Ҷумъа, Декабр 31, 2021

Паёми шодбошӣ ба муносибати соли нави мелодии 2022

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Декабр, 2021 - 10:17

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид.

Дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд.

Аз ин лиҳоз, соли 2021 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Вобаста ба ин, мехоҳам бо қадрдониву ифтихор хотирнишон созам, ки мардуми шарафманду заҳматдӯсти мо, соҳибкорону тоҷирони ватандӯст ва шахсони саховатпеша ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузурги миллӣ сарҷамъу аҳлона кор карданд ва садоқати худро ба Ватан ва арзишҳои истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодии худ исбот намуданд.

Дар натиҷаи заҳмати софдилона, фаъолияти содиқона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқи Тоҷикистон тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то дурдасттарин деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинони мамлакат бартараф карда шуданд.

Соли 2021 кишвари соҳибистиқлоли мо дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шароити зиндагии халқамон дар муқоиса бо солҳои пешин беҳтар шуд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият пайдо кард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)