Душанбе, Январ 11, 2021

Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ азамат ва шукӯҳ бахшиданд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Январ, 2021 - 13:41
Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ азамат ва шукӯҳ бахшиданд

Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо ҳама шоистагӣ муаррифӣ кард. Зеро он аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии давлатдорони Осиёи Марказӣ буд.

Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони расмии давлати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро пайваст ва асрҳо чун забони кории Роҳи бузурги абрешим хизмат намуда, рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо овард. Дар ҷаҳони муосир алҳол ин мақомро забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ ва арабӣ соҳибанд.

Муддате сангарҳои сунъии сиёсии онзамона садди инкишоф ва азамату партавафшонии хуршеди оламгири забони тоҷикӣ гашта, чун абри тираву тор болои забони соҳиб­рисолатро гирифт. Хушбахтона, забон ҳамеша қудрати ҳифз ва нигаҳдории истиқлолият ва ҳувиятро дошт. Бо тулӯи хуршеди Истиқлолият забони тоҷикӣ ҷавҳари маънавиро эҳё намуд ва бо ноил гардидан ба мақоми забони давлатӣ, ба иборае нафаси тоза кашид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2021

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Январ, 2021 - 15:50
Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2021
     Имрӯз 11-уми январи соли 2021, соати 10:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар соли 2020 ва вазифаҳои барои нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Шуҳрат, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
     Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфтанд.
     Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2020 аз ҷониби муовини раиси Кумита ва тасдиқи Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита қироат гардид.
     Баъдан, он аз ҷониби узви Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, ба ин қарор омаданд, ки ҳисоботи фаъолияти Кумитаро дар соли 2020 қаноатбахш ҳисобида, Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи якуми соли 2021
тасдиқ карда шавад.

     Ҷаласаи Ҳайати мушовараро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)