Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ
Ҳамватанони азиз!
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд.
Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро сидқан табрик мегӯям.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд.
Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардид.