2023 ба кор андохта шавад.

Бо дарназардошти афзоиш ёфтани аҳолӣ, инчунин, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарону мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти марбута ҳангоми бунёди иншооту биноҳо ба риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар ин самт, зарур аст, ки истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин карда шавад.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.

Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.

Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд.

Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Инчунин, ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.

Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба нерӯгоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.

Инчунин, корҳои сохтмон дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд.

Бо ин мақсад дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки солҳои охир талафоти техникии барқ ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст.

Барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.

Вале талафоти барқ то ба ҳол нигаронкунанда буда, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 20,4 фоизро ташкил додааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати тақсимоти барқ»-ро зарур аст, ки татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ ва насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунаки барқиро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо ширкату корхонаҳои соҳа барои таъсис додани низоми ягона ва мутамаркази биллингӣ, насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба ин васила то охири соли 2025 то сатҳи 9 фоиз паст намудани талафот ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, инчунин, истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи соҳа чораҳои фаврӣ андешад.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки мардуми шарифи кишвар бояд маданияти истифодаи нерӯи барқ, яъне сарфакориро риоя кунанд ва тавассути истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва паст кардани талафот самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.

Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи 3 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) оғоз гардид.

Ҳамзамон бо ин, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод (76 километр) бомаром идома дорад.

Соли 2022 корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – деҳаи Варшез оғоз шуданд.

Илова бар ин, соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Левакант – Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз мегардад.

Дар ин ҷода, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарур аст, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.

Ҳамчунин, барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35 – солагии истиқлоли давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои тавсеаи имкониятҳои транзитии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмин намудани рақобатнокии онҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми «Фазои кушод» чораҷӯӣ намояд.

Рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад.

Ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд.

Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Аз ин лиҳоз, Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Ҳамчунин, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбута вазифадор карда мешаванд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.

Аз ҷумла соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд.

Дар натиҷа тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.

Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид.

Дар панҷ соли охир ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида, 13 ҳазор гектар замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид карда шуд.

Дар доираи супоришҳои додашуда таҷрибаи кишоварзони мамлакат вобаста ба маданияти заминдорӣ, бахусус, дар кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ беҳтар гардида, майдони кишти заминҳои такрорӣ дар панҷ соли охир аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расид.

Бо вуҷуди ин, имкониятҳо дар самти самаранок истифода бурдани обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва ҳосилнокии зироатҳо то ҳол пурра истифода нашудаанд ва чунин вазъ аз роҳбарону масъулин андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.

Тибқи маълумот 85 фоизи заминҳои корами кишвар обёрӣ карда мешаванд ва беш аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ аз ин ҳисоб таъмин мегардад.

Дар баробари ин, истифодаи зиёда аз 40 фоизи заминҳои обёришаванда аз кори пойгоҳҳои обкашӣ вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Бо ин мақсад, зарур аст, ки лоиҳаи барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Саридораи геология ва Академияи илмҳои кишоварзӣ захираҳои мавҷудаи канданиҳои фоиданокро ҳамаҷониба таҳлил карда, доир ба имкониятҳои азхудкунии онҳо барои истеҳсоли нуриҳои маъданӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур созанд.

Инчунин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Вакилони муҳтарам!

Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд.

Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.

Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Хотирнишон менамоям, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад.

Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст.

Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.

Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад.

Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғлро омода ва амалӣ намояд.

Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.

Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар ин ҷода таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, супоришеро, ки қаблан дода шуда буд, бори дигар таъкид менамоям.

Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.

Дар ин самт зарур аст, ки ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ҳоло бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:

– аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми июли соли 2023:

– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;

– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;

Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.

Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.

Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.

Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.

Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.

Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Дар ин самт, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Ҳозирини арҷманд!

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10 миллион нафар дар моҳи июли соли 2022 афзоиш ёфтааст, яъне ду баробар зиёд гардидааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад.

Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.

Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон менамоям, ки рушди саноати дорусозӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.

Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

 

Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.

Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем.

Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд.

Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад.

Вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷиҳати қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад.

Ин масъала дар навбати худ ҳамкории доимии парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ талаб менамояд.

Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.

Бинобар ин, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.

Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

 

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.

Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.

Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.

Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.

Соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд.

Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем.

Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.

Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.

Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт.

Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.

Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Бо истифода аз фурсат, ба тамоми кишварҳо, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ барои дастгирӣ аз ин ташаббуси Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор менамоям.

Бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати қабули ин қарори муҳимму таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид самимона табрик мегӯям.

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд.

Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд.

Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд.

Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем.

Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.

Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.

Ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ба ҳар кадоми шумо – вакилони халқ ва ҳозирини гиромӣ саодати рӯзгор, муваффақият ва барори кор орзумандам!

Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.6 (11 овоз)

Категория:

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Ноябр, 2022 - 09:31

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи миллат – 30-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро, ки Парчами давлатӣ маҳз дар ҷараёни баргузории он 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ботантана таҷлил намудем.

Соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардид.

Сӣ сол мешавад, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.

Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.

Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.

Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан, наврасону ҷавонон аз рӯзи қабули Парчами миллӣ ҳамеша ба он эҳтиром мегузоранд, онро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва нишони зиндагии осудаву ороми хеш медонанд.

Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳар сол бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.

Қабули Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлат ва ҷомеаи худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи давлату халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем.

Ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.

Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси замони муосир ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ барои мо аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.

Аз ин рӯ, мо – мардуми Тоҷикистон – вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Ватан бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устувор орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН – МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Ноябр, 2022 - 13:37
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Ноябр, 2022 - 17:45

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз оғози баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои дар ҳаёти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон воқеан таърихӣ мебошад, сӣ сол сипарӣ гардид.

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин рӯйдоди бузург, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мо мебошад, сидқан ва самимона табрик мегӯям.  

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳарчанд истиқлоли Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардид, ҳодисаҳои баъди он баамаломада нагузоштанд, ки мардуми мо ба бунёди давлати соҳибихтиёри худ оғоз намоянд.

Кишвари соҳибистиқлоли мо бар асари бесарусомонӣ ва кашмакашҳои дохилӣ беш аз як сол рамзҳои давлатдории худ, аз ҷумла Парчами давлатӣ надошт.

Яъне мо на Конститутсия, на Суруди миллӣ ва на Парчаму Нишони давлати соҳибистиқлоламонро доштем.

Бинобар ин, ман ҳамеша таъкид менамоям, ки раванди давлатсозии мо маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, 30-солагии ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.  

Дар оғози давраи ба истиқлол расидани Тоҷикистон, ки дар натиҷаи фурӯпошии давлати абарқудрати вақт сурат гирифт, кишвари мо гирифтори буҳрони шадиди сиёсиву гуманитарӣ ва ҳодисаҳои фоҷеабор гардид.

Ноумедиву парешонӣ ҷомеаи моро ба дараҷае фаро гирифта буд, ки бисёриҳо ба зинда мондан ва раҳоӣ ёфтан аз ин вартаи ҳалокатбор бовар надоштанд.

Маҳз бо дарназардошти вазъияти зикршуда, ман борҳо таъкид кардаам, ки рӯйдоди сӣ сол пеш дар ҳамин толор бавуҷудомада қадами нахустин ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ва аз хатари азбайнравӣ ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон буд.

Зеро пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Давраи аввали соҳибистиқлолӣ ба замоне рост омад, ки қувваҳои исломгарои радикалӣ ҷунбишҳои навзуҳури демократиро таҳти нуфузи худ қарор дода буданд.

Ин қувваҳо манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта, дар асл ба василаи амалигардонии ҳадафи ниҳонии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом, яъне бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷӣ дар Тоҷикистон барпо кардани давлати исломӣ табдил ёфта буданд.

Дар робита ба ин, як нуктаи муҳимми дигарро низ хотиррасон бояд кард, ки роҳбарони аввали кишвар, мақомоти он ва сарварону кормандони сохторҳои ҳизби ҳокими вақт натавонистанд вазъи баамаломадаро дуруст дарк карда, сари вақт тадбирҳои пешгирикунанда андешанд ва аз неруҳои солими ҷомеа истифода баранд.

Гузашта аз ин, баъзе аз онҳо мавқеи бетарафу тамошобинро гирифтанд ё ба табаддулотгарон пайвастанд.

Дар чунин шароит эътимоди мардум ба Ҳукумат амалан аз байн рафта, кишвар дар вазъи ниҳоят вазнин бе роҳбару роҳнамо монда буд.

Шикаст хӯрдани мухолифини исломгаро дар интихоботи президентии соли 1991 ва аз ҷониби онҳо эътироф нагардидани натиҷаҳои интихобот вазъиятро боз ҳам тезутунд гардонид.

Ин ҳолат боис гардид, ки мухолифин бо дастгирии молиявӣ ва роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ ба майдоннишиниҳои ғайриқонунии бардавом оғоз намоянд.

Чунин амали онҳо бо саркардагии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом ба эътирози аксари аҳолии мамлакат рӯ ба рӯ гардид.

Дар натиҷа дар шаҳри Душанбе мардуми мухолифи якдигар дар ду майдон ҷамъ омаданд.

Аз ҷониби Президенти кишвар зери таҳдиду фишори мухолифин таъсис додани Ҳукумати муросои миллӣ, ки он аз ҷониби аксари минтақаҳои кишвар эътироф нагардид, вазъиятро ба эътидол оварда натавонист.

Зеро роҳбарони гурӯҳҳои террористии зикршуда ва пайравони онҳо амалҳои тундравонаи худро бо мақсади ғасби пурраи ҳокимият рӯз ба рӯз вусъат медоданд.

Дар натиҷа доираи ҷанги шаҳрвандӣ торафт васеъ гардида, ноҳияҳои марказӣ ва ҷануби мамлакатро фаро гирифт ва собиқ вилояти Кӯлоб ба муҳосираи иқтисодӣ афтод.

Дар натиҷаи муҳосираи иқтисодӣ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони мо гирифтори бемориҳои гуногуни вазнин, аз ҷумла гелиотроп гардида, ҳазорҳо нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Ҳамин тавр, тобистону тирамоҳи соли 1992 оташи ҷанги шаҳрвандӣ рӯз ба рӯз аланга гирифта, фаъолияти мақомоти давлатӣ, махсусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра фалаҷ ва дар мамлакат беҳокимиятиву беқонунӣ ҳукмфармо гардид.

Чунин вазъият талаб мекард, ки барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун дар ҷомеа ва сулҳу оромӣ дар мамлакат иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад, зеро хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.

Аммо дар он рӯзҳо даъват ва таъмин намудани амнияти намояндагони мардумӣ ва фаъолияти озодонаву бефишори онҳо дар пойтахти мамлакат ғайриимкон буд.

Чунки ҳодисаҳои гаравгон гирифтани вакилон ва аъзои Ҳукумат, таҳқиру зӯроварӣ нисбат ба онҳо, инчунин, ҳолатҳои дахолат ба кори иҷлосия зуд – зуд ба вуқӯъ меомаданд.

Бинобар ин, Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ даъват гардид, ки ин иқдом дар он рӯзҳо нишонаи ҷасорати бузурги вакилони халқ ба ҳисоб мерафт.

Иҷлосия бо рӯзномаи иборат аз 23 масъала ба кори худ идома бахшид.

Интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати нави Раёсати Шӯрои Олӣ, Ҳукумати нав, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, баргардонидани гурезаҳо ва ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ дар мамлакат аз ҷумлаи масъалаҳои пешниҳодшуда буданд, ки барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ, ба ҷойҳои зисташон баргардонидани гурезаҳо ва ба даст овардани сулҳу оромӣ хеле муҳим ба шумор мерафтанд.

Вобаста ба ин, ёдовар бояд шуд, ки ҳангоми ба вазифа пешбарӣ кардани номзадҳо бисёре аз онҳо аз ишғоли мансабҳои пешниҳодшуда даст кашиданд ва нахостанд ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, ки аз лиҳози амниятӣ бисёр ноором буд, баргарданд.

Баъди интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат ман бо қатъият изҳор намудам, ки ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам.  

Инчунин, барқарор кардани сулҳу осоиш дар ҳар як хонадон, ба Ватан баргардонидани тамоми гурезаҳо ва қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро вазифаи аввалиндараҷаи худ эълон кардам.  

Вакилони иҷлосия низ ин ташаббусҳои Сарвари давлатро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Дар робита ба ин, мехоҳам махсус хотиррасон намоям, ки вакилони халқ, бо дарназардошти вазъи ҳассоси кишвар ва ормону хостаҳои мардум, инчунин, ба хотири ҳифзи якпорчагии Ватан ва сарҷамъии миллат, дар раванди иҷлосия ба таври бесобиқа фаъол ва муттаҳид буданд.

Бо дарки амиқи масъулияти ба зиммаи ман гузошташуда дар назди халқи Тоҷикистон савганд ёд кардам, ки «агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷа умр ба сар мебарад, ман худро ором ҳис карда наметавонам».  

Ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва расидан ба сулҳ яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия буд.

Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон намудани 26-уми ноябри соли 1992» қабул шуд ва раванди барқарорсозии сулҳ дар мамлакат оғоз гардид.

Яъне қадами нахустин дар роҳи барқарорсозии сулҳ дар ҳамин иҷлосия гузошта шуд ва тавре ки ҳамватанони мо хуб дар хотир доранд, баъди музокироти бисёр мушкили беш аз чилмоҳа 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дигар санади муҳим – Қонун «Дар бораи гурезаҳо» имкон фароҳам овард, ки шахсони хонаву маҳалли зист ва ҷойи кори худро тарккарда ба ҷойҳои зисти доимии худ баргарданд ва кори пештараашонро идома диҳанд.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарине, ки Ҳукумати навинтихобшуда ба он ноил гардид, дар муддати начандон тӯлонӣ аз Давлати Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳо ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, яъне ҳамватанонамон буд, ки аз тарси ҷон хонаву маҳалли зисти худро тарк карда буданд.

Баъдан, бо кумаку дастгирӣ ва саъю талоши мардуми шарифи кишвар мо ба раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз кардем ва дар як муддати кӯтоҳ садҳо ҳазор манзили истиқомативу муассисаҳои иҷтимоии сӯхтаву харобшуда, пулҳо ва дигар иншооти инфрасохтории валангоргардидаро таъмиру барқарор намудем.

Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд.

Зеро тавре ки болотар гуфта шуд, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон беш аз як сол рамзҳои инъикоскунандаи соҳибихтиёрии худро надошт.

Бинобар ин, рӯзи қабули Парчами давлатӣ, яъне 24-уми ноябрро мо ҷашни умумимиллӣ эълон кардем, ки ҳар сол аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург таҷлил мегардад.

Зимнан, ёдовар мешавам, ки баъди чанд рӯз ин рӯйдоди муҳимми миллии мо низ сисола мешавад.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар зарфи чанд рӯзи баргузории он, ки барои мардуми мо воқеан рӯзҳои сарнавиштсоз буданд, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ва баҳсу мухолифатҳои шадид қарорҳое қабул кард, ки ҷавобгӯи талабу хостаҳои мардум ва баёнгари иродаи матини фарзандони ватандӯсти халқи Тоҷикистон буданд.

Ба шарофати санадҳои қабулшуда ва амалӣ гардидани онҳо фоҷеаи умумимиллӣ, ки қариб буд орзуи ҳазорсолаи мардуми моро барои истиқлолу озодӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аз байн бурда, боиси аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллати тоҷик гардад, пешгирӣ карда шуд.  

Имрӯз бо итминон изҳор менамоям, ки мо – вакилони мардумӣ – он рӯзҳо масъулияти таърихӣ, қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва рисолати имонии худро нисбат ба сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзаву ояндаи мардумамон иҷро кардем.  

Бо гузашти сӣ сол аз қабули ин ҳуҷҷатҳо бо қаноатмандиву ифтихор метавонем гӯем, ки ин ягона роҳи оқилона ва дурусте буд, ки мо – вакилони халқ – онро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту тараққиёти ояндаи Ватанамон интихоб намудем.  

Баъди ба анҷом расидани иҷлосия вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи Сарвари давлат, Шӯрои Олӣ, Шӯрои вазирон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ амалӣ намудани қонуну қарорҳои қабулкардаи он буд.

Бо кӯшишҳои пайваста ва бо дастгирии халқи шарафмандамон ба мо муяссар гардид, ки вазифаҳои асоситарину мураккаби дар наздамон қарордоштаро давра ба давра ҳаллу фасл намоем.

Баъди баргузории иҷлосия – 12-уми декабри соли 1992 – ман ҳамчун кафили соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлати Тоҷикистон ба халқи азизам муроҷиат намудам, ки ҳадафи он ҳамчун барномаи стратегӣ ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсии кишвар ва муҳайё кардани шароит барои рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат буд.

Дар муроҷиатнома масъалаҳои муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ инъикос ёфтанд, аз ҷумла ҳарчи зудтар дар мамлакат барқарор намудани шохаҳои ҳокимият ва мақомоти идоракунии фалаҷгардида, баргардонидани гурезаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тамоми қаламрави кишвар, таъсиси Артиши миллӣ, пурзӯр гардонидани ҳимояи сарҳади давлатӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои муҳимме, ки дар мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии давлатамон нақши муассир бозиданд.  

Ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои иҷлосияи таърихӣ ва муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми кишвар зарурати ҳарчи зудтар қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён омад.

Чунки давлати мустақили мо беш аз ду сол дар доираи Конститутсияи соли 1978, ки меъёрҳои он ба давраи соҳибистиқлолӣ мувофиқу созгор набуданд, фаъолият кард.

Шадидан зарур буд, ки мо истиқлолу озодии давлати худро дар сатҳи Конститутсия – қонуни асосии мамлакат ба расмият дарорем, мақсаду мароми эълонкардаамон ва роҳи асосии пешгирифтаамон, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, асосҳои сиёсати хориҷӣ ва сохтори давлатдориро дар он дарҷ намоем.

Бинобар ин, баъд аз Иҷлосияи 16-ум бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимону мутахассисони варзида гурӯҳи корӣ созмон дода шуд.

Гурӯҳи корӣ конститутсияи дигар давлатҳои пешрафтаро омӯхта, бо дарназардошти хусусиятҳои кишвар лоиҳаи қонуни асосиро омода кард ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Халқи Тоҷикистон лоиҳаро муҳокима карда, ба он зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ирсол намуд.

Дар натиҷа, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсӣ ва бо ҷонибдории аксари мардуми Тоҷикистон қабул гардид.

Дар асоси Конститутсия дар мамлакат ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ гузаронида шуда, таҳкурсии мустаҳками низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ гузошта шуд.

Тибқи ин асосҳо дар кишвар низоми муосири ҳуқуқӣ, парламенти думаҷлиса, сохтори мукаммали судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ созмон дода шуданд ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардид, ки ин ҳама ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, ободкориву созандагӣ ва пешрафту тараққиёти мамлакат мусоидат намуд.

Дар Конститутсияи нав бори нахуст арзишҳои давлати демократӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ инъикос гардиданд.

Қабули Конститутсия имконият фароҳам овард, ки барои рушди давлати тоҷикон заминаи мукаммалу устувори ҳуқуқӣ гузошта, фаъолияти мураттаби низоми мақомоти давлатӣ таъмин карда шавад.

Қобили зикри махсус аст, ки қабули Конститутсия дастоварди бузурги мо дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.  

 

Ҳозирини арҷманд!

Чунонки дар ёд доред, бо сабабу омилҳои дар боло зикршуда қариб даҳ соли аввали таърихи давраи соҳибистиқлолӣ сарфи кашмакашу низоъҳо ва мухолифатҳои мусаллаҳона гардид ва мо ба масъалаҳои таъмин намудани рушди муназзами иқтисоди миллӣ ва корҳои ободониву созандагӣ амалан аз оғози солҳои 2000-ум машғул шудем.

Дар натиҷа тайи бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва қисми даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 114 миллиард сомонӣ расида, даромади буҷети давлатӣ ба 33 миллиард сомонӣ баробар мешавад.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб 4 баробар зиёд гардид.

Соли 1990 дар кишвар ҳамагӣ 313 ҳазор тонна ангишт ва 500 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда буд. Соли 2021 истеҳсоли ангишт ба 2 миллиону 300 ҳазор ва семент ба 4 миллиону 500 ҳазор тонна расонида шуд.

Мо солҳои 2022 – 2026-ро солҳои рушди саноат эълон намудем, зеро саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шаванд.

Дар зарфи беш аз се даҳсолаи охир дар кишвар бо заҳмати софдилонаи мутахассисону коргарони ватанӣ зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикӣ бунёд гардида, системаи ягонаи энергетикии мамлакат таъсис дода шуд.

Дар ин давра, ба мо муяссар гардид, ки беш аз 2400 километр роҳҳои замонавӣ бунёд карда, Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ табдил диҳем.

Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, ҳуқуқи истифодаи замин ба деҳқон дода шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям. ки дар оғози замони соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо бо сабабҳои маълум хатари гуруснагӣ таҳдид мекард.

Бинобар ин, бо ду фармони Президенти мамлакат ба мардум 75 ҳазор гектар замин тақсим карда дода шуд, ки дар он рӯзҳои вазнин ба пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ ва нисбатан беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, пеш аз ҳама, нон мусоидат намуд.

Илова бар ин, ба зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор оила 138 ҳазор гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда дода шуд.

Мувофиқи омори расмӣ дар кишвари мо як оила аз 6,2 нафар иборат аст.

Яъне аз рӯи ин ҳисоб қариб 9 миллион нафар ё як Тоҷикистони дигар бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шудааст.

Ҳол он ки дар 70 соли сохти гузашта бо ин мақсад ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд.

Барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар кишвар зиёда аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, бисёр мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бартараф карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаҳои маориф ва тандурустӣ қисми зиёди иншооти бунёдгардида барои беҳтар гардонидани шароити соҳаҳои зикршуда равона гардидаанд.

Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёдгардида беш аз 3 ҳазор иншоот ба соҳаи тандурустӣ ва зиёда аз 4000 иншоот ба соҳаи маориф рост меояд.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.

Имрӯзҳо барои истиқболи арзандаи 35-солагии истиқлоли давлатӣ раванди ободонии Ватан бомаром идома дорад ва то рӯзи ин ҷашни бузург боз даҳҳо ҳазор иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву хизматрасонӣ ба истифода дода, садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус, вакилони мардумӣ ва хизматчиёни давлатӣ тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро минбаъд низ ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, ободониву созандагии Ватани маҳбубамон ва истиқболи арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ сафарбар менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Сиёсати сулҳ ва «дарҳои кушода», ки ҷавҳари сиёсати хориҷии мо мебошад, маҳз дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ эълон гардид ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфт.

Дар иҷлосия мо эълон намудем, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои судманд бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дар асоси принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ буда, таъмин намудани ҳаёти орому осоишта ва арзандаи ҳар шахсро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати хориҷӣ муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Дар шароити ниҳоят пурпечутобу мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, махсусан, масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд гузошта истодааст.

Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси пешво муаррифӣ менамоянд.

Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.

Тайи чанд даҳсолаи охир, дар ҳоле ки Тоҷикистон кишвари саноатӣ нест, бар асари тағйирёбии иқлим тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои ҳудуди он, ки яке аз сарчашмаҳои асосии ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд, аз байн рафтааст.

Ҳоло дар ин замина, Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии худ бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саъю талош карда истодааст.

Ҳамватанони азиз!

Ба шарофати Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро қатъ намудем, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшидем, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро барқарор кардем, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузоштем ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намудем.  

Дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳон ва минтақа, шиддат ёфтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, яроқнокшавии бошитоб, оғози давраи нави «ҷанги сард» ва бар асари ин омилҳо осебпазир гардидани истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии давлатҳои миллӣ масъалаҳои таҳким бахшидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он арзиш ва аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.

Дар зарфи 30 соли гузашта мардуми шарифи Тоҷикистон, вакилони халқ, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, умуман хизматчиёни давлатӣ ва албатта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди давлат ва ободии Ватан содиқона хизмат карданд, ки ба ҳамаи онҳо сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.  

Дар баробари ин, бори дигар изҳор медорам, ки қаҳрамони сулҳ, созандагӣ, ободӣ ва пешрафти Ватан танҳо халқи бузургу сарбаланди Тоҷикистон мебошад.  

Агар тайи сӣ сол хурду бузурги мардуми Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи моро дастгирӣ намекарданд, мо ба сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт, яъне ба ин рӯзҳои нек намерасидем.

Ман дар назди ин халқи қаҳрамону матинирода сидқан сари таъзим фуруд меорам.  

Дар ин рӯзи таърихӣ дар баробари зикри комёбиҳо, мо аз онҳое, ки барои расидан ба ин санаи муборак ҷоннисорӣ кардаанд, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар ва таҳкиму тақвияти пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, ба некӣ ёд мекунем ва хотираи қурбониёни истиқлолу озодиро гиромӣ медорем.  

Вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ҳатто як лаҳза ҳам аз масъалаи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияти давлату миллат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ғофил набошем.

Дар робита ба ин, ҳар як фарди бонангу номуси миллатро бори дигар даъват менамоям, ки бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан минбаъд дар рушду тараққиёти бомароми давлати соҳибистиқлоламон ва раванди созандагии сарзамини муқаддасу биҳиштосоямон боз ҳам бештар ҳиссагузор бошад.

Мо то имрӯз бисёр мушкилоти ҷомеа ва давлатамон, аз ҷумла бемории хатарноки КОВИД – 19-ро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо кумаку дастгирии ҳамдигар аз сар гузаронидем.

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мо ба ҳалли дигар мушкилоту масъалаҳои ҳаётамон ҳатман ноил мегардем, зеро миллати муттаҳиду сарҷамъ ба рафъи ҳама гуна мушкилот қодир аст.

Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, яъне соҳибони ояндаи давлат ва миллат эътибори аввалиндараҷа диҳем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, заҳматдӯстӣ, эҳтироми падару модар, калонсолон ва одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ тарбия кунем.

Мо барои таъмин намудани ободии ояндаи Ватанамон бояд истеъдодҳои ҷавонро дастгирӣ намоем ва аз байни онҳо олимону донишмандон, муҳандисону меъморон, табибону омӯзгорон, ихтироъкорону навоварон, лоиҳакашону бинокорон ва дигар кадрҳоеро тарбия кунем, ки фардои дурахшону осудаи давлату миллатро таъмин карда тавонанд.

Мо бо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки онҳо ҳамчун насли ояндасоз роҳи пешгирифтаи моро ба таври сазовор идома медиҳанд, давлату миллати худро соҳибӣ мекунанд ва обрӯи тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.  

Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта дошта бошем ва фарзандону набераҳоямон дар Ватани боз ҳам ободу тараққикарда зиндагӣ кунанд, имрӯз бояд ба рушди илму маориф ва неруи зеҳнӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем, ҳамаи саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро ба ин самти муҳимтарину ояндасоз сафарбар намоем.

Дар ин раванд, бояд доим дар хотир дошта бошем, ки бо хурофоту ифротгароӣ давлати мутамаддину пешрафта бунёд карда намешавад, зеро хурофоту ифротгароӣ ба инсоният фақат тафриқаандозиву бадбахтӣ меоварад.

Бунёди қасри зебои Арбоб, ки мо ҳоло дар он қарор дорем, маҳсули заҳмати созандаи ҳунармандони халқамон мебошад, ки беш аз 70 сол инҷониб хизмат карда истодааст.

Яъне самараи илму дониш ва касбу ҳунар фақат ободиву пешрафт ва натиҷаи ҷаҳолату бесаводӣ танҳо харобиву ақибмондагист.

Дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки бо аҳолии кам ва ҳудуди хеле маҳдуд, вале бо истифодаи илму дониш ва техникаву технологияҳои пешрафта ба сатҳи аз лиҳози иқтисодӣ бисёр баланди тараққиёт расидаанд.

Масалан, Белгия, Сингапур, Япония, Люксембург ва якчанд кишвари дигар.

Дар даврае, ки бемории КОВИД – 19 пайдо шуд, илоҷи он, яъне роҳи табобату пешгирии онро танҳо кишварҳои аз лиҳози неруи зеҳнӣ ва илмиву технологӣ тараққикарда ёфтанд ва бо ваксинаи ихтироъкардаи онҳо ҷони миллионҳо нафар одамон аз дасти аҷал раҳо ёфт.

Фоҷиае, ки солҳои навадуми асри гузашта ба сари миллати тоҷик омад, бояд ба ҳамаи мо ва наслҳои ояндаи миллатамон сабақи ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошад.

Аз ин лиҳоз, мо набояд ба паҳншавии ақидаҳои хурофотпарастона ва расму ойинҳои милливу мазҳабии бегонаву ифротӣ роҳ диҳем.

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки миллати дорои таърихи беш аз шашҳазорсолаи тамаддунсозу фарҳангӣ ва шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин набояд аз масири рушду тараққиёт қафо монад ва ба хурофоту ҷаҳолати асримиёнагӣ роҳ диҳад.

Баръакс, чунин миллати бостонӣ бо мероси бузурги илмиву маънавӣ ва суннату анъанаҳои қадимӣ, ки фарзандони фарзонаи он ба тамаддуни башарӣ хизматҳои бузургу барҷаста кардаанд, бояд талош намояд, ки дар сафи пеши корвони рушду тараққиёт қарор дошта бошад.  

Дар ин рӯзи муборак орзу дорам, ки дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ пойдору ҷовидон бошад, ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси миллати озоду соҳибихтиёри мо бо заҳмати содиқонаву софдилона аркони давлату давлатдории мустақиламонро устувор гардонида, барои ояндаи ободу осудаи сарзамини куҳанбунёдамон саъю талоши бештар намояд.  

Дар амалӣ гардидани ин ниятҳои нек ва нақшаҳои созанда ба ҳар як фарди Ватан барори кор орзу намуда, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва шумо – ҳозирини гиромиро бори дигар ба ифтихори сиюмин солгарди рӯйдоди бузургу тақдирсоз – Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвари азизамон ободиву осоиш, рӯзгори бофайзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон суботу оромӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.  

Бигзор, миллати сарбаланди тоҷик то абад сарҷамъу муттаҳид, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша поянда ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва ободу пешрафта бошад!  

Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/29697

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

30 соли Иҷлосияи таърихӣ ва сиёсати давлатии забон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Ноябр, 2022 - 14:11

Санаи 14-уми ноябри соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “30 соли Иҷлосияи таърихӣ ва сиёсати давлатии забон” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ., сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илми фалсафа Маҳмадҷонова Муҳиба, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатии Осиё ва Аврупои АМИТ номзади илми ҳуқуқшиносӣ Раҳмонзода Азимҷон, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ номзади илми таърих, дотсент Мирзоев Ҷурабек, кормандони Муассисаи Давлатии “Тоҷикфилм”, намояндагони ВАО аз ҷумла, муовини директори Академияи ВАО Каримзода Ҳақназар, рӯзноманигори рӯзномаи “Омӯзгор” Ҳотами Ҳомид ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар оғози чорабинӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо таҷлили 30- солагии Иҷлосияи таърихӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлоияи XVI Шурои Олиро заминаи асосии ба даст овардани Истиқлол ва сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода Сахидод суханронӣ намуда, доир ба нақши Иҷлосияи таърихии XVI ва рушди минбаъда дар самти сиёсати давлатии забон ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар дар суханронии худ таъкид намуд, ки Иҷлосия рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсози миллати тоҷик маҳсуб ёфта, барои Тоҷикистони тозатаъсис роҳбари оқилу одил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мо тақдим кард.
Ҳамзамон, дар конференсия сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илми фалсафа Маҳмадҷонова Муҳиба, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатии Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Раҳмонзода Азимҷон ва ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ, номзади илми таърих, дотсент Мирзоев Ҷурабек доир ба дигар паҳлуҳои муҳимии Рӯзи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуданд.
Дар фарҷоми конференсия аз тарафи раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. ба аҳли кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, директори Академияи ВАО Саъдӣ Маҳдӣ ва рӯзноманигори рӯзномаи “Омӯзгор” Ҳотами Ҳомид маҷаллаю китобҳои тозанашри Кумита ва ифтихорномаю сипоснома дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Ноябр, 2022 - 13:29

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик мегӯям.

Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ба мо зарур буд, ки Конститутсия, яъне қонуни асосии давлати соҳибихтиёри худро таҳия ва қабул намоем.

Пеш аз ҳама, лозим буд, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонуни асосӣ эълон ва расмӣ гардонида, мақсаду мароми мардуми он - бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар ин санади тақдирсоз дарҷ карда шавад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо қабули ин санади раҳнамо бо майлу иродаи худ маҳз чунин сохти давлатиро интихоб намуданд.

Имрӯз бо ифтихор изҳор медорем, ки Тоҷикистон бо эълони созмон додани чунин ҷомеа ва давлат ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид ва дар ин роҳ ҳамчун қисми ҷудоинопазири ҷаҳони муосир ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи мутамаддини башарӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд.

Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем.

Ин санади муқаддас, яъне Конститутсия воқеан ҳам ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ дар муҳокимаи он бо пешниҳоду дархостҳои судманд фаъолона ширкат кард ва онро бо аксарияти мутлақи раъйи худ қабул намуд.

Воқеан, яке аз меъёрҳои асосии Конститусияи мо таъмин намудани иштироки васеи шаҳрвандони кишвар дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад.

 Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститусия мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Ин масъала дар 34 моддаи он ё аз се як ҳиссаи Конститутсия дарҷ гардидааст.

Арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи демократӣ ва асоси фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба шумор меравад.

Дар замоне, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, қабули чунин як санад бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, дар баробари дигар омилҳо, барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар нақши ҳалкунанда бозид.

Конститутсияи мо, ҳамчунин, ифодагари манфиатҳои олии миллат ва давлат, низоми устувори давлатдорӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти бонизоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ҳисси эҳтирому гиромидошт нисбат ба рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва албатта, Конститутсия дар зеҳну шуури наслҳои наврас ҳанӯз аз хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Бовар дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардидани меъёрҳо ва арзишҳои Конститутсия минбаъд низ саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона созем, Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.

Бори дигар хурду бузурги мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ – Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳистиқлол табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат тансиҳативу осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Доим саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://president.tj/node/29523

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Конститутсия – рамзи олии истиқлоли кишвар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Ноябр, 2022 - 10:48

Рӯзи 3-юми ноябри соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Конститутсия – рамзи олии истиқлоли кишвар” бо иштироки судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳукукшиносӣ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бо шукуҳу шаҳомат доир гардид.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар оғози чорабинӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо таҷлили 28-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳаёти мардум арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.
Сипас, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳукукшиносӣ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо суханронӣ намуда, доир ба таърихи ташаккул ва мазмуну моҳияти Конститутсия ва нақши он дар ташкили низоми мақомоти давлатӣ ва рушди идоракунии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ва мақому манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.
Ҳамзамон, дар рафти кори мизи мудаввар муовини раиси Кумита доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода С. ва кормандони Кумита баромад намуда, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду ташаккули давлату ҷомеаи миллӣ ва соҳибистиқлоли мо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар аз тарафи раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. ба Ҷамшедзода Ҷ. Н. маҷаллаю китобҳои тозанашри Кумита дар фазои тантанавӣ ҳамчун туҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Октябр, 2022 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо фарорасии ҷашни Меҳргон - яке аз куҳантарин ойинҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик, ки айёми ҷамъоварии маҳсули заҳмати кишоварзон, айёми фаровонӣ ва шодиву нишот мебошад, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад.

Яъне Меҳргон ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.

Дар ин рӯз ниёгони мо бо шукргузорӣ аз ҳосили бадастомада орзуи фаровониву пурборӣ ва ваҳдату ягонагиро мекарданд.

Ба ибораи дигар, Меҳргон таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ, файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҷашну ойинҳои миллии аз ниёгони некноми мо бамеросмонда оммаҳои мардумро ба сулҳу субот ва оромиву осоиш даъват мекунанд, ҳамаро, сарфи назар аз тафовутҳои миллӣ, диниву мазҳабӣ ва мақому мартабаи иҷтимоӣ гирди дастархони пурнозу неъмати идона ҷамъ оварда, ба ин васила дӯстиву рафоқати байни инсонҳоро таҳким мебахшанд.

Доир ба анъанаву суннатҳои неки ин ҷашни бостонӣ дар осори донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ маълумоти фаровон оварда шудааст.

Дар асари машҳури ӯ «Осор – ул – боқия» дар бораи паҳлуҳои гуногуни баргузории ҷашни Меҳргон ва ривоятҳои марбут ба он нақлҳои ҷолиб мавҷуданд, ки тибқи яке аз онҳо ёқут дар Наврӯзи дилафрӯз ва забарҷад дар Меҳргони заррин офарида шудааст.

Аз ин лиҳоз, ин ду айём чун ёқуту забарҷад ҷило медиҳанд.

Меҳргонро шоирони бузурги мо ҳам ба сифати ҷашни мардумӣ ва ҳам ойини хусравонӣ тавсиф кардаанд.

Масалан, падари шеъри Аҷам устод Рӯдакӣ ҳанӯз дар замони Сомониён гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Дар асрҳои минбаъда арзишҳои наҷибу судманди Меҳргон дар байни мардум бештар чун иди ҳосилот маъмул гардид, вале таҳти таъсири омилҳои гуногун анъанаи таҷлили он чун ҷашни махсуси миллӣ аз байн рафта буд.

Танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки Меҳргонро бо тамоми расму одатҳои неки он аз нав зинда гардонем.

Таҷлили расмии Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад.

Чунонки зикр гардид, Меҳргон чун дигар ойинҳои мавсимии мо – тоҷикон, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон мебошад.

Дар робита ба ин, хотирнишон бояд кард, ки бо сабаби вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мушоҳида мегардад.

Дар чунин шароити вазнин, ки инсоният дар 80 – 100 соли таърихи худ ба он рӯ ба рӯ омадааст, мо бояд беш аз ҳар вақти дигар кор кунем, заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол ва захира намоем.

Ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, яъне истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва бо ҳамин роҳ зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи мо дар вазъияти кунунӣ мебошад.

Бинобар ин, роҳбарону мутахассисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, гирифтани се – чор ҳосил ва захираи маҳсулоти озуқа бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.

Корро дар ин самт тавре ба роҳ бояд монд, ки мардумамон дар фасли зимистон ба камбудиву танқисӣ рӯ ба рӯ нашаванд ва муҳтоҷӣ накашанд.

Воқеан, барои фасли зимистон захира кардани маводи зарурии ғизоӣ яке аз анъанаҳои неки Меҳргон мебошад.

Бовар дорам, ки кишоварзони мамлакат ва кулли мардуми кишвар бо заҳмати дастҷамъонаи худ ба хотири ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ беш аз пеш саъю талош мекунанд.

Бори дигар тамоми мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди кишвар хонаи обод, дастурхони фаровон, файзу баракат ва саодати рӯзгор орзумандам.

Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.8 (5 овоз)

Категория:

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Октябр, 2022 - 15:12

     Рӯзи 4-уми октябри соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забон ва истиқлол” бо иштироки муҳаққиқону донишмандон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, намояндагони ВАО ва доираи васеи меҳмонон   баргузор гардид.
     Конференсияро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо таҷлили Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.        
     Ҳамзамон, дар суханронии худ иброз дошт, ки замони навини эҳёи Тоҷикистони азиз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, зеро ин абармарди дунёи сиёсат пайваста дар барои мустаҳкам гардидани рукни давлату бедории миллат саъйу талош менамоянд.
     Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст дар 31 соли даврони Истиқлоли давлатӣ мо шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, ба хусус, забони давлатӣ мебошем.     
     Имрӯз забони давлатӣ дар кишвари мо ҳамчун омили ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф  гардидааст.
      Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз забони тоҷикӣ мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
        Воқеан, Пешвои миллат, чун вориси бонангу баномус оид ба рушди забони давлатӣ пайгирона талош меварзад ва ҳамеша таъкид мекунад, ки худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ аз муҳаббат ба забони модарӣ шуруъ мешавад.
        Сипас, дар қисми ифтитоҳии барномаи конференсия президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон доктори илми филология, профессор, Саломиён Муҳаммаддовуд, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода доктори илми филология, профессор Гулназарзода Жило, узфи вобастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор, Сайфиддин Назарзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илми филологӣ, профессор, Ҳомидов Дилмурод, устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илми филология, дотсент Мирбобоев Азиз суханронӣ намуда, аз дастоварду ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар самти рушди забони давлатӣ ёдовар шуданд.
     Конференсия аз ду бахш иборат буд, ки дар барнома 54 нафар бо маърузаҳои худ аз донишгоҳу донишкадаҳо, идораву муассисаҳо ва марказҳои илмии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Маводи иштирокдорони конференсия бошад дар маҷмуа таҳти унвони “Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон” тоза аз чоп баромад, ки барои дар сатҳи сазовор таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ мусоидат кард.
     Дар охири кори конференсия ба устодону кормандоне, ки бо Кумита ҳамкориҳои судманд доштанду доранд дар самти пешбурд ва тадбиқи сиёсати давлатии забон саҳми арзанда доранд ва аз  тарафи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода, ифтихорнома ва сипоснома дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.9 (48 овоз)

ЭҲДО БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. АЗАМАТУ ҶАЛОЛИ ОЛИ СОМОН ВА ДАВЛАТИ СОМОНИЁН МАҲЗ АЗ БАРАКАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БУД

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Октябр, 2022 - 19:47

ДУШАНБЕ, 03.10.2022.  АМИТ «Ховар».
     Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро ба хиттаи ёдгориҳои арзишманди тамаддун ворид намуда, онро бо тамоми шоистагиаш муаррифӣ кард. Ин забон аз қадимулайём ба худ нишонаҳои забони классикӣ дошта, дар ҷаҳон ба таври густарда вусъат пайдо кардаву асрҳо ба ҳайси забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ истифода мешуд.
     Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар арафаи ҷашни Рўзи забони давлатӣ,  ки ҳамасола дар кишвар 5 октябр таҷлил мегардад, дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт.
     «Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикии форсӣ мардумони беш аз 29 кишвари ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунёст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама аз тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ шаҳодат медиҳад»,-мегўяд олими забоншинос.
     Ба андешаи ӯ, имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо миёни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад.
«Агар бузургони пешин, устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷиконро ҳамчун мероси аслии миллат рўнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди арсаи сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ арҷгузории беназир намуда, ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ миёни зиёда аз 200 кишвари олам   сайёра баланд бардоштанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои  дигари бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ садо медиҳад», -иброз дошт  ҳамсуҳбати мо.
     Олимҷон Муҳаммадҷонзода хотиррасон шуд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб ёфта, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: манбаъҳои боз ва бойгонии АМИТ «Ховар»
Манбаъ:
https://khovar.tj/2022/10/5e-do-ba-ruzi-zaboni-davlat-azamatu-aloli-oli-somon-va-davlati-somoniyon-ma-z-az-barakati-zaboni-to-ik-bud/

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.2 (5 овоз)

Забон воситаи муҳимтарини тарбияи миллист

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Октябр, 2022 - 19:43

     Ҷаҳони пуртазод ва суръатнок дигаргуншавандаи муосир ба равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, вазъи дохиливу хориҷии кишварҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ таъсир расондааст. Чунин тағйирпазирии динамикии ҳолати ҷаҳон кишварҳои тозаистиқлол, аз қабили Тоҷикис­тонро пайваста ба мустаҳкам кардани мақому мартабаашон такон дода, онҳоро барои таҳлилу таҳқиқи пайваста ва ҷустану истифода кардани роҳу усулҳои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии ҷомеаҳояшон водор месозад. Яке аз чунин арзишҳои бо ҳам пайванд, ки нақши боризе дар ин раванд дорад, забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
     Забон қисми ҷудонопазири таркибии ҳама гуна фарҳанги миллӣ буда, ошноии пурра бо он ҳатман, на танҳо омӯзиши таърихи моддӣ, таърих, ҷуғрофиё, иқтисодиёт ва ғайра, балки кӯшиши дарки тарзи тафаккури миллат, бо чашмони соҳибони фарҳанги мазкур дидани оламро дар назар дорад. Маҳз, забон муттаҳидкунандаи асосии нишонаҳои миллат мебошад, зеро ягон ғояву мароми умумӣ, арзиши фарҳангӣ ва иқтисоди умумӣ бидуни фаҳмиши ягонаи рамзҳои калимавии дар муошират истифодашаванда имконнопазир буда, он ҳамчун воситаи интиқоли муқаррароти фарҳангӣ хидмат менамояд. Мутафаккирони бузурги тоҷик забонро оинаи рӯҳу равони халқ донистаанд. Бинобар ин, ҳар як давлате, ки аз оянда андеша менамояд, пеш аз ҳама, дар масъалаи забон мутамарказ мешавад.
    Забони тоҷикӣ ҳамчун моликияти гаронарзиши халқ дар якчанд шакли зоҳиршавӣ вуҷуд дорад. Забони миллии мо шиносномаи миллат ва нишонагари ҷои сукунати он мебошад. Он мафҳуми иҷтимоӣ-таърихиест, ки забони муоширати миллатро дар ду шакл — шифоҳӣ ва хаттӣ ифода менамояд. Аз ҷиҳати сохтори дохилӣ забони миллӣ меросбари забони халқ мебошад.
    Забон, ҳамзамон бо миллат пайдо шуда, натиҷаи эҷоди он воситаи тафаккури вижаи миллӣ мебошад. Асосгузори назарияи забоншиносӣ В. Гумболд дуруст мефармояд, ки «забон нафас, рӯҳи миллат аст». Ҳамин хусусияти забонро дар назар дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва рос­тини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Забони миллӣ шаклест, ки дар худ арзишҳои маънавиро ҳифз карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол медиҳад ва онҳоро халқ дар таърих ба вуҷуд овардааст. Миллате, ки забони модариашро ҳифз намекунад, ба он арҷ намегузорад, оянда надорад, зеро он маҳз ҳамон ченаки абадиву устуворест, ки бе он ягон дастоварди илмӣ ва маърифативу иттилоотӣ ғайриимкон аст.
     Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қавӣ ва соҳибхати дунё ба шумор рафта, ҳанӯз дар асри Х мақоми давлатӣ гирифтааст. Ин падидаи таърихӣ бо давлатдории Сомониён марбут буда, маҳз дар ҳамон замон сатҳи баланди худшиносии амирони Сомонӣ, хусусан, Исмоили Сомонӣ шароит фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ мақому мартабаи олиро соҳиб гардад. Дар он давраи таърихӣ садҳо осори манзуму мансур иншо шуда, эътибори забони тоҷикиро боло бурданд ва онро тӯли беш аз ҳазор сол забони дипломатия ва дорои нуфузи забони расмӣ намуданд. Дар тамоми АвруОсиё бо ин забон муколамаву мукотиба сурат гирифта, дар кишвару манотиқи гуногуни ин қаламрав мактабҳои бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ густариш пайдо карданд.
     Дар даврони шӯравӣ забони тоҷикӣ ва истифода аз он, ҳамчунин, тадбирҳои мудирияти он дар сатҳи давлатӣ зарурати эъмор ва татбиқи сиёсати забонро ба вуҷуд овард, ки дар ҳошияи он чорабиниҳо чандин маротиба табдили расмулхат, таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои фарогири омӯзиши забони тоҷикӣ вобаста ба саводнок гардондани мардум, тарҳрезӣ ва ба роҳ мондани барномаҳои илмии омӯзиши забони тоҷикӣ, филологияи тоҷик сурат гирифта, саҳифаҳои таърихи миллатро дар давраи нав ва навтарин рангин намуданд.
Вақте ки оид ба мафҳуми истиқлолият меандешем, беихтиёр сайри таърихие пеши рӯи мо меояд, ки барои дарки аҳамияти ин падидаи сиёсӣ барои миллатҳо кумак менамояд.
Зимнан, Истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварро мутмаин сохт, ки фақат миллате, ки он барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст.
Аз ин рӯ, мо нахустин дастоварди замони Истиқлолияти давлатиро ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллат ва халқиятҳо эътироф шудани забони тоҷикӣ мешиносем, ки тавассути он мо забони тоҷикиро олитарин муқаддасоти миллӣ медонем.
     Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади муҳим ва саҳифаи нав дар рушди забони давлатӣ мебошад. Қонуни мазкур комилан бо Конститутсияи кишвар созгор буда, ба таъмини озодиҳои асосии инсон марбут аст, ки дастгирии на танҳо забони миллати асосии кишвар, балки рушду такомул ва амали забонҳои миллатҳои дигари сокинони кишварро кафолат медиҳад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои густариши амали забони тоҷикӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, онро аз муҳити хонавода берун баровард ва ба таври воқеиву иҷтимоӣ мавриди истифодаи умум қарор дод.
Забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист ва аз ин рӯ, бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд, ки мардуми кишварро дар роҳи ватандӯстиву ифтихори миллӣ илҳом мебахшад.
     Мавқеи устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сарпарастӣ аз забони давлатӣ ва роҳнамоӣ дар рушду густариши он, пеш аз ҳама, дар таълифоташон возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» (иборат аз 2 ҷилд) таҳлили бунёдии масъалаҳои марбут ба забон, таърих ва фарҳанги тоҷик, ҳастӣ ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад. Он сухани наву тозае дар забоншиносии тоҷик, татбиқи сиёсати забон ва рушду устувории ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, ҷавобан ба гузориши масоили муб­рами таърихи забон, ҷанбаҳои печидаи сиё­сати забонӣ дар даврони истиқлолият ва барои муайян намудани ояндаи инкишофу тараққии забон ва фарҳанги миллии тоҷик бахшида шудааст.
    Мустаҳкам кардани мавқеи забони давлатӣ барои татбиқи чораҳои эҳёи пайванди наслу аслҳои фарҳангӣ, дар шакли омӯзиши хатҳои таърихиро муҳайё карда, инчунин дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забони русӣ захираву имкониятҳои беназирро дастрас намуд. Ин аст, ки сатҳи босаводии мардуми кишвар ҳоло на танҳо бо донистани хуби забони давлатӣ, балки бо донистани забонҳои хориҷӣ, расмулхатҳои гуногун, тавони мавриди истифодаи васеъ қарор додани ин донишҳо дар фаъолияти иҷтимоӣ ва илмӣ муайян мегардад.
     Вазифаи дигари муҳими мақоми давлатиро соҳиб гардидани забони тоҷикӣ — ба таври назаррас тавсеа додани фазои амали забони адабӣ мебошад, ки имрӯз на танҳо дар муҳити адабӣ-фарҳангӣ, балки дар фазои иттилоотии байналмилалӣ хеле густариш ёфтааст. Истифодаи забони адабии тоҷикӣ нишонаи маданияти хуби гуфтор ва навиштор, нишонаи омодагии мутахассисони соҳаҳои гуногун ва маҳоратҳои сарвариву сиёсии аъзои ҷомеа мебошад. Симои зиёӣ, мутахассис, фарди ватандӯсту фарҳангӣ, маърифатпарвари кишварро имрӯз, маҳз салиқаи забондонӣ ва маҳорату санъати сухани ӯ равшан менамояд, ки куллан тоҷикони муосирро дигаргун кардааст. Далели ин гуна тағйироти куллии сифатӣ дар сиёсати забони кишвар иштироки фаъол, пур аз ифтихори ватандориву фарҳангсолории мардуми Тоҷикистон дар озмунҳои фарҳангии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва амсоли он мебошад, ки дар он намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа ва синну соли гуногун қувваозмоӣ карданд.
     Дар маҷмӯъ, метавон хулоса кард, ки забон падидаи асосии фарҳанг, механизми асосии ваҳдати миллӣ, абзори бавуҷуд­оварандаву ташаккулдиҳандаи миллат аст, ки онро ба мақоми сохтори иҷтимоӣ мерасонад. Инчунин, он танҳо воситаи муошират набуда, унсури бунёдии худшиносии миллӣ, маҳаки маънавиёти халқ, воситаи муҳимтарини тарбияти миллист.
 

Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА,
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илми филология,
профессор

Манбаъ: https://sadoimardum.tj/maorif/zabon-vositai-mu-imtarini-tarbiyai-millist/

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.2 (5 овоз)

Категория:

Суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Сентябр, 2022 - 09:38

Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода самимона табрик мегӯям.

Чун мулоқоти мо дар Донишкадаи давлатии забонҳо доир мегардад, дар ибтидо зарур мешуморам, ки баъзе андешаҳои худро доир ба мақому манзалати забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва вазъи иҷрои Қонуни забон ба таври мухтасар баён намоям.

Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст.

Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯйи сурху сари баланди мо – тоҷикон – яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад.

Сездаҳ сол пеш, яъне 5-уми октябри соли 2009 бо дарназардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул карда шуд.

Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи ҳамватанони азиз ва шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки то таҷлили он рӯзҳои башумор мондаанд, самимона табрик мегӯям.

Қобили зикр аст, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрӯз низ пайваста дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Яъне забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии мустақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Дар ин раванд, давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, ки 29-уми ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи қонуни забон равона шудааст.

Ба сифати омили ҳастӣ ва бақои миллат нигоҳ доштани асолат ва ҳувияти забони тоҷикӣ ҳадафу вазифаи барномаи мазкур дар замони муосир мебошад.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат, яъне соҳибони забон мебошад.

Зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он дар мақоми забони миллӣ ва забони давлатӣ муҳимтарин нишонаи пойдории давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлативу сиёсии мо дар рӯзгори пурошӯби имрӯзаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Як нуктаи дигари муҳимро хотиррасон менамоям, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутоберо тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахти таърих гузаштааст ва имрӯз, ки мо дар масири бунёду таҳкими давлатдории миллӣ пеш меравем, рисолати худро ба сифати василаи ваҳдатсоз ва муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон муваффақона идома дода истодааст.

Боиси ифтихор ва фараҳмандии зиёди мо – ворисони ин забон ва мероси бузурги бо он навишташуда аст, ки ин забон то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик – аз Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Бобоҷон Ғафурову устод Садриддин Айнӣ ба ҳамон шакли асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини вожаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи дилнишину зебо боқӣ мондааст.

Воқеан, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Дигар ин, ки забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, ойинаи рӯзгор, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза мебошад.

Маҳз ба ҳамин далел забон дар раванди барпо кардани давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалия ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

Аз ин рӯ, беэътиборӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ мебошад.

Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи Тоҷикистон – аз хурд то бузург, равшанфикрону донишмандон, инчунин, дастгоҳи давлативу ҳукуматӣ ҳифз кардани забони бостонии зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ, тозаву ноб ва поку беолоиш ба наслҳои оянда расонидани он аст.

Мо бояд шукрона кунем, ки истиқлоли давлатӣ барои ҷилову дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо заминаи созгор ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд.

Забони тоҷикӣ дар мақоми расмиву давлатии худ имрӯз на танҳо дар коргузорӣ, илм ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои байналмилалии мо низ васеъ истифода мегардад.

Устодон ва шогирдони муҳтарам!

Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат ва Ватани азизамон – Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро бомаром идома дода истодааст.

Бунёд кардану ба истифода додани биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо 1500 ҷойи нишаст барои омода намудани мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ далели возеҳи дастгирии Ҳукумати мамлакат мебошад.

Иншооти навбунёди имрӯза имконият медиҳад, ки шумораи донишҷӯёни донишкада ба 7000 нафар расонида шавад.

Ҳоло дар донишкада бо 11 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва форсӣ) аз рӯйи 41 ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар донишкада зиёда аз 500 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, аз ҷумла шаҳрвандони 21 кишвари хориҷӣ фаъолият менамоянд, ки 80 нафари онҳо дорои унвони илмӣ мебошанд.

Аз давраи таъсисёбии донишкада, яъне аз соли 1979 то имрӯз 14 200 нафар мутахассис омода карда шудааст, 77 фоизи онҳоро мутахассисони равияи омӯзгорӣ ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳоло хатмкардагони донишкада дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин, дар сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ муваффақона фаъолият карда истодаанд.

Ҳамзамон бо ин, донишкада бо 52 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки ба пешрафти ҳамаҷонибаи фаъолияти он мусоидат менамояд.

Дар ин давра 2700 нафар шаҳрвандони 19 кишвари дуру наздики хориҷӣ ҳамчун донишҷӯву аспирант, инчунин, дар курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзии донишкада таҳсил кардаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти пояи моддиву техникии донишкада, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкада марказҳои омӯзиши забони англисӣ, чинӣ, ҳиндӣ ва куриёӣ таъсис дода шудаанд, ки ҳоло пурсамар фаъолият доранд.

Илова бар ин, соли 2021 дар заминаи факултаи забони англисӣ маркази тестии забони англисӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар байни дигар муассисаҳои таълимӣ ягона мебошад.

Ҳамчунин, дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо шаҳрвандони мо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб мегарданд.

Бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса дар самти омода намудани мутахассисони баландпояи донандаи якчанд забони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.

Ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода мешавад, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Мо барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро фароҳам созем ва корро тавре ба роҳ монем, ки ба кишварҳои хориҷӣ барои забономӯзӣ рафтани шаҳрвандонамон ҳарчи камтар гардад.

Бо ин мақсад бояд аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла китобхонаҳо, ки барои тадрису омӯзонидани забонҳо заминаи бисёр мусоид мебошанд, васеъ ва самаранок истифода карда шавад.

Ҷиҳати ҳалли ин масъала Вазорати маориф ва илм, Донишкадаи давлатии забонҳо ва факултаҳои забономӯзии ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои забономӯзиро таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар хотиррасон менамоям, ки дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад.

Бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди тафаккури техникии мардум ва қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, инчунин, дастрасӣ ба техникаву технологияҳои муосир мо солҳои 2020 – 2040- ро «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон намудем.

Омӯзиши муваффақонаи ин фанҳо низ танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки агар наврасону ҷавонони мо забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳоеро, ки бо онҳо адабиёти илмӣ нашр мешавад, хуб донанд.

Ман борҳо гуфтаам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс ва дар навбати аввал, ҷавонон бояд ғайр аз забони давлатӣ ду забони хориҷиро дар сатҳи забони модарӣ донанд, зеро ин тақозои замони муосир мебошад.

Илова бар ин, ҳар як донишҷӯ, сарфи назар аз ихтисоси интихобкардаи худ, бояд забонҳои хориҷиро омӯзад ва донад.

Замоне мерасад, ки ҳангоми интихоб кардан ва ба вазифа таъин намудани кадрҳо, яъне аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати мамлакат ва вакилони мардумӣ, хулоса, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи талаботи асосӣ мегардад.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки омӯзиши забон, таърих, фарҳанг ва ҷуғрофияи Тоҷикистон дар муассисаҳои ҳамаи шаклҳои таҳсилот, ки таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ мебошад, васеъ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин, бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намояд.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таълими забонҳои хориҷиро таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дода, ҷиҳати такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳала барномаҳои давлатӣ қабул намуд.

Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шуруъ гардидааст, идома дорад.

Имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар 22 439 омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла 21 130 нафар дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 506 нафар дар зинаи миёнаи касбӣ ва 803 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият доранд.

Соли ҷорӣ факултаҳои забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро қариб 2 900 нафар хатм намудаанд, ки 550 нафари онҳо дастпарварони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошанд.

Ҳоло дар факултаҳои забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 10 200 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.

Роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд.

Зарурат ва аҳаммияти донистани якчанд забон имрӯз қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон ва кормандони сохтору мақомоти давлатиро вазифадор месозад, ки бо дарназардошти талаботи замони муосир барои рушди шахсият ва дастрасии ҳар як фард ба иттилооти ҷаҳонӣ ҳатман ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул бошанд.

Имрӯз донистани забони хориҷӣ барои кормандони тамоми сохтору мақомот, аз ҷумла соҳибкорон шарт ва зарур аст.

Ҳоло Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» бо тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ дорад.

Кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ, яъне гумрукчиён, сарҳадбонон ва муассисаҳои хизматрасонӣ вазифадоранд, ки забони хориҷиро донанд.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат имрӯз сафи наврасону ҷавононе, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ кӯшиш мекунанд, торафт афзуда истодааст.

Ҷавонони мо амиқ дарк кардаанд, ки донистани забонҳои хориҷӣ муҳимтарин шарти омӯхтани илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои пешрафта ва робита бо ҷаҳони беруна мебошад.

Вобаста ба ин, ман борҳо таъкид кардаам, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ бояд дар заминаи забони адабии тоҷикӣ, яъне бар асоси донистани меъёрҳои забони давлатӣ ва риояи хусусиятҳои он сурат гирад.

Чунин шеваи омӯзиш ба арҷ гузоштан ба забони давлатӣ, боз ҳам беҳтар аз худ кардани он, инчунин, дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо намудани кишварамон ва ба роҳ мондани робитаҳои гуногунҷанбаи он бо мамолики гуногуни ҷаҳон мусоидат менамояд.

Дӯстони азиз!

Равандҳои ҷаҳони муосир ҳар як кишварро водор месозанд, ки ба хотири таъмин намудани рушди босуботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии худ ба соҳаҳои илму маориф ва омода кардани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бо дарки ин воқеият, Ҳукумати Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва корҳо дар ин самт идома ёфта истодаанд.

Ман ҳанӯз 1-уми сентябри соли 2019 зимни ифтитоҳи бинои Академияи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастур дода будам, ки донишгоҳу донишкадаҳоро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, имкониятҳо ва мавқеи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Бо ин мақсад, муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки дар ҷараёни таълим истифодаи технологияи итилоотиву коммуникатсиониро васеъ ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд ва нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот ва бозори дохиливу хориҷии меҳнат мутобиқ гардонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди идома доштани ислоҳоти низоми таҳсилоти олӣ сатҳу сифати таълим ва дараҷаи азхудкунии дониш аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба такмил ниёз дорад.

Дар ин росто зарур аст, ки дар раванди таълим ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ ва забонҳои ҳориҷӣ диққати боз ҳам бештар дода шавад.

Вақти он расидааст, ки таҳияи фарҳангу луғатҳои соҳавӣ вусъат дода шуда, милликунонии забони технологияҳои навин ва умуман, тамоми соҳаҳо таъмин ва иқтидори забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм тақвият бахшида шавад.

Донишмандони тоҷик гузоштани асосҳои забони илмии тоҷикиро ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён дар сатҳи баланд анҷом дода буданд, ки хизмати таърихии онҳо дар ин самт аз ҷониби олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Бузургтарин донишмандони ҷаҳоншумули мо – Абуалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абурайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб–ут–тафҳим» бунёдгузорони забони илми тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки анъанаи оғозкардаи онҳо дар асрҳои минбаъда аз тарафи донишмандони маъруф, аз ҷумла Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва дигарон то ба Аҳмади Донишу устод Айнӣ идома пайдо кард.

Дар замони муосир қудрату тавоноии ҳар як забон дар баёни матлаби илмӣ зоҳир мегардад ва бақову мондагории забон ба доираи истифодаву корбурди он дар илм вобаста мебошад.

Бинобар ин, олимони моро зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони тоҷикӣ ва ба пояи баланди забони илм расонидани он кӯшиш намоянд.

Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи илмии кишвар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани таълифи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм иқдоми саривақтӣ мебошад.

Вале таъкид менамоям, ки дар ин раванд, на ба миқдор, балки бештар ба сифати рисолаҳои илмии анҷомёфта таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Рисолаҳои донишмандон ва муҳаққиқону унвонҷӯён бояд дар сатҳи баланди илмии ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таълиф шаванд, то ки дар пешрафту ғановати забони илмии тоҷикӣ саҳми сазовор гузоранд.

Бинобар ин, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки ба забони рисолаҳои илмии дифоъшаванда ва истилоҳоти илмӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳоло дар масъалаи истилоҳнигорӣ ба забони тоҷикӣ як силсила мушкилот пеш омадааст.

Дар замони муосир, ки давраи рушди босуръати илму фан ва техникаву технологияҳои навтарин аст, бояд ба такмили истилоҳот бо забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Олимону муҳаққиқон ва мутахассисони тамоми соҳаҳои илмро зарур аст, ки барои ифодаи мафҳумҳои навтарини илму техника аз ҳамаи имкониятҳои забони тоҷикӣ бодиққат ва боэҳтиёт истифода баранд.

Ҳамчунин, онҳо бояд тавассути эҳёи қолабҳои суннатии истилоҳнигорӣ бо истифода аз захираи луғавии забони тоҷикӣ дороиву ғановати забонро аз ҳисоби истилоҳсозӣ ва иқтибосгирии бамаврид таъмин намоянд.

Ба андешаи муҳаққиқон, номҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ далели ғановат ва таърихи зиндаи ҳар як забон, аз ҷумла забони модарии мо ба шумор мераванд.

Илова бар ин, дар номҳои таърихӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистон раванди таҳаввули забони модарии мо дар ҳамаи марҳалаҳои таърихии рушди он ба мушоҳида мерасад.

Бо ибтикори мо дар харитаи сиёсии олам дигарбора арзи ҳастӣ кардани номҳои қадиму асилу ҷуғрофии Бохтар, Суғд ва садҳо номи дигар, ки гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳанд, барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардуми мо аз аҳаммияти хосса бархурдоранд.

Ба андешаи мо, барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ, дар навбати аввал, бояд тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

Якум. Риояи покизагии забон.

Яъне зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем.

Дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба омӯзиши забони адабии тоҷикӣ таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоем.

Забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ва бо истифодаи васеи имкониятҳои он ба роҳ монем.

Дуюм. Фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи миллии илмҳо ва дигар вазорату идораҳо дар самти ба вуҷуд овардани захираи рақамии забони тоҷикӣ бештар тақвият дода шавад, зеро ин омил ба мондагории забони тоҷикӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд.

Хотирнишон менамоям, ки чунин иқдом дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон натиҷаҳои хуб дода истодааст.

Зарур дониста мешавад, ки ба хотири дастрасии ҳарчи бештари алоқамандон нусхаҳои электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс» «Бурҳони қотеъ» «Ғиёс–ул–луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иҷтимоиву иттилоърасонӣ ворид карда шаванд.

Сеюм. Яке аз масъалаҳое, ки то имрӯз аз мадди назар дур мондааст, омӯхтани ҷанбаҳои назариявии забони бостонии тоҷикӣ ва омода кардани мутахассисону муҳаққиқони забонҳои авастоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ мебошад, ки сарчашмаи забони ширину шевои мо ба ҳисоб мераванд.

Академияи миллии илмҳо ва дигар ниҳодҳои илмиву таълимӣ бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд.

Илова бар ин, тарғиби забони тоҷикӣ, тавассути расонаҳои ҷаҳонии интернетӣ нашр кардани осори оламшумули назму наср ба ин забон аз муҳимтарин омилҳои густариши забони тоҷикӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин раванд, арзиши маънавию маърифатии забонро баланд бардоштан ва забони адабии гуфтугӯиро тақвият додан низ бисёр муҳим ва зарур мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳоло зарурати таҳияи луғати мукаммали забони тоҷикӣ бо фарогирии калимаҳои умумиистеъмолии рӯзмарра, яъне китоби рӯйимизии ҳар як тоҷик ва алоқамандони омӯзиши ин забон пеш омадааст.

Барои иҷрои корҳои зикршуда мо бояд шахсонеро, ки қобилият, маҳорат ва таҷрибаи таҳияи фарҳангномаҳоро доранд, дастгирӣ кунем ва сафи онҳоро зиёд гардонем.

Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки омӯзонидани забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин, омӯзиш ва таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои русиву англисӣ такмил дода шавад.

Дар муассисаҳои типи нав, яъне литсею гимназияҳое, ки таълимашон ба забонҳои хориҷӣ мебошад, низ омӯзиши забони давлатӣ, таърихи миллат ва ҷуғрофиёи кишвар ҳатмист, зеро ноогоҳӣ аз таърих ва фарҳанги миллии худ ба ташаккули шуури миллии кӯдакону наврасон таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки барномаҳои чунин муассисаҳои таълимӣ бояд ба фарҳангу тамаддун, таърих ва забону адабиёти мо мутобиқ гардонида шаванд, то ин ки фардо дастпарварони онҳо фарҳангу адабиёти моро бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намуда, дастовардҳои олами башарро ба забони давлатиамон баргардон карда тавонанд.

Дар раванди забономӯзӣ наврасону ҷавонони мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки донистани забони модарӣ ва дар заминаи он аз худ кардани донишҳои замонавӣ аз рӯҳияи баланди ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори баланди миллии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Забони модариро дар сатҳи аъло донистан, онро дӯст доштан, бо ин забони ширину шево дурусту равону зебо сухан гуфтан ва асари адабӣ эҷод кардан камоли эътиқоду эҳтиром ба Ватан – Модар ва далели ҳисси баланди миллӣ мебошад.

Аммо ин суханҳо чунин маънӣ надоранд, ки ҷавонони мо танҳо бо забони модарии худ қаноат намоянд ё дар доираи он маҳдуд монанд.

Баръакс, мо дар ин ақида устувор будем ва ҳастем, ки ҷавонон дар асоси хуб донистани забони модарӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ талош намоянд.

Илму дониш ва техникаву технологияҳоро тавассути забонҳои хориҷӣ низ омӯхта, аз худ карда, дар оянда барои пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишварамон самаранок истифода баранд.

Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёду таъсиси ҳазорҳо муассисаи нави таълимӣ зина ба зина чунин муҳит ё фазоро ба вуҷуд овард, ки ҳоло дар онҳо даҳҳо ва садҳо ҳазор шогирдони забономӯз таълим мегиранд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дар байни ҷавонони мо на танҳо донандагони ду забон, балки се – чор ва ҳатто то панҷ забон торафт зиёд шуда, онҳо дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ донишу малакаи хуб нишон медиҳанд.

Бо мақсади густариши бештари ин раванд, зарур дониста мешавад, ки ҳамасола баргузор намудани олимпиадаи фаннии забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ҳавасмандгардонии ғолибони онҳо ба роҳ монда шавад.

Тибқи таҳлилҳо аз шумораи умумии зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, қариб 1200 нафарашон ба забономӯзӣ машғуланд.

Дар робита ба ин, мехоҳам ёдовар шавам, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз талабот ба кадрҳои забондон дар сатҳу зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ҳамеша зиёд мебошад.

Зеро раванди рушду густариши муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон, робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи башарӣ, тарҷумаи осори арзишманди фарҳанги инсонӣ ва таъсиси корхонаву ширкатҳои муштарак дар мамлакат ба ҳазорҳо нафар ҷавонони забондон ниёз дорад.

Дар ин самт, мо то имрӯз тавассути Барномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» садҳо нафар ҷавонони боистеъдодро, ки ду ва зиёда забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд медонанд, барои таҳсил ба муассисаҳои илмиву таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фиристодем.

Танҳо соли ҷорӣ қариб 100 нафар чунин ҷавонон сазовори стипендияи мазкур гардиданд.

Ҳозирини арҷманд!

Мо ворид гардидани низоми маорифи мамлакатро ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ амри зарур ва муҳим шуморида, бо дарназардоштаи дастоварду навгониҳои илму маорифи ҷаҳонӣ ба тақвияти раванди таълиму тарбия, фарогирии илму дониш ва соҳибкасб гардидани ҷавонон эътибори ҷиддӣ медиҳем.

Вале дар ҷараёни таълиму тарбия ба эътибор гирифтани мероси бузурги гузаштагон, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷикро аз рукнҳои асосии ин раванд мешуморем.

Зеро миллати тоҷик дорои арзишҳо ва расму ойинҳои ғановатманду рангоранг, анъана ва собиқаи бузурги таърихӣ буда, дар рушди илму маориф, таълиму тарбия ва фарҳангу маънавиёти умумибашарӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо мақсади ба камол расонидани наслҳои ояндасози ватандӯсту ватанпараст ба омӯзонидани арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад.

Яъне афкори таълимии олимону адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик, ки ғояи асосии онҳо таълиму тарбияи инсони комил мебошад, бояд бо дастовардҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои милливу фарҳангӣ, расму ойин ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик такмил дода шаванд.

Таъкид менамоям, ки танҳо тавассути муваффақонаву ҳадафманд омезиш додани арзишҳои милливу фарҳангӣ бо дастовардҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ метавон афроди босаводу донишмандро тарбия намуд.

Танҳо чунин афрод метавонанд ояндаи ободи кишвари худ ва мондагории миллати хешро дар саҳифаҳои таърихи башар ҳифз ва таъмин намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз!

Бо дарназардошти он ки рушди соҳаи илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад, Ҳукумати мамлакат дар баробари таъмин намудани тараққиёти иқтисодии кишвар ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани маорифи миллӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ман қариб дар ҳамаи суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳои худ хотирнишон менамоям, ки илму маориф асоси устувори пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат буда, ҷомеа танҳо бо роҳи таъмин намудани рушди ин соҳаҳо ба ҳадафҳои созандаи худ ноил мегардад.

Имрӯз мо ба донишу хирад ҳамчун манбаи худогоҳиву бедорӣ ва ташаббусҳои созанда арҷ гузошта, бори дигар ёдовар мешавем, ки наврасону ҷавонони мо, яъне наслҳои ояндасоз ободиву сарсабзии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар таъмин карда метавонанд.

Аз ин рӯ, такроран таъкид менамоям, ки мо бояд ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар рӯҳияи эҳтиром ба забон, фарҳанг, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва ахлоқи ҳамида тарбия кардани насли наврас беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар ҳамаи зинаҳои таълим усулҳои пешқадамро ҷорӣ созем ва талаботро нисбат ба таълими донишҳои назариявӣ ва амаливу таҷрибавӣ тақвият бахшем.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳастии миллат ва бақои давлати мо мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Сентябр, 2022 - 11:19

Ҳамватанони азиз!

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд.

Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро сидқан табрик мегӯям.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд.

Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардид.

Дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, саноату кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ислоҳоту навсозиҳо амалӣ гардиданд ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам густаришу тавсеа пайдо карданд.

Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва сиёсати «дарҳои кушода» боиси болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар байни ҷомеаи байналмилалӣ гардид.

Маҳз татбиқи чунин сиёсати дурбинона ба фарогиру мустаҳкам гардидани робитаҳои Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, бахусус, бо кишварҳои минтақа мусоидат намуд.

Дар ин давра Ҳукумати мамлакат ҳамаи саъю талоши худро ба хотири фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як сокини кишвар равона сохта, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон, дастгирии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таҳсилоти босифат, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кардани онҳо бисёр тадбирҳоро амалӣ гардонид.

Дар натиҷа, мо дар зарфи беш аз се даҳсола ба дастовардҳое ноил гардидем, ки рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра мебошад.

Зеро омолу орзуи таърихии миллати тоҷик ва ҳадафу ормонҳои имрӯзу фардои он танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр амалӣ шуда метавонанд.

Бинобар ин, бо ифтихор иброз медорам, ки ҳифзи давлатдории миллӣ дастоварди бузургтарину муқаддастарин дар таърихи навини миллати тоҷик ва сулҳу оромӣ неъмати арзишмандтарин дар ҳаёти халқамон мебошад.

Баъди барқарорсозии сулҳу субот мо тамоми кӯшиши худро ба ташкили сохтори мукаммали идоракунӣ, ҳукумати босалоҳият, парламенти касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ тибқи меъёрҳои муосир равона сохтем.

Дар ин раванд, бахтномаи миллат – Конститутсия ва рамзҳои давлати соҳибистиқлол – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ки мояи ифтихори мардуми мо мебошанд, қабул карда шуданд.

Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломативу дӯстона дорад ва узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Нақши давлати мо, махсусан, дар созмонҳои бонуфуз барои ҳалли масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти ҷаҳониву минтақавӣ, аз қабили таъмини амнияту субот ва беҳдошти экологиву иқлим муассир ва созанда арзёбӣ мегардад.

Мо аз он қаноатмандем, ки аксари давлатҳо мавқеъ ва ташаббусҳои Тоҷикистонро дар масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун кишвари пешсаф эътироф намуда, дар ин масири созанда бо мо ҳамкорӣ мекунанд.

Дастовардҳои зикршуда, бешубҳа, самараи истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвари мо дар зарфи 31 сол буда, заминаи асосӣ барои тағйири симои давлат ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ гардиданд.

Мардуми шарафманди мо, ки роҳи беш аз се даҳсолаи пур аз монеаву мушкилот, вале пурифтихори таърихиро сарбаландона тай кардаанд, хуб медонанд, ки аз давраи бисёр вазнини хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор сохтани рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ то расидан ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон чӣ заҳмати бузургеро талаб менамуд.

Дигар қадами тақдирсоз дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти шакл ва сохти давлатдорӣ буд.

Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро интихоб намуд, ки он ҳамчун ифодаи раъйи қатъии мардуми кишвар дар моддаи якуми Конститутсияи мо барои ҳамеша муқаррар гардидааст.

Ҳоло Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди низоми давлатдории интихобкардаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки шакл ва сохти давлатдории мо интихоби дурусту дурбинона буда, худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ ва садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ зербинои муосири коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро гузошта, низоми ягонаи энергетикии кишварро ба вуҷуд овард ва Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ мубаддал гардонид.

Дар лаҳзаҳои пурифтихори ҷашни мубораки истиқлоли давлатӣ ба ёд овардани роҳи пуршарафи тайкардаи халқамон, зикри дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон ба он хотир аст, ки мо бояд минбаъд низ муттаҳиду сарҷамъ бошем ва ҳифзи боэътимоди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамонро таъмин намоем.

Зеро шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ дар дунёи имрӯза, вазъи нобасомони иқтисоди ҷаҳонӣ, норасоии шадиди озуқаворӣ, баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар сартосари сайёра, инчунин, яроқнокшавии бошитоб ва оғози дигарбораи «ҷанги сард», мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ моро водор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва иҷрои нақшаву вазифаҳои дар наздамон қарордошта ҳарчи бештар ва фаъолона саҳм гузорем.

Дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге муяссар шудаем.

Яъне ҳар як фарди бонангу номуси Ватанро зарур аст, ки бо дарки амиқи қадру манзалат ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ ва бо заҳмати софдилонаву саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии ҷовидонаи парчами миллӣ саъю талош намояд.

Бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем.

Дар баробари дастовардҳои бузургу тақдирсоз, мо ҳанӯз масъалаву мушкилоти ҳалталаб низ дорем, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва заҳмати созандаву содиқона ва бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибистиқлоламон ҳаллу фасл менамоем.

Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки мо бояд Ватани худ – Тоҷикистони биҳиштосоро баробари ҷони худ дӯст дорем, зеро ҳар як ваҷаб замини муқаддасу зархез ва чашмасору обшорони мусаффои он манбаи ризқу рӯзӣ ва хайру баракати хонадони мо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи он пушту паноҳ ва мояи сарбаландии мо ва номи неки ин Ватан рамзи сарфарозӣ ва рӯйи сурхи мо мебошанд.

Мо – фарзандони Тоҷикистон ҳама якҷо бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обрӯи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардорем.

Бори дигар ҳамаи мардуми сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 31-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони кулли сокинони мамлакат хушбахтӣ, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллии ҷовидона ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

Категория:

Барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо забони тоҷикӣ биозмоед!

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Сентябр, 2022 - 11:18
Барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо забони тоҷикӣ биозмоед!

Муҳтарам дӯстдорон ва посдорони забони тоҷикӣ!
     Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар нимсолаи дуюми соли 2022 баъзе барномаҳое, ки мо аз он ҳамарӯза истифода мебарем бо забони тоҷикӣ дастрас хоҳад шуд. Бавижа, бо ташаббуси аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумита браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда истодааст ва гунаи санҷишии барнома барои пешнамоиш ва истифодаи озмоишӣ дастрас аст. Гунаи санҷишии барномаи браузери «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо номи «Шабонарӯз» (Nightly) боргирӣ намуда, дар компютер ё телефони мобилии худ озмоед.
Пайвандҳои расмӣ барои боргирӣ кардани барнома:
•    http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/Firefox%20Installer.tg.exe (Windows)
•    http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/firefox-105.0a1.tg.linux-i686.tar.bz2 (Linux)
•    http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/firefox-105.0a1.tg.mac.pkg (Mac)
Ё гунаи лозимиро барои низоми амалкунандаи худ аз сервери зерин интихоб намоед: http://archive.mozilla.org/pub/firefox/nightly/latest-mozilla-central-l10n/
Файли насбкунанда бояд васеъшавии «.tg.»-ро дар бар гирад.

Диққат: браузери интернети «Шабонарӯз» (Nightly) гунаи озмоишӣ мебошад ва метавонад ҳар шабонарӯз бо тарҷумаҳои тоҷикии нав ё беҳтаршуда навсозӣ карда шавад. Инчунин браузери озмоишии «Шабонарӯз» (Nightly) метавонад ноустувор кор кунад.

     Пеш аз нашр кардани гунаҳои расмии чунин барномаҳо, шумо метавонед онҳоро ройгон ба даст оварда, озмоед ва фикру андешаҳои худро ба аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумита ё ин ки дар портали тарҷумонон (https://pontoon.mozilla.org/tg/firefox/) пешниҳод намоед. Пас аз ҷило кардани тарҷумаҳои тоҷикӣ барномаи браузери интренетӣ дар гунаи расмии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) бо забони тоҷикӣ барои истифода дастрас мешавад.
     Барномаҳои компютерӣ аз забонҳо ва аломатҳо иборат буда, дар забонҳои барномасозии гуногун навишта шудаанд. Ҳамаи он чизе, ки мо дар монитори компютерӣ ё экрани мобилӣ мебинем, комилан аз матн иборатанд.
     Бе забон ва матн мавҷудияти компютер ё дастгоҳи мобилӣ имконнопазир буда, истифодабарии он низ ғайриимкон аст.
     Бе забон ва матн ҳаёти мо, зиндагии ҳозира ва ояндаи мо холӣ ва бемазмун аст.
     Дар сатҳи баланд донистани забони давлатӣ, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як соҳибватан маҳсуб ёфта месазад, баҳри рушд ва ҳифзи он саҳм дошта бошем.
     Ба ҳамин мақсад, забони тоҷикӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз кишварамон дар кишварҳои хориҷи дуру наздик, дар асоси Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва меъёрҳои адабии он низ бояд истифода шавад ва стандартҳои миллии тоҷикӣ ҳангоми истеҳсоли технологияҳои навин ва молу маҳсулоте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ё ин ки дар кишварамон истеъмол ва истифода мешаванд, новобаста аз кишвари истеҳолкунанда бояд татбиқ карда шаванд.
     Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва татбиқи меъёрҳои он метавонад мушкилоти зиёди забонро ҳал намояд.
     Вале бе истифодаи технологияҳо ва барномаҳои компютерӣ ва мобилӣ иҷро кардани ин масъала номумкин, бенатиҷа ва хеле душвор мебошад.
     Имрӯз компютер ва дастгоҳи мобилӣ як қисми ҷудонашавандаи ҳаёт ва кору амалиёти ҳаррӯзаи мо буда, таҳияи барномаҳои он барои забони давлатӣ ва барномаҳои махсуси компютерӣ ва мобилӣ барои санҷиши имлои забони тоҷикӣ дар замони имрӯза барои осонтар намудани кор хеле заруранд.
     Барои осонсозии риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ технологияҳо ва барномаҳои компютерӣ бояд ба стандартҳои миллӣ ва талаботи забони тоҷикӣ ҷавобгӯ бошанд. Ҳатто истифодаи аломатҳои китобатӣ мувофиқи стандартҳои миллии тоҷикӣ корбаст шаванд. Ҳар як аломат ё ҳарфе, ки мо дар матнҳои тоҷикӣ ба воситаи компютер ё дастгоҳи мобилӣ чоп мекунем, маънои худро дорад.
     Барои ҳал кардани масъалаҳои техникии компютерӣ Кумитаи забои ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ як барномаи мукаммалу навтарини санҷиши имлои забони тоҷикӣ ва браузери интернети навтарин бо забони тоҷикӣ барои дастгоҳҳои компютерӣ ва мобилӣ таҳия намуда, ба манзури корбарони соҳибзабон гардонад. Чунин икдом, аллакай, дар Кумитаи забои ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.
     Бо браузери чандзабона ва тарҷумашуда ба забони тоҷикӣ ҳар гуна кор дар Интернет самараноктар ва осонтар аст, зеро ки корбарон метавонанд аз забони модарии худ истифода баранд, вазифаҳои барномаро бо забони тоҷикӣ хонанд ва кори худро ҳангоми кор бо браузер айнан иҷро намоянд.
     Мувофиқи омори Ташкилоти ҷамъиятии «Mozilla» имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 150 (як саду панҷоҳ) ҳазор корбари барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) ба қайд гирифта шудаанд ва ба ин шумора ҳамарӯза зиёда аз 500 нафар корбари нав илова мешавад.
     Вале, новобаста аз ин, 86% (дарсад) корбари браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox) аз забони русӣ, 12% (дарсад) аз забони англисӣ ва 2% (дарсад) аз забонҳои дигар барои корбарӣ аз интерфейси барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)  истифода мебаранд.

     Умедворем, ки омори истифодабарии он барномаҳое, ки мо ҳар рӯз истифода мебарем ба шумораи корбарони Барнома бо забони тоҷикӣ зиёдтар шавад.
Барномаи браузери интернетии «Рӯбоҳи ҷилодор» (Firefox)-ро бо забони тоҷикӣ биозмоед.
Ҷило аз ин ҷо оғоз меёбад!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (26 овоз)

Мизи мудаввар дар мавзуи «Истиқлол ва рушди забони давлатӣ» бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Сентябр, 2022 - 11:17

Рӯзи 8-уми сентябри соли 2022 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Истиқлол ва рушди забони давлатӣ» таҳти раёсати муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. Р. баргузор гардид.
Муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. Р. чорабинии мазкурро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузург ва муқаддаси 31- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумита табрику муборакбодӣ намуда, қайд карданд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф, забон ва фарҳанг диққати махсус зоҳир менамояд, ки аз ҳадафҳои пайгирона ва дурбинонаи сарвари давлат шаҳодат медиҳад.
Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоию фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар рафти мизи мудаввар омӯзгори факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Мансурӣ Шодмон дар мавзуи “Такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забони давлатӣ дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ” ва сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Солеҳов Назриддин дар мавзуи “Заминаҳои устувори Истиқлол ва рушди забони давлатӣ” маъруза намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Сафаров Э. ва мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳои Кумита Абдуллоев Ш. суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкурро С. Раҳматуллозода ҷамъбаст намуда, бори дигар аз дастовардҳои даврони Истиқлол дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро дар пешравии кори забон бузург ва беҳамто арзёбӣ намуда, барои ҳама сарбаландию сарфарозӣ таманно кард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (6 овоз)

Номаи иттилоотӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Сентябр, 2022 - 13:55

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 46-и Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2020, №647, Нақшаи кории Кумита дар нимсолаи дуюми соли 2022 рӯзи 4-уми октябри соли 2022 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» баргузор менамояд.
Дар конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони соҳа ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:
*    рушди забони тоҷикӣ дар тамоми қишри ҷомеа;
*    вазъи таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар;
*    масоили таблиғоти иттилоотӣ, ВАО (матбуот) бо забони тоҷикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
*    таҳқиқи осори хаттии қадимаи тоҷикон дар пажуҳишгоҳҳои илмии кишвар ва хориҷ аз он;
*    нақши забони тоҷикӣ ва дастрасии мероси классикони адабиёти тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Интернет);
*    тарҷумаи осори адибони тоҷик дар  кишварҳои Осиёи Марказӣ;
*    робитаи забонию фарҳангӣ бо тоҷикони хориҷи кишвар;
*    вазъи корбурд ва таблиғи эълону реклама, навиштаҷот бо забони давлатӣ;
*    номгузорӣ ва интихоби ном – муаррификунандаи тамаддуну ҳастии миллат;
*    истилоҳ ва истилоҳшиносӣ дар замони муосир;
*    таҳқиқи шеваҳо ҳамчун омили сарчашмаи такмили  таркиби луғавии забони адабӣ;
*    масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ ва ҷанбаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии забон;
*    забон ва технологияҳои муосири иттилоотӣ.
Мақолаҳои иштирокдорони конференсия, ки ба талаботи пешниҳоднамуда мувофиқат мекунад, бо тавсияи ҳайати таҳририя  дар маҷмуаи илмии «Забон ва истилоҳот»-и Кумита нашр карда мешаванд.

Иштирокдорон метавонанд маводи худро то 28-уми сентябри соли 2022 ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 ё ин ки ба нишонии почтаи электронии (solehzodanazriddin1993@mail.ru) ё почтаи электронии Кумита (info@kumitaizabon.tj) ва факси Кумитаи мазкур (+992 227-78-29) ирсол намоянд.  
Қарори Комиссияи тадорукот оид ба ворид намудани маърузаҳо ба барномаи Конференсия рӯзи 1-уми октябри соли 2022 тавассути почтаи электронии даъватшавандагон эълон карда мешавад.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ.
Талабот ба таҳияи мақолаҳо:
Маърузаҳо дар шакли электронӣ ва хаттӣ дар ҳаҷми аз 7 то 10 саҳифаи чопи компиютерӣ андозаи А4 пазируфта мешаванд.
Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:
Маълумот дар бораи муаллиф/ муаллифон
- насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон;
- номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад –  шаҳр, давлат;
- почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).
Калидвожаҳо
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,)  ҷудо карда мешаванд.
Аннотатсия
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.
Ороиши матн
Ҳошияҳои саҳифа: 3 см - аз чап; 1 см - аз рост; 2 см - аз боло ва 2 см - аз поён.
Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14;
Фосилаи камтарини миёни сатрҳо - аз 1.5.
Сархат: 1.25.
Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни  саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]» ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.
Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office - Word 2003 ё Word 2007.
Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.
Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».
Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

Телефонҳо барои тамос: 227 59 28; (992) 918-67-82-75; (992) 552-72-09-90

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (10 овоз)

Категория:

Модули нави сомона «Тақвим»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Сентябр, 2022 - 12:55

Муҳтарам корбарон ва меҳмонони сомонаи Кумита!

Акнун шумо метавонед аз модули нави сомона «Тақвим» истифода баред. Ба воситаи модули «Тақвим» ёфтани мақолаи лозимӣ аз рӯи сана осон шудааст. Дар блоки «Тақвим» санаи маводдорро интихоб намоед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (6 овоз)

Категория:

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Август, 2022 - 11:22

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 59-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати ташкил намудани семинар ва курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми августи соли 2022, соати 14:00 бо иштироки васеи кормандон машғулияти идоравӣ баргузор намуд.
Машғулияти идоравиро тибқи тартиб муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда оғоз намуда, суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Раҳим дод. Номбурда вобаста ба риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» суханронӣ намуда, тарзи дурусти истифодаи калимаҳоро ба аҳли кормандон бо овардани мисолҳо фаҳмонид. Сипас дар идомаи машғулияти идоравӣ сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Шаҳноза суханронӣ намуда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забонро шарҳ дод.
Дар рафти машғулияти идоравӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила саволҳо вобаста ба тарзи дурусти калимаҳо ҳангоми коргузорӣ, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо ва ғайра пешниҳод гардид, ки кормандон ба ҳамаи саволҳо аз ҷониби мутахассисони Кумита бо овардани мисолҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Август, 2022 - 13:07

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 59-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати ташкил намудани семинар ва курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дар Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми августи соли 2022, соати 8:00 бо иштироки зиёда аз 120 нафар кормандон машғулияти идоравӣ баргузор намуд.
Машғулияти идоравиро тибқи тартиб муовини сардори раёсати кадрҳои Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмуъминзода Абдулманон ҳусни оғоз намуда, суханро ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Шаҳноза дод. Номбурда вобаста ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забон суханронӣ намуда, муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкурро ба аҳли кормандон шарҳ дод.
Дар рафти семинар аз ҷониби кормандони Агентӣ саволҳо вобаста ба тарзи дурусти калимаҳо ҳангоми коргузорӣ, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо, имлои номи муассисаю корхонаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо ва ғайра пешниҳод гардид, ки мутахассиси Кумита ба ҳамаи саволҳои кормандон бо овардани мисолҳо ҷавобҳои мушаххас дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Август, 2022 - 13:06

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 59-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати ташкил намудани семинар ва курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 16-уми августи соли 2022, соати 9:30 бо иштироки васеи кормандон машғулияти идоравӣ баргузор намуд.
Машғулияти идоравиро тибқи тартиб муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Олимов Сироҷиддин оғоз намуда, суханро ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Шаҳноза дод. Номбурда вобаста ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забон суханронӣ намуда, муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкурро ба аҳли кормандон шарҳ дод.
Дар рафти семинар аз ҷониби кормандони Раёсат саволҳо вобаста ба тарзи дурусти калимаҳо ҳангоми коргузорӣ, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо ва ғайра пешниҳод гардид, ки кормандон ба ҳамаи саволҳо аз ҷониби мутахассиси Кумита бо овардани мисолҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Баргузор намудани семинарҳои сайёр дар ноҳияҳои Панҷу Фархори вилояти Хатлон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Август, 2022 - 12:25

Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рафти амалишавии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Панҷу Фархори вилояти Хатлон ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди он аз 24-ум то 29-уми июли соли 2022 мавриди санҷиш қарор дод.
Инчунин, гурӯҳи кории Кумита дар ҳайати мудири бахши экспертизаи забоншиносӣ – Давлатшоева М. ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ – Буриева Ш. аз санҷиш натиҷагирӣ намуда, бобати муҳтавои банди 47-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» доир кардани семинарҳои сайёр оид ба тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва миёни ақаллиятҳои миллӣ ва банди 39-и Нақшаи чорабиниҳо бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24-уми феврали соли 2022 баён доштанд, семинари омӯзишӣ баргузор намуданд.
Дар рафти семинари мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатӣ ба кормандони муассисаҳои зикршуда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои фаъолияти минбаъда тавсияҳо дода шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (8 овоз)

Боздиди гурӯҳи кории Кумита аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба вазъи амалишавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти сиёсати давлатии забон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Август, 2022 - 16:36

Бо мақсади санҷиши амалкарди муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ҷиҳати иҷрои Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2022 аз 5-уми июли соли 2022, №2 тибқи фармоиши раиси Кумита аз 15 июли соли 2022, №76 гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло (роҳбари гурӯҳ) ва сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Сафаров Эраҷ Гулаҳмадович аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоби Вилоят, шуъбаҳои маориф, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои мазкур аз 17-уми то 26-уми июли соли 2022 ҳолати риояи муқаррароти санадҳои болозикрро дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида мавриди санҷиш қарор доданд.
Ҳангоми санҷиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба масъулон фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни мазкур ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуда, баъзе камбудиҳо саривақт бартараф карда шуданд.
Илова бар ин, гурӯҳи корӣ дар фарҷоми санҷиш бо иштироки доираи васеи кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомотҳои мазкур семинар-машварат баргузор намуд, ки дар он доир ба масъалаҳои риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар раванди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, муошират ва мукотибот, риояи номгузорӣ тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», инчунин, ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши забони давлатӣ байни занону духтарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бартараф намудани норасоию камбудиҳо дар самти ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузории мақомот, идора ва муассисаҳо ва ба меъёрҳои забони давлатӣ мутобиқ намудани навиштаҷоти шиору овезаҳо дар хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур маслиҳату машваратҳои судманд дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита ба масъулони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоби Вилоят маводҳои методии ёрирасон аз қабили китобҳои «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар умум 315 нусха китобҳои зикргардида ва дигар маводҳои зарурӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ ҳамчун туҳфа аз номи Кумита ройгон дастрас карда шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
-79955
Баҳои миёна: -79955 (6 овоз)

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Дар Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон барномаи «Ислоҳнигорӣ» пешниҳод мегардад

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Август, 2022 - 13:55

ДУШАНБЕ, 01.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» таҳия намудааст, ки дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон пешкаши сокинони мамлакат гардонида мешавад, иттилоъ дод Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Зикр шуд, ки тӯли шаш моҳ аст гурӯҳи корӣ Фарҳанги имлои забони тоҷикиро омода намуда истодааст ва барномаи мазкур дар заминаи он таҳия шудааст.

«Дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ мекунем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад, баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад»,-гуфт ӯ.

Ба зикри Раиси Кумита, барнома дар шакли аввал ҳудуди 72 ҳазор калимаро дар бар гирифта, марҳила ба марҳила калимаҳои он зиёд карда мешаванд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ инчунин зикр шуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба ҳолати 1 январи соли 2023 мавқуф гузошта шуд.

«Аз ин рӯ Кумита то ҷорӣ гардидани фармони мазкур дар ҳамкорӣ бо МД «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» забони матну ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавии 98 ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудааст»,- иброз дошт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Дар шаш моҳи соли 2022 аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот ягон ташкилоту муассиса ҷарима нагардида, танҳо ислоҳ ва мутобиқ карда шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
https://khovar.tj/2022/08/olim-on-mu-ammad-onzoda-dar-r-zi-zaboni-davlatii-to-ikiston-barnomai-islo-nigor-peshni-od-megardad/
АКС: АМИТ «Ховар»

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Август, 2022 - 10:00
Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

Китоб ёри беҳамто

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июл, 2022 - 14:54

Рӯзи 7-уми июли соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот ва маросими ҳадяи китобҳои нашрнамудаи Фарҳангистони забон ва адаби Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ баргузор гардид. Намояндагони Кумитаро Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҷиҳати амалишавии Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот, ки аз 10-уми сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, изҳори ақида намуда, тасмим гирифтанд, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти забон ва истилоҳот миёни ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки таъриху тамаддуни муштарак доранд, густариш диҳанд.
Ҳамзамон, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Муҳаммадтақӣ Собирӣ китобҳои ба тозагӣ интишоргардида ва тозанашри нашрияҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки Кумита расман дархост намуда буд, муаррифӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки Сафорат бо ҳамкории Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон 500 адад китобу фарҳангномаҳо ва дастурҳо, аз ҷумла, фарҳангномаҳои тахассусӣ, усул ва завобити вожагузинӣ, дастурҳо оид ба забоншиносӣ, забонҳои ва гӯйишҳои эронӣ, Фарҳанги вожаҳои мусавваб, ҳазорвожаҳои тахассусӣ, фарҳангномаҳои тафсирии форсӣ, решашинохтӣ, англисӣ ба форсӣ, узбекӣ ба форсӣ, донишномаҳо ва дигар китобу луғатномаҳоро ба Кумита ҳадя намуд, ки ин дар ҳамгунсозии вожаву истилоҳоти ду кишвари ҳамзабон таъсири мусбат мерасонад.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндагони Кумита ин иқдом ва ҳиммати Сафорат ва раванди ҳамкорӣ дар ин самтро дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи кишвари Эрон ва Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд, ки чунин ташаббуси нек аз дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои муштараки ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар бахши рушди забон ва истилоҳоти забонӣ буда, муносибату ҳамкориҳои минбаъдаро таҳким мебахшанд, ки ин ҳама тавассути як забони ваҳдатсаро амалӣ карда мешавад, то мо дар якҷоягӣ адабиёту фарҳанги муштараки хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонем.

Масъули навбатдори ВАО Р. Зулфониён

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)

Категория:

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Июл, 2022 - 16:33

Рӯзи 5-уми июли соли 2022, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита доир гардид, ки дар он ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 шунида шуда, Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита баъд аз шунидани гузориш роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2022-и Кумита ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита Назарзода С., Абдураҳмонова М. Раҳматуллозода С., ва Мансурӣ Ш. суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаро дар нимсолаи аввали соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуда, Нақшаи кории шашмоҳаи дуюми Кумитаро мувофиқи мақсад шумориданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (11 овоз)

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ҲАМЧУН ОМИЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Июн, 2022 - 13:10
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (11 овоз)

Категория:

Семинари сайёр дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрави вилояти Хатлон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Июн, 2022 - 10:52

Бо мақсади иҷрои банди 39-и Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо фаъолони вилояти Хатлон 24-уми феврали соли 2022 баён доштанд, гурӯҳи кории Кумита дар ҳайати раиси Кумита Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон, муовини раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Сафаров Эраҷ Гулаҳмадович ва мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо Абдуллоев Шариф Раҳматуллоевич дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрави вилояти Хатлон аз 10 то 17 июни соли 2022 семинарҳои сайёрро доир намуданд.
Дар семинарҳои мазкур кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, раёсати молия, нозироти андоз, шуъбаи маориф, идораи замин, идораи барқ, бахши кор бо занон ва оила, бахши фарҳанг, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон, дар маҷмуъ зиёда аз 500 нафар иштирок намуданд.
Дар рафти семинар моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ва аҳамияти “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Инчунин, дар рафти семинар ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши забони давлатӣ байни занону духтарони шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусравӣ вилояти Хатлон, бартараф намудани норасоию камбудиҳо дар самти ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузории мақомот, идора ва муассисаҳо ва ба меъёрҳои забони давлатӣ мутобиқ намудани навиштаҷоти шиору овезаҳо дар хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур маслиҳату машваратҳои судманд дода шуд.
Дар анҷоми семинарҳои сайёр дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрави вилояти Хатлон аз тарафи раиси Кумита ва муовини раиси Кумита ба масъулини шаҳру ноҳияҳои мазкур “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ва маводҳои зарурӣ дар шакли электронӣ ва хаттӣ тақдим карда шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Баргузор намудани семинарҳои сайёр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июн, 2022 - 22:47

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 47-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати доир кардани семинарҳои сайёр оид ба ташвиқу тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва миёни ақаллиятҳои миллӣ ва банди 39-и нақшаи чорабиниҳо бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24-уми феврали соли 2022 баён доштанд, нақшаи чорабиниҳои дохилӣ таҳия намуд.
Тибқи нақшаи мазкур гурӯҳи кории Кумита тасмим гирифтааст, ки аз 13-ум то 25-уми июни соли 2022 дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав, Дӯстии вилояти Хатлон бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои ҳудуди он семинарҳои сайёр баргузор намояд. Дар рафти семинарҳои сайёр аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забон ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июн, 2022 - 17:00

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғ ва омӯзиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми июни соли 2022, соати 15:00 бо иштироки муовинони сардори Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Ю.С. ва Холиқзода А.Ғ. ва аҳли кормандони Хадамот (ҳамагӣ 120 нафар) ҷиҳати омӯзиш ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа машғулияти идоравӣ баргузор намуд, ки дар он сардори шуъбаи танзими истилоҳот – Зулфониён Р. ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Буриева Ш. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Ю.С. машғулияти идоравиро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро барои ташриф оварданашон хайрамақдам намуд. Баъдан барои шарҳ додани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита – Зулфониён Р. дод.
Зулфониён Р. дар идомаи суханрониаш вобаста ба истифодаи садонокҳо ва ҳамсадоҳо, тарзи навишти калимаҳо, ки бештар дар шакли ғалати «мавзӯъ, мӯҳлат, оиди, нисбати, хатоӣ, иҷроиш ва ғайра» корбурд мешаванд, маълумот дода, риояи онро дар шакли дуруст ҳангоми коргузорӣ ҳатмӣ шуморид.
Сипас, суханронии сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Буриева Ш. идомабахши чорабинии мазкур гардида, ҷиҳати амалишавии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», банди 48-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ андешаронӣ намуд.
Дар анҷоми машғулияти идоравӣ аз ҷониби иштирокдорон саволҳо пешниҳод шуданд, ки мутахассисони Кумита ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

Семинари омӯзишӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Июн, 2022 - 11:52

Дар асоси мактуби Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аз 31.05.2022, №151 роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи номбурда рӯзи 03.06.2022 семинари омӯзишии “Сиёсати давлатии забон ва масъалаҳои марбут ба он” ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”-ро баргузор намуд.
Дар кори семинар роҳбарият ва беш аз 40 нафар кормандони муассисаи болозикр иштирок карданд. Дар назди ҳозирин раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Муҳаммадҷонзода О. О. ва муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. Р. роҷеъ ба сиёсати давлатии забон ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268) суханронӣ намуданд.
Баъд аз маърузаҳо аз тарафи кормандони муассисаи мазкур саволҳои зиёде дода шуд, ки ба онҳо маърузаҷиён ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар анҷоми кори семинар аз ҷониби Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор О.Муҳаммадҷонзода ба директори муассисаи мазкур китобҳои тозанашри Кумитаро оид ба номгузорӣ, номи ашхос ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” тақдим гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Категория:

Мизи мудаввар оид ба муҳтавои филми «Шикасти фитна»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Июн, 2022 - 17:53

1-уми июни соли 2022, соати 14:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар вобаста ба муҳтавои филми «Шикасти фитна» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро оид ба мазмуну муҳтавои филми «Шикасти фитна» маълумот дода, аз ҷумла баён намуд, ки филми мазкур тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуд ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳӣ доранд.
Гарчанде ҳамагон аз таърихи хиёнаткориҳои ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом огоҳ ҳастанд, бо тамошои филми мазкур бори дигар нафрати ҳар як фарди бонангу баномус нисбат ба ин ташкилоти тундгарою ифротӣ зиёд мегардад. Дарвоқеъ, аз оғози филм мушоҳида мегардад, ки таҳиягарони он нахуст мардуми шарифи кишварро ба шукргузориву расидан ба қадри тинҷиву осудагӣ ва истиқлоли миллӣ даъват мекунанд, ки амри саривақтӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.
Бояд ҳар як насли солиму бофарҳанги ҷомеа, хусусан, ҷавонон фирефтаи доми хоинони ватанбезор ва хоҷагони хориҷӣ нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, худ ва дигаронро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, бомаърифативу бомаданиятӣ тарбия намуда, мунтазам барои созандагиву бунёдкорӣ ва осудагии миллат кӯшиш намоянд.
Дар баробари ин, ҷавононро мебояд кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ намуда, ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам пайравӣ намоянд ва барои боз ҳам ободу зебо ва ҳифз намудани кишвари азизамон пайваста талош намоянд.
Баъдан, муовини раиси Кумита, сардори шуъбаи танзими истилоҳот ва мудири бахши экспертизаи забоншиносӣ фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба филми мазкур баён намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои марбут ба филми мазкур баррасӣ шуданд.
Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, кормандонро барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла сулҳу салоҳ, тинҷиву оромӣ ва Истиқлоли миллӣ даъват намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 2.7 (3 овоз)

Категория:

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Май, 2022 - 08:00

Ҷавонони азиз!

Бисту сеюми майи ҳар сол дар кишвари мо Рӯзи ҷавонон ҳамчун яке аз санаҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо – ҷавонони ватандӯсту хештаншиноси замони истиқлолро самимона табрик гуфта, бароятон комёбиву сарбаландӣ ва ба Ватани маҳбубамон, ки кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон аст, сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Зеро нақши онҳо дар рушди соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар басо назаррасу арзишманд мебошад.

Тавре ки борҳо гуфтаам, дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар менамоянд.

Ба ҳамин хотир, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи давлат ва насли ояндасоз аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда истодааст.

Таърихи даврони соҳибистиқлолӣ возеҳ нишон медиҳад, ки ин нерӯи созанда сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд ва дар раванди татбиқи он саҳми арзанда мегузорад, яъне дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дорад.

Ҷавонони мо ҳамчун ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ мебошанд.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир мебошанд, талаботи асри навинро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навтаринро аз худ менамоянд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд ва саъю талош доранд, ки ба ин васила дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд.

Ҳамчунин, ҷавонони кишвар ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангиву тамаддунии бегона манфиату арзишҳои миллиро ҳимоя мекунанд ва дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳои бар зидди давлату миллати худ равонашуда омода мебошанд.

Ҷавонони далеру ғаюри мо имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва рисолати миллии хешро содиқона иҷро мекунанд ва ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллии тоҷикон дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузург доранд.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.

Аз ҷумла тавассути барномаҳои давлатӣ маблағгузорӣ кардани фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи он, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, ҷавонгардонии сиёсати кадрӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳанг, сохта ва ба истифода супоридани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, сохтмони ҳазорҳо муассисаи таълимӣ – мактабу донишгоҳҳо, инчунин, китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, иншооти варзиши ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ба ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ барои ҷавонон ва тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам таҳким бахшидани мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ талош хоҳад кард.

Яъне бо афзоиш ёфтани имкониятҳои иқтисодии кишвар мо минбаъд низ раванди дастгирии ҷавононро идома медиҳем ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои кору зиндагии онҳо мунтазам чораҷӯӣ мекунем.

Дар баробари ин, ҳоло дар назди ҷомеаи мо, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аз ҷавонони мо пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, дониши амиқ, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро тақозо намуда, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд.

Инчунин, ҷавонони мо бояд ба масъалаҳои омӯхтани таърихи пурғановати миллати тоҷик, осори гаронбаҳои гузаштагони халқамон, пос доштани забони давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд ва дар ин самтҳо ташаббускор бошанд.

Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед.

Бовар дорам, ки шумо – ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ дар ҷодаи ободонии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон содиқона хизмат мекунед.

Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, хушбахтӣ ва дар саъю талошатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонон муборак, созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Манбаъ: http://president.tj/node/28351

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Май, 2022 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, тандурустӣ, иқболи нек, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот ва осоишу ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон, дар баробари адои фаризаҳои динӣ, ба хотири ободии Ватан ва осудагии рӯзгори ҳар як хонадони мамлакат софдилона заҳмат кашиданд ва суннатҳои неки миллиамон – дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва беморону шахсони бесаробонро вусъат бахшиданд.

Воқеан, ҳикмат ва фазилати моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр тарбияи инсони солеҳу хайрхоҳ ва ғамхору савобҷӯй мебошад.

Имсол мо иди суннатии мардуми мусулмон – иди саиди Фитрро дар даврае истиқбол мегирем, ки дунёи муосир дар шароити бисёр буҳрониву муташанниҷ ва ҷомеаи башарӣ дар яке аз вазнинтарин солҳои таърихи худ қарор дорад.

Ҳоло бар асари мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, ки аз талошу кӯшишҳои аз нав тақсим кардани ҷаҳон сарчашма мегиранд, вазъи сайёра ба андозаи бесобиқа мураккаб гардидааст.

Чунин вазъи нобасомон боиси буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ гардида, зиндагии сокинони бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахту сангин гардонида истодааст.

Бар замми ин, мушкилоти глобалӣ – тағйирёбии иқлими сайёра ва оқибатҳои он – камобӣ, хушксолӣ ва офатҳои табиӣ, инчунин, идома пайдо кардани пандемияи КОВИД – 19 боиси камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи ҳама гуна молу маҳсулот ва хизматрасониҳо гардидааст.

Дар чунин шароит мо бояд шукронаи истиқлолу озодии Ватанамонро ба ҷо оварем, ба қадри неъмати бузурги бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастовардаамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Барои пешгирӣ кардани таъсири манфии вазъияти баамаломада ва омилҳои зикршуда ба зиндагиву рӯзгори халқамон ва таъмин намудани рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллиамон мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар бештар заҳмат кашем, истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои фаровони табиии кишварамон – замин ва обро таъмин кунем ва ҳарчи зиёдтар маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намоем.

Ҳамчунин, мо бояд манфиатҳои милливу давлатии худро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, тамоми саъю кӯшиши хешро барои ободии Тоҷикистони биҳиштосоямон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон равона кунем.

Дини мубини ислом, ки саршор аз аҳкому андешаҳои панду ахлоқист, ҳар як мусулмонро ба анҷом додани амалҳои неку савоб ҳидоят менамояд.

Шукргузорӣ аз неъмати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботу амният низ, махсусан, дар шароити мураккабу хатарзои имрӯза аз ҷумлаи амалҳои неку писандида мебошад.

Худованди мутаол дар сураи «Иброҳим» ояти ҳафти Қуръони маҷид мефармояд: «Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби ман сахт аст».

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки шукр кардан, танҳо бо забон намешавад, балки бо рафтору амали оқилона, саъю талоши ватандӯстона ва бо андешаву ташаббуси созанда, эҷодкорона ва ободгаронаи ҳар яки мо собит мегардад.

Ба ин маънӣ дар як ҳадиси Пайғамбари ислом низ омадааст, ки дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст.

Бинобар ин, ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси ҷомеа, ки фардои Ватан, давлат ва миллат барояш азиз аст, аз ҷумла аҳли маориф, зиёиён, фаъолон, падару модарон, хизматчиёни давлатӣ, инчунин, ходимони динро зарур аст, ки наврасону ҷавонони кишвар, яъне насли ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки истиқлолу озодӣ ва гиромӣ доштани таърих, забон ва фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд, тарбия намоянд.

Бори дигар таъкид мекунам, ки ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат тарбия кардан ва ба камол расонидани насли соҳибмаърифат, содиқ ба Ватан, миллат ва давлати худ, босаводу донишманд, созандаву эҷодкор ва инсонпарвару заҳматдӯст мебошад.

Зеро дар оянда танҳо шахсони босаводу таҳсилкарда, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбият ва ихтироъкору навовар метавонанд кишварро соҳибӣ карда, Ватанро обод ва давлатро пешрафта гардонанд.

Хотирнишон менамоям, ки дар шароити пурҳаводису пурмоҷарои ҷаҳони муосир аҳли ҷомеаи мо ва махсусан ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба ҳар гуна андешаву ақидаҳои носолиму ифротӣ дода нашаванд, бо ҳисси баланди миллӣ ва садоқат ба Ватан барои ҳифзи арзишҳои миллӣ саъю талош намоянд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки дар оянда Ватанамонро ба ҷуз онҳо, яъне фарзандони замони истиқлол каси дигар обод намекунад.

Ҳамчунин, мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар пояи одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва пеш аз ҳама, иззату икроми падару модар ва калонсолон ба воя расонем.

Ҳамватанони азиз!

Дар арафа ва рӯзи иди саиди Фитр анҷом додани амалҳои хайру савоб, аз қабили дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки дар ҷомеаи мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Тибқи таълимоти ислом додани садақа бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад.

Дар ояти 60 сураи «Тавба»-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон бо ин, як масъаларо хотиррасон менамоям, ки мо бояд дар ин рӯзи муборак бо дарназардошти душвориву мушкилоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои дастгирии ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш намоем.

Ҳамватанони азизи мо дар соли ниҳоят душвору вазнини таърихи башар, ки таъмини аҳолии бисёр кишварҳои олам бо маводи ғизоӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.

Дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба якдигар меҳрубону ғамхор бошем, Ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонем ва барои зиндагии шоистаи халқамон шароити мусоид фароҳам оварем.

Бовар дорам, ки ҳамватанони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани иқдомоту ташаббусҳои созандаву ободгарона фаъолона ширкат менамоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини мамлакат саломатӣ, ризқу рӯзии фаровон ва хонаи обод орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Менбаъ: http://president.tj/node/28288

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА 30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Март, 2022 - 14:00

Бо хиради азалии мардуми тоҷик ва сиёсати боровари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, бахусус талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони мамлакат соли 2021 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври шоиста ва бо дастовардҳои беназир ҷашн гирифтанд.

Мавриди зикри хос аст, ки халқи ватандӯсти тоҷик барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромадҳои худ беш аз 25 ҳазор иншооти гуногуни таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоиро бунёд карданд. Дар ифтитоҳи аксари ин иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Соли 2021 бо шарофати сиёсати неку бобарори Ҳукумати мамлакат, бо талошҳои созандаи мардум, новобаста аз вазъи мураккаби пандемияи КОВИД-19 ва таъсири дигар омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, рушди босуботи иқтисодии кишвар нигоҳ дошта шуд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2022 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд.

Соли 2021 ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 29,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷет 13 млрд. 722 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар кишвар соли 2021 309 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз афзоиш ёфт. Дар натиҷаи ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда ба маблағи 16,6 млрд сомонӣ лоиҳаҳо дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2020 - 853 млн. кВт. соат ё 4,3 фоиз зиёд гардид.

Соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 39,7 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2020 ба 106,6 фоиз баробар гардид.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба кишвар 1,6 баробар зиёд сармояи хориҷӣ ворид шуд. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 14,7 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020 - 23,3 фоиз зиёд аст. Дар натиҷаи тадбирҳои бобарори Ҳукумати мамлакат 78 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 42 млрд. сомонӣ амалӣ гардид. Дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 9,5 млрд. сомонӣ мавриди амал қарор гирифта, аллакай аз аввали татбиқи лоиҳаҳои мазкур 4,8 млрд. сомонӣ (427 млн. доллар) аз худ гардид. Дар ҷумҳурӣ бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорӣ, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар 50 санаду созишномаи нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии 7,2 млрд сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба имзо расонида шуд.

Соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши савдо 40 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 - 13 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2021 ба 15 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020 - 7,9 фоиз зиёд мебошад.

Новобаста ба вазъияти мураккаб бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавирус соли 2021 тамоюли рушди гардиши савдои хориҷӣ таъмин карда шуд. Дар соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2020 - 39,5 фоиз афзоиш ёфт.

Дар соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маориф беш аз 5,6 млрд. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 дар маҷмӯъ 592 млн. сомонӣ ё 12 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа беш аз 238 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 2,3 млрд. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 - 27,6 фоиз зиёд мебошад.

Маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ афзоиш ёфта, соли 2021 ба ин самт 172 млн. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2020-23,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар асоси механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна беш аз 238 ҳазор шаҳрванд ва оилаҳои камбизоат фаро гирифта шуда, ба онҳо дар ҳаҷми зиёда аз 110 млн сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шуд.

Дар соли 2021 чун солҳои пешин Ҳукумати кишвар ва шаҳрвандони мамлакат барои татбиқи амалии чор самти стратегӣ, ки ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ равона шудаанд, ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.

Дар самти амалисозии ҳадафҳои созанда ҷиҳати расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябр дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” оғоз бахшиданд. Шиддати зеристгоҳи барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” 110 кВ буда, дар ҳар кадоми он ду трансформатор бо тавоноии 25 ҳазор кВт насб гардидааст. Татбиқи лоиҳа аз моҳи декабри соли 2019 то моҳи декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст, ки он тавоноии “Помир Энерҷӣ”-ро баланд мебардорад.

Зеристгоҳҳои нав имкон медиҳанд, талафоти неруи барқ ​​дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 МВт барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ​​ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва инчунин минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон таъмин карда шавад.

Ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар соли 2021 як қатор лоиҳаҳои бунёди роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ татбиқ гардид. Аз ҷумла, 27 сентябр дар маркази ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи “Кӯлоб - Хоруғ - Қулма - Чин”-ро аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвоз бо дарозии 26 километр мавриди истифода қарор дода, ба бунёду навсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшиданд. Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр кутоҳ мегардад ва дар маҷмӯъ 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа наздики 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 32 километр қитъаи роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин”, дар ноҳияи Хуросон марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии “Душанбе - Бохтар” бо дарозии беш аз 75 километр, дар ноҳияи Муъминобод 41 километр роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии “Кӯлоб-Муъминобод”, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Хамадонӣ 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро ифтитоҳ карда, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба корҳои бунёду навсозии роҳи мошингарди “Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом” бо дарозии 50,5 км ва дар ноҳияи Нуробод ба бунёди марҳилаҳои 1, 2 ва 3-и роҳи мошингарди “Роғун - Обигарм - Нуробод” оғоз бахшиданд.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки Сарвари давлат даҳҳо адад корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бо садҳо ҷои корӣ ифтитоҳ гардиданд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон ва хати нави технологии коркарди пиёз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд - Агро”, Коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл” бо 70 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли ғаллаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест” бо 200 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли равғани растании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест” бо 100 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷофар” бо 25 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” бо 300 ҷойи корӣ, дар вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар шифер”, Корхонаи истеҳсоли ҷӯроби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул”, Корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов”, Корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир семент” бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент ва 120 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ” бо 30 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мирзо Раҷаб” бо 26 ҷойи корӣ, Коргоҳи истеҳсолӣ ва хизматрасонии Фархор бо 150 ҷойи корӣ, Корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофии деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо 150 ҷойи корӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” бо 500 ҷойи корӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Таҷ-эт” (Taj-et) бо 24 ҷойи корӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меваҳои Бадахшон” бо 20 ҷойи корӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Карон пластр”- бо 30 ҷойи кори доимӣ, дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориё - Медикал” бо 200 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли профили алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Алюмин Проф” бо 60 ҷойи корӣ, Корхонаи истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эскимо Мастер” бо 220 ҷойи корӣ ва Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.”-ро бо 150 ҷойи кории доимӣ мавриди истифода қарор доданд. Бояд гуфт, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи ин корхонаҳо ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, ивазкунандаи воридот мебошанд.

Барои амалисозии ҳадафи дигари стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои куҳна барқарор ва боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ бо садҳо ҷойи корӣ бунёд гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зимни сафарҳои корӣ як қатор коргоҳҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва дигар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро ифтитоҳ карданд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон Комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” барои парвариши 3500 сар чорвои калон бо 300 ҷойи корӣ, Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” бо 160 ҷойи корӣ, Корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг” бо 150 ҷойи корӣ, Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” бо 25 ҷойи корӣ, дар вилояти Суғд Фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи Шаҳристон” бо 25 ҷойи корӣ, Корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” бо 30 ҷойи корӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парандапарвар-2017” бо 40 ҷойи корӣ, Корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” бо 25 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Нуробод Корхонаи парандапарварии “Мурғи Нуробод” барои парвариши 30 ҳазор сар мурғ бо 20 ҷойи корӣ ва дар шаҳри Душанбе забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” бо 100 ҷойи корӣ.

Соли 2021 аз он лиҳоз барои мардуми тоҷик таърихӣ ва фаромушнопазир аст, ки бо сиёсати созандаву сулҳовари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои арзандаи халқ мавқеи Тоҷикистон дар арсаи олам устувор боқӣ монда, кишвари мо ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ бо симои барҷаста муаррифӣ гардид.

Мардуми тоҷик чун солҳои пешини даврони соҳибистиқлолӣ соли 2021 низ ҳамаи ҷашнҳои умумимиллӣ, аз қабили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, идҳои Сада, Меҳргон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Модар, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихиро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд.

Тантанаҳои асосии ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолият дар саросари кишвар аз тарафи сокинон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо руҳияи болида баргузор карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили ҷашни умумимиллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Рашт, Хоруғ ва Хуҷанд иштирок карда, сокинони ватандӯсти мамлакатро бо санаи таърихӣ табрику таҳният гуфтанд. Дар ин чорабиниҳо аҳли ҳунари кишвар бо барномаҳои рангини консертӣ дастовардҳои 30-соли соҳибистиқлолии мамлакатро таҷассум намуданд.

Соли 2021 таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, чор самти асосию стратегии интихобкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои муҳиму назаррас ба амал омад.

26 январ ва 21 декабри соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба бо Паёми худ дар назди аъзои Ҳукумати кишвар, вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

26 январ зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм - фурӯғи маърифат” гузаронида шавад. Ҳадафи Роҳбари давлат аз баргузор кардани озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.

Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Бинобар ин Президенти мамлакат зимни ироаи Паём бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2021 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, нафақаи кӯдакони маъюби то 18-сола ба андозаи 20 фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод карданд, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.

Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамчунин аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирон, ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шуд. Ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони мамлакатро бо Паёмҳои шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар, Рӯзи ҷавонон, ҷашни байналмилалии Наврӯз, Сада, Меҳргон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми шодбошӣ занону бонувони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат Модарро ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон номиданд, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд. Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа тамоми талошҳову тадбирҳои шоистаро то имрӯз амалӣ кардааст.

Ҳар сол дар рӯзи 8 март табрик намудани ҷашни баҳорӣ ба модарону хоҳарон нишонаи олии қадршиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷавонон дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи махсус доранд. Ҳамасола бо иқдоми неки Сарвари давлат Рӯзи ҷавонон дар ҷумҳурӣ бо баргузории чорабиниҳои ватандӯстӣ таҷлил мегардад. Ҳамеша чун анъана дар ин рӯз Президенти мамлакат бо намояндагони фаъоли ҷавонони кишвар мулоқоти созандаю судманд анҷом дода, онҳоро бо идашон таҳният мегӯянд. 21 май дар Кохи Борбад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон шодбош гуфтанд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва иштирок дар тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 17 сафари корӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, 5 маротиба - моҳҳои феврал, апрел, июн, июл, октябр ба вилояти Суғд, 7 сафар - моҳҳои март, июн, июл, август, сентябр, октябр ба вилояти Хатлон, 1 сафари корӣ - моҳи сентябр ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 2 маротиба - моҳҳои июн ва сентябр ба минтақаи Рашт ва бо сафарҳои корӣ ба шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор моҳҳои август ва декабр рафтанд.

Бо ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 барои рушду пешрафти пойтахти мамлакат дар шаҳри Душанбе дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тадбирҳои созандагӣ вусъат бахшида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун иштирок карданд.

Бо хиради волои инсондӯстӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли 2021 зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон ва дигар нафарон аз оилаҳои камбизоат вохӯрда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонданд.

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Соли 2021 бо шарофати сиёсати бобарори хориҷии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.

Пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об, иқлим, амният, дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор кардани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, меҳмоннавозии тоҷикона ва сиёсати “дарҳои кушода”-и Ҳукумати мамлакат боис гардид, ки оламиён Тоҷикистон ва тоҷиконро ҳамчун халқи сулҳпарвар, бо таърихи бою қадима, башардӯст ва бунёдкор шиносанд. Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, мушаххас намудани “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст.

Соли 2021 дар баробари номбандии муштараки “Роҳи Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум” 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин” ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 пазируфта шуд. Аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо - “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Яъне “Фалак” мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Ин тадбир эътирофи шоистаи давлату миллати тоҷик дар арсаи олам аст.

Моҳи октябри соли 2021 аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид. Дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ шуд.

Соли 2021 Тоҷикистон дар доираи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуи Афғонистон ва вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро баргузор кард. Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба солгарди 20-уми таъсисёбии ин Созмони бонуфуз рост омад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд ба таври маҷозӣ ва бевосита иштирок ва суханронӣ карданд, аз ҷумла дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, чорабинии сатҳи баланди “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”, иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва ғайра.

Давоми соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷиҳати иштирок дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ба шаҳри Ашхободи Туркманистон ва бо мақсади иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд.

Ҷиҳати рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷ соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, бо сафари давлатӣ ба Туркманистон ва сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд. Дар доираи ин сафарҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми кишварҳо ва роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи олам мулоқотҳои судманд анҷом дода, аз минбари баланди созмонҳои ҷаҳонӣ бо пешниҳодҳои созанда баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ суханронӣ карданд.

Ҳамчунин давоми соли 2021 сарони як қатор давлатҳо бо сафарҳои ҷавобии давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ бо сафарҳои расмӣ ба Тоҷикистон омаданд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо дар доираи сафарҳои давлатӣ ва расмии Сарвари давлат дар кишварҳои хориҷ ва ташрифи сарони давлатҳо ба Тоҷикистон 75 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои гуногун танзим менамоянд.

Давоми соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи чорабиниҳо ва дар доираи сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ бо роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷ вохӯрию суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл, роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД, роҳбарони ҳайатҳо-иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ва бо роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири кишварии (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок, Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линде, намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде, Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг, Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акар, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэ, Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас, Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғоним, вохӯрданд.

Дар хориҷи кишвар зимни сафарҳои давлатию расмӣ ва корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ, Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп, Президенти Фаронса Эманнуэл Макрон, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел, Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё, Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ва дигарон мулоқоту суҳбатҳои созандаю судманд анҷом доданд.

Соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ бо ҳамтоёни худ - сарони як қатор давлатҳои хориҷ суҳбатҳои телефонӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ.

Давоми соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ду маротиба - 18 феврал ва 3 ноябр аз 16 сафири нави кишварҳои хориҷӣ эътимодномаҳо қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар, Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран, Давлати Фаластин Луай Исса, Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна, Маҷористон Михай Матяш Галошфай ва Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович, Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров, Ҷумҳурии Туркия Эмре Зеки Карагёл, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ал - Решайдан, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, Конфедератсияи Швейтсария Дэвид Грихтинг, Ҷумҳурии Чехия Ватслав Йелик, Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Грук, Ҷумҳурии Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Заҳангир Алам эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

3 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ - пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.

4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат оид ба буҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи бемории нави сироятии КОВИД-19 ба амаломада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши неруи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард.

18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд - “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба таври маҷозӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси қатъномаи аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшудаи Маҷмаи Умумии СММ аз 18 марти соли 2018 таҳти унвони “Бознигарии миёнамуҳлати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” доир шуд.

30 март дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият ва мақоми “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”-ро аз замони ташкилёбиаш дар соли 2011 то ба имрӯз муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

26 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чорабиниро бо дарназардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири пандемияи КОВИД-19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Паради низомӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Москва сафар карданд.

Дар рафти мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз 2 то 3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвари мизбон муҳтарам Имрон Хон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо, инчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва дигар самтҳои робитаҳои барои ҳар ду давлат судманд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Таъкид гардид, ки бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла вобаста ба пандемияи КОВИД-19 рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, саноат ва ҷалби сармоя, бояд яке аз самтҳои асосии талошҳои муштараки ҷонибҳо бошад.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери “Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “5-умин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бештар ба масъалаи вазъи имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои нав, тағйирёбии иқлим ва зуҳуроти табиии гидрометеорологӣ, сел, обхезӣ, тармафароӣ, хушксолӣ ва таъсисри онҳо ба иқтисоди кишварҳо, бахсусус Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

3 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон сафар карданд.

4 август сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони “Истиқлол”-шаҳри Ашқобод оғоз ёфт. Масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Туркманистон идома ёфт.

Таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият миёни Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст ва дар асоси ин дастовардҳо ҳамкории давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои кунунии ҳамкории ду кишвар, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид. Оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши зироаткорӣ ва чорводорӣ, бо истифодаи имконоту иқтидори мавҷуда табодули афкор карда шуд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон имзо гузоштанд. Сипас, 19 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи короновирус ҷалб карданд. Ёдовар мешавем, ки раисиро дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 Тоҷикистон ба уҳда дорад ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал мебошанд. Аз рӯи натиҷаи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ - “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.

23 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзои СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки табодули афкор дар бораи вазъият дар Афғонистон 16 сентябр дар Душанбе дар нишасти қарибулвуқӯи СААД идома ёбад.

16 сентябр дар Қасри миллат Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба кори худ оғоз кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласа, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро самимона истиқбол гирифтанд.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ тайи давраи раёсати Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавзуъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Баъди баррасии масъалаҳо аз рӯи натиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дар маҷмӯъ 14 санад ба имзо расид.

17 сентябр шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоишҳои навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмонҳо тайи солҳои фаъолияти муассир ба ниҳодҳои соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.

Чорабинии навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай бо истиқболи меҳмонони воломақом аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз оғоз ёфт.

Дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд. Ин ҷаласа дар толори бузурги сафед бо номи Зарандуд, ҷараён гирифт.

Дар интиҳои ҳамоиш бастаи калони санадҳо дар маҷмӯъ иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.

Пас аз анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳамин ҷо нахустин маротиба дар таърихи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай гимни Созмон, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, садо дод.

17 сентябр баъди анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар толори Зарандуди Кохи Наврӯз дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуи Афғонистон баргузор гардид.

Рӯзҳои 10 то 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ дар Подшоҳии Белгия қарор доштанд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 октябр оғоз гардид. Зимни ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия, бо Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп масъалаҳои густариши ҳамкории неки дуҷонибаи судманд бо Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба бо доираи Иттиҳоди Аврупо, бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз 12 то 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса қарор доштанд. 13 октябр маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни ҳавлии Маҷмааи Артиши миллӣ ташриф оварданд. Барои баргузории ин чорабинӣ макони он идона ороста шуда, парчамҳои ҳар ду давлат овезон гардид ва Горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва Генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Париж Лоран Пронса истиқбол гирифтанд. Сурудҳои милии ҳар ду давлат садо дода, сипас, горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамзании мутантан гузашт. Баъди анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт. Бо ҳамин маросими истиқболи расмӣ дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса ба анҷом расид.

13 октябр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид. Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номиданд. Имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти логистикӣ, телекоммуникатсонию электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм низ муҳокима карда шуданд.

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо нигораҳои нодир шинос шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эманнуэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш гардид.

14 октябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ин чорабинӣ, ки ба 75-умин солгарди таъсисёбии ЮНЕСКО рост омад, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва шумораи зиёди намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз амалӣ намудани лоиҳаҳое, ки дар рушди маорифу илм, ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии кишвар барои наслҳои оянда саҳми назаррас доранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле барномаи ҳунарии устодони санъати Тоҷикистон ва ҷавонони соҳибистеъдод дар доираи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО баргузор шуд. Барномаи мазкур аз ҷониби намояндагони сершумори кишварҳои олам бо хушнудии комил пазируфта шуд.

28 ноябр дар шаҳри Ашхободи Туркманистон 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид. Зимни суханронӣ Сарвари давлат оид ба буҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи ҳамагирии КОВИД-19 баамаломада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши неруи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард. Аз рӯи натиҷаи кори 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ “Консенсуси Ашхободӣ оид ба амалҳо” қабул гардид.

Дар охир месазад бори дигар руйдодҳои муҳими кишвари соҳибистиқлолро дар соли 2021 ёдовар шавем. Инҳо бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили сазовори ҷашни умумимилии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавзуи Афғонистон, вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Бояд гуфт, ки Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба солгарди 20-уми таъсисёбии ин Созмони бонуфуз рост омад.

Соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, онҳоро барои амалисозии нақшаҳои созанда ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.

Умед аст, ки мардуми шукргузори мамлакат дар соли 2022 низ чун солҳои пешин барои сарсабзу хуррам гардондани сарзамини аҷдодӣ беш аз ҳарвақта ҷаҳду талоши созанда менамоянд.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА
Котиби матбуоти Президенти Тоҷикистон
Доктори илми таърих, профессор

Самариддини АЙНИДДИН
Муовини Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Март, 2022 - 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният мегӯям.

Сидқан орзумандам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ оварад.

Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.

Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем.

Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.

Вобаста ба ин, хотиррасон месозам, ки арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор барои ташаккули маънавиёти наслҳои имрӯзу оянда нақши калидӣ дорад.

Аз нав зинда гардонидани расму ойинҳо, суннату анъанаҳо ва либосҳои миллӣ, маросиму ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва барқарорсозии номҳои ҷуғрофию таърихии сарзамини куҳанбунёдамон ба тақвияти ҳофизаи таърихиву ҳисси миллии мардуми кишвар ва махсусан, наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Боиси қаноатмандии зиёд аст, ки дар баробари эҳё намудани суннатҳои наврӯзӣ мардуми заҳматпешаву созандаи мо тибқи анъанаи нек гулгашту боғҳои нав бунёд мекунанд.

Дарвоқеъ, ниҳолшинонӣ ва гулгардониву гулшинонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин падидаҳои зебоипарастии фарҳанги Наврӯз аст, ки намунаи он дар симои пойтахти кишвари азизамон равшан намудор мебошад.

Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст ва онро, аз ҳама бештар, деҳқонон интизорӣ мекашанд.

Мардуми мо дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ба кишту кори баҳорӣ машғул мешаванд, бо нияти нек ба замин донаи ризқу рӯзӣ мекоранд, ниҳол мешинонанд ва дигар корҳои баҳориро оғоз мекунанд.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат дар вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ ифода меёбад.

Аз ин рӯ, мардуми мо чун анъана ба пешвози Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунанд, зеро файзу баракат дар ҷоест, ки покизагиву ободӣ бошад.

Фазилати дигари Наврӯз ин аст, ки одамон ба истиқболи он бо хушҳолии зиёд омодагӣ мебинанд, кинаву адоватро фаромӯш мекунанд, рӯзи нав ва ҷашни сари солро бо умеди он, ки сол пурфайзу бобаракат ояд, бо дилу нияти пок ва сару либоси тозаву озода пешвоз мегиранд.

Мо – тоҷикон соҳиби адабиёту фарҳанги ғаниву қадима буда, аксари ташаббусҳои байналмилалие, ки дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбарӣ карда мешаванд, маҳз аз ҳамин фарҳангу маънавиёти деринаи халқамон сарчашма мегиранд.

Басо рамзист, ки 22 марти соли 2018 дар айёми наврӯзӣ ва дар «Рӯзи ҷаҳонии об» татбиқи ташаббуси нави Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 оғоз гардид.

Яъне ҳоло ибтикори чоруми кишвари мо дар миқёси сайёра амалӣ шуда истодааст, ки албатта, мояи сарфарозиву ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи об бесабаб нестанд, зеро об дар тамаддун ва фарҳанги мардуми ориёинажоди мо асрҳои аср мақоми бисёр баланду арзишманд дошта, халқи тоҷик аз замонҳои қадим чун мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин, кишоварзу ободгар ва соҳиби марказҳои бостониву эътирофгардидаи маданияти заминдорӣ шинохта шудааст.

Умед дорем, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми куҳанбунёду тамаддунсоз ва заҳматдӯсти тоҷик дар роҳи талошҳои созандаву бунёдкорона ва ободонии кишвари соҳибистиқлоламон фатҳу кушоишҳои нав меоварад.

Мо Наврӯзи имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари мамлакат кору пайкори созандагӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон идома дорад.

Мардуми сарбаланди мо хуб медонанд, ки истиқлоли воқеиро танҳо бо заҳмати созанда, тафаккури пешрафта, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон пуштибонӣ кард ва таҳкиму тақвият бахшид.

Ин рисолати таърихӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ дар шароити ниҳоят ҳассос ва авзои мураккаби сиёсиву низомии ҷаҳони имрӯза бар дӯши мову шумо, яъне ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа вазифаҳои басо душвор, пурмасъулият ва тақдирсоз мегузорад.

Дар шароити бавуҷудомадаи кунунӣ мо бояд барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватани муқаддасамон ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон омода бошем.

Дар пешорӯйи давлати соҳибистиқлоли мо барои солҳои наздиктарин ҳадафҳои бузурги стратегӣ ва сарнавиштсоз қарор доранд, ки мо бояд ҳамеша дар андешаи татбиқи амалии онҳо бошем.

Ҳамватанони азиз!

Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳи якдигар, навозиши ятимону маъюбон, аёдати падару модарон, беморону калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманди мо ин анъанаи неки ниёгонамонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд.

Мо ҷашни бостонии ниёгонамон – Наврӯзи байналмилалиро дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст.

Мо бояд ба қадри ин неъмат расем ва шукронаи онро ба ҷо оварем.

Ба хурду бузурги мардуми азизи Тоҷикистон муроҷиат мекунам, ки Ватани маҳбубамонро сидқан дӯст доред, босабру таҳаммул бошед, иззату эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оваред, дар лаҳзаҳои душвор дасти ҳамдигарро гиред ва шукрона кунед, ки дар Ватани орому осуда ва давлати озоду соҳибихтиёр умр ба сар мебаред.

Ду соли гузашта, яъне давраи паҳншавии бемории КОВИД – 19 нишон дод, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи давлатҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хеш мебошанд.

Дар чунин вазъият камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва ҳатто маводи доруворӣ дар байни кишварҳо боиси азияти миллионҳо нафар одамон гардид.

Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дар ёд дошта бошанд, ки мо рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтар, солҳои бисёр сахту ҳалокатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ду соли охир бемории сироятии КОВИД – 19-ро паси сар кардем.

Аз ин лиҳоз, мо бояд бо сабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука наафтем ва бовар дошта бошем, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ ва гузарандаанд.

Дар чунин шароит, мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон шавем, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона кор кунем, софдилона заҳмат кашем ва камбудиву мушкилиҳои зиндагиамонро худамон бартараф созем.

Махсусан, деҳқонони асили мо, ки соҳиби таҷрибаи зиёди кишоварзӣ ва маданияти баланди заминдорӣ мебошанд, бояд аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, киштукори баҳориро, ки омили таъминкунандаи файзу баракати хони наврӯзӣ ва рӯзгори халқамон ба ҳисоб меравад, вусъат бахшанд.

Зарур аст, ки истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз заминҳои обӣ рӯёнидани се – чор ҳосил таъмин карда шавад.

Ин яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад.

Дар даврае, ки башарият вазнинтарин солҳои таърихи худро аз сар мегузаронад, мо боз ҳам бештар сарфакор бошем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем.

Моҳи апрели соли гузашта дар муроҷиати худ ба мардуми Тоҷикистон вазъияти ниҳоят мушкили ҷаҳонро таъкид карда будам.

Соли ҷорӣ вобаста ба таҳримҳои иқтисодӣ ва дигар низоъҳое, ки рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодаанд, вазъи таъминот бо маводи ғизоӣ дар бисёр минтақаҳои олам хеле мушкил гардидааст, ки таъсири он ба ҳама, аз ҷумла ба кишвари мо низ мерасад.

Бори дигар таъкид месозам, ки бо дарназардошти вазъи баамаломада ҳар як оила бояд сарфаю сариштакориро риоя намояд.

Чунонки солҳои охир борҳо хотирнишон карда будам, ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки асоси омода кардани мутахассисони ояндасози миллӣ мебошад, эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем ва нагузорем, ки дар байни ҷомеаи мо ва махсусан, наврасону ҷавонон андешаҳои хурофотиву таассуб ва унсурҳои фарҳанги бегона нуфуз пайдо намоянд.

Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, пайвандгари замонҳо, нигаҳдорандаи суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.

Бовар дорам, ки мо бо заҳмати аҳлонаи мардуми заҳматқаринамон ба ҳадафҳои неки худ мерасем, Тоҷикистони маҳбубамонро дар ояндаи наздик ба як мулки ободу пешрафта табдил медиҳем ва нуфузу обрӯи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳкиму тақвият мебахшем.

Бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми шарифи мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷовидонӣ бошад.

Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Табрикоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Март, 2022 - 17:56

     Иҷозат фармоед, аз номи худ ва аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуршукӯҳтарин ҷашни ниёгонамон – Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро, ки бо талошу ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардида, ҳамасола тавъам бо фасли зеботарини сол меҳмони сарзамини биҳиштосои мо – тоҷикон мегардад, ба ҳамаи Шумоён самимона табрику таҳният бигӯям.

     Мусаллам аст, ки имрӯзҳо ба Тоҷикистони биҳиштосои мо соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо қадамҳои сабзи худ фаро расидааст ва ин ҷашнвора яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии мо - тоҷикон ба шумор меравад.
Ҷашни Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва руҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостон то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободкор ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
     Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон неруи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накукорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.
Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои бостон то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меоварад. Яъне Наврӯз ҳамчун ҷашни зодрӯзи Хуршеди ховарон, ки ҳамеша барои ҳамагон ва дар ҳама ҷо нуру гармӣ мебахшад, сарвати ҷумла фарзандони Одам аст.
Мавриди зикр аст, ки дар шароити торафт мураккабу буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам хизмат намояд. Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба суботу оромӣ, рӯзгори бехушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад.
    Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусрати худ дар рӯзгори мардуми мо файзу шукӯҳи нав оварда, манзалати дунявӣ касб кард.
Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин Ҷашн дар дунё ҳамчун рисолат ва фарҳанги тоҷик шинохта шудааст.

     Наврӯз дар фарҳанги мо – тоҷикон рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги бостонии мост, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба беҳтар зистан даъват мекунад, дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша кунанд.

     Наврӯз, асолатан, ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши руҳ ва маънавияти солим, пиндору гуфтору кирдори нек аст.
     Наврӯз ҳамсоли миллати тоҷик аст ва он дар кишвари мо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуд ва дар баробари табдил ёфтан ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кард.
     Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд.
     Посдории расму суннатҳои наврӯзӣ беҳтарин василаест, ки ботини инсонҳо аз бори гарони адовату кина соф мегардад ва онҳоро водор месозад, ки ба адлу инсоф оянд.
Ин суннати нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди ориёиамон сарчашма мегирад, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ хизмат мекунад.
     Оину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфташуда, ба рукни фарҳанги онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд.
     Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо - тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба шумор рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
     «Наврӯз ба унвони ҷашни фарогири миллӣ ва мардумӣ солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҷлил қарор мегирад ва ба таври шоиста доир кардани маросими ҷашнӣ, махсусан, дар муҳити табиию фарҳангии имрӯза шоҳиди воқеии таҷлили он ба шумор меравад”.
     Аз ин рӯ, бо самимияти хосса мегӯем, бигзор Наврӯзи имсола ба Шумо – сокинони сарбаланди кишвар ва аҳли хонадонатон, бо манзалату ҳикмати беназираш сиҳатмандии бардавом, осудагиву амонӣ, барори кор, файзу нусрат ва сарбаландиро чун кӯҳсорон эҳдо намояд.
    
     Расидани Наврӯзи куҳан ба сафҳаи наве аз умри он барои Шумо ва мардуми шарифи кишварамон хуҷаста бод ва ҳадяи ин айём неруи тозаи ҷисму руҳ, шодиву нишот, сулҳу ободӣ, тавфиқу пирӯзиҳо бошад!

Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад.
Наврӯзатон муборак бошад!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Мизи мудаввар таҳти унвони «Наврӯз – Ҷашни ниёгони тоҷикон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Март, 2022 - 10:55
Мизи мудаввар таҳти унвони «Наврӯз – Ҷашни ниёгони тоҷикон»

     Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз мизи мудаввар таҳти унвони «Наврӯз – Ҷашни ниёгони тоҷикон» баргузор гардид, ки чорабинии мазкур бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид.
     Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон ҳозиринро бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, дар бораи Ҷашни байналмилалии Наврӯз суханронӣ намуд.

Иҷро кард: Маҳмадёрова Г.М.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Суратгузориш аз натиҷаи иштироки кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоиши Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ»-и Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Март, 2022 - 16:29

Осорхонаи миллии Тоҷикистон бояд ифтихори ҳар як фарзанди бонангу номуси тоҷик бошад.
Эмомалӣ Раҳмон

     Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 12-уми март ҷиҳати боздид аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ»-и Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти
     Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, зимни боздид аз экспонатҳое, ки дар Осорхонаи ҳунарҳои миллии Осиё «Гимей»-и Фаронса муаррифӣ шуда буданд, дидан намуда, зимнан аз шуъбаҳои табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин ва шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии осорхонаро тамошо карданд.
     Кормандони Кумита якҷоя бо аҳли байташон аз бахшҳои таърихи бостон ва асарҳои миёна, таърихи нав ва навтарин маълумоти зиёде ба даст оварданд, ки аз давраи тиллоии таърихи халқи тоҷик, яъне аз сулолаи Сомониён оғоз гардида, бо тамошои бозёфтҳо ва амсилаҳои ёдгориҳои таърихӣ аз қабили «Қасри Ҳулбук», «Меҳроби Искандар», «Мақбараи Сомониён», «Мисгарии асрҳои XIX-XX», «Лавозимоти ҷангӣ», «Кошғарӣ», «Хушнависӣ», «Сиккаҳо», ки ҳангоми намоиши созҳои мусиқии миллии мардуми тоҷик ба монанди дутор, гултор, торрӯд, танбӯр, рубоби бадахшонӣ, рубоби қошғарӣ, карнай, сурнай ва лабчанг ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки инъикосгари санъати мусиқии миллии халқи тамаддунофари тоҷик мебошанд, дидан намуданд.
     Бояд қайд намуд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин марказҳои илмӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар кишвар ба шумор меравад, ки самтҳои асосии фаъолияти он ҷамъоварӣ, ҳифз, омӯзиш, таблиғу ташвиқи мероси фарҳангӣ, ҷалби бештари меҳмонону саёҳон ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги кӯҳанбунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, ҳамарӯза дар хидмати мардум мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Масъалаҳои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури техникӣ ва инъикоси онҳо дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2022

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Март, 2022 - 09:35
Масъалаҳои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури техникӣ ва инъикоси онҳо дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2022

Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҳматуллозода дар доираи нақшаи солонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24.02.22 бо ҳайати омӯзгорон ва хонандагони муассисаи рақами 22 ноҳияи Фирдавсӣ (директораш Наҷмиддинова Ёдгора Амиралиевна) мулоқот карда, дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури техникӣ ва инъикоси онҳо дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2022» суҳбат карда, масъалаи рушду тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, нақши илм ва ихтироот дар пешрафти ҷомеа, зарурати пешрафти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, ташаккулу оммавигардонии тафаккури техникӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи созандагиву ободкорӣ, баланд бардоштани сатҳи илму дониши насли ҷавон дар соҳаи маориф ва ғайраҳо матраҳ гардидаанд, ки аз баромаду пайёмҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд.
Дар ин самт баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва тафаккури созандаи миллӣ аз воситаҳои муҳими ҳифзи арзишҳои давлатӣ арзёбӣ шуд.

Муовини раиси Кумитаи забон ва
истилоҳоти назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҳматуллозода

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Март, 2022 - 08:00
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Модарону бонувони гиромӣ!

Хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад.

Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст.

Маҳз ба ҳамин хотир мо рӯзи модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма мегирад ва бо фараҳу шодие, ки омадани баҳор ба мо мебахшад, таҷлил менамоем.

Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.

Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.

Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.

Зеро инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад.

Хотиррасон месозам, ки масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар моддаи 34-уми Конститутсияи Тоҷикистон низ дарҷ шудааст.

Яъне мо бояд ба падару модари худ дар вақте, ки онҳо зинда ҳастанд, хизмат ва меҳрубониву ғамхорӣ кунем, онҳоро дӯст дорем, ҳамаҷониба нигоҳубин намоем ва нагузорем, ки падару модарони мо хору зор шаванд.

Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки баъди вафоти онҳо ҳар коре, ки дар ҳаққи онҳо анҷом медиҳем, ғайр аз дуо суде надорад.

Ҳамватанони азиз!

Зан – модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад.

Дар урфият гуфтаанд, ки «Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар».

Мо ифтихор дорем, ки имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд, барои пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд ва нақши созандаи худро барои ободии Ватани азизамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

Тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад.

Дар ин давра асосҳои миллӣ ва роҳу усулҳои ҳимояи ҳуқуқи занон таҳким бахшида, ҷиҳати таъмин намудани имкониятҳои баробари мардону занон ҳамаи заминаҳои қонунгузорӣ муҳайё карда шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти нақш ва саҳми созандаву бунёдкоронаи занону духтарон барои онҳо фазоеро ба вуҷуд овардааст, ки озодона таҳсил ва кор кунанд ва дар ҳамаи соҳаву арсаҳо баробари мардон фаъолият намоянд.

Дар Паёми навбатии Роҳбари давлат таъкид гардид, ки занону бонувон ҳамчун нерӯи фаъол ва пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон бояд минбаъд низ дар фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои бонкдорӣ, илму маориф, соҳибкориву тиҷорат ва бахшҳои дигар нақши мустақиму озодона дошта бошанд.

Яъне ғамхорӣ дар ҳаққи занону бонувон ва ҳарчи бештар ба корҳои давлату ҷомеа ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Чунки рушди муназзаму устувори ҷомеа бе иштирок ва саҳми фаъоли занону бонувон ғайриимкон аст.

Ҳоло тибқи дастури Роҳбари давлат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» таҳия шуда истодааст.

Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон ва занону бонувон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан модари босаводу соҳибмаърифат мебошад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва худшиносу ватандӯстро тарбия карда, ӯро ба хизмати ҷомеа ва давлат ҳидояту роҳнамоӣ созад.

Мо дар ин самт барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ҷалби духтарон ба таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоем.

Мо дар ҳазорсолаи сеюм – давраи инқилоби техникиву технологӣ ва рушди босуръати шабакаҳои иттилоотӣ умр ба сар мебарем.

Ин воқеият ва дар айни замон, вусъат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як оила, пеш аз ҳама, занону модарони муҳтарами моро водор месозад, ки барои тарбия кардани фарзандони солиму бомаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъ, инчунин, аз таъсири ногувори ахлоқи зишт, кирдорҳои ношоям ва суннатҳои фарҳангии бегона эмин нигоҳ доштани онҳо кӯшиш намоянд.

Дар ин раванд, соҳиби ахлоқу одоби ҳамида гардонидани фарзандон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо, яъне омӯзонидани нозукиҳои зиндагии оилавӣ низ вазифаи модарон мебошад.

Яке аз ҳадафҳои мо аз қабули қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз аз ҳамин иборат аст.

Мо бояд кӯшиш кунем, ки бонувону духтарони тоҷик соҳиби касбу ҳунар, саводу маърифат, илму дониш ва ҳунарманду кадбону бошанд, то ки дар зиндагиву рӯзгори оилавӣ ба азобу душворӣ рӯ ба рӯ нагарданд.

Дигар ин, ки саришта кардани рӯзгори хонадон, яъне идора намудани дороиву даромади оила низ аз модарону бонувон вобаста мебошад.

Бонувону занони муҳтарам бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд ва ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Фаромӯш набояд кард, ки мардуми куҳанбунёди мо аз замонҳои қадим то ба имрӯз сарфаю сариштакориро асоси баракати зиндагӣ ва осоиши хонадон медонанд.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки модарону хоҳарони арҷманди мо дар баробари тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солим, инчунин, дар пешрафти иктисодиву иҷтимоӣ ва ободиву созандагии Тоҷикистони азизамон минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Зеро зан – модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад.

Бори дигар ҳамаи шумо, модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарону духтарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи модар ва фарорасии баҳор самимона ва сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо нуру сафо, сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек, файзу баракат ва осмони соф орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони арҷманд!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2022 - 15:37

ДУШАНБЕ, 21.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.

Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми  Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехтаанд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осори фарҳангу тамаддуни ин халқҳо ва забони онҳо бисёр муҳим аст. Дар робита ба ин Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:

Забон ва адабиёти тоҷикӣ дар байни забонҳои зиндаи ҷаҳон яке аз бойтарин ва ғанитарин  ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки донишмандон ва муҳаққиқони хориҷӣ адабиёти тоҷикиро яке аз бузургтарин адабиёти башарият номидаанд.

Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷомеаи ориёӣ дар ҷаҳон аст. Таърихи ин забон ҳадди ақалл аз ҳазорсолаи пеш аз милод сарчашма мегирад ва аввалин навиштаҷоте, ки бо забони  тоҷикии бостон ба даст омадаанд, ба асри VI пеш аз милод рост меоянд.

Аз он вақт инҷониб забони тоҷикӣ ҳамчун меросбари забони порсии қадим ва фарҳанги ориёӣ ҳамеша ҳаракати динамикии худро идома дода, аз рӯйдодҳои мухталиф бехатар мегузарад.

Забони тоҷикӣ яке аз камтарин ва нодиртарин забонҳои ҷомеаи ҷаҳонист, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол дар ҳоли рушду инкишоф ва таҳаввулу тағйирот аст. Ин аст, ки масалан, имрӯз, ҳазору сад сол пас аз вафоти Рӯдакӣ аксари мардуми тоҷикзабону форсидон метавонанд ашъори ӯро хонанд ва дарк кунанд.

Аммо, дар ин маврид  аксари забонҳоеро медонем, ки ба дараҷае ба тағйирот ва таҳаввулот дучор шудаанд, ки ба ҷуз аз мутахассисон, дигар гӯяндагон ва ё меросбарони онҳо матнҳои қадимиро хонда ва дарк карда наметавонанд ва ё соҳибзабонони он матнҳои дусад ва сад соли пешин иншошудаи адабиёташонро тавассути тарҷума мехонанд ва ё умуман намефаҳманд.

Боигарии адабиёти дарии тоҷикӣ аз ҷиҳати миқдор ҳам хеле назаррас ва маълум аст, ба монанди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шаст ҳазор байт, шумораи умумии ашъори Аттор беш аз сад ҳазор байт, «Маснавии маънавӣ» ва лирикаи Ҷалолуддини Балхӣ беш аз шаст ҳазор байтро ташкил медиҳанд.

Ин ҳаҷми бузурги адабиёт ба шоирони муосир низ дахл дорад ва донистани он кофист, ки аз ҳазор шоире, ки номҳо ва нишонаҳояшон дар давраи Сафавӣ боқӣ мондааст, танҳо девони Соиби Табрезӣ беш аз саду бист ҳазор байт дорад. Бойигарии забон ва адабиёти тоҷикӣ аз ҷиҳати сифат низ хеле назаррас аст. Имрӯзҳо осори Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Балхӣ ва Ҳофиз шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва ба адабиёти бисёр кишварҳо таъсир расонидаанд.

Бисёре аз мафҳумҳо дар мероси гаронбаҳои забон ва адабиёти дарии тоҷикӣ имрӯз ҳамчун принсипҳо ва арзишҳои пазируфтаи инсонӣ ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, сулҳ, муҳаббат ва дӯстӣ даъват менамояд. Ва ё Саъдӣ дар асарҳои худ таваҷҷуҳи бештар ба ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ дорад ва новобаста аз мансубият ба кадом қавму миллат, нажод ва ранг, инсонҳоро узвҳои як пайкар мешуморад. «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, ки онро «бузургтарин ҳамосаи маънавии башарият» унвон мекунанд, дар ҷаҳон маъруфу машҳур аст.

Таъсири амиқи ирфонӣ ва ахлоқии ин асари гаронбаҳо инсонияти моддии имрӯзаро ба муҳаббат ва арзишҳои аслии инсонӣ даъват мекунад ва он  солҳои тӯлонӣ яке аз пурфурӯштарин китобҳо дар ИМА ба шумор меравад.

Зиёда аз ин, осори Балхиро ҷаҳон торафт бештару беҳтар истиқбол мекунад. Тавре олими маъруфи  англис  Рейнолд Николсон навиштааст, «мардуми Ғарб тадриҷан бо қудрату тавоноии нобиғаи Машриқзамин ошноӣ пайдо мекунанд ва ӯ метавонад манбаи илҳом ва шодмонӣ бошад, ки дар адабиёт ягон шоире дар ҷаҳон дар ин маврид аз ӯ пеш гузашта натавонистааст».

Ба андешаи муҳаққиқон, осори Умари Хайём пас аз асарҳои Александр Пушкин дар Русия серхонандатарин китоб ба шумор меравад.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ин маврид ба чанд нуктаи ҷолиб ишора карда мегӯяд, ки «ман Хайёмро ҳар саҳар пеш аз оғози рӯзи корӣ мехонам ва ба мансабдорон ва роҳбарони масъул маслиҳат медиҳам, ки ҳар гоҳе ки ба мушкилие дучор оянд, ба ашъори Хайём муроҷиат кунанд, зеро муаррифии масъалаҳои муҳими ҳаёт ва марг аз ҷониби ин мутафаккир ба одамон умеди зиндагӣ ва рӯҳбаландӣ мебахшад».

Чунин андешаҳоро доир ба осори Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар шоирони дараҷаи аввали адабиёти тоҷикӣ низ овардан мумкин аст.

Аз ин рӯ, ин даллеҳо бояд ҳамчун имконоти эҳтимолии забон ва адабиёти тоҷикӣ дар рушди фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ истифода шаванд.

Матнҳои бадеии ба адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикӣ дастрас  хеле гуногунанд. Ба тарзе, ки онҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонанд ба манфиатҳо ва завқҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон посух диҳанд.

Дар таърихи адабиёти тоҷикӣ метавон ҳам намунаҳои барҷастаи осори эпикӣ ва ҳам намунаҳои тозаи адабиёти лирикӣ ва таълимиро пайдо кард, ки барои муаррифии ҷанбаҳои ахлоқию башардӯстии фарҳанги тоҷикӣ ба тамаддуни ҷаҳонӣ зарур бошанд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ азбаски мо бо миллатҳои мухталиф,  ҷуғрофия, таърих ва фарҳангҳои гуногунранг сарукор дорем, мо бояд осори адабии худро дар мавридҳои зарурӣ хуб истифода кунем.

Тавре ки ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ барои миллатҳои гуногуни ҷаҳон маҳсулоти гуногун пешниҳод мекунанд, мо низ бояд дар кишварҳои гуногун ба ҷанбаҳое таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, ки тибқи фарҳанги он кишвар бештар ҷазб карда шаванд ва онҳоро бештар истиқбол гиранду пазируфта шаванд.

Аз ин рӯ, дар ин росто нақши коршиносони фарҳангӣ дар муайян кардани завқи адабии мардум дар кишварҳои мухталиф хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

Дар соҳаи мубодилаи байналмилалӣ ва махсусан мубодилаи фарҳангӣ воситаҳои иртиботӣ нақши муҳим ва бориз  доранд. Дар ҳоле ки имрӯз ҳатто барои роҳандозии муваффақонаи маҳсулоти моддӣ, мо бояд муоширати дуруст дошта бошем, надонистани забонҳои байналмилалӣ метавонад сустии назаррасе дар муаррифӣ кардани иқтидори фарҳанг дар раванди ҷаҳонишавӣ бошад.

Омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯзҳо на камтар аз чоряки аҳолии ҷаҳон метавонанд бо забони англисӣ озодона ҳарф зананд. Ва ин таносуб дар мавриди зиёиён ва шахсиятҳои фарҳангӣ табиатан баландтар аст.

Аммо бо вуҷуди талошҳо дар кишвар ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки аксарияти хатмкунандагони ихтисосҳои забоншиносӣ ва тарҷумонӣ дониши кофии забони хориҷиро надоранд.

Аз ин лиҳоз, агар хоҳем, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷои сазовори фарҳанг ва мақоми сазовори тамаддуни худро дошта бошем, бояд барои омӯхтани забонҳои байналмилалӣ кӯшиши зиёдтаре ба харҷ диҳем.

Гарчанде ки дар самти азхудкунии интернет ва технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ мушкилот камтар ба назар мерасад, ин масъала ба баъзе мутахассисон, шоирон ва нависандагони калонсол иртибот мегирад.

Чунин ба назар мерасад, ки ин мушкилоти иртиботӣ боис шудааст, ки осори шоирону нависандагони кишвари мо дар ҷаҳон ба таври бояду шояд муаррифӣ нашавад.

Илова ба ин, надоштани сатҳи хуби азхудкунии компютер ва Интернет бинобар мубодилаи фаврии иттилоотӣ ва истеҳсолоти илм дар саросари ҷаҳон мо дар ин масъала каме қафо мемонем. Зеро  назарияҳои нави лингвистӣ ва адабию фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон ҳамарӯза муаррифӣ мешаванд ва аз ҷониби мутахассисони тамоми ҷаҳон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд.

Ҳамрадиф бо ин мушкилот надонистани забонҳои муоширати байналмилалӣ, аз қабили англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва камбудӣ дар истифодаи воситаҳои рақамӣ ду ҷанбаи гуногуни як масъалаи забон ва адабиёти тоҷикӣ ва  шохиси  ҳувияти фарҳангии мо дар ҷаҳон ба шумор мераванд.

Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), саводомӯзӣ барои саводнокии асри 21  силсилаи таҳсилотро дар бар мегирад, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ, инкишоф додани дониш ва иқтидори худ ва иштирок дар он мусоидат мекунад.

Аҳамияти ин масъала аз он иборат аст, ки ЮНЕСКО мафҳумҳое, аз қабили саводнокии компютерӣ, саводнокии расонаӣ, саводнокии технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботиро дар мадди аввал гузоштааст.

Дар ин замина, мо бояд бобати ҳалли масоили мазкур тавассути таҳқиқ, омӯзиш ва тарҷумаи осори фарҳангӣ ва ҳамзамон, ҳалли мушкилоти мавҷудаи ин соҳа тадбирҳои муассир андешем. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ ба ин восита мо метавонем на танҳо аз таъриху фарҳанги мардумони дигар кишварҳо баҳравар шавем, балки тариқи тарҷума фарҳанги миллӣ  ва адабиёти тоҷикиро ба  ҷаҳониён ва доираи фарохи хонандагон пешниҳод намоем.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

МАНБАЪ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Фишурдаи гузориш барои воситаҳои ахбори омма аз конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии забон ва рушди забони модарӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Феврал, 2022 - 15:25

«Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он
ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад»
Эмомалӣ Раҳмон

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан, Модар ва Забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд. Забон бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ буда, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик мебошад.
Тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳамаи давру замон мебошад. Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.
 Ёдовар бояд шуд, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё рӯзи 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид ва он аз соли 2000 инҷониб ҳамасола дар тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Ҷамъияти «Дӯстӣ» имрӯз дар Тоҷикистон 15 ҷамъияту ассотсиатсияҳо ва маркази фарҳангии ақаллиятҳои миллии арманҳо, бошқирдҳо, гурҷиҳо, доғистониҳо, кореягиҳо, қазоқҳо, қалуғҳо, қирғизҳо, озарбойҷониҳо, осетинҳо, русҳо, тоторҳо ва уйғурҳо фаъолият менамоянд.
Дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнимиллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.».
Дар қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «1.Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад».
Дар иртибот ба ин масъала дар қисми 1-и моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст:
«1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд».
 Забони тоҷикӣ, ки забони модарии мардуми тоҷик аст, асолати беш аз ҳазорсолаҳо дошта, бо хат, забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори башарӣ саҳми босазое дорад. Дар ин давраи ҷаҳонишавии миллатҳо, забони миллати мо чун сарвати бебаҳо ва омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.
    Кумита дар асоси Нақшаи кории нимсолаи аввал, ки аз 7-уми январи соли 2022, №4 тасдиқ шудааст, бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Сиёсати давлатии забон ва рушди забони модарӣ” 18-уми феврали соли 2022 дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷоя бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баргузор намуд, ки дар он вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО иштирок карданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илми филология Шарифзода Боймурод оғоз намуда, ҳузури меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Сипас раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ табрик намуда, конференсияро ҳусни оғоз бахшид.
 Дар конференсия 15 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забон мавриди баррасӣ қарор гирифт. «Ҷойгаҳи забони миллӣ дар раванди робитаҳои байни фарҳангӣ (раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор – Олимҷон Муҳаммадҷонзода), «Аҳамияти забоншиносии матнҳои суғдӣ» (доктори илми филология, профессор – Сайфиддин Назарзода), «Вижагиҳои маъноӣ ва сохтори бархе аз луғоти (номи) гиёҳу растаниҳо (дар пояи маводи забони яғнобӣ) Аманда Прос (намояндаи ҷумҳурии Австралия) “Сабабҳои асосии ҳифзи забони яғнобӣ ва нақши он дар рамзкушоии осори суғдӣ» (номзади илми филология – Мирзоев Сайфиддин), «Забони модарӣ яке аз арзишҳои бунёдии миллӣ (доктори илми филология – Раҳматуллозода Сахидод) аз ҷумлаи он маърузаҳое буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми кори конференсия барномаи фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии забон ва рушди забонҳои модарӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Феврал, 2022 - 15:33

Иштирокдорони муҳтарам,
Шуморо ба конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони  «Сиёсати давлатии забон ва рушди забонҳои модарӣ», ки 18-уми феврали соли 2022, соати 10:00 дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ баргузор мегардад, даъват менамоем.

Сабти иштирокдорон:
аз соати 09:00 то 09:50
Низоми кор:
Суханрониҳо - 15 дақиқа.
Музокираҳо - 5 дақиқа.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Феврал, 2022 - 11:33

Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2022

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Январ, 2022 - 18:00
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии яке аз ойинҳои бостонии мардуми куҳанбунёдамон – ҷашни Сада самимона табрик мегӯям.

Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.

Мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст ва фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ наздик аст.

Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрӯза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.

Дар асоси сарчашмаҳои таърихиву адабии ниёгонамон ҷашни Сада рамзи гармиву рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани тарзи оташафрӯзӣ таъсис додааст.

Ба ин хотир, дар тӯли асрҳои зиёд ниёгони мо гулхани оташро рамзи гиромидошти ин ҷашн мешумориданд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки ҷашни Сада аз давраи пайдоиш ва рушди пешаи кишоварзӣ моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо карда, ба яке аз василаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст.

Бо ҳамин сабаб, кишоварзон ин ойини бостониро бештар аз дигар табақаҳои мардум гиромӣ медоранд ва шояд омили то замони мо зинда мондани Сада маҳз марди деҳқон бошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо ҷашни Садаро ба ҳайси маросими кишоварзону боғдорон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ойини сирф мардумӣ таҷлил менамоем ва дар таблиғи ғояҳои неку моҳияти арзишманди он, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ саъю талош меварзем.

Бинобар ин, ба кишоварзони мо дар ин айём зарур аст, ки тухмии хушсифати зироатҳо ва ниҳолҳоро омода намуда, корҳои яхобмонӣ, тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва дарахтон, яъне тайёрии ҳаматарафа ба киштукори баҳориро ба анҷом расонанд ва барои ҳосили фаровон замина гузоранд.

Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада низ моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшем.

Бовар дорам, ки кишоварзони мамлакат омодагиро ба мавсими баҳор суръат бахшида, соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта маҳсулоти бештар ба даст оварда, барои беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастурхони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Таъкид месозам, ки ин кор, хусусан, дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони муосир ниҳоят зарур ва муҳим мебошад.

Воқеан, дар ҷашни Сада ба намоиш гузоштани шириниҳо ва хушкмеваҳои маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза боиси ҷалби меҳмонону сайёҳон ва дар баробари ин, воситаи таблиғи заҳмати деҳқонону боғдорон ва ҳунармандон мегардад.

Дар Паёми Роҳбари давлат ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардиданд.

Дар доираи ин панҷсола рушди соҳаи агросаноатӣ ва саноати хӯрокворӣ, махсусан, бунёди корхонаҳои саноатӣ барои коркарди меваю сабзавот ва содироти он ҳамчун бахши муҳимми саноати мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии мо ба шумор меравад.

Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки ободу сарсабз гардонидани табиати кишвар, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист аз ҷумлаи суннатҳои ҷашни Сада ба ҳисоб мераванд.

Бо итминон иброз медорам, ки мардуми шарафманди тоҷик ин ойинҳои некро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома ва густариш мебахшанд.

Бори дигар ҷашни бостонии Садаро ба ҳамватанони азиз ва хурду бузурги Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат, баракату фаровонӣ ва шодиву нишот орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Январ, 2022 - 13:11
Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022

     Имрӯз 7-уми январи соли 2022, соати 10:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022 бо иштироки Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Азиззода Ш., аъзои Ҳайати мушовара, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
     Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфт.
     Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022 муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С. гузориш дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки Кумита дар соли 2021 теъдоди 26 ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, 11 вазорату кумитаҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва 26 адад номгӯи маѓозаву нуқтаҳои фурӯши либосро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи бартараф намудани камбудиҳо ба мақомотҳои дахлдор санад ва маълумотнома ирсол шуд.
     Инчунин, илова намуд, ки Кумита дар соли 2021 ба 80 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи забоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намудааст.
Сипас, Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби сардори шуъбаи танзими истилоҳот – Зулфониён Р. муаррифӣ карда шуд.
Баъдан, он аз ҷониби Мушовири калони бахши ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа, узви Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷумла, Мушовири калони бахши ёрдамчии Президент иброз намуд, ки дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо ҳанӯз ҳам дар самти коргузории вазорату кумитаҳо ва мақомотҳои шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати риояи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”бештар ба назар мерасанд. Бинобар ин, Кумита вазифадор карда шавад, ки назорати вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти забони давлатиро пурзӯртар намояд.
     Пас аз муҳокима маҷлиси Ҳайати мушовара қарор кард, ки ҳисоботи фаъолияти Кумита дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022 қаноатбахш ҳисобида шуда, Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи якуми соли 2022 бо қарори Ҳайати мушовара тасдиқ карда шавад.
     Ҷаласаи Ҳайати мушовараро раиси Кумита, доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Паёми шодбошӣ ба муносибати соли нави мелодии 2022

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Декабр, 2021 - 10:17

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид.

Дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд.

Аз ин лиҳоз, соли 2021 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Вобаста ба ин, мехоҳам бо қадрдониву ифтихор хотирнишон созам, ки мардуми шарафманду заҳматдӯсти мо, соҳибкорону тоҷирони ватандӯст ва шахсони саховатпеша ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузурги миллӣ сарҷамъу аҳлона кор карданд ва садоқати худро ба Ватан ва арзишҳои истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодии худ исбот намуданд.

Дар натиҷаи заҳмати софдилона, фаъолияти содиқона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқи Тоҷикистон тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то дурдасттарин деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинони мамлакат бартараф карда шуданд.

Соли 2021 кишвари соҳибистиқлоли мо дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шароити зиндагии халқамон дар муқоиса бо солҳои пешин беҳтар шуд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият пайдо кард.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки вазифаҳои Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷодаи таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои панҷ соли оянда, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муайян ва мушаххас мебошанд.

Ҳоло вазифаи ҳар яки мо – шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он иборат аст, ки ба хотири иҷрои ҳадафҳои дар наздамон қарордошта ва нақшаву барномаҳои қабулкардаамон боз ҳам бештар заҳмат кашем.

Зеро дар баробари дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаамон дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб вуҷуд доранд.

Лекин хотиррасон месозам, ки бовари мо барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда, яъне таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати халқамон, фардои ободи Ватан ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат қавӣ ва қатъӣ мебошад.

Барои расидан ба ҳадафҳои некамон ва иҷрои нақшаву барномаҳои созандаамон мо захираву имкониятҳои зарурӣ ва муҳимтар аз ҳама, мардуми ватандӯсту заҳматқарин ва бонангу номус дорем.

Ҳамватанони мо хуб огоҳанд, ки вазъияти минтақа ва ҷаҳон торафт мураккабу пешгӯинашаванда гардида, илова бар ин, мушкилоти глобалӣ – гармшавии иқлим, хушксоливу камобии пайиҳам, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва камчин шудани маводи озуқа боиси ба вуҷуд омадани бисёр масъалаҳои мубрам дар ҳаёти аҳли башар гардида истодааст.

Дар чунин шароит мо бояд кӯшиш кунем, ки аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҳарчи самараноку оқилона истифода карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, бозори истеъмолӣ, яъне талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар таъмин кунем, иқтидори содиротии кишварро тақвият бахшем ва ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Дар паёми Роҳбари давлат солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардиданд.

Мақсад аз ин ташаббус дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти саноат мебошад.

Рушди саноат яке аз омилҳои муҳимтарини тараққиёти давлат, афзоиши даромади буҷет, бо молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин кардани сокинони кишвар ва фароҳам овардани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҷойи нави кор барои ҳамватанонамон ба ҳисоб меравад.

Ба ҳамватанони азиз муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон менамоям, ки бо анҷом ёфтани соли 2021, яъне сиюмин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва фаро расидани соли 2022 кишвари мо ба марҳалаи нави рушди худ ворид мегардад.

Тамоми саъю талоши мо дар ин давра бояд ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, минбаъд низ пешрафтаву нерӯманд намудани давлати соҳибистиқлоламон, аз имрӯза беҳтар сохтани шароити зиндагии халқамон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон, яъне бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни бузурги 35-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони биҳиштосоямон равона карда шавад.

Бо изҳори итминон ба амалӣ гардидани нияту нақшаҳои некамон бори дигар тамоми мардуми шарифи кишварро ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат тандурустиву хушбахтӣ, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Соли нави мелодии 2022 муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Мизи мудаввар таҳти унвони «Паём - ҳуҷҷати роҳнамо дар фаъолияти ҳаёти ҷомеа»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Декабр, 2021 - 15:10

Рӯзи 29-уми декабри соли 2021, соати 14:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паём - ҳуҷҷати раҳнамо дар фаъолияти ҳаёти ҷомеа» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок карданд. Мизи мудавварро муовини раиси Кумита бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти 30-солаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таърихи кишвари моро дар бар гирифта, ҳамзамон, барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб шуда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро барои соли 2022 ва минбаъда муайян менамояд. Сарвари давлат доир ба беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум як силсила дастуру ҳидоятҳо дода. Роҷеъ ба самти сиёсати хориҷӣ суханҳои арзишманд ироа намуд.
Дар мизи мудаввар иштирокдорони Паём Р. Зулфониён ва Ш. Буриева бардошти худро аз Паём иброз дошта, оид ба масъалаҳои омӯзиши забону адабиёти тоҷик, фарҳанги миллат ва таъриху тамаддуни кишварамон, инчунин, азхудкуниву донистани забонҳои хориҷӣ андешаҳои худро баён карданд.
Дар анҷом, роҳбарият таъкид намуд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ Паёмро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва раҳнамои кору сармашқи фаъолияти қарор дода, дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида саҳмгузор бошанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Мизи мудаввар перомуни “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” дар ДДОТ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Декабр, 2021 - 16:31
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори факултети мазкур бо иштироки олимону донишмандон ва унвонҷӯёну донишҷӯёни донишгоҳ роҷеъ ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 06. 21, №268) мизи мудаввар баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳот профессор О.Муҳаммадҷонзода ва муовини раиси Кумитаи мазкур профессор С.Раҳматуллозода иштирок ва суханронӣ карданд. Аз ҷумла, раиси Кумита профессор О.Муҳаммадҷонзода роҷеъ ба масъалаҳои сиёсати забон, дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, доир ба муҳтавои “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” шарҳ дод. Ӯ зикр намуд, ки “Қоидаҳо”-и нав дар асоси баҳсу мунозираҳои беш аз дусолаи донишмандон ва мутахассисони соҳа бо ҷалби андешаҳои шахсони гуногуни ҷомеа, ки ба Кумитаи забон ва истилоҳот ба таври хаттӣ пешниҳод шуда буданд, таҳия шудааст. Ин “Қоидаҳо” дар ростои танзими алифбо, навишти тартиби садонок ва ҳамсадоҳо, мавқеи калимаҳои иқтибосӣ, истифодаи артиклҳои дигар забонҳо дар расмулхати тоҷикӣ, масъалаи имлои ташдиди овозҳо, банду баст ва навишти овозҳое, ки дар вожаҳои иқтибосӣ ба кор бурда мешаванд, имлои ҳиссаҳои нутқ аз имлоҳои пешин фақ дорад ва навишти моро пурра танзим менамояд.
Муовини раиси кумитаи забон С.Раҳматуллозода низ доир ба муҳтавои “Қоидаҳо” суҳбат карда, илова намуд, ки яке хусусиятҳои муҳими ин санади давлатӣ аз он иборат аст, ки ба вай аломатҳои китобат ҳамроҳ шудаанд. Омӯзиш ва истифодаи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” барои истифодаи дурусти он мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, дар мизи мудаввар С.Матробиён вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф., дотсент Н.Гадоев, н.и.ф. А.Мирбобоев ва мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент И.Сулаймонов низ суханронӣ карда, перомуни “Қоидаҳо”-и мазкур ва масоили марбут ба он андешаҳояшонро иброз доштанд.
Дар охир баҳсу мунозира доир гашта, ба саволҳои ҳозирин раиси Кумитаи забон ва истилоҳот профессор О. Муҳаммадҷонов посух доданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.5 (2 овоз)

Категория:

Семинари омӯзишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таблиғу тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Декабр, 2021 - 15:19

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 23-юми декабри соли 2021, соати 10:00 дар Маркази саломатии шаҳрии №8 бо ҷалби табибон (ҳамагӣ 40 нафар) ва худи ҳамин рӯз соати 14:00 дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби устодон ва курсантон (ҳамагӣ 140 нафар) семинари омӯзишӣ ҷиҳати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар сандаҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа баргузор намуд, ки дар он сардори шуъбаи танзими истилоҳот – Зулфониёр Р. ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Буриева Ш., муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Шарифзода Н. ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи мазкур – Шаҳобов С. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Исмомили Сомонӣ – Шаҳобов С. семинарро ҳусни оғоз бахшид. Баъдан суханронии сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита – Зулфониёр Р. идомабахши семинари мазкур гардида, вобаста ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 - 2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ андешаронӣ намуд.
Дар анҷоми семинар аз ҷониби иштирокдорон саволҳо пешниҳод шуданд, ки мутахассисони Кумита ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Декабр, 2021 - 13:10
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.

Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.

Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид.

Дар он айём, дар фурсати бисёр кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.

Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд.

Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, яъне ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам.

Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо – Парчами миллӣ низ дар ҷараёни ҳамин иҷлосияи тақдирсоз қабул карда шуд.

Бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати навинтихобшудаи мамлакат мо тавонистем, ки дар як муддати кӯтоҳ ба иҷрои ҳадафҳои фаврии дар наздамон қарордошта ноил гардем.

Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем.

Ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад.

Баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд.

Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем.

Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.

Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд.

Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ кафолат дода шуд.

Тибқи сиёсати башардӯстона бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид.

Илова бар ин, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд.

Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.

Ҳамзамон бо ин, дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид.

Дар ин давра барои гузариш аз иқтисоди маъмуриву банақшагирӣ ба низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ, яъне иқтисоди бозаргонӣ ислоҳоти фарогир амалӣ карда шуд.

Ҷиҳати барқарор сохтани низоми фалаҷшудаи идораи давлатӣ, оғоз намудани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ ва минбаъд таъмин намудани гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шуданд.

Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

Дар натиҷа, аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем.

Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.

Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд.

Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст.

Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

Бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд.

Ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, махсусан, дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад.

Маҳз ба шарофати заҳмати онҳо фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид ва мардуми мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашиданд.

Бинобар ин, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилонаашон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.

Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.

Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем.

Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид.

Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд.

Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд.

Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.

Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.

Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.

Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Дар ин давра 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд.

Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.

Тавре ки борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.

Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки ба ифтихори ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ дар раванди корҳои ободониву созандагии Ватан, бахусус, дар бунёди иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст.

Аз ҷумла дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт.

Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид ва соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад.

Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид.

Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, нишондиҳандаҳои зерин гувоҳӣ медиҳанд:

– агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст;

– ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд;

– соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрави шахсӣ ба қайд гирифта шуда буд;

– танҳо дар бист соли охир 730 ҳазор мошини сабукрав ворид гардида, дар солҳои истиқлолият аз ҷониби аҳолӣ зиёда аз 320 ҳазор воситаҳои нақлиёт ва дигар техникаи таъиноти гуногун хусусӣ гардонида шудааст, яъне аҳолии мамлакат дар замони истиқлолият соҳиби беш аз ду миллион воситаи нақлиёти шахсӣ гардидааст;

– дар солҳои истиқлолият ба кишвар беш аз 875 ҳазор воситаи нақлиёт ва дигар техника барои истифодаи бахши хусусӣ ворид гардидааст;

– танҳо дар 10 соли охир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст;

– агар дороиҳои бахши хусусиро дар кишвар бо арзиши пулӣ ифода намоем, пас он аз ҳисоби арзиши амволи ғайриманқул ва дороиҳои молиявии ширкату корхонаҳои бахши хусусӣ, дар маҷмӯъ, қариб 400 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ҳол он ки дар замони пеш аз истиқлолият ҳатто мафҳуми «бахши хусусӣ» вуҷуд надошт;

– агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли 2021 ба 10 миллиард сомонӣ расидааст, яъне 109 баробар афзоиш ёфтааст.

– дар замони истиқлолият як миллиону 400 ҳазор оила соҳиби замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ гардидааст.

Тавре борҳо таъкид карда будам, мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.

Аз ҷумла дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.

Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад.

Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.

Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ шавем.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд.

Ҳамчунин, ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад.

Таъкид месозам, ки ин воқеият ва талаботи замони муосир мебошад.

Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:

– аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.

– аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.

Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд.

Илова ба ин, зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.

Танҳо аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молияву бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.

Ҳамчунин, дар марҳалаҳои кунунӣ ва минбаъдаи рушди кишвар идома бахшидани ислоҳот ҷиҳати мукаммал гардонидани низоми идораи давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии он зарур мебошад.

Дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, ки дар натиҷа соли 2021 суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид.

Рушди иқтисодӣ дар ин давра аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23 фоиз ва гардиши савдо 13 фоиз таъмин карда шуд.

Соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум 15 фоиз афзоиш ёфт ва ба зиёда аз 75 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Вале дар кишвар захираву имкониятҳо барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум ҳанӯз хеле зиёданд.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар соли 2022 барои самаранок истифода намудани имконияту иқтидорҳои мавҷуда, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани суръати рушди иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мунтазам афзоиш ёфт.

Дар идомаи ин раванд, соли 2022 даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 19,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин, хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ сол ба сол зиёд шуда, соли 2022 ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 43,8 фоиз баробар мегардад.

Бинобар ин, Вазорати молия вазифадор аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ, баланд бардоштани самаранокиву шаффофияти хароҷоти он, беҳтар намудани назорат, мукаммалсозии аудити берунӣ ва идоракунии нерӯи инсонӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Илова бар ин, ҷиҳати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, ба таври пурра татбиқ намудани барномаҳои муосири баҳисобгирии амалиёти молиявӣ ва васеъ ҷорӣ кардани рақамикунонӣ дар соҳа чораҳои судманд андешад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1850 расонида шуд.

Сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000-ум 130 баробар афзоиш ёфт.

Ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла дар соли 2021-ум 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст.

Рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз низоми бонкӣ вобаста мебошад, вале то ҳанӯз дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мушкилоти зиёди ҳалталаб боқӣ мемонад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.

Ҳамзамон бо ин, бояд доир ба зиёд кардани шумораи бонкҳо, тақвият бахшидани низоми идоракунии хавфҳо ва баланд бардоштани ҳаҷми сармояи ойинномавии ташкилотҳои қарзӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Ба Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш дода мешавад, ки дар давраи миёнамуҳлат, яъне дар панҷ соли оянда ҷиҳати ҳамасола афзоиш додани ҳаҷми қарзҳо ва дар соли 2026 ба 30 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарздиҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо вуҷуди таъсири бемории сироятии КОВИД–19, дар соли 2021 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 6,8 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,5 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 ҳаҷми сармоя 42 фоиз ва сармояи мустақими хориҷӣ 39 фоиз зиёд мебошад.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан, сармояи мустақим барои бахшҳои саноати коркард мунтазам чораҷӯӣ намояд.

Зарур аст, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми сармоягузории мустақим нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шавад.

Ҳоло дар мамлакат 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Вале эҳтиёҷоти соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ дар самти бунёди инфрасохтори зарурӣ ҳанӯз ҳам зиёд мебошад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки корҳоро доир ба ҷалби маблағҳои имтиёзнок тақвият бахшида, дар 5 соли оянда ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шавад.

Дар ин раванд, ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона» ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлатӣ бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.

Ҳамчунин, то охири соли 2022 раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми 24 соат, аз ҷумла ба тарзи электронӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 расонида шуд.

Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз зиёданд.

Зеро захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад.

Аз ин лиҳоз, барои ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат» тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир мебошад.

Бо ин мақсад, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти марбута барои ҷалби сармояи мустақим чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Илова бар ин, бо дарназардошти фароҳамсозии омилҳои ҳавасмандгардонӣ дар корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷии дар ихтиёри давлат қарордошта низоми идоракунии корпоративӣ роҳандозӣ ва бо ҷалби бахши хусусӣ фаъолияти самараноки онҳо ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.

Ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд.

Дар робита ба ин, замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд.

Дар самти рушди соҳаҳои мухталифи саноат зарур аст, ки гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан, таҷҳизоти каммасрафи барқӣ таъмин гардида, дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо истифода аз «энергияи сабз» васеъ ҷорӣ карда шавад.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»-ро қабул ва татбиқ намояд.

Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Мавҷудияти иқтидорҳои фаровони энергетикии мамлакат аз ҷумлаи омилҳои калидии рушди соҳаи саноат ба ҳисоб меравад.

Ҳоло барои рушди минбаъдаи соҳа татбиқи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.

Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.

Аз ин лиҳоз, истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт, ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла нерӯи офтоб ва шамол ба манфиат буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд.

Инчунин, бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.

Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави кишвар чораҷӯӣ намояд.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду азнавсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Соли 2021 лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм–Нуробод, Ҳулбук–Темурмалик–Кангурт, Данғара–Левакант–Бохтар, қитъаҳои Қалъаихумб–Ванҷи шоҳроҳи Душанбе–Кулма, Қизилқалъа–Бохтари шоҳроҳи Душанбе–Бохтар, Бекобод–Бобоҷон Ғафуров–Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шурӯъ шуданд.

Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад.

Дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Танҳо соли 2021 дар кишвар дар ҳаҷми 12,2 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 20 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин муддат ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.

Доир ба масъалаҳои соҳа бори дигар таъкид менамоям, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар иншоотро бо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин намоянд.

Илова бар ин, ҳангоми лоиҳакашӣ зарур аст, ки пеш аз ҳама, сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба нақша гирифта, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бунёди ҳатмии биноҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ карда шавад.

Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои мухталифи соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуд.

Барои рушди соҳа дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Илова бар ин, барои соҳа имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукӣ муқаррар карда шуданд ва дар натиҷа ҳама бахшҳои соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.

Масалан, дар давоми 20 сол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 21 ба 200 расонида шуда, истеҳсоли гӯшти паранда 9 баробар зиёд гардид.

Воридоти гӯшти паранда аз 65 ҳазор тонна ба маблағи 50 миллион доллар дар соли 2014 то 3 ҳазор тонна ба маблағи 9 миллион доллар дар соли 2021 кам гардид, яъне аз рӯи ҳаҷм беш аз 21 баробар коҳиш ёфт.

Инчунин, дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт.

Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонида шуд.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат соҳаҳои мазкур бомаром тараққӣ карда, танҳо аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 700 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Бар замми ин, бо мақсади дастгирӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, бахусус, хушксолӣ ва обхезӣ, паҳншавии бемории КОВИД–19 дар ду соли охир ва пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо кишоварзони мамлакат дар соли 2021 аз пардохти андоз аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, яъне андози ягона озод карда шуданд.

Иқдоми мазкур боиси 6 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли ҷорӣ нисбат ба соли қаблӣ гардид.

Дар натиҷа фаровонии бозори истеъмолии кишвар бо молу маҳсулоти асосии ниёзи мардум таъмин карда шуд.

То замони истиқлолият талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва картошка асосан аз ҳисоби воридот таъмин мегардид.

Агар соли 1991 ба Тоҷикистон 150 ҳазор тонна гӯшти чорво ва 325 ҳазор тонна картошка бо мақсади истеъмолӣ ворид шуда бошад, пас ҳоло бо ин мақсад ба кишвар гӯшти чорво ва картошка умуман ворид намешавад;

– ҳамзамон бо ин, соли 2021 беш аз 200 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 70 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар робита ба ин як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам.

Ҳамаи мо хуб мушоҳида мекунем, ки солҳои охир ва хусусан, ду соли охир дар кишвари мо ва бисёр мамлакатҳои дунё хушксолӣ ва камборишӣ идома дорад.

Тибқи маълумоти расонаҳо ва Созмони Милали Муттаҳид имрӯзҳо дар даҳҳо кишвари сайёра гуруснагӣ идома дорад.

Дар чунин шароит мо бояд ба истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, пеш аз ҳама замин ва об, мунтазам зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва дар баробари ин, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ ниҳоят ҷиддӣ муносибат кунем.

Ҳамзамон бо ин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки стратегияву барномаҳои соҳавиро пурра татбиқ намуда, доир ба рушди тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркард ва хӯрокворӣ, инчунин, тақвияти иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Ҳамватанони азиз!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.

Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.

Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

Дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.

Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад.

Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар сӣ соли гузашта тамоми чораҳои заруриро андешид, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад.

Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок ва рушди саноати маъдан олимони мо бояд корҳои таҳқиқотиро вусъат диҳанд.

Инчунин, таҳияи усулҳои пешгӯии хавфҳои эҳтимолӣ ва таъсири манфии омилҳои гуногун ба иқтисоди миллӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, пешрафти «энергияи сабз» ва «иқтисоди сабз» ва дар робита ба ин, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи манбаъҳои алтернативӣ, ихтироъкориву навоварӣ, коркарду татбиқи технологияҳои нави каммасраф ва роҳу усулҳои аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол кардани доруворӣ ва нуриҳои маъданӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар мебошад.

Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.

Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд.

Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд.

Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.

Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.

Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Хотирнишон месозам, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.

Тавре ки мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.

Зикр бояд кард, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад.

Соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон–Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500– солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022–2023 пазируфта шуд.

Панҷ рӯз пеш аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Яъне «Фалак» мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.

Моҳи октябри соли ҷорӣ аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид.

Дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ мегардад.

Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард.

Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт.

Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад.

Дар давоми сӣ соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст.

Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд.

Танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.

Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор аст, ки барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоиро ҷоннок намуда, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорон дар самти таъмин кардани рушди саноати дорусозӣ, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Ҳоло муассисаҳои тиббии кишвар бо табибон 84 фоиз ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 96 фоиз таъмин мебошанд.

Дар панҷ соли минбаъда муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисосҳои тиб 13 770 нафар ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 47 880 нафар хатм мекунанд.

Аз ин рӯ, сохтору мақомоти марбута вазифадоранд, ки камбудии мавҷударо доир ба норасоии кадрҳо дар ду сол бартараф намоянд.

Таъкид месозам, ки барои ҳалли ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 ва фавти одамон идома дорад.

Бинобар ин, ба мардуми кишвар муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони мамлакат бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд.

Баръакс, бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд.

Онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ҳатман зери назорати табибон қарор дода шаванд.

Чунин шахсон бояд фикри аъзои оила, хешовандон ва ҷомеаро кунанд.

То имрӯз 60 фоизи аҳолӣ эм карда шудааст ва зарур аст, ки раванди эмгузаронӣ боз ҳам вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.

Ҳозирини муҳтарам!

Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.

Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.

Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.

Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.

Тайи солҳои 2011–2020-ум дар кишвар қариб 3000 иншооти варзиш сохта шудааст.

Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад.

Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.

Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд.

Таъкид менамоям, ки мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем.

Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад.

Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.

Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад.

Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.

Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад.

Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад.

Мо насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунем.

Ҳамватанони гиромӣ!

Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад.

Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.

Бо ин мақсад Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд.

Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.

Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991 – 1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем.

Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ вазифадор аст, ки назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд.

Дар ин раванд, мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд.

Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳозирини арҷманд!

Мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Дар ин росто, метавон тазаккур дод, ки имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Дар сиёсати хориҷӣ мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони стратегӣ – Федератсияи Россия, Чин ва дигар шарикони худ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар минтақаҳои олам ҳамеша аҳаммияти хосса медиҳем.

Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад.

Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.

Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.

Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.

Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд.

Чунонки мушоҳида мекунем, вазъият дар ин кишвари ҳамсояи наздики мо ҳамоно печида ва мураккаб боқӣ мемонад.

Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд.

Бори дигар такрор мекунам, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад.

Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Бинобар ин, мо, ки чунин таҷрибаи талхи таърихӣ дорем, ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорем.

Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем.

Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад.

Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад.

Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд.

Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад.

Имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварад.

Дар робита ба ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расонидани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ медонем.

Дар ин раванд, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар доираи имкон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд.

Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ имкониятҳои васеи логистикии худро дар ин ҷода пешниҳод кардааст.

Ҳоло шаш пули дар замони соҳибистиқлолӣ дар сарҳадоти ду кишвар бунёдгардида барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон фаъолият карда истодааст.

Ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар иброз медорам, ки вазъияти Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад.

Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад.

Яъне тамоми мушкилоте, ки дар минтақаи зикршудаи марзӣ ба вуҷуд меояд, аз ҷумла қочоқи рӯз ба рӯз афзояндаи маводи мухаддир мустақиман ва қабл аз ҳама, ба дӯши Тоҷикистон қарор мегирад.

Бинобар ин, мо ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошем.

Ман ин суханҳоро дар асоси таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми Тоҷикистон мегӯям.

Агар Афғонистон дар он айём орому босубот мебуд, гурӯҳҳои экстремистиву террористии аз ҷумлаи шаҳрвандони мо бо кумаку дастгирии кишварҳои манфиатдор ташкилгардида наметавонистанд қаламрави онро ҳамчун пойгоҳи аъмоли хунини худ бар зидди Тоҷикистон истифода намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ҳамватанони азиз!

Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

Дар ин давра маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат мо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намудем.

Мо барои ояндаи неки мардумамон, ба хотири тақвияти иқтидори иқтисодии давлатамон, ободии Ватанамон ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон пойдевори мустаҳкам гузоштем.

Нақшаҳои созандаи мо дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ ва барномаҳои муҳим тарҳрезӣ гардидаанд.

Мо то имрӯз дар ҷодаи амалӣ намудани онҳо хеле корҳоро анҷом додем.

Бовар дорам, ки вакилони парламент, аъзои Ҳукумат, хизматчиёни давлатӣ ва умуман мардуми шарифи кишвар тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар месозанд.

Ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар муддати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро барои истиқболи сазовори 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва солҳои рушди саноат таҳия карда, ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Роҳбари давлат пешниҳод намоянд.

Мо бояд дар панҷ соли оянда тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба хотири рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани маҳбубамон ва истиқболи арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ сафарбар намоем.

Ҳамватанони азизи мо хуб мушоҳида мекунанд, ки бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадид гардида истодаанд.

Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо.

Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд.

Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздиктарин бартараф месозем.

Таъкид месозам, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад.

Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Ба ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзумандам!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Гузориш аз баргузории семинари машваратии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Ноябр, 2021 - 15:23

Рӯзи 26-уми ноябри соли 2021 бо мақсади иҷрои банди 22-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» аз 6-уми феврали соли 2021, №14 ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои риоя нашудани меъёрҳои забони давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешидан ва Нақшаи назоратии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми давраи назоратӣ ва таҳлили коргузорӣ оид ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва амалисозии «Нақшаи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратиро баргузор намуд.
Дар семинар раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода, муовини раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Раҳим Зулфониён ва роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ, раёсатҳо ва бахшҳои Кумитаи телевизион ва радио, намояндагон – рӯзноманигорони шабакаҳои телевизониву радиоии Кумита ва дигар зерсохторҳои он иштирок намуданд.
Дар ҷараёни семинар гузориши роҳбари гурӯҳи корӣ (Р. Зулфониён) ки баъди таҳлилҳо ва ҷамъбасти фаъолияти назоратӣ дар самти татбиқи сиёсати забони давлатӣ дар Кумитаи телевизион ва радио таҳия гардидааст, шунида шуда, ҳамзамон, дар саҳмгузорӣ ба пешбурди сиёсати забони давлатӣ ба роҳбарият ва кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» аз 30-юми июнии соли 2021, №268 ва иҷрои Нақшаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28-уми ноябри соли 2020, №647 тавсияҳо пешниҳод гардид.
Сипас, раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ин муқаддасоти олиамон, даъват кардаву ҷиҳати масъалаҳои мубрами сиёсат дар бораи забони давлатӣ ва риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар дар бораи забони давлатӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки низ ҳамкориҳои пайвастаи ин ду мақомот дар таҳкими пешбурди сиёсати давлатии забон дар кишварамон муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар анҷом, кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар зерсохторҳои он ба саволҳои худ аз ҷониби намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳот ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Масъули ВАО-и Кумита

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Ноябр, 2021 - 15:27
Суратгузориш аз мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони «Садоқат ба Парчами давлатӣ» рӯзи 24-уми ноябри соли 2021 баргузор гардид. Дар мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони Кумита иштирок намуданд, ки он бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Баъдан, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода сухани табрикотиро оғоз намуда, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳозиринро муборакбод гуфта, қайд намуданд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардида, дар тақвими рӯзҳои ид ворид шудааст, ки ин амри басо судманде дар ростои худшиносии миллист. Ин рӯзи муборак собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Рамзҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, нишонаи давлати ташаккулёфтаи комилҳуқуқ мебошанд. Имрӯз Парчами миллии мо дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ мақому мартабаи махсусе дорад, ки боиси шарҳу баён ва дӯст доштан аст. Парчами миллӣ рамзи садоқат, рафоқат, фахру ҳувият ва таҷассумгари ифтихору ору номус ва ватандорист. Ифтихори парчами кишвари мо, ифтихори миллати куҳанбунёди мост, ки дар тӯли асрҳо ба кашмакашиҳои таърихӣ нигоҳ накарда, ҳамчун рамзи миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст. Парчам аз бузургтарин арзиши имрӯзу фардои кишвар мебошад ва аз нигоҳи эътибори умум муқаддастарин рамзи давлатист, ки расидан ба қадри он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Сипас, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳозиринро барои муттаҳид шудан зери ин Парчам ҳушдор намуда, суханро ба кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот доданд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи кормандони Кумита маърузаҳо дар мавзуи «Таърихи пайдоиши парчами тоҷикон» ва «Парчами давлат – ифтихори миллат» шунида шуданд. Чорабинӣ бо арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ба суруду оҳанги «Парчами ковиён» ҷамъбаст гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Ноябр, 2021 - 07:10
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.

Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сисолагии истиқлолу озодии Ватанамон таҷлил мекунем.

Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.

Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.

Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.

Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Илова бар ин, ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида, ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки ҳар яки мо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқатро ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бояд дар зеҳну шуури фарзандонамон аз синни кӯдакӣ тарбия намоем, зеро рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам таҷассумгари гузаштаи пурифтихори таърихӣ ва ояндаи дурахшони халқамон мебошанд.

Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.

Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бошад.

Итминони комил дорам, ки кулли сокинони кишвар минбаъд низ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, тақвияти иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва баланд бардоштани мақому обрӯи он раванди созандагиву бунёдкориро бо парафшонии Парчами миллӣ вусъати бештар мебахшанд.

Бори дигар тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ – рамзи муқаддаси давлати соҳибихтиёри тоҷиконро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар тандурустиву сарбаландӣ, бахту саодат ва файзу баракат орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Ноябр, 2021 - 20:00
Мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми ноябри соли 2021, соати 15:00 дар толори Кумита мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон оқои Муҳаммадтақии Собирӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот тарафҳо ҷиҳати амалишавии Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот, ки аз 10-уми сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, изҳори ақида намуда, тасмим гирифтанд, ки минбаъда ҳамкориҳоро дар самти забон ва истилоҳот миёни ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мустаҳкам намоянд.
Дар анҷоми мулоқот аз ҷониби тарафҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид, ки ин дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъда хотирмон хоҳад монд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Ноябр, 2021 - 19:18
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр

     Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент – ҳомӣ ва пуштибони забони миллӣ» рӯзи 16-уми ноябри соли 2021, соати 10:00 баргузор гардид.

     Дар мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони Кумита иштирок намуданд. Мизи мудаввар бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

     Баъдан, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода сухани табрикотиро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро бо хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар 30 соли даврони Истиқлол ёдовар шуда, қайд намуданд, ки мо миллати хушбахтем, ки ба бахти мо тоҷикон таърих роҳбареро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳрпарастӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи миллату кишвари тоҷикон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳадти миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
     Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари Давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст.
     Маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзию фидокориҳои Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои сулҳу ваҳдат сарҷамъ омада, Тоҷикистон имрӯз дар роҳи рушди устувор ва босубот қарор дошта, бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз забони тоҷикӣ мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ғамхорӣ ва мувозибат аз забони модарӣ, пеш аз ҳама, пуштибонӣ аз халқу миллати худ мебошад. Бори дигар раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон табрик намуда, суханро ба кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот доданд.
     Дар мизи мудаввар кормандони Кумита маърузаҳои худро дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуъҳои «Президенти ман – ифтихори ман», «Эътимод ба савганди пуштибони миллат», «Президент – ҳомӣ ва пуштибони забони миллӣ» ва «Иҷлосияи тақдирсози миллат» ироа намуданд.
     Дар анҷом, суруд ва шеърҳо дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳозирин хонда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Ноябр, 2021 - 18:01
Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз!

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.

Ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик мегӯям ва ба хурду бузурги кишвар иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоям.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.

Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амалӣ гардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар карда шудааст.

Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.

Фазои орому осоиштаи кишвар, дар навбати худ, барои рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат шароит фароҳам овард.

Чунин шароит ба он мусоидат намуд, ки дар кишвар ҳазорҳо корхонаи хурду миёна ва бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд, барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардид ва сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон зина ба зина рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳои демократӣ ба мо имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣ ва соҳиби анъанаҳои деринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем.

Тағйиру иловаҳое, ки бо дарназардошти таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститусия ворид гардиданд, сохтор, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои ин санади муҳимро такмил дода, барои боз ҳам тавсеа бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузории кишвар ва ба санадҳои аз ҷониби умум пазируфташуда мутобиқ гардонидани меъёрҳои конститусионӣ мусоидат намуданд.

Зимнан, бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

Яъне Конститутсияи мо бо раъйи худи мардуми Тоҷикистон қабул карда шуд.

Хотиррасон месозам, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани рӯйдодҳои фоҷиабори солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистони мо дағалона поймол гардидани талаботи Конститутсия ва қонунҳои он давра буд.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба масъалаи риояи дақиқи меъёру муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.

Бинобар ин, мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем.

Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия – ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар – аз хурд то бузург мебошад.

Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад.

Хусусан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд истиқлоли миллӣ ва амнияти давлату ҷомеаи моро халалдор созанд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.

Имсол мардуми Тоҷикистон ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатии худро бо вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ, дастовардҳои бузург ва муҳимтар аз ҳама, дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ таҷлил карданд.

Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо такя ба Конститутсияи худ давлате бунёд намудем, ки дар он сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, мардум ба имрӯзу ояндаи худ дилпурона назар мекунанд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ба сар мебаранд.

Бовар дорам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда низ саъю кӯшиш мекунанд, ки бо заҳмати содиқонаву аҳлона дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, тараққиёти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд гузоранд.

Вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон пешравиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.

Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Ноябр, 2021 - 15:21
Сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Конститутсия - санади тақдирсози миллат

     Имрӯз дар кишвар 27-умин солгарди қабули Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини халқи тоҷик мебошад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Бояд қайд кард, ки қабули Конститутсия бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси давлатҳои пасошуравӣ яке аз таҷрибаи аввалин ба шумор меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин Конститутсияи ҷахон буда, дар шумораи даҳ Констиутсияи беҳтарини дунё шомил мешавад.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ, ки арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷчассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондўстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.
Маҳз дар Конститутсияи соли 1994 эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлат дар асоси принсипҳои сохибистихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявї ва ягонагӣ муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёдӣ корҳои давлатдорӣ таҳким ёфт.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст.
 
     Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст.
Инчунин, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ зикр карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Масалан, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд.
Мутобиқи ин талаботи Конститутсия коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.    

     Ҳамин тариқ, бисту Ҳафт соли амали Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон собит аз он мебошад, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввилиндараҷа буда, ин нукта зарурат ба шарҳ надорад ва итминон дорам, ки барои рушду инкишофи ин сарзамин ва миллати куханбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

     Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Дар Душанбе дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» машварат доир шуд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Ноябр, 2021 - 17:35
Дар Душанбе дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» машварат доир шуд

ДУШАНБЕ, 3.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки 4 октябри соли 2011 рӯи чоп омада буд, як идда камбудию норасоиҳо ҷой доштанд, ки он мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард ва мақсади асосии таҳияи қоидаи имлои нав бартараф кардани ҳамин камбудиву норасоиҳост. Бо мақсади мукаммалтар шудани ин санади миллӣ ба он «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» низ ҳамроҳ карда шуд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни баргузории машварат дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» иброз намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ба зикри Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, бинобар мақоми забони давлатӣ ва дурнамои рушду густариши он дар ҷомеа матни имлои забони тоҷикӣ аз нигоҳи интиқодӣ мавриди таҳриру такмили ҷиддӣ қарор гирифт.

Забоншиносони тоҷик иброз доштанд, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» масъалаҳои марбут ба номи ҳарфҳо, имлои овозҳои садоноку ҳамсадоҳо, калимаҳои содаю мураккаб ва таркибҳо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима, имлои ҳиссаи нутқ, махсусан навишти ихтисораҳо, ҳарфҳои калону хурд, тарзи имлои артикли «ал», якҷоя, ҷудо ва бо нимтире навиштани калимаҳо, тарзи дурусти навишти морфемаҳои насабсоз, имлои номи муассисаю корхонаҳо, номи ҷуғрофӣ, асару китобҳо, маҷаллаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо, имлои нумеративҳо, бандакҳо, пешванду пасвандҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, имло ва тарзи навишти онҳо мушаххас нишон дода шудаанд.

Зимни баргузории машварат зикр намуданд, ки барои ба танзим даровардани калимаҳои иқтибосие, ки овозҳои «ц», «щ» ва «ы» доранд, «Қоидаи имлои забони тоҷикӣ» ҳарфҳои ивазкунандаи онҳоро мушаххас кардааст. Масъалан, дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳари ц ҳарфҳои с ва т дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

-дар аввали калима (пеш аз садонок) с навишта мешавад: семент-цемент, сирк-цирк ва ғайра;

-дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: дотсент – доцент, милитсия – милиция, конститутсия – конституция ва ғайра;

-баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешаванд: Липетск – Липецк, Донетск — Донецк ва ғайра;

-дар охири калима баъд аз садонок тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешавад: платс – плац, кварс – кварц ва ғайра;

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки бобати амалисозии дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз ҷониби гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар ҳайати олимони варзидаи забоншиносон таҳия ва нашр гардида, имрӯз дастраси тамоми қишрҳои ҷомеа мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Садонокҳои забони тоҷикӣ ва имлои онҳо (сайри таърихӣ)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Октябр, 2021 - 18:55

Муаллиф: Назарзода С.
Низоми садонокҳои забони тоҷикӣ аз нуқтаи назари сайри таърихӣ аз садонокҳои забонхои авестоӣ, форсии бостон, форсии миёна, бохтарӣ, суғдӣ, портӣ сарчашма гирифта, дар дарозои таърих ба таҳаввулу тағйироти ҷиддие дучор гардидааст. Бинобар ин вақте сари масъалаи имлои садонокҳои забони тоҷикӣ сухан меравад, ҳадди ақал ба таври сатҳӣ аз сайри таърихии садонокҳои забони мо бояд кас огоҳ бошад, то дар ин мавзуъ огоҳона суҳбат намояд. Ин нукта барои он таъкид гардид, ки чи басо касоне ҳастанд, ки имрӯз сари ин масъала ақидаҳои зидду нақиз баён менамоянд ва хонандагонро дар бархе ҳолатҳо ба роҳгумӣ мебаранд.
Низоми садонокҳои забони тоҷикӣ ба шаш садоноки ҷуфт такя мекунад. Ин шаш садоноки ҷуфт аз давраи бостон то имрӯз меҳвари низоми садонокҳои забонро ташкил намуда, садонокҳои мураккабу дароз (дифтонгҳо, трифтонгҳо ва ҳатто овозҳои аз чор овози одӣ иборат (авестоии raočan – рӯз, равшан) садонокҳои наздик ба яке аз садонокҳои ҷуфт (дар калимаи raočan-и авестоӣ таркиби «aoča» ба ӯ-и устувор) иртибот мегирад. Аз ин нуқтаи назар ба ғайр аз се ҷуфти садонокҳои дарозу кутоҳ (дар забонҳои авестоӣ ва форсии бостон) ва ноустувору устувор (дар забони форсии миёна ва нав) садонокҳои мураккабу дароз қаринаҳо ё гунаҳои садонокҳои ҷуфт ҳисоб мешаванд. Дар забони тоҷикӣ ҳам шаш садоноки ҷуфт (а –о, у-ӯ, и-ӣ) асоси низоми овоии забонро ташкил дода, ду садоноки дарози тоҷикӣ (ӯ ва ӣ) қаринаҳои у-и устувор ва и-и устувор мебошанд. Акнун дар бораи истилоҳҳои «дарозу кутоҳ» ва «устувору ноустувор» равшанӣ меандозем. Истилоҳҳои «дароз» ва «кутоҳ» барои садонокҳо дар забонҳои авестоиву форсии бостон, ҳарду ҳам дар осори таърихӣ бо номи «забони ориёӣ» маъруфанд, барои низоми садонокҳо аз он сабаб истифода мегарданд, ки дар ин давра дарозӣ ва кутоҳии овозҳои садонок хусусияти маънисозӣ доштанд, яъне бо дароз ё кутоҳ талаффуз шудани онҳо маънои вожаҳо тағйир меёфтанд. Минбаъд дар давраи охири рушди забони форсии миёна маъносозӣ аз рӯи дарозӣ ва кутоҳии садонокҳо аз байн рафт. Барои ҳамин донишмандони эроншинос садонокҳои забони тоҷикӣ-форсиро ба устувор (о, ӣ, ӯ) ва ноустувор ( а, и, у) ҷудо карданд. Сайри мухтасар ба таърихи ташаккули садонокҳо дар забонҳои бостонӣ ва миёнаи эронӣ аз дарозиву кутоҳӣ ба устувориву ноустуворӣ гузаштани овозҳои садонокро нишон медиҳад.
Яке аз хусусиятҳои хоси овозҳои забонҳои бостонии эронӣ ба таври мушаххас фарқ кардани садонокҳо аз лиҳози дарозии овоз мебошад. Тартиби онҳо дар забонҳои эронии бостон ва миёнаи эронӣ, ки забони тоҷикӣ ҷойгузини онҳо шудааст, дида мебароем. Дар забони авестоӣ садонокҳо: 14 – садонок: ā, a, ē, e, ə, ə, o, ō, ā, a, i, ī, u, ū; i, ī, u, ū, a, ā, e, o, ō, , ã,
Садонокҳои мураккаб (дифтонгҳо) дар ин забон шашто мебошанд: aē, ao, ōi, əu, āi, au
Ҳамсадоҳо: k, g, x, ũ, c, j, t, d, δ, t, p, b, f, w, j, п, ŋ, m, y, v, s, z, š, ž, h, h, r, .
Тавре ки мебинем, барои ифодаи 14 садоноки хоси забони авестоӣ аз рӯйи хати диндабира 16 аломат гузоштаанд ва садонокҳои ин забон аз ҳафт ҷуфти кутоҳ ва дароз иборат аст. Муҳақкиқон садонокҳои забони авестоиро аввал аз 9 то 14 овоз ва дар солҳои охир шаш садонок ҳисоб кардаанд (a, ā, i, ī, u, ū ) [12, 143; 4, 1].
Забони форсии бостон дар таркиби худ се ҷуфти садонокҳои одӣ (i - ī, - a - ā, u - ū) ва чор садоноки мураккаб (ai, aī, au, aū) дорад[3, 187; 9, 47-48]. Имрӯз муҳаққиқон аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқотҳои охир пешниҳод намудаанд, ки садонокҳои мураккаби ai ва au дар давраи инкишофи форсии бостон (то сангнавиштаҳои Дориюши Кабир) ба як овози садонок дар шакли ai ē ва auō табдил ёфта буданд [5, 29-30; 20, 21], вале ин тағйирот дар хат ва алифбои форсии бостон ворид нашудааст. Дар забони форсии бостон 22 ҳамсадо вуҷуд дошта, хати он аз чап ба рост навишта мешуд. Садонокҳои забони портӣ то ҳанӯз ба таври мушаххас муайян нашудааст, вале муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки садонокҳои забони портӣ ба монанди садонокҳои форсии миёна аз ҳашт овози сода a, ā, i, ī, u, ū, o, ē (кутоҳу дарози a – ā, i – ī, u – ū) иборат буданд.
Забони форсии миёна дорои ҳашт садоноки сода a, ā, i, ī, u, ū, ō, ē ва ду садоноки мураккаб ai, ва au мебошад. Ҳамсадоҳои забони портӣ ва забони форсии миёна ҳамгун буда, аз 22 ҳамсадо (p, t, k, b, d, g, č, ĵ, f, s, š, x, h, ν, ү, z, ž, m, n, l, r, y) иборатанд.
Забони бохтарӣ дорои 25 ҳарф ва аломатҳои ишорат буда, хати он дар асоси хати юнонӣ тартиб ёфтааст. Он 6-7 садонок ва 20 ҳамсадо дорад.
Садонокҳои забони суғдӣ дар аввал аз 11 овоз (6 садоноки кутоҳ – a, i, e, u, o, ә ва 5 садоноки дароз ā, ī, ē, ū, ō ) иборат буда, инчунин чор садоноки мураккаб (ai, au, āi, āu) доштааст. Ҳамсадоҳо аз 19 овоз иборат аст. (k(g), x, , č(j), š, ž, t(d) ∂, δ, s, z, п, p(b), f, β, m, w, y, r) [13, 347-373].
Баъдан садонокҳои суғдӣ аз овозҳои a, ā, i, u, ō, ē, ə яъне ҳафт овоз иборат шуда, ки садонокҳои кутоҳи он a, i, u хеле ноустувор аст ва махсусан дар байни калима он қадар ҳис карда намешавад. Садонокҳои мураккаб ё дифтонгҳо аз ai, au иборат мебошанд [11, 168-178].
Агар ба сохтори садонокҳои мураккаби забонҳои эронӣ назар афканем, мушоҳида мешавад, ки тамоми садонокҳои мураккаб бо овозҳои кутоҳ оғоз шудаанд (дар забони форсии қадим ai, aī, au, aū). Бад-он маъне, ки овозҳои ба ном «йотбарсарҳо», ки бо нимсадои «й» гуё дар забони тоҷикӣ шуруъ ва бо ҳарфҳои алоҳидаи «е, ё, ю, я» ишора мешаванд, барои низоми садонокҳои забони тоҷикӣ бегона буда, онҳо бо тақлид ба алифбои забони русӣ ба забони мо ворид шуда, ҳеҷ лузуме надоранд.
Инкишофи минбаъдаи садонокҳо дар забони форсии миёна ва портӣ нишон медиҳанд, ки ду садоноки мураккаб ai ва au мутаносибан ба садонокҳои дарози ē ва ō табдил ёфтаанд, дар забони форсии миёна шумораи садонокҳо ба ҳашт садонок (i, ī, ē, a, ā, u, ū, о, ) мерасад.
Мо ин садонокҳоро дар осори шоирону нависандагони давраи классикии адабиёти форсу тоҷик (асрҳои IX-XX) мебинем. Ин муқобилгузории садонокҳо ба садонокҳои устувору ноустувор дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ ҳам инъикос ёфт. Овозҳои садонокҳои устувори ī ва ē бо ҳарфи ی - йо ва ū, ō бо ҳарфи (و) вов навишта мешуданд. Садонокҳои ноустувори i бо касра (ﹻ), u – бо замма (ﹹ) ва а – бо фатҳа (ﹷ) ишора мешуданд, ки баъзан нишон дода намешуданд. Дар алифбои арабиасоси мо барои ду садоноки устувори дароз ē ва ō, ки дар навишт гоҳҳо навишта мешаванд ва талаффузи онҳо ба талаффузи у-и устувор ва и-и устувор табдил шуда буд, истилоҳҳои «йо-и маҷҳул» ва «вов-и маҷҳул» истифода мешавад. Яъне агар ī йо-и маъруф бошад ва навишт бо талаффуз мувофиқат кунад, пас ē - йо-и маҷҳул ва ū - вови маъруф бошад пас ō вови маҷҳул мебошад. Агар ин истилоҳҳои забоншиносӣ ва овонавишти онро бо алифбои имрӯза баргардонем, ӯ-и дароз дар калимаҳои гӯш, рӯз, бӯй ва ғайра вови маҷҳул ва у-и дарози калимаҳои дуд (форсии миёна dūt ), дур (форсии миёна dur) хун (форсии миёна xӣn) вови маъруф мебошанд. Ин овозҳо дар забони форсии имрӯз бо вов навишта шуда, ҳамчун у-и дароз ифода мешаванд, вале дар забони тоҷикӣ онҳо бархе бо ӯ-и дароз ва бархе дигар бо у-и кутоҳ навишта мешавад, ки ҳоло сарчашмаи баҳси доманадори донишмандон гардидааст. Айнан ҳамин усул дар навишти йо-и маҷҳул ва йо-и маъруф дар забони тоҷикӣ ва форсӣ мушоҳида мешавад. Агар йо-и маҷҳул дар забони тоҷикӣ ба садоноки алоҳидаи ē табдил ёфта бошад, он дар забони форсӣ бо овози ī якҷо шуда, бо йо (ی) навишта мешавад. Масалан калимаҳои шер ва шир дар забони форсӣ як хел (شیر) навишта мешавад, вале маъноҳои гуногунро ифода мекунанд. Бояд гуфт, ки дар ҳар ду маврид хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ дар форсии миёна дида мешавад, вале дар форсии имрӯз шояд зери таъсири омилҳои забонҳои бегона тағйир карда бошад. Дар вазни арӯз i (и-и ноустувор), ки бо касра (ﹻ) ифода мешавад ва ī (и-и дароз) маҷҳул, ки бо йо (ی) ифода мешавад, бо ҳамдигар дар шеър ҳамвазн нестанд, вале бархе аз шоирони мо ба иллати дигаргунии нодурусти солҳои 40-уми садаи ХХ дар имлои забон масалан калимаи дилро (دل) бо Нил (نیل) қофия мебанданд, ки дар вазни арӯз хатои маҳз ҳисоб мешавад.
Дар забони тоҷикии давраи классикӣ мисли забони форсии миёна ҳанӯз ҳам ҳашт садонок (се ҷуфти кутоҳи дарози i-ī, a-ā, u-ū ва ду садоноки дарози аз садонокҳои мураккаби ai>ē ва au>ō пайдошуда) вуҷуд дорад, вале дар зери таъсири тағйироти сифатӣ дар ҳоли тағйир ёфтан аст.
Албатта, фонемаи ӯ ё ба таври дигар у-и дарози устувор дар забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷиддӣ мехоҳад, зеро ки шакли талаффузи он ба вови маҷҳули классикӣ шартан муқоиса мегардад. Тарзи талаффузи он дар забони форсии миёна ва форсии дарӣ ё тоҷикии аҳди классикӣ ба таври мушаххас маълум нест ва он аз рӯи анъана ва суннати дароз талаффуз кардани он баррасӣ мегардад [14, 20]. Ин масъаларо метавон ба таври муфассал дар намунаҳои мувофиқати таърихии ин овоз аз форсии бостон то забони тоҷикӣ баррасӣ намуд.
Вови маҷҳул дар забони классикии форсии тоҷикӣ аз ҳисоби ба садоноки дарози ū табдил ёфтани садоноки мураккаби aū ва ба воситаи дароз талаффуз кардани баъзе аз таркибҳои овозӣ пайдо шудааст, ки мушаххасан дар мисолҳои зерин дида мешавад:
1. Дар калимаҳои монанди рӯз, гӯш, бӯӣ, рӯд, рӯй, дар асоси табдил ёфтани садоноки мураккаби забонҳои авестоӣ ва форсии қадим au ба садоноки дарози ū пайдо шудаанд:
рӯз < форсии миёна ва портии rōz (форсии миёнаи давраи аввал roč форсии бостон raučah ба маънои рӯз, авестоии raočan – равшан < эронии қадим* raučah). Калимаи авестоии raočan имрӯз дар забони тоҷикӣ дар шакли равшан ва рӯшан вуҷуд дорад ва ин мисол исбот мекунад, ки имрӯз ҳам кутоҳшавии садонокҳои мураккаб (ав-и тоҷикӣ ва оӯ-форсӣ) дар забони мо идома дорад. Равған ва рӯған ҳам шоҳиди ин гуфтаҳост.
гӯш < форсии миёна – gōš < форсии бостон gauša, авестоии gaoša< эронии қадим* gauša;
бӯй < форсии миёнаи bōy < авестоии baoδa < эронии қадим* bauda;
рӯд < форсии миёнаи rōd < форсии бостон rautah < эронии қадим* rautah;
рӯй < форсии миёнаи rōy < авестоии raoδa < эронии қадим rauda ба маънои намуди беруна.
2. Бо роҳи ба садоноки дарози ū табдил ёфтани таркибҳои овозӣ:
а) аз эронии қадими* aua: ӯ ба маънои шахси сеюми вай < форсии миёнаи ōy < форсии бостон avahya аз ҷонишини ишоратии ava – он, вай < эронии қадим* ava:
фурӯ ба маънои поин < форсии миёна frād < форсии бостон frauatа – ба пеш, ба поин;
зӯр ба маънои тавоноӣ, қудрат < форсии миёна zōr < форсии миёнаи давраи аввал zavar, портии zāvar < авестоии zāvar;
пӯст < форсии миёна pōst < форсии қадим* pavasta;
ту < форсии миёна tō < авестоии tava < эронии қадим* tava ба маънои «аз ту» (тавре мебинем дар калимаи «ту» овози у-и дарози устувор аксаран бо у-и ноустувор табдил ёфтааст);
б) аз таркиби овозии форсии бостон agu* >avu* ōu > ō;
мӯбад < форсии миёна mōubad (давраи аввал - mōupat) < форсии бостон magupati – рӯҳонии зардуштӣ;
в) аз таркиби овозии va > ō;
вожаи ду < форсии миёнаи dō < авестоии dva, форсии бостон duva [14, 42-43]. Дар калимаҳои «ду» ва «нуҳ» ҳам овози у-и дарози устувор ба овози ноустувори «у» табдил ёфта, ба талаффузи у-и ноустувор дар вожаи «ту» ҳаммонандӣ пайдо кардаанд.
Ин таркибҳои овозии авестоӣ ва форсии бостон дар забони тоҷикии имрӯз бояд овози ӯ-ро диҳанд, ки тавре аз имлои имрӯз бармеояд, на ҳамаи ин овозҳо бо ӯ ишора мешавад. Ҳол он ки дар забони мо бе доштани меъёри таърихӣ як силсила қоидаҳо (аз қабили пеш аз овози (h) ҳ дар калимаҳои кӯҳна, куҳан ва пеш аз овозҳои h ва айн (аломати сакта) дар калимаҳои арабӣ талаффуз кардани ӯ пайдо шудаанд, ки имрӯз онҳоро ҳамчун хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ қаламдод мекунанд. Ҳол он ки хусусияти хоси ин овозҳоро, яъне ба ӯ-и дароз табдил ёфтани у-и кутоҳ дар лаҳҷаҳои шимолии Тоҷикистон, аз ҷумла дар лаҳҷаҳои «самарқандӣ-бухороӣ, ленинободӣ-конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепаӣ, шаҳристонӣ» дар намунаҳои уҳда, мӯҳтоҷ, мӯмин (арабии муъмин) ҳанӯз дар соли 1964 муҳаққиқи рус Расторгуева В.С. қайд карда чунин гуфта буд: «Гузариши u (у-и кӯтоҳ) ба ů (ӯ-и дароз) дар зери таъсири ҳамсадои гулӯӣ танҳо дар лаҳҷаҳои шимолӣ (ҷое, ки садоноки ū (ӯ-и дароз) дорад) ва махсусан дар лаҳҷаҳои самарқандиву бухороӣ, ленинободиву конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепагӣ, шаҳристонӣ дида мешавад» [15, 29]. Яъне ин падида дар аксарияти дигари лаҳҷаҳои минтақаҳои тоҷикнишини тоҷикони Осиёи Марказӣ ва лаҳҷаҳои марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон аз тарафи муҳаққиқон маълум карда нашудааст ва онро ҳамчун меъёр ба забони адабӣ дохил кардан ба назар дуруст намерасад. Агар меъёрҳои забони адабиро ба баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Узбекистону Тоҷикистон маҳдуд накарда, онро ба тамоми сарзамини тоҷикон мансуб донем, нодурустии ин меъёр боз ҳам равшантар ва бармалотар аён мегардад. Расторгуева В.С. таъсири забонҳои туркӣ ва махсусан забони узбекиро дар пайдо шудани овози ӯ дар калимаҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар намунаи лаҳҷаҳои Чирчиқи боло, Риштон ва атрофи он зикр намуда чунин мегӯяд: «Ин фонема (овози ӯ дар назар аст) хати инкишофи ō-и маҷҳули куҳанро идома намедиҳад. Он дар ин ҷо аз забони ӯзбекӣ иқтибос шудааст ва фақат дар калимаҳои иқтибосии ӯзбекӣ дида мешавад» (мисолҳо ҳам оварда мешавад).
Баъдан ӯ дар ҳамин ҷо зикр мекунад, ки «ō-и маҷҳул дар ин ҷо ба монанди лаҳҷаҳои марказӣ ба овози ū табдил ёфтааст: rūz, rūy, mūy ва ғ.» [15, 41; 19, 10-11] (яъне ба у-и дарози калимаҳои дур, пур, гур ва ғ.).
Бояд гуфт, ки масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ дар даврони шӯравӣ борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва то ин дам шумораи садонокҳои забони тоҷикиро пажӯҳишгарон гоҳ дар асоси шумораи садонокҳо дар забони классикии форсӣ-тоҷикӣ 8 садонок, гоҳ ҳафт садонок ва асосан шаш садонок ҳисоб кардаанд. Дар ибтидои асри ХХ, солҳои 1927-1928 дар давраи омодагӣ барои гузариш ба алифбои лотинӣ баҳс сари садонокҳои дарозу кутоҳи ū – u ва i – ī хеле доманадор буд ва ин баҳсҳо аввал бо қабул кардани ҳашт садонок i, ī, e, a, o, ů, ū, u анҷом ёфт. Дар натиҷа китобҳои аввалини дарсӣ барои забони тоҷикӣ, ки солҳои 1929-1930 чоп шуданд, бо овардани ҳашт садонок дар забони тоҷикӣ нашр гардидаанд [18; 16, 11-12]. Абдурауфи Фитрат дар китоби худ бо номи «Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв)», ки соли 1930 ба чоп расидааст, чунин менависад: «Босадоҳои (садонокҳои - С.Н.) забони тоҷик 8 адад буда, ба се ҷуфт ва 2 тоқа тақсим мешаванд. 6 босадои ҷуфт-ҷуфт:
Кӯтоҳ у, и, а
Дароз ӯ, ӣ, о
Ду бо садои тоқа: е, ӯ» [2, 40-41]. Вале баъдан Комиссия оид ба омодагӣ ба анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон садонокҳои забони тоҷикиро 6-то муқаррар намуд ва овозҳои i - ī ва u - ū-ро на аз рӯйи дарозӣ, балки дар асоси устуворӣ муайян намуд [8].
Масъалаи у-ҳо (у,у, ӯ) ҳангоми таҳияи алифбои лотинӣ дар чанд конференсияву ҳамоишҳои забоншиносӣ матраҳ гардида дар Анҷумани забоншиносони соли 1930 (моҳи август) дар ин бора банди алоҳидаи қарорҳои Анҷуман қабул гардид, ки он чунин аст:
«2. Анҷуман тамоман масъалаҳои мубоҳисадори алифбои нави тоҷикро ҳаматарафа музокира карда, ба ин қарор меояд, ки дар қисми муҳимми шеваҳои тоҷикӣ овози (у) вов-и маҷҳул мавҷуд нест ва ин вов бо (у) вови маъруф мувофиқ мебошад, барои ҳамин дар аснои таълим хондан ва навиштан душвориҳо ба миён меояд. Барои аз миён бардоштани ин душвориҳо минбаъд овозҳои (у) ва (ӯ) бо як шакл (ӯ) нишон дода шавад ва ин шаклро бо хосиятҳои шеваҳо мувофиқ карда кор фармудан мумкин хоҳад шуд. Ин ҳол дар шеваҳое, ки ин се овоз (яъне у, ӯ,ý) фарқ доранд, дуруст хондан ва навиштанро осонтар карда, дар шеваҳое, ки фақат дутои ин овозҳо ҳаст, душвории мавҷударо аз миён мебардоранд» [10, 173].
Минбаъд дар асоси ин қарор алифбои лотинӣ баъд аз баҳсу мунозираҳо қабул гардид, ки он аз 32 (31 ҳарф ва як апостроф) иборат буда, нисбатан ба шумораи овозҳои забон мутобиқат мекард.
Дар соли 1940 барои забони мо алифбои кириллии русиасос мувофиқ карда шуд, ки он дар оғоз аз 37 аломат ва аз соли 1954 аз 39 аломат иборат шуд. Он иштибоҳҳое, ки минбаъд мавриди баҳси доманадори донишмандон то ба ҳол қарор гирифтааст, аз ҳамин алифбо ва имлои забони тоҷикӣ, ки дар асоси он бо номи «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» (1940) қабул гардид, сар зад. Дар ин алифбо барои садонокҳои у ва и ҳарфҳои У,у, Ӯ,ӯ, И,и, Ӣ,ӣ (и-и заданок), Э,э, Е,е қабул гардид. Инчунин барои йотбарсари Е,е-русӣ қоидаи махсус сохта шуда, он барои талаффузи овози э, ки аслан кутоҳшудаи и аст, мувофиқ гардонида шуд. Агар ба ин шумораи аломатҳо ҳарфҳои А,а ва О,о-ро барои ифодаи ду садоноки ҷуфти аввал, ки камтар мавриди баҳс қарор гирифтаанд, илова намоем, пас барои садонокҳои забони тоҷикӣ дар алифбои русиасоси мо 8 аломати ҳарфӣ ҷудо шудааст, вале барои ду садоноки ноустувор аломат ҷудо нагардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар забони тоҷикӣ 30 овоз (24 ҳамсадо, 6 садонок) вуҷуд дорад. Тамоми низоми овозии забон то вазни аруз дар мувозинати овозии садоноки ҷуфт барқарор гардидааст.
Овозҳои ӯ-и устувори дароз (у) ва и-и устувори дароз (й, э) қаринаҳои у-и устувор ва и-и устувор ҳисоб мешаванд. Бинобар ин, аломатгузорӣ ё интихоби ҳарф ҳам аз рӯи ҳамин меъёр бояд сурат мегирифт. Принсипи асосӣ дар интихоби алифбои русиасос низ «ифодаи ҳар як овоз (фонема) ба як ҳарфи мустақилу алоҳида буд» [10, 102].
Барои ӯ (у-и устувори дароз) аломати махсус ҷудо карда аксари калимаҳои арабӣ ва туркиро, ки бо у-и устувор бояд навишта мешуданд, ки аслан бояд фақат калимаҳои решагӣ ва худии забон (бӯй, рӯй, мӯбад, гӯш, …)дарбар мегирифт, бо ин аломат ифода шуданд. Асли дарҳам барҳамӣ ва хатокорӣ дар имлои овози ӯ аз ҳамин ҷо сар мезанад.
Дар солҳои 1937-1940 дар давраи гузариш ба алифбои кириллӣ масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боз фарқ кардани i – ī ва ū – u масъалаи асосӣ гардид. Соли 1940 китоби Лутфулло Бузургзода «Фонетикаи забони адабии тоҷикӣ» бо ҳуруфи лотинӣ чоп шуд, ки дар он масъалаи дарозӣ ва кутоҳии садонокҳои i - ī ва ū – u аз нав тасдиқ гардида, барои забони тоҷикии меъёр ҳашт садонок муқаррар гардид. Аз ҷумла, ӯ дар бораи овози i: - ī менависад: «i: Ин овоз аз ҷиҳати ҷой ва усули ташаккул аз «i» фарқ надорад, яъне овози қатори пешин ғайрилабӣ ва танги болоӣ буда, аммо аз «i» андак кашидатар (дарозтар) талаффуз карда мешавад: i:d, bi:пo, si:r (sī:ri kosa), si:r, zi:n, zi:пa, xi:ra, pi:v, di:па, di:ruz//di:rūz, ki:па, si:. Ин овоз дар як қисм шеваҳо монанди забони адабӣ фонемаи мустақил ба шумор равад ҳам, дар як қисм шеваҳо (Самарқанд, Ленинобод) аз «i» фарқ карда намешавад» [6, 39; 16, 11-12]. Л. Бузургзода дар бораи u:(ū) ҳам чунин ақидаро пешниҳод мекунад ва барои намуна мисолҳои du:r, hu:š, šu:š, пu:r, du:d-ро меорад [7, 21; 16, 12]. Тавре ки аз ин намунаҳо мебинем, ва худи муаллиф ҳам қайд мекунад, ин дарозиву кутоҳӣ агар дар забони адабӣ ва баъзе аз шеваҳо фонемаи мустақил бошад ҳам, вале дар лаҳҷаҳои Самарқанду Ленинобод аз овози «i» фарқ надорад. Бинобар ин дар имлои забон ҳам минбаъд дар назар гирифта нашудаанд.
Вале баъд аз як соли нашри ин китоб китоби дигаре бо номи «Грамматикаи забони тоҷикӣ» нашр мешавад, ки дар он ҳафт садонок (a, e, u, ӣ, o, y, ӯ) барои забони адабии мо муқаррар шудааст.
Забони тоҷикӣ алорағми гуногунӣ ва мавҷуд будани шумораи зиёди лаҳҷаву шеваҳои мухталиф, ки дар гуногунии талаффузи садонокҳо бештар акс ёфтаанд, умумияти байни ин гӯишу лаҳҷаҳоро дар худ инъикос намудааст. Ин гӯишу лаҳҷаҳо аз лиҳози овозҳо дар зинаҳои мухталифи тағйирёбии сифатӣ ва миқдорӣ нисбат ба овозҳои забони адабӣ қарор дошта, ҳангоми таҳлилу баррасиҳои илмӣ умумияти таърихии овозҳои забонҳои эрониро ба таври возеҳ ошкор менамояд. Тавре ки аз сайри таърихии овозҳои забони тоҷикӣ аз авестоиву форсии бостон то забони форсии миёнаву бохтариву суғдӣ дидем, ин забонҳо ба ҷуз аз тағйиротҳои умумӣ, ки дар зинаҳои таҳаввулу такомул ва дар марҳилаҳои рушди таърихӣ ва хусусиятҳои хоси забонҳои шарқӣ ва ғарбии эронӣ дида мешаванд, умумияти равиши таърихии умумиэронӣ доранд.
Масъалаи талаффузи садонокҳои таърихии u, ū, ō (у ва ӯ-и дароз ва ӯ-и маҷҳул)-ро дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, Расторгуева В.С. ба панҷ навъ ё панҷ намуд ҷудо кардааст [15, 23-29]. Дар лаҳҷаҳои навъи аввал ва навъи дувум, ки ба гурӯҳи аввал Бухоро, Айнӣ, Чуст, Консой, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва ба гурӯҳи дувум лаҳҷаҳои ш.Самарқанд, болооби Варзоб, Бойсун, лаҳҷаҳои кӯҳистони Ҳисору Қаратоғ дохил мешаванд, овози садоноки маҷҳули «ō» боқӣ монда, аз лиҳози устуворӣ дар муқобили «ū» ва «u» (дар гурӯҳи аввал) ва «u» (дар гурӯҳи дувум) қарор дорад [15, 23-27; 16, 27-29].
Дар лаҳҷаҳои гурӯҳи сеюм, (лаҳҷаҳои Мастчоҳ, Фалғар, Шайдон, болоби дарёи Чирчик), чорум (лаҳҷаҳои Кӯлоб, Ғорон (Бадахшон), Хумдара, Вахёи боло, Чилдара, Қаротегин, қисмати ҳамвории водии Ҳисор, бахше аз Варзоб) ва гурӯҳи панҷум (лаҳҷаи Дарвоз) хусусиятҳои умумӣ дар талаффузи ин садонокҳо дида мешавад:
1. Дар ҳар се навъ ё гурӯҳ садоноки таърихии ō (ӯ-и дароз) дар калимаҳои гӯш, бӯй, рӯз ба овози дарози ū-ӯ табдил ёфтааст.
2. Овози садоноки дарози ӯ дар калимаҳои хун, дуд, дур, низ бо ō (ӯ-и дароз) якҷо шудааст. Фақат дар лаҳҷаҳои типи сеюм ба ū (у-и дароз) табдил ёфтани (у-и кӯтоҳ) дар баъзе ҳолатҳо дида мешавад.
Дар лаҳҷаҳои типи чорум ва панҷум u (у-и кутоҳ) боз ҳам кутоҳтар шуда, ба ъ табдил ёфтааст, ки аз ҳамаи садонокҳои забони тоҷикӣ имрӯз кутоҳтарин садонок дар забони тоҷикӣ мебошад. Фақат дар лаҳҷаҳои гурӯҳи панҷум (Дарвоз) ҳар ду ҳолат, ҳам кутоҳшавии u (у-и кутоҳ) ба ъ ва ҳам нигоҳ доштани хусусияти ō (ӯ-и дароз) дар калимаҳои монанди рӯз, гӯш, дида мешавад [15, 23-27; 16, 27-29]. Қонунмандиҳои инкишофи дохилии лаҳҷаҳои забони тоҷикии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон) аз лиҳози овошиносии садонокҳои одӣ шумораи ин садонокҳоро аз 6 садонок то ҳашт садонок нишон медиҳад. Садонокҳои лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба таври умум аз лиҳози таҳаввули таърихӣ ҳадди ақал ду роҳи инкишофи худро тай кардаанд.
Аввал аз лиҳози дарозии талаффуз садонокҳои ҳамгун ба ҳам омада, якҷоя мешаванд, ки дар намунаи якҷояшавии садонокҳои ҳамгуни ō, ӣ, u ва i, ī, e бо равишҳои мухталиф дида мешаванд. Дувум, садонокҳо аз лиҳози хусусиятҳои сифатӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин тағйирот дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба тариқи зерин мушоҳида мешавад. (Инъикоси ин таҳаввул аз лиҳози минтақавӣ аз шимол ба ҷануб яъне аз лаҳҷаҳои шимолӣ ба самти лаҳҷаҳои ҷанубӣ мебошад):
1. Овозҳои садоноки навъи шимолӣ дар се марҳила дараҷаи инкишоф ва таҳаввули садонокҳоро ба самти якҷояшавӣ ё ҳамроҳшавӣ нишон медиҳад.
а) Марҳилаи аввал дар лаҳчаҳои гурӯҳи якум (Бухоро, Панҷакент, Уротеппа, Шаҳристон, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Консой, ҷануби Ашт дар намунаи гузаштан аз садонокҳои дарозу кутоҳ ба садонокҳои устувору ноустувор (баъзе ҳолатҳои муқобилгузории дарозу кутоҳ) дида мешавад. Ин лаҳҷаҳо дорои ҳашт садонок i, (ī), е, a, о, u, (ū), ů, мебошанд;
б) марҳилаи дувум якҷояшавӣ ва баҳамоии u ва ū (у-и дарози калимаҳои дур, нур…) бо нигоҳ доштани муқобилгузории i ī дар ҳолати ноустуворӣ ва устуворӣ (i ва ī дар намунаи калимаҳои дил-пир, китоб- ширин ва ғ.). Дар ин лаҳҷаҳо (танҳо лаҳҷаи Самарқанд ва атрофи он) ҳафт садонок (i, (ī), е, a, о, u, ů,) дида мешавад;
в) марҳилаи савум баҳамоии садонокҳои i ва ī (ӣ, и) дар намунаи калимаҳои пир, дил, шир, ва ғ. ва вуҷуд доштани шаш садонок (i , е, a, о, ů, u) дар лаҳҷаҳои кӯҳистони Ҳисор, Бойсун, Дарбанд, Варзоби боло. Бояд гуфт, ки ин лаҳҷаҳо бештар зери таъсири лаҳҷаҳои ҷанубӣ (кулобӣ ва қаротегинӣ) қарор дошта, дар онҳо баҳамоии ū ва ů (дар намунаи калимаҳои рӯ > ру, бӯ > бу, сӯ >су) дида мешавад.
2. Лаҳҷаҳои марказӣ (болооби Зарафшон, Мастчоҳ, Фалғар, Сух) бо хусусияти ҳафт садонокӣ (i, ī, a, о, е, ū, u), лаҳҷаҳои ҷанубӣ (Кӯлобу Вахш, Бадахшон, Рашт, қисмате аз ноҳияи Дарвоз ва Варзобу Ҳисор бахше аз минтақаҳои ҷудогонаи вилояти Фарғонаву Андиҷон) бо хусусияти шаашсадонокӣ (i, е, a, о, ъ, ū, ) ва лаҳҷаҳои ҷанубу шарқӣ (Дарвоз, асосан Дарвози боло) бо доштани даҳ садонок, (i, е, a, о, ū, u, ъ, ü) ва дорои хусусиятҳои ҳам шимолӣ ва хам ҷанубӣ дорои аломатҳои зерин мебошад.
а) Хусусияти умумии тағйироти сифатии садонокҳо бо гузаштани садонокҳои таърихии кӯтоҳи u (у) ва дарози ū (у) ба ů (ӯ) дар лаҳҷаҳои марказӣ;
б) гузариши садоноки таърихии ū ба ü дар лаҳҷаҳои ҷануби шарқӣ;
в) маҳдуд шудани дарозии садоноки маҷҳули ō (ӯ) ва гузаштани он ба ū (у) дар лаҳҷаҳои марказӣ;
г) гузаштани u (у-и кутоҳ) ба ъ, яъне боз ҳам кутоҳшавии у-и кутоҳ дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ.
Ҳамин тариқ дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ бештар садонокҳои таърихии қатори ақиб ба тағйироти сифатӣ дучор шудаанд. Агар мо тагйироти сифатии лаҳҷаҳои тоҷикии Афғонистонро (махсусан лаҳҷаҳои шимоли шарқӣ ва маркази Афғонистон- Балх, Бадахшон, Қундуз, Тахор, Самангон, Парвон, Кобул) бо лаҳҷаҳои Тоҷикистону Узбекистон муқоиса кунем, пас умумияти ин лаҳҷаҳо бештар бо лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон дида мешавад ва дар маҷмуъ лаҳҷаҳои шимолӣ бо доштани хусусиятҳои қадимӣ (асосан доштани ҳашт садонок) аз як тараф ва лаҳҷаҳои ҷанубӣ бо лаҳҷаҳои шимол ва маркази Афғонистон (бо доштани хусусияти ҳафтсадонокӣ ва шашсадонокӣ) дар байн ва лаҳҷаҳои забони форсӣ бо доштани хусусияти шашсадонокӣ аз тарафи дигар қарор мегиранд [15, 38-41; 1; 17, 29-36].
Аз сайри таърихии такомули садонокҳои забони тоҷикӣ чунин хулоса кардан мумкин аст:
1. Садонокҳои забони тоҷикӣ як низоми муайяни забонӣ дошта дар пояи шаш садоноки ҷуфти кутоҳу дароз дар забонҳои эронии бостон ва ноустувору устувор дар забони тоҷикии имрӯз аз давраҳои бостон то имрӯз ташаккул ёфтааст.
2. Садоноки мураккабу дароз дар тамоми тули таърихи рушди забон, аз авестоиву форсии бостон то имрӯз ба яке аз садонокҳои ҷуфти устувор (о, и, у,) иртибот дошта, бо гузашти замон ба садонокҳои устувор табдил ёфтаанд. Ҳатто дар бархе ҳолатҳо садонокҳои устувор ба садонокҳои ноустувор (ду, ту, нуҳ, куҳ…) табдил ёфтаанд, ки ҳоло ҳам рушди садонокҳои забони тоҷикиро аз дарозӣ ба кутоҳӣ ва аз кутоҳи ба устувориву ноустуворӣ собит месозад.
3. Бо гум шудани хусусияти маънисозӣ садонокҳои мураккабу дароз дар забони тоҷикӣ ба садонокҳои устувор табдил ёфта, хусусиятҳои овозии худро аз даст дода, аз лиҳози талаффуз ба садонокҳои устувор табдил ёфтаанд.
4. Ҳамаи садонокҳои мураккаб дар давраи бостонии рушди забон (забонҳои авестоиву форсии бостон) бо садоноки кутоҳ оғоз меёбанд, ки ин суннат ба овозҳои мураккаби ба ном ётбарсарҳо (е, ё, ю, я) муғоират дошта, аз забони русӣ ба забони мо гузашта ҳеч иртиботе ба низоми дастурии забони тоҷикӣ надоранд.

Адабиёт
1. Aвdul Chafar Favhadi. le persan parle en Afghanistan. Grammaive du Kaboli/ Paris. 1955.
2. Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв). – Душанбе, Сино, 2009.
3. Bartholomae Chr. Awestisch und Altpersisch || Grundriss der iranischen Philologue. Bd. I. Alt.1.Strusslbug, 1895-1901.
4. Benveniste E. le systeme phonologugue de’ iranien ancien. – BSL, 1968, T. 63, fase. 1.
5. Brandenstein W. und Mayrhofer M., Handbuch des Altpervsischen. -Wiesbaden, 1961.
6. Бузургзода Л. Фонетикаи забони адабии тоҷик, Сталинобод, 1940,
7. Бузургзода ва Л., Б.Ниёзмуҳаммадов. Грамматикаи забони тоҷикӣ, Сталинобод, 1941.
8. К вопросу об едином литературном таджикском языке, терминологии и латинизированном таджикском алфавите. Материалы работ комиссии по подготовке научно-лингвистического сьезде в Сталинабаде, Сталинабад, 1930.
9. Meillet A. Grammaire du v ieux perse, Paris, 1931 .
10. Назарзода С. Имло ва забони адабӣ.- Душанбе, «Андалеб-Р», 2015.- 320 саҳ.
11. Назарзода С. Пояҳои густариши забони миллӣ. Душанбе, «Эр-граф», 2016.-272 саҳ.
12. Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979.
13. Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки.-М., 1981.
14. Основы иранского языкознания. Новоиранские языки. М., 1982,
15. Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. М., 1964.
16. Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, М.-Л., 1949. Соколова В.С. Исследования по фонетикие иранских языков. (Автореф. докт. диссерт.). Л., 1954.
18. Сухарева О.А. Руководство для изучения таджикского языка, Самарканд, 1929.
19. Тагирова К. Таджикские говоры Бастандоскского района Узбекской ССР, Сталинабад, 1959.
20. Языки Азии и Африки. -М. Наука, 1978.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

НАМОЯНДАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ МЕҲМОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ШАҲНАВОЗ» ГАРДИД - СУҲБАТ АТРОФИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Октябр, 2021 - 11:15

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ЗАБОН ВА ҶОМЕА: ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МИЛЛАТУ ДАВЛАТРО ДАР МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ НАМОЯНДАГӢ МЕКУНАД

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Октябр, 2021 - 13:01

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2021 - 15:21
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегӯям.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд.

Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.
Аз 5 октябри соли 2009, яъне бо қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушду такомул ворид шуд.

Зеро қонуни мазкур бо дарназардошти ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи мо дар асри XXI, инчунин, ба хотири арҷгузориву посдории боз ҳам бештари забони тоҷикӣ таҳияву тасдиқ гардида, то имрӯз дар пешбурди сиёсати давлати навини тоҷикон нақши муҳим бозида истодааст.

Ҳукумати Тоҷикистон, дар баробари ин, пайваста тадбирҳои иловагиеро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.

Аз ҷумла, 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.

Барномаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян карда, мо соҳибзабононро вазифадор менамояд, ки содиқона ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ аз пайи иҷрои масъалаҳои дар он пешбинишуда бошем.

Дар робита ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.

Забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори мо тоҷикон аст.

Аз ин рӯ, мо забони модарии худро дӯст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад.

Донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлати худ, яъне тоҷикӣ донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.

Дар робита ба ин, ман борҳо таъкид кардаам, ки забономӯзӣ бояд дар доира ва заминаи забони тоҷикӣ, яъне бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи хусусиятҳои он ҷараён гирад.

Ман қариб дар ҳамаи суханрониву вохӯриҳои худ таъкид месозам, ки бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад.

Бинобар ин, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад.

Яъне забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад.

Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мо – насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем.

Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба тамоми ҳамватанони гиромӣ самимона табрик гуфта, итминони комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти Тоҷикистони азиз тамоми саъю талоши худро барои минбаъд низ рушду инкишоф ёфтани забони давлатӣ равона хоҳад кард.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2021 - 14:41
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол»

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» рӯзи 5-уми октябри соли 2021 баргузор гардид.

Дар Конференсия Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшо, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нурзода Ҷамолиддин, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад, аъзои ҳайати мушовараи Кумита, намояндагони вазорату идораҳо, пажуҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз шуд.
Баъдан, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода Конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, суханро ба муҳтарам Нурулло Оқилзода мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дод.
Муҳтарам Нурулло Оқилзода аз дастовардҳои 30 соли даврони Истиқлол ёдовар шуда, доир ба мавқеи забони давлатӣ дар равнақу ривоҷи ҳаётии ҷомеа ибдоли ҳуруф намуда, нақши бузурги Пешвои миллатро дар пешбурди сиёсати забонӣ махсус қайд карда, перомуни осори пурмуҳтавои Ҷаноби Олӣ гузориши илмӣ ироа намуданд
Дар идомаи Конференсия Саломиён Муҳаммаддовуд – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минбар баромада, зимни суханони шодбошию табрикотӣ доир ба шоҳкориҳо ва ѓамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдавти миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол суханронӣ кард.
Дар бахши маърузаҳои илмӣ суханрониҳои зерин шунида шуд:
1. Муҳаммадҷонзода Олимҷон доктори илми филология, профессор дар мавзуи “Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ”;
2. Раҳматуллозода Сахидод узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, ва устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ – Зоитова Моҳира дар мавзуи «Диалектизмҳо сарчашмаи муҳими ташаккули забон. (дар асоси «Луғати нимтафсирии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и Садриддин Айнӣ)»;
3. Назарзода Сайфиддин узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, дар мавзуи «Имло ва садонокҳои забони тоҷикӣ»;
4. Матробиён Саодатшо Қосимзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нигоҳе ба дастури забони тоҷикӣ»;
5. Ҳасани Султон узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва забони тоҷикӣ»;
6. Офаридаев Назрӣ доктори илми филология, профессор дар мавзуи «Оид ба яке аз қарорҳои нахустини анҷумани забоншиносии Тоҷикистон»;
7. Шаҳбоз Кабиров профессор дар мавзуи «Инъикоси раванди байналмилалӣ шудани забони тоҷикӣ дар асари Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат»;
8. Қосимов Олимҷон доктори илми филология, профессор дар мавзуи «Вижагиҳои корбурди гурӯҳи фитонимҳо дар забони адабии тоҷик»;
9. Муҳтарам Ҳотам мудири шуъбаи адабиёти классикии Нашриёти «Адиб» дар мавзуи «Таҳлили шеваҳо ҳамчун омили таҳкими таркиби луғавии забони адабӣ»;
10. Ҳомидов Дилмурод доктори илми филология, профессор дар мавзуи «Шарҳи чанд ҷойномҳои эрониасли туркишудаи минтақа» маъруза ва суханронӣ намуданд.
Дар анҷом, баъди музокираҳо тавсианомаи Конференсия қироат ва бо пешниҳоду иловаҳо қабул шуд.
Ҳамчунин, иштирокдорон вобаста ба фаъолияти пурсамару арзандаашон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2021 - 13:40
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

«Сиёсати давлатӣ оид ба забон дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Сентябр, 2021 - 15:25
 «Сиёсати давлатӣ оид ба забон дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6-уми сентябри соли 2021 соати 10:30 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ оид ба забон дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовин, узви Ҳайати мушовараи Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуда, бо суханронӣ ва маърузаҳо баромад намуданд.
Раиси Кумита бо ифтитоҳи мизи мудаввар дар арафаи ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мардуми сарбаланди кишварро бо камоли ифтихору сарфарозӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳама саломатию умри дароз, сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба навро таманно намуд.
Аз ҷумла, ӯ таъкид намуд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода дар охир, ҳамаи иштирокдорони мизи мудавварро ба ҷашни пурифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, афзуд, ки ғояи волои Истиқлол, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ, омӯзиши донишҳои замонавӣ ва касбу ихтисосҳои муосир ҳамеша ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон боқӣ мемонанд.
Баъдан, доир ба дастовардҳои забони давлатӣ дар даврони 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Ҳайати мушовараи Кумита – С. Назарзода суханронӣ намуд.
Дар анҷоми мизи мудаввар раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода барои қироати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханро ба Абдуллоев Ш. дод.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ” раиси Кумита – Муҳаммадҷонзода О. бо “Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муовини раиси Кумита – Раҳматуллозода С. бо “Мушовири давлатии дараҷаи 2” қадрдонӣ карда шуд.

Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода О. ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмуъ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландию муваффақият ва сулҳу салоҳ орзу кард.

Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Сухани табрикотии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Сентябр, 2021 - 10:15

Ҳамватанони азиз!
Дар арафаи ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон– 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мардуми сарбаланди кишварро бо камоли ифтихору сарфарозӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатию умри дароз, сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба навро таманно менамоям.
Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла, таҳдиди хатарҳои терроризм, экстремизм ва мафкураи ифротгароӣ, зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки онҳо дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбиниву дониши муосир, зираку соҳибмаърифат ва худшиносу ватанпарвар буда, барои рушду ободонии ояндаи кишвари соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлату миллати худро муаррифию пуштибонӣ карда тавонанд.
Мо бояд ҳамеша барои рушди давлатдории худ ва ба хотири баланд бардоштани ифтихори ватандориву худшиносӣ, ҳифзи фазои орому осуда ва сулҳу субот дар ҷомеа, ҳамчунин, таҳкими Истиқлоли давлатӣ кӯшишу талош намоем.
Моро зарур аст, ки ҳамеша аз Истиқлолу озодӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем ва пойдевори азими давлати миллиамонро зина ба зина устувору қавӣ гардонем.
Дар охир бори дигар ҳамаи Шумо – мардуми арҷманди кишварро ба ҷашни пурифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки ғояи волои Истиқлол, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ, омӯзиши донишҳои замонавӣ ва касбу ихтисосҳои муосир ҳамеша ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон боқӣ мемонанд!

Рӯзи Истиқлоли кишвар муборак бод!
Саломату сарбаланд бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Номаи иттилоотӣ: Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Сентябр, 2021 - 13:30

     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 46-и Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2021» аз 28 ноябри соли 2020, №647, Нақшаи кории Кумита дар нимсолаи дуюми соли 2021, банди 9-и Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» ба нақша гирифтааст, ки он бо иштироки олимону донишмандони ҷумҳурӣ рӯзи 5-уми октябри соли равон (соати 9:00) дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Забони кории конференсия: тоҷикӣ.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:
- рушди забони тоҷикӣ дар тамоми қишри ҷомеа;
- вазъи таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии ғайритоҷикии ҷумҳурӣ;
- масоили таблиғоти иттилоотӣ, ВАО (матбуот) бо забони тоҷикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
- таҳқиқи осори хаттии қадимаи тоҷикон дар пажӯҳишгоҳҳои илмии кишвар ва хориҷ аз он;
- нақши забони тоҷикӣ ва дастрасии мероси классикони адабиёти тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Интернет);
- тарҷумаи осори адибони тоҷик дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
- робитаи забонию фарҳангӣ бо тоҷикони хориҷи кишвар;
- вазъи корбурд ва таблиғи эълону реклама, навиштаҷот бо забони давлатӣ;
- номгузорӣ ва интихоби ном – муаррификунандаи тамаддуну ҳастии миллат;
- вазъи таҳияи фарҳангномаҳои дузабона – забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ;
- таҳқиқи шеваҳо ҳамчун омили сарчашмаи такмили таркиби луғавии забони адабӣ.

Талабот ба таҳияи маърузаҳо:
Маъруза дар ҳаҷми аз 5 то 8 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А 4 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда шавад. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.
Иштирокдорон метавонанд маводи худро то 5-уми сентябри соли 2021 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 ё ин ки ба нишонии почтаи электронии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (info@kumitaizabon.tj) ва факси Кумитаи мазкур (+992 227-78-29) ирсол намоянд.
Қарори Комиссияи тадорукот оид ба ворид намудани маърузаҳо ба барномаи Конференсия рӯзи 20-уми сентябри соли 2021 тавассути почтаи электронии даъватшавандагон эълон карда мешавад.

Телефонҳо барои тамос: 227 64 51; 92 721 53 46

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Август, 2021 - 15:19
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки имрӯз шахсоне бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд, ки саҳми онҳо дар тӯли сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлатӣ назаррас ва арзишманд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ аз саҳми арзандаи собиқадорон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар рушду пешрафти ҷомеа ва таҳкими сулҳу субот, таъкид доштанд, ки ҳар яки шумо барои ободии Ватани соҳибистиқлоламон, таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ва пешрафти кишвари азизамон содиқона заҳмат кашидаед ва роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат имрӯз фаъолияти софдилонаи шуморо ба таври сазовору шоиста қадрдонӣ мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос илова ба мукофотҳои давлатӣ ба ҳама собиқадорон, барои кору фаъолияти ватандӯстонаашон миннатдории самимӣ баён карданд.

Ин қадршиносиҳои Пешвои муаззами миллат ва бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданро метавон подоши хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маънидод намуд.

Таҷрибаи таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест, вале ҳимояи неъмати озодӣ ва дастовардҳои истиқлол кори бамаротиб душвортар мебошад.

Халқи тоҷик дар муддати сӣ соли гузашта ба мушкилоти сахту сангин рӯ ба рӯ гардид. Дар он айёми пурфоҷиа хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як ҳақиқати даҳшатнок табдил ёфта буд.

Бо дарки миқёси хатар фарзандони огоҳу сарсупурдаи миллат ба андешидани тадбирҳои фаврӣ иқдом карданд.

Қобили зикр аст, ки онҳоро дар ин роҳ пуштибонии қотеона, майлу ирода ва хоставу орзуҳои мардуми шарифи Тоҷикистон мадад мекард ва қувват мебахшид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор иброз доштанд, ки маҳз бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар мо аз имтиҳони тақдирсӯзи таърих гузаштем ва онро ба дастоварди тақдирсоз табдил додем. Маҳз бо талошҳои ватандӯстона ва заҳмати содиқонаи сокинони Тоҷикистон ба чунин рӯзҳои ободу осуда расидем ва давлати соҳибихтиёру озоди тоҷикон сисола шуд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи пешгӯинашавандаи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла таҳдиду хатарҳои муосир андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар шароите, ки авзои минтақа ва ҷаҳон ҳар лаҳза дар ҳоли тағйиру дигаргунӣ қарор дорад, мову шумо ҳамеша бояд ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиатҳои милливу давлатиро дар ҳар куҷое, ки набошад ва дар сатҳу ҳолате, ки набошад, қотеона ҳифз кунем.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар пешрафти кишвар бештар аз 90 нафар ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, қадрдонӣ шуданд.

Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои содиқонаи роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакатро бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қадр карданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанги мамлакат, тандурустӣ, истеҳсоли молу хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ” 88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.

Бояд гуфт, ки кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсоли бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ аз роҳбарони шохаҳои гуногуни ҳокимият ва сохторҳои идораи давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки мардуми заҳматпеша, бонангу номус ва таҳаммулгарои кишварро сарварӣ намоянд, онҳоро ба ҳифзу таҳкими дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар созанд.

Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, роҳбарон бояд намунаи заҳматкашӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат ва халқи Тоҷикистон бошанд.

Дар ин кори муҳим, инчунин, аз собиқадорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо таҷрибаи зиёд дар роҳи тарбияи насли оянда саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд, зеро ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳо бо заҳмати содиқона дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат дар байни ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ мебошанд.

Дар миёни бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшудагон собиқ роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохторҳои гуногун ва дигар хизматчиёни давлатӣ дар толор ҳузур доштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ҳар яки онҳо дар оянда низ тамоми донишу таҷриба ва саъйу талоши худро барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона равона месозанд.

Давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ занону бонувон дар доираи сиёсати неки иҷтимоии Пешвои миллат ва тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар баробари мардон баҳри таъмини сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа неку назаррас аст. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дар маросими супоридини мукофотҳои давлатӣ як гуруҳ занону бонувони фаъоли кишвар, ки солҳои гуногун дар вазифаҳои мухталиф паҳлуи Сарвари давлат содиқона фаъолият карда, сиёсати бобарору ояндадори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ кардаанд, бо мукофоти давлатии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қадр карда шуданд.

Хизматҳои шоёни як гуруҳ шоирону нависандагон, ки таърихи пурпечутоби давлати навини тоҷикон, тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҷонфидоии фарзандони баруманди халқ, заҳматҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи мушкили барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон дар асарҳои баландмазмун васф кардаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шуд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот ва пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ, иҷро менамоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Таҷлили дарси сулҳ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Август, 2021 - 13:19

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раёсати донишкада ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат доштанд.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, ҳозиринро ба оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, зикр кард, ки бояд донишҷӯён қабл аз ҳама илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро аз худ намуда, саҳми хешро ҳамчун ҷавонони фаъол дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Гузориш аз гузаронидани шанбегии кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Август, 2021 - 14:09

     Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декари соли 2017, №968, иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2017, №12 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 2-и Нақша чорабиниҳои Кумита аз 25-уми январи соли 2018, №15 бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумита мунтазам шанбегӣ гузаронида шуда, баҳри ободонӣ ва сарсабзу зебо намудани гирду атрофи бинои маъмурӣ ва замини ба корхона вобасташуда зиёда аз 1000 дона гулҳои рангоранги ороишӣ шинонида шудаанд.

     Баҳри боз ҳам ободу зебо нигоҳ доштани гулбоғи воқеъ дар гирду атрофи бинои маъмурӣ корҳо идома дошта, он мунтазам нигоҳубин карда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва ташкилоту муассисаҳои он

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Август, 2021 - 15:28

     Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини раиси Кумита    Раҳматуллозода С. (роҳбари гурӯҳ), мудири бахши умумӣ ва масъули хадамоти кадрӣ Абдуллоев Ш., сармутахассисони шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш., Ҷалолов С. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 22-и Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021»-ро (6.02.2021, №14) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳринав аз 16-ум то 20-уми августи соли 2021 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.
     Ҳамзамон, Кумита 24-уми августи соли 2021, соати 14:30 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав аз натиҷаи назорат ва таҳлили риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи банди Нақша бо иштироки муовини раиси Кумита, мудири бахши умумӣ ва масъули хадамоти кадрӣ ва сармутахассисони шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав ва кормандони он, раисон, муовинон ва котибони ҷамоатҳо, муовинони мудири шуъбаи маориф ва кормандони он, мудирони боғчаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинҳо, омӯзгорони муассисаҳо, намояндагони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Беморхонаи марказӣ, шуғли аҳолӣ, воситаҳои ахбори омма (ҳамагӣ 70 нафар) семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
     Дар оғоз муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Неъматуллозода Ш. ҳамаи иштирокдоронро ба семинари омӯзишӣ хайра мақдам намуда, намояндагони Кумитаро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва оид ба муҳтавои рӯзномаи семинар маълумот дод. Баъдан барои гузориш суханро ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Буриева Ш. дод. Аъзои гурӯҳи корӣ баён намуд, ки тибқи нақша дар муҳлати кутоҳ вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баъзе аз муассисаҳои ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор гирифт.
     Таҳлилҳо нишон дод, ки бо вуҷуди қаноатбахш будани масъалаи коргузорӣ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Шаҳринав баъзе хатоҳои имлоӣ ва навишти ғайритоҷикӣ ба мушоҳида расид, ки гурӯҳи корӣ барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тавсияҳои худро пешниҳод намуд.
     Сипас, сухан ба муовини раиси Кумита Раҳматуллозода С. дода шуд, ки фикру мулоҳизаҳои худро аз рафти назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва ташкилоту муассисаҳои он баён намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар гузориш дарҷгардида дар муҳлати муқарраргардида ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ирсол намоянд.
Семинари омӯзиширо муовини раиси ноҳияи Шаҳринав – Неъматуллозода Ш. ҷамъбаст намуда, бовар кунонданд, ки камбудию норасоиҳо дар муҳлати кутоҳ бартараф хоҳад шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

ЗАБОН ВА ҶОМЕА: МУШКИЛОТИ НОМГУЗОРӢ ДАР МАРКАЗҲОИ САВДО

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Август, 2021 - 09:55

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Комитет по языку и терминологии провел проверки по соблюдению норм закона

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Август, 2021 - 16:51

Комитет по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан создал рабочую группу в некоторых государственных и частных учреждениях Согдийской области.

Целью создания рабочей группы явилось анализ хода выполнения Закона «О государственном языке Республики Таджикистан» и реализация 22 пункта плана Постановления Правительства Республики Таджикистан «Об итогах социально-экономического развития РТ в 2020 году и задачах на 2021 год».

В связи с этим, рабочая группа под руководством председателя Комитета по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан Олимджона Мухаммаджонзода в течение нескольких дней проводила проверку в Исполнительном органе государственной власти города Гулистон, отделах образования и актов записи гражданского состояния, ООО санаторий «Бахористон», ЗАО Микрокредитная депозитная организация «Имон интернешнл» и т.д.

Комиссия Комитета по языку и терминологии, в частности, проверила состояние кадровой документации и правильность ее оформления в соответствии с нормами вышеуказанного закона.

Результаты этих проверок были обсуждены в ходе семинара, организованного в ИОГВ города Гулистон.

Было отмечено, что в ходе проверок, в целом, несмотря на то, что ведение делопроизводства в указанных учреждениях признано удовлетворительным, однако в соблюдении языковых норм наблюдалось допущение некоторых ошибок.

В связи с этим, рабочая группа дала рекомендации по устранению недостатков. Также был проверен уровень грамотности речи сотрудников Исполнительного органа государственной власти города Гулистон, который оставляет желать лучшего.

Следует отметить, что Комитет по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан действует как структура регулирования Закона Республики Таджикистан «О государственном языке Республики Таджикистан» и на постоянной основе проводит мониторинг чистоты таджикского языка.

Источник: http://www.narodnaya.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=13820:2021-07-22-05-06-13&catid=63:obshestvo&Itemid=170

Баҳодиҳии муҳтаво: 
-1033.27
Баҳои миёна: -1033.3 (446 овоз)

Категория:

Pages

Subscribe to Ахбори рӯз