Панҷшанбе, Июл 8, 2021

Забони давлатӣ таҳкимбахшандаи сулҳ ва ваҳдати миллист

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Июл, 2021 - 17:24
Шаҳноза БУРИЕВА, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибис­тиқлолии кишвар буда, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад, ки пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба забони давлатии кишвар имкониятҳои фарохро муҳайё сохт, ки неруи воқеии он дар пешбурди сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва дигар самтҳо назаррас аст. Он волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро пуштибонӣ намуд. Аммо ин неъмати бузург ба халқи тоҷик бо роҳи саҳлу осон ба даст наомад. Садҳо нафар ҷон аз даст доданд, то ин ки мамониатҳои сангинро аз байн бардошта, мушкилоти гаронро паси сар кунанд.

     Дар он давра талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра ба ҳама самт равона карда шуд, то давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад. Хушбахтона, бо мардонагию матонати Пешвои миллат ба мақсади бузургу нотакрор ноил шудем.

     Ба ҳама маълум аст, ки дар даврони нобасомониҳо хатари нобуд шудани миллати тоҷик ва тақсим шудани сарзамини муқаддасу биҳиштосо пеш омад. Маҳз эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва нангу номуси миллии фарзандони асили кишвар водор сохт, ки бо душманон бо роҳҳои музокироту гуфтушунид ҷиҳати ҳалли муноқишаҳои баамаломада созиш намуда, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ, ҳаёти осоишта ва ваҳдати миллиро интихоб намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)