Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар мавзуи «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат»
Тибқи нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17-уми майи соли 2024 дар толори Кумита бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон мизи мудаввар дар мавзуи «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» бо иштироки аъзои мушовараи Кумита ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи С. Улуғзода баргузор гардид.
Чорабинии илмӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода чорабиниро ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, ҳамзамон, зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва беҳдошти фазои қонунии он тадбирҳои муассирро амалӣ карда истодааст. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолияти худ карор додааст. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, баҳри рушду камолот ва ободии ватани азизамон талош намоянд.