СИЁСАТИ ДОХИЛӢ
Соли 2018 миллати тамаддунофари тоҷик 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу...
ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Забонҳои бумӣ, ки забони тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои он дар сафи пеши онҳо қарор доранд, инчунин забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ забонҳои қадимии миллатамон буда, захираи фаровони интихобу ворид намудани вожаҳо ба луғатномаҳои забони тоҷикӣ маҳсуб меёбанд....
Баъд аз баррасӣ ва мутолиаи муҳтавои қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia", ки дар нишонии интернетии https://tg.wikipedia.org ҷойгир шудааст, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки сомонаи дар боло зикршуда ба талаботи...
АЗБАСКИ, БАСКИ, АЗ БАС - ЧУН, БА САБАБИ ОН КИ,АЗ БОИСИ ОН КИ
Ибораи "аз баски", "аз бас" ва калимаи "бас-ки" дар забони имрӯзи мо маъмултарин таъбири баёнкунандаи вобастагии сабабии ҷузъҳои як ҷумла ва ба истилоҳ пайвандаки тобеъкунандаи ҷумла...
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми феврали соли 2019, соати 9:00 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Забони модарӣ – мероси фарҳангии соҳибзабонон» бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст.
Барои иштирок дар Конференсия матни маърӯзаро то 19-уми феврали соли 2019 ба нишонии мо:
шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.
Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯзаро дар ҷаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А 4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.
Маводи Конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.
Телефонҳо барои тамос: 227-59-25; 227-64-51; 92-721-53-46. Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru
21 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2019 муайян карда шуд. Аъзои Ҳукумат аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
ДУШАНБЕ, 17.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мо бояд таълиму тарбияро аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоем. Зеро ин давра барои тақвияти зеҳни кӯдакону наврасон ва забономӯзии онҳо бисёр муҳиму созанда ва созгор мебошад. Он гоҳ дар заминаи забони модарӣ ҳар як фарди ҷомеа метавонад чандин забонҳои хориҷиро аз худ намояд. Ин матлабро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода дар мақолаи ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааш баён доштааст. Матни пурраи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем:
ДУШАНБЕ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат пойдевори асосии ҳифзи асолати арзишҳои миллӣ ва суннату фарҳанги волои ниёгон, сарчашмаи илҳоми ватандорию ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ буда, ҳамасола моро аз арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, бузургдошти анъанаҳои гузаштагон ва гиромӣ доштани забони давлатӣ дар замони гирудорҳои фарҳангӣ ва омезиши тамаддунҳо ҳушдор месозад. Ин матлабро муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Саодатшо МАТРОБИЁН зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ баён дошт.
АМИТ «Ховар»: Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари ҷанбаҳои мусбати худ оқибатҳои ҳузнангез ҳам ба бор дорад, ба забони давлатӣ низ бетаъсир намемонад. Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба такягоҳу посдорони асосии забони модарӣ таъкид намуданд, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кўшиш карда, одоби муошират ва суханвариро омўзонанд. Дар ин таъкид кадом масъалаҳои муҳим пешорўйи мо, соҳибзабонон гузошта мешавад?
СИЁСАТИ ДОХИЛӢ
Соли 2018 миллати тамаддунофари тоҷик 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри ободии сарзамини аҷдодӣ ва ба давлати пешрафтаву рушдёбанда мубаддал гардондани Ватани хеш талошҳои арзишманд ба харҷ доданд.
Соли 2018 чун солҳои пешин бо як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои шаҳрвандони кишвар соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз руйдодҳои фараҳбахш буд.
Оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” - ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз руйдодҳое мебошанд, ки дар китоби таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Ин ду падидаи нек бори дигар Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати бунёдкор ва ботадбир муаррифӣ кард.
9-уми январи соли 2019 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовара бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита ва кормандони он, инчунин, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва мақомотҳое, ки дар соли 2018 мавриди санҷиш қарор дода шуда буданд, ,баргузор гардид. Рӯзномаи ҷаласаи Ҳайати мушовара аз масъалаҳои зерин иборат буд:
1. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо
барои нимсолаи якуми соли 2019 (Гузориши муовини раиси Кумита Матробиён С.);
2. Тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2019
(Гузориши сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш.)
3. Оид ба ҳисоботи инфиродии сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони шуъбаю бахшҳо» (Гузориши кормандони шуъбаю бахшҳо);
4. Ҳисоботи роҳбарони гурӯҳи санҷишӣ аз натиҷаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор (Гузориши роҳбарони гурӯҳҳои санҷишӣ);
5. Масъалаҳои ҷорӣ.
Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарори ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита қабул гардид.
Дар анҷом ба чор ташкилоту муассисае, ки дар соли 2018 бо Кумитаи забон ва истлоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич доштанд, аз ҷониби Кумита сипоснома дода шуд.
Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
эълон намудани солҳои 2019-2021
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, фармон медиҳам:
1. Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.
2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
2 январи соли 2019
№1170
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.
Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2018 дар мавзӯи “Вазъи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир” дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарояндагон вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 60 нафар намояндагони вазорату идораҳо, сарояндагону ҳунармандон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Вохӯрии мазкур ба яке аз масъалаҳое, ки дар ташаккули фарҳангу санъати тоҷик муҳим арзёбӣ мегардад, яъне риоя ва танзими меъёрҳои забони адабӣ дар сурудҳои муосири тоҷик, бахшида шуда буд.
Ёдовар бояд шуд, ки вазъи матни суруди бархе аз сарояндагон аз ҷониби аҳли нишаст, алалхусус, Г. Шарофзода – раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. Назарзода – узви Ҳайати мушовараи Кумита, Камолиддинов Б. – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳтарам Ҳотам – адиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигарон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар суханронӣ Г. Шарофзода – раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёдовар шуданд, ки бо мусиқӣ хондани шеъру сурудҳо аз ҷониби сарояндагон бояд меъёрҳои забони адабӣ риоя шуда, ҳангоми хондани ашъори шоирон ҷаззобии сухани шоир ва меъёрҳои савтиёти забони адабии тоҷикӣ ба назар гирифта шавад.
Pages
Нишонии мо
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25
Шуъбаи умумӣ:
+992 (37) 227-59-38
+992 (37) 227-78-29

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.