Ҷумъа, Март 19, 2021

ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУБОРАК!

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Март, 2021 - 13:21
ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУБОРАК!

Муҳтарам кормандони Кумита, шарикон, дӯстон ва меҳмонони сомонаи расмии мо,

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусрати худ дар рӯзгори мардуми мо файзу шукӯҳи нав оварда, мақому манзалати волоеро касб кард. Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин ҷашн дар дунё ҳамчун ба унвони фарҳанги миллати тоҷик шинохта шудааст.
Наврӯз дар фарҳанги мо – тоҷикон рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимии мост, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба зиндагии шоиста даъват мекунад. Дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша намоянд.
Бо самимияти хоса мегӯем, бигзор Наврӯзи имсола ба Шумо ва аҳли хонадонатон, бо манзалату ҳикмати беназираш сиҳатмандии бардавом, осудагиву амонӣ, барори кор, файзу нусрат, баракати рӯзгор ва сарбаландиро чун кӯҳсорон эҳдо намояд.    
Расидани Наврӯзи куҳан ба сафҳаи наве аз умри он барои Шумо ва мардуми шарифи кишварамон хуҷаста бод ва ҳадяи ин айём неруи тозаи ҷисму рӯҳ, шодиву нишот, сулҳу ободӣ, тавфиқу пирӯзиҳо бошад!

Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад.

Бо камоли эҳтиром,
Раиси Кумита     Муҳаммадҷонзода О.О.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Март, 2021 - 20:00
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям.

Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин, ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
2
Баҳои миёна: 1.5 (342 овоз)