Душанбе, Июл 19, 2021

Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Июл, 2021 - 19:00
Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки сокинони кишвари мо расму ойин ва ҷашну идҳои таърихӣ, миллӣ ва динии худро озодона истиқбол намоянд.

Иди саиди Қурбон бисёр унсурҳои неки инсондӯстона дорад, ки шахси мусулмон бо анҷом додани онҳо метавонад соҳиби аҷру савоби зиёд гардад.

Дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони бемор аз ҷумлаи суннату фазилатҳои хоси иди Қурбон мебошад.

Яъне, ҳар шахси хайрхоҳе, ки имконияти мусоиди молиявӣ дорад, ба ятимону маъюбон ва шахсони камбизоату эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз мекунад.

Боиси қаноатмандист, ки дар кишвари мо дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кумак ба эҳтиёҷмандон аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Фарҳанги исломӣ беҳтарин арзишҳои маънавии ҳаётӣ, аз қабили омӯзиши илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, заҳматдӯстӣ, рафоқату дӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро талқин карда, аҳли ҷомеаро ҳамеша ба иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Яке аз суннатҳои дигари иди Қурбон анҷом додани маросими қурбонӣ ба ҳисоб меравад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)