Душанбе, Декабр 27, 2021

Мизи мудаввар перомуни “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” дар ДДОТ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Декабр, 2021 - 16:31
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори факултети мазкур бо иштироки олимону донишмандон ва унвонҷӯёну донишҷӯёни донишгоҳ роҷеъ ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 06. 21, №268) мизи мудаввар баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳот профессор О.Муҳаммадҷонзода ва муовини раиси Кумитаи мазкур профессор С.Раҳматуллозода иштирок ва суханронӣ карданд. Аз ҷумла, раиси Кумита профессор О.Муҳаммадҷонзода роҷеъ ба масъалаҳои сиёсати забон, дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, доир ба муҳтавои “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” шарҳ дод. Ӯ зикр намуд, ки “Қоидаҳо”-и нав дар асоси баҳсу мунозираҳои беш аз дусолаи донишмандон ва мутахассисони соҳа бо ҷалби андешаҳои шахсони гуногуни ҷомеа, ки ба Кумитаи забон ва истилоҳот ба таври хаттӣ пешниҳод шуда буданд, таҳия шудааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.5 (2 овоз)